Пояҳои густариши забони миллӣ

Забони миллӣ яке аз рукнҳои асосии давлатдорӣ аст. Бинобар ин дар таҳким бахшидани сохторҳои идораи давлатӣ ба рушди забони расмӣ ва умумии давлат бояд аҳамияти зиёде дода шавад. Забони тоҷикӣ дар қаламрави Тоҷикистон ҳамчун забони расмӣ дар давраи шӯравӣ ва баъд аз қабули Қонуни забон дар соли 1989 ба ҳайси забони давлатӣ амал мекунад. Махсусан баъд аз ба истиқлол расидани Тоҷикистон барои инкишофи забони тоҷикӣ шароити мусоиде фароҳам гардид. Баъд аз давраи Сомониён барои забони тоҷикӣ шароити рушду нумӯ ба дараҷае фароҳам шудааст, ки назираш дар таърихи рушди забон дида намешавад ва забони давлатӣ дар Тоҷикистон барои рушду нумӯ ва инкишоф имкониятҳои хеле васеъ пайдо кардааст. Пеш аз ҳама шароити мусоиди сиёсӣ имкон додааст, ки забони тоҷикӣ дар риштаҳои гуногуни ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ бидуни маҳдудиятҳо мавриди истифода қарор гирад. Масалан, имрӯз забони тоҷикӣ ҳамчун забони давлатӣ дар сохторҳои ҳарбӣ, бонкдорӣ ва ҳисобдорӣ истифода шуда истодааст, ки дар даврони шӯравӣ ғайриқобили тасаввур буд. Инчунин Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати забонии худро тавре ба роҳ мондааст, ки омӯзиши забонҳои бегона яъне англисӣ, русӣ ва ғайра бояд ба воситаи забони давлатӣ сурат гирад. Ин нукта дар суханрониҳои Президенти кишвар низ борҳо таъкид шудааст. Вале бо вуҷуди муҳайё шудани чунин шароити мусоиди сиёсӣ ҳоло ҳам дар густариши забони тоҷикӣ ва татбиқи Конуни забон навоқис ва камбудиҳои зиёде дида мешавад. Ба ақидаи мо барои бартараф кардани ин навоқис танҳо шароити мусоиди сиёсӣ ва иҷрои тадбирҳои давлатӣ дар бораи татбиқи Қонуни забон кифоя нестанд.

Пеш аз ҳама худи Қонуни забон, ки дар давраҳои охири даврони шӯравӣ бо назардошти шароити сиёсии он давра таҳия шуда буд, ислоҳи ҷиддӣ мехоҳад. Бояд гуфт, ки сиёсати давлатии шӯравӣ дар робита бо забонҳои миллӣ сиёсати дузабонӣ ё билингвизм ва оҳиста-оҳиста ба забони русӣ гузаштани халқҳои шӯравиро дар назар дошт. Ва Қонуни забон низ дар асоси ҳамин сиёсат таҳия гардида буд ва дар он ба забони русӣ ҳамчун забони муоширати байни халқҳо баҳо дода шуда буд, ки имрӯз аҳамияти худро гум кардааст. Биноан дар таҳияву таҳрири Қонуни забон бояд асоси қонунгузории давлатии сиёсати забон дар назар гирифта шавад, ки он аз додани аҳамияти бештар ба забони давлатӣ ва ба шароити якзабонӣ ё монолигвизм гузаштани ҷомеа иборат аст. Пеш аз ҳама номи Қонуни забон бояд ба шакли «Қонуни забони давлатии ҶТ» тағйир дода шавад. Зеро матни имрӯзаи он дар шакли «Қонуни забони ҶТ» ва матни худи Қонун ва тафсири моддаҳои он ба дузабонӣ ва ҳатто сезабонии тоҷикиву русиву узбекӣ оварда мерасонад, ки боиси сӯитафоҳумҳо мешавад. Аз матни Қонуни забон бояд порчаҳои зерин берун карда шаванд ё баъзеи онҳо пурра аз нав таҳрир шаванд:

… ҳамчунин кафолати ҳуқуқии амали озоди забони русиро, чун забони муоширати байни халқҳои ИҶШС ва забонҳои миллии дигар халқҳоеро, ки дар сарзамини Ҷумҳурии Тоҷикистон зиндагӣ доранд, таъмин менамоянд.

Моддаи 2. Забони русӣ, чун забони муоширати байни халқҳои ИҶШС, дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон озодона амал мекунад.

Моддаи 5. Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳар гражданин кафолат медиҳад, ки ҳангоми муомила бо органҳои ҳокимият ва идораи давлатӣ, инчунин ҳангоми муомила бо корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо (аз ҷумла ташкилотҳои ҷамъиятӣ) ба ихтиёри худ забон интихоб кунанд, аз онҳо ба забони давлатӣ, русӣ ё дигар забони қобили қабул маълумот ва ҳуҷҷат гиранд.

Моддаи 6. Нисбат ба кормандони органҳои ҳокимият ва идораи давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, инчунин органҳои муҳофизати ҳуқуқ, муассисаҳои ҳифзи сиҳат, маданият савдо, умури хизмат, нақлиёт, таъминоти иҷтимоӣ, хоҷагии манзилию коммуналӣ, ки аз рӯи кор ҳамеша ба гражданинҳои гуногунмиллат муомила доранд, чунин талабот муқаррар мегардад, ки забони давлатӣ ва русиро ба дараҷае, ки барои иҷрои вазифаи касбӣ зарур аст, бидонад.

Моддаи 8. Ҳуҷҷатҳои органҳои олии ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба забони тоҷикӣ қабул гардида, ба забонҳои тоҷикиву русӣ ва ӯзбекӣ чоп мешаванд.

Ҳуҷҷатҳои органҳои олии идораи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳуҷҷатҳои ташкилотҳои ҷамъиятии ҷумҳуриявӣ ба забони давлатӣ қабул гардида, ба забонҳои тоҷикиву русӣ чоп мешаванд.

Моддаи 9. Дар муомилаи органҳои ҳокимят ва идораи давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо органҳои ҳокимият ва идораи давлатии Иттифоқи ҶШС, бо органҳои умумиитфоқии ташкилотҳои ҷамъиятӣ, бо дигар ҷумҳуриҳои иттифоқӣ забони русӣ истифода мешавад.

Дар муомила бо давлатҳои хориҷӣ забони қобили қабули тарафайн истифода мешавад.

Моддаи 20. Коргузорӣ дар органҳои қайди актҳои ҳолати граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ба забони давлатӣ ва русӣ сурат мегирад.

Моддаи 21. Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳар гражданин интихоби озодонаи забони таҳсилро кафолат дода, ба забони тоҷикӣ, русӣ, ӯзбекӣ ва дар маҳалҳое, ки гражданинҳои миллати дигар сарҷамъ истиқомат мекунанд, ба забони модариашон гирифтани маълумоти миёнаи умумиро таъмин менамояд.

Моддаи 22. Ҷумҳурии Тоҷикистон ба гражданинҳое, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон зиндагӣ мекунанд, дар мактабҳои маълумоти умумӣ, омӯзишгоҳҳои касби техникӣ, мактабҳои махсус ва олӣ, инчунин дар дигар шаклҳои таълим омӯхтани забони тоҷикӣ ва русиро таъмин менамояд.

Роҳбарони кудакистонҳо, таълимгоҳҳо, омӯзгорону тарбиятгарон вазифадоранд забони таълиму тарбияро, ки дар ин муассиса қабул шудааст, бидонанд.

Моддаи 25. Такмили ихтисоси кадрҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба забони давлатӣ, русӣ ва ё ӯзбекӣ сурат гирад.

Моддаи 26. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон амали баробарҳуқуқии забони тоҷикӣ ва русӣ дар соҳаи илм таъмин мегардад.

Асарҳои илмӣ ва рисолаҳое, ки барои гирифтани унвони илмӣ навишта шудаанд, ба забони тоҷикӣ ё русӣ, инчунин бо назардошти равияи шӯроҳои илмӣ ва имконияти муассаҳои илмии ҷумҳурӣ ба дигар забонҳо пешниҳод ва дифоъ мешаванд.

Моддаи 27. Ҷумҳурии Тоҷикистон барои омӯзиши хати арабиасоси тоҷикӣ ва табъу нашри адабиёт ба ин хат шароити мусоид фароҳам меоварад.

Моддаи 31. Ҷумҳурии Тоҷикистон исм ва номҳои тоҷикӣ, топонимҳои таърихии ҳудуди ҷумҳуриро ҳифз менамояд, номгузории нав, табдили номи шаҳр ва дигар маҳалҳои аҳолинишин, тағйири номҳои мероси таърихӣ ва табииро таҳти назорати аҳли ҷомеа қарор медиҳад.

Гражданинҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳақ доранд, ки мувофиқи анъанаҳои миллии худ ном дошта бошанд. Онҳо метавонанд, ки ном, номи падар ва фамилияи худро мувофиқи имлои забони модарӣ нависанд.

Моддаи 32. Матни варақаи расмӣ, мӯҳр, штамп, штемпель ва формуляри корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо ба забони тоҷикӣ ва русӣ навишта мешавад.

Матни лавҳаҳои даромадгоҳ, эълонҳо, хабарномаву огоҳномаҳо, реклама, ки ба диққати умум пешниҳод мегардад, ба забони давлатӣ тартиб ёфта, ҳангоми зарурат ба русӣ ва ё забони дигар тарҷума мешавад.

Моддаи 33. Тамға, дастурнома, рӯчаспу барчаспи маҳсулоти корхонаҳои ҷумҳурӣ ба забони давлатӣ таҳия шуда, тарҷумаи он ба забони русӣ оварда мешавад.

Ташкилотҳои савдову фурӯш маҳсулотеро, ки аз дигар минтақаҳои мамлакат ё аз хориҷ ба ҷумҳурӣ меояд, ҳангоми зарурат бо маълумотномаҳои мувофиқ ба забони давлатӣ ба русӣ таъмин менамоянд.

Баъдан бояд матни Қонуни забон бо иловаҳои зарурӣ такмил шавад. Ин иловаҳо метавонад бештар барои нашъунамо ва густариши забони давлатӣ мусоидат кунад. Иловаҳо мумкин аст мавзӯъҳои зерро дар бар гирад.

  1. Масъалаҳои таҳсилот ва истифодаи забони тоҷикӣ.
  2. Ба забони илм табдил додани забони тоҷикӣ.
  3. Забони давлатӣ ва муносибати он ба забонҳои наздики форсии Эрон ва дарии Афғонистон.
  4. Истифодаи забони тоҷикӣ дар расонаҳои иттилоотӣ (матбуот, радио, телевизион ва иттилооти компютерӣ).
  5. Истифодаи забонҳои ғайр дар қаламрави Тоҷикистон.

Тамоми санадҳои қонунгузории ҶТ бояд дар асоси ҳамин равия таҳия шавад. Инчунин таҳсилоти хамагонӣ ва олӣ низ дар асоси забони тоҷикӣ пеш бурда шавад. Яъне дар таҳияи забони илм ва ба забони илм мубаддал гардондани забони тоҷикӣ бояд пеш аз ҳама такя ба низоми таҳсилоти хамагонӣ ва олӣ карда шавад, чунки ин система асоси рушди забони давлатӣ мебошад. Барои таҳияи китобҳои дарсӣ ва ҳамгунсозии истилоҳоти ин гуна китобҳо чораҳои фаврӣ дидан зарур аст, чунки тавре ки мо медонем дастурҳо ва китобҳои дарсӣ ва луғатномаҳои бешуморе, ки чоп мешаванд, бидуни назорати як маркази ягона мегузаранд ва дар навиштану таҳияи онҳо бесарусомониҳои зиёде дида мешавад.

Яке аз масъалаҳои мураккаби дигар ки ба рушди забони тоҷикӣ алоқаи ногусастанӣ дорад, ин фазои иттилоотӣ мебошад. Тавре, ки ба ҳамагон маълум аст, дар Тоҷикистон фазои иттилоотӣ ба забони тоҷикӣ пурқувват нест. Матбуот радиову телевизион ва фазои иттилоотии компутерӣ, ки се унсури асосии иттилоотӣ мебошанд, бештар ҷанбаи русӣ доранд. Яъне дар пахшу нашри ин расонаҳо забони давлатӣ ва бартарӣ доштани он дар фазои иттилоотӣ умуман ба назар гирифта намешавад. Ба ҷузъ аз якчанд рӯзномаҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ ба забони тоҷикӣ, аксарияти нашрияҳо ба забони русӣ чоп мешаванд. Системаи радио ва телевизион низ ба ҳамин минвол аст. Имрӯз дар саросари ҷаҳон иттилооти компутерӣ ва технологияи компутерӣ аҳамияти бештар пайдо карда дар бисёр ҳолат иттилооте, ки ба воситаи компутерҳо гирифта мешавад, аз дигар расонаҳои дида бартарӣ ва афзалият дорад, вале забони тоҷикӣ то имрӯз дар ин бахш ҷои худро пайдо накардааст. Бояд тазаккур дод, ки бо паҳн шудани технологияи компутерӣ ва пайванд шудани тамоми манотиқи Тоҷикистон ба як маркази умумии компутерӣ барои рушди забони тоҷикӣ саҳифаи нав кушода мешавад.

Барои ба забони илм табдил додани забони тоҷикӣ бояд тамоми ҷанбаҳои истифодаи он дар ҳаёти сиёсӣ, иктисодӣ ва иҷтимоӣ дар назар гирифта шавад. Барои он бояд забони тоҷикӣ дар ин соҳаҳо бо як низоми муайяни барномарезишуда истифода шавад. Яъне ба ҷузъ аз таҳрири ҷиддии Қонуни забон принсипҳои асосии истилоҳсозии забони тоҷикӣ низ мавриди бозбиниву таҷдид қарор гирад. Ин принсипҳо бояд дар асоси таҷрибаҳои андӯхтаи забони тоҷикӣ дар солҳои охир, таҷрибаи хамзабонони мо дар Эрону Авғонистон ва дастовардҳои ахири илми забоншиносӣ таҳия шавад. Муносибатҳои забонӣ ва доду гирифти истилоҳоти нав дар байни ҳамзабонон дар даврони шӯравӣ хеле маҳдуд бошад ҳам ба таври ғайрирасмӣ вуҷуд дошт. Масалан, аз охири солҳои бистуми асри ХХ ҷараёнҳои табдили алифбо, сода ва осон кардани забон, ба вуҷуд овардани забони меъёр ё ин ки забони адабӣ дар ҳар се кишвар ба таври ҷиддӣ амалӣ мегардид ва дар Эрон низ дар фикри бознигарӣ ва ислоҳи забони худ буданд. Вале шароити мусоид барои нуфузи истилоҳот ва вожаҳои тозаи ҳамзабонон ба забони тоҷикӣ баъд аз солҳои 80-ум оғоз ёфт. Махсусан, баъди ба истиқлолият расидани ҶТ мамониатҳои идеологии даврони шӯравӣ бартараф гардиданд ва дар заминаҳои гуногуни фарҳангӣ ва маънавӣ, аз ҷумла адабиёт ва забон имкониятҳои мусоиди табодули таҷриба ва истифода аз дастовардҳои ҳамдигар ба вуҷуд омад ва ба забони тоҷикӣ аз захираи истилоҳоти навсохти форси муосир истилоҳоти зиёде ворид шуд. Имрӯз метавон аз ҳазорҳо луғату истилоҳоти риштаҳои гуногуни ҳаёти иҷтимоӣ, аз қабили бозрасӣ, фурудгоҳ, гирдиҳамоӣ ном бурд, ки дар матбуоту забони мардум ва осори нависандагон истифода шуда, эҳсоси бегонагӣ намекунанд. Имрӯз барои забоншиносони тоҷик шароити мусоиде фароҳам шудааст, ки барои ҳамгунсозии истилоҳоти тоҷикӣ-форсӣ ва дарӣ дар сатҳи умумӣ корҳои зиёдеро анҷом диҳанд, чунки дар сатҳи умумӣ ин кор ҳадди ақал дар ҳавзаи истилоҳоти иҷтимоӣ-сиёсӣ имкон дорад. Ҳамгунсозии истилоҳоти соҳавӣ ва махсусан истилоҳоти илми-техника ва технология дар зери таъсири омилҳои гуногун ба ақидаи мо заҳмат ва фурсати бештарро талаб мекунад, чунки ин ришта дар ин се минтақаи густариши забон хусусиятҳои хоси худро дорад. Вале дар ҷараёни ҳамгунсозии истилоҳот ва доду гирифти вожаҳо ва баҳрабардорӣ аз истилоҳоти ҳамзабонон набояд хусусиятҳои хос ва вижагиҳои забони тоҷикиро фаромӯш кард, чунки забони тоҷикӣ дар минтақаи инкишофи худ дорои вижагиҳои хос аст. Набояд фаромӯш кунем, ки забони форсӣ-дарӣ аз ҳамин минтақаҳо бархоста баъдан ба сарзаминҳои дигар паҳн шудааст. Ва дар сарзаминҳои дигар вобаста ба шароити ҷуғрофиёӣ, таъсири забонҳои маҳаллӣ ва забонҳои ғайр симои зоҳирии хоси худро пайдо кардаанд ва азамату бузургии забони форси дарӣ маҳз дар ҳамин гуногунрангиҳост. Агар замоне дар Мовароуннаҳр ин забон заиф шуда бошад, дар Ҳиндустон ба авҷи инкишоф расидааст ва ё баъдан баъди дар Ҳиндустон заиф шудани забони форсӣ-дарӣ он дар Эрону Афғонистон рушду нумуи тоза ёфтааст. Хулоса, ин шохаҳо дар тӯли содсолаҳои таърихӣ ҳамеша мададгор ва дармонбахши якдигар буданд.

Маълум аст, ки қоидаҳои истилоҳсозии ҳар забон махсусан забонҳои ҳамреша ва ҳамтаърих бо вуҷуди вижагиҳои хоси худ дар маҷмӯъ монанди дигар қонунҳои забон умумиятҳои зиёде бо ҳам доранд. Дар марҳилаҳои мухталифи инкишофи худ чунин забонҳо, вобаста ба таҳаввулоти бунёдӣ ва ё дар асари дигаргуниҳои таърихии ҳаёти миллат ин вижагиҳо метавонанд бештар ё камтар бошанд. Масалан, баъзе вижагиҳои номатлуб дар истилоҳоти забони тоҷикии даврони шӯравӣ хоси ҳамон марҳилаи таърихии ҳаёти халқи тоҷик буданд ва чанде аз онҳо акнун ба маҷрои аслии худ баргашта истодаанд. Бинобар ин, дар вақти таҳияи усулномаи нави истилоҳоти забони тоҷикӣ таҷрибаи ҳамзабонон дар ин арса, махсусан усулномаҳои истилоҳоти забони муосири форсӣ бояд дар назар гирифта шавад. Интихоби ин гуна усулномаҳо илова бар қаробати мавзӯъ ва ягонагии забон сабабҳои дигари таърихӣ ва созмонӣ ҳам дорад

Пеш аз ҳама бояд гуфт, ки ин сарчашма дар вақти омода кардани усул ва принсипҳои истилоҳсозии забони пешини тоҷикӣ бо сабабҳои объективӣ (сиёсӣ) ва субъективӣ (бехабарӣ ва таассуби мутасаддиёни ин кор) ба назар гирифта нашуда буд. Ин имтиёзест, ки асосан баъди истиқлолият насиби мутахассисон шудааст. Дигар он ки сарнавишти забони тоҷикӣ ва форсии Эрон дар асри ХХ шабоҳатҳои зиёде бо ҳам доранд. Ҷунбиши ислоҳ кардан ва ба ниёзҳои нави ҳаёт мутобиқ сохтани забон, ҷустуҷӯи роҳи ҳалли проблемаҳои истилоҳсозии онҳо тақрибан дар як давра шурӯъ шудааст. Масалан, фаъолияти таҳия ва танзими истилоҳоти нави забони тоҷикӣ охири солҳои бистум, дар ибтидо зери роҳбарии КМ Алифбои нав оғоз гардид ва соли 1935 барои танзим ва суботи ин соҳа мақоми махсус – Кумитаи истилоҳот дар назди Кумитаи Марказии Иҷроияи (КМИ) Шӯрои Комиссарони халқи Тоҷикистон таъсис гардид. Дар Эрон низ нахустин гурӯҳи истилоҳсозӣ дар ибтидои солҳои сӣ дар Вазорати ҷанг ба кор оғоз кард ва соли 1314 (1935) Фарҳангистони Эрон таъсис гардид ва дар тӯли умри 7 солаи худ (1320 (1941)) 1500 луғат ва истилоҳоти нави илмӣ, фаннӣ ва фарҳангӣ дар баробари вожаҳои аврупоӣ ва арабӣ сохта ба тасвиб расонд.

Сабаби бунёди ҳар ду мақом зарурати муодилгузинӣ, интихоб ва ё сохтани вожаҳои муносиб ва мутобиқ ба нормаҳои забони тоҷикӣ ва форсӣ барои луғот ва истилоҳоти тозаворид аз Ғарб буд.

Ҳадафи ин ҳар ду мақом ҳам пешгирӣ аз бенизомӣ дар фаъолияти истилоҳсозӣ ва интихоби роҳу шеваҳои дурусти илмӣ барои инкишофи ин ришта буд.

Манбаи асосии ин кор, яъне забони миллӣ дар ҳарду кишвар ягона буд ва усулҳои мавриди истифода низ тақрибан яксон. Фарқи асосӣ дар ориятгирӣ буд. Дар забони тоҷикӣ истилоҳоти нав аз забони русӣ гирифта мешуданд ва дар усулномаи истилоҳоти забони тоҷикӣ ин манбаъ ошкоро сабт буд ва дар форсӣ онҳо аввал аз забони фаронсавӣ ва дертар асосан аз забони англисӣ иқтибос мешуданд.

Тафовути дигар дар имло буд. Азбаски забони тоҷикӣ дар аввал ба алифбои лотинӣ ва дертар ба алифбои кириллӣ гузашта буд, тарзи навишт ва талаффузи истилоҳоти нав дар асоси имлои русӣ муқаррар гардида буд.

Ва ниҳоят он ки имрӯз истилоҳоти иҷтимоӣ – сиёсии «сохти эронӣ» дар забони тоҷикӣ ба таври одӣ дохил шуда истодаанд. Ошноӣ ва муқоисаи усул ва қоидаҳои маъмули забони форсӣ бо забони тоҷикӣ имконият медиҳад, ки дар вақти таҳияи усулномаи нави истилоҳоти забони тоҷикӣ аз бозёфтҳо ва таҷрибаи ҳамзабонон дар ин арса истифода гардад.

Барои муайян кардани принсипҳои асосии истилоҳоти забони тоҷикӣ таъини манбаъҳои он хеле муҳим аст, ки солҳои пешин чунин буд:

1. Манбаи миллӣ, яъне забони тоҷикӣ;

2. Манбаи советӣ, яъне забони русӣ;

3. Манбаи интернатсионалӣ, яъне истилоҳоти байналмилалӣ. Истифода аз ин манбаъ ҳам ба воситаи забони русӣ сурат мегирифт. Истифодаи мустақил аз дигар забонҳои аврупоӣ мушоҳида нашудааст.

Ба андешаи мо ин се манбаъ дар истилоҳсозии замони мо ва шояд дар ояндаҳо ҳам бо каме тағйиру иловаҳо боқӣ хоҳад монд.

Манбаи миллӣ, забони тоҷикӣ. Ба андешаи мо истифодаи манбаи миллӣ аз бахшҳои гуногун иборат мебошад ва онҳо дар таҳияи усулномаи нави истилоҳсозии забони тоҷикӣ ва дар фаъолияти амалӣ бояд дар назар гирифта шаванд:

– Истифодаи ҳадди аксари сарватҳои луғавии забони адабии ҳозира ва ҷалби маводи луғавии барои аксарияти мардум фаҳмо аз лаҳҷаҳо, истилоҳоти касбӣ ва ҳатто унсурҳои алоҳидаи забони гуфтугӯӣ;

– Истифодаи забони адабиёти классикӣ. Ин манбаъ дар назди истилоҳсозон чунин вазифаро мегузорад:

а) Пеш аз ҳама бояд забони осори боқимонда аз оғози шаклгирии забони форсии дарӣ аз дидгоҳи вожагузинӣ таҳқиқ шавад. Яқин аст, ки дар он ганҷина вожаҳои ноб ва усулҳои нодири вожагузинии нуҳуфта ва ё ноёфта ҳанӯз бисёр аст. Забони форсии дарӣ дар он давра ҳанӯз беолоиш ва дар ҷушу хурӯши ҷавонӣ ва зояндагӣ буд.

б) Ҷустуҷӯ дар девони шоирони бузурги он давра ва баъди он мисли Рӯдакӣ ва ҳамзамононаш, Фирдавсӣ, Ҷалолиддини Румӣ, Камол, Саъдӣ, Ҳофиз, Бедил ва чанд тани дигар, ки осорашон яке аз манбаи асосии вожаҳо ва истилоҳоти забони форсии дарӣ ва шеваҳои калимасозии меросӣ ва шоиронаи ғайричашмдошт мебошанд;

в) Мутолиа ва баррасии таркиби луғавии забони осори достонҳои омиёна, сафарномаҳо. Нависандагони ин асарҳо аз дарборҳо дур ва ба таври куллӣ аз сабку тарзҳои нигоришоти печида ба саҷъҳо ва луғоту истилоҳоти арабӣ озодтар буданд. Гузашта аз ин онҳо бисёр вожа ва истилоҳоти манотиқи гуногун ва ҷорӣ дар байни мардумонро, ки нависандагони «забонсози» расмии асрҳои миёна онҳоро ҳамчун вожаҳои омиёна дар таълифоти хеш ҷой намедоданд, дар китобҳои худ дарҷ кардаанд ва бисёр имкон дорад аз байни онҳо ва ё усулҳои калимасозии онҳо баъзе луғатҳои мавриди ниёзи замони мо пайдо ва ё сохта шавад.

г) Таҳқиқ ва таҳлили фарҳангҳо, махсусан луғатномаҳои оғози фарҳангсозии забони форсии дарӣ аз нигоҳи вожагузинӣ ва истилоҳшиносӣ ва амсоли он.

Албатта, мо аз душвории ин роҳ огоҳ ҳастем ва медонем, ки анҷоми он тавассути ду – се кас ва ё дар муддати ду – се сол номумкин аст. Солҳо ва заҳмати садҳо донишмандон лозим аст, то ки дар ин замина натиҷаҳои матлуб ба даст биёяд. Вале ин матлабро ҳам дарк мекунем, ки усулномасозӣ ва истилоҳсозии забони тоҷикӣ ҳам дар ҳамин ду – се сол ба поён нахоҳад расид.

Хушбахтона имрӯзҳо садҳо пажуҳишгарони риштаҳои гуногуни илму дониш дар Тоҷикистон ва Эрону Афғонистон машғули омӯзиши ин мероси фарҳангӣ мебошанд. Фақат лозим аст, ки донишмандони муҳтарам зимни баррасии масоили мавриди назари хеш ба ин мавзӯъ низ каме бештар таваҷҷуҳ зоҳир карда, дар ин фаъолияти муштараки илмӣ саҳми худро гузоранд. Зеро вазъи мавҷудаи истилоҳоти хоси донишҳои гуногун дар маҷмӯъ вазъияти умумии истилоҳоти ҳар забонро ташкил мекунад.

– Истифодаи забонҳои бостонии форсӣ.

Ба назари мо аз сарчашмаҳои бостонӣ бояд бисёр эҳтиёткорона кумак гирифт. Аввал он ки барои дарки арзиш ва маънои аслии таъбирот ва истилоҳоти он забонҳо ногузир бояд ба таври амиқ дар таърихи соҳибони ин забонҳо, адён ва умуман таърихи забон фурӯ рафта таҳқиқ кунем, ки дар кадом риштаҳои илму дониш онҳо борвар буданд. Ҳол он ки китобҳои илмии аз он забонҳо боқӣ монда бисёр андак мебошанд ва агар чизе ҳам дар даст аст ба ин усул ҷавоби равшан намедиҳад.

Аз ин ҷиҳат ба такрор мегӯем, ки луғот ва истилоҳоти мавриди ниёзи имрӯз ва усулҳои сохтмони онҳоро бояд дар бомдоди ташаккул ва такомули забони форсии дарӣ ҷустуҷӯ кард. Зеро дар баробари вожагони нави забонҳои ғарбӣ қарор додан ва зинда кардани вожаҳои маҳҷур ва камошнои форсии дарӣ барои забони мо зоҳиран манфиати бештар хоҳад дошт аз он ки барои онҳо аз калимаҳои ноошно ғайримаъмул ва душворфаҳми забони арабӣ ва ё забонҳои бостонӣ муодил баргузинем.

– Истифода аз захоири луғот ва истилоҳоти навсохти ҳамзабонон. Азбаски нуфуз ва истифодаи «наввожаҳо»-и форсӣ имрӯзҳо дар ҳоли густариш аст, бинобар ин забони тоҷикӣ бояд муносибати худро ба ин луғот ба таври куллӣ муайян намояд.

Имрӯз барои забоншиносони тоҷик шароит фароҳам аст, ки таҷрибаву бозёфтҳо ва захираҳои истилоҳоти забони тоҷикӣ, форсӣ ва дариро олимона таҳлилу баррасӣ карда, муносибтарин ва озмудатарини онҳоро баргузинанд. Ин кор ҳадди ақал дар ҳавзаи истилоҳоти иҷтимоӣ – сиёсӣ шуданӣ аст. Ҳамгунсозии риштаҳои илму фан ва технология ба далели таъсири забонҳои гуногун ва анъаноти истилоҳсозии асрҳои охир дар замони мо фурсат ва заҳмати бештарро талаб мекунад.

Аз ин рӯ набояд яке аз ин шохаҳоро бар дигаре тарҷеҳ дод. Баръакс, ба андешаи мо имрӯзҳо, ки дар истилоҳсозӣ ҳама гирифтори мушкилоти муштаракем, бояд талош варзид, ки ҳатто вижагиҳои луғавии минтақавии форсӣ, дарӣ ва тоҷикӣ бетаассуб таҳқиқ ва тафтиш шавад, то бошад ки бо кумаки ҳамдигар мушкилоти нави хешро ҳам дар ин ришта ба мисли гузаштаҳо бартараф созем.

– Истифодаи луғатҳои арабӣ.

Ҳадаф ин ҷо вожаҳои забони арабии муосир набуда, балки луғотест, ки корбурди онҳо дар забони тоҷикӣ собиқаи тӯлонӣ доранд. Солҳои сиюми асри гузашта, чунончи пештар ишора шуд, муборизаи шадид бо «арабизм»-ҳое, ки забони тоҷикиро «ифлос» мекунанд оғоз гардид. Дар Эрон ҳам дар ҳамин солҳо чунин тамоил пайдо шуда буд ва гурӯҳе ба номи «порсии сара», ҳаракат мекарданд, ки луғати арабӣ ва умуман тамоми калимаҳои бегонаро аз забони форсӣ хориҷ карда ба ҷойи онҳо вожаҳои «сара»-и форсӣ муқаррар намоянд. Вале гузашти замон ва инкишофи забони тоҷикӣ ва бахши истилоҳсозии он нишон дод, ки бар хилофи чунин даъвоҳо луғатҳои арабии решаҳои таърихӣ дошта дар забони тоҷикӣ то ба ҳол яке аз унсурҳои муҳимми вожагузинии забони тоҷиқӣ мебошанд. Мисоли равшани он ибораи «давлати соҳибистиқлол ва ҳуқуқбунёд-и» имрӯз аст. Бинобар ин забоншиносони тоҷик ва донишмандони эронӣ пайваста дар таълифоти худ таъкид мекунанд, ки тағйир додани истилоҳоти иҷтимоӣ – сиёсӣ ва илмӣ – адабӣ, ки тайи ҳазорон сол дар забони тоҷикӣ ба кор рафтанд ва дар бисёр маврид маънои ибтидоии арабии худро гум карда, таърихи забон ба онҳо ба истилоҳ санади «ҳувият»-и миллӣ додааст, кори зараровар аст. Аз ин сабаб, ба гумони мо чунин луғатҳо ба захираи луғавии забони тоҷикӣ дохил шудаанд ва ҷузъи таркибии манбаи забони тоҷикиро ташкил мекунанд.

Забони русӣ. Ин манбаъ ба андешаи мо дар оянда низ аҳамияти худро гум накарда ҳамчунон боқӣ хоҳад монд. Зеро илова бар таъсири мустақими ин забон дар ташаккули истилоҳоти нави забони тоҷикӣ, ягонагии алифбо, имло ва тарзи талаффузи луғату истилоҳоти бегона ин вобастагиро бисёр амиқ ва мустаҳкам кардааст. Дуруст аст, ки имрӯзҳо забони тоҷикӣ метавонад вожаҳо ва истилоҳоти нави ҷаҳониро бевосита аз забонҳои зояндаи онҳо чун англисӣ, немисӣ, фаронсавӣ ва ғайра гирад. Вале чигуна ва бар асоси кадом дастур ё усул? Чунки имло ва талаффузи онҳо дар забонҳои номбурда аз он чи ки то ҳол тавассути русӣ гирифта мешуд, фарқ хоҳанд кард. Дар он сурат пайдост, ки дар ин қисмати забони мо чи харҷу марҷ ва саргардонии нав ба вуҷуд хоҳад омад. Масалан гумон аст, мардум ба зудӣ ба солҳои бистум баргашта одат кунанд, ки ба ҷои «демократӣ» – «демукротӣ» ё «демукросӣ» ва ё «сотсиализм»-ро «сусиёлизм» ва «автобус»-ро «утубус» нависанд ва ё гӯянд. Ин масъалаест, ки ба содагӣ ҳал намешавад ва забоншиносон бояд онро ҳамаҷониби баррасӣ карда, суду зиёни онро барои забон муайян намоянд ва дар сурати зарурӣ барои ин бахши истилоҳгузинӣ, яъне иқтибосгирӣ аз забонҳои бегона, усул ва дастурҳои нав таҳия созанд.

Гуфтугӯҳо дар бораи ҳамгунсозии истилоҳоти забони тоҷикӣ, форсӣ ва дарӣ низ аз ҷумлаи проблемаҳои нави забони мо аст ва ҳалли он ҳам ба масъалаи боло вобастагии сахт дорад. Зеро чунон ки гуфтем вожаҳо ва истилоҳоти нави иҷтимоиву сиёсӣ ва илмиву фанниро эрониён дар ибтидо аз забони фаронсавӣ иқтибос карданд ва сонӣ аз забони англисӣ ва камтар аз немисӣ.

Дар Афғонистон иқтибосот асосан аз забони англисӣ ва камтар аз русӣ ва немисӣ гирифта шуда, дар Тоҷикистон, аз русӣ. Бо табдили чанд луғат аз қабили «кино»-и русӣ ба «синамо»-и англисии ҷорӣ дар Эрону Афғонистон ва амсоли ин масъала ҳал нахоҳад шуд. Зеро яке аз масъалаҳои мубрами забон мавзӯи ҳамгунсозӣ, дақиқ кардан ва ба як системаи илмӣ даровардани истилоҳоти он мебошад. Барои ҳалли ин масъала ба гумони мо беҳтар он аст, ки ҳайати баландпояе аз забоншиносону мутахассисони се кишвари ҳамзабон дар як созмон гирд омада, равандҳои умумӣ ва хоса, тафовут ва дигаргуниҳои алоҳидаи онро дар инкишофи истилоҳсозии се кишвар мавриди таҳлилу таҳқиқи амиқу ҳамаҷониба қарор дода, сипас дар асоси ҳамин баррасиҳои таърихӣ – забоншиносӣ хулосаҳои назарӣ ва тавсияҳои амалӣ таҳия намоянд.

Манобеи байналмилалӣ. Ҳадаф аз манобеи байналмилалӣ луғоту истилоҳоти навест, ки аз охири асри XIX дар забони тоҷикӣ нуфуз кардаанд. Азбаски ин вожагон мансуб ба як забон набуда сохта ва ё пардохтаи забонҳои гуногуни ғарбӣ мебошанд, бинобар ин онҳо дар забоншиносӣ як категорияи махсусро ташкил мекунанд. Аксарияти ин калимаҳо истилоҳоти иҷтимоӣ – сиёсӣ ва илмиву фанние мебошанд, ки асосан аз қарнҳои XVIII сар карда дар асари таҳаввулот ва тараққиёту пешрафтҳои моддиву маънавии кишварҳои аврупоӣ падид омадаанд. Ҳамзамон бо нуфузи тамаддун ва илму фанни ҷадид як силсила вожагон ва истилоҳоти нави марбут ба риштаҳои номбурда дар кишварҳои шарқӣ интишор ёфт, ки аксарияти онҳо дар забонҳои бумӣ баробарии дақиқ надоштанд. Дар натиҷа забонҳои ин минтақа дар вожагузинӣ ҳар кадом зери таъсири ҳамон забони аврупоие қарор гирифт, ки соҳибони он нуфузу таъсири бештар доштанд.

Вале ба тадриҷ миқдори ин вожаҳо чунон афзуд, ки таъйини муносибат бо онҳо зарурати мудохилаи забоншиносонро ба миён овард. Дар натиҷа донишмандон барои муайян кардани ҷойи онҳо дар забон ва шеваи муомила ба онҳо меъёру қоида ва усулномаҳое сохтанд.

Дар замони мо ҳам афзоиши истилоҳоту вожагони нав, чунон ки мебинем ба сурати саросемавор идома дорад ва имрӯз захираҳои он ба як сарчашмаи ғании истилоҳсозии забони тоҷикӣ табдил шудааст.

Аммо аз ибтидои истилоҳсозии нави забони тоҷикӣ дар масъалаи тарзҳои истифодаи ин манбаъ ихтилофи назар вуҷуд дорад. Масалан имрӯзҳо ҳам як гурӯҳ фарҳангиён истифодаи (иқтибоси) ин луғатро дар забони тоҷикӣ нишонаи нотавонӣ ва дармондагии забон медонанд ва кӯшиш мекунанд, ки ба ҷойи онҳо калимаҳои «асили тоҷикӣ»-ро ба кор баранд. Гурӯҳи дигар тақрибан ба ҳамон шеваи даврони шӯравӣ ин луғоту истилоҳоти бегонаро дар навиштаҳо ва сухангӯиҳои худ истифода мекунанд ва агар вожагони нави «охирин» бошанд ба ҳамон тарзи маъмул қабул мекунанд.

Дар ин муомила чӣ бояд кард?

Аввал. Чунон ки гуфтем, баргардонидани ҳамаи луғоту истилоҳоти нав ва ё ба ҷойи онҳо калимаҳои асили тоҷикӣ ёфтан кори номумкин аст ва ҳеҷ забоне ба танҳоӣ аз уҳдаи ин кор набаромадааст.

Дуввум. «Тоҷикикунонии» онҳо, тавре ки маълум аст сабаб мешавад, ки робитаи мо ба «донишҳои ҷаҳонӣ», ки пайваста дар ҳоли пешрафт ва тараққӣ аст, канда мешавад.

Имрӯзҳо донишмандон кам-кам ба хулосаи дигаре ҳам омада истодаанд, ки вожаҳо ва истилоҳоти иҷтимоӣ – сиёсӣ ва илмиву фаннии замони ҳозир, дигар луғати забони воҳиде набуда, мисли аломатҳои шартии нақшаҳои ҷуғрофӣ ва ё ронандагӣ байналмилалӣ шудаанд. Ва агар дар ҳар кишвар онҳоро ба тарзи худ созанд маълум, ки чи мушкилоте ба бор хоҳад омад.

Бинобар ин, масъалаи иқтибос ва ё ориятгирӣ имрӯз дар забонҳо аҳамияти махсус пайдо кардааст. Вале ин гуфта маънои онро надорад, ки ҳар луғати дурусту нодурусте, ки аз Ғарб расид, фавран бе таҳлилу баррасӣ қабул шавад. Зеро медонем, ки ориятгирӣ танҳо яке аз усулҳои истилоҳсозӣ мебошад.

Ориятгирӣ то ҳудуд ва марзи муайян ҷоиз аст. Он набояд асолати забон, яъне сохтмони сарфӣ ва наҳвии забонро халалдор созад. Аз нигоҳи аҳамият ин усул ҷо ва шартҳои худро дорад:

Ориятгирӣ набояд дар баробари истилоҳофаринӣ аз манобеи миллӣ қарор дода шавад. Зеро медонем, ки ба василаи ориятгирӣ ба забон истилоҳот ва луғоти омада дохил мешавад. Аз ин ҷиҳат ориятгирӣ танҳо як намуди такмили захираи истилоҳоти забон мебошад. Бинобар ин вазифаи истилоҳсозони мо он аст, ки агар истилоҳи навро ба усулҳои пазируфташудаи забонӣ баён карда натавонем, бояд кӯшиш кунем, ки бо таваҷҷуҳ ба қоидаҳои овоиву дастурӣ ва калимасозӣ ва дигар унсурҳои забони тоҷикӣ барои он мафҳум истилоҳе бисозем. Албатта ин кор ниҳоят судманд барои истилоҳсозии забони тоҷикӣ мебошад. Зеро дар вақтҳои охир мебинем, ки як силсила истилоҳоти наве сохта ва ё аз ҳамзабонон гирифта шудааст, ки бисёр муносиб афтодаанд, мисли осоишгоҳ – санатория, донишгоҳ – университет, пажуҳишгоҳ – институт, хабаргузорӣ – агентство, донишкада – факултет, шиноснома – паспорт ва ғ.

Хулоса, барои дар амал пайдо намудани сиёсати давлатӣ дар соҳаи забон таҳияи як Барномаи мукаммали давлатӣ лозим аст, ки фарогири тамоми мавзӯъҳо ва масъалаҳои забонӣ бошад. Аз ҷумла, таҳрири нави Қонуни забон ва ба меъёрҳои имрӯзӣ мувофиқ кардани он, истифодаи васеи забони давлатӣ дар иттилооти ҷомеа (матбуот, радио ва телевизион, иттилооти компютерӣ), таҳсилоти ҳамагонӣ ва олӣ ва бунёд гузоштани забони илм дар асоси бознигарии бунёдии усулҳо ва меъёрҳои истилоҳсозии забони тоҷикӣ бахшҳои умдаи ин Барнома мебошанд.

0 Загрузки
add

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.