​Хусусиятхои грамматикии феълхо дар забони точики

           Дар назари аввал ҳамаи феълҳои забони тоҷикӣ ҳамчун феълҳои мустақил тасаввур мешаванд. Аммо дар ҳакиқат мустақилии як қисми феълҳо мафҳуми мутлақ ва қисми дигараш мафҳуми нисбӣ дорад. Аз ин ҷиҳат феъле, ки одатан ба вазифаи грамматики ба шакли мустақил истеъмол меёбад, мумкин аст, ки дар навбати худ дар таркибҳои гуногуни феълӣ ба сифати феъли ёридиҳанда кор фармуда шавад. Баръакс, феъле, ки одатан дар ташкили таркибҳои феъли ҳамчун ёридиҳанда меояд, мумкии аст, ки дар мавриди дигар ҳамчун феъли мустақил омада бошад. Ба ин маънӣ феълҳо аз рӯи вазифаи грамматикӣ, тарзи истеъмол ва табиати маъноиашон ба ду гурӯҳи калон ҷудо мешаванд: мустақил ва ёридиҳанда.

           Феълҳое, ки вазифаи грамматики ва маъноиашон дар ҷумла бевосита, бе ёрии ҳиссаҳои дигар анҷом меёбад, феълҳои мустақил номида мешаванд, масалан: андохтан, баромадан, ваҳмидан, газидан, гирифтан, даромадан, додан, ёфтан, кандан, лесидан, мондан, молидан, нолидам, оростан, пухтан, рафтан, рӯидан, сохтан, сӯхтан, тафсидан, фаҳмондан, хӯрдан, часпидан, шоридан ва ғайра.

             Дар ҷумлаҳои зерин ба таври мустақил омадани ин гуна феълҳоро мебинем:

Албатта, маърӯзаи ӯро мешунавем ва чораи корашро меандешем. Ҷавонмарди даступогумкарда аз куҷо медонист, ки бача… об мепурсид. 

Ин вақт ба гӯшаш овози сурнаи пешоҳангон ва суруди онҳо расид. 

Маълум шуд, ки маро намешинохтаед?

              Феълҳое, ки дар сохтани шаклу таркибҳои феълӣ иштирок карда, барои ташкили категорияҳои феъл ва ифодаи вазифаву маънои таркибҳои феълӣ хизмат мекунанд, феълҳои ёридиҳанда ном доранд.

              Дар забони ҳозираи тоҷик шакли таркибии феълҳо хеле инкишоф ёфтааст ва чунин шаклҳои феълӣ қисми муҳими феълро ташкил медиҳанд. Аз ин ҷиҳат адади феълҳои ёридиҳанда зиёд, доираи вазифаи грамматикиашон васеъ ва тобиши маъноии онҳо гуногун мебошад.

            Феълҳои таркибӣ ва таркибҳои феълӣ аз ду қисм иборат мешаванд: қисми асосӣ (соҳибмаъно), ки маънию мафҳуми асосиро ифода менамояд ва қисми ёридиханда, ки барои адои вазифаҳои грамматикӣ ва ифодаи тобишҳои маъноӣ хизмат мекунад. Қисми асосии феълҳои таркибӣ ва таркибҳои феълӣ аз ҳиссаҳои гуногуни нутқ (феъл) ва ҳиссаҳои номӣ, вале қисми ёридиҳанда ҳамеша аз феъл иборат мебошад. Қисми асосӣ вобаста ба мазмуну мақсади сухан тағйир ёфта меистад, аммо қисми ёридиҳанда бетағйир мемонад.

             Феълҳои кардан, намудан (ба маънои кардан), шудан, гардидан (гаштан), сохтан ҳамчун ёридиҳанда феъли таркибии номӣ месозанд, ки қисми асосии ин гуна феълҳои таркибӣ аз ҳиссаҳои номии нутқ иборат аст: сӯҳбат кардан, кор кардан, тайёр намудан, хоҳиш намудан, озод намудан, сурх шудан, омода гардидан, намудор гаштан, муҳайё сохтан ва мисли инҳо:

Тилмоч ин суханҳоро тарҷума намуда, илова кард, ки роҳи ягонаи аз ин азобу уқубат халос шудан ҳамаи айбро ба гардаши солдат бор кардан аст. 

Гоҳо (Ҳамида) бекор монад ҳам, ба зеҳбофӣ машғул  мегардид.

             Аз феълҳои ёридиҳанда кардан, намудан ва шудан дар феълсозӣ хеле сермаҳсул ва серистеъмол буда, феълҳои гардидан (гаштан), сохтан, додан, кашидан ва ғайра нисбатан камистеъмол мебошанд:

Ҳар гоҳе ки падараш дар хотираш меомад, оҳ мекашиду гиря мекард, лекин модараш бо ҳар гуна суханҳои ширин ва бозичаҳо тасаллӣ медод.

Дар назар ӯ ҷилва созад гоҳ-гоҳ аз ақиби пардаи абри сиёҳ.

            Феълҳои ёридиҳандаи будан, истодан, гаштан, шудан ва ғайра дар таркибҳои гуногуни феълӣ омада барои ташкили шакл ва ифодаи категорияҳои грамматикии  феъл   (тарзи  мафъул, намуди давомдор,  замони гузаштаи дур ва ғайра) хизмат мекунанд. Қисми асосии ин гуна таркибҳои феълӣ аз феъл иборат бошад, ба шакли феъли ҳол меояд (ёридиҳандаи феъли таркибии номӣ низ ҳамчунин), аммо феълҳои ёридиҳанда ба шакли тасрифӣ оварда мешаванд. 

Офтоби оламтоб ҳам… дар қабати абрҳо пинҳон шуда буд. — Саша ба кӯлмак чашм дӯхта буд . 

Он кас сиҳат шуда истодаанд. 

Боз диққати ҳама ба тарафи хат кашида шуд.

          Феъли ёридиҳандаи истодан дар таркиби фсъли ҳозираи давомдор        омада, ҷараёни ҳозираи амалро мефаҳмонад:

Духтарат акнун калон шудааст, аз пасу пеш ба вай даҳан зада истодаанд. 

Сӯи дару девор синҷа карда, гурс-гурс қадам монда омада истодани ду кас ба назараш намудор шуд.

          Бисёр дида мешавад, ки якчанд феъли ёридиҳанда паси ҳам дар як таркиби феъли меояд, ки ҳар кадоми он дорои вазифа ва тобиши муайяне  мебошад:

Мӯе, ки ғунучин карда, ба қабзаи шона дода шуда буд, аз дарозиаш хабар медод. Аз дусад нафар зиёда саворони мусаллаҳ… дар ялангии қишлок саф кашида истода буданд.

          Адади феълҳои ёридиҳанда аз ҳисоби феълҳои мустақил, ки дар сохтани шаклу таркибҳои феълӣ ҳамчун ёридиҳанда хизмат мекунанд, хеле меафзояд. Масалан, феълҳои таркибии масдарӣ бо ёрии гирифтан сохта мешаванд (хондан гир, навиштан мегирам, омадан гирифт, рафтан мегирифтааст ва ғайра). Ин гуна таркибҳо бо ёрии гирифтан давомнокии амал ва таъсиру ҳолатро ифода мекунанд:

Ба ҷои ин аз чашмонаш ашкҳо рехтан гирифтанд. 

Духтарча овози ӯро шунида, аз гиря бозистод ва хӯсида-хӯсида гоҳ ба Даря гоҳ ба Давлат нигоҳ кардан гирифт.

           Бо ёрии феълҳои додан (гуфта додан), гирифтан (навишта гирифтан), фиристодан (хандида фиристодан), мондан (омада мондан), рафтан (сурх шуда рафтан) ва амсоли инҳо феълҳои таркибии ҳолӣ ба вуҷуд меоянд, ки хеле сермаҳсул ва серистеъмоланд: Ман мактуби дурударозе навишта додам. — Кор аввал оҳиста-оҳиста давом намуд, баъд авҷ гирифта рафт. — Вақте ки ман ин ҳодисаро шунидам, аз хурсандӣ гиря карда фиристодам.

Хелҳои дигари чунин феълҳои ёридиҳанда ва тарзҳои гуногуни истеъмоли онҳо низ мавҷуд аст.

          Дар забони ҳозираи тоҷик ба воситаи феълҳои ёридиҳанда ифода кардани намуди давомнокӣ низ мавқеи калон дорад. Феълҳои зерин дар таркибҳои феълӣ ҳамчун ёридиҳанда омада, барои ифодаи маънои нотамомӣ, мӯлкаратӣ ва давомнокии амал хизмат мекунанд: истодан, мондан, гаштан (гардидан), гирифтан, омадан, нишастан (шиштан),  хобидан ва ғайра аст.

           Феъли мондан. Феъли ёридиҳандаи мондан дар таркиби феълҳои замони гузашта ва ҳозира-оянда омада, давомнокию нотамомии амалро мефаҳмонад. Вай барои ифодаи давомнокӣ бештар бо феълҳои ғайри кору харакат кор фармуда мешавад: андеша карда мондам, саросема шуда монда буд, одат карда мемонад ва ғайра:

Ӯ ба асп назар андохта дуру дароз фикр карда монд.

           Феъли гаштан (гардидан). Ин феъли ёридиҳаида дар феълҳои таркиби ба шакли замони гузаштаи наздик (гашт), гузаштаи дур (гашта буд), гузаштаи ҳикоягӣ (мегашт) ва монанди инҳо омада, давомнокӣ ва мӯлкаратии амал ва ҳолати замони гузаштаро мефаҳмонад: кор карда гаштам, хонда мегашт, гуфта гашта буд ва ғайра:

Вай дар ҳавлии хӯҷаин чанд сол бачабардорӣ, чойҷӯшонӣ барин корҳоро карда мегашт. 

Наим чанд рӯз дар байни шакку шубҳа ва боварию ҳайрат азоб кашида гашт. 

Мисли одамони дуппадуруст кор карда мегаштам, ҳатто ба шумо мӯсафедон ёрӣ ҳам расонда меистодам.

add

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.