​Мафҳум ва тавсифи пешоянд дар забони англисӣ

    Дар забони англисӣ пешояндҳо (prepositions) калимаҳои ёрирасоне мебошанд, ки муносибати як ҳиссаи нутқро ба дигар ҳиссаи нутқ мерасонанд. Яке аз хусусиятҳои хоси пешояндҳои забони англисӣ маҳз дар ҳамин мебошад. Пешояндҳо чун дигар ҳиссаҳои ёридиҳандаи нутқ, танҳо барои алоқаи калимаҳо дар ибора ва ҷумла истифода бурда мешаванд ва барои ифодаи тобишҳои гуногуни маданияти субъективӣ хизмат мекунанд. Дар забони англисӣ саҳми пешояндҳо басо бузург мебошанд. Дар гуфтугӯи ҳаррӯза хело зиёд истифода мешаванд [25, 311].

   Дар забони англисӣ пешояндҳо калимаҳои решагӣ, аз замонҳои қадим пайдо шуда, яке аз вазифаҳои асосиашон, таркибӣ будани онҳо мебошад. Ҳамин аст, ки онҳо ҳамчун элементи расмӣ баромад карда, барои сохтани структураҳои гуногуни ба монанди ибораву ҷумла ва матн баромад мекунанд.

  Нақши пешояндҳо дар сохтори ҷумлаи забони англисӣ бениҳоят бузург аст. Ҳатто тарҷумонҳои варзида сари истифодаи дурусти пешояндҳо фикр карда мемонанд. Интихоби ҷои муносиб барои пешоянд аз омӯзандагони ин забон ба назари аввал сабук намояд ҳам, аммо заҳмати фаровон мехоҳад. Барои то андозае осон гардидани омӯзиш ва азхудкунии пешояндҳо, номгӯи мунтаззами пайвасти пешояндҳо бо феълҳо, сифатҳо ва исмҳоро донист.  Пешояндҳо дар таркиби пайвандҳои исмӣ омада, мумкин аст, маъноҳои муҷҷарради мантиқӣ, аз қабили вақт, фазо, сабаб, натиҷа ва ғайраро ифода намояд Пешояндҳои забони англисӣ тағйир намеёбанд ва ё мустақил намешаванд. Пешояндҳо аъзои ҷумла ба ҳисоб намераванд. 

  Г.А. Авакян пешояндро ҳамчун дорандаи ду функсияи гуногуни грамматикӣ ва семантикӣ медонад:

    “ Дар ҳолати аввала, яъне функсияи грамматикӣ , пешоянд дар нақши калимаи ёридиҳанда ду калимаи муҳимро пайваст карда, инчунин тобеияти якеро ба дигарӣ нишон медиҳад.

     Дар ҳолати дуввумӣ, пешоянд он муносибатҳоеро, ки гӯянда байни ашё ва падидаҳо (ҳодисаҳо) мегузорад, иҷро мекунад.”[42, 23].

     Бе ёрии пешояндҳо фикр ва ҷумла нодуруст сохта мешаванд. Ғайр аз ин, пешояндҳо калимаҳоеро, ки мепайванданд, аз ҷиҳати маъно метавонад таъсир расонад. Яъне, аз ҷиҳати маъно метавонад маънои онҳоро қисман дигаргун созад. Дар забони англисӣ пешояндҳо ягона воситае ҳастанд, ки мубтадоро (ё ҷонишинро) бо дигар калимаҳо дар ҷумла мепайванданд.  Пешояндҳо муносибатҳои гуногуни маконӣ, замонӣ, сабабӣ, ҳаракатӣ ва муносибатҳои зиёди дигареро низ ифода менамоянд. 

    Аз нуқтаи назари пайдоишашон пешояндҳои забони англисиро ба се гурӯҳи асосӣ ҷудо мекунанд:

Пешояндҳои ибтидоӣ,  ки пешояндҳои қадимаи забони англисӣ ба ҳисоб мераванд. Серистеъмол буда, дар сохтани пешояндҳои мураккаб ва таркибӣ саҳми калон доранд. Инчунин, пешояндҳои ибтидоиро ба зергурӯҳҳои зерин ҷудо мекунанд:

а) пешояндҳои содда, ки аз як реша иборатанд: in, on, at, by, to;

б) пешояндҳои мураккаб, ки аз якчанд реша иборат мебошад: within (with+in), into (in+to), onto (on+to), throughout (through+out);

    2)  Пешояндҳои сохта, ки аз сифати феълӣ ба вуҷуд омадаанд, ки дар  таркиби худ пешванду пасванд доранд: considering, during, regarding, conceming, including, ва ғайраҳо.

3) Пешояндҳои таркибӣ, ки аз якчанд калима таркиб ёфтаанд: according to, as far,  addition to, in relation to, as a result of, by means of, in case of. Ба пешояндҳои гурӯҳи мазкур инчунин, миқлори зиёди ибораҳои рехта низ дохил мешаванд, ки муродифи пешояндҳои ин гурӯҳ мебошанд. Онҳо аз пайвастшавии ҳиссаҳои нутқ ( исм, сифат, зарф) ва пешояндҳои содда таркиб ёфтаанд. Умумияти онҳо дар он аст, ки бо пешояндҳои содда ба охир мерасанд. Ба монанди: by means of, in front of, opposite to, away from ва ғайраҳо.

   Пешояндҳои ибтидоӣ дар муқоиса бо пешояндҳои сохта маънои умумӣ доранд. Онҳо зиёд набуда, аммо муносибати зиёдеро, чӣ маконӣ ва чӣ замону мақсадро ифода мекунанд [23, 28].

                           Пешояндҳои забони англисӣ аз рӯи сохт

  Бояд қайд кард, ки пешояндҳои забони англисӣ инчунин, аз рӯи сохташавиашон ба гурӯҳҳои зерин ҷудо мешаванд:

-Содда (simple prepositions): at, by, of,  in, on, to, about, after, near, over, past, from, along, for, before, down, below, aboard, above, across, against, among, amongst, around, bar, before, behind, below, beneath, beside, inside, off, out, till, up, with ва дигар пешояндҳои зиёде дохил мешаванд. Ин яке аз калонтарин ва серистеъмолтарин гурӯҳи пешояндҳои забони англтсӣ ба шумор мераванд. Ин пешояндҳо барои он содда мебошанд, ки аз як реша иборатанд.

-Сохта (derived prepositions): concerning, including, depending, following, regarding, considering, excepting, failing, past ва ғайраҳо мебошанд. Ин гурӯҳи пешояндҳо ғайр аз пешоянд дар таркибашон пешванду пасванд мегиранд. 

-Мураккаб (compound prepositions): upon, into, within, without, according, outside, throughout, alongside. Пешояндҳои мазкур аз ду пешоянди содда иборат мебошанд, ки дар якҷоягӣ як маънои дигареро ифода мекунанд. 

-Таркибӣ (composite/ phrasal prepositions): in case of, according to, by means of, in relation to, in front of, because of, in spite of, due to, apart from, away from, by force of, in accordance with, in addition to, in connection with, in the course of, next to, out of, opposite to, up to ва ғайраҳо мебошанд. Пешояндҳои мазкур дар таркиби худ аз пешоянди содда ва зарф иборат аст.  Яке аз хусусиятҳои хоси пешояндҳои ин гурӯҳ дар он мебошад, ки ба ягон роҳ илова, кӯтоҳ ва тағйир дода намешаванд. Онҳо ҳамин хел бетағйир мемонанд. Маънои пешоянди таркибӣ бо маънии калимаи асосии таркиби он пайваст мебошад [24,251].

                       Гурӯҳбандии пешояндҳо аз рӯи маъно

 Пешояндҳои зиёди забони англисӣ дар тӯли таърих ва инкишофи забон тавонистанд маънии аслии худро нигоҳ доранд ва баъзеи аз онҳо натавонистанд шаклу маънии худро нигоҳ доранд. Аз ҳама пешояндҳои қадимаи забони англисӣ, ки маънии аслии худро нигоҳ доштанд, ин пешояндҳои соддаи at, on, to, in мебошанд. Аммо пешояндҳои till, among ва ғайраҳо натавонистанд дар тули инкишофи забони анлисӣ маънои аслии худро нигоҳ доранд.

   Аз рӯи маъно пешояндҳои забони англисӣ маъноҳои зиёдеро ифода менамоянд.  Бисёре аз пешояндҳо бисёрмаъно буда, метавонад муносибатҳои гуногунро ифода намояд: to sit by the window (  ба маънои макон, дар назди), to sit by the river (макон, ҳаракт), to come by 6 o clock (маънои замон), to go by air (тарзу усул), a picture by Repin (ходим). Ҳамин тавр, инҳо:

-Пешояндҳои ҷой ин beside, among, between, at, near, next, far from, around, to, beyond, in, inside, outside, on, by, in front of, opposite, behind, over, under мебошанд ва дар ҷумла маънои макон, ҷойро медиҳанд. Ба мисоли: Around the table-Дар гирди миз. Beside the sea –Дар лаби баҳр (наздикии). Beyond the river-Дар он тарафи дарё. Opposite my house- Рӯ ба рӯи хонаи ман.

-Пешояндҳои самт ва ҳаракат: out, away, from, towards, off, through, past, along, across, up, down, over, above, below, at, into мебошанд. Пешояндҳои гурӯҳи мазкур амалеро ба самте нишон медиҳанд ва ҳамеша бо феъл якҷоя меоянд: Go from London to Moscow-Аз Лондон ба Москав рафтан. Walk towards the railway station- Ба истгоҳ рафтан. Past the post office-Аз назди почта гузаштан. Go through the forest-Аз ҷангал гузаштан.

-Пешояндҳои вақту замон пешояндҳои  for, in, over, during, in case of, before, after, from, by, since, on, past, to мебошанд. Дар ҷумла вақту соат ва замони амалигаштаи амалро ифода мекунад: Since 1980 –з соли 1980. After the work–Баъд аз кор. On Monday –Рӯзи душанбе. In case of illness–Дар ҳолати беморӣ. Over the last three months –Дар давоми се моҳи охир. By there  oclock –Қарибиҳои соати 3

-Пешояндҳои ҷой: beside, between, at, near, next to, around, beyond, in, inside, outside, on, by, in front of, opposite, behind, over, under. 

-Пешояндҳои самт ва ҳаракат: out of, from, towards, for, off, beyond, through, past, up, down, round, across, below, over, above, into, onto, along, to, at.

-Пешояндҳои вақту замон: for, in, on, over, during, in case of, in the course of, before, after, from, by, since, in.

-Пешояндҳои сабабу мақсад: for, into, at, because of, from

-Пешояндҳои тарзи амал: at, in

-Пешояндҳо бо материалҳо: of, in, on

-Пешояндҳое, ки сифатро ифода мекунанд: of

-Пешояндҳое, ки баробаркуниро ифода мекунанд: by, before, behind, over, to, below, beyond

-Пешояндҳое, ки ҷамъбаст ва парокандакуниро ифода мекунад: with, along, apart, beside

-Пешояндҳое, ки объекти ҳиссиётро ифода мекунад: for, towards 

-Пешояндҳое, ки ҳудуро ифода мекунанд: up, down, from, wiyhin

-Пешояндҳои пеш аз васитаҳо: by, with, through

-Пешояндҳо бо миқдору нарх: by, about, for, under, over, at, for

-Пешояндҳое, ки ҳаллу фасли як предметро ифода мекунанд: about, of, on

-Пешояндҳое, ки машғулият ва ҳолатро ифода мекунад: at, in, on, under, 

-Пешояндҳои мувофиқат ва номувофиқат: after, in spite of, despite, to, with [16,9].
  Ғайр аз ин набояд фаромӯш кард, ки пешояндҳои зиёди забони англисӣ ба ибораҳои устувор дохил шуда, дар алоҳидагӣ тарҷума намешаванд. Ба мисоли: In time -дар вақташ, for example -масалан (мисол, чунончӣ) 

test

Добавить комментарий