Андешаҳо дар атрофи забони тоҷикӣ

Ҷунбишҳои фикрӣ ва раванди худшиносиву бедории миллӣ, ки дар миёни давлатҳои тоза ба истиқлолрасида пайдо мешавад дер ё зуд тамоми ҷанбаҳои ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии онҳоро фаро мегирад.

Миллатҳои бостоние, ки дар тӯли садаҳо ранҷи тасаллути бегонагонро кашидаанд, чун ба истиқлол мерасанд, пеш аз ҳама бо шӯру шавқ ба саҳифаҳои дурахшони таърих ва адабиёту забони худ рӯй оварда, кӯшиш мекунанд, ки анъанот ва ифтихороти миллии хешро зинда кунанд ва саҳми худро дар тараққӣ ав инкишофи тамаддуни башарӣ ба ҷаҳониён нишон диҳанд.

Таҳаввулоти сиёсӣ ва ислоҳоти амиқи иқтисодиву иҷтимоие, ки дар ибтидои солҳои 90-ум, пас аз ноил шудан ба истиқлолият дар Тоҷикистон падид омад, пештару бештар дар заминаи эҳёи фарҳанги куҳансоли тоҷик равнақ ёфт. Дар як муддати кӯтоҳ ҷашни 90-солагии зодрӯзи таърихнигори номвар Б.Ғафуров, 1100-солагии Давлати Сомониён бо азамату шукӯҳ баргузор гардид ва мақолоту китобҳои зиёд роҷеъ ба масъалаҳои гуногуни забон, адабиёт ва таърихи халқи тоҷик офарида шуд. Дар ин миён дар атрофи масъалаи забони миллӣ, тавоноӣ ва қобилияи луғатсозӣ ва истилоҳофаринии он ва ғайра домани ҷустуҷӯҳо густурдатар ва фазои баҳсҳо гармтар буд.

Ҳанӯз дар солҳои 80-уми асри сипаришуда, чун боди озодиҳои нисбӣ дар давраи «бозсозӣ» вазидан гирифт, соҳибони забон ва равшанфикрон огоҳ ба таври ҷиддӣ ба масъалаи забон рӯй оварданд ва онро мавзӯи рӯз қарор доданд. Дар натиҷа соли 1989 «Қонуни забон» қабул ва забони давлатии Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон забони тоҷикӣ (форсӣ) эълон гардид.

Пас аз эълони истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон фазо дар ин замина ба куллӣ диргаргун шуд. Иқдомоти пай дар пайи Ҳукумати ҷумҳурӣ дар мавриди амалӣ кардани Қонуни забон ва махсусан таваҷҷуҳи хоси Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Шарифович Раҳмонов барои инкишоф ва эътибори забони тоҷикӣ ба хубӣ нишон медиҳад, ки Давлати Тоҷикистон ба сарнавишти забони милии худ бе тафовут нест ва бо камоли ҷиддият ва масъулият барои рушду такомули он чораҷӯӣ мекунад.

Аз ҷумла Президенти кишвар, ҷаноби олӣ Эмомалӣ Шарифович Раҳмонов дар мулоқот бо зиёиёни мамлакат 20-уми марти соли 2001 таъкид намуданд:

«Масъалаҳои рушди забон, покизагии забони адабӣ, таълим ва омӯзиши забони модарӣ ва забонҳои хориҷӣ дар маҷмӯъ сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар соҳаи забон ташкил медиҳад».

Фазои гуворои замони истиқлол заминаҳои мусоид барои баёни андешаҳои миллӣ фароҳам сохт ва олимону мутахассисон дар заминаи забони миллӣ ба доварӣ пардохтанд.

Нигорандаи ин сатрҳо, ба ҳайси як шогирди мактаби таҳқиқи забони модарӣ аз ин ҷӯшу хурӯш бар канор намонд ва инак ҳосили ҷустуҷӯҳо, мутолиот ва мулоҳизоти худро доир ба масъалаҳои забони тоҷикӣ таърих, ном, хостгон, меҳан, умр ва хусусиятҳои хоси он ба хонандагони муҳтарам тақдим медорам, ба умеди он ки ин ахбору гуфтори мухтасар барои шинохти беҳтари забони модарӣ кумаке карда бошанд.

Андар номи забон. Барои донишмандони забоншинос ва дӯстдорони фарҳанги миллӣ маълум аст, ки дар осори таърихӣ ва адабии гузашта ҳамин забоне, ки мо имрӯз бо он гуфтугӯ мекунем бо номҳои мухталиф- форсӣ ё порсӣ, дарӣ, порсӣ ё форсии дарӣ ёд шудааст. Дар Ҳиндустон бошад баъди асрҳои XVI баъзе муаллимон «форсии ҳиндӣ» ва гоҳо барои таъкиди маҳали баромади он ин забонро «форсии Мовароуннаҳр» ва ё «форсии Эрон» низ гуфтаанд[1] .

Дар миёни луғатнависон муаллифи «Фарҳанги Ҷаҳонгирӣ» (1608) гӯё нахустин касест, тахмин ва фарзияҳои ӯ дар мавриди шинохти забони мо ва маншаву сарчашмаи он маъруф шудааст. Сипас ин муаррифинома (дуруст ва ё нодуруст будани он инҷо матраҳ нест) аз роҳи луғатномаи «Бурҳони қотеъ» (1652) дар миёни муҳаққиқони сонӣ муътабар гардида, солиёни дароз дар фарҳангу дастурҳо ва матну интишороти илмӣ такрор шудааст.

Назар ба аҳамияти замони аввалият чанд ҷумлаи онро, ки муносиби ҳол аст нақл мекунем. Муаллифи «Бурҳони қотеъ» ба нақл аз он китоб менависад: «…Дар замони Баҳмани Исфандиёр, чун мардум аз атрофи олам ба даргоҳи ӯ меомаданд ва забони якдигарро намефаҳмиданд. Баҳман фармуд то донишмандон забони форсиро вазъ карданд ва онро «дарӣ» ном ниҳоданд, яъне забоне, ки ба даргоҳи подшоҳон такаллум кунанд. Ва ҳукм кард то дар мамолик ба ин забон сухан гӯянд. Ва мансуб ба дарраро низ гӯянд, ҳамчу кабки дарӣ ва ин ба эътибори хушхонӣ ҳам метавонад буда бошад, зеро ки беҳтарин луғати форсӣ забони дарист»[2] .

Донишманди забардаст Маликушшуаро Баҳор тахминҳои дигар низ ба он илова кардааст. «Чун дар дарбори Сомониён ба-дон (забони дарӣ-Н.С.) сухан мегуфтанд, аз ин рӯ вайро дарӣ гуфтанд. Зеро калимаи «дар» дар забони паҳлавӣ маънои пойтахт ва дарборро доштааст. Ва агар «кабки дарӣ» мансуб ба «дарра» аст, ки далел шуда наметавонад, ки «забони дарӣ» забони дарбор ё пойтахт мебошад».

Аммо донишманди эҳтиёткор дар мавриди сиҳати андеша ва тахмини худ ҳанӯз итминони комил надорад, бинобар ин дари баҳсро дар ин мавзӯъ боз мегузорад ва илова мекунад, ки шояд калимаҳои «дарра, дарӣ» ва «дар»-и паҳлавӣ мафҳум ва маънои дигар дошта бошанд.[3]

Ривояти дигаре ҳам аз гузашта боқист, ки мутобиқи он истилоҳи «дарӣ»-ро мухаффаф ва муштақ аз вожаи «тахорӣ» мешуморанд. Гӯё калимаи «тахорӣ» ба тадриҷ ба шакли «тахарӣ» ва сипас ба сурати «тхарӣ» даромада ва баъдан нисбати доштани махраҷи муштарак, «тх» ба «д» табдил шуда, калимаи «дарӣ» пайдо шудааст.

Аз мутолиаи ин санаду ривоёти мухтасар шояд хонандагони ноогоҳ аз таърихи ин мавзӯъ ба тааҷҷуб омада, суоле дар зеҳнашон пайдо шавад, ки чаро ин ҳама нобиғагони илму дониш, суханвару суханшиносони нуктасанҷ ва орифони машҳур, ки дар тӯли беш аз ҳазор сол андешаҳои олимона ва эҳсосоти шоиронаи худро ба ин забон гуфта ва сурудаанд, номи забони осори гаронбаҳои худро дақиқу равшан ба бозмондагони худ интиқол надодаанд? Шояд дар замони онҳо ин масъала ба ҳадде соддаву одӣ будааст, ки ниёз ба ташхису таъкид надоштаанд?

Албатта имрӯзҳо ҳам касоне, ки дар ин мавзӯъ соҳибназар ва забардаст мебошанд, зоҳиран барои суолоти боло посух доданд. Вале барои хонандагони одӣ мумкин аст, ки чунин аҳвол сӯитафоҳум эҷод кунад, зеро имрӯз онҳо номҳои дигаре низ нисбати забони худ, мехонанд ва мешунаванд.

Ба андешаи мо, барои ба хонандагони умум равшан шудани ин масъала бояд пеш аз ҳама дар мавриди ду истилоҳ -«Эрон» ва «Форс» таваққуф кунем, зеро чунин аст, ки шояд шарҳу тафсири гуногуни ин ду луғат дар давраҳои мухталиф боиси чунин «бенизомӣ» дар бораи номи забон шуда бошад.

То ҷое, ки таҳқиқ шудааст ва нигорандаи ин сатрҳо маълумот дорад, луғати «Эрон» номи кишварест, ки то имрӯз бо он ном ёд мешавад ва ин истилоҳ аз даврони Сосониён боқӣ монда ва то кунун ҳамон шакли қадимии худро нигоҳ доштааст. Дар баъзе матнҳои бостонӣ дар таркиби «Эроншаҳр» низ вомехӯрад. Чунин таркиб аз ду калима- «шаҳр»-и портӣ ба маънои «мамлакат» ва луғати форсии «Эрон» ба вуҷуд омадааст, ки боз ҳам ҳамон маънои кишвари Эронро дорад.

Номи «Эрон» аз калимаи «ориён» ба маънои мансуб ба қавми асилу зурманд ва ғолиби «орӣ» гирифта шудааст[4]. Бо гузашти замон бо каме тағйиру табдил ва пешу пас кардани ҳарфҳо ба шакли «Оран», «Арон», «Эрон» (шакли форсии паҳлавӣ «Бечоп»), ки дар забони тоҷикии муосир то ба ҳол чунин талаффуз мешавад ва «Ирон», ки дар қаламрави Эрони кунунӣ чунин талаффуз мешавад, даромадааст.

Фарҳанг, ҳунар, тамаддун ва ҳар он чӣ ки зодаи андешаву дониш ва ҳунари сокинони ин сарзамини як вақтҳо паҳновар будааст, дар бисёр маврид ба сифати «эронӣ» нисбат дода мешаванд.

Луғати «Форс» ва ё «Порс» бошад, имрӯз ҳам мисли 2500 соли пеш вилоятеро мегӯянд, ки дар дар ҷануби Эрони муосир воқеъ аст.

Зуҳури ду хонадони бузург ва муқтадири Ҳахоманишӣ ва Сосонӣ дар аҳди бостон номи ин минтақаҳоро чунон шуҳрат ва умумият бахшид, ки ҳамсоягони онҳо румиву юнонӣ, гурҷиву арманӣ ва яҳуду араб тамоми сарзаминҳои тобеи ин сулолаҳоро «Порс» ё «Форс» гуфтанд.

Юнониҳо, румиҳо, арабҳо, суриёиҳо ва арманҳо, ки махраҷҳои садо ва ҳарфҳои забони онҳо ба забони паҳлавӣ ва дарӣ нисбат ба забонҳои хитоиҳо наздиктар будааст ва бо Эрони замони салтанати хонадонҳои порсинажоди Ҳахоманишӣ ва Сосонӣ робитаи наздик доштанд, низ тамоми қаламрави паҳновари зери нуфузи онҳоро «Порс», «Парс» ва ё «Форс» меномиданд ва ҳар чизеро, ки ба онҳо нисбате дошт, аз ҷумлаи забони сокинони ин сарзаминҳоро низ «порс», «фарс» мехонданд. Қабоили арабе, ки дар Яман, Сурия, Ҳиҷоз ва Байнаннаҳрайн мезистанд ва нисбат ба дигар тоифаҳои тозӣ ба Эрони Сосонӣ пайванди бештар доштанд ва солиёни дароз таҳти салтанати эрониҳо буданд, забони мардуми Эронро аз номи кавми Форс гирифта, онро забони «форсӣ» мегуфтанд. Баъдтар дар садаҳои аввали ислом «забони форсӣ» мутлақ забони ҷорӣ дар байни мӯъбадони зардуштиро мегуфтанд, ки то асрҳои чори ҳиҷрӣ маркази онҳо дар маҳалҳои кӯҳистони минтақаи Форс буд, Сайёҳон ва муаллифони дигари араби ин аҳд забонҳои ноҳияҳои дигари ин қаламравро бо номҳои забони паҳлавӣ, дарӣ, хузӣ, табарӣ, суғдӣ ва хоразмӣ дар осори худ сабт кардаанд.

Бинобарин аз сабаби сифати ом гирифтани истилоҳи «форсӣ» ба маънои эронӣ, ин луғат метавонистааст ба ҳар як аз ин забонҳо нисбат дода шавад.

Бинобар шарҳи боло эҳтимоли қавӣ дорад, ки забони «форсии дарӣ» бар асоси ҳамин усул таркиб шуда бошад. Вале суоле пеш меояд, ки чаро чунин таркибот нисбат ба дигар забонҳои маъмули он давра, ба монанди форсии хузӣ, форсии суғдӣ, форсии хоразмӣ ва амсоли он пайдо нашуд. Далели пайдо нашудани чунин таркиббандӣ ва эҷодгарӣ нисбат ба забонҳои номбаршуда, тавре ки маълум аст дар он буд, ки забони дарӣ нисбат ба забонҳои муосири худ мавқеияти хоси истисноӣ ва имтиёзоти зиёде ҳосил карда, то он дам тавониста буд лаҳҷаҳои маҳаллии қаламрави нуфузашро дар худ ҳазм кунад. Тавоноии ин забон ба андозае буд, ки муаллифони даврони Сомониҳо китоби осмонӣ Қуръони Маҷидро ба забони форсии дарӣ баргардонданд ва осори муҳими илмӣ ва адабӣ ба ин забон офариданд.

Саргузашти таркиби «форсии дарӣ» дар давраҳои минбаъда низ бисёр ҷолиб аст. Пайванди байни «форсии ом» «форсии хос» оҳиста-оҳиста ба ҷое расид, ки луғати аслии забон- «дарӣ» кам-кам аз паси истилоҳи «форсӣ» бардошта шуд ва дигар ин забонро, ки дар асл ҳамин забони дарӣ буд, ба шакли забони «форсӣ» ба кор бурданд. Ҳамин аст, ки аз асрҳои ХV ба ин тараф дар осори хаттии боқимонда камтар истилоҳи форсии дарӣ дучор мешавад. Хулоса, ин забон чи дар Осиёи Миёна ва чӣ дар Афғонистону Эрон бо номи «забони форсӣ» вориди асри бист шуд.

Асри бистум ҳам ин уқдаро боз накард ва номи ягонаи собит барои ин забон ба вуҷуд наоварда, балки баръакс гиреҳҳои тозае ба он афзуд.

Пас аз Инқилоби Октябр дар яке аз гӯшаҳои соҳаи нуфуз ва интишори ин забон дар Осиёи Миёна Ҷумҳурии Худмухтори Тоҷикистон таъсис гардид ва забони расмии он «забони тоҷикӣ» номида шуд. Дертар дар қаламрави Афғонистони кунунӣ дар ноҳияи Сурхкӯтали Вилояти Бағлон сангнавиштае пайдо шуд, ки олими шаҳири Афғонистон Абдулҳай Ҳабибӣ онро санади муҳим барои таърихи забони форсии дарӣ арзёбӣ карда ва дар асоси матни ин катиба ӯ истилоҳи нав, «забони дарии тахорӣ»-ро ҷорӣ кард. Пайравони ҷавонтари ӯ баъдтар истилоҳоти дигареро ба сурати «забони тохарӣ» ва «дарии қадим»[5] ба шаклҳои пешин илова карданд.

Саранҷом соли 1964 номи яке аз ду забони расмии Афғонистон «забони дарӣ» ҳукм гардид ва аз он пас ин истилоҳ расмӣ шуд.

Зимнан бояд гуфт, ки то ба он рӯз забони маъмулро дар Афғонистон «забони форсӣ» мегуфтанд ва забоншиносон барои ташхиси дақиқ онро «форсии кобулӣ» менавиштанд. Мардуми одӣ бошад дар муомилоту муошират худро «форсизабон» ва ё ба шеваи кобулӣ «форсивон» муаррифӣ мекарданд.

Дар Эрон ҳам оташи ин «наҳзат»-ро доман заданд ва даъвогароне пайдо шуданд, ки хостанд «забони форсӣ»-ро ба «забони эронӣ» иваз кунанд.

Пӯшида нест, ки «тақсимгарон»-и садаҳои охир аз ин кор ҳадафҳои мушаххас доштанд. Донишманди дурбин ва огоҳ аз асли мақсад Муҳаммад Муҳиди Таботабоӣ дар мақолаи худ, ки дар саҳифаҳои пеш аз он ёд кардем, ба таври муфассал дар бораи оқибати харобиовари чунин тақсимот сухан рондааст, ки дар поён танҳо хулосаи ду андешаи онро меоварем.

Аввал ин ки ҳама мероси бузурге, ки аз гузаштагон ба ин забон мерос мондааст, акнун бояд дар байни се забони «ба истилоҳ» алоҳида- тоҷикӣ, форсӣ ва дарӣ ва се халқи гӯё мустақили бегона- тоҷикон, эрониён ва даризабонони Афғонистон тақсим шавад, ки саранҷоми ин кор маълум аст. Гузашта аз ин ҳама медонем, ки забони форсии дарӣ дар тамоми муддати салтанати сулолаҳои туркинажоди Осиёи Миёна ва дар ҳудуди панҷсад соли охир забони дарбор, илм ва адабиёти кишварҳое чун Ҳиндустону Туркия будааст. Пас осори фаровоне, ки дар ин сарзаминҳо ба ин забони ягона офарида шудааст, баъди чунин тақсимоти забон ба он кишварҳо тааллуқ мегирад ва мероси фарҳангӣ ва тамаддуни халқҳои онҳо ба шумор меравад.

Дуввум ин ки забони ягонаи форсии дарӣ, ки то ба имрӯз маҳкамтарин занҷири иртиботи маънавии ҳама порсигӯён будааст, дар натиҷаи чунин тафриқаандозӣ ва чунин номгузориҳо нақши пайвандкунандаи худро аз даст медиҳад ва ин ном оҳиста-оҳиста мисли номи забонҳои суғдӣ, тахорӣ, хоразмӣ ва амсоли он аз байн хоҳад рафт[6].

Бинобар ҳамин авомил, ки андаки онро овардем, устод Муҳаммад Муҳити Таботабоӣ фикри табдили «забони форсӣ»-ро ба забони «эронӣ» қотеона рад карда, чунин менависад: «…Табдили истилоҳи забони форсӣ ба забони эронӣ, ҳатто дар қаламрави фанни забоншиносӣ ҳам ҷоиз нест»[7]. Зеро ба ақидаи ӯ забони форсиро «ба таври мустақил ва мунфарид наметавон… забони Эрон хонд. Зеро имрӯз ин забон ба ҳама фарру шукӯҳ ва ҷилваи шоиронаи худ танҳо ихтисос ба миллати Эрон надорад. Балки мардуми ду кишвари дигар ҳам… (Тоҷикистон ва Афғонистон дар назар аст- С.Н.) ба ҳамин забон сухан мегӯянд ва менависанд ва онро забони миллӣ ва расмии худ қарор додаанд»[8].

Ҷои шубҳа нест, ки забоншиносони тоҷик ва аҳли бофазлу дониши мо низ аз ин ихтилофот дар номи забон ва саранҷоми тақсимгароӣ ва дигар ҷанбаҳои мавзӯъ огоҳ буданд. Вале шояд маҳдудиятҳои маснуии гуногуни замон ба онҳо имкон намедод, ки бе ибо дар ин масъала изҳори назари одилона кунанд.

Вале чуноне ки имрӯзҳо мехонем, мешунавем ва мебинем ҳанӯз ҳам дар ин мавзӯъ пешниҳодҳо гуногун ва андешаҳо мухталифанд.

Гурӯҳе ба хотири ҳифзи ирсияти таърихӣ, ба тақлиди таркиби «форсии дарӣ» истилоҳи «форсии тоҷикӣ»-ро пешниҳод мекунанд. Дастаи дигар дар таърих амиқтар фурӯ рафта, ақида доранд, ки онро бояд «форси»-и холис номид. Баъзе муҳаққиқони дигар бими онро доранд, ки дар ин сурат зодгоҳи ин забон ба вилояти Форси Эрон нисбат мегирад ва аз ҷониби дигар «забони форсӣ»-и имрӯз номи забони расмии Эрон аст ва танҳо ба мардуми он кишвар тааллуқ мегирад.

Баъзеҳои дигар мӯътақиданд, ки ҳамин истилоҳи «забони тоҷикӣ», ки мардум ба он хӯ гирифтаанд, боқӣ монад.

Аҷиб аст, ки соҳибони андешаҳои боло ҳар кадом барои исботи назарияҳои худ далелу асноди кофӣ дар ихтиёр доранд, ки дар маврид баъзеи онҳоро дар саҳифаҳои пеш, то ҷои имкон сухан гуфтем.

Чунин бесуботӣ дар заминаи номи забон имрӯзҳо дар таълифоти илмӣ ва оммавӣ як қатор бесару сомонӣ ва харҷу марҷ ба бор овардааст. Кор ба ҷое расидааст, ки баъзе касон «забони тоҷикӣ»-ро пеш аз шаклгирии халқи тоҷик меҷӯянд ва гоҳо забони осори забонҳои аҳди бостон ва миёнаро низ «тоҷикӣ» мегӯянд, ки ҳадди ақал тааҷҷубовар аст. Аҷоиботи дигар он аст, ки гӯё муддатҳо пеш истилоҳи «адабиёти форсӣ-тоҷикӣ» ва ё «адабиёти форсу тоҷик» дар мавриди адабиёти давраи классикии мо дар адабиётшиносии мо қабул шудааст. Вале чун кор ба забони таълифи он адабиёт мерасад муҳаққиқон забони он осорро «забони тоҷикӣ» менависанд. Аз ин гуфта чунин бармеояд, ки сухан дар бораи осори «адабиёти форсу тоҷик»-е меравад, ки онҳо ба забони тоҷикии мутлақ навишта шуда бошанд, ки чандон ба мантиқ созгор нест. Бинобар ин дар ин рӯзгор, ки Тоҷикистони мустақил ба сӯи истиқлоли фарҳангӣ равон аст, кӯшиш бояд кард, ки то ҷои имкон доғҳои сафед ва сӯитафоҳумҳое, ки дар сарнавишти халқи тоҷик ва таъриху забони вай аз гузаштааҳо боқӣ мондааст, бо диққат, бидуни таассуб ва бо таври илмӣ ҳал карда шаванд.

Албатта «Форсӣ» ё «форсии дарӣ» номидани забони ҳозираи тоҷик, ки се ҳиссаи як ҷисми том мебошад ва имрӯз ҳам тафовутҳои бунёдӣ барои ҷудоии онҳо мушоҳида намешавад, на хилофи ҳақиқати таърихист ва на халале ба истиқлолияти кишвари мо мерасонад. Дар ҷаҳони имрӯзи мо чандин кишваре, монанди мамлакатҳои араб мешиносем, ки бо вуҷуди истиқлолияти ому том номи забонашон муштарак аст. Ҳанӯз С.Айнӣ навишта буд, ки тоҷикон «халқи форсизабони Осиёи Миёна ва Хуросон мебошанд», ки баъд аз ислом ба онҳо «номи «тоҷик» ва ба забонашон «забони форсӣ» ё ин ки «забони тоҷикӣ (албатта садаи бистум дар назар аст- С.Н.) дода шуд.

Дигар ин ки истилоҳи «забони тоҷикӣ» дар таърихи забонҳои эронӣ истилоҳи нав аст. Донишманди кунҷкови эронӣ Дабири Саёқӣ дар осори маълум ва дастраси замонҳои гузашта тақрибан сад асарро пайдо кардааст, ки луғати «тоҷик» дар онҳо ба ин ё он муносибат зикр шудааст. Вале дар ҳеҷ кадоми он истилоҳи «тоҷик» ба маънои забон ба кор нарафтааст. Бори нахуст ин луғат ба маънои забон дар «Сафарнома»-и Миризатуллоҳи Ҳиндӣ (соли 1813) мушоҳида мешавад[9] .

Устодон С.Айнӣ ва Б.Ғафуров ҳам дар таълифоти худ ибораи «забони тоҷикӣ»-ро танҳо дар мавриди забони ҳозираи тоҷик ба кор бурдаанд ва агар сухан дар хусуси давраҳои гузашта равад, онро форсӣ, порсӣ, форсии дарӣ навиштаанд.

Бинобарин мафҳуми Тоҷикистон ва истилоҳи «забони тоҷикӣ» раҳоварди рӯйдодҳои таърихӣ ва дигаргуниҳои сиёсии садаи бистум аст. Ба андешаи мо зуҳури ин истилоҳ зери таъсири авомили зайл сурат гирифта буд:

Азбаски ҳангоми таъсиси ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна пас аз Инқилоби Октябр номи ҷумҳуриҳои нав ва забони онҳо аз номи миллат ва қавму қабилаҳои сокини онҳо гирифта шуд, ба мисли Ӯзбекистон, Туркманистон, Қирғизистон, бинобарин аз нигоҳи «тақсимгарон» Тоҷикистон ва забони тоҷикӣ низ мутобиқи ин «усул» ва «қонун» буд.

Аз ҷониби дигар, дар замоне, ки пантуркистон вуҷуди миллатеро ба номи «тоҷик» дар қаламрави Осиёи Миёна инкор мекарданд ва дар вақти тақсимоти ҳудуди ин сарзамин ҷое барои онҳо қоил набуданд, номи забони миллатро «форсӣ» ё «порсии дарӣ» гузоштан, баҳона мешуд, то мухолифон тоҷиконро мардумони омад ҳукм карда, масъалаи ташкили ҷумҳурии мустақилро барои онҳо дар Осиёи Миёна мушкил гардонанд. Ҳол он ки барои оддитарин таъриххону таъриххонон маълум аст, ки тоҷикон дар ин сарзамин соҳибхона буданд ва меҳмонони хондаву нохондаи бисёреро дидаанд ва ё пазироӣ кардаанд.

Инак, пас аз сайри кӯтоҳе дар таърихи ин забон дар пайдоиши истилоҳи забони тоҷикӣ ба чунин хулоса омадан мумкин аст.

Ба назари мо, чунон ки дар собиқ маъмул буд, ин масъаларо ба ду қисм ҷудо кардан лозим аст:

Назар ба воқеиятҳои Тоҷикистони рӯзгори мо беҳтар он аст, ки номи забони расмии давлати мустақили Тоҷикистон ҳамин номи ҷорӣ, яъне «забони тоҷикӣ» боқӣ гузошта шавад, зеро: барои соҳибназарон пӯшида нест, ки барои тақвияти пешниҳоди боло далелҳо пайдо кардан мумкин аст. Масалан дар ибтидои пайдоиш барои ташхиси ин забон аз дигар забону лаҳҷаҳои хешованд ҳамзамон ба мисли суғдӣ, тахорӣ, хузӣ, хоразмӣ онро «форсии дарӣ» ё «дарӣ» ва ҳатто форсии «ҳиндӣ» гуфтанд ва ин амалро ғалат нашуморидаанд. Ва ё ин ки тайи солиёни дарози дурӣ ва ҷудоии тоҷикон ва эрониён, дар асари авомили гуногуни сиёсиву иҷтимоӣ ва фарҳангии садаҳои охир, ба тадриҷ баъзе тафовутҳои дастурӣ ва дигаргуниҳои луғавӣ ба миён омадааст, ки онҳо забони тоҷикиро рангу бӯи «маҳаллӣ» медиҳанд ва мансубияти онро бо минтақаи хос таъкид мекунанд.

Албатта ин далелҳо аз нигоҳи фанни забоншиносӣ ба ҳадди бунёдӣ ва ба он андоза амиқ нестанд, ки забони ҳозираи тоҷикиро аз форсӣ ё дарӣ ҷудо сохта, онро ба як забони мустақил табдил диҳанд. Аммо ҷанбаҳои равонӣ ва сиёсии ин авомил ба андозае ҷиддӣ ҳастанд, ки дар шароити кунунӣ наметавон аз онҳо сарфи назар кард. Ҳоло барои исботи андешаи худ чандтои онро барои мисол меоварем:

-Истилоҳи «забони тоҷикӣ» дар тӯли умри такрибан 80-солаи хеш, на танҳо дар доираҳои илмӣ ва хориҷӣ маънои хос пайдо кардааст, балки ба ҳайси як мафҳуми сиёсӣ дар арсаи байналхалқӣ маснади ҳуқуқӣ гирифтааст;

-дар муддати мавҷудияти худ он ба сифати номи забони модарӣ дар тору пуди мардуми тоҷик танидааст;

-омили муҳимтар он аст, ки имрӯз номи забон бо номи халқ ва мамлакат бағоят ба ҷо ва муносиб афтодааст ва гумон аст, ки мардуме, ки дар давоми як-ду даҳа як бор номи забон ва ду бор номи алифбои худро дигар кардааст, ҳозир бошад, ки бори дигар бо амру фармон номеро, ки аз кӯдакӣ ба он хӯ гирифтааст, ба зудӣ фаромӯш кунад;

-табдили номи забон, масъалаи тағйири алифборо низ ба миён меоварад. Ин кор дар замоне, ки Тоҷикистони ҷавон дар талоши он аст, ки бидуни дастгирии «бародарони калону хурд» дар арсаи сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ ба пои худ равон шавад, вазифаи бас мушкил аст ва он бояд на бо усулҳои инқилобӣ, балки ба тадриҷ ва марҳила ба марҳила ҳал гардад.

Лозим ба ёдоварист, ки чанд далеле, ки дар боло дар мавриди номи забони тоҷикӣ оварда шуд, ба ҳеҷ ваҷҳ маънои онро надорад, ки бо ҳамин баҳс дар ин мавзӯъ ба поён расида ва ба он истилоҳ умри «ҷовидона» бахшида шуд.

Шояд дар оянда аз миёни садҳо маводи дарбору девони нодида ва нохонда ахбору асноде пайдо шавад, ки баъзе назарияҳоро дар мавзӯи забони мо ва саргузашти номҳои он ботил карда, андешаҳои навро ба вуҷуд биёрад, чунон ки дар қарни ХХ дар ин майдон бо бозёфтҳои аҷиби худ ҷилвагарӣ карда буд.

Ҷои шакке ҳам нест, ки ҷавонони донишдӯст ва ватанпарасти имрӯз ва фарзандони ояндаи истиқлолияти ин кишвари бостонии зебо ба хотири бозофариниши воқеият, китоби азими сарнавишти халқи худ ва саргузашти забони ширини модарии хешро чунон ки дар асл будаст, мехонанд ва дар бораи номи забони худ низ ба қарори дуруст меоянд.

Дар охир боз як бори дигар таъкид карданӣ ҳастем, ки ин чанд назару пешниҳоде, ки арз шуд, танҳо тарҳи мавзӯъ мебошад. Забон азони халқест, ки онро сохта, сайқал дода ва нигоҳ доштааст ва ӯст, ки фарзанди худро ном мегузорад. Аз ин рӯ пешвоёни фикру андеша ва авлиёҳои миллат дар ҳалли масъалаҳои он бояд камоли эҳтиёт ва мулоҳизаро ба кор баранд, то ин ки дар ҳалли ин масъалаи нозук иштибоҳу хатое рӯй надиҳад, махсусан дар боби номи забони миллӣ, ки мафҳуми муқаддас аст ва муқаддасот бояд равшан, дақиқ ва собит бошанд.

НАСАБИ ЗАБОНИ МО. Солиёни дароз дар байни донишмандон маълум буд, ки забони дарӣ аз ҳар ҷиҳат, ҳам аз назари қоидаҳои дастурӣ ва ҳам аз нигоҳи рукнҳои созандаи забон фарзанди забони паҳлавист. Пас аз ҳамлаи араб дар он таҳаввулоти ҷиддӣ рӯй медиҳад ва ба тадриҷ ба забони форсӣ, дарӣ ё тоҷикии имрӯз табдил мешавад.

Барои тасдиқи ин назария далелҳое доранд, аз қабили ин ки забони дарӣ бо забони форсии бостон, ки дар сангнавиштаҳои Ҳахоманишӣ дида мешавад ва ҳамчунин бо лаҳҷаҳои ҷанубии катибаҳои Сосонӣ ва матнҳои монавӣ қаробат дорад. Пас аз вуруди ислом агар вай ба лаҳҷаҳои дигар омезиш ёфта бошад, кори чандон тозае нест. Дар аҳди Сосониён низ бо ӯ чунин иттифоқ афтода буд.

Аммо баъдтар ақидаи дигаре дар байни олимон машҳур шуд, ки тибқи он забони форсии дарӣ ва ё форсии нав забони мустақил буда дар давраҳои пеш аз исломӣ низ дар баробари забони паҳлавӣ вуҷуд доштааст. Барои тасдиқи ин ақида далелҳои зерин оварда шудааст:

Таълифи «Шоҳнома»-и Абумансурӣ, тарҷумаи «Тафсири Табарӣ», «Таърихи Табарӣ», «Ҳудуд-ул-олам», «Аҷоиб-ул-булдон» ва ҳамчунон ашъори шоироне чун Абӯшукури Балхӣ, Рӯдакӣ, Қисоӣ, Дақиқӣ, Шаҳиди Балхӣ ва ҳатто «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ, ки ҳама ба забони фасеҳ ва пухтаи дарии порсӣ навишта шудаанд, гувоҳи он аст, ки ин забон бояд таърихи қадимтаре дошта бошад.Зеро дар давоми ду-се қарн ҳеҷ мумкин нест, ки забон ба ин андоза тараққӣ кунад ва ба ин ҳад пухта ва расо гардад, ки бориктарин андешаҳои шоирона ва мушкилтарин масъалаҳои илмиро баён карда тавонад.

Дувум ин ки бештари ҷумла ва ибораҳое, ки дар китобҳои арабии ибтидои ислом оварда шудаанд, форсии дарӣ мебошанд ва андаке ба паҳлавӣ.

Дигар ин ки ахбору асноде дар даст ҳаст, ки мутобиқи онҳо забони форсии дарӣ дар машриқ, яъне Хуросону Мовароуннаҳр пайдо шуда ва дар оғози ҳамлаи араб забони оммаи мардум будааст, ҳол он ки мардуми ғарб ва шимоли Эрон дар ин вақт ба паҳлавӣ ё лаҳҷаи наздик ба паҳлавӣ гуфтугӯ мекарданд.

Ин андеша барои донишманди варзида Муҳаммад Муҳити Таботабоӣ чунон равшан ва собит аст, ки ӯ тааҷҷуб мекунад, ки чаро то ба ҳол гурӯҳе аз арбоби қалам ғофил мондааст, ки забони форсии дарӣ забони мустақил ва қадимӣ буда, зуҳур ва истифодаи он лоақал ба оғози даврони ашконӣ мерасад. Он фарзи беасосе, ки дар «Фарҳанги Ҷаҳонгирӣ» ва ба нақл аз он китоб дар фарҳангҳо ва дастурномаҳо ва мақолаҳои интишорёфта борҳо такрор шудааст, ки забони форсӣ муштақ аз забони паҳлавӣ ва забони паҳлавӣ аз форсӣ иштиқоқ ёфтааст, дигар имрӯз қобили эътино нест ва касе, ки аз чунин фарзияи беасос пайравӣ кунад, бояд ӯро ҷоҳили бе мабонии аввалияи забоншиносӣ дар мавриди забонҳои эронӣ шумурд»[10]– менависад ӯ.

Яке аз санадҳои муҳими дигари эътиқодмандони ин назария кашфи матни катибаҳои Сурхкӯтали вилояти Бағлони Афғонистон аст (24 сатр, 160 калима), ки пештар аз онҳо ёд кардем.

Донишманди шаҳири Афғонистон Абдулҳай Ҳабибӣ кашфи ин сангнавиштаҳоро гардиши азиме дар сарнавишти забони форсии дарӣ ва умуман адабиёти Афғонистон арзёбӣ карда, чунин менависад.

«Ин назарияи ҷадиди илмӣ, ки забони дарии Афғонистон аз забони паҳлавӣ назоида, акнун як санади қавӣ ва возеҳро касб карда, ки он иборат аз кашфи сангнавиштае дар Тахористон, дар Сурхкӯтали Бағлон аст…Акнун ки сангнавиштаи макшуфаи Бағлонро ба забони дарии тахорӣ ва расмулхати юнонӣ мебинем, эътироф мекунем, ки забони дарии кунунӣ аз паҳлавӣ муншааб нашуда, балки дар муҳлати як ҳазору ҳаштсад сол то ду ҳазор сол пеш аз ин дар Тахористони таърихӣ забони такаллуму таҳрир ва адабу дарбор будааст».[11]

Ӯ барои исбот ва тасдиқи фикри худ дар ҷои дигар ҳангоми таъйини насаби забони дарӣ ваҳдати забонҳои эрониро ба миён оварда, забони дариро ба забони пашту, забонҳои помирӣ, пашаӣ, нуристонӣ, чатролӣ ва ғайра, ки баъзеи онҳо забонҳои маҳдуд боқӣ монда ва имрӯз гӯяндагони зиёде надоранд, аз як реша ва аз як гурӯҳ медонад.

Устод Абдулҳай Ҳабибӣ аз зумраи донишмандонест, ки дар бисёр осори арзишманди худ, ба монанди «Афғонистон баъд аз ислом», «Таърихи хат ва навиштаҳои куҳан», «Ҳафт катибаи қадим» ва амсоли он таърихи забони дариро мавриди баҳс қарор дода, дар омӯзиш ва таҳқиқи он саҳми арзандае гузоштааст.

Пас аз кашфи сангнавиштаи маъруфи Сурхкӯтали Афғонистон, бо истинод ба матни он таърихнигори номвар ба натиҷае мерасад, ки «модари забони дарӣ» (забони тахорӣ – С.Н.) ҳанӯз дар асрҳои аввалу дувуми мелодӣ вуҷуд дошт ва ин забон (забони тахорӣ- С.Н.) аз симои қадимии авоили аҳди масеҳӣ, дар муддати панҷ-шаш қарн ба қиёфаи забони дарии қуруни нахустини исломӣ даромад»[12] .

Вале муҳаққиқи кунҷков дар саргузашти забони тахорӣ баъзе муаммоҳоро дида, ба тааҷҷуб меояд, ки сабаб чӣ буд, ки забони тақрибан ба умри ду ҳазорсола «забони такаллуму таҳрир ва адабу дарбор» дар як муддати нисбатан кӯтоҳи таърихӣ аз байн рафт? Ҳол он ки вақте ки Яқуби Лайс дар Сиистон ба ҳукумат расид (соли 858) ва мардуми он ҷо ба порсӣ сухан мегуфтанд, дар кӯҳистони Вазиристон (ноҳияест дар Афғонистони кунунӣ-С.Н.) лаҳҷаи тахорӣ ба ҳолате, ки дар катибаҳо машҳур аст, мавҷуд буд ва сад сол баъд, дар асри Султон Маҳмуд ба куллӣ мафқуд ва нобуд гардид ва ҷои онро дарии фасеҳи дарбори Сомониён ва забони Дақиқиву Рӯдакӣ гирифт ва асаре аз лаҳҷаи тахорӣ ва расмулхати он намонд[13] .

Марҳум Ҳабибӣ дар баёни назарияи худ таки танҳо набуд. Гурӯҳе аз забоншиносони Афғонистон тарафдори ақоиди ӯ буданд ва то имрӯз ба он назария содиқ мондаанд. Соли 1999 рисолаи мукаммали муҳаққиқи Афғонистон доктор Маҳдӣ, бо номи «Заминаҳои рушди забони дарӣ то асри Сомонӣ», ки болотар мо ба он истинод ва ишора карда будем, аз чоп баромад.

Муаллиф дар бахшҳои алоҳидаи рисолаи худ гуфтаҳои Абдулҳай Ҳабибиро шарҳу тафсир дода ва андешаҳои худро бар пояи онҳо устувор кардааст. Ӯ назарияи ҷудо будани забони дариро аз паҳлавӣ тасдиқ карда, забони дариро ба ҳеҷ ваҷҳ натиҷаи таъсироти мутақобили лаҳҷаҳои забони ашконӣ ва сосонӣ[14] намедонад.

Дар масъалаи ваҳдат ва ягонагии решаи забонҳои шарқи эронӣ низ муҳаққиқ бо Ҳабибӣ ҳамовозии комил дорад ва ҳатто по аз он фаротар ниҳода изҳор менамояд, ки забонҳои номбурда марҳилаи забони форсии бостонро аз сар нагузаронидаанд.

Ба истинод ба ақидаи забоншиносон дар хусуси он, ки дар байни забони форсии бостон ва забони Авасто фосилаи тӯлонии ҳазорсола мавҷуд буд, муаллиф ба чунин натиҷа мерасад: «Аммо қадри мусаллам ин аст, ки забони дарӣ монанди дигар лаҳҷаҳои шарқӣ: пашту, помирӣ, нуристонӣ, суғдӣ реша ба забони авестоӣ мерасонад ва дар ин сайр зоҳиран масири форсии бостон-паҳлавиро напаймудааст… Тардиде нест, ки забони дарии қадим ҷавонтар аз забони форсии бостон аст, бо ин ҳол аносири забони авастоӣ дар он дида мешавад[15] .

Аз таҳқиқоти доктор Маҳдӣ чунин хулоса баровардан мумкин аст:

Аввал-забони дарӣ зодаи забони паҳлавӣ нест, зеро дар Афғонистони кунунӣ ва ҳудуди шарқии он забони паҳлавӣ ҳеҷ гоҳ роиҷ набудааст. Дувум-забони дарӣ аз шохаи ба куллӣ ҷудо аз забони паҳлавӣ (форсии бостон) мебошад, ки дар он ба ғайр аз дарӣ забонҳои пашту, помирӣ, нуристонӣ, пашаӣ, чатролӣ, суғдӣ шомил мебошанд. Ва забонест ҷавонтар аз форсии бостон, ки марҳилаи форсии бостон-паҳлавиро тай накарда ва аз забони авестоӣ реша мегирад.

Савум- забони дарӣ ва пашту ҳар ду аз як модар зоида шудаанд ва забони паштӯи аҳди Султон Маҳмуд бақоёи забони тахорӣ мебошад.

Бояд гуфт, ки катибаҳои мазкур, ки боиси падад омадани чунин баҳсҳои гарм шуд, дар доираҳои илмӣ ва маҳофили забоншиносони кишварҳои дигар чунин «инқилоб» эҷод накард ва ба нармӣ пазируфта шуд. Матни катибаи Сурхкӯтал ба забонҳои гуногун тарҷума шудааст ва забоншиносони ғарбӣ забони онро «забони бохтарӣ» номидаанд.

Устод Б.Ғафуров бо матни ин катиба ошноӣ доштааст ва забони онро «шарқӣ-эронӣ» мешуморад ва иттилоъ медиҳад, ки дар маънии матн миёни донишмандон ихтилоф аст. Вале онро яке аз кашфиётҳои муҳими илмӣ арзёбӣ карда, забони онро намунаи забони бохтарӣ меномад: «Бад-ин тариқ, баъд аз забонҳои суғдӣ, портӣ ва хоразмӣ илм аз забони бохтарӣ ҳам воқиф[16] шуд.

Ӯ дар ҷои дигар бо шарҳу тафсири бештар аз назари равшантар дар ин боб таваққуф карда, забони катибаи Сурхкӯталро забони «миёни забони пашту ва забонҳои помирии мунҷонӣ ва ёдғу, ё ядға (лаҳҷаест муншааб аз мунҷонӣ, ки худ дорои лаҳҷаҳои дигар аст) аз як тараф ва забонҳои суғдӣ ва хоразмӣ ва портӣ аз тарафи дигар[17] мешуморад.

Лозим ба ёдоварист, ки бархурд ба баъзе хулосаҳои муаллифони боло, ки гӯё лаҳҷаи асосӣ ва созандаи забони форсии дарӣ ин забони тахории қадим аст ва ё ин ки забони паҳлавӣ дар замони шаклгирии забони форсии дарӣ дар зодгоҳи забони форсии дарӣ, яъне қисматҳои шимолии Афғонистони кунунӣ роиҷ набудааст, яксон намебошад.

Масалан, ҳанӯз шарқшиноси маъруф Кристенсен ва сипас фарҳангшиносони номӣ чун Маликушшуаро Баҳор ва Муҳаммад Муин қайд карда буданд, ки замоне, ки забони дарӣ овони туфулиятро тай мекард, забони суғдӣ аз сарҳади Чин то Самарқанду Бухоро нуфуз дошт ва муддати чанд қарн дар Осиёи Марказӣ забони байналмилалӣ ба ҳисоб мерафт[18]. Шояд бад-ин далел баъзе забоншиносон аз нуфузи забонҳои паҳлавии ашконӣ ва тахорӣ дида, бештар таъсири забони суғдиро таъкид ва тахмин кардаанд.

Муҳаққиқи афғонистонӣ Ҳусайни Ямин пас аз баҳси тӯлонӣ дар бораи тафовути забонҳои паҳлавии ашконӣ ва паҳлавии сосонӣ ба чунин хулоса омадааст: «Чун забони суғдӣ дар нигоришҳои осори мазҳабии монавиён, будоиён ва тарсоёнӣ настурӣ[19] чандин қарн мутадовил буд ва забони илмии Осиёи Миёна ба шумор мерафт, эҳтимоли зиёд дорад, ки рукни асосӣ ва маншаи забони дарӣ ба он тааллуқ гирад[20] .

Ақидае, ки гӯё дар қаламрави Афғонистони муосир ва махсусан қисматҳои шарқии он «ҳеҷ гоҳ забони паҳлавӣ роиҷ набуд» ва ё он ки забони дарӣ «монанди дигар лаҳҷаҳои шарқӣ, пашту, помирӣ, нуристонӣ, суғдӣ…реша ба забони авастоӣ мерасонад» низ мисли он ки пояҳои устувор надорад. Муаррихи забардасти Афғонистон Мирғулом Муҳаммади Ғубор дар ин боб назари дигаре дорад:

«Бар илова дар Бохтар, ки маркази ин кишвар (Афғонистони кунунӣ дар назар аст- С.Н.) буд, ба забонҳои мутаадиде ҳарф зада мешуд, аз қабили суғдӣ, паҳлавӣ ва юнонӣ ва лаҳҷаҳои муташобеҳи дохилӣ, ки гӯяндагони он сухани ҳамдигарро мефаҳмиданд. Албатта аз забонҳои қадими Афғонистон ва ҳатто забони авастоии аввалия иттилооте дар даст нест. Магар ин маълум аст, ки дар аҳди қабл аз ислом дар Афғонистон алсанаи прокрит, санскрит, суғдӣ, юнонӣ, портӣ, паҳлавӣ, аскоӣ ва тахорӣ мавҷуд ва мустақил буд.Охиртар аз ҳама забони дарист, ки дар Афғонистон қабл аз ислом вуҷуд дошт ва дар қарни ҳафтуми мелодӣ возеҳан мурраваҷ буд»[21] .

Ба қавли ӯ танҳо забони паҳлавии портӣ , балки алифбои он ҳам дар он замон ба кор бурда мешуд: «Ҳамчунин хати паҳлавии портӣ аз қарни саввуми қабл аз мелод дар Афғонистон муаррифӣ гардида ва…то қарни саввуми мелодӣ (аҳди Кушониёни бузург ва нуфузи Сосонӣ) мураваҷ буд[22] , – менависад ӯ.

Аз ин сайри кӯтоҳ дар таърихи забон ба чунин хулоса омадан мумкин аст: ҷонибдорони назарияи дувум ба фикри мо ба ҳақиқат наздиктаранд ва пояҳои илмӣ ва мантиқии далелҳои овардаи онҳо, устувортар ба назар мерасад. Бинобар ин нигорандаи ин сатрҳо ҳам пас аз мутолиаи асари дастраси устодони муосир ва ҷустуҷӯҳо дар матнҳои гузашта пайрави устодонест, ки ба ақидаи онҳо: забони форсии дарӣ забони қадимист ва сароғози он, то ҷое маълум аст, ба аҳди Ардашери Бобакон мерасад.

Забонҳои авастоӣ, паҳлавӣ ва форсии дарӣ зоҳиран забонҳои мустақил буда ва дар ибтидо паҳлӯ ба паҳлӯ зиста ва истеъмол мешуданд.

Аз забони форсии бостон, паҳлавӣ ва авестоии даврони Ҳахоманишӣ санади хаттӣ то ба ҳол дастраси донишмандон нагардидааст. Вале чунон ки аҳли таҳқиқ хотирнишин кардааст, катибаҳои Ҳахоманишӣ нишон медиҳад, ки забонҳое, ки бо забони форсии бостон дар як давра истеъмол мешудаанд, чун эломӣ, бобулӣ, ошурӣ, оромӣ ба ин забон ҳамреша набуданд.

Забони паҳлавӣ, авастоӣ ва форсии дарӣ, ки забонҳои мустақил буданд ва нишонаҳое, ки олимон аз ин се забон дар ихтиёр доранд, собит мекунад, ки ин забонҳо дорои симои луғавии гуногун буданд ва агар калимаҳое аз ҳам ба орият гирифтанд, тасарруфоте беш набуда ва назири онҳо дар таърихи забонҳо бисёр мушоҳида шудааст.

Хулоса, тавре ки мебинем кохи мармӯзи забони мо ҳанӯз ҳам гӯшаҳои торик бисёр дорад. Умедворем, ки муаррихону адабиётшиносон ва махсусан олимони риштаи таърихи забон ба ин баҳс шарик шаванд ва чеҳраи воқеии забони миллии моро ҳарчӣ хубтару равшантар ба оммаи васеи хонандагон муаррифӣ кунанд.

ВАТАНИ ЗАБОНИ МО. Дар бораи зодгоҳ ва макони нашъунамои забони мо ва ё ба ибораи дигар дар бораи он ки забони форсии дарӣ роҳи дуру дарози худро аз куҷо оғоз карда ва мансуб ба мардуми кадом минтақа аст, муаллифони гузашта ва устодони муосир сухан бисёр гуфтаанд, ки онҳоро метавон ба ду даста тақсим кард.

Дастаи аввал, ки аксариятро ташкил мекунанд, ақида доранд, ки забони форсии дарӣ забони мардуми шарқ ва шимолу шарқи Эрон, яъне забони мардуми Хуросону Мовароуннаҳр аст.

Ҳоло барои огоҳии бештари хонандагон ва алоқамандони ҷавони таърихи забони тоҷикӣ чакидаи андешаҳои устодонро, ки аз матни осори муаллифони қадим бардошт кардаанд ва тарафдори ин ақида мебошанд, меорем:

Шодравон Баҳор менависад, ки забон (форсии дарӣ-С.Н.) лаҳҷаи хоси мардуми Хуросону Мовароуннаҳр ва Нимрӯзу Зобулистон будааст[23]

Сайид Нафисӣ бошад ватани аслии ориёиҳоро, ки тоҷикон мансуб ба он нажоданд, доманакӯҳҳои Ҳиндукуш, канори дарёҳои Ҷайҳуну Сайҳун медонад ва менависад, ки «Мо эрониён аз он ҷо омадаем ва Эрони имрӯз ба манзалаи хонаи дувуми мост»[24] .

Адабиётшиноси маъруф Забеҳулло Сафо низ нуфузи фаровони лаҳҷаҳои Хуросони қадим ва баъзе лаҳҷаҳои дигари шарқиро дар он таъкид кардааст[25].

Забоншиноси барҷаста ва луғатдони номдор Муҳаммад Муин ҳанӯз соли 1961 навишта буд, ки «порсии нав (ҳадаф забони дарӣ аст- С.Н.) забони шаҳрҳои шарқӣ ва тоҷикони ноҳияи Эрони ховарӣ, Афғонистон ва Помир ва Покистон аст»[26] Шарқшиноси маъруфи рус Е.Э. Бертелс ба хотири таъкиди нақши тоҷикон дар парвариш ва такомули забону адабиёти форсу тоҷик чунин навишта буд: «Ҳамон забони адабие, ки баъдан дар қаламрави Эрони имрӯза аз он истифода мекарданд, дар ибтидо маҳз дар Осиёи Миёна, он ҷое ки ҳоло тоҷикон зиндагӣ мекунанд, гул карда шукуфо шуда буд[27] .

Бузургони фазлу адаби Тоҷикистони муосир С.Айнӣ, Б.Ғафуров ва А. Мирзоев низ дар ин замина изҳори назар карда, хамин ақидаро дастгирӣ намудаанд. Ба фикри устод Айнӣ «баъд аз ислом забони форсии ҷадид аввал дар Мовароуннаҳр ва Хуросон ташкил ва баъд аз он ба ҳама форсизабонон мунтақил шуд[28] .

Академик Б.Ғафуров таъкид мекунад, ки аллакай дар асрҳои 7-8 забони форсии дарӣ дар шимолу шарқи Эрон, шимоли Афғонистон, ҷануби Осиёи Миёна, аз ҷумла ҷануби Тоҷикистон мавқеъ ва мақоми устувор доштааст ва сипас аз Марв, Балх ва дигар марказҳои маъмурӣ, иқтисодӣ ва мадании Хуросони шимолӣ ба тамоми Мовароуннаҳр интишор ёфта, ба тадриҷ ҷои забонҳои шарқи эронии Осиёи Миёна-суғдӣ, тахорӣ (бохтарӣ)-ро гирифт[29] .

Забоншиносони афғонистонӣ Абдуқаюми Кавим ва Ҳусайни Ямин бошанд яқин доранд, ки забони форсии дарӣ дар Афғонистони кунунӣ ва ду тарафи дарёи Ому ба миён омадааст[30] . Гурӯҳи дигари забоншиносон ватани аслии ин забон Тахористони таърихиро гуфтаанд[31].

Нақли иқтибосоти боло ҳарчанд боиси тӯли сухан шуда бошад ҳам, вале ба хубӣ нишон медиҳад, ки дар миёни пажӯҳишгарон дар ин замина ихтилофот мушоҳида намешавад ва бо каме тафовуту иловаҳо андешаҳои тақрибан ба ҳам монанд баён кардаанд.

Ба ақидаи ин гурӯҳ донишмандон нашъунамо ва ташаккули забони форсӣ дар Хуросону Мовароуннаҳр ду сабаб дошт. Аввал ташкили нахустин ҳукуматҳои миллӣ, ба монанди Тоҳириён, Саффориён ва Сомониён, ки аз ин сарзаминҳо бархоста буданд.

Дигар ин зуҳури суханварони бузурге чун Рӯдакӣ, ки ба ин забон шеърҳои зебо гуфтанд ва онро барои андешаҳои баланди шоирона мувофиқ сохтанд.

Ин ду омили моддӣ ва маънавӣ роҳи инкишофи ин забонро ҳамвор сохт ва дар натиҷа он қадар тараққӣ кард, ки дигар лаҳҷаҳои замони худро зери нуфуз қарор дод ва саранҷом онҳоро дар худ ҳазм намуд.

Гурӯҳи дувуми муҳаққиқон, ки теъдоди онҳо камтар аст, ақида доранд, ки забони форсии дарӣ забони ғарби Эрон ва ё аз ҷумлаи забонҳои ин ноҳия аст, яъне мансуб ба дарбори боазамати Тайсифун-пойтахти Эрони сосонӣ мебошад.

Ривояте аз гузашта нақл мекунанд, ки бино ба он вақте ки арабҳо ба Эрон ҳамла оварданд, Яздигурд- охирин подшоҳи Сосонӣ ба ҷамоате аз сипоҳу ҳашами худ гурехта ба Марв паноҳанда шуд ва гӯё ин гурезагон забони форсии дариро ба он ҷо оварда ва онро дар ин сарзаминҳо пароканда карданд.

Бояд гуфт, ки ин ривоят мавриди қабули донишмандон қарор нагирифт ва аксарият онро рад карданд. Масалан, доктор Ҳусайни Лисон тааҷҷуб мекунад, чи тавр як даста «мардуми шикаста ва парешон», ки маълум нест сарнавишти онҳо пас аз кушта шудани Яздигурд чӣ гуна шуд, магар метавонистанд «аз чунин нуфузе бархурдор бошанд, ки мардуми Хуросон то он сӯи Ҷайҳун, садҳо шаҳру русто таҳти таъсири он гурӯҳи аз ҳам пошида ва овора забони худро раҳо созанд ва ба забони он меҳмонони аз роҳ расида сухан гӯянд[32] .

Дар сиҳати ин ақида, ба ғайр аз он ки дар боло зикр шуд, шак ва посухҳои беҷавоб бисёранд. Масалан чи гуна шуд, ки мардуми сарзамини паҳновари Хуросони бузург забони ин гурезагонро чунон фаро гирифт, ки аз худи «соҳибзабонон» пешқадам шуда ва 180 сол аз марги Яздигурд нагузашта шоироне чун Ҳанзалаи Бодғисӣ ва дигарон аз ин сарзамин бархостанд ва ба ин забон шеър гуфтанд.

Ва агар ин ривоят дуруст бошад, ки забони форсии дарӣ забони ғарби Эрон аст, пас чӣ шуд, ки вай дар «зодгоҳ»-и худ хомӯш монд? Ва ғайра.

Бинобар чун далелҳои яқин Ҳусайни Лисон ба хулоса меояд, ки дар бораи он ки «забони мардуми шарқ форсии дарӣ будааст, дар ин ҳеҷ тардиде нест».[33]

Ҷолиб он аст, ки ҳамин муаллиф бо вуҷуди он ки «асолат ва собиқаи» забони дариро дар Хуросон таъкид мекунад, дар айни замон «ба ҳеҷ ваҷҳ (онро) ихтисос ба ин қисмати Эрон (Хуросон ва Мовароуннаҳр- С.Н.)» намедиҳад, зеро ба қавли ӯ пеш аз он ки нахустин намунаҳои забони дарӣ дар Хуросон пайдо шавад дар ғарби Эрон нишонаҳое аз ин забон пайдост, ки аз нигоҳи замони қабл аз намунаҳои Хуросону Мовароуннаҳр мебошанд. Сипас барои исботи фикри худ, нахустин ҷумла ва иборатеро, ки муаллифон ва ҷаҳонгардони араб дар осори худ аз садри ислом нақл мекардаанд ва нависандагони баъдӣ, чун муаллифи «Ахбори Исфаҳон» Ҳофизи Абунаим ва «Табақот» Ибни Саъдӣ ва дигарон ба онҳо афзудаанд, шоҳид меоварад.

Зимнан бояд гуфт, ки ин ҷумла ва ибораҳо дар илм маълум ва дар таълифоти донишмандони муосир борҳо такрор шудаанд, аз ҷумла устод Муин менависад, ки «бештари иборат ва ҷумалоте, ки дар кутуби арабӣ аз қавли шоҳаншоҳи Сосонӣ ва бузургони давраи эшон ва авоили аҳди ислом нақл шуда ба забони порсист ва андаке ба паҳлавӣ»[34] .

Дар охир муаллиф ба чунин хулоса меояд:

-забони дарӣ дар оғози ҳамлаи араб забоне буд, ки илова бар Хуросони Бузург дар Озарбойҷон, Хузистон, Форсу Кирмон ва ҳатто дар Ҳиндустон шинохта шуда буд ва мардуми бисёре ба он гап мезаданд. Ин забон дар сарзаминҳои мазкур пеш аз пайдо шудани нахустин асарҳои муҳими забони дарӣ ва саду панҷ сол пеш аз он аввалин шеърҳо ба ин забон вуҷуд доштааст.

Доманаи густариши ин забон дар чунин минтақаи васеъ «ҳам ба далели ҷуғрофиёӣ ва ҳам ба илали таърихӣ на мавлуди ҳукумати Саффориён ва Сомониён дар қаламрави онон метавонад бошад ва на натиҷаи шеъру адаби тоза ба роҳафтодаи форсӣ, ки ҳар ду аз Хуросон бархоста буданд, хусусан, ки васоили иртибот дар дунёи қадим мисли имрӯз чунон ба суръат ва ба ин густариш набуд[35]

Ба назари мо ҳадафи муаллиф аз ин гуфтаҳо он нест, ки забони форсиро ба ноҳияҳои ғарб нисбат диҳад ва ин баҳс низ чунин ақидаро исбот карда наметавонад, балки ба гумони мо гуфтаҳои боло шоҳиди он аст, ки забони форсии дарӣ пеш аз ҳамлаи араб аллакай дар ноҳияҳои ғарби Эрон маълум будааст ва ҳангоме ки арабҳо ба ин ноҳияҳо омадаанд, мардум бештар ба ин забон гуфтугӯ мекарданд.

Дар ҳар сурат то замоне, ки санади тозае дар ин маврид пайдо нашавад, қавли муътабар ва андешаи мантиқӣ ҳамон назарест, ки забони дарӣ ё порсии дарӣ дар сарзамини Хуросон ва Мовароуннаҳр офарида шуда, сипас ба тадриҷ тамоми ноҳияҳои маълуми порсигӯйро фаро гирифтааст.

УМРИ ЗАБОНИ МО. Чунон ки аз сарнавишти забонҳои ҷаҳон медонем, забонро низ ба монанди тамоми чизҳои зинда модаре ба дунё меоварад, шир медиҳад, мепарварад ва сипас ӯ ба пойи худ равон гашта, марҳилаҳои гуногунро дар тӯли умри худ мепаймояд. Муддате ҷавон- дар ҷӯшу хурӯш, чанде пухта, расо, қавӣ ва бо таҷриба, гоҳо пиру нотавон ва ҳатто дида шудааст, ки замоне мубтало ба дарди бедармоне шуда аз байн меравад.

Азин рӯ шояд барои аксарияти хонандагони азиз ҷолиб бошад, ки забони солхӯрдаи мо кай ба дунё омадааст ва дар сафари дуру дароз ва ранҷбари хеш ҳампои гузаштагони мо аз чи манзилу марҳилаҳо гузашта ва чи масири такомулро тай кардааст, ки ба як забони коромад ва ҷавобгӯи ниёзҳои гуногуни ҷомеа табдил ёфтааст.

Донишмандони забоншинос мароҳили тай кардаи забони форсии тоҷикиро ба се давраи калони таърихӣ тақсим кардаанд: форсии бостон, ё забони аҳди Ҳахоманишӣ, форсии миёна ё паҳлавӣ, ки худ аз ду забон иборат аст- портӣ ё паҳлавии шимолӣ ва паҳлавии сосонӣ ё паҳлавии ҷанубӣ ва ниҳоят форсии нав, ки дар таърихҳо ва матнҳои классикӣ бо номи форсӣ, порсӣ, порсии дарӣ ёд гардидааст.

Албатта ин тақсимот то ҷое маснуӣ ва шартист, зеро равшан аст, ки мардумон ҳеҷ гоҳ аз сухан гуфтан боз наистодаанд ва чунин ҳам набудааст, ки онҳо пагоҳӣ бархоста ба ҷои забони форсии қадим ё паҳлавӣ сухан гуфта ва ё рӯзи дигар ба порсии дарӣ гуфтугӯ карда бошанд.

Аз ин ҷост, ки дар бораи саргаҳу сапедадамии давраи сеюми забони мо то имрӯз баҳс идома дорад ва то ба ҳол посухи ягона мавҷуд нест. Албатта аз ин гуфта набояд пиндошт, ки ин саҳифа ба куллӣ торик ва нохонда мондааст.

Тамоми муҳаққиқоне, ки ба ин мавзӯъ даст задаанд, бар онанд, ки умри ин забон ба маротиб аз он чи менависанд (1100-1200) бештар аст.

Маликушшуаро Баҳор аз иборат ва ҷумлаҳои форсӣ, ки муаллифони араб, монанди Ҷаҳиз (160-255) дар «Алмахосин в-ал аздод» ва «Китоб-ат-тоҷ», Ибни Кутайба дар «Айвун ул-ахбор» ва амсоли он дар таълифоти худ овардаанд[36] ва аз фасоҳат ва устувории забони нахустин китобҳое, ки аз оғози марҳилаи нави забони форсии дарӣ боқӣ мондаанд, ба чунин хулоса омадааст: «Аз пухтагии иборат ва истеҳкоми таркибот ва ширинии лафзу маънӣ пайдост, ки насри қадим парваришёфтаи солиён ва балки қарнҳои дуру дароз аст ва ба маротиб аз китобҳои паҳлавӣ, ки шояд баъзе дар ҳамон қарн таълиф ёфтааст, пухтатар ва ҷомеътар ва аз лиҳози татаввур комилтар аст[37] .

Забоншиносони афғонистонӣ Кӯҳзод, Абдулқаюми Қавим ва Ҳусайни Ямин бинобар далелу бурҳон ва шаҳодати асноди боқимонда ва дар асоси андеша ва тахминҳои Маликушшуаро Баҳор умри ин забонро ҳадди ақал то карни III мелодӣ, яъне ду-дувуним аср то аҳди ислом пеш бурдаанд[38] .

Дар таърихҳо ва фарҳангҳо далелҳои дигаре низ пайдо кардан мумкин аст, ки аз таърихи қадимтари забони форсӣ гувоҳӣ медиҳад. Масалан, Ибни Қутайба дар «Табақот-уш-шуаро», Табарӣ дар «Таърихи Табарӣ» ва Абдулфайзи Исфаҳонӣ дар «Китоб -ул-ағонӣ» ба ихтисор нақл кардаанд, ки Ибни Муфаррағ-шоири араб муддате дар Хуросон ва Исфаҳон зиндагӣ карда, дар соли 60-и ҳиҷрӣ (681-мелодӣ), яъне пас аз 21 соли инқирози давлати Сосонӣ ба дарӣ шеър гуфтааст[39] . Ин далел бори дигар тасдиқ мекунад, ки ҳанӯз дар он давра забони дарӣ аллакай забони иникшофёфтае будааст, ки як шоири бегона дар муддати кӯтоҳ онро хуб омӯхта ва ба он шеър сурудааст, на як забоне будааст дар ҳоли ба вуҷуд омадан.

Дар муқаддимаи «Таърихи Табарӣ», ки бо фармони Мансур бинни Нӯҳи Сомонӣ (350-366) ба забони форсии дарӣ баргардонида шудааст, чунин мехонем: «Ва дигар он буд, к-ин забони порсӣ аз қадим боз донистаанд, аз рӯзгори Одам то рӯзгори Исмоил пайғамбар ҳама пайғамбарон аз мулукони рӯи замин ба порсӣ сухан гуфтандӣ… Ва ин ҷо бад-ин ноҳият (Хуросон -С.Н.) забони порсист ва мулукони инҷониб мулуки аҷаманд».

Тавре ки дар матни боло мебинем, сухан дар бораи он меравад, ки «забони порсиро аз қадим боз донистанд» ва мусаллам аст, ки мақсад аз «қадим» на камтар аз дусад-сесад сол бояд бошад ва ишораи дигар, ки «бад-ин ноҳият забони порсист» равшан мекунад, ки ин забон асосан дар Хуросон ва Мовароуннаҳр маъмул будааст.

Дар «Таърихи Бухоро»-и Наршахӣ (286-348) ба шеърҳо ва ривоёте ишора шудааст, ки аз қадимулайём дар боби баъзе воқеаҳои таърихӣ ва бостонӣ суруда шуда буданд. Бо вуҷуди он ки онҳо сабт нашуда ё боқӣ намонда бошанд ҳам, дар ҳар сурат нишонаи он мебошанд, ки забони дарӣ дар ин минтақа таърихи қадимтар доштааст: «Мардумони Бухороро дар куштани Сиёвуш навҳаҳост, чунон ки дар ҳамаи вилоятҳо маъруф аст ва мутрибон онро сурудаанд ва мегӯянд ва қавволон онро «гиристани муғон» хонданд ва ин сухан зиёдат аз 3000 сол аст ва дар ҷои дигар ҳам ин сурудаҳои мардуми Бухороро «кини Сиёвуш» меноманд.

Илова бар инҳо шоҳидони дигаре низ вуҷуд доранд, ба монанди шеърҳои ҳиҷогии монавиҳо мансуб ба китоби «Шопургон», Суруди Оташкада дар «Таърихи Сиистон», ки Маликушшуаро Баҳор ва Забеҳулло Сафо- муаллифи китоби «Таърихи адабиёти Эрон» онҳоро аз охири даврони Сосонӣ ва ибтидои зуҳури ислом медонанд ва гуфтаҳои шоир ва донишманди нуктасанҷ Шафеӣ Кадканӣ (Сиришк) дар боби Борбад, ки ба ин забон дар ситоиши Хусрави Парвиз-подшоҳи Сосонӣ-Хусравонӣ суруда ва бо оҳанг онро хондааст ва амсоли он ки дар ин баҳси кутоҳ маҷоли тафсири бештари онҳо нест, нишонаи он аст, ки ин забон дорои собиқаи тӯлонитар аз он чи равшан шудааст, бояд бошад.

Масалан, Муҳаммад Муҳити Таботабоӣ муътақид аст, ки «забони форсии дарӣ… собиқаи истеъмолии ҳаштсадсолаи пеш аз ислом дорад»[40].

Пас аз кашфи сангнавиштаҳои Афғонистон, ки болотар зикри онҳо рафт ин забони пиртар гуфта шуд ва умри онро ба 1800-2000 сол расонданд.

Марҳум Абдулҳай Ҳабибӣ матни ин катибаҳоро ба «забони дарии тахорӣ», ки модари забони дарӣ мебошад, ҳисоб мекунад ва муътақид аст, ки забони мазкур 1800-2000 сол пеш на ин ки забони дар ҳоли пайдоиш ва такомул, балки «дар Тахористони таърихӣ забони такаллуму таҳрир ва адабу дарбор буда»[41] аст.

Ин аст фишурдаи ҷустуҷӯ ва тааммул дар маъхазу манобеъи дастрас ва андешаву ақоиди расмиву ғайрирасмии маълум. Тавре ки мебинем ҳанӯз дар ин замона сухани охирин нагуфта ва нуқтаи хатм гузошта нашудааст.

Вале имрӯз донишмандон далелҳои боэътимод ва асноди расмӣ дар ихтиёр доранд, ки онҳо таърихи тахминан 1200 ё 1300 солаи забони моро равшан месозанд. Шояд дар оянда боз мисли катибаҳои Афғонистон, ки боиси эҷоди ақоиди хилофи назариёти пешин гардидаанд, асноду мадорики тозае кашф шавад, ки баъзе ҷанбаҳои андешаҳои гузаштаро беасос ва ё ҷанбаи дигари онҳоро собиту равшан созад.

  1.  Муфассал ниг.: В.А.Капранов, Таджикско-персидская лексикография в Индии в XVI-XIX вв., Душанбе, 1987, с.14-17.
  2.  Ниг: Маликушшуаро Баҳор, Сабкшиносӣ, Теҳрон, 1349, ҷ.1, с.19.
  3.  Муфассал ниг: Ҳамин асар, ҷил.1, с.19-24.
  4.  Муҳаммад Муҳии Таботабоӣ, Кори Фарҳангистон, Аз забон то форсии дарӣ. Маҷ. Ваҳид, № 1, Теҳрон, 1349, с.7; минбаъд, Кори Фарҳангистон аз забон то форсии дарӣ.
  5.  Муфассал ниг: Доктор Маҳдӣ. Заминаҳои рушди забони форсии дарӣ то асри Сомонӣ, Душанбе, 1999, с., минбаъд: Заминаҳои рушди забони форсии дарӣ, с.
  6.  Кори Фарҳангистон аз забон то форсии дарӣ. С.18
  7.  Ҳамон ҷо.
  8.  Ҳамон ҷо, с.9.
  9.  Ниг.Давлатдории тоҷикон, с.83.
  10.  Муҳаммад Муҳити Таботабоӣ, Нигаҳбонии забони форсӣ, маҷ.Яғмо, № 10, Теҳрон, 1349, с.753.
  11.  Нақли қавл аз китоби Доктор Маҳдӣ, Заминаҳои рушди забони форсии дарӣ то асри Сомонӣ, Душанбе, 1999, с.63, Минбаъд: Заминаҳои рушди забони форсии дарӣ, с.63.
  12.  Ниг: Заминаҳои рушди забони форсии дарӣ, с.63.
  13.  Ниг: Заминаҳои рушдӣ забони форсии дарӣ, с.75.
  14.  Ҳамон асар. С.191
  15.  Ҳамон асар, с. 199-194.
  16.  Б.Ғафуров, Тоҷикон, с.247.
  17.  Ҳамон ҷо.
  18.  Ниг: Сабкшиносӣ, ҷ.1, с.18; Муҳаммад Муъин, Фарҳанги Муъин, ҷ.1., с.11
  19.  Настур-Несту номи яке аз пешвоёни рӯҳонии насронӣ, ки аскафи Кустантания буда, соли 440 вафот кардааст.
  20.  Ҳусайни Ямин, Дастури забони дарӣ, Кобул, 1365; бахши нахуст, с.Б.Минбаъд: Дастури забони дарӣ, с. 16.
  21.  Мирғулом Муҳаммади Ғубор, Афғонистон дар масири таърих, Кобул, 1967, с.47.
  22.  Ҳамон ҷо.
  23.  Нақли қавл аз: Давлатдории тоҷикон, с.45.
  24.  Ҳамон ҷо.
  25.  3 Забехуллоҳи Сафо, Ганҷи сухан, Теҳрон, 1374, с.14.
  26.  Муҳаммад Муин, порсӣ ё дарӣ, маҷ.Нигин, давраи 7, № 75, Теҳрон, с.6.
  27.  Е.Э.Бертельс, История таджикского-персидского литературы, М.1960, м. 62.
  28.  Давлатдории тоҷикон., с.88.
  29.  Ҳамон ҷо.
  30.  Ҳусайни Ямин, Дастури забони дарӣ, бахши нахуст, с. 6.
  31.  Ниг. Доктор Маҳдӣ.
  32.  Доктор Ҳусайни Лисон, Баҳсе дар бораи забони дарӣ, маҷ: Донишкадаи адабиёт ва улуми инсонӣ, соли 21, №4, с.137.
  33.  Баҳс дар бораи забони дарӣ, с.138.
  34.  Муҳаммад Муин, Порсӣ ё дарӣ, с.60
  35.  Баҳс дар бораи забони дарӣ, с.139.
  36.  Ниг. Сабкшиносӣ, ҷ.1. с.19-24.
  37.  Ҳамон ҷо. с.22.
  38.  Ниг. Таърихи адабиёти Афғонистон, Кобул, с. 1330, с.59, Дастури забони дарӣ, бахши нахуст, Кобул, 1367, С.6.
  39.  Ниг. Неъмати Мирзозода, Шеъри имрӯзи Хуросон, Машҳад, 1342, с.15.
  40.  Муҳаммад Муҳити Таботабоӣ, Кори фарҳангистон аз забон то форсии дарӣ, маҷ. Ваҳид, соли 8, № 2, Теҳрон 1349, с.185.
  41.  Ниг.Заминаҳои рушди забони форсии дарӣ, с.63.
0 Загрузки
test

Добавить комментарий