Имлои харфхои мушаддад

Имлои ҳарфҳои мушаддад.  Тақсими вожа ба ҳиҷо

Мушаддад маънии ташдидгирии овоз ё шиддатнок талаффуз шудани онро дорад. Мушаддад, ташдид ва шиддат– ҳар се вожаи арабӣ буда, аз решаи феълии шадда дар маънои такрор шудан пайдо шудаанд. Бад- ин маънӣ, ҳар се вожа, дар умум, дар маънои такрор шудан корбурд мешаванд. Дар забони тоҷикӣ вожаҳо бо чанд роҳ ташдид мегиранд, яъне як овози онҳо мушаддад талаффуз мешавад ё як ҳарфи онҳо такроран навишта мешавад. Қонуниятҳои ташдидгирии вожаҳо дар забони тоҷикӣ бо ин роҳҳо амалӣ мешаванд:

1. Дар вожаҳои аслии тоҷикӣ ё вожаҳое, ки аз таърихи баромад форсӣ- тоҷикиянд. Дар забони тоҷикӣ ҳанӯз аз қадим, ҳатто, пеш аз қабули алифбои арабиасоси форсӣ вожаҳои бисёре бо ташдид навишта мешуданд, ки ин тарзи мушаддади онҳо то ҳанӯзон ҳам давом дорад. Мисолҳо: хуррам, фаррух, ғарра, ғурра, каппа, каппӣ, пилла, палла, филла, фалла, милла, мижжа, алла, пурра, курра, чалла, акка, чакка, дакка, бурро, буррон, буррон, хуррок, ғусса, пашша, дамма, дуввум, мазза, дурра, дарра, барра …

2. Дар иборасозии тоҷикӣ бо вожаҳои арабӣ. Ин ибораҳоизофӣ ва пайваст буда, бо вожаҳои арабие  мисли хат, ҳақ, сир, диқ (нафасгирӣ), дур (гуҳар), рад, фан, зан (гумон), ҳад, зид, ҳис, ҳал, хос.Ҳангоми бо ин вожаҳо сохтани ибораҳои изофӣ ва пайваст дар навишт ҳарфи анҷоми онҳо такроран навишта мешавад, зеро дар талаффуз овози он такроран хонда мешавад. Мисоли ибораҳои изофӣ: хатти хоно, ҳаққи устод, сирри ногуфта, диққи нафас, дурри маънӣ, радди бало, фанни фалсафа, занни бад, ҳадди охир, зидди ҷанг, ҳисси баланд, ҳалли масъала, хосси табиат. Мисоли ибораҳои пайваст: хатту савод, ҳаққу ботил, сирру ниҳониҳо, диққу нафасгирӣ, дурру гуҳар, радду монеа, фанну илм, фанну макр, занну гумон, ҳадду марз, зидду мухолиф, ҳиссу дарк, ҳаллу фасл, хоссу ом. Бояд гуфт, ки вожаи фан, агарчи арабӣ аст, дар забони клоссикон дар ду маъно: 1) дарс; 2) макру ҳила корбурд мешуд.

  Сабабимушаддад талаффуз шудани овози ин вожаҳои арабӣ ё дар навишт ташдид гирифтани онҳо дар он аст, ки овози ба такрор гирифторшудаи вожаҳои мазкур дар шумораи ҷамъ ҳам ду бор навишта мешаванд, агарчи дар ин шакли ҷамъ аз ҳам дуртаранд. Масалан: хат- хутут, ҳақ- ҳуқуқ, сир- асрор, диқ- адқоқ/ дуқуқ, дур- дурар, рад- ардод/ рудуд, фан- фунун, зан- азнон/ зунун, ҳад- ҳудуд, зид- аздод. Ҳамчунин, зикр бояд кард, ки ибораҳои дар забони тоҷикӣ машҳури ҳаққу ҳуқуқ, сирру асрор ва ҳадду ҳудуд, агарчи маънӣ доранд, бемантиқанд ва хубтар аст дар ҷойи ҳаққу ҳуқуқ ҳаққу дуруст ва дар ҷойи сирру асрор сирру ногуфтаҳо ё сирру ниҳониҳо ва дар ҷойи ҳадду ҳудуд ҳадду марз гуфта шаванд, ки бо мантиқ муносибтару мувофиқтаранд.

3. Афоили арабӣ ё қолибҳои мушаддади феълӣ. Дар забони арабӣ вожаҳо ба гурӯҳҳои ҷудогуна тақсим мешаванд. Ҳар яки ин гурӯҳро афоил- феълҳо ё қолиб мегӯянд, зеро дар забони арабӣ решаи вожаҳо аз тариқи феълҳо пайдо мешаванд ва дар ҳар қолибе аз ин гурӯҳҳои феълӣ вожаҳои бисёре ба вуҷуд меоянд. Ин қолибҳоро ба мисоли формул ё теорема бояд фаҳмид, ки тавассути онҳо вожаҳои ниҳоят зиёд сохта мешаванд. Дар забони тоҷикӣ аз аксарияти ин қолибҳо вожаҳои зиёде ворид шудаанд, чи қолибҳои беташдид ва чи қолибҳои мушаддад.

  Асоситарин қолибҳои мушаддад, ки аз тариқи онҳо аз забони арабӣ ба тоҷикӣ вожаҳо ворид шудаанд, инҳо қолибҳои фаъъол, тафаъъул, муфаъъил, муфаъъал, мутафаъъил ва фуъъол мебошанд. Қолиб худ маънӣ надорад, мисли ин ки қолибе, ки дар гил сохта мешавад, холӣ ва дарунтиҳист. Чун дар қолиби даргилсохта, масалан қолиби ягон чиз (кӯза, пиёла …) сурб, нуқра ё тилоро об карда мерезем ва пас аз сахтшавӣ ҳар яке аз ин маҳлулот шакли қолибро мегиранд, қолибҳои афоил ҳам маънӣ надоранд. Қолиби афоил ҳамон вақт маънӣ пайдо мекунад, ки мо дар онҳо ҳамсадоҳоро (чунонки дар қолиби гил сурб ва нуқраву тилоро ) ҷойгузин намоем. Дар қолибҳои афоил садонокҳо иваз намешаванд, аммо барои маънои нав пайдо кардан ҳамсадоҳо ҳатман дигар мешаванд. Мисолҳо аз ҳар яке аз ин қолибҳои мушаддади феълӣ тавассути нақша:

Фаъъол Тафаъъул  Муфаъъил Муфаъъал Мутафаъъил Фуъъол
маннон қаҳҳор ҷаббор қаттол сарроф қассоб ҷаллоб наррод аттор   тафаккур ташаккур ташаббус танаффус таваллуд тахаллус тараҳҳум такаббур ташаннуҷ муҳаррир мусанниф муаллим муқарриз мураттиб мударрис мусаввирмуҳаддис мухаддир муҳаббат мушарраф мураттаб мукаллаф мураббаъ муханнас мусаллас мухаддар мутаҳҳар мутафаккир муташанниҷ муташарриф мутахаллис мутамаддин мутааллим мутакаллим мутанаффир мутафарриқ ҳукком (ҷамъи ҳоким) ушшоқ (ҷамъи ошиқ) уббод (ҷамъи обид) уммол (ҷамъи омил)

Тақсими вожаҳо ба ҳиҷо. Бо як дам талаффуз кардани як ҷузъ аз овозҳои вожа ҳиҷои он вожа аст. Дар ҳиҷо нақши асосиро овозҳои садонок иҷро мекунанд, яъне дар вожа чи қадр овози садонок зиёд бошад, ҳамон қадр миқдори ҳиҷоҳо зиёд мешаванд. Вобаста ба иштироки садонокҳо ҳиҷоҳоро ба ду гурӯҳ: кушода ва пӯшида/ баста тақсим мекунанд. Ҳиҷоҳое, ки бо садонокҳо анҷом меёбанд, ҳиҷоҳои кушода ва ҳиҷоҳое, ки бо ҳамсадоҳо тамом мешаванд, пӯшида ё баста номида мешаванд. Чанд мисол аз тақсимоти ҳиҷоии вожаҳо: си- там- пе- ша, фу- рӯ- моя, да- рун- си- ёҳ, та- мал- луқ- кор, ти- ҳи- мағз, до- ниш- но- пи- санд, бад- гав- ҳар, хи- рад- си- тез, бад- бун, дун- ё- па- раст, зо- ҳир- ни- гар, до- ниш- бе- ха- бар …

Ҳиҷоҳо дар забони тоҷикӣ гоҳо як вожаро ташкил медиҳанд ё як вожа дар забони тоҷикӣ як ҳиҷоро ба вуҷуд меорад, ки се, чаҳор ҳарфро дарбар мегиранд ва дар тақсимоти сатрӣ онҳоро намебояд ба ду қисм тақсим кард. Масалан: ман, мон, дон, кон, рон, нон, нун, дун, зӯр, рӯз, манъ, ҷисм, расм, пӯст, чуст, ҳаст, Вахш, Рахш, дӯхт, нағз, сахт, пухт, раст, дашт, нард, мард, гирд, нафт, рӯфт, дӯхт, бофт … Ин вожаҳо ҳангоме ба ҳиҷо тақсим мешаванд, ки бандаки изофӣ (- и) ё ӣ бигиранд, Масалан: дони серғизо (до- ни), Вахши зархез (Вах- ши), Рахши Рустам (Рах- ши), нафти арзон (наф- ти), дӯхти либос (дӯх- ти), монӣ (мо- нӣ), донӣ (до- нӣ), нардӣ (нар- дӣ)Вахшӣ (Вах- шӣ), сахтӣ (сах- тӣ) … Бояд гуфт, ки як ҳарф (садонок) дар тақсимоти ҳиҷоӣ як ҳиҷоро ташкил диҳад ҳам, дар кӯчониши сатрии калима тани танҳо ба сатри дигар намекӯчад, балки бо ҳамсадои пасини худ ҳамроҳ мешавад. Мисолҳои ин маврид дар нақша:

Тақсимоти ҳиҷоӣ Тақсимоти сатрӣ (кӯчониш)
а- ро- ба- каш А- бӯ- аб- дул- лоҳ У- ро- теп- па у- ла- мо и- бо- дат и- но- ят О- зар- бой- ҷон о- бо- дӣ Аро- ба- каш Абӯ- аб- дул- лоҳ Уро- теп- па Ула- мо Ибо- дат Ино- ят Озар- бой- ҷон Обо- дӣ

                                                                                              Матни 6

               ДАВРАҲОИ АСОСИИ ИНКИШОФИ КИМИЁ

Ба ҳамагон маълум аст, ки кимиё яке илмҳои қадимтарин аст, чунки одам аз ибтидои бошуурона ба табиат муносибат кардан тамоми тағйироти дар гирду атрофаш гузарандаро мушоҳида мекард. Он вақт одамон хоҳу нохоҳ ба худ савол медоданд, ки: «Чаро дар натиҷаи тағйироти дар табиат гузаранда моддаҳои гуногун шакли зоҳирӣ ва ранги худро тағйир дода, баъзeяшон иваз мешаванд?». Баъдтар дар байни одамон новобаста аз маскани зиндагии онҳо ашхосе пайдо гардиданд, ки сабаби тағйирёбии зоҳирии чизҳои иҳотакунандаро дар табиат меҷустанд. Бо инкишофи ҷомеаи инсонӣ эҳтиёҷ ба амиқтар фаҳмидани ҳодисоти дар олам ба вуқӯоянда афзуд. Одамон ҳар чӣ бештар кӯшиш ба харҷ медоданд, ки сабабҳои ҳақиқии равандҳои гуногунро фаҳмида гиранд. Дар ин раванд (ҷараён) дар мадди аввал таҷрибаҳои ниҳоят оддӣ гузаронида, фарзияҳои (гипотезаҳо) аввалинро пешниҳод мекарданд. Бо инкишофи тамаддуни башарӣ инсон аз манбаъҳои табиӣ истеҳсол кардани моддаҳо ва масолеҳи барои худ заруриро ёд гирифт. Албатта, ҳамаи ин фаъолияти инсонӣ хоҳу нохоҳ бо кимиё алоқаманд буд. Пас аз солҳои тӯлонӣ, вақте ки ақидаю назарияҳои аниқтар дар илм пайдо шуданд, ҷомеаи инсонӣ тавонист, ки аз дастовардҳои илмҳои табиӣ, аз ҷумла илми кимиё амалан истифода бурда, истеҳсолоти масолеҳи заруриро ба роҳ монад. Барои ин ба ҷомеаи инсонӣ лозим омад, ки ҳазорсолаҳоро паси сар намояд ва бо ақлу хиради худ корҳои бузургеро ба сомон расонад. Илми кимиё ҳам ба монанди дигар илмҳои табиатшиносӣ таърихи тӯлонӣ дошта, дар бораи пайдоиши он фикру ақидаҳои аниқу ягона вуҷуд надоранд. ҳатто баъди ҳазорсолаҳои ташаккулёбии ин илми барои инсон ниҳоят зарур дар бораи давраи пайдоиши он маълумоте вуҷуд надорад ва шояд ҳеҷ гоҳ он дастраси мо нагардад. Аз нигоҳи таърих шояд ба ҳайси кимиёгари аввал он шахсеро ҳисобидан мумкин бошад, ки ё бори нахуст оташро ҳосил карда тавонист, аз он истифода бурда буд.

Супориши 1. Матнро бодиққат хонед. Ҷумлаҳои зерро пурра намоед:

1. Бо инкишофи ҷомеаи инсонӣ эҳтиёҷ ба амиқтар фаҳмидани…

2. Илми кимиё ҳам ба монанди дигар илмҳои табиатшиносӣ…

3. Баъдтар дар байни одамон новобаста аз маскани зиндагии онҳо ашхосе пайдо гардиданд…

4. Ба ҳамагон маълум аст, ки кимиё яке илмҳои қадимтарин…

5. Дар ин раванд (ҷараён) дар мадди аввал таҷрибаҳои ниҳоят…

Супориши 2. Имлои калимаҳои ташдиддорро дар ҷумлаҳои зерин дуруст гузоред?

1. Дар ин раванд (ҷараён) дар мади аввал таҷрибаҳои ниҳоят одӣ гузаронида, фарзияҳои (гипотезаҳо) авалинро пешниҳод мекарданд.

2. Албатта, ҳамаи ин фаъолияти инсонӣ хоҳу нохоҳ бо кимиё алоқаманд буд.

3. Бо инкишофи тамадуни башарӣ инсон аз манбаъҳои табиӣ истеҳсол кардани модаҳо ва масолеҳи барои худ заруриро ёд гирифт.

4. Ҳато баъди ҳазорсолаҳои ташакулёбии ин илми барои инсон ниҳоят зарур дар бораи давраи пайдоиши он маълумоте вуҷуд надорад.

5. Дар байни муарихони илми кимиё доир ба давраи пайдоиш ва инкишофи илми мазкур ақидаи ягона вуҷуд надорад.

Супориши 3. Луғати тахассусиро аз ёд кунед.

аналитик- таҳлилкунанда

аналитический контроль- назорати таҳлилгарона

ангстрем- воҳиди дарозӣ

антенна- мавҷгир

антиядерный- зиддиҳаставӣ

аппарат- асбоб, дастгоҳ

асбест–сангпахта, филизпунба (пахтасанг)

атмосфера- ҳаво, фазо

атом- атом, зарраи хурдтарини элементи кимиёвӣ

база- махзан

баланс- мувозинат, баробарӣ

балансировка- мувозинат

балласт- бор

баллон- зарфи моеъдор ё газдор

бальзам- мумиё

бар- воҳиди фишор

барабан- нақора

Супориши 4. Кадоме аз вожаҳои зерин ташдид доранд:

тӯфон,Робиа, мурабо, робита, руҷӯъ, мурабӣ, Рашод, нумӯъ, мамониат, навад, даванд, шидат, ташдид, ташадуд, ҷуҳол, ҷоҳил, рутубат, нубуват …

Супориши 5. Абёти зеринро ба дафтаратон рӯйбардор карда, аз бар  намоед.

Забонаш ба сони дарахти сиёҳ,

Зафар боз карда фиканда ба роҳ.

                             * * *

Забон чарбгӯю дил озармҷӯй,

Сипаҳбуд сӯи бохтар кард рӯй.

                              * * *

Забонаш ба кирдори буррандатеғ,

Чу дарё дилу каф чу буррандамеғ.

Сӯи Зобулистон ниҳоданд рӯй,

Забон шоҳгӯю равон шоҳҷӯй.

Абулқосими Фирдавсӣ

add

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.