​Хелхои сифат дар забонхои точики ва англиси

Дар забонњои тољикї ва англисї сифат аз љињати маъно, аломатњои морфологї ва ифодаи чигунагии исм ба ду гурўњи калон чудо мешавад: аслї ва нисбї.

1) сифатњои аслї (qualitative). Сифати аслї аломат, хусусият, аломати хоси асосии исм ва чигунагии предмету њодисањоро бевосита ифода менамояд. Мисол: девори баланд, њавои тира, кулоњи сафед, доруи талх; square, small, heavy, sweet, little, large, high, soft, warm, strong, white, solid.

Њусайн дар рўзои аввали хониш истеъдоди аљибе нишон дода, устодонашро ба њайрат меандохт.

But you are nearly as old as I am!

Аз љињати маъно ва аломатњои морфологї сифат ба ду гурўњи калон чудо мешавад: аслї ва нисбї.

Сифати аслї аломат, хусусият ва чигунагии предмету њодисањоро бевосита ифода менамояд: одами озод, фикри олї, љомаи тар, њавои гарм, меваи ширин

Љињати махсуси сифати аслї ин аст, ки дар калимањои ифодакунандаи он аломати предмет метавонад таѓир ёбад: ширин, ширинтар, ширинтарин, хеле ширин, багоят ширин, каме ширин, ширинак.

Сифатњои аслї чунин аломатњоро ифода карда метавонанд: ранг (сурх, сафед, кабуд, зард ва монанди инњо); сатњу масоњат (дур, наздик, рост, васеъ, паст, пањн, кутоњ, чап ва ѓайра); хусусияти ашёњое, ки бо узвњои њис дарк мешаванд (ширин, талх, гарм, сард ва ѓайра); аломати љисмонии шахс ва хайвонот (зур, пир, суст, заиф, њароб, фарбењ, кар, гунг, ланг ва ѓайра); хусусиятњои маънавии одамон (оќил, доно, ѓам- хор, бахил, даѓал, шўљоъ) ва ѓайра.

Ман аз љой хеста берун баромадам, њавои соф ва ором буд, боди сабук мевазид (С. Айни). Сабза ва себаргањои ин чор боѓ сабзу хуррам буданд (С.Айнї). Ин хаёлњои талху ширин, ин гумонњои неку бад ва ин васфасањои пурташвиш, ки њељ ошиќи шайдое аз худ дураш када наметавонад. Одинаи бехонумонро, ки саргузашти махсус дошт, лањзае ба њоли худ ором нагузошт (С. Айнї). Дар тахти чойљўш хасу хошокњои тару нам бо дуди ѓафсу тунд месўхтанд (Р.Љалил). Гулбибї хам аз риши калони сафеди Арбоб бо ду даст печонда гирифт (С. Айнї).

Дар ќишлоќ њељ кас ба вай барин арўси зебо, њалиму доно, бо хату савод надорад (Љ. Икромї). Дар сањни майдонча зан хамроњи љавони ќаддарози малламўй сурхинарўй, ки чашмони осмониранги дилрабо дошт, истода буд (Р. Љалил). Вай як одами сабукчусса, гандумгун ва ришдарозе буд (Р. Љалил). Асо аз паси соњиби хона мардаки бадќахру бадфеъл менамуд, ба хона даромад (Љ. Икромї). Њоло дар рўи яке аз он суфачањо худи оќсаќоли гузар – марди фарбењи кўса, хандонрўй, чашмтанг бо писарчаи панљ – шашсола бозї карда менишаст (Љ.Икромї) [15, 133].

Сифатњои аслї як ќатор хусусияти лексикию грамматикї доранд. 

1. Онњо аломати предмет, њодиса ва воќеаро бевосита ифода менамоянд: калон, хушбахт, муќаддастарин.

2. Сифатњои аслї аломати предметро дар шакли содда њам ифода мекунанд, чунки бештарини онњо аз руи баромад калимањои аслї — решагї буда, ба давраи ќадимтарини забон мансубанд: нек, бад, гарм, хунук, сурх, тоза, калон, бузург, пир, нав.

3. Дараља доранд: оддї, муќоисавї, олї, камї (хурдию навозишї), зиёда: хубтар, хубтарин, супсурх, нињоят зебо, сафедча сурхтоб.

4. Ба тарзи синоним ва антоним воќеъ мешаванд: одати бад – нек, девори паст – баланд, умри дароз – кутох, меваи талх – ширин, њавои гарм – хунук, дурўѓи маслињатомез – рости фитнаангез, калон, бузург, аъзам, кабир, нагз, хуб, хуш, бењ.

5. Такрор шуда дараљаи олии аломати предметро ифода менамоянд: ќадамњои калон – калон, барфњои пањн – пањн.

6. Аз онњо бо суффикси – ї исми маънї ва бо суффикси – она зарф сохта мешаванд: пок – покї, сурх – сурхї, далер – далерї, ором – оромї, чолок – чолокона, ором – оромона, танбал – танбалона.

Хусусияти мазкур њарчанд хоси сифатњои аслї бошанд њам, баъзеи онњо ин аломатњоро ќабул намекунанд. Ин ё он аломатро ќабул кардани сифатњои асли ба маъно, вазифаи услубї ва мавкеъи истифодаи онњо вобаста аст. Масалан дараљаи муќоисавї ва олї сохтан мумкин нест, чунки ин гурўњ сифатњо табиатан аломати мутлаќ ва доимии предметро ифода карда, миќдоран каму зиёд шуда наметавонанд. Сифатњои ифодакунандаи хусусият, њолат, тамъ, хислат ва монанди инњо дараља ќабул кунанд њам, дар шакли таъќиди намеоянд: хунук, гарм, фарбењ, вазнин, тунд пир, танг, васеъ, љоњил.

Дар забон њангоми муќоисаи аломати предметњои бо њам муќоисашаванда чунин њолатњо дида мешаванд:

– аломати як предмет бо аломати предмети дигар муќоиса мешавад: Шумо аз ман љавонтар будаед? — пурсид оймулло;

– аломати як предмет бо аломати предметњои њамљинс муќоиса карда мешавад: Дуруст аст, ки шиками нн одам аз шикамњои одамони дигар хеле калон буд. Чї гуям? — Ман оё ягон бор гуфта будам, ки ту аз дугонањоят ё њамсоязанон камтарї. Ман гумон мекунам, ки нияти ў,—Аз аќиќ, аз булур софтар аст;

-аломати якчанд предмет бо як предмет муќоиса карда мешавад: Сафар Ѓулом ва Ака-Эргаш дар ин соња аз ту кўњнатаранд;

-аломати якчанд предмет бо аломати якчанд предмет муќоиса карда мешавад: Њамин ќадараш њаст, ки мо калонтар, инњо донотар, яъне мо соддатар, инхо фиребгартаранд… Эшон аз мурдашўён боиззаттар ва хуштолеътаранд. 

-дар мавриди муќоиса баъзан аломатњои гуногуни як предмет бо њам муќоиса карда мешавад: Нон бошад-чи? — гуфт гадозан, — барои

ў барин кампирњои бедандон тар кардагиаш аз хушкаш бењтар аст;

-дараљаи ќиёсии сифат дар ваќти љузъи номии феъл шуда омадан вобаста ба хусусияти феълњои ёридињанда чунин маъноњоро ифода мекунад:

а) муќоиса бо аломати пешинаи предмет (мантиќан) амалї мегардад: Ваќте ки ў калонтар ва серпултар шуд, майдафоидахурии сарикў- чагиро, ки баъзан пулаш месўхт, ба як тараф гузошта ба дукондорони калон ва савдогарон муомила cap кард;

б) муќоисаи аломати предмет бо аломати баъдинаи он: Ваќте ки ќишлоќ бойтар мешавад, хољагии љамоавї имконият медињад, ки дар пањлўи он шумо як беморхона њам бино кунед. То ки хушбахттар шави, Помир, — Пора бинмой синаи кўњсор.

 2) нисбї (relative). Сифати нисбї аломатро нибат ба чизе (макон, замон) ё кассе мефањмонад ва аз дигар калимањо дар забони тољикї бо ёрии пасвандњои -ї, -манд, -нок, -она, -гун, -ин, но-, ба-, бе- ва дар забони англисї бо пасвандњои ful,-al, -en, -ic, -ous, -y, -ly, -able, -ible, -ant, -ent, -ive, -less, -ish сохта мешавад. Мисол: девори баланд, њавои тира, кулоњи сафед, доруи талх; wooden, economic, mountainous, dirty, daily, movable, sensible, resistant, dependent, creative, useless, whitish, Danish.

Падараш баъд аз ин ўро назди Абдуллоњи Массоњ ном марди риёзидон ва танобчї, ки дар њамсоягии онњо дўкони баќќолї дошт, ба таълими илми њисб ва њандаса гузошт [12, 63].

add

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.