Таваккал ва бехатарӣ дар туризм

Таваккали туристӣ: мафҳум ва шароити бавуҷудойӣ.

Вожаи хавф (риск) аз калимаҳои франсавӣ «risgue»- хатар ва калимаи юнонии «risikon»- хавф гирифта шудааст.

Ба маънои васеъ таваккал номуайянии натиҷаи ягон ҳодиса ҳангоми бавуҷудойии пасомадҳо ва натиҷаҳои номусоид ба аз натоиҷи чашмдоштро ифода менамояд. Ба маънои маҳдуд бошад, таваккал ин ченак ва ё назардошти эҳтимолияти интиҳои номусоид мебошад.

Идораи таваккал амалеро ҷиҳати ииҷрои қарорҳо дар доираи менеҷменти таваккал пешбинӣ менамояд. Ин амалҳо дар худ мониторинг (назорат), арзишдиҳӣ ва таъминоти қарорҳои қабулгардидаи мувофиқашударо таҷассум менамояд.

Мусбигардонии таваккал ин раванди самтҳои ба паст намудани пасомадҳои манфӣ ва истифодаи баланди пасомадҳои судманд мебошад. Одатан ба таваккал амният муқобил гузошта мешавад, ки зери он роҳ надодан ба хисороте, ки вобастаи таваккал аст мебошад.

Дар вожаномаи мафҳумҳои туристӣ «амният» ҳамчун «ҳолатест, ки дар он хатар таҳдид наменамояд ва дифоъ аз хатар вуҷуд дорад», оварда шудааст.

Амнияти туризм– ин маҳдудияти хавф мутаносибан ба солимӣ ва ҳаёти туристон ё саёҳатчиён хифзи моликияти онҳо, нарасонидани хисорот ба арзишҳои моддию маънавии ҷомеа, амнияти давлат, дар раванди фаъолияти туристӣ дар ҳолати аввалия нигоҳ доштани муҳити атроф, мебошад.

Ҳангоми пешниҳоди хизматрасонии туристӣ бояд сатҳи муайяни таваккал ба ҳаёт ва саломатии туристон чӣ дар шароити оддӣ ва чӣ дар ҳолатҳои фавқулода (офатҳои табиӣ ва ғайра) таъмин гардад. Чунин ифода нишонаи он аст, ки хизматрасонии мутлақро бехатар вуҷуд надорад. Ширкатҳо ва муассисаҳои туристӣ бояд ҷиҳати ҳарчӣ маҳдуд намудани хатар ба ҳаёту саломатии туристон чораҳои зарурӣ андешанд. Ин гуна фаъолияти амалӣ идораи таваккал ном дорад. Ҳадафи асосии идораи таваккал дар туризм фароҳам овардани шароитҳо бобати ҳадди максималӣ паст намудани эҳтимолияти бавуҷудоии хатар барои туристон ва истироҳаткунандагон, муассисаҳои туристӣ, воситаҳои ҷойгиркунонӣ, нақлиёт, муассисаҳои фароғатию дилхушӣ ва ғайра мебошад. Ҳамин тавр, амният дар туризм– ин низоми чорабиниҳоест ҷиҳати ҳифзи:

* туристон- аз ҳамаи мушкилоте, ки дар давраи саёҳат ва истироҳат ба вуҷуд меояд;

* муассисаҳо, корхонаҳо, объектҳои туризм ва истироҳат аз хатарҳои гуногун ба монанди хатари ҷисмонӣ, молиявӣ, ҳуқуқӣ то нуфузу манзалат;

* кишварҳо – аз туристоне, ки метавонанд ин ва ё он зиёнеро ба вуҷуд оранд. Масалан хифзи кишвар аз терроризм, экстремизм, ҷосусӣ ва бемориҳои хатарноки сироятӣ (вабо, табларза, сил, зардпарвин, СПИД ва ғайра) ба ин гуна хатар шомиланд.

ТУТ СММ се зинаи амниятро дар туризм ҷудо менамояд:

  1. Байнидавлатӣ;
  2. Давлатӣ;
  3. Минтақавӣ ё маҳаллӣ.

Таснифоти бунёдии таваккали туристӣ аз рўи принсипҳои зерин мақсаднок аст:

  • Мутобиқии таваккал ба ҳолатҳои мушахас;
  • Истифодаи низоми муайяни чорабиниҳо ҷиҳати инъикоси мушкилиҳои бо ҳамалоқаманд, яъне дар як гурўҳ таваккали дараҷаҳои гуногун бо ҳам муттаҳид намешаванд;
  • Ҷудо намудани нишонаҳои хоси таваккал: сарчашмаи пайдоиши объекти барандаи таваккал, субъекти таҷассумгари таваккал.

Таснифоти таваккали туристӣ дар зер оварда шудааст (расми 32)

субъективї

молиявї

суратафзо

њаќиќї

бунёдї

объективї

ѓайримолиявї

мунтазам

љузъї

ѓайрињаќиќї

Таваккали туристї

 

Расми 32. Таснифоти таваккали туристӣ

Таваккали субъективӣ ин таваккали дорои пасомадҳое, ки онҳоро ба таври объективӣ баҳо додан ғайриимкон аст. Таваккали объективӣ ба тарзи пасомадҳои дақиқ тавсиф карда мешавад.

Вобаста ба объектҳои дучоршаванда таваккали туристӣ ба ду гурўҳ тасниф меёбад:

  1. Хавф ба ҳаёт ва саломатии туристону саёҳатчиён;
  2. Хавф ба муассисаҳои соҳаи туристӣ.

Новобаста ба муҳимияти ба ҳисобгирӣ ва таҳлили таваккалҳои дар муассисаҳои мавҷудаи туристӣ, боз ҳам муштариёни муассисаҳои бештар ба хавф (риск) дучор мешаванд. Таснифоти байналмилалии омилҳои хавфи туристӣ аз нуқтаи назари таъминоти бехатарии туристон онро дар чор самти ҳаёти инсонӣ баррасӣ менамоянд:

  1. Муҳити иҷтимоӣ (бо назардошти амнияти иқтисодӣ);
  2. Хавфи табиӣ ва экологӣ;
  3. Туризм ва инфрасохтори ба он вобаста;
  4. Омилҳои шахсии таваккали турист.

Дар туризм панҷ зинаи хатар вуҷуд дорад:

  1. Глобалӣ, ки минтақа ва давлатҳоро фаро мегирад;
  2. Ҳудудӣ- дорои марзҳои географӣ дар доираи гурўҳи кишварҳо, мамлакати алоҳида, минтақаҳо, ноҳияҳои маъмўрӣ, минтақаҳо ва ғайра;
  3. Муҳитӣ – ба хатарҳои табиӣ ва иҷтимоӣ тақсим мешаванд;
  4. Соҳавӣ, ба муассисаҳои инфрасохтори туристӣ хос мебошад;
  5. Объективӣ ба муҳити берунӣ ва дохилии вобаста аст (Ҷадвали11).

Ҷадвали 11.Таснифоти зинаҳо, манбаъҳо, типҳои хатар ва таҳдид дар туризм.

Дараҷаи хатар Манбаи хатар Типии хатар Омилҳо
1. Глобалӣ Мамлакат

Соҳаи туристӣ

Табиӣ иҷтимоӣ-иқтисодӣ ташкили инфиродӣ Иқлимӣ Сиёсӣ, Иқтисодӣ Иҷтимоӣ, Технологӣ
2. Ҳудудӣ Байналмилалӣ Минтақавӣ Миллӣ Маҳаллӣ Табиӣ

Иҷтимоӣ-иқтисодӣ

Ташкилӣ

Идорӣ Иттилоотӣ Экологӣ, тиббӣ-биологӣ (Эпидемиологӣ, ғайримутобиқшавӣ ва ғайра)
3. Муҳитӣ Табиат

Ҷамъият

Табиӣ

Иҷтимоӣ-иқтисодӣ

Ташкилӣ

Идорӣ Иттилоотӣ Экологӣ, тиббӣ-биологӣ (Эпидемиологӣ, ғайримутобиқшавӣ
4. Соҳавӣ Нақлиёт

Муассисаҳои ҷойгиркунонӣ

Муассисаҳои хўроки омма

Муассисаҳои фароғатӣ ва истироҳатӣ

Ташкилкунандагони саёҳат

Иҷтимоӣ

Иқтисодӣ Ташкилӣ Инфиродӣ

Равонӣ ва

дигарҳо

5. Объектӣ Дохилӣ

Берунӣ

Иҷтимоӣ

Иқтисодӣ Ташкилӣ Инфиродӣ

Равонӣ ва

дигарҳо

Низоми бехатарӣ дар туризм

ТУТ СММ ба ҳамаи кишварҳо ва муассисаҳое, ки ба тиҷорати туристӣ машғуланд, доимо чунин чораҳои бехатарӣ барои туристонро тавсия менамояд:

– ҷамъи иттилооти воқеӣ, гуногунҷанбаи оморӣ, ҷиҳати қабули қарор оид ба тарҳрезии сиёсат дар соҳаи туризм ва баҳодиҳӣ ба омилҳои асосии хавф;

– созмон додани марказҳои иттилоотии маҳаллӣ, миллӣ ва байналмилалӣ;

– истифодаи таҷрибаи кишварҳои пешрафта бобати барномаҳои ҳифзу бехатарии туристон:

– омўзиши кормандони соҳаи туризм бо асосҳои бехатарии туризм;

– рушди муносибатҳои шарикӣ миёни секторҳои хусусӣ ва давлатӣ бо мақсади ҳамкорӣ, ки дар асоси принсипҳои бехатарӣ асос ёфтааст;

– тарҳрезии барномаҳо ҷиҳати расонидани кўмак ба ниёзмандони турист дар ҳолате, ки муқобили онҳо ҷиноят содир гаштааст;

– ҷудо намудани маблағ ба сохторҳои қудратӣ, ҷиҳати таъмини амнияти туристон;

– тарҳрезии қонунгузории миллӣ барои таъмини амнияти туристон.

Бехатарӣ дар соҳаи туризм ифодагари таъмини амнияти туристон ва кормандони муассисаҳои туристон аз ҳар гуна хатару хавф мебошад.

Амният дар туризм

Амнияти туристон

Амнияти кормандони муассисањои туристї

Амнияти муассисањои туристї

Расми 33. Амният дар туризм.

Назорати амнияти хизматрасонӣ ба туристон дар асоси истифодаи усулҳои зерин роҳандозӣ мешавад:

– визуалӣ (бо роҳи азназаргузаронии объектҳои мавҷуда ё ҳудуде, ки аз он хатсайри туристӣ мегузарад: ҷиҳози туристӣ ва ғайра);

– ташхисӣ (сабти ҳолат муҳити атроф, сифати об, ҳаво, ҳолати техники роҳҳо, механизмҳои борбардор, восиатаҳои нақлиёт);

-иҷтимоӣ (бо роҳи пурсишномаи туристон ва кормандони хизматрасон);

– таҳлили мундариҷаи таркибии ҳуҷҷатҳо: шиносномаи сайр, рўзномаи ташхиси тиббии туристоне, ки ба сайр мебароянд ва ғ.

Амнияти иқтисодӣ дар туризм

Амнияти бахши иқтисодӣ, ки бо фаъолияти туристӣ алоқаманд аст, аз бисёр ҷиҳат аз ҳодисаҳои муташаниҷи ҳаёти ҷамъиятӣ ба монанди: сиёсӣ, буҳрони иқтисодӣ, амалиётҳои ҳарбӣ, ҳодисаҳои террористие, ки хусусияти оммавӣ гирифтанд, вобаста аст.

Масалан ҳодисаи нохўши террористтии шаҳрҳои Ню-Йорк Вашингтон, ки 11-уми сентябри соли 2001 ба вуқуъ пайваст, боиси марги 2973 нафар гардид.

Дар натиҷаи ин ҳодисаи террористӣ ба тамоми намудҳои тиҷорат махсусан тиҷорати ба туризм вобаста, таъсири манфӣ расонид, яъне он боис гашт, ки вуруди туристон ба ИМА ва дигар кишварҳои Аврупо коҳиш ёфт. Ин ҳолат махсусан ба ширкатҳои ҳавопаймоии амрикоӣ, олмонӣ (Lufthansa), Сингапур (Singapore Airlines) Швейсарий (SwissAir), Белгиягии (Sabena) ва голандии KLM хисороти зиёди молиявӣ расонид.

Фоҷиаи Амрико ширкатҳои ҳавопаймоӣ, киштиҳо, соҳибмулкони меҳмонхонаҳо ва дигар ширкаткунандагони бозори туристиро водор намуд, то нисбати масъалаҳои бехатарии муштариёни хеш масъулияти ҷиддӣ зоҳир намоянд.

Амнияти иқтисодӣ дар туризм дар ду самт амалӣ мегардад:

  1. Тавассути чорабиниҳои системаи давлатӣ ва бозорӣ, бартарафнамоии мавҷудияти эҳтимолияти омилҳои иқтисодии хавф ё паст намудани оқибатҳои он;
  2. Тавассути суғуртаи туристон ва таваккали туристӣ
3 Загрузки
test

Добавить комментарий