Главная / Фанни Забони точики / Тоҷик: қавм, сарзамин ва забон

Тоҷик: қавм, сарзамин ва забон

Масъалаи қавми тоҷик ва забони он ба масъалаи таърихи қавмҳои эронӣ, пайдо ва густариши қавмҳои ориёӣ, ватану насаби онҳо сахт алоқаманд аст. Бинобар ин, ҷустани решаи калимаи «тоҷик» дар матнҳои бостонӣ аз аҳамият холӣ нест. Ин мавзӯъ дар солҳои охир на танҳо дар илми забоншиносӣ, балки дар дигар риштаҳо низ аҳамият пайдо кардааст. Албатта, дар баррасии ин масъала бояд ду нуктаро ба эътибор гирифт. Яке нақлу тафсирҳои ривоятҳои қадимӣ ва дигаре пажӯҳиши илмии ин мавзӯъ дар матнҳои бостонӣ.

Бидуни тардид ҷиҳати пайдо намудани маъхазҳои муътамад ва таъини сарнавишти ин ё он ном таҳқиқот ва пажӯҳиши муфассалу дақиқ лозим аст, ба вижа барои номвожае чун вожаи «тоҷик», ки аз қаъри таърих сарчашма мегирад ва дар давраҳои тӯлонии таърихи инкишофи халқҳои ориёӣ тағйири суративу сирати дидааст. Вале дар бозмондаҳои осори ақвоми эронӣ, ки то ин дам ба мо расидаанд, ба таври возеҳу равшан дар бораи қавми тоҷик ва забони он мадраку далели мушаххас боқӣ намондааст ва яке аз иллатҳое, ки ба гуногунандешии донишмандон сари ин масъала боис шудааст, маҳз ҳамин аст.

Устод Садриддин Айнӣ дар мақолаи худ «Маънои калимаи тоҷик» шаклҳои навишти калимаи «тоҷик»-ро овардааст. Дар аввал ин калима дар шакли «тожик», «тажик», «тажак», «тозик», «тозак» ва баъдан дар шакли «тоҷик» вомехӯрад. Бисёре аз муҳаққиқон номи қавми «тоҷик»-ро ба тотҳо марбут медонанд, ки бо ин ном то ба ҳол яке аз халқиятхои эронитабор дар Қафқоз ёд мешавад. Таҳқиқи муфассале, ки дар бораи вожаи «тоҷик» анҷом шудааст, ба қалами доктор Саидмуҳаммад Дабири Сиёқӣ тааллуқ дорад. Ӯ дар мақолаи худ бо номи «Тот ва Тоҷику Тозик» аз 98 манбаъ ва маъхазу сарчашмаҳои таърихии давраи исломӣ маълумот ҷамъоварӣ кардааст, ки қадимитарини он девони «Луғот ут-Турк»- и Маҳмуди Кошғарӣ буда дар охири асри ёздаҳ таҳия шудааст.

Дар манобеъи гуногун маъноҳои мухталифи калимаи «тоҷик» оварда шудааст. Бархе аз муҳаққиқон пайдоиши ин калимаро ба қабилаи араби «Той» ё «Тай» марбут медонанд. Дигарон, ки аксариятро ташкил медиҳанд, онро ба «тоҷ» ба маънии «тоҷдор» мансуб медонанд. Вале мақсади навиштаи мо, пеш аз ҳама аз рӯи сарчашмаҳои таърихӣ муайян кардани хусусиятҳои қавмӣ, ҷуғрофӣ ва забониро ифода кардани вожаи «тоҷик» аст.

Истилоҳи «тоҷик» пеш аз ҳама мафҳуми қавми ориёиро ифода мекунад, вале дар маъхазҳои таърихӣ ба маънои кишвар, вилоят ва забон ҳам омадааст. Аксари муҳаққиқони ин вожа таъкид карданд, ки гӯё истифодаи вожаи тоҷик бештар ба маънои қавм раҳоварди асри XI-и мелодӣ мебошад, ки бештар аз тарафи туркҳо барои қавмҳои мусулмоншудаи эронӣ истифода шудааст. Вале дар бораи корбурди вожаи «тоҷик» дар давраҳои пеш аз ислом муҳаққиқон борҳо ишора кардаанд, ки ин аз назари пажӯҳишгарони эронӣ нисбатан дур мондааст ва бештар ба минтақаи Шарқи Дур, Муғулистон, Хитой, Тибет, Ҳиндустон ва қабилаҳои туркӣ дахл дорад, чунки аксари ин халқу қавмҳо ба воситаи тоҷикон аз маданияти Юнону Рум ва Арабу Аҷам маълумот пайдо кардаанд.

Дар аксари осори бозмондаи адабиёти санскрит дар минтақаи Ҳинд калимаи тоҷик ба маънои форс ё эронӣ қайд шудааст, яъне вожаи тоҷик бо форсизабон ҳаммаъно будааст. Вожаи тоҷик дар Ведҳо ба маънои ориёиҳо истифода шудааст, ки аз лиҳози таърихӣ ба ҳазорсолаи дувуми қабл аз мелод марбут аст.

Муҳаққиқи фарҳангу фалсафаи зардуштӣ Ҳ. Мӯъминҷонов дар китоби худ бо номи «Тӯрон – гаҳвораи тамаддуни ориёӣ» ба «Бундаҳишн» ва махсусан ба «Бундаҳишн»-и ҳиндӣ истинод оварда менависад, ки дар матни ин асар номи яке аз сарқабилаҳои ориёӣ ба шакли Тоз ва ҳамсари ӯ Тозак оварда шудааст ва дар асоси таҳқиқи ин асар ба ақидае меояд, ки Тоз ва Тозак (дар «Бундаҳишн»-и бузурги эронӣ номи зан Кавозак аст) асосгузор ва пояи авлодии умумияти таърихии ориёҳо мебошанд. Аксари сарчашмаҳои исломии асрҳои миёна тоҷиконро ба яке аз қабилаҳои эрониасли Тоҷ мансуб медонанд.

Дар Тибет дар маъхазҳои динии ин кишвар ба номи Бонпо кишвари Тагзик ва забони тагзик вомехӯрад, ки гӯё ин кишвар дар сарзамини Осиёи Марказӣ воқеъ будааст. Муҳаққиқони русзабони таърихи бостонии Тибет Б.И. Кузнетсов ва Л.Н. Гумилёв истифодаи ин калимаро ба маънои кишвари Эрон ва эрониҳо дониста тарзи навишти гуногуни калимаи тоҷикро овардаанд (Stag-grig, rta-mjig, atag—bzni, rtag-gzigs, tazig ва ғайра).

Л.Н. Гумилёв дар асари худ «Сууд ва суқути Тибети қадим» менависад, ки «Священная книга Бон была написана Шэнрабмибо на языке тагзик и переведена на другие языки» Яъне «Китоби муқаддаси Бон аз тарафи Шенрабмибо (пайғомбари дини Бонпо, ки аслан эронитабор будааст.- С.Н.) ба забони тагзик (тоҷикӣ) навишта шуда, сипас ба забонҳои дигар тарҷума шудааст». Муҳаққиқи дигар Дж.М. Райнолдс дар мақолаи худ таҳти номи «Пажӯҳишгоҳи таҳқиқи Бонпо» қайд мекунад, ки тибби бузурги Тибет, назария ва амалияи дини Бонпо ба Тибет аз ҷануб аз Ҳиндустон наомадааст, балки аз кишвари Шаншун, ки дар ғарби Тибет воқеъ аст, омадааст. Дар навбати худ он дар замонҳои қадим аз кишвари Тазиг ё аз Осиёи Марказии эронӣ омадааст.

Дар сарчашмаҳои чинӣ ба ғайр аз истифодаи истилоҳи «пос» ба маънои форсӣ истилоҳи қадимтари «таоҷӣ», «таочӣ» яъне «тоҷик» ба маънои қавмҳои эронӣ истифода шудааст, ки дар Хитой машҳур будани вожаи тоҷикро нишон медиҳад.

Дар сарчашмаи турки-уйғурии «Кутатғу билик» (Дониши бахтовар), ки дар соли 1070 аз тарафи Юсуфи Балосоғунӣ, яъне 20 сол пеш аз асари Маҳмуди Кошғарӣ навишта шудааст, дар бораи забони тоҷикӣ ба таври равшан маълумот дода шудааст. Ӯ дар яке аз байтҳои худ чунин менависад: «Ин гуна китобҳои хуб ба арабӣ ва тоҷикӣ кам нест, вале ба суханони мо ин аввалин аст» (саҳ. 11, тарҷумаи таҳтуллафз). Муҳаққиқи рус А.Н. Кононов ин байтро шарҳ дода менависад, ки ба забонҳои арабӣ ва тоҷикӣ китобҳо зиёданд, вале ба забони мо (яъне ба туркӣ) ин гуна китобҳо вуҷуд надорад. Ин чунин маънӣ дорад, ки дар байни туркҳо баъд аз қабули ислом (охири асри VIII ва аввали асри IX) истифодаи асарҳои буддоӣ ва монавӣ ба забони туркӣ ё фаромӯш шуда буданд ё таҳти назорати сахт қарор дошта истифодаи онҳо қатъиян мамнӯъ будааст. Тавре ки маълум аст уйғурҳо дар асри V-и мелод дини монавиро қабул карда буданд, ки он таъсири бевоситаи халқҳои эрониро ба туркҳо нишон медиҳад. Аз ин хотир қабилаҳои дигари туркӣ уйғурҳоро низ «тот», яъне халқи эронитабор меномиданд.

Маънои қавмӣ ва ҷуғрофии истилоҳи «тоҷик»-ро дар сарчашмаҳои исломӣ ба таври фаровон мушоҳида кардан мумкин аст. Барои хулосаи фикр ба таври мухтасар танҳо ба чанд сарчашма рӯ меорем. «Таърихи Байҳақӣ», ки ба қалами Хоҷа Абулфазл Муҳаммад ибни Ҳусайни Байҳақии дабир тааллуқ дорад, дар бораи тоҷикон маълумоти зиёде додаст ва аз қавли Туғрали Салҷуқӣ мегӯяд: «Ва мо мардумони нав ва ғарибем, расмҳои тоҷикон надонем». Ӯ ин суханонро дар ҳоле мегӯяд, ки аз Хоразм гузашта мехостааст дар атрофи он дар минтақаи Нисо (Ашқободи ҳозира) барои сукунат гузидан аз амирони Ғазнавӣ иҷозат гирад. Мисоли дигар «… Ва ҳама аъёни тоҷикро дар он даровард». Бояд гуфт, ки дар ин асар тоҷикон аз арабҳо ҷудо навишта шудаанд. Ин собит месозад, ки ақидаи бо қабилаҳои арабии «Той» марбут будани истилоҳи «тоҷик» ғалат аст. Масалан «Яке турк ва яке аъробӣ» (саҳ. 6).

Яке аз сарчашмаҳои дигаре, ки дар он вожаи «тоҷик» ба маънои сарзамин ва кишвар истифода шудааст, «Сафарнома»-и Клавихо, сафири Кастилия дар Самарқанди давраи Темур мебошад. Дабири Сиёқӣ бо нақл аз «Сафарнома»-и Клавихо менависад: «Чун ба шаҳри Андхуд (Андхӯй-С.Н.) воқеъ дар панҷоҳ километрии Ҷайҳун дар аёлати Балхи қадим ворид шудем ба марзи Эрон (Хуросони бузург) даромадем, зеро ба кишвари Тоҷик расида будем, ки забони мардумашон ба забони форсии маъмулӣ тафовут дорад, гӯё, ин ки бисёре аз луғот, ки бар сари забонҳост, айни забони форсӣ».[1] Бояд гуфт, ки дар матни ин иқтибос аз тарафи мутарҷим дахолат сурат гирифтааст ва ба он порчаи «воқеъ дар панҷоҳ километрии Ҷайҳун дар аёлати Балхи қадим ворид шудем ба марзи Эрон (Хуросони Бузург) даромадем» илова шудааст, ки шояд хусусияти тафсирӣ дошта бошад. Зеро дар матни тарҷумаи русии он иловаи фавқ дида намешавад.

Дар ҳамин «Сафарнома» Клавихо вилояти Райро низ шомили кишвари Тоҷик шумурда менависад: «Потом покорил всю землю и империю Орасании (Хорасан), а также всю землю Тахикинии (Таджикии), называемую Рей…» (саҳ. 15), яъне «Баъдан (Темур-С.Н.) тамоми сарзамин ва империяи Орасан (Хуросон) ва ҳамчунин тамоми ҳудуди Тахикиния (Тоҷикия)-ро бо номи Рай тобеъ намуд».

Устод Садриддин Айнӣ дар мақолаи «Маънои калимаи тоҷик» аз Равзат-ус-сафо иқтибосе овардааст, ки чунин аст «Чингизхон, хавонин (хонон) ва умарову нуниёнро ҷамъ карда гуфт, аз сари ҳазм азми разми вилояти Тоҷик кардӣ».

Аз намунаҳои оварда маълум мешавад, ки дар асрҳои миёна низ яке аз номҳои Хуросони бузург ба номи «кишвари Тоҷик» ва «вилояти Тоҷик» маъруф будааст. Дар иртибот бо номи забони тоҷикӣ масъала каме номуайянтар аст. Барои донишмандони забоншинос ва дӯстдорони фарҳанги миллӣ маълум аст, ки дар осори таърихӣ ва адабии гузашта ҳамин забоне, ки мо имрӯз бо он гуфтугӯ мекунем бо номҳои мухталиф- форсӣ ё порсӣ, дарӣ, порсӣ ё форсии дарӣ ёд шудааст. Дар Ҳиндустон бошад баъди асрҳои XVI баъзе муаллифон «форсии ҳиндӣ» ва гоҳо барои таъкиди маҳали баромади он ин забонро «форсии Мовароуннаҳр» ва ё «форсии Эрон» низ гуфтаанд.

Юнониҳо, румиҳо, арабҳо, суриёниҳо ва арманҳо бо Эрони замони салтанати хонадонҳои порсинажоди ҳахоманишӣ ва сосонӣ робитаи наздик доштанд, низ тамоми қаламрави паҳновари зери нуфузи онҳоро «Порс», «Парс» ва ё «Форс» меномиданд ва ҳар чизеро, ки ба онҳо нисбате дошт, аз ҷумлаи забони сокинони ин сарзаминҳоро низ «порс», «фарс» мехонданд. Қабоили арабе, ки дар Яман, Сурия, Ҳиҷоз ва Байнаннаҳрайн мезистанд ва нисбат ба дигар тоифаҳои тозӣ ба Эрони сосонӣ пайванди бештар доштанд ва солиёни дароз таҳти салтанати эрониҳо буданд, забони мардуми Эронро аз номи қавми Форс гирифта, онро забони «форсӣ» мегуфтанд. Баъдтар дар садаҳои аввали ислом «забони форсӣ» забони ҷорӣ дар байни мӯбадони зардуштиро мегуфтанд, ки то асрҳои ҷории ҳиҷрӣ маркази онҳо дар маҳалҳои кӯҳистони минтақаи Форс буд. Сайёҳон ва муаллифони дигари араби ин аҳд забонҳои ноҳияҳои дигари ин қаламравро бо номҳои забони паҳлавӣ, дарӣ, хузӣ, табарӣ, суғдӣ ва хоразмӣ дар осори худ сабт кардаанд, ки дар аксар мавридҳо забонро ба ҷои лаҳҷа ва ё шева истифода намудаанд. Бинобар ин, аз сабаби сифати ом гирифтани истилоҳи «форсӣ» ба маънои эронӣ, ин луғат метавонистааст ба ҳар яке аз ин забонҳо нисбат дода шавад.

Эҳтимоли қавӣ дорад, ки забони форсии дарӣ бар асоси ҳамин усул таркиб ёфта бошад. Вале суоле пеш меояд, ки чаро чунин таркибот нисбат ба дигар забонҳои маъмули он давра, ба монанди форсии хузӣ, форсии суғдӣ, форсии хоразмӣ ва амсоли он пайдо нашуд. Далели пайдо нашудани чунин таркиббандӣ ва эҷодгарӣ нисбат ба забонҳои номбаршуда, тавре ки маълум аст, дар он буд, ки забони дарӣ нисбат ба забонҳои муосири худ мавқеияти хоси истисноӣ ва имтиёзоти зиёде ҳосил карда, то он дам тавониста буд лаҳҷаҳои маҳаллии қаламрави нуфузашро дар худ ҳазм кунад. Тавоноии ин забон ба андозае буд, ки муаллифони даврони Сомониён китоби осмонии Қуръони Маҷидро ба забони форсии дарӣ баргардонданд ва осори муҳими илмӣ ва адабӣ ба ин забон офариданд.

Саргузашти таркиби «форсии дарӣ» дар давраҳои минбаъда низ бисёр ҷолиб аст. Пайванди байни «форсии ом» «форсии хос» оҳиста-оҳиста ба ҷое расид, ки луғати аслии забон- «дарӣ» кам-кам аз паси истилоҳи «форсӣ» бардошта шуд ва дигар ин забонро, ки дар асл ҳамин забони дарӣ буд, ба шакли забони «форсӣ» ба кор бурданд. Ҳамин аст, ки аз асрҳои ХV ба ин тараф дар осори хаттии боқимонда камтар истилоҳи форсии дарӣ дучор мешавад. Хулоса, ин забон чӣ дар Осиёи Миёна ва чӣ дар Афғонистону Эрон бо номи «забони форсӣ» вориди асри бист шуд. Асри бистум ҳам ин уқдаро боз накард ва номи ягонаи собит барои ин забон ба вуҷуд наовард, балки баръакс гиреҳҳои тозае ба он афзуд.

Пас аз Инқилоби Октябр дар яке аз гӯшаҳои соҳаи нуфуз ва интишори ин забон дар Осиёи Миёна Ҷумҳурии Худмухтори Тоҷикистон таъсис гардид ва забони расмии он «забони тоҷикӣ» номида шуд. Дертар дар қаламрави Афғонистони кунунӣ дар ноҳияи Сурхкӯтали Вилояти Бағлон сангнавиште пайдо шуд, ки олими шаҳири Афғонистон Абдулҳай Ҳабибӣ онро санади муҳим барои таърихи забони форсии дарӣ арзёбӣ карда ва дар асоси матни ин катиба ӯ истилоҳи нав, «забони дарии тахорӣ»-ро ҷорӣ кард. Пайравони ҷавонтари ӯ баъдтар истилоҳоти дигареро ба сурати «забони тохарӣ» ва «дарии қадим» ба шаклҳои пешин илова карданд.

Саранҷом соли 1964 номи яке аз ду забони расмии Афғонистон «забони дарӣ» ҳукм гардид ва аз он пас ин истилоҳ расмӣ шуд.

Дар Эрон ҳам даъвогароне пайдо шуданд, ки хостанд «забони форсӣ»-ро ба «забони эронӣ» иваз кунанд. Устод Муҳаммад Муҳити Таботабоӣ дар мақолаи худ бо номи «Кори фарҳангистон. Аз забон то форсии дарӣ» фикри табдили «забони форсӣ»-ро ба забони «эронӣ» қотеъона рад карда, чунин менависад: «…Табдили истилоҳи забони форсӣ ба забони эронӣ, ҳатто дар қаламрави фанни забоншиносӣ ҳам ҷоиз нест». Зеро ба ақидаи ӯ забони форсиро «ба таври мустақил ва мунфарид наметавон… забони Эрон хонд. Зеро имрӯз ин забон ба ҳама фарру шукӯҳ ва ҷилваи шоиронаи худ танҳо ихтисос ба миллати Эрон надорад. Балки мардуми ду кишвари дигар ҳам… (Тоҷикистон ва Афғонистон дар назар аст- С.Н.) ба ҳамин забон сухан мегӯянд ва менависанд ва онро забони миллӣ ва расмии худ қарор додаанд».

Дигар ин ки истилоҳи «забони тоҷикӣ» аз назари муҳаққиқон дар таърихи забонҳои эронӣ истилоҳи нав аст. Донишманди кунҷкови эронӣ Дабири Сиёқӣ дар осори маълум ва дастраси замонҳои гузашта тақрибан сад асарро пайдо кардааст, ки луғати «тоҷик» дар онҳо ба ин ё он муносибат зикр шудааст. Вале аз рӯи ин маъхазҳо дар ҳеҷ кадоми он истилоҳи «тоҷик» ба маънои забон ба кор нарафтааст. Бори нахуст ин луғат ба маънои забон дар «Сафарнома»-и Миризатуллоҳи Ҳиндӣ (соли 1813) мушоҳида мешавад. Абдулаҳмади Ҷовид, яке аз муҳаққиқони забони форсии дарӣ дар мақолаи худ бо номи «Сухане чанд дар бораи тоҷик» матни ин истинодро аз Миризатуллоҳи Ҳиндӣ оварда аст, ки чунин аст: «Забони Қуқон (Ҳирканд) туркӣ аст, аҳли шаҳр тоҷикӣ яъне форсӣ мегӯянд».

Устодон С.Айнӣ ва Б.Ғафуров ҳам дар таълифоти худ ибораи «забони тоҷикӣ»-ро танҳо дар мавриди забони ҳозираи тоҷик ба кор бурдаанд ва агар сухан дар хусуси давраҳои гузашта равад, онро форсӣ, порсӣ, форсии дарӣ навиштаанд.

Аз ҷониби дигар, дар замоне, ки пантуркистон вуҷуди миллатеро ба номи «тоҷик» дар қаламрави Осиёи Миёна инкор мекарданд ва дар вақти тақсимоти ҳудуди ин сарзамин ҷое барои онҳо қоил набуданд, номи забони миллатро «форсӣ» ё «порсии дарӣ» гузоштан, баҳона мешуд, то мухолифон тоҷиконро мардумони «омада аз хориҷ ҳукм карда, масъалаи ташкили ҷумҳурии мустақилро барои онҳо дар Осиёи Миёна мушкил гардонанд. Ҳол он ки барои оддитарин таърихдонону таъриххонон маълум аст, ки тоҷикон дар ин сарзамин соҳибхона буданд ва меҳмонони хондаву нохондаи бисёреро дидаанд ва ё пазироӣ кардаанд ва тавре ки аз намунаҳои овардашуда дидем, истифодаи вожаи «тоҷик» ба маънои забон аз рӯи сарчашмаҳои муътамад таърихи тақрибан 1400 –солаи собитшуда дорад.

Хулоса, аз баррасии иҷмолии вожаи «тоҷик» ба маънои қавм, номвожаи ҷуғрофӣ ва номи забон чунин натиҷагирӣ кардан мумкин аст:

  1. Истилоҳи «тоҷик» ба маънои як қавми ориёӣ аз давраҳои бостон маълуму машҳур буда дар сарчашмаҳо бо шаклҳои мухталифи «тоз», «тоҷ», «тот», «тоҷик», «таоҷик», «тагзик», «тожик», «тоҷик» ва ғайра вомехӯрад.
  2. Ба маънои кишвар ё вилоят дар сарчашмаҳои таърихии ба дасти мо расида дар шакли Тагзик, Тазиг, Тоҷикия, Тахикиния, Тоҷик аз садаи VII- и мелод ин тараф истифода шудааст.
  3. Ба маънои забон низ тақрибан аз асри VII-и мелод дар манбаъҳои хаттии манотиқи Шарқии Эронзамин ва миёни қабоили турку сарзамини Тибет маълум будааст, ки ин ақидаи аксарияти муҳаққиқонро дар бораи истифодаи забони тоҷикӣ фақат аз асри XIX дар «Сафарнома»-и Миризатуллоҳи ҳиндӣ ба куллӣ рад менамояд.
  4. Ба таври умум аз мутолиаву баррасии маводу сарчашмаҳои ба дастрасида чунин натиҷагирӣ кардан мумкин аст, ки агар вожаи «форсӣ», «форс» дар минтақаи ғарбии паҳншавии халқҳои ориёӣ аз тарафи ҳамсоягони арабиву юнониву румиву суриёнӣ ба мардуми эронитабор итлоқ шуда бошад, пас истилоҳи «тоҷик» дар минтақаи шарқии паҳншавии ин мардум аз тарафи чиниҳову турку тибетиҳо ва ғайра барои номгузории қавму халқиятҳои эронӣ истифода шудааст.

Дар охир таъкид карданӣ ҳастем, ки ин чанд фикр ва пешниҳод фақат тарҳи мавзӯъ мебошад, ки дар асоси сарчашма ва манбаъҳои ба дасти мо расида мураттаб шудаанд. Шояд дар оянда доир ба ин мавзӯъ аз бойгонии азими таърихи қавмҳои ориёӣ мадраку далел ва санадҳои мушаххастару муайянтаре ба даст ояд ва маълумоти тозае ба он зам шавад.

  1.  Тоҷикон дар масири таърих. Таҳияи Мирзо Шукурзода. – Теҳрон, 1994. – С. 165
0 Загрузки

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *