Ҳолати ҳозира ва дурнамои туризми кӯҳӣ дар Тоҷикистон

Тоҷикистон кишвари кӯҳсор буда, 93-фоизи қаламрави онро кӯҳҳо ишғол кардаанд.

Пайдоиши релефи он натиҷаи инкишофи бисёрмиллионсолаи қишри замин мебошад. Симои онро асосан қаторкӯҳҳои баланд ва дарраҳои тангу ҳамвориҳои байникӯҳӣ муайян мекунанд.Масоҳати ҷумҳурӣ аз сатҳи баҳр дар баландии аз 300 то 7495 м воқеъ гардидааст. Кӯҳҳое,ки зиёда аз 3000 м баландӣ доранд, қариб 62 фоизи қаламрави Тоҷикистонро ишғол менамоянд. Қаторкӯҳҳои Тоҷикистон ба се системаи бузурги кӯҳӣ дохил мешаванд:Тиёншон,Ҳисору Олой ва Помир.

Қаторкӯҳҳои Тиёншон- Ин системаи кӯҳҳо дар Осиёи марказӣ байни 40-45 арзи шимолӣ ва 67-95 тӯли шарқӣ воқеъ гаштаанд.Қисми ғарбиаш дар ҳудуди Қирғизистон,қаторкӯҳҳои шимолӣ ва ғарбиаш дар ҷумҳурии Узбекистоу Тоҷикистон ва қисми шарқиаш бошад,дар ҳудуди Хитой ҷойгир аст.)Аз ғарб ба шарқ дар масофаи 2450 км тӯл кашидаанд.

Баландтарин қуллаи Тиёншони марказӣ-қуллаи Ғалаба (7439м) ва қуллаи Хонтангрӣ(6995м) дар сарҳади байни Қирғизистон ва Хитой воқеъ гаштаанд.

Иқлими кӯҳҳои Тиёншон умуман континенталист,вале бинобар мураккабии релеф хеле баланд будани бисёрии қаторкӯҳҳо,экспозитсияи нишебиҳо ва вобаста ба мавқеи географии қаторкӯҳҳо ҳарорат ва намӣ дар ҳар ҷо ҳар хел аст.

Аз Тиёншон дарёҳои калон- Сир,Чу, Илӣ,ваТарим ибтидо меёбанд. Аз сарватҳои зеризаминӣ дар қаторкӯҳҳои Тиёншон: мис, сурб, металҳои нодир ва махсусан ангиштсанг фаровон аст.

Дар қисмати Қазоқистону Қирғизистони қаторкӯҳи Тиёншон мамнӯъгоҳҳои Иссиқул, Алмаато, Оқсу-ҷабағлӣ,Саричалак, инчунин парваришгоҳҳои бешазори кӯҳии Чатлоқ ва ғайра мавҷуданд.

Қаторкӯҳҳои Ҳисору Олой- кишвари кӯҳиест дар ҷануби Осиёи миёна ҷойгир шудааст. Қисми ғарбӣ ва мобайниаш аз қаторкӯҳҳои Туркистон,Зарафшон ваҲисор, шарқиаш аз қаторкӯҳҳои Олой иборатанд. Тӯлаш қариб 900 км, бараш 80-150 км. Баландиашон то 5621м мерасад. Теғаҳои асосии қаторкӯҳҳои Туркистон,Зарафшон,Ҳисор, Олой вабаъзе қуллаҳои баланди шохаҳои онҳо релефи типии алпӣ доранд.

Аз ҷиҳати тектоникӣ Ҳисору Олой кӯҳҳои чиндори сини герсинианд, ки аз ҷинсҳои геосинклинали полеозой таркиб ёфтаанд.Теғаҳои баланди кӯҳҳоро барфу пиряхҳо пӯшонидаанд.Пиряхи калонтарин-Зарафшон(тӯлаш қариб 25км) дар саргаҳи дарёи Зарафшон воқеъ гаштааст.

Қаторкӯҳҳои Помир.

Ҳудуди Помир вобаста ба хусусиятҳои релеф ба ду қисм ҷудо мешавад: Помири ғарбӣ ва Помири шарқӣ. Ба Помири ғарбӣ хусусияти системаи қаторкӯҳҳои баланд хос аст.Инҳо дар шимол қаторкӯҳҳои Пётри 1 ва Дарвоз,ки дар ҳудуди ноҳияҳои Ванҷ ва Дарвоз ҷойгиранд.Дар қисмати шарқии охири қаторкӯҳҳои Аккадемияи илмҳо ба онҳо қаторкӯҳҳои Пётри1ва Дарвоз дохил мешаванд. Қаторкӯҳҳои Ванҷ,ки то қаторкӯҳҳои Язгуломи ҷанубӣ паҳн шудаанд,ба зонаи тектоники Помири марказӣ дохил мешаванд.Дар қисмати ҷанубӣ паси ҳам дар зонаи ҷанубу ғарбии Помир қаторкӯҳҳои Рушон, Шуғнон ваШохдара ҷойгир шудаанд.

Хусусияти релефи Помири шарқӣ аз Помири ғарбӣ фарқ мекунад.Дар ин ҷо дар қисми марказии доманакӯҳҳо релефи қадим боқӣ мондааст. Ба релефи Помири шарқӣ хусусияти даштӣ ва ҳавзаҳои калону васеъ хос аст,ки то баландии 3500-4500м мерасанд. Дар байни онҳо қаторкӯҳҳои баланд ва маҳалҳои кӯҳӣ ҷой гирифтаанд,ки баъзан баландии онҳо то ба 6000м мерасад.(қуллаи Советских офицеров дар қаторкӯҳҳои Музкул 6233м.)

Дар Помири шарқӣ ҳавзаи кӯли Қаракӯл дар зонаи тектоникии Помири шимолӣ: қаторкӯҳҳои Музкул ва мавзеи кӯли Рангкӯл дар зонаи марказӣ: ,ҳавзаи дарёи Оқсу дар зонаи ҷанубу шарқии Помир ҷойгиранд.

Дар ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавсими алоҳида қуллаи И. Сомонӣ ва кӯҳҳои Фон мавриди истифода қарор гирифтаанду халос ва имрӯзҳо диққати сайёҳонро ба худ ҷалб мекунанд.Ба ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2007 тақрибан 30000 турист ворид шудааст,ки аз он 250 –алпнист ба Помир сафар кардаанд,зеро дар Помир қуллаҳои баландтарини И.Д.М. ҷой гирифтаанд ,ки баландтарини онҳо қуллаи И. Сомонӣ мебошад.

Қ уллаи Исмоили Сомонӣ:

Ҷои ҷойгиршавӣ-дар ҷои ба ҳам пайвастшавии қаторкӯҳи Академияи илмҳо ваПётри1, дар қисми шимолу шарқии Помир.

Яке аз минтақаҳои машҳури сайёҳӣ-кӯҳнавардии Помир,ин баландтарин қуллаи И.Д.М.-қуллаи Коммунизм,ки аз соли 2000-ум ба номи асосгузори давлати тоҷикон дар асри x –Исмоили Сомонӣ номгузорӣ шудааст, мебошад. Баландии қулла 7495м-ро ташкил медиҳад.

Ин қулла дар натиҷаи экспедитсияи Олмонию шӯравӣ соли1928 кашф шуда буд ва якчанд муддат қуллаи Сталин ном дошт.Соли1933 дар натиҷаи ташкили экспедитсияи тоҷику Помир 2-юми сентябр аввалин маротиба Абалаков ин қулларо фатҳ кард.

Соли 1962 қулла номи комунизмро гирифт.То соли1962 қулларо танҳо кӯҳнавардони Шӯравӣ фатҳ мекарданд.Аввалин хориҷие ,ки ба қуллаи Сомонӣ баромадааст,кӯҳнаварди англис буд.

Яке аз беҳтарин роҳҳои бурдани сайёҳон ба ин минтақа ин парвози 30-40 дақиқагӣ тавассути чархбол аз фурудгоҳи ноҳияи Ҷиргатол мебошад.Дар солҳои 80- уми асри хх-ба қуллаи Сомонӣ роҳи нисбатан кӯтоҳтар аз пиряхи Волтер кушода шуд,ки ”Ребро Бородкина” ном гирифт ва маркази кӯҳнавардӣ низ тадриҷан ба қароргоҳи Москвина кӯчид. Дар айни ҳол дар ин ҷо базаи лагери ширкати ”Алп- Наврӯз” воқеъ аст.

Лагер дар минтақаи субалпӣ дар баландии 4200м аз сатҳи баҳр, дар ҷои якшавии пиряхи Волтер ваМосквина (шохоби шарқии пиряхи Фортамбек) воқеъ буда яке аз базаҳои нисбатан қуллайи сафарбаркунӣбарои фатҳи қуллаи Сомонӣ ва Коржневский, тавассути роҳи кӯтоҳтарин ба ҳисоб меравад. Қароргоҳи назди пиряхи Москвина 10 га масоҳат дошта,ҷои комилан бехатар ҳангоми фаромадани тарма ва сангфароӣ(камнепад)мебошад.Барои сайёҳону кӯҳнавардон дар ин ҷо 4-то хаймаҳои ду нафараи гарми пахтагӣ, 11-то хоначаҳои чӯбӣ ва алюминӣ, инчунин ошхона, ҳамом, сауна ва ғайра сохта шудаанд, ки дар чунин шароити душвори иқлимӣ талаботи онҳоро қонеъ месозад.Ғайр аз ин ҳангоми зарурӣ хаймаҳои брезентӣ низ истифода мешаванд.

Дар айни ҳол мавсими фаъолияти лагери қароргоҳи Москвина аз ду-се моҳ (июл-сентябр) зиёд нест. Дар дигар фаслҳои сол ин мавзеъ аз сабаби душвории роҳ ва иқлими қаҳратуну сард (ҳарорати пасти ҳаво,барфу бод) барои сай ёҳону кӯҳнавардон ва ҳавасмандони алоҳида дастнорас аст

Кӯҳҳои Фон.

Мавсими алоҳидаи кӯҳсор буда, байни қаторкӯҳҳои Ҳисору Зарафшон ва Помиру Олой ҷойгиранд. Дар ин қаторкӯҳ диққати асосиро кӯлҳои зебо ва ғайриоддӣ ба худ ҷалб мекунанд.Дар ин ҷо кӯли пурасрор ва афсонавии Искандаркӯл мавҷуд аст,ки ба шарофати Искандари Мақдунӣ ба ин кӯл номи Искандаркӯлро гузоштанд. Инчунин дар ин мавзеъ кӯлҳои шафофу гуногунранги ба монанди Алоуддин ва Кӯликалон, дар дарраи душворгузари Зиндон бошад, кӯли Аллои бузург,Ҳафткӯл дар дарраи зебоманзари Шинг мавҷуданд.

Нӯҳ қулла,ки баландтаринашон зиёда аз 5000 м-ро ташкил медиҳад,ба ин мавзеъ зебогии махсусро зам мекунад. Нуқтаи баландтарини кӯҳҳои Фон- Чимтарға буда, баландиаш 5489м-ро ташкил медиҳад.

Табиат ин мавзеи кӯҳсорро барои алпнистон,туристони кӯҳгард ва дигар дӯстдорони табиат офаридааст. Даҳҳо сайрхатҳои кӯҳие,ки тавассути ағбаҳои кӯҳҳои Фон мегузаранд,ба сайёҳон имконият медиҳанд,ки ба табиати сеҳрангези он шинос шаванд ва манзараҳои дилфиреби онро аз наздик дидан намоянд.

Барои алпинистон дар ин кӯҳҳо қуллаҳои зиёде, ки баландиашон аз 4000 то 5489м-ро ташкил медиҳад, вуҷуд доранд.

Барои истироҳат дар ин ҷо ба таври зарурӣ котечҳо ва алпбазаҳо бо утоқҳои ду хонагӣ, ошхона, қаҳвахона ва дигар намудҳои хизматрасонӣ барои сайёҳон муҳайё шудааст. Аз тарафи дигар проблемаи асосии инкишофи туризми кӯҳсор дар Тоҷикистон он аст,ки барои инкишофи шабакаи муассисаҳои туристиву кӯҳнавардӣвоситаҳои ҳаракат, шабакаи бошишгоҳҳо ва истиқоматгоҳҳои муваққатӣ ва мавсимӣ имкониятҳои маблағгузорӣ ва инженерию техникӣ ниҳоят маҳдуданд. Масалан, дар бисёр давлатҳои Аврупову Осиё, ки монанди Тоҷикистон релефи кӯҳӣ дорад, имкониятҳои маблағгузорӣ, шароитҳои бисёр мувофиқи нақлиётӣ, иҷтимоӣ барои сайёҳон, варзишгарон ва кӯҳнавардонро ҳаматарафа таъмин менамояд. Аз он ки кӯҳҳои Тоҷикистон аз нигоҳи туризм ба пуррагӣ омӯхта нашудаанд, (хусусан кӯҳҳои Помир) ба ҳолати ҳозираи онҳо баҳогузорӣ кардан ғайри имкон аст.Барои дар сатҳи баланд инкишоф додани туризм дар Тоҷикистон чунин мушкилиҳо садди роҳ мешаванд:

– Набудани имконияти маблағгузорӣ.

Ҳалли ин проблема имрӯз барои мамлакати мо хеле гарон аст,зеро Тоҷикистон наметавонад барои ин соҳа маблағҳои заруриро сарф кунад,чунки дигар соҳаҳои хоҷагии халқ низ ба маблағгузорӣниёз доранд.Вале инкишофи туризм яке аз роҳҳои асосии ҳали мушкилоти иқтисодиёт дар Тоҷикистон хоҳад гашт.

_Набудани кадрҳои баландихтисоси ба талаботи ҳозиразамон ҷавобгӯ.

Тоҷикистон ҳоло аз нарасидани кадрҳои баландихтисоси соҳаи туризм хело танқисӣ мекашад. Айни замон дар 4-донишгоҳи мамлакат шӯъбаҳои туризм вуҷуд доранду мутаасифона аз сабаби нарасидани устони соҳаи мазкур ва ё набудани китобҳои дарсӣ сатҳи дониши донишҷӯён ниҳоят паст аст.Ҳалли ин масъала андешидани чораҳои заруриро талаб менамояд, зеро дониши онҳо ба талаботи муассисаҳои туристӣ ҷавобгӯ нест.

-Набудани нақлиёти ҳозиразамон.

Дар ҳама давлатҳои тараққикардаи дунё барои сайёҳон ва умуман соҳаи туризм нақлиёти махсуси туристӣ вуҷуд дорад. Хусусан дармамлакатҳои кӯҳсор роҳҳои каннодӣ ва дигар хел имкониятҳоро ба сайёҳон муҳайё намудаанд.Тоҷикистон бошад, кӯшиш бар он дорад,ки дар ҷаҳон онро ҳамчун кишвари туризм шиносанд,вале барои туристон нақлиёти ба талаботи ҳозиразамон мувофиқро надорад.

-Набудани роҳҳо.

Надоштани роҳи дурусти нақлиётӣ низ садди роҳи туризм дар Тоҷикистон мегардад. Зеро қисми зиёди онҳо мехоҳанд тавассути нақлиёт манзараҳои ҷолиби моро дидан намояд, вале барои онҳшароити мусоид муҳайё нест. Ҳоло он ки дар давлатҳои хориҷа барои ин гуна сайёҳон автобус ва роҳҳои махсус вуҷуд доранд.Агар туристон майли дидани минтақаи кӯҳсори Тоҷикистонро кунанд ҳам, вале сифати пасти роҳҳо сабаби ноумедии онҳо мегардад.

-Набудани шабакаи истгоҳҳо бошишгоҳҳои муваққатӣ ва озуқаи эҳтиётӣ.

Масалан, дар даврони Иттиҳоди Шӯравӣ лагерҳои алпинистӣ ва сайёҳӣ дар нуқтаҳои муайян мавҷуд буданд,ки бо тамоми таҷҳизотҳои лозимӣ ,аз ҷумла хӯрока таъмин буданд Имрӯзҳо ин гунна шароитҳо вуҷуд надоранд. Мутаасифона баъди пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ базаҳои туристии кӯҳӣ ба харобазор табдил ёфтанд. Имрӯзҳо дар ин гуна корхонаҳо нуқтаи тиббӣ,мағозаҳо ва дигар шароитҳои барои сайёҳони кӯҳгарди муҳим дида намешаванд.

-Набудани таъминоти таҷҳизотҳои туристии кӯҳнавардӣ.

Имрӯз дар ҷумҳурӣ мағозаҳо ва нуқтаҳои савдо,ки таҷҳизотҳои туристиро мефурӯшанд,қариб ки мавҷуд нестанд. Танҳо баъзе нуқтаҳое ҳастанд,ки либосҳои варзиширо мефурӯшанду халос,ки ин талаботи сайёҳон,кӯҳнавардон ва ҳавасмандони алоҳидаро қонеъ гардонда наметавонад.Ғайр аз ин имрӯзҳо корхонаҳои хурди дӯзандагӣ,ки барои дӯхтани сару либос,хаймаҳо ва дигар лавозимоти туристӣ махсус гардонидашуда буданд, аз фаъолият боз монданд.

-Набудани шабакаҳои хизмати тиббӣ.

Барои барқарор намудани саломатии туристон давлат ӯҳдадориҳои зиёдро ба зима дорад. Агар турист ба Тоҷикистон биёяду худро суғурта кунад,давлат ӯҳдадор аст,ки ҳангоми рӯй додани ягон ҳодиса ба турист пайваста кӯмак расонад.Новобаста аз он ки турист дар кадом нуқта қарор дорад бояд ҳатман ба вай хизмати тиббӣ расондан лозим меояд.Ҳоло он ки дар кӯҳистони кишвари мо ягон намуди нуқтаҳои тибби вуҷуд надорад.Ин гуна проблемаҳо барои рушди туризми кишварамон монеаҳои зиёдеро аз пеш мебиёранд.

-Вуҷуд надоштани муассисаҳои ташкилӣ ва таблиғоти туризм.

Таблиғот дар соҳаи туризм роли калонро мебозад. Ба воситаи он мизоҷону ҳавасмандон маълумоти кофӣ ва лозимаро оиди манбаҳои туристӣ ва рекреатсионӣ, кӯҳнавардиву варзишӣ пайдо мекунанд.Вале дар ҷумҳурии мо имрӯз фаъолияти ташкилотҳои таблиготӣ (рекламное агенство) ба талаботи стандартӣ мувофиқат намекунанд.Танҳо дар сайтҳои алоҳида маълумотҳои мухтассар оиди ҷойҳои тамошобоби кишварамон ҷой доранду халос.

Хулоса: Дар хулоса ҳаминро бояд гуфт, ки гарчанд туризми кӯҳсор таърихи пайдоиши на он қадар куҳан дошта бошад ҳам, вале бо туфайли ташкили экспедитсияҳои гуногуни омӯзишӣ- тадқиқотӣ ва фатҳи кӯҳсорону қуллаҳои баланд боиси рушди ин намуди туризм гардид. Туризми кӯҳсор аз дигар намудҳои мухталифи туризм бо якчанд ҷиҳатҳо фарқ мекунад. Пеш аз ҳама аз руи дар бар гирифтани иштирокчиён. Яъне дар ин ҷо на ҳамаи одамон, ё ҳавасмандони алоҳида иштирок карда метавонанд. Дар ин намуди туризм шахсоне ширкат меварзанд, ки обутоби ҷисмонӣ дошта бошанд, аз қоидаҳои роҳгардӣ дар кӯҳсорон, баромадан ба қуллаҳои кӯҳӣ пурра бохабар бошанд. Зеро аз таърихи ин намуди туризм воқеаю ҳодисаҳои зиёди нохушро мисол овардан мумкин аст. Масалан географи намоён Федченко ҳангоми баромадан ба куҳҳои Алп ба ҳалокат расид. Ҳол он ки вай дар чандин экспедитсияҳо ба ҳайси роҳбар иштирок карда буд ва дар ин соҳа таҷрибаи фаровон дошт. Чи хеле, ки як мақоли халқӣ садо медиҳад: «Горы не шутят».

Фарқияти дигараш дар он аст, ки дар ин намуди туризм тарзи истифодабарии асбобу анҷоми махсус (банди алпинистӣ, бели тармавӣ, карабин ва дигар лавозимотҳои махсус) – ро хуб донистан лозим аст. Зеро дуруст надонистани тарзи истифодабарии онҳо дар походҳо ва экспедитсияҳо мушкилотро пеш меорад.

Вале дар баробари ҳамаи ин бояд қайд кард, ки аз байни дигар намуди туризм- туризми кӯҳсор афзалият дорад. Сол то сол шумораи дӯстдорону ҳаводорони алоҳидаи туризми кӯҳсор зиёд шуда истодааст. Инҳо пеш аз ҳама шахсоне мебошанд, ки дустдори табиат ҳастанд, аз зебогӣ ва нафисии он лаззат бурдан мехоҳанд.

Имрузҳо баъзе минтақаҳои кӯҳcор ва марказҳои туристии кӯҳӣ аз ин намуди туризм даромади калонро соҳиб мешаванд, ки ба ин пеш аз ҳама кӯҳсорони Тибет, Алп, Қрим, Қафқоз ва дигар минтақаҳо мисоли равшан шуда метавонанд. Масалан ҳар сол дар мавсимҳои алоҳида барои баромадан ба қуллаи баландтарини ҷаҳон (Ҷомолунгма) кӯҳнавардон ва ҳавасмандон дар кишвари Непал ба муддати тӯлонӣ навбат меистанд. Ва барои гирифтани иҷозатнома ( литсензия) барои ҳар яки мизоҷон ба маблағи 10 000 $ – и ИМА муқаррар шудаст.

Бояд гуфт, ки дар ҷумхурии мо низ захираҳои табиӣ ин намуди туризм аз ҷумла релефи кӯҳӣ, ландшафтҳои гуногуни табиӣ, қуллаҳои баланди кӯҳӣ ( қуллаи Сомонӣ, Ленин, Коржневский), ғорҳои кӯҳӣ ва дигар шароитҳои мусоиди табиӣ мавҷуд хастанд. Вале имруз аз сабаби набудани инфрасохтори ин соҳа туризми кӯҳсор дар мамлакати мо ба таври бояду шояд рушд наёфтааст. Ҳангоми хуб ба роҳ мондани соҳаи туризм , аз ҷумла туризми кӯҳсор дар оянда аз намуди туризм доромади калон ба даст овардан мумкин аст.

23 Загрузки
add

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.