Равандҳои асосии тарҷума

Тарҷума ҳамчун фаъолияти инсон дар давраҳои қадим ба вуҷуд омадааст. Метавон тахмин зад, ки мумкин аст, ки бо пайдо шудани қавмҳо, қабилаҳо байни инсонҳо муоширати забонӣ ба вуҷуд омадааст вале ба таври расмӣ метавон гуфт ки тарҷума ҳамчун фаъолияти инсон дар ҷомеа пайдо шудани забонҳо ба вуҷуд омадааст. Дар марҳилаҳои аввали рушди худ тарҷума дар шакли шифоҳӣ арзи вуҷуд мекард. Бо мурури замон вобаста бо рушди  забонҳо ва инкишофи маводҳои хаттӣ маводҳои гуногуни тарҷума оҳиста-оҳиста ба шакли хаттӣ гузашта ва то ба ҳол дар шакли пешрафта, замонавӣ ва ҳуҷҷатҳо асарҳои хаттӣ соҳаҳои гуногуни ҳаёти иҷтимоию сиёсии ҷомеа ба дараҷаи олии рушди худ расидааст, ки ҳоло мо онҳоро дар мавриди назар мегузорем.

Тарҷума чист?

Раванди равониест (психологиест), ки ҳангоми он нутқи шифоҳӣ ё хаттие, ки бо як забон таълиф ёфтааст, бо воситаи забонҳои дигар дубора баён мегардад.

Чаро раванди равонӣ мегӯянд?

Барои ҷавоб ба ин савол мо бояд пеши назар биёрем; Ҳамчун илм дар бораи ҳолати рӯҳии равони инсонӣ ва тарзҳои қабул, дарки воқеият аз ҷониби шахс сарукор дорад ва фаъолияти тарҷумон ба ин гуна раванд шабоҳат дорад. Яъне маводи хаттӣ шифоҳиеро тарҷумон ба таври худ дарк менамояд ва онро ба таври худ дубора инъикос менамояд.

Маводҳои расмии коргузорӣ асосан дар шакли хаттӣ арзи вуҷуд доранд ва тарҷумаи онҳо низ асосан дар ин шакл суръат мегирад, вале дар мавридҳои ҷудогона унсурҳои алоҳида матнҳои расмии коргузорӣ ҳангоми гуфтугӯҳо алалхусус сӯҳбатҳои расмӣ низ вирди забон меояд ва дар навбати худ зарурияти тарҷумаи шифоҳии онҳо низ ба вуҷуд меояд.

Бо пайдошавии забонҳои ҷудогона чӣ ба таври хаттиву шифоҳӣ тарҷума ба вуҷуд омад. (ҳамчун фаъолияти инсон)

Матн

Ҳар он чизе ки ба таври хаттӣ навишта шудааст, матн меноманд (асари бадеӣ, иншо, ҳуҷҷат, порча аз онҳо ва ғайра)

Аз назари забоншиносӣ (лингвистика) матн ин нутқи хаттӣ ё шифоҳиест, ки аз назари сохтори дохилӣ ташаккул ёфтааст ва комил мебошад.

Бо ҳам пайваста будани ҷузъҳои он ва тамомияти сохтор аз хусусияти асосии матн ба шумор меравад. Матнҳо гуногун мешаванд…

Яке аз намуҳои матн ин матнҳои расмӣ-коргузорӣ мебошад.

Матнҳои расмӣ-коргузорӣ – нутқи хаттӣ (ё шифоҳӣ), ки муносибатҳои расмии 2 ва ё зиёда ҷонибҳоро ба танзим медарорад.

МРК асосан дар шакли хаттӣ арзи вуҷуд доранд, вале барои арҷумонҳо донистани он низ зарур аст, ки ҳангоми гуфтушунидҳои расмӣ унсурҳои МРК ба эҳтимоли зиёд садо медиҳад.

Жанрҳои МРК

Гурӯҳбандиҳои мухталиф вуҷуд доранд, дар яке аз онҳо омадааст:

  1. Ҳуҷҷатҳои шахсии шаҳрвандон

(ваколатнома, патент, ариза, баёнот, шикоят, тавсифнома ва ғ.)

  1. Ҳуҷҷатҳои маъмуриву ташкилӣ

(оинномаҳо, низомномаҳо, дастуру қоидаҳо, шартномаҳо ва ғ.)

  1. Ҳуҷҷатҳои расмии паҳншаванда

(фармонҳо, амрномаҳо, эълонҳои расмӣ ва ғайра)

  1. Ҳуҷҷатҳои иттилоотӣ

(маълумотномаҳо, санадҳо ва ғ.)

  1. Мактубҳои расмии коргузорӣ

(мактубҳои мазкур мак.мебошанд, ки байни муассисаҳо ва ширкатҳои давлативу ғайридавлатӣ , ки ба таври расми дар вазорати адлия ба қай гирифта шудаанд, гардиш менамоянд)

  1. Протоколҳо (суратмаҷлис)

Протоколҳо ҳуҷҷате мебошанд, ки натиҷаи музокирот, ҷаласот ва вохӯриои расмии ҷонибҳо буда, пас аз ба имзо расидан аз ҷониби тарафҳо

Хусусияти расмӣ ё ҳуҷҷатӣ пайдо мекунанд.

 

 

                Таърифоти тарҷума

Чунонки қайд карда будем, оид ба тарҷума ва қоидаи он назароти мухталиф вуҷуд доранд, ки ба яке аз онҳо мо ишора кардем.

Л. С. Бархударов менависад, ки “тарҷума равандест, ки ҳангоми он нутқи як забон ба нутқи забони дигар бо нигоҳ доштани маънӣ табдил дода  мешавад.”

Мутахассиси дигар И. Р. Галперин мегӯяд, ки “тарҷума ин интиқоли ҷиҳатҳои маънӣ ва услубии гуфтор аз як забон ба забони дигар мебошад.”

Ба назари О. С. Ахманова “тарҷума ин интиқоли иттилоъ ё худ маълумот, ки дар нутқи забони асл инъикос ёфтааст, тавассути воситаҳои забони дигар мебошад.”

Ба гуфтаи Г. В. Коушанский “тарҷума ҳамчун яке аз намудҳои фаъолияти муоширатии муҳимтарин қабл аз ҳама ба интиқоли комил ва муносиби забони матни асл такя мекунад, ки дар он ҷанбаҳои иҷтимоӣ ва фарҳангии забон аҳамият доранд.”

Бознигарии қоидаҳои боло собит менамояд, ки мафҳуми калимаи тарҷума хеле васеъ буда, ҳамчун илму фан он падидаи серпаҳлӯ, серҷанба ба шумор меравад. Чунон ки олим ва мутаххасиси соҳаи тарҷума аз Амрико Ю. Найда шӯхиомез менависад, “чи қадаре ки муаллифони машғул бо масъалаи тарҷума зиёд бошанд, теъдоди қоидаҳо низ зиёд мешаванд”.

Ба ҳар ҳол як қоидаеро ёдовар мешавем, ки нисбатан умумӣ буда, ҷанбаҳои гуногуни ин фанро дар бар мегирад:

Тарҷума, ин шакли миёнҷии забониест, ки ҳангоми он дар забони тарҷума матне сохта мешавад, ки аз назари вазифа, мӯҳтаво ва сохтор ба матни асл баробар аст.

Мақсад ва вазифаҳои тарҷума

Оид ба мақсад ва вазифаҳои тарҷума низ мутаххасисони гуногун назароти гуногун доранд. Баъзеҳо мегуянд, тарҷумон бояд ба ҷиҳати грамматикии матн аҳамият диҳад, дигаре мегӯяд бояд ба ҷиҳати мазмун аҳамият диҳад. Масалан, А. В. Фёдоров оид ба ин масъала чунин менависад: “мақсади тарҷума ҳарчи наздиктар ошно намудани хонанда ё шунаванда бо матни бегона мебошад”.

Аз рӯи фикри мо тарҷума бояд ба матни аслаш баробар бошад.

                  Намудҳои тарҷума ва таснифоти он

Вобаста ба шароит ва амалҳои тарҷумон матнҳо аз рӯи ду таснифот гурӯҳбандӣ карда м/д:

1.Таснифоти жанрӣ ва услубӣ.

2.Таснифоти психолингвистӣ.

Аз рӯи таснифоти 1 матнҳо ба 2 гурӯҳ тақсим мешаванд:

1.Матнҳои бадеӣ ё адабӣ;(наср: роман, повест, ҳикоя, ғ ва назм: достон, шеър, ғазал, рубоӣ ва ғ.)

2.Матнҳои иттилоотӣ ё худ махсус.(матнҳои иқтисодӣ, сиёсӣ, тиббӣ ва ғ.)

Фарқи матнҳои бадеӣ аз матнҳои иттилоотӣ дар чист? Барои ҷавоби дуруст гардонидан ба ин савол мо бояд моҳияти ин ду намуди матнро барои худ равшан созем.

 

Таснифоти психолингвистӣ (ё худ равонию забонӣ)

Таснифоти мазкур бар асоси шаклу воситаи қабули нутқ аз ҷониби тарҷумон ва тарзи тарҷумаи он аз як забон ба забони дигар. Мутобтйи ин таснифот тарҷумаҳо боз ба ду гурӯҳ ҷудо м/д:

1.Тарҷумаи хаттӣ

2.Тарҷумаи шифоҳӣ

Тарҷумаи хаттӣ роҳу воситаи тарҷумаест, ки дар он нутқ дар шакли хаттӣ ифода ёфта, мавриди интиқол ба забони дигар қарор мегирад.

Тарҷумаи шифоҳӣ роҳу воситаи тарҷумаест, ки дар он нутқ дар шакли шифоҳӣ (нонавишта) садо медиҳад ва мавриди интиқол ба забони дигар қарор мегирад.

Табиист, ки ин ду намуди тарҷума хусусияти худро доранд ва аз ҳамдигар фарқ мекунанд.

Фарқи байни онҳоро ба тариқи зайл муайян кардан мумкин аст:

1.Вақт;

2.Ҳаҷми порчаҳои матни асл;

3.Хусусияти иртиботи байни иштирокчиёни муоширати байнизабонӣ;

4.Таносуби забонҳо ҳангоми муоширати забонӣ.

Омили вақт

Дар тарҷумаи хаттӣ вақт нисбатан фаровонтар аст аз ин лиҳоз тарҷумон метавонад аз сарчашмаҳо (луғатҳо, интернет ва ғ.)-и гуногун бевосита истифода барад. Тарҷумони шифоҳӣ бошад, тақрибан вақт надорад, ин гуна имкониятҳоро надорад ва ин намуди тарҷума назар ба дигар намди тарҷума мушкилтар аст. Зеро дар як муддати кӯтоҳ бори хеле гарони равониро бар дӯш дорад.

Ҳаҷми порчаҳои матни асл

Дар тарҷумаи хаттӣ матн комилан дар ихтиёри тарҷумон қарор дорад. Вале дар тарҷумаи шифоҳӣ нутқ порча порча ва ҳатто дар шакли нимҷумлагӣ то ба тарҷумон мерасад ва ҳатто мавридҳое ҳастанд, ки тарҷумон бо чӣ анҷом ёфтани ҷумларо намедонад.

Хусусияти иртиботи байни иштирокчиёни муоширати    байнизабонӣ;

дар тарҷумаи хаттӣ тарҷумон бо муаллифи матни тарҷумашаванда иртибот надорад, яъне дар сурати лозима ба ӯ муроҷиат карда, нуқтаҳои ҷудогонаро дақиқ сохта наметавонад.  Дар тарҷумаи шифоҳӣ бошад, дар як замон ҳадди ақал се иштирокчӣ мавҷуд аст: нотиқ, шунаванда ва тарҷумон. Аз ин маълум мешавад, ки тарҷумон бо иштирокчиёни тарҷумаи шифоҳӣ дар иртиботи бевосита қарор доранд ва нуқтаҳо ё мавридҳои ҷудогонаро пурсида мушаххас карда метавонад.

 

     Таносуби забонҳо ҳангоми муоширати забонӣ.

Дар тарҷумаи хаттӣ дар як маврид аз рӯи як самти забонҳо кор мекунад. А-В вале фаъолияти тарҷумони шифоҳӣ дар як вақт аз рӯи принсипи дутарафа кор мекунад, яъне дусамта аст. А__В

Дар навбати худ, тарҷумаи шифоҳӣ ба 2 зергурӯҳ тақсим мешавад:

1.Тарҷумаи синхронӣ

2.Тарҷумаи пайиҳам

Тарҷумаи пайиҳамро шартан ба ду гурӯҳи дигар тақсим кардан мумкин аст: 1. Тарҷумаи шифоҳии паиҳами расмӣ (дар ҷаласаҳову конфронсҳои расмии баландмақом истифода мегардад ва тарҷумон дар ин мавридҳо бо гирифтани ёддошт фаъолияти худро ба роҳ мемонад); 2. Тарҷумаи шифоҳии пайиҳами ғайрирасмӣ (т.п.ғ. ҳангоми сӯҳбатҳои дӯстона саёҳатҳои ғайрирасмӣ ва ғайра сурат мегирад).

 

test

Добавить комментарий