Главная / Фанни Забони точики / Ном ва хостгоҳи забони тоҷикӣ аз назари Бобоҷон Ғафуров

Ном ва хостгоҳи забони тоҷикӣ аз назари Бобоҷон Ғафуров

Имрӯзҳо мардуми тоҷик 100-солагии устод Бобоҷон Ғафуровро ҷашн мегирад. Осор ва фаъолияти илмиву фарҳангии Бобоҷон Ғафуров асосан ба тарғиб ва ба таври илмӣ асоснок кардани гузаштаи таърихӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоии миллати тоҷик нигаронида шуда буд, ки пойдевори ин мубориза асари безаволи устод Бобоҷон Ғафуров «Тоҷикон» мебошад. Махсусан масъалаҳои пайдоиши ном ва ватани забони мо дар ин асари беҳамто аз тарафи устод Бобоҷон Ғафуров ба назарияҳои илми забоншиносӣ оид ба пайдоиш ва инкишофи забонҳои эронӣ такя намуда, тамоми ҷанбаҳо ва паҳлӯҳои гуногуни этногенези тоҷиконро аз оғози пайдоиши қабоили эронӣ, минтақаҳои сукунати онҳо дар давраҳои гуногуни таърихӣ, ёдгориҳои таърихиву забонӣ ва хосатан истифодаи калимаҳо ва истилоҳҳо ба назар гирифта ақида ва андешаҳои мутлақи худро баён накарда домани баҳсу андешаро боз нигоҳ медорад. Дар бораи масъалаҳои илмии таҳқиқи таърихи такомул ва ташаккули забони тоҷикӣ ӯ бо такя ба фарзияву тахмин ва андешаҳои Баҳор, А. Мирзоев, Е.Э. Бертелс, Лившитс, Лазар ва дигарон чунин мегӯяд: Бисёр масъалаҳои муҳими ташакул ва такомули забони тоҷикӣ ҳанӯз мавриди тадқиқи амиқи забоншиносон нашудааст: масалан, ҳоло ҳам масъалаи замон ва макони ташакккули ин забон баҳснок мебошад.[1]

Ба забони тоҷикӣ дар асрҳои X – XI адабиёти бой ба вуҷуд оварда шуд. Ба забони адабии тоҷик лаҳҷаҳои хуросону осиёимиёнагӣ асос гардидаанд. Забони адабии тоҷик низ ташаккул ёфта, бо он забон шоҳасарҳои оламшумули адабиёти тоҷику форс навишта шудаанд.

Ва сипас дар бораи минтақаҳои инкишоф ва паҳншавии забони тоҷикӣ ақидаҳои махсуси забоншиносони даврро оварда дар зимн фикру андешаҳои худро баён менамояд. Махсусан, андешаҳои ӯ дар бораи паҳншавии забони тоҷикӣ ба минтақаҳои Ҷануби Тоҷикистон ва Ҷануби Ӯзбекистон хеле ҷолибанд: Ӯ дар ин бора чунин менависад:

Забони имрӯзаи тоҷикӣ аз забонҳои ғарбиэронӣ мебошад. Ба ақидаи забоншиносон асоси он лаҳҷаи ҷанубу ғарбии форси аст, ки он баъдтар ба тарафи шимол ва шимолу шарқ паҳн шуда, бисёр унсурҳои забонҳои гурӯҳи шимолу ғарбӣ, аз ҷумла, унсурҳои забони портиро хазм менамояд ва билохир, дар ин забон аломату хусусиятҳои бисёр, лаҳҷаҳои бисёр, лаҳҷаҳои ғарбиэронӣ бо ҳам омезиш меёбанд.

Навиштаҷоти форсӣ (аниқтараш форсии миёна)-и асрҳои VII-VIII , ки дар қарибии Марв ёфт шуд, равшан далолат мекунад, ки дар ин давра дар ин ҷойҳо бо забони форсӣ (тоҷикӣ, ки онро «Забони форсии дарӣ» ё худ «забони форсӣ» ҳам номидаанд) ҳарф мезаданд. Мувофиқи маълумоти пурарзиши ал-Ҷаҳшиёрӣ то худи соли 742[2] дар Хуросон хати форсиро кор мефармудаанд (эҳтимол, ин хат дар асоси ҳуруфоти паҳлавӣ тартиб ёфта буд) ва зимнан котибонро муғон меномиданд. Мувофиқи ривояти ал-Муқаффаъ ва Мақдисӣ ҳам чунин бар меояд, ки дар нимаи авали асри VIII дар Балх забони форсӣ паҳн шуда буд.

Аллакай дар асрҳои VII-VIII мавқеъ ва мақоми ин забон дар шимолу шарқи Эрон, шимоли Афғонистон, ҷануби Осиёи Миёна ва, аз ҷумла, дар Ҷануби Тоҷикистон хеле мустаҳкам шуд. Дар ин бора ғайр аз маълумоти ал-Муқаффаъ, ки дар боло зикр шуд, инчунин маълумотҳои зерин шаҳодат медиҳанд: маълумоти Хой Чао дар бораи вуҷуд доштани забони махсуси тахорӣ, маълумоти Табарӣ роҷеъ ба он, ки аҳли Тахористон шикасти арабҳоро масхаракунон ҳаҷвияҳо месуруданд ва ниҳоят маълумоти топонимика. Дар асарҳои олимони асрҳои VIII – X забони тоҷикӣ бо Хуросон, аз ҷумла, бо Балх илҳоқ карда шудааст. Аз эҳтимол дур нест, ки маҳз дар ҳамин давра, яъне дар давари пеш аз истилои араб муҳимтарин хусусиятҳои он забон ташаккул ёфта буд. Сабабҳои гуногуни сиёсӣ, таъқиб карда шудани маданияти маҳаллӣ – ҳамаи носозиҳо пеши роҳи инкишофи минбаъдаи забонҳои суғдӣ ва дигар забонҳои шарқиэрониро гирифта буданд. Дар айни замон дар ин давра кӯчокӯчи мардуми зиёде, ки аксари онҳо ба «забони форсӣ» гап мезаданд, хеле авҷ гирифт.

Забони форсӣ аз Марв, Балх ва дигар марказҳои маъмурӣ, иқтисодӣ ва мадании Хуросони Шимолӣ ба тамоми Мовароуннаҳр интишор ёфта, ботадриҷ ҷои забонҳои шарқиэронии Осиёи Миёна – суғдӣ, тахорӣ (бохтарӣ)-ро гирифт. Барои илм тафсилоти ин просесс ва шароити аниқи ҷарёни он торик аст[3].

Тавре ки аз ин иқтибос мебинем, устод дар асоси андешаҳои муҳаққиқони забоншинос номи забони тоҷикиро «забони форсии дарӣ» ва «забони форсӣ» номидааст. Дар ин давра ҳанӯз масъалаҳои номи забони тоҷикӣ то андозае ба андешаи мо бо сабабҳои сиёсӣ мавриди баррасиҳои амиқи илмӣ қарор нагирифта буд ва шояд устод Бобоҷон Ғафуров бо дарназардошти вазъияти сиёсӣ аз изҳори андешаҳои амиқтар худдорӣ мекард. Ҳол он ки дар навиштаҳои худ аз асарҳои туркии «Кутатғу билик» (Дониши Бахтовар). «Луғатуттурк» ва «Сафарнома»-и Клавихо ба таври васеъ истифода кардааст ва дар ин асарҳо номи забони тоҷикӣ дар шакли «тожикча» ва кишвари Тоҷикистон бо номи Тахикиния ё Тоҷикия Тоҷикистон оварда шудааст.

Дар Тибет дар маъхазҳои динии ин кишвар ба номи Бонпо кишвари Тагзик ва забони тагзик вомехӯрад, ки гӯё ин кишвар дар сарзамини Осиёи Марказӣ воқеъ будааст. Муҳаққиқони русзабони таърихи бостонии Тибет Б.И. Кузнетсов ва Л.Н. Гумилёв истифодаи ин калимаро ба маънои кишвари Эрон ва эрониҳо дониста тарзи навишти гуногуни калимаи тоҷикро овардаанд (Stag-grig, rta-mjig, atag—bzni, rtag-gzigs, tazig ва ғайра).[4] Л.Н. Гумилёв дар асари худ «Величие и падение древнего Тибета» (Суъуд ва суқути Тибети қадим) менависад, ки «Священная книга Бон была написана Шэнрабмибо на языке тагзик и переведена на другие языки» Яъне «Китоби муқаддаси Бон аз тарафи Шенрабмибо (пайғомбари дини Бонпо, ки аслан эронитабор будааст.- С.Н.) ба забони тагзик (тоҷикӣ) навишта шуда, сипас ба забонҳои дигар тарҷума шудааст».[5] Муҳаққиқи дигар Дж.М. Райнолдс дар мақолаи худ таҳти номи «Пажӯҳишгоҳи таҳқиқи Бонпо» қайд мекунад, ки тибби бузурги Тибет, назария ва амалияи дини Бонпо ба Тибет аз ҷануб аз Ҳиндустон наомадааст, балки аз кишвари Шаншун, ки дар ғарби Тибет воқеъ аст, омадааст. Дар навбати худ он дар замонҳои қадим аз кишвари Тазиг ё аз Осиёи Марказии эронӣ омадааст.[6]

Дар сарчашмаҳои чинӣ ба ғайр аз истифодаи истилоҳи «пос» ба маънои форсӣ истилоҳи қадимтари «таоҷӣ», «таочӣ» яъне «тоҷик» ба маънои қавмҳои эронӣ истифода шудааст, ки дар Хитой машҳур будани вожаи тоҷикро нишон медиҳад.[7]

Дар сарчашмаи турки-уйғурии «Кутатғу билик» (Дониши бахтовар), ки дар соли 1070 аз тарафи Юсуфи Балосоғунӣ, яъне 20 сол пеш аз асари Маҳмуди Кошғарӣ навишта шудааст, дар бораи забони тоҷикӣ ба таври равшан маълумот дода шудааст. Ӯ дар яке аз байтҳои худ чунин менависад: «Ин гуна китобҳои хуб ба арабӣ ва тоҷикӣ кам нест, вале ба суханони мо ин аввалин аст» (тарҷумаи таҳтуллафз).[8] Муҳаққиқи рус А.Н. Кононов ин байтро шарҳ дода менависад, ки ба забонҳои арабӣ ва тоҷикӣ китобҳо зиёданд, вале ба забони мо (яъне ба туркӣ) ин гуна китобҳо вуҷуд надорад чунин маъне дорад, ки дар байни туркҳо баъд аз қабули ислом (охири асри VIII ва аввали асри IX) истифодаи асарҳои буддоӣ ва монавӣ ба забони туркӣ ё фаромӯш шуда буданд ё таҳти назорати сахт қарор дошта истифодаи онҳо қатъиян мамнӯъ буд.[9] Тавре ки маълум аст уйғурҳо дар асри V-и мелод дини монавиро қабул карда буданд, ки он таъсири бевоситаи халқҳои эрониро ба туркҳо нишон медиҳад. Аз ин хотир қабилаҳои дигари туркӣ уйғурҳоро низ «тот», яъне халқи эронитабор меномиданд.

Маънои қавмӣ ва ҷуғрофии истилоҳи «тоҷик»-ро дар сарчашмаҳои исломӣ ба таври фаровон мушоҳида кардан мумкин аст. Барои хулосаи фикр ба таври мухтасар танҳо ба чанд сарчашма рӯ меорем. «Таърихи Байҳақӣ», ки ба қалами Хоҷа Абулфазл Муҳаммад ибни Ҳусайни Байҳақии дабир тааллуқ дорад, дар бораи тоҷикон маълумоти зиёде додаст ва аз қавли Туғрали Салҷуқӣ мегӯяд. «Ва мо мардумони нав ва ғарибем, расмҳои тоҷикон надонем»[10]. Ӯ ин суханонро дар ҳоле мегӯяд, ки аз Хоразм гузашта мехостааст дар атрофи он дар минтақаи Нисо (Ишқободи ҳозира) барои сукунат гузидан аз амирони Ғазнавӣ иҷозат гирад. Мисоли дигар «… Ва ҳама аъёни тоҷикро дар он даровард»[11]

Дабири Саёқӣ бо нақл аз «Сафарнома»-и Клавихо, сафири Кастилия дар Самарқанди давраи Темур менависад: «Чун ба шаҳри Андхуд (Андхӯй-С.Н.) воқеъ дар панҷоҳ километрии Ҷайҳун дар аёлати Балхи қадим ворид шудем ба марзи Эрон (Хуросони бузург) даромадем, зеро ба кишвари Тоҷик расида будем, ки забони мардумашон ба забони форсии маъмулӣ тафовут дорад, гӯё ин ки бисёре аз луғот, ки бар сари забонҳост айни забони форсӣ».[12] Бояд гуфт, ки дар матни ин иқтибос аз тарафи мутарҷим дахолат сурат гирифтааст ва ба он порчаи «воқеъ дар панҷоҳ километрии Ҷайҳун дар аёлати Балхи қадим ворид шудем ба марзи Эрон (Хуросони Бузург) даромадем» илова шудааст, ки шояд хусусияти тафсирӣ дошта бошад. Зеро дар матни тарҷумаи русии он иловаи фавқ дида намешавад ва он ин тавр аст: «Этот город относился уже не к Мидийской земле, а к земле называемой Тахикиния, язык ее чем-то отличается от персидского, но в основном похож на него» яъне «Ин шаҳр (яъне Андхӯй-С.Н.) ба сарзамини Мод тааллуқ надорад ва ба сарзамини бо номи Тахикиния (Тоҷикия, Тоҷик – С.Н.) шомил аст, забони он аз забони форсӣ андаке фарқ дорад, вале асосан ба он монанд аст».[13] Дар ҳамин «Сафарнома» Клавихо вилояти Райро низ шомили кишвари Тоҷик шумурда менависад: «Потом покорил всю землю и империю Орасании (Хорасан), а также всю землю Тахикинии (Таджикии), называемую Рей…» яъне «Баъдан (Темур-С.Н.) тамоми сарзамин ва империяи Орасан (Хуросон) ва ҳамчунин тамоми ҳудуди Тахикиния (Тоҷикия)-ро бо номи Рай тобеъ намуд».[14]

Устод Садриддин Айнӣ дар яке аз мақолаҳои худ аз Равзат-ус-сафо иқтибосе овардааст, ки чунин аст «Чингизхон, хавонин (хонон) ва умарову нуниёнро ҷамъ карда гуфт, аз сари ҳазм азми разми вилояти Тоҷик кардӣ».[15] Аз намунаҳои оварда маълум мешавад, ки дар асрҳои миёна низ яке аз номҳои Хуросони бузург ба номи «кишвари Тоҷик» ва «вилояти Тоҷик» маъруф будааст.

Инчунин, ақидаи забоншиносон дар бораи ватани забони тоҷикӣ, ки дар «Тоҷикон» оварда шудааст ва зоҳиран бо истинод ба ин гуфтаҳои боло устод Бобоҷон Ғафуров низ онҳоро дастгирӣ менамояд, то солҳои 50-уми садаи XX тарафдорони зиёде дошт. Вале баъд аз солҳои 50-ум бо пайдо шудани далелҳои нав ин ақида тағйир ёфт.

Аммо баъдтар ақидаи дигаре дар байни олимон машҳур шуд, ки тибқи он забони форсии дарӣ ва ё форсии нав забони мустақил буда дар давраҳои пеш аз исломӣ низ дар баробари забони паҳлавӣ вуҷуд доштааст. Барои тасдиқи ин ақида далелҳои зерин оварда шудааст:

Таълифи «Шоҳнома»-и Абӯмансурӣ, тарҷумаи «Тафсири Табарӣ», «Таърихи Табарӣ», «Ҳудудулолам», «Аҷоибулбулдон» ва ҳамчунон ашъори шоироне чун Абӯшакури Балхӣ, Рӯдакӣ, Кисоӣ, Дақиқӣ, Шаҳиди Балхӣ ва ҳатто «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ, ки ҳама ба забони фасеҳ ва пухтаи дарии порсӣ навишта шудаанд, гувоҳи он аст, ки ин забон бояд таърихи қадимтаре дошта бошад. Зеро дар давоми ду-се қарн ҳеҷ мумкин нест, ки забон ба ин андоза тараққӣ кунад ва ба ин ҳад пухта ва расо гардад, ки бориктарин андешаҳои шоирона ва мушкилтарин масъалаҳои илмиро баён карда тавонад.

Дувум ин бештари ҷумла ва ибораҳое, ки дар китобҳои арабии ибтидои ислом оварда шудаанд, форсии дарӣ мебошанд ва андаке ба паҳлавӣ.

Дигар ин ки ахбору асноде дар даст ҳам, ки мутобиқи онҳо забони форсии дарӣ дар машриқ, яъне Хуросону Мовароуннаҳр пайдо шуда ва дар оғози ҳамлаи араб забони оммаи мардум будааст, ҳол он ки мардуми ғарб ва шимоли Эрон дар ин вақт ба паҳлавӣ ё лаҳҷаи наздик ба паҳлавӣ гуфтугӯ мекарданд.

Ин андеша барои донишманди варзида Муҳаммад Муҳити Таботабоӣ чунон равшан ва собит аст, ки ӯ тааҷҷуб мекунад, ки чаро то ҳол гурӯҳе аз арбоби қалам ғофил мондааст, ки «забони форсии дарӣ забони мустақил ва қадимӣ буда, зуҳур ва истифодаи он лоақал ба оғози даврони Ашконӣ мерасад. Он фарзи беасосе, ки дар «Фарҳанги Ҷаҳонгирӣ» ва ба нақл аз он китоб дар фарҳангҳо ва дастурномаҳо ва мақолаҳои интишорёфта борҳо такрор шудааст, ки забони форсӣ муштақ аз забони паҳлавӣ ва забони паҳлавӣ аз форсӣ иштиқоқ ёфтааст, дигар имрӯз қобили эътино нест ва касе, ки аз чунин фарзияи беасос пайравӣ кунад, бояд ӯро ҷоҳили бе мабонии аввалияи забоншиносӣ дар мавриди забонҳои эронӣ шумурд, »[16] – менависад ӯ.

Дар бораи зодгоҳ ва макони нашъунамои забони мо ва ё ба ибораи дигар дар бораи он ки забони форсии дарӣ роҳи дуру дарози худро аз куҷо оғоз карда ва мансуб ба мардуми кадом минтақа аст, муаллифони гузашта ва устодони муосир сухан бисёр гуфтаанд, ки онҳоро метавон ба ду даста тақсим кард.

Дастаи аввал, ки аксариятро ташкил мекунанд, ақида доранд, ки забони форсии дарӣ забони мардуми шарқ ва шимолу шарқи Эрон, яъне забони мардуми Хуросону Мовароуннаҳр аст.

Ҳоло барои огоҳии бештари хонандагон ва алоқамандони ҷавони таърихи забони тоҷикӣ чакидаи андешаҳои устодонро, ки аз матни осори муаллифони қадим бардошт кардаанд ва тарафдори ин ақида мебошанд, меорем:

Шодравон Баҳор менависад, ки «ба ҳар сурат дар ин ки забони форсӣ аз лаҳҷаҳои шарқист (Мовароуннаҳру Хуросон – С.Н.) шакке нест».[17]

Сайид Нафисӣ бошад ватани аслии ориёиҳоро, ки тоҷикон мансуб ба он нажоданд, доманакӯҳҳои Ҳиндукуш, канори дарёҳои Ҷайҳуну Сайҳун медонад ва менависад, ки «Мо эрониён аз он ҷо омадаем ва Эрони имрӯз ба манзалаи хонаи дувуми мост»[18] .

Адабиётшиноси маъруф Забеҳулло Сафо низ нуфузи фаровони лаҳҷаҳои Хуросони қадим ва баъзе лаҳҷаҳои дигари шарқиро дар он таъкид кардааст[19].

Забоншиноси барҷаста ва луғатдони номдор Муҳаммад Муин ҳанӯз соли 1961 навишта буд, ки «порсии нав (ҳадаф забони дарӣ аст- С.Н.) забони шаҳрҳои шарқӣ ва тоҷикони ноҳияи Эрони ховарӣ, Афғонистон ва Помир ва Покистон аст»[20] Шарқшиноси маъруфи рус Е.Э. Бертелс ба хотири таъкиди нақши тоҷикон дар парвариш ва такомули забону адабиёти форсу тоҷик чунин навишта буд: «Ҳамон забони адабие, ки баъдан дар қаламрави Эрони имрӯза аз он истифода мекарданд, дар ибтидо маҳз дар Осиёи Миёна, он ҷое ки ҳоло тоҷикон зиндагӣ мекунанд, гул карда шукуфо шуда буд[21] .

Бузургони фазлу адаби Тоҷикистони муосир С.Айнӣ, Б.Ғафуров ва А. Мирзоев низ дар ин замина изҳори назар карда, хамин ақидаро дастгирӣ намудаанд. Ба фикри устод Айнӣ «баъд аз ислом забони форсии ҷадид аввал дар Мовароуннаҳр ва Хуросон ташкил ва баъд аз он ба ҳама форсизабонон мунтақил шуд[22] .

Забони дарӣ дар оғози ҳамлаи араб забоне буд, ки илова бар Хуросони Бузург дар Озарбойҷон, Хузистон, Форсу Кирмон ва ҳатто дар Ҳиндустон шинохта шуда буд ва мардуми бисёре ба он гап мезаданд. Ин забон дар сарзаминҳои мазкур пеш аз пайдо шудани нахустин асарҳои муҳими забони дарӣ ва саду панҷ сол пеш аз он аввалин шеърҳо ба ин забон вуҷуд доштааст.

Доманаи густариши ин забон дар чунин минтақаи васеъ «ҳам ба далели ҷуғрофиёӣ ва ҳам ба илали таърихӣ на мавлуди Ҳукумати Саффориён ва Сомониён дар қаламрави онон метавонад бошад ва на натиҷаи шеъру адаби тоза ба роҳафтодаи форсӣ, ки ҳар ду аз Хуросон бархоста буданд, хусусан, ки васоили иртибот дар дунёи қадим мисли имрӯз чунон ба суръат ва ба ин густариш набуд[23]

Аз тарафи дигар ба ҳамагон маълум аст, ки тақсими забонҳои эронӣ ба гурӯҳҳои шарқиэронӣ ва ғарбиэронӣ нисбӣ аст.

Тавре, ки президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар асари худ «Нигоҳе ба таърих ва тамаддуни ориёӣ» менависад.[24]

Номҳои забонҳои бохтарӣ, суғдӣ ва ғайраро олимон аз рӯи номҳои ҷуғрофии минтақаҳои мазкур нисбат додаанд. Аз катибаи Работак бармеояд, ки ҳамаи ин забонҳо бо номи умумӣ ориёӣ ифода мешуданд. Мафҳуми забони ориёӣ то авали асри II истифода мешуд. Шояд он дар асрҳои минбаъда то пайдоиши мафҳуми забони форсӣ ва дарӣ, тақрибан то истилои арабҳо боқӣ монда буд. Дар як ҳуҷҷати бо забони бохтарӣ иншошуда, ки ба асри VII тааллуқ дорад ва дар Афғонистон ёфт шудааст, калимаи ориёӣ дучор мешавад.

Хулоса, андешаҳои устод Бобоҷон Ғафуровро дар ин борҳо ҷамъбаст намуда, бояд ин нуктаро ба назар гирем, ки асарҳои ӯ дар даврони шӯравӣ таҳия шуда, ҳангоми баррасии мавзӯҳои вобаста ба номи забон ва хостгоҳи забони тоҷикӣ вазъи сиёсӣ ва давлати даврони шӯравӣ ба пешниҳоди фикру андешаҳои амиқтари илмӣ мамониат мекард ва дар муносибати байни миллатҳо (махсусан миллатҳои тоҷику ӯзбек) назокатҳое вуҷуд дошт. Таъсири ин назокатҳоро дар таҳияи «Тоҷикон» эҳсос мекунем. Вале навиштаҳои ӯ дар бораи этногензи тоҷик, ташаккули халқи тоҷик аҳамияти бузурги илмиву сиёсӣ дошт. Тавре, ки ӯ менигорад:

Хуллас, дар асрҳои X – XI дар Мовароуннаҳру Хуросон умумияти азими этномадание ташаккул ёфт, ки он тақрибан пурра ба ҳайати давлати Тоҳириён, Саффориён ва алалхусус, Сомониён дохил мешуданд. Ин умумияти этникӣ фақат дар миёнаҳои асрҳои X – XI ва ё худ дар нимаи аввали асри XI соҳиби ном шуд. Ба қавли Байҳақӣ соли 435\1043-44 яке аз муқаррабони султон гуфтааст: «Мо, ки тозик ҳастем…»[25] То ин дам «тозӣ» гуфта, арабҳоро дар назар доштанд. Худи ҳамон Байҳақӣ ривоят мекунад, ки дар муҳорибаи назди Дандонакон (1040) ҳиндуву арабу курдҳо фирор карданд ва танҳо сарбозони тозик бо ҷасорат ҷангиданд.[26] Хуллас, дар нимаи авали асри XI истилоҳи «тоҷик» номи он халқе гардид, ки дар Осиёи Миёна ва Хуросон ташаккул ёфт.[27]

  1.  Ғафуров Б.Тоҷикон.Таърихи қадимтарин, қадим ва асрҳои миёна.-Душанбе, 1983, саҳ.91.
  2.  Соли 742 забону хати арабӣ барои коргузории идораи маъмурии Хуросон ва Мовароуннаҳр, ки маъмуран ба вилочти Хуросон итоат мекард, ҳатмӣ эълон карда шуд.
  3.  Ғафуров Б.Тоҷикон.Таърихи қадимтарин, қадим ва асрҳои миёна.-Душанбе, 1983, саҳ.89.
  4. Кузнецов Б.И. Древний Иран и Тибет. Первая религия Бон. Санкт Петербург, 1998, с.12; Гумилёв Л.Н. Величие и падение Древнего Тибета // сб. Страны и народы Востока. Вып.VIII, М. 1969, с. 158-159
  5.  Гумилёв Л.Н. Величие и падение Древнего Тибета // сб. Страны и народы Востока. Вып.VIII, М. 1969, с. 158-159
  6.  Рейнольдс Дж. Олмо Лунгринг: «Нерушимая свешенная земля» // Гаруда, 1992, №2, с. 48; Муминджанов Х.Х. Авесто об этногенезе таджиков // Известия Академии наук РТ, серия философия и правоведение №1-2, 2002 с. 185
  7. Саидмуҳаммади Саҷодия, Боз ҳам Тоту Тоҷик // дар маҷмӯаи «Тоҷикон дар масири таърих», гирдоварӣ ва таҳқиқи Мирзо Шакурзода, Теҳрон, 1373, с.179
  8.  Юсуф Баласагунский. «Благодатное знание» Москва, Наука, 1983 с. 11
  9.  Кононов А.Н. Поэма Юсуфа Баласагунского «Благодатное знание» Москва, Наука, 1983 с. 505.
  10.  Хоҷа Абулфазл Муҳаммад ибни Ҳусайни Байҳақии дабир, Таърихи Байҳақӣ, тасҳеҳи доктор Али Акбари Файёз, Кобул, 1364 / 1985, с. 732-733
  11.  Ҳамин асар, с. 791
  12.  Саидмуҳаммад Дабири Саёқӣ, Тот ва Тозику Тоҷик // дар маҷмӯаи «Тоҷикон дар масири таърих», гирдоварӣ ва таҳқиқи Мирзо Шакурзода, Теҳрон, 1373, с.165.
  13. Руи Гонсалес де Клавихо, Дневник путешествия в Самарканд ко двору Тимура (1403 – 1406).- Москва, Наука, 1990, с.97.
  14.  Ҳамон ҷо. с. 15.
  15.  Ниг.: Айнӣ С. Маънои калимаи тоҷик//маҷаллаи «Садои Шарқ» №8, 1988.
  16.  Муҳаммад Муҳити Таботабоӣ, Нигаҳбонии забони форсӣ, маҷ. Яғмо, №10, Теҳрон, 1349, с.753.
  17.  Сабкшиносӣ, ҷ. 1. с. 25.
  18.  Ҳамон ҷо.
  19.  Забехуллоҳи Сафо, Ганҷи сухан, Теҳрон, 1374, с.14.
  20.  Муҳаммад Муин, порсӣ ё дарӣ, маҷ.Нигин, давраи 7, № 75, Теҳрон, с.6.
  21.  Е.Э.Бертельс, История таджикского-персидского литературы, М.1960, м. 62.
  22.  Давлатдории тоҷикон дар асрҳои IX-XIV, Мураттиб ва муҳаққиқ Н. Амиршоҳӣ, с.88.
  23.  Баҳс дар бораи забони дарӣ, с.139.
  24.  Эмомалӣ Раҳмон. Нигоҳе ба таърих ва тамаддуни ориёӣ, Душанбе; 2006. с. 45; Симс-Вильямс Н. Новые бактрийские документы. //ВДИ, 1997, №3. – с. 3-10.
  25.  Байҳақӣ, 1969, саҳ. 725.
  26.  Дар ҳамон ҷо, саҳ. 758-759.
  27.  Ғафуров Б.Тоҷикон.Таърихи қадимтарин, қадим ва асрҳои миёна, саҳ.89-95. Мандельштам А. М., 1954, а, саҳ. 58. Чунин этимологияи халқӣ ҳаст, ки калимаи «тоҷик» аз «тоҷ» аст. Вале ба ақидаи аксари забоншиносон ин ном ба номи «тай» ном қабилаи арабҳо вобастагӣ дорад. Ҳамсояи арабҳо ва пас аз он дигар халқҳо ҳам, арабҳоро бо номи қабилаҳои онҳо ном мебурданду фақат он номро ба талаффузи худ мувофиқ месохтанд. Аллакай дар асри I милод ин ном ба хитоиҳо маълум буд. Баъди Осиёи Миёнаро истило кардани арабҳо ва ислом овардани мардуми он истилоҳи портусуғдии «тоҷик»-ро ба аҳли мусулмони муқимии эронизабони Осиёи Миёна нисбат доданд (Бартольд В.В., 1963 д, саҳ. 455-457; 1963г, саҳ. 469-470; Ливщиц В.А., 1962 в, саҳ. 87-88; Bailey H. W., саҳ. 20-21).
0 Загрузки

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *