Заминаҳои ҳуқуқии забони миллӣ дар даврони Истиқлол

Гуногунии забониву фарҳангӣ ва сиёсати забонии давлатҳои мухталифи ҷаҳон нишон медиҳад, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ ё ҷаҳонигароӣ ба ду масъалаи муҳим – масъалаи якзабонӣ ва таъмини шароити мусоиди меъёриву ҳуқуқӣ барои забонҳои миллӣ ва масъалаи нигоҳдорӣ ва ҳимояи забонҳои маҳаллӣ рӯ ба рӯ шудааст. Ин масъала на танҳо хусусияти забоншиносӣ, балки дорои ҷанбаҳои милливу динӣ ҳам мебошад. Махсусан гуногунзабонӣ ва дар назар гирифтани масъалаҳои он дар шароити якзабонии миллӣ, ки имрӯз аксарияти кишварҳои демократӣ дар меъёрҳои сиёсати забони худ аз он пайгирӣ менамоянд, муҳим ба назар мерасад. Зеро бо қабули қонунҳои гуногун, ки асосан забонҳои миллии давлатҳоро забони давлатӣ эълон карда, барои забони миллӣ шароити бартари истифода дар сохторҳои давлативу ғайридавлатӣ медиҳад, масъалаи муносибати забони давлатӣ бо забонҳои дигари дар як марзи сиёсӣ вуҷуд дошта, на танҳо хусусияти забонӣ, балки сиёсиву давлатӣ гирифта, ҳатто дар бархе ҳолатҳо ба таркишҳои иҷтимоӣ ва муноқишаҳои миллӣ оварда мерасонад. Бинобар ин таҳия ва қабули қонунҳо ва санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ оид ба забонҳои давлативу расмӣ ва муносибати онҳо ба забонҳои дигар аз масъалаҳои муҳимми сиёсати забонии давлатҳо мебошад.

Аксарияти кишварҳои ҷаҳон масъалаҳои сиёсати забони худро ба воситаи меъёрҳои қонунгузорӣ ҳал мекунанд. Аз 141 кишваре, ки ҳуқуқшиносон масъалаҳои забониро дар ин кишварҳо таҳқиқ кардаанд, дар 110 кишвар қонунҳои мушаххас дар бораи истифодаи забонҳо қабул шудаанд. Масъалаҳои забонӣ махсусан ҳимояи забонҳои маҳаллӣ дар меъёрҳои байналмилалӣ дар баъзе санадҳои охири асри XIX ва ибтидои асри ХХ, махсусан дар санадҳои меъёрии Лигаи миллатҳо дида мешавад. Вале ин масъала асосан баъд аз ҷанги ҷаҳонии дувум дар эъломияи ҳуқуқи башар (моддаҳои 1 ва 2) дида мешавад. Эъломияи ҳуқуқи башар аз Эъломияи умумии ҳуқуқи башар (аз тарафи Маҷмаи умумии СММ 10 декабр соли 1948 қабул шудааст), Шартномаи байналмиллалӣ оид ба ҳуқуқи шаҳрвандӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ва Шартномаи байналмилалӣ оид ба ҳуқуқи шаҳрвандӣ ва сиёсӣ, ки 19 ноябри соли 1966 аз тарафи Маҷмаи умумии СММ қабул шудаанд, иборат мебошад.

Нахуст барои муайян кардани моҳияти масъала бояд ба мафҳумҳои асосии ин мавзӯъ, яъне «Забони давлатӣ» ва «Забони расмӣ» равшанӣ андохт.

Дар «Фарҳанги мухтасари энсиклопедӣ» дар ин бора чунин гуфта шудааст: «Забони давлатӣ забонест, ки ба тариқи қонунгузорӣ иҷрои он дар доираҳои расмӣ ҳатмӣ мебошад».[1] «Забони расмӣ- синоними ҳуқуқӣ-сиёсии истилоҳи забони давлатӣ мебошад».[2]

Коршиносони ЮНЕСКО байни истилоҳҳои забони давлатӣ (national languade) ва забони расми (official language) чунин фарқ мегузоранд. «Забони давлатӣ забоне мебошад, ки дар чорчӯбаи як давлат вазифаҳои ҳамгироиро иҷро карда, ҳамчун рамзи миллии давлати мушаххас баромад мекунад. Забони расмӣ забони идораи давлатӣ, қонунгузорӣ ва мақомоти судӣ мебошад.» Аз ин ҷиҳат мақоми забони давлатӣ аз лиҳози истифода аз забони расмӣ васеътар буда, ба ғайр аз соҳаҳои расмӣ бахши фарҳангу иҷтимоиро дарбар мегирад.[3]

Хулоса ба таври фишурда вазифаҳои забони давлатӣ аз лиҳози истифодаи расмӣ аз унсурҳои зерин иборат аст:

– Забони давлатӣ забонест, ки давлат ба воситаи он бо шаҳрвандони худ, бо аҳолии кишвар робита барқарор карда, гуфтугӯ мекунад;

– Санадҳои қонунгузорӣ ва меъёриву ҳуқуқӣ, санадҳои расмӣ, суратмаҷлисҳои ҷаласаҳо ба воситаи он қабул мешаванд;

– Кори мақомоти идорӣ, коргузорӣ, судҳо ва муросилоти расмӣ ба ин забон сурат мегирад;

-Забони давлатӣ забони эълону реклама, забони мақолаву овезаҳои расмӣ, муҳру тамғаҳо, санадҳои тиҷоратӣ, шохисҳои молҳои саноатии ватанӣ, аломати роҳҳо, номи хиёбону кӯчаҳо, майдону гулгаштҳо мебошад;

– Забони таълим дар макотиби миёнаву олӣ буда, донистани он барои тамоми шаҳрвандон ҳатмӣ мебошад;

– Забони аксарияти рӯзномаву маҷаллаҳо, радиову телевизион низ бояд забони давлатӣ бошад.

Дар Тоҷикистон масъалаҳои забон ва истифодаи он, албатта таърихи даврони шуравӣ дар назар аст, аз рӯзҳои аввали таъсиси ҷумҳурӣ бо такя ба сиёсати забонии Иттиҳоди Шӯравӣ баррасӣ мегардад.

Масалан, дар Қонуни асосии соли 1931 Тоҷикистон, дар моддаи 18 мақом ва нақши забонҳои ҷорӣ дар ин ҷумҳурӣ чунин муқаррар шуда аст: «Забони миллатҳое, ки дар доираи ҶСШ Тоҷикистон ҷойгир шудаанд (забонҳои тоҷик, ӯзбек, туркман, қирғиз, рус ва дигарҳо) аз ҷиҳати ҳуқуқ баробар аст».[4]

Албатта забони тоҷикӣ забони давлатӣ дар ин ҷумҳурӣ эълон нашуда буд. Зеро Тоҷикистон давлати алоҳида набуда, дар дохили давлати ягонаи Иттиҳоди Шӯравӣ қарор дошт ва забони давлатӣ дар ин кишвар забони русӣ буд. Вале он забони расмии коргузорӣ ва «забони имтиёзнок» муқаррар гардид:

«Барои он ки дар ҶСШ Тоҷикистон забони тоҷик аксарияти бузурги забонҳои дигарро ташкил мекунад бинобар он барои гузаронидани корҳо дар идораҳо ва ташкилотҳои давлатӣ, иттифоқи касабавӣ ва иҷтимоӣ, забони тоҷик монанди як забони имтиёзнок эълон карда мешавад»[5]

Чунин бархурд ба забонҳои миллӣ мароми эълоншудаи давлатӣ Шӯравӣ ва ҳадафи сиёсии Ҳизби коммунист дар масъалаи миллӣ буд. Сиёсати забонии давлати Шӯравиро И.В. Сталин дар Анҷумани XIII Ҳизби коммунист чунин эълон карда буд: «Дар тамоми мактабҳо таълим бояд ба забони модарӣ бошад. Забони давлатӣ дар мактабҳои миллатҳои майда танҳо метавонад, ки яке аз дарсҳо бошад ва на ин ки забоне бошад, ки ба он забон талабагони миллатҳои майда бихонанд».[6]

Сиёсати миллии ҳизб аз коммунистҳое, ки ба ҷумҳуриҳои миллӣ барои кор фиристода мешуданд, талаб мекард, ки забони миллии он ҷумҳуриро биомӯзанд. Ҳатто дар сатҳи ҳизбиву давлатӣ тасмими одилонае гирифта шуда буд, ки «аппарати давлатии»онҳо бояд миллӣ карда шавад. Ин маънои онро дошт, ки коргузории давлатӣ низ илова бар илму фарҳанг ва мактабу маориф ба забонҳои миллӣ сурат хоҳад гирифт. Дар ин масъала съезди мазкур аз рӯи маърӯзаи И.В. Сталин чунин қарор қабул карда буд: «Фирқа аз коммунистҳое, ки дар ҷумҳуриятҳои миллӣ кор мекунанд, талаб мекунад, ки забони аҳолии маҳаллиро ёд гиранд ва бо касоне, ки фаҳмида нафаҳмида мухолифи маҳаллӣ сохтани аппарати давлатӣ ҳастанд, мубориза мекунад».[7]

Ба ин муносибат, вақте ки масъалаи лотинонидан дар Тоҷикистон амалӣ мешуд дар «Конференсияи якуми лотинӣ –тоҷикӣ» тақозо шуд, ки «…барои ин ки аврупоиҳое, ки дар хидмати давлати Тоҷикистон мебошанд, забони тоҷикиро биомӯзанд … китобҳои муносиби илмӣ ба алифбои нав бароварда шаванд».[8] Зеро ба ақидаи суханронони сиёсӣ чунин китобу луғатҳо «дар тоҷикӣ кардани аппарати давлатии Ҷумҳурияти Иҷтимоии Шӯрои Мухтори Тоҷикистон ҳам роли қатъиро мебозад».[9]

Бояд гуфт, ки дар он солҳо ин муқаррарот ва пиндорҳои неки сиёсати миллии давлат дар марказ ва ҷумҳуриҳо риоя мешуд ва мардум ҳам ба он эътиқод доштанд ва ҳатто забони маҳаллиро надонистани коркунони ҳизбиву давлатии ғайритоҷикҳо айб мешумориданд. Масалан яке аз хабарнигорони он солҳо чунин навишта буд:

«Дар роюни Саройкамари Қурғонтеппа Кузнетсуф ном шахсе ночолники милитсия ва агенти ҷиноятковӣ мебошад. Чаҳор иштот (штат) ҳам дорад. Вале ҳеҷ як аз онҳо забони маҳаллиро намедонанд.»[10]

Аммотамаркузи шадиди қудрати давлатӣ ва сиёсӣ баъди солҳои 30-юм, афзоиши нақши забони русӣ дар даврони Ҷанги Бузурги Ватанӣ, шиорҳои «Ба ҳам наздикшавии халқҳо ва забонҳои СССР» дар охири солҳои 60-ум, назарияи «дузабонӣ дар СССР» дар солҳои 70 ва аввали 80-уми ва амсоли он заминаи муносиб ва равишу бархӯрди солими сиёсии солҳои аввали 20-умро тахриб карда, боиси таҳриф ва дурӯғбофиҳои ғайриилмӣ дар чунин масъалаи ҳассос ва нозук мисли забон гардиданд, ки имрӯз таъсир ва оқибатҳои сиёсатҳои болоро дар вазъи забони хеш мушоҳида мекунем

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷӯмҳурии Тоҷикистон» баъд аз баррасиҳои тӯлонӣ ниҳоят рӯзи 1 октябри соли 2009 аз тарафи Маҷлиси Намояндагон ва 3 октябри аз тарафи Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид ва он 5-октябри соли 2009 аз тарафи Президенти кишвар имзо шуд. Ин рӯйдоди муҳим марҳилаи беш аз бистсолаи татбиқи Қонуни забонро, ки ҳанӯз дар давраи Иттиҳоди Шӯравӣ 22-юми июли соли 1989 қабул гардида буд, ҷамъбаст намуд. Албатта, ин марҳилаи рушду инкишофи забони тоҷикӣ ҳамчун забони давлатӣ таҳқиқу баррасиҳои амиқи илмиро мехоҳад. Вале бо итминони комил метавон гуфт, ки Қонуни забон рисолати таърихии худро иҷро кард ва барои ба забони давлатӣ табдил ёфтани забони модарии мо хидмати бузургеро анҷом дод.

Албатта, ба ҳамагон маълум аст, ки забон ҳамчун нахустунсури ваҳдати миллӣ, сарвати бебаҳои фарҳангӣ, яке аз шохисҳои асосӣ-шиносномаест, ки дар ҷаҳон миллатҳоро пеш аз ҳама ба воситаи он мешиносанд. Осори тамаддун ва фарҳанги чандинҳазорсолаи мардуми мо ба воситаи ин забон ба ганҷинаи фарҳангу тамаддуни умумибашарӣ дохил мешавад. Бинобар ин дар шароити имрӯза забон яке аз унсурҳои асосии ҳифзи ҳувияти миллӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ буда, ҳифзу ҳимоя ва нигаҳдории он на танҳо вазифаи мақомоти давлатӣ, балки вазифаи ҳар як шаҳрванди ҷумҳурӣ аст.

Имрӯз ҷаҳонишавӣ на танҳо соҳибони забонҳои миллии кишварҳои ҷаҳони сеюм, балки забонҳои пурқудрате мисли забони русӣ, забони франсавӣ ва ғайраро ба ташвиш овардааст. Агар аз як тараф ҷаҳонишавӣ халқҳои ҷаҳонро ба дастовардҳои фановарии имрӯз ошно созад, аз тарафи дигар бо роҳи ворид кардани истилоҳоти бегона, махсусан истилоҳоти англо-америкоӣ ба забон ва фарҳанги онҳо таҳдид мекунад.

Акнун Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» тавре ки аз ном ва моҳияти он ҳувайдост «…вазъи ҳуқуқии забони давлатиро муайян ва истифодаи онро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим менамояд». Аз ин лиҳоз имрӯз дар шароити ҷаҳонишавӣ забони давлатии мо-забони тоҷикӣ ҳам ба ғамхориву пуштибонии давлатӣ ниёз дорад. Ин масъаларо метавон ба таври фишурда ба шакли зерин тарҳрезӣ кард:

1. Забони тоҷикӣ ҳамчун забони миллӣ, забони модарии мардуми тоҷик асос ва пояи фарҳанги маънавӣ ва адабии миллат; забон ва ҳусни баён;

2. Забони тоҷикӣ ва забони давлатӣ, муносибати забони давлатӣ бо забони давлатҳои дигар, сиёсати давлат нисбат ба забони тоҷикӣ;

3. Забони тоҷикӣ дар сатҳи байналмилалӣ, тарғибу ташвиқи он дар арсаи байналмилалӣ, забони тоҷикӣ ва форсизабонони дунё, забони тоҷикӣ ва истифодаи он дар кишварҳои дигари ҷаҳон;

4. Забони давлатӣ ва истифодаи он дар матбуоти даврӣ. Риояи меъёрҳои имлои забони адабӣ дар матбуоти кишвар.

5. Тадқиқот ва пажӯҳишҳои илмӣ дар бораи забони тоҷикӣ.

6. Забони тоҷикӣ дар риштаи маориф, макотиби миёна ва олӣ ва омӯзишу тадриси марҳила ба марҳилаи он дар низоми маориф.

Дар Тоҷикистони соҳибистиқлол сиёсати забонии давлати мо дар асоси меъёрҳои қонунгузории байналмилалӣ тарҳрезӣ шуда он аз се сатҳи қонунгузорӣ иборат аст:

1. Сатҳи конститутсионӣ. Дар Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон меъёри асосии нормативии сиёсати забони давлати Тоҷикистон дар шакли зерин сабт шудааст: «Моддаи 2. Забони давлатии Тоҷикистон забони тоҷикӣ аст.

Забони русӣ ҳамчун забони муоширати байни миллатҳо амал мекунад.

Ҳамаи миллатҳо ва халқиятҳое, ки дар ҳудуди ҷумҳурӣ зиндагӣ мекунанд, ҳақ доранд аз забони модариашон озодона истифода кунанд».

2. Сатҳи қонунгузорӣ. Барои иҷрои моддаҳо ва бандҳои алоҳидаи Қонуни асосӣ қонунҳо ва санадҳои меъёрии қонунӣ аз тарафи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул мешаванд, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» яке аз ҳамин гуна санади меъёрии қонунгузорист, ки дар моддаи 2 ин қонун чунин гуфта шудааст: «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат аст».

3. Сатҳи санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ. Ба санаду ҳуҷҷатҳои ин сатҳ Қарору тадбирҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил мешавад, ки Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз 2 декабри соли 2003 (№508) «Дар бораи тасдиқи Барномаи давлатии такмили тадрис ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ» яке аз ин гуна санадҳост. Дар ин қарор масъалаҳои ба таври васеъ ба роҳ мондани таълими забони русӣ ва англисӣ дар муассисаҳои таълимии Тоҷикистон танзим шудааст.

Ин гуна меъёрҳои қонунии танзими муносибатҳои забонӣ дар аксари қонунгузориҳои давлатҳои ҷаҳон Россия, Британияи Кабир, Фаронса, Хитой, Исроил, Ҳиндустон, кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, кишварҳои арабӣ пешбинӣ шудааст. Масалан, дар Федератсияи Россия се сатҳи қонунгузорӣ оид ба забон вуҷуд дорад:

1. Меъёрҳои конститутсионӣ;

2. Қонунгузории федеролӣ:

а) «Дар бораи забонҳои халқҳои Федератсияи Россия» (1991);

б) «Дар бораи забони русӣ ҳамчун забони давлатии Федератсияи Россия»;

3. Қонунгузории минтақавӣ, ки мувофиқи он 21 ҷумҳуриҳои мухтор забони давлатӣ доранд ва дар баробари забони русӣ забонҳои миллии худро давлатӣ эълон кардаанд.

Забони русӣ на дар давраи империя ва на дар давраи Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шӯравӣ Сотсиалистӣ забони давлатӣ эълон нашуда буд, танҳо дар соли 1991 бо қабул шудани қонун «Дар бораи забонҳои Федератсияи Россия» забони русӣ мақоми давлатӣ гирифт.

Вазъияти забони тоҷикӣ ва истифодаи он ҳамчун забони давлатӣ дар ҳоле, ки имрӯз аз хусусиятҳои догматикии истифодаи он дар даврони Шӯравӣ озод шуда, ягон монеаи сиёсӣ ва идорӣ барои рушди табии он вуҷуд надорад, нигаронкунанда аст. Махсусан, масъалаҳои риояи забони меъёр ва имлои он дар матбуот, одӣ ва омиёна гардидани он, истифодаи номавзуни калимаҳои иқтибосии аврупоӣ, ки акнун аз забони англисӣ зери таъсири ҷаҳонишавӣ ворид шуда истодаанд, сатҳи пасти забономӯзӣ дар марказҳои омӯзишӣ аз макотиби миёна то сатҳи боло аз масъалаҳое мебошанд, ки имрӯз бояд бо фаъолияти дастаҷамъӣ ҳал шаванд. Барои ҳамин дар қонуни кунунӣ масъалаи ҳимояи забон яке аз масъалаҳои асосӣ шудааст.

Дар ин Қонун масъалаҳои ҳифзу нигаҳдории забони тоҷикӣ, истифодаи он дар тамоми соҳаҳои ҳайёти сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, риояи ҳатмии меъёрҳои забони адабӣ ва бисёре аз масъалаҳои муҳими дигар, ки барои инкишофи забони тоҷикӣ ҳамчун забони давлатӣ дар солҳои оянда пояҳои ҳуқуқии бунёдӣ таъмин менамояд, дарҷ шудааст. Моддаи сеюми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки «Забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» номгузорӣ шудааст, ба ин масъалаҳо бахшида шуда, моҳиятан онҳоро мушаххас кардааст, ки дар Қонуни пешин дида намешуд. Банди сеюми ин модда чунин аст: «Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода, ҳимоя ва рушди забони давлатиро таъмин менамояд».

Масъалаи ҳимоя ва ҳифзу нигаҳдории забони давлатӣ дар санадҳои меъёрии байналмилалӣ ва қонунҳое, ки дар кишварҳои дигар оид ба забони давлатӣ қабул шудаанд, ҷойи асосиро ишғол менамояд ва дар аксари қонунҳои забони кишварҳои ҷаҳон он дар мадди аввали таваҷҷуҳ қарор дорад. Масалан, дар Қонуни Ҷумҳурии Полша(Лаҳистон) «Оид ба забони поландӣ (лаҳистонӣ)» дар моддаи сеюм қисми 1 чунин гуфта шудааст: « Ҳимояи забони лаҳистонӣ чунин унсурҳоро дар бар мегирад: 1. Ғамхорӣ дар бораи истифодаи дуруст ва ба таври мукаммал донистани он аз тарафи истифодабарандагон ва инчунин таъмини шароит барои рушди минбаъдаи забон ҳамчун василаи муоширати байни мардум; 2. Монеагузорӣ бар зидди омиёна ва дағал шудани забон; 3. Тавсеаи донишандӯзӣ дар бораи забон ва нақши он дар фарҳанги лаҳистонӣ; 4. Муносибати боэҳтиромона ба забону гӯишҳои минтақавӣ ва мамониат кардан ба нобудшавии онҳо; 5. Интишори забони лаҳистонӣ дар саросари ҷаҳон; 6. Пуштибони аз омӯзиши забони лаҳистонӣ дар кишвар ва хориҷ аз он».[11] Шоёни таҳсин аст, ки дар моддаи сеи Қонуни нави Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи забони давлатӣ тамоми ин талаботҳое, ки ба истифода, ҳимоя, нигаҳдорӣ, рушд ва инкишофи забони давлатӣ бахшида шудаанд, матраҳ шудааст, ки ба меъёрҳои байналмилалӣ мувофиқ будани ин бахши Қонунро нишон медиҳад.

Яке аз масъалаҳои бисёр муҳим дар сарнавишти забон масъалаи риояи меъёрҳои забони адабӣ ва поку беолоиш нигоҳ доштани забони модарӣ аст. Дар ин Қонун банди 6-и моддаи се ба ҳамин масъала бахшида шудааст: «Ҳангоми истифодаи забони давлатӣ риояи муқаррароти қоидаҳои имлои забони адабӣ ҳатмӣ мебошад».Тавре ки ба ҳамагон маълум аст, имрӯз дар навиштаҳои забони тоҷикӣ ва махсусан дар бахши риояи имлои забони адабӣ ҳарҷу марҷ ҳукмфармост ва хусусан матбуоти имрӯзаи Тоҷикистон (бештар матбуоти хусусӣ ва ҷамъиятӣ) меъёрҳои имлои забони адабиро риоя намекунанд. Фикр мекунам, ки бо қабули ин қонун пеши роҳи ин хилофкориҳо гирифта хоҳад шуд.

Баъд аз қабули қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои татбиқи босамари он бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Кумитаи забон ва истилоҳот таъсис ёфт, ки 30-октябри соли 2009 дар ин бора қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расид. Таъсиси ин кумита барои татбиқи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» инкишофи минбаъдаи забони давлатӣ, махсусан, ба як низоми муайян даровардани истилоҳоти забони тоҷикӣ, ба забони илмӣ табдил додани забон, назорати риояи имлои забон ва бисёр масъалаҳои дигари вобаста ба истифода, нигоҳдорӣ, ҳимоя ва рушду густариши забони модарии мо нақши муҳимме хоҳад дошт. Дар баробари назорати татбиқи Қонуни забон, барои ба роҳ мондани иҷрои вазифаҳои иҷтимоии забони давлатӣ, муайян кардани муносибатҳои забони давлатӣ бо забонҳои дигар яке аз вазифаҳои асосии ин Кумитаи навтаъсис таҳия ва тасдиқ кардани «Усулҳои асосии истилоҳоти забони тоҷикӣ» мебошад, ки барои ҳамгунсозӣ ва стандарт кардани истилоҳоти забон, истифодаи яксони онҳо дар ҷомеа аҳамияти бузурге дорад. Ҳанӯз дар номаи табрикии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи забон дар соли 2003 қайд шуда буд, ки «Имрӯз мо ба услуби илмӣ, забони суфтаю шево ва оммафаҳми матбуот, забони коргузории устувор, истилоҳоти ягонаи соҳаҳо, луғатҳои тафсирии якзабона, дузабона, имлои нисбатан возеҳу ба меъёрҳои забонамон хос эҳтиёҷ дорем, то ки низоми бомароми рушди забон таъмин гардад ва ба густариши минбаъдаи он дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа замина гузорад».

Имрӯз, тавре ки мо мушоҳида мекунем, дар баробари рушди бемайлонаи забони тоҷикӣ ҳамчун забони давлатӣ бо қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикитсон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва таъсиси Кумитаи забон ва истилоҳот асосҳои ҳуқуқиву меъёрӣ ва сиёсиву иҷтимоӣ низ барои инкишофи ояндаи забони модарии мо гузошта мешавад.

  1.  Краткий этимологический словарь, М., 1994, с. 98
  2.  Ҳамин китоб, с.95
  3.  Ниг. Решение национально-языковых вопросов в современном мире, М-СП(б), 2003, с.419-425.
  4.  Қонуни асосии (Конститутсияи) Ҷумҳурии Сусиёлистии Шӯроии Тоҷикистон. Сталинобод, 1931, с. 6-7.
  5.  Ҳамон ҷо.
  6.  Броний В., Золкина Е. ва Ванне М. Алифбои ленинизм.(Китоби сиёсӣ барои Шарқи Шӯроӣ), Москва, 1928, с.124.
  7.  Ҳамин китоб, с.124
  8.  Тоҷикистони Сурх, №172, 8 декабри соли 1929
  9.  Ҳамин рӯзнома
  10.  Ҳамин рӯзнома
  11.  Ниг. Решение национально-языковых вопросов в современном мире, М-СП(б), 2003, с.419-425.
0 Загрузки
test

Добавить комментарий