​Тахлили муродифхо дар мукоиса бо забонхои англиси ва тољики

Муродифњо ё худ синонимњо шаклан аз ҳам фарқ карда, аз ҷиҳати маъно баробар ё ба ҳамдигар хеле наздиканд. Худи истилоњи «синоним» аз калимаи юнонии «synonymos» – «ҳамном» гирифта шудааст. Дар забони тоҷикии мусир истилоњи синоним бештар чун «муродиф» ифода мегардад, вале азбаски аз калимаи синоним истилоњоти дигари забоншиносї (синонимия, синонимика) сарчашма мегиранд дар адабиёти махсус бештар худи «синоним»-ро кор мефармоянд. [2. сањ. 36]

Синонимҳо ин ё он ҳодисаро номбар карда, онро аз ҳар ҷиҳат ва ё аз ҳар нуқтаи назар тасвир мекунанд. Масалан, дар забони англисї калимаҳои fast, quickly, rapidly, swift ва promt, ќариб њама мафњуми суръати «тез»-ро ифода мекунанд ва метавонанд ҷои якдигарро гиранд. Масалан мумкин аст гуфт:
He drives the car fast / quickly / rapidly / swift / promt in the suburb highways. 

Ў мошинро дар шоњроњи беруназшањр тез меронад. 
Ба ин тариқ, метавон боз якчанд калимањоро ќайд кард, ки онњо дар шакл фарќунандаву ба маъно шабењанд ва якдигарро иваз карда метавонанд. Бояд ќайд кард, ки байни ин калимањои ба њам муродиф инчунин аз лињози сохторї фарќият ба назар мерасад. Аз ин рў аз вобаста ба таалуќияти морфологї муродифњои забони англисиро метавон ба чунин гуруњњои сохторї таќсим намуд:
а) муродифњои содда;

б) муродифњои сохта (пешванддор, пасванддор ва пешванду пасванддор;

в) муродифњои мураккаб. [11. сањ. 24]

Бояд ќайд кард, ки ба як гуруњи сохторї дахл доштани њамаи муродифњо зарур нест, яъне муродифњои як калимаи содда метавонанд сохта, мураккаб ва ё таркибї низ бошанд.  

а) Муродифњои содда гуфта калимањои њаммаъноеро меноманд, ки аз як реша ё асос иборатанд. Масалан сифатњои big ва large (њарду ба маънои калон) муродифњои содда ба њисоб мераванд, чунки танњо аз реша иборатанд: 
Dushanbe is not enough big / large city.

Душанбе шањри на он ќадар калон аст.
Ё худ феълњои њаммаънои add, attach, annex (њар се ба маънои илова кардан) аз як асос таркиб ёфтаанд: 
Do not add / attach / annex that chapter here.

Он бобро дар ин љо илова накунед. 
Зарфњои муродиф низ аз љињати сохт содда шуда метавонанд: every, all, whole (њар се ба маънои њама):
Every / All / Whole of students should participate in this meeting.

Њамаи донишљўён бояд дар ин вохурї иштирок кунанд.
Муродифњои содда новобаста аз сохти оддиашон маънои луѓавии ањмиятнокро ифода карда метавонанд. Яъне маънои калима нисбат ба сохташ њамоно афзалиятнок боќї мемонад.

б) Муродифњо ва ё калимањое, ки ба ѓайр аз решаву асос боз ягон љузъи иловагї доранд, муродифњои сохта номида мешаванд. Сохташавии муродифњо ва ё калимањоро дар илми забоншиносї аффиксация меноманд. Аффиксация якчанд роњи ифодашавї дорад ва маъмултарини онњо истифодабариии пешвандњо, пасвандњо ва бадакњо мебошанд.

Муродифњои пешванддори забони англисї аксар ваќт метавонанд њамчун сифат, феъл ва зарф баромад кунанд. Ё худ аз як њиссаи нутќ ба њиссаи нутќи дигар кўчонда шаванд. Масалан муродифи сифати wrong калимањои incorrect ва improper (њар се бо маънои нодуруст) мебошанд, ки бо ёрии пешвандњои инкории «in-» ва «im-» сохта шудаанд, ки ба забони тољикї «но-» гуфтан мумкин аст:
This is the wrong / incorrect / improper solution.

Ин роњи њали нодуруст мебошад.
Боиси ќайд аст, ки њатто тарљумаи ин калимањо ба забони тољикї (нодуруст) ё русї (неправильно), мувофиќати луѓавии пешвандашонро таъмин мекунад.  

Феълњои return, repay, retort, restore (њама бо маънои баргардонидан) ба њам муродиф буда, пешванди «re-» (бо маънои «аз нав …») маънии луѓавии онњоро ба њам наздик мекунад:
I must to return / repay / retort / restore my bank credit on time.

Ман бояд ќарзи бонкии худро сари ваќт баргардонам.
Пасвандњои муродифсози забони англисї низ мисли забони тољикї аз як њиссањои нутќ дигареро бунёд мекунанд. Масалан пасванди исмсози «-er/-or» монанди пасванди тољикии «-гор/-гар» аз феъл исм месозад. Масалан калимањои teacher, educator, instructor, trainer њама бо маънои омўзгор ё таълимгар ба њам муродиф ба њисоб мераванд:
A good teacher / educator / instructor / trainer should know his subject well.

Омўзгори хуб бояд фанни худро наѓз донад.
Дар забони англисї пасванди «-less» мазмунан ба пешванди тољикии «бе-» мувофиќат карда аз феълњо исмњои ба њам муродиф сохтанашон мумкин аст. Масалан дар калимањои careless, heedless, reckless (њар се бо маънои беэњтиётї) муносибати муродифї хуб зоњир гаштанд:
Being careless / heedless / reckless with fire still remains dangerous for us.

Беэњтиётї нисбат ба оташ барои мо њануз њам хатарнок боќи мемонад.
Бандакњо афиксњои хоси феъл ба шумор мераванд, ки шахсу шумора, замон ва дигар категорияњои феълиро ифода мекунанд. Яке аз чунин бандакњои сермањсули забони англисї «-ed» (ифодакунандаи замони гузаштаи феълњои дуруст) мебошад. [12. сањ. 306] 

Агар онро ба њамаи феълњои муродиф, яъне њаммаъно њамроњ кунем, муродифњои сохтаи бандакдор дастрас мегарданд, мисли феълњои answered, replied, responded (њар се бо маънои љавоб дод) дар љумлаи: 
He answered / replied / responded to my call immediately.

Вай ба занги ман дарњол љавоб дод. 
Намунаи дигари муродифњои бандакдори забони англисїро дар мисоли истифодабарии бандаки «-ing», ки ифодакунандаи сифати феълї ва феъли њол аст, метавон дид.  Масалан калимањои learning, studying  ва reading (њар се ба маънои тањсил) туфайли бандаки «-ing» муносибатњои муродифии худро устувор мегардонад: 
Learning / Studying / Reading is important for everybody.  Тањсил барои њама муњим аст.  
в) Муродифњои мураккаб гуфта калимањоеро меноманд, ки аз ду ё се реша иборат буда ба њам њаммаъноянд. Мисли забони тољикї муродифњои муракаби забони англисї низ метавонанд ба вазифаи њиссањои нутќи гуногун баромад кунанд. Исмњо, сифатњо, зарфњо ва феълњои мураккаби ба њам муродиф дар забони англисї кам нестанд. Масалан исмњои schoolchildren ва schoolkids аз лињози сохт дар решаи таркибии дуюм фарќият доранд, вале аз лињози маънї ба њам муродифанд (њар ду ба маънои мактаббачагон):
The schoolchildren / schoolkids shoud come to school with school uniform.

Мактаббачагон бояд ба мактаб бо сарулибоси мактабї оянд.
 Њодисаи муродифї дар ќисми дуюми калимањои мураккаб дар сифатњои забони англисї низ вомехурад. Калимањои well-educated, well-trained ва well-taught (њар се ба маънои таълими хуб гирифта), ки бо калимаи well- оѓоз шудаанд дар ќисми дуюм калимањои муродифї доранд: [24 сањ. 167] He was a well-educated / well-trained / well-taught specialist.

Вай мутахасиси таълими хуб гирифта буд.  
Дар мисоли зарфњои мураккабу муродифи забони англисї низ чунин воситаи калимасозї аз эътибор соќит нест. Массалан зарфњои outside ва outdoor (њар ду ба маънои берун), низ дар ќисми таркибии дуюм ба њам шабењияти луѓавї зоњир менамоянд:
Tom banged the door and went outside / outdoor.

Том дарро сахт пушид ва берун баромада рафт. 
 Муродифњои ифодакунандаи амал, яъне феълњои њаммаъно низ дар забони англисї ба гуруњњои сохтории дигар њиссањои нутќи зикргардида дохил мешаванд. Таркиби дуюми феълњои мазкур ба њам њаммаъногї ифода мекунанд overload ва overburden (њар ду ба маънои барзиёд бор кардан):
The ship was overloaded / overburdened.

Кишти барзиёд бор дошт.

      

Чунончи аз тањлилњои болої маълум гашт, муродифњои забони англисї аз лињози сохт гуногун буда, бо вуљуди ин њамаъногии луѓавии худро нигоњ медоранд. Бояд ќайд кард, ки аз лињози сохт ба як гуруњ (содда, сохта ё мураккаб) дахл доштани калимањои њаммаъно шарту зарур нест. Воњидњои муродифие вомехуранд, ки нисбат ба якдигар аз љињати сохт фарќ мекунанд.  Масалан сифатњои fat – содда, fleshy – сохта ва overweight – мураккаб буда, бо мафњуми фарбењ ба њам муродиф боќї мемонанд:

Mrs. Lowrence was the only fat / fleshy / overweighted women in the neighbourhood. 

Хонум Лоуренс ягона зани аз њад фарбењ дар гирду атроф буд. 

test

Добавить комментарий