Маълумоти умуми дар бораи сараъзохои чумла дар забонхои точики ва англиси

Мубтадо ва хабар аъзоҳои асосӣ ва ташкилднхандаи ҷумла буда, аломатҳои асосии грамматикии ҷумла маҳз дар он инъикос меёбанд.
Мубтадо аъзои асосии ҷумлаи дутаркиба ба шумор меравад. Хабар онро аз ягон ҷиҳат муайян мекунад. Хабар аз бобати маъво, шакл танҳо ба мубтадо вобаста буда, амалу ҳолат, аломату хусусияти мубтадоро, ки дар замони муайяне вокеъ гардида, ба шахсу шумораи муайян таъллуқ дорад мефаҳмонад. Хабар дар натиҷан бастагӣ ба мубтадо вазифаи худро пурра адо менамояд. Муносибати хабарӣ, ки хосияти зарурӣ хоси ҷумда аст, дар муносибати хамднгарӣ —предикативин оид ба амал, ходнса. холат, вазъпят ва аломат дар сиға ва замени муайян тасдиқ ё ннкор мешавад.
Мубтадон забонн тоҷикӣ бештар дар шакли холис ифода мегардад. Аломати грамматикии мубтадоро хабар ифода мекунад, ки бо шаклҳои тасрифии феъл ва ё хиссаҳои дигари нутқ ифода меёбад [15,267].
Дар муайян карданн сараъзоҳо дар ҷумлаҳои дутаркибае, ки бо исм ифода гапггаанду бандаки хабарӣ надоранд, ҷои калима ахамият надорад. Дар ҷумла и «Фарҳод-муҳандис» Фарҳод мубтадо, муҳандис хабар аст, вале дар ҷумлаи «Муҳандис-Фарҳод» мубтадо муҳандис буда, Фарҳод хабар мебошад. Мубтадо ва хабарӣ ҷумлаҳои дутаркиба на хамеша ҷояшонро озодона иваз карда метавонанд. Дар мисолҳои «Дашт днлкаш; Боғ зебо; Кӯҳсорони хушнамуд», ки хабарашон бо сифат ифода ёфтааст, ҷон мубтадою хабар муқаррар буда, дигар кардани он мумкин нест, чункн вазнфаи синтаксисӣ ба ин имконият намедиҳад.

  1. Мубтадо дар забонҳои тоҷикӣ ва англисӣ
    Мубтадо сараъзои ҷумлаест, ки предмети фикрро далолат мекунад ва бо калимаҳои гуногунмаъное ифода меёбад, ки мафҳуми предмети грамматикӣ доранд.
    Мубтадо предмети сухан мебошад, ки амал, таъсиру ҳаракат, ҳолату вазъият, аломату хусусияте, ки хабари ҷумла ифода мекунад, он нигаронида шудааст. Мубтадо аъзои мустақили ҷумла буда, ба саволҳои кӣ (киҳо), чӣ (чиҳо) чавоб мешавад. Исмҳои шахс ва ҷонишинҳои шахсӣ ба саволи кӣ (киҳо), дигар хели исмҳо, ҷонишинҳо ва масдар ба саволи чӣ (чиҳо) ҷавоб мешаванд.
    Дар забони англисӣ It – мубтадои шаклӣ буда, дар ҷумлахои англисӣ ҷузъи ҳатмии ҷумла мебошад.
    Дар ҷумлаҳои бешахси англисӣ мубтадои шаклӣ, ки бо воситаи ҷонишини it ифода ёфтааст, истифода карда мешавад. Мубтадо дар ҷумлаҳои англисӣ ҷузъи ҳатмии ҷумла мебошад.
    Ҷонишини it ба сифати мубтадои шаклӣ дар ҷумлаҳои зерини бешахс истифода карда мешавад [6,87]:
  2. Ҳангоми дар бораи ҳодисаҳои табиат маълумот додан:
    It is getting dark.
    It was a warm spring day.
  3. Пеш аз феълҳое, ки вазъи ҳаворо ифода мекунанд: to rain, to snow, to freeze ва ғайра:
    It often snows in February.
    It has been raining since three o’clock.
  4. Ҳангоми ифодаи замон ва масофа:
    It is early morning.
    It is five o’clock.
    Ҳангоми махсусан қайд кардани яке аз аъзоҳои ҷумла, он аъзоро дар аввали ҷумла дар байни It is (was) ва that (who, whom) мегузоранд. Масалан, агар дар ҷумлаи I met his sister in the park. Ман хоҳари ӯро дар боғ дидам, мубтадоро махсусан қайд кардан лозим бошад, яъне маҳз ман на каси дигар хохари ӯро ДИДАМ, ОН ГОO дар байни it was и that (who) гузошта мешавад:
    It was I that (who) met his sister in the park.
    Агар пуркунандаи his sister-po махсусан қайд кардан лозим бошад, яъне ман махз хоҳари ӯ, на каси дигарро вохӯрдам. пас his sister po боад байни it was ва that (whom) гуюшт:
    It was his sister that (whom) I met in the park.
    Агар ходи макони in the park-po махсусан кайл кардан лозим бошад. яъне хоқари ӯро махз дар бог лидам, пас in the park байни it was ва that мои да мешавад:
    It was in the park that I met his sister.
    Дар вақти тарҷумаи нн ифода калнмаи махз истифодв бурда мешавад.
    Бо ёрии ифодаи It is … that инчунин чумлан пайравро махсусан дар чумла алохида кайл кардан мумкин аст. Дар ин холат хангомн гарчуман чунин чумлахо калнмаи танхо нстифода карда мешавад:
    I told him the news after he had returned from London. [5.117).
    It was after he had returned from London that f told him the news Ман ин хабарро ба ӯ пас аз Лондон баргаштаиаш расондам Танхо пас аз Лондон баргаштанаш ин хабарро ба ӯ расой идам Ба тарчумаи ин ифода бо хиссачаи инкории not ва пешоянди until ё till таваччӯх намоед:
    We did not receive a letter from them until (till) May.
    It was not until (till) May that we received a letter from them.
    She did not learn the truth until (till) she returned home.
    It was not until (till) she returned home that she learned the truth.
    Ҳангоми номуайян ва ё умумӣ буданп шахси ача игу нанла. ҷонишини one ҳар фард, ҳар кас (бо дарбаргнрии гуянда) ба вазифаи мубтадо истифода карда мешавад. Дар ин холат one бо феълхои модаяй истифода карда мешавад:
    One should be careful when crossing the road.

One must always keep one’s word.
Ба ин вазифа ҷонишини they низ ба маънои одамон (ба гайр аз гӯянда) истифода карда мешавад. They дар ин ҳолат бештар бо феъли to say истифода мегардад:
They say the wheat crop in the Ukraine will be fine this year.
Ҷумлаҳои мубтадои номуайяншахси one ва they дошта бо ҷумлаҳои номуайяншахс ва ё бешахс ба забони тоҷикӣ тарҷума карда мешаванд [12,127].

  1. Хабар дар забонҳои тоҷикӣ ва англисӣ
    Хабар чунон ки гуфта шуд, яке аз сараъзои ҷумла буда, амал, ҳолату вазъият ва аломатеро ифода менамояд, ки ба предмета сухан— мубтадо нигаронида шудааст. Дигар аъзоҳои ҷумла (ҳол, пуркунанда ва муайянкунандаи таркиби хабар) ба хабар тобеъ гашта, ба воситаи он ба мубтадо муносибат пайдо мекунанд.
    Ба вазифаи хабар асосан феъл серистифода аст. Ба ин вазифа исм, сифат, ҷонишин, шумора, масдар, сифати феълй ва калимахои дигар низ меоянд, ки аз онҳо исм, сифат ва масдар бештар истифода мешаванд [15, 267].
    Хабарҳо аз ҷиҳати нисбати морфологи ба ду гурӯҳи калон ҷудо мешаванд: феълй ва номй.
    Хабар дар ҷумла нисбат ба мубтадо чунин маъноро мефаҳмонад: амалеро мефаҳмонад, ки аз тарафи мубтадо иҷро шудааст. Муб- тадои ин гуна ҷумлаҳо асосан аз исмҳои ҷондор ва амалкунанда ташкил мегардад:
    Аскарони сурх аз Кӯлоб баромада, ба Кангурт расиданд. Дар дами дари хонаи калони ҳавлии дарун модарарӯс аз сари домод тангаю тилло пошид. Ман ба аломати тасдиқ cap ҷунбондам. Ҳавои сабуки беруни чорбоғҳои ин ҷо занги дили касро мерабояд.
    амалеро мефаҳмонад, ки мубтадо қабул кардааст:
    Дар дигар тарафҳои ҳавлии дарун анбор, ошхона, тандурхона ва ҳезумхона барин иморатҳои иловагии даркорӣ бино ёфта буданд. … атроф аллакай дар зери пардаи торикӣ монда буд. Бог аз хандаву гапзанони мардум пур гардида буд.
    аломатеро мефаҳмонад, ки ба мубтадои ҷумла нигаронида шудааст. Мубтадои ин гуна ҷумлаҳо аксар бе муайянкунандаи сифатӣ меояд, чунки муайянкунандаи сифатӣ дар вазифаи хабар воқеъ меша- вад.
    Рӯяш мисли кулчаи ширмоли Каттақӯргон сурху сафед, абрӯвонаш сиёҳу дароз, чашмонаш хумор ва дилкаш. Алочаи Қаршӣ аълотарини алочаҳост. Хари мо пир, сархам гаранг ва сустгард аст.
    ҳолати мубтадоро мефаҳмонад:
    Чароғҳо хомӯш шуданд. Малика дар рӯзи имтиҳони охирин касал шуд. Худ аз худ сурх шуд.
    Дар забони англисӣ хабар (the predicate) сараъзои ҷумлаест, ки дар бораи он чи кор кардани мубтадо маълумот медиҳад. Хабар ба саволҳои: what does the subject do? Мубтадо чи кор мекунад? what is done to the subject? Бо мубтадо чи pyx медиҳад? ва what is it like? Ин чигуна аст ? what is it? Ин чист? who is it? Ин кист?
    Хабарҳо аз рӯи сохташон сода (the Simple Predicate) ва таркибӣ (Compound Predicate) мешаванд. Хабарҳои таркибй дар навбати худ ду намуд- таркибҳои номй ва таркибҳои хабарӣ:
    He learns French (хабари сода).
    My father is a doctor, (хабари таркибии номӣ)
    I must go there at once, (хабари таркибии феълй) [13,67].
    Хабари сода бо воситаи феъл дар шакли шахсӣ дар замон, тарз ва сигаи муайян ифода мегардад:
    She works at a factory.
    Не is reading.
    They will return soon.
    The goods were loaded by means of cranes.
  2. Мубтадою хабар ва роҳҳои ифода гардидани онҳо дар забонхои муқоисашаванда Ифодаи мубтадо дар ҷумла
    Ба вазифаи мубтадо ҳама гуна калимаҳое, ки предметро ҳамеша ифода мекунанд ва амалу ҳолат ва ё аломати хабар аз рӯи шахсу шумора ва замон ба он равона шудааст, омада метавонанд. Аз ин рӯ ҳамаи хелҳои исм, ҷонишинҳо ва масдар, инчунин калимаҳои дигар, ки хусусияти предметй пайдо кардаанд, ба вазифаи мубтадо омада метавонанд.
    Исмҳои хос ва ҷинси ифодакунандаи шахе нисбат ба дигар гурӯҳи исмҳо ба вазифаи мубтадо хеле серистифодаанд;
    Mr. Jabez Wilson laughed heavily.
    “Well, I never!” said he [C. Doyle, 32].
    Мистер Ч,абез Уилсон қоҳ – қоҳ хандид.
    -Ана гап дар куҷо! – гуфт вай [Ш. Холмс, 6].
    Агар ба вазифаи мубтадо исмҳои замон ва макон оянд, хабари ҷумлаҳо монанди мубтадоҳои исми маънӣ бештар бо ҳиссаҳои дигари нутқ, ифода меёбад:
    Хона бо кашидаву сӯзаниҳо ороста, дар тоқчаҳо – ду мискӯза ва зарфҳои чинй, дар таҳмон, то худи шифт – кӯрпаву болшитҳои рангоранг [С. Улугзода, 22]. Ба фикрам, ин кор ба вай мушкил. Ҳатто номумкин. Чаро? Чунки «Навобод» колхозы майда [С. Улугзода, 50].
    Ба вазифаи мубтадо чонишинҳои шахей, саволй, номуайянй, ишоратй, нафей ва манфй истифода мешаванд. Яке аз вазифаи маъмули синтаксисии чонишинҳои предметии май, ту, ӯ, вай, мо, шумо, ин (инҳо), он (онҳо), кӣ, ҳеҷ кӣ, ҳеҷ чӣ, баъзе, ким-кӣ, ким-чӣ, кадом, дигар, қадар, ҳамин, ҳамон, ҳар кӣ, ҳар кадом, ҳар кас ҳама ифодаи мубтадои ҷумла мебошад.
    Ҷонишинҳои шахсӣ дар ҳар се шахс ҳам дар шакли танҳо дар ва ҳам дар шакли ҷамъ вазифаи мубтадоро иҷро мекунанд, вале ҷонишинҳои шахси сеюм нисбат ба шахсси якуму дуюм дар ин вазифа серистифодаанд.
    I go to the cinema – Май ба кинотеатр меравам; She eats food – Вай хӯрок мехӯрад ва амсоли инҳо фарқ кардан даркор аст.
    Агар калимаҳои банда, камина ва монанди инҳо дар ҷумла ба вазифаи мубтадо оянд, ҳамчун ҷонишини шахси якум ифода шуда, хабари онҳо низ бандаки шахси якумро қабул мекунад:
    Банда ба арабӣ ва форсӣ китобҳои аҳли ҳадис ва дигар уламои кубурро хондам… [С. Улуғзода, 43]. Банда цаноби олиро огоҳӣ дода будам… [С. Улугзода, 24]. Камина аз аҳволи хештан огоҳӣ набудам … [С. Улуғзода, 89].
    Дар забони англисӣ чунин тарзи ифода надорад ва ба ҷои ин гуна вожақо танҳо ҷонишини шахси якуми танҳо «I» истифода бурда мешавад:
    Мисол,
    I was glad of it. I never liked long walks, especially on cold afternoons [Sh. Bronte, 1]. I shall have to leave you in this room with this gentlman for an hour, or perhaps two hours [Sh. Bronte, 82]
    Дар забони тоҷикӣ дар шахси сеюм ифода ёфтани хабари ин гуна ҷумлаҳо серистеъмол нест:
    Мисол,
    Факцр ба хизмати фуқаро ҳозир аст [С. Айнй, 256].
    Аз ҷонишинҳои ишоратй ба вазифаи мубтадо бештар ҷонишинҳои ин ва ҳамин истифода мешаванд:
    Иняке аз шартҳои зинда мондани ту мешавад-фаҳмидӣ? [Р. Ҷалил, 101]. This is more to me than all the food in the world, ’says he [O. Henry, 23].
    Ҷонишинҳои номуайянй монанди ҷонишинхои шахсӣ ба вазифаи мубтадо серистеъмоланд. Ҷонишинҳои баъзе ва кадом (кадоме) шахсро ифода намуда, нисбат ба дигар ҷонишинқои номуайянй бештар ба вазифаи мубтадо меоянд. Ҷонишинҳои мазкур дар ин вазифаи синтаксисӣ бештар бо муайянкунанда меоянд:
    Дар забони тоҷикӣ агар ҷонишинҳои баъзе, ҳеҷ кадом ва ҳар кадом дар ҷумла ба вазифаи мубтадо омада, ба шахе ишорат намоянд, хабар бештар дар шакли ҷамъ корбурд мешавад ва дар забони англией ин ҷонишинҳо ба монанди some, попе ва each вуҷуд дошта, хабар шакли ҷамъро далолат мекунад:
    Мисол,
    Баъзе толибилмон қиссаро рӯ бард op карда гирифтанд [С. Улугзода, 51]. Ҳар кадом як нафарӣ одам дода хонаи моро пахш кунонда кофта диданд [С. Айнй, 30]. Лекин ҳеҷ кадоми онҳо ба одамони саҳро монанд набуданд [С. Айнй, 399].
    None durst go near him for fear [O. Henry, 122]. Each of them were there [The Selected Prose, 246]. Some writers rely almost wholly upon them [O. Henry, 81].
    Дар мавриди ифода ёфтани мубтадо бо исмҳои ҷомеи шахе, хабар ҳам дар шакли ҷамъ ва ҳам танҳо меояд ва чунин шакли ифодаи хабар ба маънои исмҳои ҷомеъ вобаста аст:
    1) агар мубтадо исми ҷомеи гурӯҳ, даста, туда, халқ ва дар забони англией калимаҳои committee, board, group, family, crew, government ва амсоли инҳо бошад, хабар дар шакли танҳо ва ҷамъ ифода мешавад, чунки ҳар кадоми онҳо дар забонҳои тоҷикӣ ва англией ба маънои умумӣ корбаст мешаванд:
    Мисол,
    Он гурӯҳи дусаднафарӣ попав в а кабобро хӯрданд [С. Айнй, 51]. Аз ҳама ақиб як даста сарбозон бо юзҳои занҷирбанду сагҳову шоҳину бозҳои шикорӣ меомаданд [С. Улугзода, 45]. Як туда саворони ҷавшану мискӯлоҳпӯш бо шофу шамшерҳои заррищабзи мурассаъ ба ҷавоҳироти сурху сабз, аспони бо ҷулу сагрипӯшҳои гаронбаҳо дар ҳар қатор чаҳор нафарӣ саф баста, ҳаракат мекарданд [С. Улугзода, 44]. …Гирду пешамро як гурӯҳи калони Гургон-босмачӣ гирифтанд [С. Айнӣ, 439].
    The crew consists of twenty men. My brother’s family is large. A committee was formed to work out a new plan [К. Качалова, 372].
    2) дар забони англией агар ин гуна калимаҳо ба гурӯҳи алоҳида тааллуқ дошта бошанд, хабар дар шакли ҷамъ меояд:
    Мисол,
    The crew were standing on deck. The family were sitting round the table. The committee are of the opinion that the plan can be carried out in two months [K. Качалова, 372].
    3) дар забони тоҷикӣ агар мубтадо калимаи мардум бошад, дар бисер маврид хабар дар шакли ҷамъ меояд. Дар шакли танҳо омадани хабари ин гуна мубтадоҳо серистеъмол нест:
    Мисол,
    Мардуми ин ҷоӣҳо аз санг- нон мерӯёнданд [Р. Ҷалил, 52]. Албатта, мардум ба пешхон боз як-як чиз доданд [С. Айнй, 83]. Баъд аз ин ҳодиса чанд рӯз мардум моро дар маркази район ком медидагӣ шуданд [Ҷ. Икромй, 180]. Мардуми меҳнаткаш то ба кай тарсад [Р. Ҷалил, 87]? Мардум дилбазан шудагӣ… [Ҷ. Икромй, 68].
    Инчунин, дар забони англией як қатор калимаҳое вуҷуд доранд, ки аз онҳо шакли ҷамъ сохта намешавад, чунки худи сохти онҳо дар шакли ҷамъ ифода ёфтаанд: news-ахбор, physics-физика, statistics-статистика,
    mathematics-математика ва амсоли инҳо. Агар дар ҷумла онҳо ба вазифаи мубтадо оянд, хабар одатан дар шакли танҳо ифода мешавад:
    Мисол,
    For the placation of Bildad Rose there was news of a stable… [O, Henry, 112]. Phonetics is a branch of linguistics [K. Kachalova, 374]. Mathematics is the best subject, why don 7 you learn it John [The Selected Prose, 265]?
    Калимаҳои goods-мол, riches-боигарӣ, proceeds-халосгарӣ, clothes-ли бос, contents-мазмун, мундариҷа ва монанди инҳо дар ҷумла ба вазифаи мубтадо оянд, хабар дар шакли ҷамъ ифода мешавад:
    His clothes were making their last stand in favour of the conventions [O. Henry, 84]. The contents of the letter have not been changed [K. Kachalova, 374]. Riches donft bring happiness [O. Henry, 12]. The goods are delivered [O. Henry,
    Щ
    Ифодаи хабар дар ҷумла
    Аз ҳиссаҳои нутқ, феъл, чунон ки дар боло кайд шуд, бештар ба вазифаи хабар истифода мешавад, чунки феъл ягона ҳиссаи нутқест, ки амал, ҳаракат ва ҳолати мубтадоро дар замони муайян нишон медиҳад. Ҳангоми ба вазифаи хабар омадани исм, сифат, шумора, ҷонишин, сифати феълй, масдар ва дигар ҳиссаҳои нутқ (баробари истифодаашон дар шакли холис) барои ифодаи категориям грамматикии ахбор, шахсу шумора ва замону сига ба онҳо феълҳои ёридиҳанда ва бандакҳои хабарӣ илова мегарданд [15,273].
    Ба вазифаи хабар як калима, ду ва зиёда калимаҳое, ки як воҳиди морфологианд, ҳамчунин таркибҳо, ибораҳои фразеологӣ нз алоҳида омада метавонанд. Аз ин рӯ, хабарҳои феълй ба се гурӯҳ содца, таркибй ва пайваст чудо мешаванд.
    А) Хабарҳои феълии сода
    Хабарҳои сода бо калимаҳои алоҳида ифода мешаванд, ки бандакҳои хабарӣ, аз ҷумла аст-ро метавонанд қабул кунанд:
    Монанди ин коркун дар байни ҳашарчиён 10 нафари дигар ҳаст. Лекин дар ақл ва ҷасорат ин аз онҳо пеш аст… [С. Айнй, 54]. Дар ин ҷо гуноҳи ман ҳам ҳаст [С. Улуғзода, 30]. Шумо улфат не, кулфат ҳастед [Р. Ҷалил,
    89]. Дар ин ҷо касби вазнини ӯ гунаҳгор аст. Шахси девона зирак ва маккор аст [Ш. Бронте, 303].
    Ифодаи ин гуна хабарҳои феълии содаи забони тоҷикӣ аз забони англией аз рӯи сохтор фарқ кунад ҳам, вале ба воситаи феъли to be – am, is ва are дар ҷумла меоянд, вале бар хилофи забони тоҷикӣ дар забони англией ин гуна калимаҳои алоҳида бо бандакҳои хабарӣ ифода намешаванд, ба истиснои замони ҳозираи номуайян, ки феъл дар шахси сеюми танҳо бандаки -s ва -es мегирад.
    The earth is dry and even [S. Aini, 163]. Jane, you are mistaken [Sh. Bronte, 31]. He is very handsome; he is very clever [The Selected Prose, 29]. / am sick to death of being here [S. Aini, 179].
    Дар забони англией ин ҳолат ба таври зерин истифода мешавад, яъне феъли to be танҳо бо мубтадо ба воситаи «апостроф» пайваст мешавад:
    The earth’s dry and even [S. Aini, 163]. Jane, you’ re mistaken [Sh. Bronte, 31]. He’s very handsome; he’s very clever [The Selected Prose, 29]. Г m sick to death of being here [S. Aini, 179].
    Ифодаи ин гуна ҷумлаҳо дар забони тоҷикӣ чуни наст:
    Охир, ин хонача торику холист (холӣ аст) [Ш. Бронте, 344]. Рӯзи ваъда фардост (фардо аст) [С. Айнй, 27].
    Дар забони тоҷикӣ ҳолатеро вохӯрдан мумкин аст, ки калимаи «аст» бо феълҳои асосӣ ё дигар калимаҳо ҳамроҳ шуда, як калимаро ташкил медиҳад, ки ин танҳо хоси забони тоҷикист ва инчунин дар забони тоҷикӣ дар баъзе мавридҳо калимаи мазкур ба ҳодисаи эллипсис дучор мешавад, ки аз мазмуни матн онро барқарор кардан мумкин аст:
    Бибй Маетура ҳам то ҳол бо ҳар хел андешаҳо дар ин бора бо вай гап накушодааст [С. Улуғзода, 36]. Ӯ ҳам аз қишлоқ дар ҷустуҷӯи дона ба ин ҷо омада ба дом афтодааст [Р. Ҷалил, 81]. То омадани табар кунда осудааст [Р. Ҷалил, 136]. Ба фикрам, ин кор мушкил (аст). Ҳатто номумкин (аст). Чунки «Навобод» колхозимайда (аст) [С. Улуғзода, 50]. Манзараи оддии тирамоҳӣ, манзараи шинос ва ба таври худ дилангез (аст) [С. Улуғзода, 19].
    Ҳаминро бояд қайд намуд, ки дар забони англией агар хабар аз як калимаи феълй таркиб ёфта бошаду он калимаи феълй новобаста аз ҷиҳати сохт синтетикӣ {arrived, arrives, arrive etc.) бошад ё аналитикӣ (was arriving, will arrive etc.), вай ба гурӯҳи хабарҳои сода маҳсуб меёбад
    Ба ғайр аз калимаҳои алоҳида ба гурӯҳи сода хабарҳое, ки аз феълҳои таркибии феълй ва номӣ ташкил ёфтаанд, низ дохил мешаванд, ба монанди гуфта мондан, хонда истодан, шумурда баромадан, харида бурдан, дида мондан, хандида фиристодан, сиҳат шуда рафтан пешвоз гирифтан, нигоҳ кардан, озод кардан, шуввос задан, ба табъ расидан, ҷо ба ҷо кардан ва ғайраҳо. Дар ин таркибҳо маънои асосиро яке аз калимаҳо (асосан калимаи дар аввал омада) ифода менамояд. Калимаи дуюм маънои ибтидоиашро гум карда ҳамчун ёридиҳанда воқеъ туда, нисбат ба ҷузъи маънодори феъл тобиши намудӣ медиҳад. Ин гуна хабарҳо хоҳ аз ду калима, хоҳ аз се калима сохта шуда бошанд ҳам, аз ҷиҳати маъно ба як калима баробар аст, бинобар ин ба гурӯҳи хабари сода дохил мешаванд.
    Хабарҳои феълии сода ба воситаи феълҳои гуногунмаъно, ки дорои категорияи шахе, шумора, замон ва сиға мебошанд, ифода ёфта, амал ва
    ҳаракати мубтадоро нишон медиҳанд. Дар ин гуна хабарҳо ифодаи ҳам мафҳуми лугавӣ ва хам категориям феълй ба зиммаи як калима меафтад.
    Дар забони адабй ҳамаи феълҳо ба вазифаи хабарҳои содда истифода мешаванд. Дар ин ҷо феълҳои будан, кардан, шудан ва ҳастро махсус бояд қайд кард. Ин феълҳо бештар ҳамчун ёридиҳандаи феълй истифода шаванд ҳам, дар баъзе мавридҳо маънои луғавиашонро нигоҳ дошта, ҳамчун хабарҳои содда воқеъ шуда метавонанд.
    Дар тарафи дигари пойгаҳ, дар мағзи девори ҳуҷра мурӣ ва оташ- дони ошпазй буд. Зариф ҳам буд. Хишова ва обдори- ашро ҳам бо шшюндоди падарам, худам кардам. Вай бошад, кас зиқ намешавад. Хайр, қонун бошад, илоҷ набудааст. Кори нашуданӣ кайҳо шуд. «Фасх» аз рӯи одат дар моҳи саратон, ки моҳи гандумпазй аст, мешавад.
    Ҳангоми дар шакли инкор омадани феълҳои мазкур, мустақилияти онҳо бештар зоҳир мешавад. Мубтадои ин гуна ҷумлақо бештар дар паҳлӯи хабар меояд, ки инро дар забони тоҷикӣ мушоқида кардан мумкин аст:
    Ғайр аз ин, дар ягон ҷои кӯчаи шаҳр шамъе, чароге ё фонусе набуд. Он руз Ҳайдарқул дар боғи Дилкушо набуд. Дар атроф касе набуд. Дар он атроф касе ва ҷонзоде набуд. Китоб дар забони маҳаллӣ мутлақан набуд [15,272].
    Б) Хабархои феълии таркибй
    Ба ин гурӯҳ хабарҳое дохил мешаванд, ки ҷузъи асосиро шакли тасрифӣ ё шаклҳои ғайритасрифии феъл ташкил карда, ёридиҳандаи онҳо маънои ибтидоии худро қисман нигоҳ доштаанд. Ба ин вазифа феълҳои тобиши маънои модалй допггаи хостан, тавонистан, боистан ва шудан истифода мешаванд:
    Албатта, мо ҳеҷ кадоми ин корҳоро карда наметавонистем [С. Айнй, 14]. Ман занбӯруги хӯрдашуданиро аз занбӯруги заҳрдор фарқ карда метавонам [С. Айнй, 23].
    Дар забоин англисӣ хабархои таркибй гуфта хабархоеро мсномиид, ки он но маьно бо як калима на предикатсия бо калимнм дигир ифода меёбанд. Масалам, дар ҷумлаи he Is on engineer муидариҷни аоосии хабар бо калнман engineer ифода ёфтп» феъли Is дар им чо вазифаи пайвасткунандагиро адо мекумад, ки ом мнъном локсикии мурра надорад ва мундариҷаи асосии предикатсияро мин ичро намекунад, Преднкативнокӣ бошад, бо ёрии феъли Is ифода меёбад, на ба калимаи engineer, чунки як худи калимаи engineer дар ҷумлн мафҳумро бе иштироки is ифода карда наметавонад, Аз им ҷо бармеояд, ки хабари таркибй ҳам номй ва хам феълй шуда метавонад.
    Бояд қайд намуд, ки хабархои протсессӣ, квалификативй ва объективй ба гурӯҳи хабарҳои таркибй дохил мешаванд. Аз ин хотир, дар забонхои муқоисашаванда хабархои таркибй ба ду гурӯҳ чудо мешаванд:
    1) Хабархои таркибие, ки аз ду қисм сохта шуда, як қисми якум бо феъл ва қисми дуюм бо дигар хиссахои нутқ ифода ёфтааст: Ӯ як одами колони газгӯшт буд. Вай донишчӯ acm, Вай ба имрӯз ба дидапи мои омад.
    Не is a teacher – Вай муаллим acm; She has many children – Вай кӯдаки бисёр дорад; She is there – Вай дар он цост; She was in London last summer – Тобистони гузашта вай дар Лондон буд.
    2) Хабархои таркибие, ки ҳар ду қисматҳои он бо феъл ифода шудаанд: Ман сиёҳро аз сафед фарқ карда метавонам. Ӯ ба Фотима як даста гул оварда дод. Чаитонаш аз косахонаи сараш баромада рафт.
    I began to learn English – Man ба омӯзиши забот англисӣ шурӯъ намудам; He can sing a song – Вай суруд хонда метавонад; She may come – Вай шояд имрӯз ояд.
    Хабари таркибии номӣ дар забони англисӣ бо воситаи бандаки феълии to be будан дар шакли шахсӣ бо ҳамроҳи қисми номи ифода
    карда мешавад. Ҷузъи номии хабари таркибии номй маънои асосии хабарро бо ифодаи чигунагии ашё, чи будани он ашё ва ё ки будани он мефаҳмонад.
    Ҷузъи таркибии номии хабарӣ метавонад бо воситаи ҳиссаҳои зерини нутқ ифода гардад:
    1 бо исм:
    I am a student.
    They are workers.
    бо ҷонишин:
    It is she.
    This book is yours.
    бо исм ва ё ҷонишини пешояндцор:.
    The room is in disorder.
    She was in despair.
    He is against it.
  3. бо сифат ва ё зарф:
    The morning was warm.
    The glass is broken.
  4. бо масдар:
    Your duty is to help them immediately.
    My intension is to go to the Caucuses in June.
  5. бо герундий:
    Her greatest pleasure was travelling.
    Дар забони тоҷикӣ бандаки феълии to be- будан бо ёрии бандакҳои феълии -ам,-ӣ, ем, -ед ва -анд ифода мешавад ва дар забони англисӣ ифода мешавад ва истифодаи to be (am, is, are) ҳатмист:
    He is a student.
    The pencil is black.
    Таркиби to be-po бо масдар ки ифодагари хабари таркибии номй аст аз хабари таркибии феъли фарқ бояд кард, зеро маънои ин таркибҳо
    куллан фарқ мекунад, Феъли to be дар хабари таркибии номй ба забоям тоҷикӣ чун ҳаст? мебошад тарҷума карда мешавад, Дар таркиби хабарии феълй маънои ҳатмй будани амалро ифода мекунад ва ба забони тоҷикӣ чун бояд тарчума карда мешавад. Дар иутқи шифоҳй пас аз феъли to be дар таркиби хабари номй ҳангоми талаффуз ист карда мешавад, пас аз хабари таркибии феъли ист карда намешавад:
    The task of the agent was to ship the goods immediately.
    (was to ship- хабари таркибии номй)
    The agent was to ship the goods immediately.
    (was to ship-хабари таркибии феълй)
    Ба ғайр аз феъли to be феълҳои to become, to grow, to get, to turn, to seem, to look ва ғайра бандаки феълй туда метавонанд:
    Не became a doctor.
    It grew warmer.
    He is getting old.
    She turned pale.
    The seemed tired.
    He looks ill.
    Хабари таркибии феълй ҳамҷоягии хабари феълиро дар шакли шахсӣ бо масдар ва ё герундий ифода мекунад. Масдар ё герундий маънои асосии хабарро бо нишон додани амали аз тарафи мубтадо иҷрошуда мефаҳмонад, феъл дар шакли шахсӣ нақши ҷузъи ёрирасонро мебозад.
    Хабари таркибии феълй бо роҳқои зерин ифода меёбад:
  6. Ҳамҷоягии феълҳои модалй бо масдар:
    Не may return soon.
    You must read this book.
    The conference is to open tomorrow.
    I have to go there.
    He can do it.
  7. Ҳамҷоягии масдар е герундий бо дигар феълхо, ки дар алоҳидагӣмаънои пурра намедиҳанд. Ба ин гурӯқ феълқо дохил мешаванд: to begin огоз кардан, to continue идома додан, to finish тамом кардан , to like писандидан, to want хостан, to intend у мед доштан, to try кӯшиш кардан, to avoid дурӣ ҷустан, to hope умедвор будан, to promise ваъда додан ва гайра:
    She began to translate the article.
    He wants to help me.
    I have finished writing the exercise.
    He avoided sitting in the sun.
    Хабари таркибии феълй инчунин метавонад бо воситаи ҳамҷоягии сифат бо масдар, ва гоҳо бо герундий ифода ёбад:
    I am glad to see you.
    He is ready to help her.
    The book is worth reading
    Хабари бо ибораи there is ифодаёфта барои ифодаи мавҷудият дар мавқеи муайян ё лаҳзаи вақти шахе ё ашёе, ки ба шунаванда ё хонанда номуайян аст, намуди хосаи хабари соддаи бо ибораи there is (are) бо маънои мавҷуд аст(-анд), истифода карда мешавад. Ибораи there is (are) дар аввали ҷумла омада, баъди он мубтадо, ҳоли макон ва ё замон меояд: There is a telephone in that room.
    There are many apple trees in the garden.
    There was a meeting at the institute yesterday.
    There дар ибораи there is (are) маънои мустақил надорад ва бо is (are) маънои томро ташкил медиҳад. Агар мувофиқи мазмун истифодаи дар он ҷо талаб карда шавад, он дар охири ҷумла меояд:
    There are many children there.
    Баъди ибораи there is исми шуморидашаванда бо артикли номуайянй дар шумораи танҳо истифода карда мешавад, зеро ки дар ин ибора он ашё ё шахсеро мефаҳмонад, ки ба шунаванда ва ё хонанда
    номаълум аст. Дар шумораи ҷамъ исм бо some, any, many, two, three ва гайра истифода карда мешавад:
    There is a lamp on the table.
    There are some (two, three) lamps on the table.
    Чунин ҷумлаҳо бе воситаи ифодаи there is ҳам яз ҷиҳати грамматики имконпазиранд: A lamp is on the table. Some lamps are on the table. AMMO чунин ҷумлаҳо камистеъмоланд, зеро ки дар сурати исм бо артикли номуайянӣ ва ё бо калимаҳои some, any, many, two, three ва ғайра мубтадо буданаш, одатан ибораи there is истифода карда мешавад.
    Аз тарафи дигар пас аз ифодаи there is исм бо артикли муайянй ё ҷонишинҳои ишоратии ва соҳибии this, that, those, my, his ва ғайра омада наметавонад. Дар ин ҳолат мубтадо бо танҳо бо to be ифода меёбад: The lamp is on the table. Чароғ дар рӯи миз аст.
    Байни ҷумлаҳои There is a lamp on the table ва The lamp is on the table чунин фарқияти маъной дида мешавад, ки дар ҷумлаи There is a lamp on the table гӯянда ба мавҷуд будани ягон намуди ашё дар рӯи миз эътибор медиҳад, ки маҳз чароғ дар рӯи миз аст.Задаи мантиқй дар ин ҷумла ба мубтадо гузошта мешавад. Ҳангоми тарҷумаи ин ҷумлаҳо тарҷума аз ҳоли макон шурӯъ шуда, он дар авали ҷумла гузошта мешавад: Дар рӯи миз чарог аст. Дар ҷумлаи The lamp is on the table бошад, гӯянда таъкид ба он макони ҷойгир будани ашё дорад, ки маҳз дар ким-кадом ҷой ашёи мазкур (чароғ) аст: Чарог дар рӯи миз аст.
    Задай мантиқй дар ин ҷумла ба ҳоли макон гузошта мешавад Феъли to be дар ибораи there is метавонад дар замонҳои гуногун истифода карда шавад: there is, there are мавҷуд аст; there was, there were, there has been, there have been, there had был (мавҷуд буд(-анд)),; there will be мавҷуд (баргузор хоҳад (-нд)гаш) хоҳад шуд:
    There are very many French books in this library.
    Дар ин китобхона киобҳои зиёди фаронсавӣ мавҷуданд.
    There will be a good wheat crop in Tajikistan this year.
    Имсол дар Тоҷикистон ҳосили хуби гандум мерӯяд.
    There hasn’t been any rain for some days.
    Чанд рӯз боз борон ҳам наборидааст.
    Дар ҷумлаҳои саволй феъли to be пеш аз there гузошта мешавад. Is there a telephone in your room? Was there a meeting at the institute yesterday? Will there be many people there? Дар ҳуҷраи шумо телефон ҳаст? Дирӯз дар донишкада маҷлис шуд? Одамон зиёд хоҳанд буд? Ҷавобҳои кӯтоҳ ба чунин саволҳо бо there is аз Yes ва ё No ва ибораи there is (are) дар шакли тасдиқи ва инкорӣ иборатанд:
    Is there a telephone in your room?
    Was there a meeting at the institute yesterday?
    Will there be many people there?
    Yes, there is. No, there isn’t.
    Yes, there was. No, there wasn’t.
    Хулоса
    Мавзӯи кори курсии мазкур омӯзиши яке масъалаҳои фарохи грамматика, сараъзохои чумла дар ҳаҷми ду ҷанбаҳои асосии он, яъне маълумоти умумӣ дар бораи сараъзоҳои ҷумла дар забонҳои тоҷикӣ ва англисӣ ва роҳҳои ифода гардидани онҳо дар забонҳои номбаршуда бахшида шудааст. Маводи татқиқот бо забони адабии муосири тоҷик ва забони англисии муосир пешниҳод шудааст.
    Аслан, ҷумла аз панч аъзо иборат аст онҳо ба ду гурӯҳ чудо мешаванд: сараъзо ва аъзои пайрав. Сараъзо – мубтадо ва хабар; аъзои пайрав – пуркунанда, муайянкунанда ва ҳол (ҳолшарҳкунанда).
    Сараъзо (мубтадою хабар) асоси чумларо ташкил медиханд. Аммо барон пурратар ифода намудани фикр зарур аст, ки аъзоёни пайрави ҷумла низ иштирок намоянд.
    Ҳамин тавр, нақшаи сохтории чумлаи содаи дутаркибаро шумораи ҷузъҳои таркибии он ташкил медиҳанд.
    Хабар яке аз чузъҳои муҳимтарин, яъне сараъзои сохтори чумла ба шумор меравад. Дар раванди тадқиқоти он якчанд проблемаҳое ба миён меоянд, ки баҳснок ва пурра ҳалношуда мебошанд. Инҳо, пеш аз хама, муайян кардани нақши он дар ташаккули сохтории чумла, категорияҳои предикативнокӣ ва мақоми хабар дар татбиқи предикативнокӣ дар чумла, моҳияти хабар, маънои хабар, муносибати он бо аъзоёни дигари чумла зоҳир мешавад.
    Мубтадо ва хабар дар ҷумла баробарҳуқуқанд, зеро мубтадо предметро мефаҳмонад, хабар бошад, ягон чизро дар бораи он предмет хабар медиҳад. Аз нуқтаи назари диалектикӣ мубтадо – ин як ҳиссаи материя (ҳастии вуҷуд) медошад, хабар бошад, – ин «ҳаракат» – и он. Ин аз он сабаб, ки асоси вучудияти материя «ҳаракату амал» мебошанд. Аз ин рӯ мафҳумҳои материя ва ҳаракат бо ҳамдигар алоқаи ҷудонашаванда
    доранд, Дар нақшаи шаклӣ (сохторӣ) иақши асосиро мубтадо мебозад, чунки хабар бо он дар шахсу шумора мувофикат мекунад, аммо дар нақшаи мундариҷавӣ (маъной) моҳият ва ё нақши хабар афзун аст, зеро ки худи ои бидуни мубтадо ифодагари предикатсия ба қисоб меравад.
test

Добавить комментарий