Ходисахои савт

  Савт овозро гӯянд.Дар ҳар забон ҳодисаҳои гуногуни савтӣ- овозӣ ба вуҷуд меоянд, чун талаботи табиии ҳар забон рӯ ба ин дигаргуниҳои савтӣ дорад. Инсоният ҳамеша хостгор ва дар пайи осониву суҳулат аст ва забон низ моли инсон ва дар ихтиёри инсон аст. Аз ҳамин ҷиҳат, инсонҳо вожаҳои забони худро, он гуна ки табиати фитрии онҳо қабул мекунад, истифода мебаранд ва вожаҳоро на танҳо аз рӯйи маъно, аз ҳайси талаффузу овоз низ тобеи табиати худ мекунанд. Бад- ин маънӣ, дар талаффузи бархе аз вожаҳо дигаргунӣ ба амал меояд. Гоҳо овозҳои вожа пасупеш, гоҳо партофта, гоҳи дигар, баръакс, афзуда, гоҳе як овози бегонаи  монанд бар як овози вожа ва монанди инҳо талаффуз мешаванд. Асоситарин ҳодисаҳои савтии забони тоҷикӣ инҳоянд:

  Ҳодисаи ихтисор. Ихтисор калимаи арабӣ буда, маънои он хусрон ва хисорот, яъне вайроншавӣ аст. Дар забони тоҷикӣ ин вожа бештар дар маънои маҷозияш: кӯтаҳшавӣ коргир мешавад, ки он ҳам аз маънои асл он қадр дур нест. Ҳодисаи ихтисор бештар дар назм ба вуҷуд меояд, вобаста ба талаботи вазни шеър, яъне вазни арӯз. Вожаҳои зиёде дар назм ҳанӯз аз даврони қадим ихтисор мешуданд, ки бад- онҳо тавозун- баробарвазнии рукнҳои мисраот муҳайё мешуд. Мисолҳо: ки он: к- он, ки ӯ: к- ӯ, ки эшон: к- эшон, ки он (ҳо): к- он (ҳо), ки андар (- ин, – он): к- андар (- ин, – он), ва он (- ҳо, – он): в- он (- ҳо, – он), ӯяш:  ӯ- ш, тояш: то- ш, писараш: писар- м, писараш: писар- ш, писарат: писар- т. Намунаҳо:  

                            Шуд дар сари боғи ту ҷавони- м,

                            Оваҳ, ҳама ранҷи боғбони- м.

                                                                                    (Низомӣ)

                            Гар зи як талхӣ кунам фарёду дод,

                            Хок сад раҳ бар сари аҷзо- м бод.

                                                                                       (Мавлавӣ)

                            Хирад беҳтар аз ҳар чи Эзид- т дод,

                            Ситоиш хирадро беҳ аз роҳи дод.

                                                                                       (Фирдавсӣ)

                            Камол ҷон ба лаб овард ба уммеди вафо- т,

                           Дилат биҷӯй, ки вақти вафот наздик аст.

                                                                                      (Камол)

  Бояд гуфт, ки бандакҷонишинҳои – амон (писарамон), – атон (писаратон), – ашон (писарашон) дар назми клоссикӣ дар аксарияти мавридҳо дар тарзи ихтисор коргир мешуданд ва дар шакле, ки имрӯз дар забони адабӣ корбурд мешаванд (- амон, – атон, – ашон), бисёр кам истифода мешуданд. Чанд намуна:

                                    Вале чун бандагимон гӯшгир аст,

                                   Зи хидмат бандагонро ногузир аст.

                                                                                             (Низомӣ)

                                   Рӯй боло карду гуфт: «Эй андалиб,

                                   Аз баёни ҳоли худмон деҳ насиб.»

                                                                                          (Мавлавӣ)

Вожаи бача низ дар забони имрӯзи тоҷикӣ ба ихтисор бархӯрд шудааст. Бача, аслан, аз ду ҷузъ: исми қадими бач ва пасванди тасғири – ча пайдо шудааст, яъне: бачча. Мисоли бодалели ин вожа бо такрори ҳарфи ч дар қасидаи «Модари май»- и устод Рӯдакӣ дида мешавад, ки ҳангоми бо як ч талаффуз кардани бачча вазни шеъри устод вайрон мешавад. Имрӯз ин вожа танҳо дар шакли ихтисорияш коргир мешавад. Вожагони нест, ҳаст ва бест ҳам ба ҳодисаи ихтисор гирифтор шудаанд. Нест ва ҳаст ҳам дар забони адабӣ ва ҳам дар лаҳҷаҳо истифода мешаванд, вале бест танҳо дар лаҳҷаҳо корбурд мешавад. Вале, дар сарчашмаҳои қадим, аз ҷумла дар «Маснавӣ»- и Мавлавӣ Ҷалолиддини Румӣ вожаи ихтисории бест дар ҳамин шакли ихтисорияш чандин бор корбурд шудааст. Масалан, як намуна:

                                     Узр оварданд, ки эй модар, ту бест,

                                     К- ин гуноҳ аз мову аз тақдир нест.

  Ҳодисаи мазкур дар феълҳои навъи маншин (манишин), биншин (бинишин), мангар (манигар), бингар (бинигар), гуфтанист (гуфтанӣ аст), рафтанист (гуфтанӣ аст), шуниданист (шуниданӣ аст), тонад (тавонад), тонистан (тавонистан) … ва монанди инҳо таъсир гузоштааст.    

  Ҳодисаи коҳишёбӣ. Маънои коҳиш кӯтаҳшавӣ ва шикастан мебошад. Коҳишёбӣ ҳодисаест, ки дар он вожа ба варшикастагӣ бархӯрд мешавад ва дар талаффуз як овози вожа меуфтад. Чанд мисол аз он: дастгир, дастгоҳ, дастмона, дост, досткола, хиштрез, хиштгар, хиштмон, зиштрӯй, подшоҳ, Мастчоҳ, пастхамӣ, пасткӯча, пӯстлох, санглох, сустпаймон, дурусткор, дурустфикр, дафъкунанда, нафъдиҳанда, манъкунанда, дарддиҳанда, саҳифа … Дар мисолҳои боло ҳарфҳои нишоншуда дар талаффуз меуфтанд. Аммо, бояд дар хотир гирифт, ки ҳангоми навишт тарзи дуруст ва пурраи вожаҳо риоя карда шавад.

  Ҳодисаи афзоиш ё афзудани овоз. Дар ин навъи ҳодиса як овоз бар вожа мефизояд ва, бо ин ки ин ҳодиса мухолиф бар мантиқи забонӣ (аз нигоҳи маънӣ ва сохтор) мешавад, дар забони адабӣ қабул меуфтад. Яъне, тарзи дурусти вожаҳоро табдил бар тарзи нодурусттар мегардонад ва ин тарзи дуввумро қабули ом мегардонад. Мисолҳо аз ин ҳодиса: Кирдигор, пирамард, пиразан, дост, осиёб  … Дар мисолҳои боло ҳарфҳои нишоншуда, аслан, они вожаҳо нестанд ва бо онҳо бегонаанд, худи мардум дар талаффузи вожаҳо онҳоро изофа кардаанд. Масалан, пира дар вожаҳои пирамард ва пиразан ҳеч маъное надорад, овози а дар он илова гардидааст. Решаи ин вожаҳо пир ва зан мебошанд. Дар вожаи дост овози т бар ин вожа зиёдатӣ аст, зеро ба он ҳеч иртиботе надорад. Шакли дуруст ва таърихии ин вожа дос аст, ки дар ашъори шоирони клоссики мо бешумор корбурд шудааст. Вожаи осиёб ҳам шакли дуруст ва таърихияш осиё мебошад, бе б. Дар осори клоссикон ин вожа ҳам бештар дар шакли қадимияш ба кор гирифта шудааст. Калимаи Осиё дар маънии қитъа ҳамин вожа аст, ки шаклан то имрӯз маҳфуз мондааст.

  Ҳодисаи монандшавӣ. Дар ҳодисаи мазкур як овоз вожа дар талаффузи он бар овози дигар ва ба он бегона монанд мешавад. Аммо, бояд дар назар гирифт, ки ин монандшавӣ танҳо дар талаффуз ба вуҷуд меояд ва дар навишт бояд шакли дурусти он риоя шавад. Мисолҳо аз ин ҳодиса: занбар: замбар, анбар: амбар, чанбар: чамбар, танбӯр: тамбӯр, анбор: амбор, , занбӯр: замбӯр, дунба: думба, пунба: пумба, сунб: сумб, хунб: хумб, ҷунбиш: ҷумбиш, ҷунбидан: ҷумбидан, санбӯса: самбӯса, шанбе: шамбе, душанбе: душамбе, мағфират: махфират … Дар мисолҳои боло дар ҳар силсилавожаҳо нишоншудаи аввал тарзи дуруст ва нишоншудаи дуввум тарзи нодурусти онҳост; дар талаффуз, агарчи тарзи дуввум бештар коргир шавад, дар навишт бояд тарзи якум риоя шавад.

  Ҳодисаи ҷойивазкунӣ. Дар ин ҳодисаи савтӣ ҷойи як овозро овози дигар мегирад. Чанд мисол: ҳавло- ҳалво, суфра- сурфа, китф- кифт, ҷамъ- ҷаъм, ҷумъа- ҷуъма, қуфл- қулф, ақвот- авқот, нафъ- наъф, рафъ- раъф, мафхират- махфират, мағфират- мафғират . Шакли аввали ҳар силсилавожа дуруст аст. Чун ҳодисаи монандшавӣ, дар ҳодисаи ҷойивазкунӣ ҳам, агарчи дар талаффуз мардум шакли нодурустро ба кор мегиранд, дар навишт бояд тарзи дурусти он риоя шавад. Вожаи ақвот шакли ҷамъи калимаи қут-и арабӣ аст, ки дар маънои хӯрок мебошад ва ибораи «қути лоямут» дар адабиёти клоссикӣ машҳур аст. Авқот шакли ҷамъи вожаи машҳури вақт мебошад, ки он ҳам арабист.

  Ҳодисаи табдилёбӣ. Ин ҳодиса дар феълҳо ба вуҷуд меояд, дақиқтар: дар интиқоли замони ҳозира ба гузашта. Тамомии феълҳо дар гузаштан аз замони ҳозира ба замони гузашта як, ду овози охиршон табдил бар як, ду ва се овози дигар мегардад. Мисолҳо: рав- рафт, гӯй- гуфт, соз- сохт, кор- кошт (кишт), ков- кофт, рез- рехт, паз- пухт, хез- хест (хост), рӯй- руст, ҷӯй- ҷуст, рӯб- руфт, кӯб- куфт, рес- ришт … Аммо, баъзе аз ин феълҳо ҷуз аз ҳодисаи табдилёбӣ ба ҳодисаи афзоиши овоз низ бархӯрд мешаванд, монанди паз- пазид, кор- корид, ков- ковид, соз- созид, рез- резид, боз- бозид, тоб- тобид, рӯб- рӯбид, кӯб- кӯбид, рес- ресид … Вале, баъзе феълҳо танҳо бо ҳодисаи афзоиш аз як замон ба замони дигар интиқол меёбанд, монанди дав- давид, куш- кушт, кӯш- кӯшид, пӯй- пӯйид, рӯй- рӯйид, бӯй- бӯйид, боф- бофт/ бофид … Феълҳое низ ҳастанд, ки аз як замон бар дигар замон гузаштан шаклшон пурра дигар мешавад, яъне комилан табдили шаклӣ мекунанд, монанди: бин- дид    

Матни 5

Равияи Демокрит

Демокрит (Demokritos, 460, Абдера, Фракия – 370 то м.) , файласуфи Юнони Қадим, яке аз аввалин намояндагони атомистика мебошад. Ӯ бо тамоми илмҳои ҳамонвақта – этика, математика, физика, астрономия, тиб, филология, техника, назарияи мусиқӣ ва ғ. машғул шудааст. Ӯ 2500 сол муқаддам фикри худро оид ба таркиби ҷисмҳо чунин баён карда буд: «Ҳамаи ҷисмҳо аз зарраҳои хурдтарини ба чашм ноайён ва тақсимнашаванда, ки ҳамеша дар ҳаракатанд, таркиб ёфтаанд, ки он атом мебошад. Тарҷумаи атом -тақсимнашаванда аст». Демокрит ду мабда – атомҳо ва халоъро эътироф мекард. Зимнан атомҳо, яъне зарраҳои тақсимнопазири материя, тағйирнопазиранд; онҳо абадӣ ва дар ҳаракати доимӣ буда, аз якдигар аз рӯйи шакл, бузургӣ, мавқеъ ва тартиби худ фарқ мекунанд. Демокрит тақсимшавандагии беинтиҳои материяро инкор мекард. Атомҳо шаклҳои беинтиҳои гуногун доранд. Демокрит атомҳоро «муҷассама» ё «видикҳо» низ меномид. Аз атомҳои ба самтҳои гуногун ҳаракаткунанда ҷисмҳои алоҳидаи том ва тамоми олам ба вуҷуд меояд; ҳаракати атомҳои абадӣ ва шумораи оламҳои бавуҷудоянда беинтиҳост. Атомҳо диданашавандаанд, вале ба органҳои ҳисси мо таъсир карда, мувофиқан эҳсосоте ба амал меоранд. Ӯ ақида меронад, ки ҷон ҳам аз атомҳо (оташин, маҳин, доирашакл, ҳамвор) иборат буда, баъди марг ба атомҳо ҷудо мешавад, яъне ҷовидон нест. Этика дар таълифоти Демокрит  аввалин бор  ҳамчун илми алоҳида эътироф мегардад.

Супориши 1. Луғатҳои тахассусиро навишта, онҳоро аз бар намоед:

 муҷассама – арабӣ, ба худ ягон шакл пайдо намуда, шакл пайдо карда, ба сурати ҷисм даромада, дорои ҷисм

 атом- зарраҳои хурдтарини тақсимнашаванда

орган- ҷисм, тан; ҳар чизи алоҳида

ҷисм- арабӣ, 1) ҳар чизе, ки қисми муайянеро аз фазо ишғол мекунад, ҳар чизи алоҳида; 2) бадан, пайкар, тан

 Супориши 2. Дар вожаҳои пойини матн кадомин ба ҳодисаи овозии коҳишёбӣ гирифтор мешаванд:

қасд, вазъият, монеъ, хавф, роҷеъ, чашмдошт, наҳаросид, маҳв, гузошт, фиқра.

         Супориши 3. Байтҳоро ҳифз намоед.

Андар хештаншиносӣ

                                        Ин ҷаҳон кӯҳ аст, феъли мо нидо,

                                        Сӯйи мо ояд нидоҳоро садо.

                                      Румӣ

                                      Ҳар кӣ ӯ аз ҳамзабоне шуд ҷудо,

            Безабон шуд, гарчи дорад сад наво.

                                      Румӣ

          Ҳар касе, к-ӯ дур монд аз асли хеш,

                                        Боз ҷӯяд рӯзгори васли хеш.

                                        Румӣ

                                      Ҳамзабонӣ хешиву пайвандӣ аст,

              Мард бо номаҳрамон чун бандӣ аст.

                                      Румӣ

Оё медонед?

**Дар рӯйи замин бо роҳи таҷриба муқаррар намуданд, ки 89 элементи химиявӣ мавҷуд аст. Боқимонда элементҳоро дар лабораторияҳо (озмоишгоҳ) бо роҳи сунъӣ ҳосил кардаанд. Собит намуданд, ки элементҳои бо роҳи сунъӣ ҳосил кардашуда, дар дигар сайёраҳо вуҷуд доранд. Ҳамаи моддаҳои дар замин (25 мил.) ва дигар сайёраҳо мавҷуд буда, аз 118 элементи химиявӣ таркиб ёфтаанд.

О L-BRO Administrator

Администратори сомона.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.