Дарачаи мукоисавии сифатхо

Degrees of comparison of adjectives

Дарачаи мукоисавии сифатхо.

Сифатхо дар забони англиси ба монанди забони точики се дарача доранд:

  1. Одди – Positive Degree
  2. Мукоисави – Comparative Degree
  3. Оли – Superlative Degree
  4. Дарачаи мукоисави ва олии сифатхои якхиљоги ва духичоги бо ёрии суффиксхои ”er”, “est” сохта мешавад.

Суффикси “er” барои фахмонидани дарачаи мукоисавии сифат кор фармуда мешавад.

Large – larger калон – калонтар

Small – smaller хурд – хурдтар

Суффикси “est” барои фахмонидани дарачаи оли меояд ва бо артикли “the” ифoда мегардад:

Large – larger – the largest – калонтарин

Small – smaller – the smallest – хурдтарин

Дар мавриди истифодаи суффиксхои “er”, “est” як катор коидахои имлои вучуд доранд.

а) агар сифат дар дараљаи оддї бо њарфи “e” тамом шавад, дар вакти хамрох кардани суффиксхои “er”, “est” харф меафтад:

large – larger

б) агар сифат дар дарачаи одди бо хамсадое тамом шавад, ки пеш аз он садонок аст, ба ин хамсадо хамон гунна хамсадо илова мешавад:

big – bigger – the biggest

в) агар сифат дар дарачаи одди бо харфи “y” тамом шавад ва пеш аз он хамсадо ояд, дар ин холат харфи “y” ба харфи “I” иваз мешавад:

busy – busier – the busiest

lucky – luckier – the luckiest

г) агар сифат бо харфи “y” тамом шавад ва пеш аз он садонок ояд, дар ин маврид харфи “y” бетагир меистад:

gay – gayer – the gayest- хушхол

Бисёрии сифатхои духичоги ва зиёда аз он дарачаи мукоисавии худро бо истифодаи калимахои “more”, “most” месозанд:

Important – more important – the most important

Муњим – муњимтар – муњимтарин

Эзох: дар дарачаи оли сифатхо бо артикли муайянии “the” меоянд.

Як катор сифатхои дигар низ вучуд доранд, ки дарачаи мукоисавии худро аз дигар решахо месозанд:

Дарачаи одди

Дарачаи мукоисави

Дарачаи оли

Good (well)- хубтар

Better- бехтар, хубтар

The best- бехтарин

Bad – бад

Worse – бадтар

The worst – бадтарин

Many – бисёр

More – бисёртар

The most- бисёртарин

Much – бисёр

More- бисёртар

The most- бисёртарин

Little – кам, хурд

Less – камтар. хурдтар

The least- камтарин. хурдтарин

Far – дур

Further – дуртар

The furthest- дуртарин

test

Добавить комментарий