Суханро қудрати ҷонофарин бояд

Мафҳуми истилоҳ ва истилоҳсозӣ ба тараққиёти босуръати сохтори иқтисодиву иҷтимоии ҷомеа, ба забони илм шудани забонҳои миллӣ ва махсусан раванди саросарӣ гирифтани пешрафти илму техника батадриҷ аз маънову моҳияти собиқа озод шуда, хусусияти илмиву фарҳангии нав пайдо мекунад. Аслан истилоҳофаринӣ дар кишварҳои мухталиф бо роҳу равишҳои хос сурат мегирад. Вале моҳияти он дар тамоми забонҳои ҷаҳонӣ ва миллӣ асосан бо ду роҳ таҳаққуқ мепазирад.

Яке роҳест, ки ба кишварҳои пешрафтаи саноатии ҷаҳон хос аст. Бо рушду тавсеаи низоми иҷтимоӣ, иқтисод ва фарҳанг дар кишварҳои саноатӣ ва пешрафта вазифаи истилоҳсозӣ асосан аз стандарт намудани калимаву истилоҳот ва ба ҳамин тариқ ба як системаи муайяни компютериву мошинӣ мувофиқ кардани низоми калимасозиву вожашиносии забон иборат аст. Ба ибораи дигар, забони ин кишварҳо ба низоми компутарӣ мутобиқ шуда аз лиҳози сохтор, тартиб ва навъбандии истилоҳот ҷавобгӯи пешрафти илмиву техникӣ мегардад. Ин равия акнун дар ҷомеаи башарӣ хусусияти сартосарӣ пайдо карда тавассути «интернет» ба тамоми ҷаҳон интишор меёбад ва авлавияти бештаре пайдо мекунад.

Вале дар кишварҳои рӯ ба инкишоф, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон шомили ин гурӯҳ аст, равиши дигари истилоҳофаринӣ бештар қобили қабул ва истифода аст. Дар кишвари мо истилоҳофаринӣ ва вожасозӣ асосан бо роҳи барои истилоҳҳои бегона пайдо кардани муродифҳои тоҷикӣ пеш рафта истодааст, ки он барои на танҳо кишварҳои рӯ ба инкишоф, балки барои мамлакатҳои сармоядории мутавассит низ хос аст. Ин равия ҳам дар асл бахше аз истилоҳофаринии ҷаҳониро, вале фақат бо маҳдудаи камтар дар бар мегирад. Бинобар ин дар забони тоҷикӣ бояд ҳарчи зудтар аз ин маҳдуда хориҷ ва майдони истилоҳсозӣ ва вожасозиро фаррохтар намоем ва бад-ин васила дар пешрафти илмиву фарҳангии Тоҷикистон нақш бигузорем.

Истилоҳот ва истилоҳсозӣ дар забоншиносии муосир яке аз бахшҳои асосии илми вожашиносӣ (лексикология) гардидааст. Беҳуда нест, ки дар риштаи омӯзиш ва баррасии худи илм ё ба истилоҳи дигар илмшиносӣ дар маҳфилҳо ва симпозиумҳои байналмилалӣ пажӯҳиши вожагон ва таъсири он ба илм ва барномарезии илмӣ мавриди баҳсҳои амиқе қарор гирифтааст. Вале, мутаассифона, то ҳанӯз дар ҷомеаи мо аҳамияти истилоҳ ва истилоҳсозӣ ба дараҷаи кофӣ дарк нашудааст ва тавре ки қаблан зикр намудем, дар марҳилаи ибтидоии вожасозиву истилоҳофаринӣ қарор дорем. Харҷу марҷ дар истифодаи истилоҳ, гуногунрангии интихоби вожаҳо дар навишти асарҳои илмӣ, риоя нагардидани ҳамгунии истилоҳот ва аз ҳад зиёд будани истилоҳоти бегона дар забон исботи гуфтаҳои болост.

Бинобар ин мо бояд дар истилоҳсозӣ равиши илмии байналмилалиро қабул карда, ҳарчи зудтар барои ба забони умумӣ ва илмӣ табдил ёфтани забони тоҷикӣ мусоидат намоем.

Қабули Қонуни забон дар соли 1989 аз тарафи Шӯрои Олӣ як давраи мукаммали бедории миллии мардуми тоҷикро, ки аз ибтидои солҳои 80-ум оғоз шуда буд, ҷамъбаст намуд. Ин марҳилаи такомули забони тоҷикӣ аввал худ ба худ ва ба таври номуташаккил аз тарафи рӯзноманигорон шурӯъ гардид. Дар матбуот ва радиову телевизион босуръат ба ҷои калимаҳову ибораҳо ва истилоҳоти русиву интернатсионалӣ вожаҳои ноби форсии тоҷикӣ мавриди истифода қарор гирифтанд. Ин иқдоми рӯзноманигорон ва равшанфикрон албатта сабабҳои айниву зеҳнӣ дошт. Сабабҳои онро метавон озодии нисбатан муътадили изҳори ақида, бедории фикрӣ ва натиҷаи сиёсати бозсозӣ ва демократикунонии ҷомеа дар он давра шумурд. Дар натиҷаи вориди барқосои калима, вожа ва таркибҳои нав забони матбуоти кишвар рӯ ба тағйирот овард, ки ба баҳсҳои доманадоре сари масъалаи роҳҳои инкишофи забон ва истилоҳот оварда расонд. Ниҳоят 22 июли соли 1989 Қонуни Забон қабул ва забони тоҷикӣ (форсӣ) дар қаламрави Тоҷикистон забони давлатӣ эълон гардид.

Барои татбиқи Қонуни забон ва гузариш ба забони давлатӣ дар коргузории расмӣ зарурати таҳия ва такмили истилоҳот ба миён омад. Ҳамин тариқ 12 сентябри соли 1990 дар назди Академияи илмҳои Тоҷикистон бо фармоиши Шӯрои вазирон таҳти рақами 314 Кумитаи ҷумҳурии ислоҳот таъсис ёфт.

Мақсади асосии истилоҳсозӣ ва вожагузинӣ ба вуҷуд овардани забони илм ва меъёр (адабӣ) аст. Агар ба ин масъала дурусттар назар шавад, маълум мегардад, ки имрӯз забони тоҷикӣ дар ҳолати ногуворе қарор дорад. Қабл аз ҳама, забони форсии тоҷикӣ на танҳо забони илм нагардидааст, балки дар он низоми ибтидоии истилоҳсозӣ дар шакли стандарт то ба ҳол танзим нашудааст. Истилоҳоти баъзе соҳаҳои илм (адабиётшиносӣ, забоншиносии тоҷик, тиб) ба қадри ҳол дар забони илмӣ истифода мешавад, вале онҳо ҳам дар шакли номукаммал ва номуназзам вуҷуд доранду халос. Ба фикри мо, истилоҳот ва вожаҳои ҳамин риштаҳоро метавон бо роҳу равиши илмӣ стандарт намуд. Истилоҳоти соҳаҳои дигар (илмҳои дақиқ, физик, кимиё, риёзиёт, ҳандаса, аксари истилоҳоти риштаҳои саноат, кишоварзӣ ва ғайра) дар ибтидои танзим шудан ҳастанд. Луғату фарҳангҳое, ки имрӯз бе тартиб чоп мешаванд, аз назари як муассисаи марказӣ намегузаранд ва бад-ин минвол дар истилоҳсозӣ ва вожагузинӣ харҷу марҷ бунёд мекунанд.

Вазифаҳои асосии Кумитаи истилоҳот таҳия кардани истилоҳоти илмӣ барои тамоми соҳаҳои ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷумҳурӣ, таҳия, таҳрир ва чоп кардани фарҳангу ҳуҷҷатҳои истилоҳии соҳавӣ, ҷорӣ кардани забони тоҷикӣ дар коргузории расмии идораву вазоратхонаҳо ва бад-ин васила татбиқ ва иҷрои Қонуни забон мебошад. Албатта, таъсиси Кумитаи истилоҳот ва ба дараҷаи ҷумҳуриявӣ баланд бардоштани мақоми ҳуқуқии он талаби замон аст. Тоҷикистон, ки акнун ба истиқлол расидааст, ба тадвин ва такмили истилоҳоти забони тоҷикии ҳама соҳаҳои илм эҳтиёҷу ниёзи ҷиддӣ дорад. Зеро бо мурури замон ин кор дар гузашта, мутаассифона, чунон ки мебояд, бо сабабҳои маълум ба роҳ монда нашуда буд. Ҳоло зарур аст, ки таърихи ташаккули истилоҳоти забони тоҷикӣ аз аҳди Сомониён то ба ҳол ҷиддан омӯхта шавад, истилоҳоти кунунии забони тоҷикӣ бо истилоҳоти илмии форсии Эрону Афғонистон (форсӣ ва дарӣ) муқобалаву муқоиса ва ҳамгун гардад ва бо ин васила луғатҳои истилоҳии соҳаҳои гуногуни илм ба вуҷуд оварда шаванд. Ин амал як омили муҳими такмил ва равнақи бесобиқаи забони ҳозираи тоҷикӣ мегардад.

Аз рӯзҳои аввали таъсиси кумита таҳия, таҳрир ва ба чоп расонидани луғатҳои соҳавӣ ва таҳияву тадвини истилоҳоти коргузорӣ аз самтҳои асосии фаъолияти он гардид. Истилоҳоти коргузории аксари вазоратхонаву идораҳо, ки мувофиқи қарорҳои ҳукумат ба Кумитаи истилоҳот фиристода мешуданд, пурра тартиб ва таҳия гардид, то ин ки истифодаи забони давлатӣ дар коргузории идораҳо имконпазир гардад. То кунун Кумитаи истилоҳот ин корро идома медиҳад ва дар ин ҷода ба дастовардҳои назаррас ноил шудааст.

Аз ибтидои фаъолияти Кумитаи истилоҳот луғат ва фарҳангҳои зиёде, аз қабили «Фарҳанги мухтасари алоқа: мафҳумҳои асосӣ» (таҳияи Н. Абдуллоев), «Луғати русӣ-тоҷикии истилоҳоти савдо» (Мирзоев Я. Ва дигарон). «Фарҳанги мухтасари истилоҳоти коргузорӣ» (С.Назарзода), «Фарҳанги истилоҳоти масолеҳи иншооти обёрӣ (русӣ-тоҷикӣ)», (мураттиб, равоншод Д. Асрорӣ) «Асноди додрасии тафтишоти пешакӣ», (мураттибон М. Аслам, С. Назарзодв, Х.Қаҳҳор), «Фарҳанги истилоҳоти байналмилалии бонкдорӣ», (таълифи Ш.Раҳимов ва диг.) «Фарҳанги мухтасари иқтисодии русӣ ба тоҷикӣ (таълифи Ҳ.Ёрзод) «Луғати истилоҳоти иқтисодӣ (русӣ-тоҷикӣ) таълифи Ҳабибов С. ва дигарон ва ғайра таҳия, таҳрир ва чоп шуданд.

То ба ҳол зиёда аз 20 луғату фарҳангҳои дузабонаи русӣ ба тоҷикӣ аз тарафи кормандони кумита таҳия ва таҳрир шуда ба чоп тавсия шудаанд. Дар сурати чоп шудани ин луғатҳо истифодаи забони тоҷикӣ дар соҳаҳои гуногуни ҷомеаи Тоҷикистон беҳтар хоҳад шуд. Дар тоҷикӣ кардани истилоҳоти соҳаи ҳарбӣ низ пешравиҳо назаррас аст. Хуб аст, ки дар ин ҷода худи Ҳукумати Тоҷикистон, Вазорати мудофиа ва Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният ташаббус зоҳир мекунанд. Бо ибтикор ва ташаббуси Маркази тадқиқоти ҳарбии Вазорати мудофиа (полковник Самиев А.) ва дастгирии бевоситаи Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковник Ш. Хайруллоев «Луғати ҳарбӣ» ва оинномаҳои қувваҳои мусаллаҳ таҳия ва ба чоп тавсия гардид. Дар таҳрир ва ба чоп тавсия намудани онҳо нақши Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ мудофиа ва амният ва хусусан намояндаи халқ муҳтарам Абдулло Ҳабибов назаррас аст. Бо чопи ин корҳо ва паҳн намудани онҳо дар қувваҳои мусаллаҳ ва сохторҳои низомии ҷумҳурӣ масъалаи ҷорӣ кардани забони давлатӣ ва татбиқи Қонуни забон дар ин сохторҳо моҳиятан дигаргун ва хеле беҳтар хоҳад шуд.

Мувофиқи қонунҳои ҷорӣ дар Тоҷикистон Кумитаи истилоҳот сохтор ва мақоми болотарини таҳия ва тасдиқи истилоҳот мебошад. Яъне дар таҳрир ва тасдиқи фарҳангҳои гуногуни истилоҳӣ, корбасти номҳо ва унвонҳои идораву корхонаҷот Кумитаи истилоҳот масъулияти ниҳоӣ дорад. Дигар муассисаҳое, ки ба ин кор, яъне ба кори истилоҳсозӣ машғул мешаванд, бояд пешниҳоди худро мабнӣ бар таҳия ва баррасии истилоҳот барои тасдиқи ниҳоӣ ба Кумитаи истилоҳот фиристанд. Тақрибан ин кор чунин сурат мегирад, ки идораҳои мухталиф, аз қабили донишгоҳҳо, донишкадаҳо, муассисаҳои таълимӣ, вазоратхонаҳо ва ғайра, дар муассисаҳо ва шуъбаҳои хеш гурӯҳҳои корӣ барои таҳияи фарҳангҳои истилоҳии дузабона ва баргардони истилоҳоти соҳавӣ ва ҳамчунин ҷорӣ кардани забони тоҷикӣ дар коргузориву дафтардорӣ ташкил мекунанд. Ин гурӯҳҳо натиҷаи фаъолияти худро дар риштаи истилоҳсозӣ ва ҷамъоварии вожаҳо дар шакли ҷузв ва ё фарҳангҳои истилоҳӣ барои таҳриру баррасӣ ва тасдиқ ба Кумитаи истилоҳот ирсол медоранд. Кумитаи истилоҳот дар навбати худ ин пешниҳодҳоро дар шуъбаҳои соҳавии хеш баррасӣ намуда, сипас онро барои тасдиқ ба шӯрои илмӣ арза медорад, ки ин кор низ марҳилаву табақабандии расмӣ дорад.

Масъала дар он аст, ки барои ҳарчи зудтар ва хубтару самарабахштар ба роҳ мондани кори истилоҳсозӣ бояд пеш аз ҳама аз боло то поён дар идораву муассисаҳо ин корро зина ба зина ба роҳ монда, фаъолияти гурӯҳҳои истилоҳсозро ба ҳам пайванд намудан зарур аст.

Хулоса, истилоҳофаринӣ ҳам мисли дигар риштаҳои касбу кор тайёриву омодагии махсус мехоҳад. Истилоҳот ва баррасии амиқи онҳо дар пешрафт ва густариши забони миллӣ ва рушду камоли миллат аҳамияту арзиши босазо дорад.

Кормандони Кумитаи истилоҳот ба ғайр аз корҳои илмиву амалӣ, ки мустақиман ба фаъолияти кумита алоқаманданд, барномаҳои илмиву тадқиқотии хешро низ фаъолона анҷом медиҳанд. Натиҷаи ин гуна фаъолиятҳо таҳия ва чопи асарҳое, аз қабили «Хуросон аст ин ҷо» (бо хатти форсӣ ва сириллик), (муаллиф М. Шакурӣ, «Саргузашти Исмоили Сомонӣ» (муаллиф М. Султон), «Истиқлол ва худшиносии иҷтимоиву маънавӣ» (муаллиф М. Шакурӣ), «Аҷоиб-ул-махлуқот» ва вожашиносии таърихии форсӣ-тоҷикӣ (С. Назарзода) мебошад.

Дар муддати фаъолияти беш аз даҳсола Кумитаи истилоҳоти Ҷумҳурии Тоҷикистон равишҳо ва авлавиятҳои муайяне дар фаъолияти истилоҳгузинӣ пайдо шудааст. Яке аз онҳо муайян кардани сарчашмаҳо ва манбаъҳои истилоҳсозӣ аст, ки чунин гурӯҳбандӣ шудааст. Истифодаи мероси бою гаронбаҳои давраи классикии адабиёти форсу тоҷик, такя бар имконот ва захираҳои дохилии забони тоҷикӣ, истифодаи таҷрибаи истилоҳофаринӣ ва вожагузинӣ дар ҷаҳон ва махсусан кишварҳои ҳамзабони Эрону Афғонистон.

Пайдо кардани баробарниҳодаҳои форсии тоҷикӣ барои вожаҳои иқтибосӣ аз забонҳои бегона, инчунин талаб мекунад, ки мафҳум ва моҳияти худи истилоҳот муайян гардад.

Мафҳум ва моҳияти истилоҳот бояд бо басомади як истилоҳ (чандмаъноӣ) ва ё ифодаи як маъно бо чанд истилоҳ (чандвожаӣ) таъин шавад. Масалан, дар сурати таҳияи як вожаномаи русӣ-тоҷикӣ ва ё тоҷикӣ ба русӣ дар баробари як мафҳум, ки бо як ё чанд вожаи русӣ ифода мешавад, бояд кӯшиш кард, ки як баробарниҳодаи тоҷикӣ гузошта шавад. Барои интихоби як истилоҳи тоҷикӣ мафҳум ва маънои он бояд ҳадди аксар маълум гардад, яъне таъриф ва тафсири мафҳум оварда шавад.

Таъриф ва тафсири маънои мафҳум низ ба таври мухтасар, фаҳмо ва равшан бошад, ки дар сурати пайдо накардани баробарниҳодаи тоҷикӣ ба ҷои ин истилоҳ тафсир ва ё таърифи он гузошта шавад. Беҳтар аст, ки ин таъриф хусусияти ибораӣ дошта бошад ва ҳатман ба забони тоҷикӣ (на бо роҳи тарҷума аз забони русӣ) таҳия шавад.

Агар дар таърифи мафҳум фарқ байни мафҳуми истилоҳи русӣ ё байналмилалӣ ва мафҳуми вожаи тоҷикӣ пайдо шавад, бояд ин фарқиятҳо мушаххас ва ба таври алоҳида тафсир гардад.

Ба хотири татбиқи ҳарчи хубтари Қонуни забон ва ҷорӣ кардани забони давлатӣ дар коргузории расмӣ Кумитаи истилоҳот пешниҳоди чунин тадбирҳоро лозим медонад:

Тамоми истилоҳоти қонунҳо, қарорҳо, фармонҳо ва дигар ҳуҷчатҳои расмӣ бояд бо ширкати мутахассисони Кумитаи истилоҳот тартиб дода шаванд ва аз тасдиқи кумита гузаранд.

Номгузории идораҳо, муассисаҳо, ноҳия, колхозу совхозҳо ва ғайра бо маслиҳат ва ризоияти Кумитаи истилоҳот сурат бигирад. Ё ин, ки номгузориро дар як муассисаи махсус марказият додан лозим аст. Номгузории худсарона ва хилофи қоидаҳои забонро пешгирӣ кардан лозим аст. Тамомии асноду дастурҳо ва фармону супоришҳои вазорату кумитаҳо бояд ба забони давлатӣ таҳия шаванд. Барои таҳияи истилоҳот ва ба роҳ мондани коргузории онҳо ба забони давлатӣ имконият фароҳам оварда, аз онҳо қаблан талаб шавад, ки барои ба сатҳи баланд анҷом ёфтани коргузорӣ ба забони тоҷикӣ ҷиҳати гирифтани дастурҳо ба Кумитаи истилоҳот муроҷиат намоянд.

Дар охир ҳаминро гуфтаниам, ки кормандони Кумитаи истилоҳот ба шароити душвори иқтисодиву иҷтимоӣ нигоҳ накарда, дар иҷрои вазифаҳои хеш бобати татбиқи қонуни Забон, таҳияи луғатҳои истилоҳии соҳавӣ ва барномаҳои илмиву тадқиқотӣ корҳои зиёдеро анҷом доданд ва минбаъд низ анҷом хоҳанд дод.

0 Загрузки
add

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.