Туризми байналмилалӣ ва аҳамияти он

Омилҳои рушди туризми байналмилалӣ ва мавсимнокӣ дар туризм

Туризми байналмилалӣ дар нимаи дуюми асри ХХ ва нимаи аввали асри ХХI ба яке аз самтҳои афзалиятнокӣ иҷтимоӣ-иқтисодӣ, сиёсию фарҳангии аксарияти кишварҳо ва минтақаҳои олам табдил ёфт. Индустрияи туристӣ бошад, ҳамчун ҷузъи ҷудонашавандаи таркиби истеъмолӣ ва фаъолияти иҷтимоии бештари аҳолии олам гардид. Гарчанде захираҳои туристӣ дар ҳудудҳое ҷойгиранд, ки аз лиҳози саноатӣ ва кишоварзӣ ғайри қобили истифодаанд, вале маҳз ҳамин ҳол туристонро ба худ ҷалб менамуд. Туризми байналмилалӣ ба зерсохтори асосии таркиби хоҷагии миллии мамлакатҳо табдил ёфт. Афзуншавии талаботи аҳолии олам ба туризм боис гашт, ки ин соҳа ба яке аз соҳаҳои сердаромад ва рушдёбандаи иқтисоди ҷаҳонӣ табдил ёбад. Гузашта аз ин рушди туризм боис мегардад, ки мавзеҳои ташкилкунандаи фаъолияти туристӣ вобаста ба афзоиши муштариён бештар инкишоф ёфта, ҳолати табиӣ хубтар нигоҳ дошта шавад. Агар дар соҳаҳои истеҳсолоти ҷамъиятӣ сарватҳои табиӣ ба нобудшавӣ оварда шаванд, дар туризм ин ҳолат баръакс аст. Дар натиҷа самаранокии иқтисоди миллии мамлакатҳо афзун мегардад.

Дар даҳсолаҳои охир нишондиҳандаҳои туристӣ рушди устуворро касб намудаанд. Мувофиқи маълумотҳои ТУТ кумитаи махсуси СММ дар соли 2012 нисбати соли 2007 20% афзун гашта, қариб 1 млрд. нафарро ташкил намудааст. Суръати миёнаи рушди иқтисоди ҷаҳонӣ якчанд маротиба болотар аст. Тибқи нишондоди ТУТ СММ навъҳои туризми экологӣ, фарҳангию маърифатӣ, мавзўӣ, илмӣ ва ҷаҳонгардӣ (круиз) бештар ривоҷ ёфтааст.

Тибқи дурнамои ТУТ СММ дар соли 2020 7%-и аҳолӣ кураи Замин сафарҳо ба хориҷи кишвар анҷом медиҳанд. Ин нишондиҳанда сол то сол меафзояд. Гарчанде туризми байналмилалӣ дар ҳоли рушди устувор қарор дошта бошад ҳам, вале дар як қатор минтақаҳо (Африқо, Осиёи Ҷанубӣ, Шарқи Наздик) нишондиҳандаи чандон назаррас надорад (Ҷадвали 2).

Ҷадвали 2. Фаъолияти туристии аҳолии ҷаҳон дар соли 2020

Минтақаҳо Ҳиссаи аҳолие, ки сафарҳои хориҷӣ менамоянд

(бо ҳисоби %)

Аврупо 14
Минтақаи Осиёӣ – Уқёнуси Ором 10
Амрико 8
Шарқи Наздик 6
Африқо 5
Осиёӣ Ҷанубӣ 1
Тамоми ҷаҳон 7

Аз нишондиҳандаи боло аён мегардад, ки қобилияти харидории аҳолии кишварҳои Аврупо хеле баланд буда, баръакс қобилияти харидории аҳолии кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ хеле паст аст. Ҳиссаи аҳолии кишварҳои Аврупо дар вуруду хуруҷи туристон нисбати кишварҳои дигар минтақаҳо хеле баланд аст.

Ҳанўз суръати афзоиши солонаи туризми байналмилалӣ дар ҷаҳон 4,4%-ро ташкил медиҳад ва мувофиқи ҷадвали дар поён оварда шуда, тибқи дурнамо соли 2020 ба 4,3% баробар мешавад. Таҳлили суръати рушди туризми байналмилалӣ аз ҷониби нашриёти бузургтарини Британияи Кабир «Travel and Tourist Interlligence» (TTI) гузаронида шуда, натиҷаи он дар ҷадвали зер оварда шудааст (Ҷадвали 3).

Ҷадвали 3. Суръати рушди сафарҳои байналмилалӣ дар давраи солҳои 2000-2020, фоизи тағйирёбандаи миёнаи солона.1

Минтақаҳои содиркунандаи туристҳо 1995-2000 2000-2005 2005-2010 2010-2020
Аврупо бо кишварҳои соҳили баҳри Миёназамин 5,3 1,7 3,5 4,3
Амрикои Шимолӣ 3,6 6,7 5,1 5,0
Амрикои Марказӣ ва Ҷанубӣ 5,1 6,5 7,1 6,3
Осиёи Ҷанубу Шарқӣ 10,1 7,9 5,8 4,8
Шарқи Дур 13,9 8,6 6,9 8,2
Австралия /Африқои Ҷанубӣ 5,6 5,6 6,0 6,2
Кишварҳои асосии содиркун-и туристон 5,5 3,4 4,4 4,4
дигар кишварҳо 7,0 3,5 4,3 3,7
Ҳамагӣ дар ҷаҳон 5,7 3,4 4,4 4,3

Ҷамъан дар соли 2020 теъдоди сафаркунандагони байналмилалӣ ба 1,6 млрд. нафар мерасад, ки ин аз нишондиҳандаи соли 1995 се маротибазиёд аст. Харҷи 1 рўзаи туристон ғайр аз воситаҳои интиқоли ҳавоӣ то 5 млрд. доллар дар 1 рўз афзун мегардад. Тибқи дурнамои ТУТ рушди босуръати туризми содиротӣ дар назар аст. Кишварҳои Олмон, Ҷопон, ИМА, Чин, Британияи Кабир, Росия, ки қобилияти баланди харидорӣ доранд ба бузургтарин кишварҳои содиркунандаи туристон табдил меёбанд ва дар соли 2020 ба бозори байналмилалӣ то 30 млн. нафар туристро равона мегардонанд.

Мувофиқи дурнамои ТУТ дар соли 2015 шумораи сафарҳои туристон ба хориҷа зиёда аз 1 млрд. нафарро ташкил медиҳад, аммо ин нишондиҳанда бо суръати нисбат суст ҷараён мегирад (Ҷадвали 4).

Ҷадвали 4. Сатҳи афзоиши туризми байналмилалӣ дар давраҳои 1995-20201

Нишондиҳандаҳо 1995 2000 2005 2010 2020
Сафарҳои туристӣ, млн. 535 632 782 264 1013
Шабгузаронӣ, млн. 4571 5518 6903 8654 1107
Хараҷотҳо барои туризм, млрд. доллари ИМА (бо нархҳои соли 2008) 393 516 686 922 1130

Мутобиқи дурнамои ТУТ дар соли 2020 Чин ба пешоҳанги самти туризми ҷаҳонӣ табдил ёфта, аз 5 кишвари пешво, яъне Фаронса, ИМА, Испания, Италия, Британияи Кабир пеш мегузарад. Ҳоло Чин дар мақоми 6-ум қарор дорад (22 млн. нафар дар як сол ташриф меоранд). Дар назар аст, ки ҳангоми расидани афзоиши солона ба 8%, шумораи боздиди туристон аз Чин дар соли 2020 ба 137, 1 млн. нафар мерасад (Ҷадвали5).

Ҷадвали5. Дурнамои самтҳои асосии туристӣ дар соли 20201

Мамлакат Миқдори вуруди туристӣ, млн. Ҳисса дар бозори туристии ҷаҳонӣ, % Сатҳи афзоиши солҳои 1995-2020, бо %
Чин 137,1 8,6 8,0
ИМА 102,4 6,4 3,5
Фаронса 93,3 5,8 1,8
Испания 71,0 4,4 2,4
Гонконг 59,3 3,7 7,3
Италия 52,9 3,3 2,2
Британияи Кабир 52,8 3,3 3,0
Мексика 48,9 3,1 3,6
Росия 47,1 2,9 3,6
Ҷумҳурии Чехия 44,0 2,7 6,7
Ҳамагӣ 708,8 44,2 4,0

Тибқи дурнамо то солҳои 2020-ум сафарҳои туристии байниминтақавӣ нисбати дохилиминтақавӣ 1,5 маротиба бештар афзоиш меёбад. Табодули туристон миёни минтақаи Аврупо ва Амрико васеъ мегардад. Дар раванди ҷаҳонишавӣ дар бозири туристӣ дигар минтақаҳо, махсусан Шарқи Наздик ва Осиёи Ҷанубӣ ҷалб карда мешавад. Дар натиҷа ҳиссаи сафарҳои туристии байниминтақавӣ соли 2020 то 24% афзоиш меёбад ва мутаносибан ҳиссаи сафарҳои дохилиминтақавӣ то 76% коҳиш меёбад (расмҳои…).

Диаграммаи 2. Таносуби туризми дохилӣ ва байниминтақавӣ дар солҳои 1995-2020[1] (млн. нафар)

Ҷалбнамоии минтақаҳои ҷаҳон дар табодули байниминтақавии туристӣ дар солҳои 1995-2020 (ҳиссаи сафарҳои туристии байниминтақавӣ дар ҳаҷми умумии туризми вурудӣ) ба таври зайл аст:

  1. Дар тамоми ҷаҳон;
  2. Аврупо;
  3. Амрико;
  4. Минтақаи Осиё ва ҳавзаи уқёнуси Ором;
  5. Африқо;
  6. Шарқи Наздик;
  7. Осиёи Ҷанубӣ;

Дар бозори ҷаҳонӣ бобати қабули туристон, кишварҳое пешоҳанг мебошанд, ки аз лиҳози иқтисодӣ рушд ёфтаанд (Аврупо ва Амрикои Шимолӣ). Кишварҳои рў ба инкишофи ҷануб ҳанўз нақши чандон назаррасро иҷро наменамоянд, аммо таи солҳои охир ин кишварҳо ба самти ҷалби туристон табдил ёфта, ҳарҷи бештар ташрифовардагонро пазироӣ менамоянд.

Раванди табодули туристон миёни кишварҳои ҳамҳудуд дар ҳоли инкишоф қарор дарад. Чунончӣ, тибқи маълумотҳои ташкилоти миллии туристии Малайзия анқариб нисфи воридшавандагон бо мақсади туризмро шаҳрвандони Сингапур ташкил медиҳанд.

Омили мавсимият. Раванди умумӣ ва ҳамзамон мушкилоти ҷиддӣ дар туризми байналмилалӣ мавсимнокӣ мебошад, яъне дар фасли тобистон теъдоди туристон якуякбора афзоиш ёфта, зимистон, тирамоҳ ва баҳор коҳиш меёбад. Ба мавсимият дар туризми байналмилалӣ омилҳои иқлимӣ ва иҷтимоӣ таъсир мерасонанд. Се гуруҳи омилҳоро, ки ба мавсимияти хизматрасонии туристӣ таъсир мерасонад, ҷудо менамоянд: табиӣ-иқлимӣ; хусусияти намуди туризм; хусусияти меҳнат ва истироҳати истеъмолкунандагон.

Аксарияти коршиносон ду гурўҳи омилҳоро ҷудо менамоянд, яъне аввалия ва дуюминдараҷа. Бу гурўҳи аввалия омили табиӣ – иқлимӣ, яъне иқлим, обу ҳаво, ландшафтҳои (манзараҳо) кишварҳо ва минтақаҳои муайян, ки моҳияти туристӣ доранд, шомиланд. Ба гуруҳи омилҳои дуюминдараҷа бошад, дохил мешаванд:

Иқтисодӣ – сохтори истеъмолоти мол ва хизматрасонӣ, ки дар асоси қобилияти харидорӣ ташаккул ёфтааст;

Иҷтимоӣ – маҷмўъ ва хусусиятҳои вақти фориғӣ (мураххасӣ);

Демографӣ – тақозо ба хадамоти туристӣ аз рўи якчанд меъёрҳо (параметрҳо);

Равонӣ – анъана, мўд, тақлид (пайравӣ), худнамоӣ ва ғайра;

Моддӣ-техникӣ – вазъи кунунӣ;

Технологӣ – дараҷаи сифати хадамоти туристӣ.

Мавсим барои ин ё он ноҳияи туристӣ даврае маҳсуб меёбад, ки шумораи якмоҳаи туристони ворид шуда, аз нишондиҳандаи миёнаи моҳ дар як сол афзунтар аст. Ин айёмро бо мафҳуми «фасли пурҷўш» (сурх, баланд) нисбат медиҳанд.

6

Диаграммаи 4. Мавсимнокӣ дар туризми байналмилалӣ (нишондиҳандаи сайрҳои туристӣ дар мавсим).

Дар диаграммаи дар боло овардашуда аён аст, ки дар фасли зимистон коҳишёбии амиқи сайрҳои туристӣ назаррас аст.

Мавсимият дар туризми байналмилалӣ он аст, ки ҳангоми зимистон «бозори фурўшандагони хадамоти туристӣ» авҷ мегирад ва дар мавсими зимистон «бозори харидорон» оғоз мегардад, яъне ҳангоми зимистон ширкатҳои туристӣ бо мақсади ҷалби ҳарчи бештари туристон арзиши хадамоти хешро поён мефароранд.

Боиси тазаккур аст, дар кишварҳое, ки таносуби ҳарорати ҳаво чандон бузург нест, мавсимнокӣ мушоҳида намешавад. Масалан: дар Миср, Тунис, Мароккаш, АМА, Исроил туризм хусусияти тамомисолӣ дорад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад мавсимият баръакс намоён аст. Ба густариши мавсими туристӣ фаъолнокии туризми корӣ, яъне гузаронидани симпозиумҳо, намоишҳои байналмилалӣ, конфронсҳо, ҳамоишҳо, мизҳои мудаввар ва ғайра мусоидат менамояд.

Омилҳои рушди туризми байналмилалӣ

Индустрияи туризм ва меҳмондорӣ солҳои охир зери таъсири як қатор омилҳо инкишоф меёбад ва ин омилҳо ба ду гурўҳ, яъне беруна ва дохилӣ ҷудо мешаванд. Ба омилҳои беруна: сиёсӣ – ҳуқуқӣ, бехатарии саёҳат, иқтисодӣ ва молиявӣ, фарҳангӣ, демографӣ, инфрасохтори-коммуникатсионӣ ва технологияи навин дохил мешаванд.

Омилҳои сиёсӣ-ҳуқуқӣ. Вобаста ба он ки давлат чи гуна сиёсатро мутаносибан ба туризм роҳандозӣ менамоянд, захираҳои туристӣ дар сатҳҳои гуногун истифода мешавад. Агар сиёсати кишварҳои Аврупо ба ҳарчи бештар ҷалб намудани туристон бобати истифодаи захираҳои туристӣ равона шуда бошад, баръакс дар як қатор кишварҳои Шарқи исломӣ вобаста ба сиёсати давлат захираҳои туристӣ ба тариқи интенсивӣ истифода намегардад. Дар ин гурўҳ кишварҳо муносибат ба туристони хориҷӣ беҳбудиро талаб менамояд.

Омили бехатарии саёҳат. Вобаста ба ин меъёри рушди туризм масъалаи бехатарӣ ҷои намоёнро ишғол менамояд. Туристони кишварҳои мутараққӣ ба таъминоти бехатарӣ диққати ҷиддӣ медиҳанд.

Низоъҳои байналмилалӣ ё амалиётҳои ҳарбӣ, экстремизму терроризм на танҳо рушди туризмро боз медорад, балки боиси он мегардад, ки ҳукуматҳои кишварҳои содиркунандаи туристон рўйхати давлатҳои номуносиби туристиро нашр менамоянд. Чунончӣ солҳои охир ба рўйхати ин гуна мамлакатҳо Афғонистон, Ироқ, Сомалӣ, Ливия, Судан ва ғайра дохил карда шудаанд (вобаста ба вазъи ноороми дохилии сиёсӣ).

Гузашта аз ин ҳолати беҳдоштию эпидемиологӣ, солимии маводи ғизоӣ, бехатарии туристиро таъмин менамояд.

Омилҳо молиявӣ – иқтисодӣ. Ба индустрияи меҳмондорӣ омили макро ва микроиқтисодӣ низ таъсир мерасонад. Номуназамии макроиқтисодӣ, болоравии сатҳи таваррум, афзоиши бекорӣ низ яке аз омилҳои муҳими иқтисодии таъсиррасонанда дар рушди туризм мебошад. Дар мамлакатҳое, ки даромад аз туризм саҳми бештари ММД-ро ташкил медиҳад, сармоя барои сохтмони меҳмонхонаҳои нав ва беҳгардонии инфрасохтори туризм равона мегардад.

Омили фарҳангӣ. Мероси фарҳангӣ ҳамеша туристонро ба худ ҷалб менамуд. Муҳити фарҳангӣ яке аз он захираҳоест, ки ба омехташавии ҷараёни оммавии туристон таъсир мерасонад. Масалан: осорхонаи Лувр дар Париж, Эрмитаж дар Санкт – Петербург, девори бузурги Чин, Диснейленд дар Токио вобаста ба хусусиятҳои фарҳангӣ туристонро ба худ ҷалб менамояд.

Омили иҷтимоӣ-демографи. Дар натиҷаи афзоиши аҳолӣ иқтидори туристии ҷаҳон низ зиёд мегардад ва дар натиҷа ба фаъолияти туристӣ шумораи бештари захираҳои меҳнатӣ ҷалб мегардад.

Ҳайати синну солӣ ва хонаводагии аҳолӣ дар рушди туризми байналмилалӣ ниҳоят муҳим аст. Қисми зиёди туристонро нафароне ташкил медиҳанд, ки синнашон аз 18 то 35 сола аст. Қариб 20%-и ҳамаи туристонро ҷавонон ташкил медиҳанд. Ғайр аз ин саҳми ашхосони пиронсол низ (аз 55 сол боло) бузург аст, ки онро «туризми синни сеюм» меноманд.

Омили инфрасохторӣ-коммуникатсионӣ. Нақлиёт ва инфрасохтори туризм интиқоли туристро ба макони истироҳат ва баръакс таъмин менамояд. Ба кулли дестинатсияҳои туристии машҳур вазъи инфрасохтор бахусус фурудгоҳҳо, роҳҳои автомобилӣ аҳамияти хоса дорад. Қобили зикр аст, ки аввалин таассуротҳои оид ба сафари туристӣ маҳз аз сифати ҳамлу нақл пайдо мешавад.

Туристон ба ба ҷое сафар намуданро меписанданд, ки амният ва сатҳу сифати баланди хизматрасонӣ таъмин бошад. Дар аксарияти кишварҳо полиси туристӣ фаъолият менамояд, ки ба масоили таъмини амнияти туристон машғул аст.

Таъминоти иттилоотӣ низ хеле муҳим аст. Дар шаҳрҳои калон марказҳои иттилоотӣ вуҷуд доранд, ки он ҷо метавон шаҳр ва хадамот ба меҳмонҳои хориҷӣ ба забони модариашон пайдо намуд. Мутаассифона, дар шаҳрҳои чумҳурии Тоҷикистон ин гуна марказҳои махсус надоранд.

Рушди савдо. Ҳангоми сафар ба хориҷа туристон аксаран бар андешаи онанд, ки аз куҷо ва чӣ метавон харид намуд. Он метавонад маҳсулотҳои ҳунарҳои мардумӣ, армуғонҳо ва ғайра бошад. Як қатор кишварҳои ба монанди Аморати Муттаҳидаи Араб, Туркия, Юнон, Италия, Сингапур туристонро ба савдои фаъол ва нархҳои дилхоҳ ба худ ҷалб менамояд, яъне – шоптуризм инкишоф меёбад.

Омили технологӣ. Дастовардҳои раванди илмӣ-техникӣ дар индустрияи туристӣ бахусус дар чунин соҳаҳо ба монанди ҳамлу нақл, низоми ташвиқот ва иттилооти истеъмолӣ васеъ истифода мешавад. Рушди технологияи телекоммуникатсионӣ ба ташкили низоми компютеркунонии банднамоӣ (брон) дар реҷаи онлайн оварда расонидааст.

Мукаммалгардонии маҳсулоти туристӣ. Маҳсулоти туристӣ натиҷаи талоши намояндагони бахшҳои гуногуни индустрияи туристӣ мебошад. Робита миёна бахшҳои ҷойгиркунонии нақлиёти мусофирбар, ташкилкунандагон ва фурўшандагони хадамоти туристӣ ниҳоят муҳим аст. Боиси тазаккур аст, ки вазъи муҳити атроф ва инфрасохтор ба сифати маҳсулоти туристӣ таъсир мерасонад. Агар макони ҷойгиршавии захираи туристӣ аз лиҳози экологӣ носолим бошад ва ё зери таъсири омили антропогенӣ хароб шуда бошад, сабаби коҳиш ёфтани ҷалби туристон мегардад.

Маркетинг. Моҳияти маркетинг дар рушди туризми байналмилалӣ аз як ҷониб бо ниёзҳои истеъмолӣ ва хоҳиш, аз ҷониби дигар дар натиҷаи рақобат дар бозори туристӣ вобаста аст. Таваҷҷуҳи зиёд ба гурўҳи омилҳои географии рушди туризми байналмилалӣ равона карда мешавад. Ба ин омилҳо захираҳои рекреатсионӣ, мавқеи географӣ, вазъи геополитикӣ ва ғайра шомиланд.

8 Загрузки
test

Добавить комментарий