​Таърихи ибораҳои феъли

Истилоҳи Phrasal verbs аввалин бор Логаном Смитом дар китоби “Луғат ва Идиома”(1925), ҷое ки ин нашриёт бо ин истилоҳ гузошта шуда буд.

Решаи ибораҳои феъли дар китобҳои пешинаи забони англисӣ гуногун буда, феъл бо зарф ва пешоянд калима бо калима навишта мешавад, ҷои исти худро дар ҷумла нишон медиҳад, масалан:

The boy walked out. (direction)

The boy stood  by.(place)

The boy held his hand up.(physical orientation)

Зарфҳои кутоҳ ва пешоянд ҷои худро бо муносибати феъл ва обекти ҷумла нишон медиҳанд, масалан:

The army charged up the hill.(direction)

The painter stood by the house. (place)

The thief climed out the window. (direction)

Hang over the fire. (physical orientation)

Аз қарнҳои пеш васеъ кардани феъл бо зарфҳои кутоҳ ва пешоянд муфовиқ мебошад, маънояшон зина ба зина инкишоф ёфтааст.

Пайдоиш ва тарақиёти ибораҳои феъли барои сохтани феълҳои нави забони англисӣ дар замони ҳозира мебошанд.

Дар чунин иборањо феъл бояд англисии тањљої бошад, аммо дар бораи хусусияти љанбаи дуюм якчанд аќидањо мављуданд. Њамин тавр  А. В. Кунин чунин мешуморад, ки љанбаи дуюм ба худ калимаи номукаммали дар нимроњаи байни морфема ва лексема љойдошта таљассум мекунад; аммо дар ин њолат чунин таркиб дар байни калима ва ибора љой мегирад. Ба аќидаи  Н. Н. Амосова компоненти дуюм-калимаи мустаќил аст, ки функсияи њиссаи нутќи ѓайримустаќилро иљро мекунад. Ин акида бо нуќтаи назари А.И.Смирнитский мувофиќ меояд, ки љанбаи дуюмро зарфи пешоянддор номидааст. Дар лексикологияи ватанї мафњуми ќабулшудаи «пасоянд» ё «постпозитив» ба мавќеъ ва љойгирии элемент дар таркиб ишора мекунад. Пасояндњо таърихан асли худро аз пешояндњо ва зарфњо гирифтаанд ва инро номи ќабулнамудаи англисии adverb собит мекунад. Аммо дар забони муосир постпозитивњо аз зарфњо бо он фарќ мекунанд, ки  хусусияти тасвирї надоранд, дар љумла функсияи мустаќил надоранд , ба љои ин ба семантикаи феъл таъсир мерасонанд , ки хоси зарф нест. 

Структурањои дорои постпозитивњо метавонанд њам ба мисли таркибњои озод ва њам таркибњои фразеологии хусуситяти хос дошта бошанд ва барои њамин њам дар њудуди захираи фразеологї меистанд. Дар таркиби озод феъл мазмуни худро нигоњ медорад вале пасоянд танњо онро аниќ мекунад: to look back/down/up/around (аниќ кардани самти амалиёт); to sit/to sit down (аниќ кардани њадди амал); to end/to end up (пурзўр кардани амал) ва  ѓайрањо. Дар таркиби фразеологї пасоянд ба семантикаи феъл таъсир расонда аксар ваќт таѓир медињад (to give up — resign, surrender; to go on — continue; etc.). дар ин маврид моделе вуљуд надорад ва феъл ва пасоянд мазмунан заифанд ва мазмуни умум ба њосили љамъи мазмуни компонентњои таркибёбанда намебарад. Баъзан далеловарї нигоњ дошта мешавад, масалан дар ибораи  to let out (a secret) ё to go on. Њамон як таркиби шаклан якхела вобаста ба хусусияти контекст метавонад њам озод ва њам фразеологї бошад: come in — enter (He came in and shut the door) — контексти таѓирёбанда; come in — be concerned (Where do I come in in this business?) — контексти доимї; look out — try to see what is outside (Look out into the street) — контексти таѓирёбанда; look out — be on the watch (Will you go to the station and look out for Mr. Hill?); look out — afford an outlook (Our hotel room looks out on the sea front) — контексти доимї ва ѓ.

Њамин тавр воњидњои захираи фразеологї ба худ ќишри махсус ва хоси лексикаро таљассум мекунанд, ки дорои структураи гуногуншакл буда, дар нуќ вазифањои гуногунро иљро мекунанд. Мазмуни воњињои фразеологї ба контекст алоќамандии зич дорад.

test

Добавить комментарий