Мақсад ва вазифаҳои дарси муосири забони хориҷӣ

Ҳар як фаъолияти инсон аз мақсад ва вазифаҳои худ иборат мебошанд. Амале, ки бе мақсад оѓоз карда мешавад ва дар назди амале, ки мақсаду вазифае гузошта намешавад, бенатиҷа ба анҷом мерасад. Таълиму тарбия низ вобаста ба самт, равия ва ҷараёнҳои худ дорои мақсад ва вазифаҳои худ мебошанд.

Мақсад – ин дар сатҳи баланд пешниҳод намудани натиҷагирии фаъолият ба шумор мешавад. Яъне он чизе ки омўзгор дар натиҷаи заҳматҳои худ гирифтан мехоҳад, ҳангоми гузоштани мақсад пешниҳод менамояд.

Агар мақсади таълимро дар мисоли омўзаши забон гирем,– пешакӣ омода намудани натиҷаи фаъолияти омўзишии забон, ки бо воситаи тарзу усулҳои гуногун ва воситаҳои таълимӣ ба даст меояд, маънидод карда мешавад. (Щукин 2004:106)

Мақсади дарси муосир – барномазерӣ намудани дарс дар асоси усул ва технологияҳои муосири таълим аз ҷониби омўзгор ва натиҷагирии он баъди ба анҷом расидани дарс ҳам аз ҷониби омўзгор ва ҳам хонандагон ба шумор меравад. Мақсади таркибии мураккаби дарси муосир дорои се омили дигар мебошад: таълимӣ, рушддиҳӣ (ташаккулдиҳӣ) ва тарбиявӣ.

Фанни «Дарс муосири забони хориҷӣ» низ дорои мақсад ва вазифаҳои худ буда, пеш аз ҳама ба донишҷўён дар бораи сохтори дарс, омода намудан ва гузаронидани дарсҳои забони хориҷӣ, истифода бурдани технологияҳои муосири таълимӣ маълумоти муфассал дода, онҳоро бо усулҳои пешина ва муосири таълимии амалкунанда ошно месозад. Барои амалӣ намудани мақсади гузошташуда вазифаҳои зеринро мебояд ба анҷом расонид:

  • Маълумот додан дар бораи усулҳои таълимие, ки пештар дар рафти дарси забонҳои хориҷӣ истифода бурда мешунанд;
  • Маълумот додан дар бораи усулҳои таълимие, ки дар давраҳои гуногун мавриди истифода қарор гирифта буданд ва айни замон низ дар истифода мебошанд;
  • Аз таҷрибаи бойи омўзгорони соҳибтаҷриба овардани мисолҳо;
  • Тарзи дуруст истифода намудани технологияҳои муосири таълимиро ба донишҷўён пешниҳод намуданд;
  • Дар бораи сохтори дарси муосири забони хориҷӣ ба донишҷўён маълумот додан;
  • Дар муқоиса дида баромадани дарсҳои донишҷўён ҳангоми гузаштани тарҷибаомўзӣ;
  • Масъалаҳои мубрами соҳаи забоншиносӣ ва омўзиши забонҳои хориҷиро бо донишҷўён баррасӣ намудан.

Баррасӣ намудани вазифаҳои гузошташуда ба донишҷўён имкон медиҳад, ки барои гузаштани таҷрибаомўзии ниҳоӣ хуб омода шуда, дар оянда ҳамчун омўзгори касбӣ донишҳои гирифтаашонро васеъ истифода баранд.

Баъди муайян намудани вазифаҳои гузошташуда метавон мақсади дарси муосири забони хориҷиро каме пурратар баррасӣ намуд. Чихеле ки дар боло қайд карда шуда буд, мақсади дарс боз аз се омил, таълимӣ, рушддиҳанда ва тарбиявӣ иборат мебошад. Ин се омил, яъне се намуди мақсади омўзишро метавон дар мисолҳои зерин пешниҳод намуд:

Омили таълимии дарси муосир яке аз мақсадҳои асосӣ ба шумор меравад ва бояд вазифаҳои зеринро амалӣ намояд:

  • Дар рафти дарс таъмин намудани азхудкунии (такрор ва мустаҳкамкунӣ) қоида ва мафҳумҳо вобаста ба дарс;
  • Ташаккул додани (давом додани ташаккулдиҳӣ, мустаҳкамкунӣ) маҳорату малака вобаста ба фанни таълимӣ;
  • Санҷидан ва таҳлил намудани маҳорату малакаи хонандагон;
  • Муҳаё намудани шароит барои такмил додани маҳорату малакаи навиштану хонадан, суханронӣ кардан ва шунида дарк кардани нутқ;
  • Муҳаё намудани шароит барои такмил додани маҳорату малакаи таҳлили грамматикию фонетики манту дигар воситаҳои таълимӣ;
  • Омода намудани хонандагон ба омўзиши мустақилонаи забони хориҷӣ;
  • Васеъ намудани ҷаҳонбинии умумӣ ва филологии хонандагон.

Ҳангоми банақшагирии мақсади таълимии дарс хуб мешуд агар сатҳи донишандузишии хонандагон низ муайян пешниҳод карда мешуд.

Боиси қайд аст, ки омили (мақсади) таълимии дарс барои омўзгор яке аз омилҳои мушкил ба шумор меравад. Мушкилии ин омил дар он мебошад, ки ҳангоми мақсадгузорӣ омўзгор бояд барои ҳар як дарс мақсадҳои гуногуни ташаккулёбии хонандаро гузорад, аммо мутаасифона таҷрибаҳо нишон медиҳанд, ки ташаккулёбии кўдан на дар давоми ҳар як дарс, бакли дар давмои як чанд дарс ва ҳатто якчанд мавзўъҳо мушоҳида карда шавад. Аз ин лиҳоз омўзгорро бар меояд, ки мақсади гузошташудаи пешнинаашро боз дар дарсҳои минбаъда низ гузорад.

Омили рушддиҳанда аз якчанд қисматҳо иборат мебошад:

А. Ташаккули нутқ. Ѓанӣ ва мураккаб гардонидани фонди луѓавии нутқ; мураккаб намудани функсияи мафҳумии он (донишҳои нав шахсро аз мафҳумҳои гуногун ѓанӣ мегардонад); беҳтар намудани воситаи муоширатии нутқ (бурро намудани нутқ); азхуд намудани образҳои бадеӣ ва бо нутқи хуб баён намудани он образҳо аз ҷониби хонандагон. Ташаккули нутқ – нишондиҳандаи инкишофи зеҳнӣ ва инкишофи ҳамаҷонибаи хонанда маҳсуб меёбад.

Б. Ташаккули тафаккур. Аксари вақт ба сифати омили рушддиҳандаи мақсади дарс вазифа гузошта мешавад, ки ба хонанда бояд тарзи фикрронӣ омўзонида шавад. Сабаби ин омўзиш дар он мебошад, ки хонанда донишҳоро метавон фаромуш кад, аммо маҳорати фирк кардан ҳамеша бо инсон мемонад. Мафҳуми «омўзонидани фикр кардан» мафҳуми хеле васеъ мебошад, аз ин лиҳоз онро ба таври мушаххас мебояд нақшабандӣ намуд. Омўзонидани фикр карданро метавон бо таври зайл на нақша гирифт:

  • Омўзонидани таҳлил намудан;
  • Омўзонидани муқоиса кардан;
  • Мафҳуми асосиро муайян намудан ва фаҳмонидан;
  • Исбот намудан ва рад кардан;
  • Муқоиса намудан ва бартараф сохтани мушкилот.

Омўхтани ин ҳама усулҳои дар боло зикршуда маънои фикр карда навоситаро дорад.

В. Ташаккули самти сенсорӣ – дар ин ҷо дар бораи назардид меравад, яъне равшан ва дақиқ фарқ намудани ранг, шакл, овоз, тобиши нутқ ва амсоли инҳо.

Илова бар аз ин барои ташаккулёбӣ ва рушдёбии ҳамаҷонибаи хонандагон ва иҷрои амалҳои зерин мебояд шароит муҳаё намуд:

  • Шароит муҳаё намудан барои ташаккули маҳорати суханронии хонандагон тавассути рукнҳои гуногуни фаъолияи муоширатӣ (нутқи монологӣ ва муколамавӣ);
  • Шароит муҳаё намудан барои ташаккули хотира, диққат ва тасавурот;
  • Барои рушди фаъолияти мустақилонаи идрокӣ кўмак расонидан;

Омили тарбиявӣ. Дарс дорои қобилияти таъсиррасонӣ ба сифатҳои зиёди шахсият мебошад. Омили тарбиявӣ бояд ҳангоми истифодаи маводҳои таълимӣ, усул, шакли фаъолияти рушддиҳандаро дар ҳамбастагӣ барои ташаккулдиҳии хусуситҳои ахлоқӣ, меҳнатдўстӣ, этикию эстетикӣ, ватандўстӣ ва дигар хусусиятҳои шахсияти хонандаро ба инобат гирад. Омили таврбиявӣ бояд ба тарбияи дурусти хонандагон нисба ба муқаддасоти инсонӣ, ҳисси баланди шаҳрвандӣ ва инсондўстӣ равона карда шавад. Аз ҷумла ҳангоми амалӣ намудани ин омили мақсади дарс, вазифаҳои зерин иҷро карда шаванд:

  • Омўзонидани ибрози ақида кардан ба хонандагон;
  • Ташаккул додани муносибатҳои байнифарҳангӣ миёни хонандагон ҳангоми кор дар гуруҳӣ, ҷуфтӣ,коллективӣ ва ѓ.;
  • Ташаккул додани таҳамулпазири нисбати фарҳанги худ ва фарҳанги дигар миллатҳо;
  • Ташаккул додани маданияти суханварии хонандагон;
  • Ташаккул додани шавқу завқи хонандагон ба омўзиши забонҳои хориҷӣ;

Ҳаминро бояд қайд намуд, ки омили тарбиявӣ бояд баҳри рушди тафаккури маърифатию мадании хонандагон равона карда шавад. Дар сурати дуруст ба роҳ мондани ин омил хонандаро метавон пеш аз ҳама ҳамчун инсони комил ба роҳи рост ҳидоят намуд.

add

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.