Забон яке аз рукнхои ташаккули миллат

Мавқеи забони тоҷикӣ дар доираи забонҳои ҳиндуаврупоӣ

         Аввалунсури миллат, асоси бақою пойдории ҳар халқу маҳфуздорандаи таърихи вай забон аст. Маҳз забони азимушшаъни форси тоҷикӣ ва як маънавияти олӣ то ба имрӯз моро зинда нигоҳ доштааст. Бинобар забони модарӣ аз муқаддасоти аввалию азалӣ буда, мисли шири модару шарафу нангу номус, дину ойин, имону эътиқод, ватан барои ҳар фарди солимақл азизу мӯътабар аст. Аз ин лиҳоз дифоъ кардану онро мисли гавҳараки чашм эҳтиёт намудану баҳри пойдорию ободию рушди он ҷадал кардан аз шарифтарину муқаддастарин вазифаҳост. Агар ниёгони мо ба забону тамаддуни хеш чунин муносибат намекарданду пайваста барои рушду пешрафти он мубориза намебурданд, кӣ медонад, ки имрӯз ин забони мо дар чӣ ҳолату вазъият қарор медошт. Гузаштагони мо бо хорию зорӣ ва ҳазор маҳрумият зери таъқибу фишор ин забонро ҳифз карда чун азизтарину гаронқадртарин сармоя ба дасти мо супориданд ва мо бояд дар навбати худ ин дастоварди бузургро бегазанд нигоҳ дорему бидуни олоиш ба дасти ояндагон биспорем. Аҷдодони кабири мо ин «бинои азим»-ро пайваста обод кардаанд, пас мо низ, наслҳои баъдӣ инро идомаи кори аввалиндараҷаи худ бишуморем.

          Нахустин унсури мавҷудияти мо ба сифати як халқу як миллати муаззам сухани ноб – забони тоҷикист, ки тавассути гавҳари ноёб то имрӯз тоҷикон ҳамчун миллат дар дунё шинохта ва эътироф шудаанд. Ин забон буд, ки дар дарозои таърих гузаштагони фарҳангии мо: шоирону носирон, олимону ҳакимон тавассути он аз худ мероси гаронбаҳои хаттӣ боқӣ гузоштанд. Суханҳои пургавҳари устод Рӯдакӣ, Ҳаким Фирдавсӣ, Ибни Сино, Носири Хусрав, Умари Хайём, Фаридуддини Аттор, Ҳаким Саноӣ, Мавлавӣ Ҷалолиддини Румӣ, Саъдии Шерозӣ, Хоҷа Ҳофиз, Камоли Хуҷандӣ ва садҳо тан ҷуз инон баёнгар ва нишонаи ин гуфтаҳо хоҳанд буд, ки бо забони ноби тоҷикӣ ва ба гуфти худи онон: дурри дарӣ афкори баланди хешро рӯйи коғаз меоварданд.

Дар даврони ҳукумати бузургтарин давлати миллиямон- Сомониён тавассути ин хонадони миллатдӯст ва ҳуввиятталаб забони тоҷикӣ мақому мартабаи олии давлатиро касб кард ва амирони сомонӣ онро рутбаи дарӣ, яъне дарбориву давлатӣ доданд. Пас аз суқут ва фурӯпошии ин сулолаи миллӣ  (солии 999 м.), мо- тоҷикон дар муддати зиёда аз ҳазор сол соҳиби давлати миллӣ нашудем ва дар ҳайати хонадонҳои муғуливу туркӣ аз қабили Ғазнавиён, Салҷуқиён, Қарахониён, Темуриён, Шайбониён … ва Манғитиён ба сар бурдем. Агарчи сиёсати бегонагон дар ин муддати тӯлонӣ бар сари тоҷикон алам барафрошта буд, лекин забони тоҷикӣ дар тамоми ин муддат бар сари ҳокимияти ин сулолаҳои аҷнабӣ алами ҳукм афрохта буд. Аз оғози ҳукумати Ғазнавиён то анҷоми аморати Манғитиён забони тоҷикӣ дар тамоми хонадонҳои муғулу турк ҳамчун забони санаднависиву ҳуҷҷатнигорӣ ва коргузориву муоширати сиёсӣ амал мекард ва дар ҳеч яке аз ин давлатҳои номбурда дар сиёсату давлатдорӣ аз забонҳои модарии худ истифода намешуд. Ҳамчунин, дар тамомии ин давлатҳои ғайритоҷикӣ доираҳои бузурги илмиву адабӣ ташкил карда мешуданд, ки дар онҳо ҳазорҳо шоир, чи форсизабону чи ғайри он, бо тоҷикӣ шеър менавиштанд. Ҳатто, шоҳону амирон ва шоҳзодагону дарбориён кӯшиш мекарданд, ки забони тоҷикиро на танҳо хуб ёд бигиранд, балки бо он шеър бигӯянд ва эҳсосоти ботинии худро баён бикунанд.

Пас аз бунёди ИҶШС- и собиқ, чун забони ягонаи байналмилалӣ ва забони давлатдорӣ дар тамоми хоки ин давлат забони русӣ шуд, забони тоҷикӣ ин арзишу мартабаи зиёда аз ҳазорсолаи худро сахт аз даст дод. На танҳо дар сиёсату давлатдорӣ дигар истифода нагардид, ҳатто, дар МОТ  (муассисаи олии таълимӣ)- ҳо омӯзиши он бисёр маҳдуд шуд. Ҷуз аз риштаҳои суханшиносӣ, яъне факултаҳои филологӣ омӯзиши забони тоҷикӣ дар дигар риштаҳо қатъ ва манъ гардид. Ин ҳолати рукуд ва сукути забони тоҷикӣ то даҳаи нӯҳуми асри бист давом намуд, то ин ки  соли 1989 барои дуввумин бор, дар марҳалаи фурӯпошии ИҶШС- и собиқ, забони тоҷикӣ мақоми давлатиро соҳиб шуд. Дар пайомади ин рухдоди барои миллати тоҷик бас муҳимму тақдирзо Қонуни Забон аз ҷониби Ҳукумати ҶТ ба тасвиб расид, ки он дар Конститутсияи ҶТ ҳамчун тағйироти ҷиддӣ ва асосӣ ворид карда шуд.

Ҳар касе, ки худро тоҷик ва зодаи ин сарзамину ин зодбуми муқаддас меҳисобад, бояд қабл аз ҳама забони волимдайну авлоду аҷдоди кабири хешро аъло бидонаду ба ин забон озодона такаллум ва иншо бикунад. Танҳо дар он сурат ӯ вориси ин тамаддуни бузург, ин илму адабу фарҳанг буда метавонад.

Имрӯз мо- тоҷикон омӯзиш, пуштибонӣ ва тоза нигаҳ доштани забони худро бояд муқаддастарин вазифаи миллии худ донем ва масъулияти  анҷоми ин корро ҳар яки мо бояд хуб дарк намоем. Зеро, ҳеч касе ҷуз аз худи мо- тоҷикон бардӯшдори ин кори муқаддас нахоҳад буд.

Забони тоҷикӣ яке аз куҳантарин забонҳои дунёст. Он ба шохаи эронии гурӯҳи ҳиндӣ- эронии оилаи забонҳои ҳиндуаврупоӣ тааллуқ дорад. Оилаи мазкур аз се гурӯҳ: ҳиндӣ- эронӣ, славянӣ ва романӣ- германӣ иборат аст. Ба шохаи славянӣ забонҳои руссӣ, белорусӣ, украинӣ, чехӣ, словакӣ ва дигар халқиятҳои славянӣ дохил мешаванд. Ба романӣ- германӣ забонҳои итолиёвӣ, фаронсавӣ, олмонӣ, англисӣ, финӣ, шведӣ ва қисмати зиёди забонҳои аврупоӣ шомил мешаванд. Ба ҳиндӣ-  эронӣ забонҳои ҳиндӣ, урду, тоҷикӣ, форсӣ, дарӣ, паштунӣ, курдӣ, осетинӣ ва монанди инҳо мансубанд.

Ягонагии оилавӣ, яъне ба як оилаи ҳиндуаврупоӣ тааллуқ доштани забонҳои боло, аз ҷумла забони тоҷикиро вуҷуди вожаҳое муайян ва исбот мекунанд, ки то ба ҳол ин вожаҳо чи шаклан ва чи аз ҷиҳати маъно  дар чанде аз ин забонҳо истифодаи муштарак, яъне бакоргирии якгуна доранд. Намунаҳо аз чанд вожа:

момо  (тоҷикӣ)- мама (русӣ)- маму (ҳиндӣ)

модар  (тоҷикӣ)- мать  (русӣ)- mother (англисӣ)

бобо (тоҷикӣ)- папа (русӣ)- бабу (ҳиндӣ)

падар (тоҷикӣ)- падра (испанӣ)- father (англисӣ)

бародар (тоҷикӣ)- брат (русӣ)- brother (англисӣ)

нав (тоҷикӣ)- новый (русӣ)- new (англисӣ)

рада (тоҷикӣ)- ряд (русӣ)- рада (украинӣ)

дар (тоҷикӣ)- дверь (русӣ)- door (англисӣ)

                                                                                                     Матни 1

Истилоҳи «Химия»

Андешаҳо ҷиҳати пайдоиши истилоҳи «химия» гуногунанд:

1. Калимаи «кхема» ё «кхамэ» дар Мисри қадим, ки маънои «сиёҳ» ё «сиёҳзамин»-ро дорад ва ба илми химия алоқаманд аст.

2. «Кеме» (миср) – «сиёҳ»(илм). Алхимия ҳамчун илми ладунӣ(илми найранг, сеҳр), илми ғайр (илми кашмирӣ-чашмбандӣ).

3. «Хюма» (Юнони қадим) – «рехтагарии металҳо» ё ин ки синонимаш «шарбат» мебошад.

4. «Ким» (Чини қадим) – «тилло».

5. Аз давраи Сосониён то ба ҳол калимаи шабеҳи «Ҳимё» ё «ҳамё» (хаммаи нонвой, зарфе, ки дар он хамир тайёр мекунанд) дар истифода мебошад. Шояд истилоҳи «кимиё» калимаи шакли дигари вожаи «хамма» бошад.

6. Кимиё – чизи камёб, ноёб, нодир.

Дар асрҳои миёна ин истилоҳро аҳли илм ва фарҳанги форсу тоҷик хеле фаровон истифода бурдаанд. Инчунин бузургон, ба монанди Ҷобир ибни Хайён, Муҳаммад ибни Закариёи Розӣ, Абӯалӣ ибни Сино ва Носири Хусрави Қубодиёнӣ доир ба кимиё рисолаҳо тасниф намудаанд.

Супориши1. Вожаҳои зеринро ба дафтаратон нависед ва ҳифз намоед:

Кхем (кхамэ), сиёҳ, кеме, алхимия, хюма, метал, рехтагарӣ, ҳимё, (ҳамё), ким, тилло, хамма, кимиё.

Супориши 2. Байтҳои зеринро мутолиа намуда вожаи кимиё-ро шарҳ диҳед:

Онон, ки хокро ба назар кимиё кунанд,

Оё бувад, ки гӯшаи чашме ба мо кунанд.

                                                           Ҳофиз

Кай шавад воқиф касе бар хӯйи ту,

З-он, ки ҳар дам кимиёе мекунӣ.

                                                           Анварӣ

Оё шумо медонед?

** Моддаҳо, таркиб, хосият ва ба якдигар табдилёбии онҳо дар илми кимиё омӯхта мешавад.

 ** Дар таркиби организми одам қариб 70 элементи химиявӣ дар намуди пайвастҳо мавҷуданд. Қисми асосии организми одам, 93 фоизашро оксиген, карбон ва ҳидроген ташкил медиҳад.

Супориши 7. Ашъори пандуахлоқиро аз Носири Хусрав навишта, ҳифз намоед:

Бидон худро, агар худро бидонӣ,

Зи худ ҳам некӣ, ҳам бадро бидонӣ.

Шиносои вуҷуди хештан шав,

Пас он гаҳ сарфарози анҷуман шав.

Бидонӣ қадри худ, зеро чунинӣ,

Худо бинӣ, агар худро бубинӣ…

Чу худ донӣ, ҳама дониста бошӣ,

Чу донистӣ, зи ҳар бад раста бошӣ.

Туро нӯҳ чарху ҳафт ахтар ғулом аст,

Ту шогирди танӣ, ҳайфи тамом аст.

Чу мардон бош, тарки хобу х (в)ар кун,

Чу сайёҳон яке дар худ сафар кун.

О L-BRO Administrator

Администратори сомона.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.