Имлои сифат, шумора ва чонишин

Имлои сифат. Баъзе аз сифатҳои шаклан сода ду ё чанд тарзи навишт доранд, ки ҳарчанд ҳама шакли онҳо дар забони адабии имрӯз корбурд нашаванд, дар адабиёти клосикӣ истифода шудаанд ва ё баъзан дар лаҳҷаҳо ба кор гирифта мешаванд. Намунаҳо: сиёҳ- сияҳ, сапед-  сафед/ испед- исфед, арғувон- арғавон, равшан- рӯшан

Сифатҳое, ки якҷо навишта мешаванд. Ин навъи сифатҳо сохта ва мураккаб мешаванд. Сифатҳои сохта тавассути пешвандҳои бо -, ба -, бар -, бе -, но -, пур – ва пасвандҳои – тар, – тарин, – гун, – со (н), – осо, – ваш, – монанд, – вор (ӣ), – ин … созмон меёбанд. Намунаҳо: боақл, баандеша, барқад, бефарҳанг, ноодам, пурдониш, сафедтар, пасттарин, гандумгун, шамъсо (н), барқосо, сияҳваш, бедвор (ӣ), навин … Сифатҳои мураккаб аз исму исм, исму сифат, исму феъл … сохта мешаванд. Намунаҳо: камонабрӯ, болобаланд, қоматкӯтоҳ, сиёҳчеҳра, кабудчашм, наргисчашм, бадгӯ (й), хубсухан, шакаргуфтор, ҷонгудоз, шакарфикан …

Сифатҳое, ки ҷудогуна навишта мешаванд. Сифатҳои таркибӣ алоҳида навишта мешаванд ва мисли исмҳо алоқаи онҳо изофӣ ва пайваст доранд: пасту баланд, сиёҳу сафед, ғафсу борик, сусту мулоим; сафеди сафед, баланди баланд, кӯтоҳи кӯтоҳ … Ин навъи сифатҳо тавассути пешоянду ҷонишин ҳам таркиб меёбанд: аз ҳама сафед, сафедтар аз ҳама … Баъзе аз ин навъи сифатҳо ба воситаи аломати нимтире низ таркиб меёбанд, ки ҷузъи аввали онҳо вайроншудаанд: сап- сафед, сип- сиёҳ, суп- сурх, чип- чирк … Вале, бояд гуфт, ки ин навъи сифатҳо сохтаи мардуманд ва адабият надоранд, зеро дар осори клосикон боре ҳам корбурд нашудаанд.

Матни 8

              Қонуни даврӣ

       Дмитрий Иванович Менделеев (1834-1907)- яке аз бузургтарин олимони дунё мебошад. Ӯ фарзанди хурди оила (17-умин) ба ҳисоб мерафт.

       Комёбии бузургтарини фаъолияти эҷодии ӯ кашфи Қонуни даврӣ ва бунёди ҷадвали даврии элементҳо буд. Д. И. Менделеев бо кашфи рисолаи доктории худ «Дар бораи пайвастшавии спирт ва об ва ҳамчун ассотсиатсияи фаҳмидани маҳлулҳо» шуҳрати беандозаро соҳиб гардид. Асари барҷастаи Д. И. Менделеев «Асосҳои химия» мебошад. Ин китоб дар асоси Қонуни даврӣ тамоми мавзӯъҳои химияи ғайриорганикиро фаро мегирад.Ӯ ба ҳаққонияти қонуни кашфкардааш шубҳа намекард. ва ба ояндаи он боварии қатъӣ дошт. Пеш аз маргаш навишта буд «…ба қонуни даврӣ минбаъд вайроншавӣ таҳдид намекунад ва танҳо онро рушду камол нигарон аст».

      Назарияро дар амалия татбиқ намуда, бештар ба масъалаи коркарди химиявии (технология) нафт   диққат дода шавад. Инчунин ба саноати кони оҳани Урал мароқ зоҳир намуда, тавсия намуд, ки ангишти ҳавзаи Кузнетскро истифода баранд.

       То кашфи қонуни даврӣ баъзе элементҳо номаълум буданд. Бузургии  Д. И. Менделеев дар он аст, ки ӯ хосияти элементҳоро ба инобат гирифта, мавҷудияти элементҳои кашфнашударо пешгӯйӣ намуда ба онҳо дар ҷадвали даврӣ ҳуҷраҳои холӣ гузошт. Қонуни даврӣ дар бунёди назарияҳои муосири сохти атомҳо саҳми калон дорад:

       1. Афзудани адади элементҳои химиявӣ дар давраҳо (2 – 8 – 18 – 32) олимонро водор намуд, ки дар бораи ададҳои мувофиқи электрон пур шудани қабатҳои энергетикӣ фикр намоянд.

       2. Дар асоси қонуни даврӣ муяссар гардид, ки элементҳои пас аз уранро пешгӯйӣ ва кашф намоянд.

       3. Қонуни даврӣ ва ҷадвали даврии элементҳои химиявӣ барои кашфи изотопҳои радиоактивӣ ва соҳаҳои татбиқи онҳо аҳамияти калон доштанд.

       4. Дар қонун ва ҷадвали даврии элементҳои химиявӣ қонунҳои умумии инкишофи табиат равшан зоҳир мегарданд.

Супориши 1. Истилоҳоти зерини тахассусии матнро дар дафтаратон навишта ҳифз намоед:

Қонуни даврӣ, ҷадвали даврӣ, элемент, пайвастшавӣ, спирт, об, маҳлул, асосҳои химия, атом, электрон, қабатҳои энергетикӣ, уран, изотоп, радиоактив, табиат, коркард, нафт, кон, оҳан, ангишт.

Супориши 2.   Ба саволҳо посухи даҳонӣ диҳед.

1. Қонуни даврӣ аз ҷадвали даврӣ чӣ фарқ дорад?

2. Кадом қонунҳои табиӣ дар ҷадвали даврии Д.И. Менделеев таҷассум ёфтааст?

3. Аҳамияти кашфи қонуни давриро  тавсиф намоед.

Супориши 3. Бо истифода аз вожа ва таркибҳои зер ҷумлаҳо созед:

Ҷадвали даврӣ, коркард, қонуни даврӣ, кашф, табиат,  элемент, пайвастшавӣ, спирт, об, маҳлул.

  Супориши 4. Аз матн сифатҳоро муайян намуда, онҳоро дар дафтартон кӯчонед ва маънои онҳоро шарҳ диҳед.

Имлои шумора.

Баъзе аз шумораҳо гунаи қадими худро доранд: чор- чаҳор, ҳаждаҳ- ҳеҷдаҳ, чил- чиҳил, дусад- дувист, сесад- тирист, панҷсад- понсад … Аз байни ин силсилаҳо чор, ҳаждаҳ, чил, дусад ҳам дар забони адабӣ ва ҳам дар забони мардум истифода мешаванд. Чиҳил гоҳ- гоҳ дар осори адибон ва понсад танҳо дар забони мардум (дар лаҳҷаҳои шимол) коргир мешавад. Ҳеҷдаҳ, дувист, тирист на дар забони адабӣ истифода мешавад, на дар забони мардум.

  Шумораҳое, ки якҷо навишта мешаванд:

        – тавассути пасвандҳои тартибсози – ум, – юм, – умин, – юмин ва нумеративи – то (та): якум, дуюм, саввумин, сиюмин, даҳто …

  •  тавассути ду решаи шумораӣ: панҷсад, шашсад, ҳафтяк, даҳяк …

Шумораҳое, ки ҷудогуна навишта мешаванд. Шумораҳои ададӣ, тартибӣ, касрӣ ва тахминӣ алоҳида навишта мешаванд: сесаду шасту панҷ, панҷоҳу нӯҳум, аз даҳ чор фоиз, панҷу шаш …

           Шумораҳои такрорӣ танҳо бо аломати нимтире ва шумораҳои тахминӣ ғайри алоқаи пайваст бо нимтире низ навишта мешаванд: як- як, ду- ду, се- чор, панҷ- шаш …

Имлои ҷонишинҳо.

Ҷонишинҳое, ки якҷо навишта мешаванд, сохта ва мураккаб мебошанд. Ҷонишинҳои гунаи ман, ту, вай, ӯ, кӣ, чӣ, ку, ин, он, ҳама, ҳеҷ, ҳар, кадом, худ, хеш, чанд … сода мебошанд.Тавассути ҷонишинҳои вай, ӯ, кӣ, чӣ, ин, он, ҳама ҷонишинҳо гунаи сохтаро мегиранд: вайҳо, ӯшон, онҳо, онон,  (ҷон. шахсӣ), киҳо, киён, чиҳо, чиён, кадомин, чандум, чандтоӣ, чандгонӣ  (ҷон. саволӣ) инҳо, инон, инчунин, ончунон (ҷон. ишоратӣ), ҳамагон (ҷон. таъйинӣ), худам, худат, худаш, хештан (ҷон. нафсӣ- таъкидӣ)…

  Дар ҷойи ҷонишини қадими саволии ку дар забони имрӯзи адабии тоҷикӣ вожаи канӣ, ки маълум нест чӣ хел баромадааст ва аз кадомин забон аст (шояд туркӣ бошад), истифода мешавад. Ҷонишини ку дар сарчашмаҳои классикӣ ниҳоят зиёд корбурд шудааст ва канӣ дар ягон сарчашмаи классикӣ дида намешавад. Мисол:

             Дар коргаҳи кӯзагаре рафтам дӯш,

             Дидам ду ҳазор кӯза гӯёву хамӯш.

             Ногаҳ яке кӯза баровард хурӯш:

             “Ку кӯзагару кӯзахару кӯзафурӯш?”

                                                                     (Хайём)

            Ку аҳду ку васиқа, ки бо мо кардаӣ?

            Аз қавлу аҳди хеш ибар кардаӣ?

                                                                     (Мавлавӣ)                             

           Ҷонишинҳое, ки алоҳида навишта мешаванд, гунаи таркибӣ доранд. Намунаҳо: чӣ хел?, чӣ гуна?, чӣ тавр?, чӣ сон?, чӣ қад (а)р?, чӣ андоза? (ҷон. саволӣ), ҳамин гуна, ҳамин хел, ҳамон сон, ин гуна, он гуна, ин хел, он хел … (ҷон. ишоартӣ), ҳар ки, ҳар кас, ҳар чи (з), ҳар кадом, ҳар як … (ҷон. таъйинӣ), ҳеч ки, ҳеч чи (з), ҳеч кадом (ҷон. манфӣ), кадом касе (ҷон. номуайянӣ) …

Ҷонишинҳо дар гунаи бандак низ меоянд, ки онҳоро бандакҷонишинҳои соҳибӣ мегӯянд. Ин бандакҷонишинҳо дар охири ҳиссаҳои номии нутқ омада, соҳибиятро мефаҳмонанд ва дар се шахсу ду шумора тасриф мешаванд: намуна:

-ам (китобам)                             – амон (китобашон)                              

-ат (китобат)                              – атон (китобашон)

-аш (китобаш)                            – ашон (китобашон)

           Бандакҷонишини ихтисорӣ. Бо аломати нимтире ва ихтисоршуда. Дар назм бо талаботи вазни арӯз бандакҳои мазкур дар гунаи ихтисор низ меоянд. Дар навишт шумораи танҳои онҳо аз вожа бо аломати нимтире ҷудо карда мешавад, шумораи ҷамъшон бо вожа якҷо меояд.Намунаҳо:

-м (писар- м)                               – мон (писармон)

-т (писар- т)                                 – тон (писартон)

-ш (писар- ш)                              – шон (писаршон)

           Бояд гуфт, ихтисораҳои зикршуда собиқаи қадим доранд ва ғайриадабӣ нестанд. Дар осори тамомии шоирони клосик чунин тарзи коргирӣ бисёр дида мешавад. Мисолҳои ин бандакҳо дар мавзӯи “Ҳодисаҳои савтӣ” оварда шудаанд.

Мисолҳои шеърӣ барои ҷонишинҳо:

             Онҳо ки куҳан буванд в- онон ки наванд,

             Ҳар як пайи якдигар якояк бишаванд.

             В- ин мулки ҷаҳон ба кас намонад ҷовид,

             Рафтанду равему боз оянду раванд.

                                                                           (Хайём)

             Мо зи ёрон чашми ёрӣ доштем,

             Худ ғалат буд, он чи мо пиндоштем.

                                                                           (Ҳофиз)

            Ман аз бегонагон ҳаргиз нанолам,

             Ки бо ман ҳар чи кард, он ошно кард.

                                                                            (Ҳофиз)

                                                                     Матни 9

Эталони воҳиди ҳарорат

Аввалин асбоби ҳароратсанӣ- термометрро соли 1998 физики итолиёвӣ Галилео Галилей (1564-1642) ихтироъ карда буд. Аз ҳамон вақт инҷониб ченкунии ҳарорат бар истифодаи ин ё он хосияти термометрии моддаҳои гуногун (масс., вобастагии ҳаҷми мода ё фишори газ ба ҳарорат) асос ёфтааст.

Фаренҷейт Д.Г. (1686-1736, ҷои таваллудаш Дантсиг, ҳозира Гданск, физики немис) соли 1715 термометри симобиро ихтироъ карда, барои сохтани шкалаи термометрии  ду нуқтаи реперӣ- ҳарорати омехтаи ях, намак ва спирти навшодир ( ин нуқтаро ба сифати нуқтаи нулӣ) ва ҳарорати бадани  одамро пешкаш намуд ( ин  нуктаро ӯ баробари 96 гирифт).

Соли 1736 Реомюр – олими франсавӣ (1683-1757) барои ин мақсад ду нуқтаи дигар ( ҳарорати обшавии ях О ва ҷӯшиши об 800-ро пешниҳод кард.

Соли 1742 олими шветсиягӣ А.Селсий (1701-1744) дар шкалаи термометрӣ масофаи байни  нуқтаи обшавии ях ва ҷӯшиши обро ба 100 ҳиссаи баробар тақсим намуд. Нишондоди ин гуна  термометр ба хосияти ҳароратии моддаҳои истифодашаванда вобаста мебошад.

Дар охир, дар нимаҳои асри Х1Х физики англис Уилям Томсон (лорд Келвин 1824-1907) шкалаи ба хосиятҳои  термометрии моддаҳо вобаста набударо пешниҳод кард, ки шкалаи Келвин ном гирифтааст. Шкалаи Келвин бар ақидаи зерин асос ёфтааст:

 Агар дар сикли баргардандаи Карно қисми дар ҳамин сикл иштироккунанда дар ҳарорати  Т1 миқдори гармии Q-ро фурӯ барад ва дар ҳарорати Т2 миқдори гармии Q2-ро диҳад, он гоҳ нисбати ҳароратҳо Т12 ба нисбати миқдори гармиҳо Q1/Q2 баробар мешавад ва ба хосиятҳои моддаи корӣ вобаста нест. Чен кардани миқдори гармӣ душвор нест, бинобар ин бо ёрии сикли Карно, масалан, барои об сиклро дар байни ҳароратҳои обшавии ях Т0 ва ҷӯшиши об Тҷ гузаронида ба осонӣ нисбати Тҷ0-ро муайян кардан мумкин аст. Агар ҳарорати яке аз зарфҳои ҳароратӣ Т0 маълум бошад, он гоҳ ҳарорати дилхоҳи Т-ро муайян кардан мумкин мегардад.

Дар шкалаи Келвин, ки онро шкалаи термодинамикии ҳарорат низ меноманд, масофаи байни нуқтаҳои обшавии ях ва ҷӯшиши об баробари  1000 қабул шудааст.

КГЧВ соли 1954 дар маҷлиси даҳумини худ шкалаи термодинамики ҳароратро, ки бо ёрии як нуқтаи реперӣ- нуқтаи сегонаи об муайян карда мешавад, муқаррар кард.

Ҳозир саҳеҳияти хубтарини таҷдиди келвин ва градуси Селсий барои нуқтаи сегонаи об ба 0, 0001 К баробар аст.

Супориши 5. Матнро бодиқат хонед. ҷумлаҳои зерро пурра намоед:

  1. Аз ҳамон вақт инҷониб ченкунии ҳарорат…
  2. Нишондоди ин гуна  термометр ба хосияти…
  3. Дар охир дар нимаҳои асри Х1Х физики англис…
  4. Агар дар сикли баргардандаи Карно, ҷисми…
  5. Агар ҳарорати яке аз зарфҳои ҳароратӣ…

Супориши 6. Аз матни боло шумораҳоро бо ҳарф нависед.

Супориши 7. Оё дар матн ҷонишинҳо вуҷуд доранд? Агар вуҷуд дошта бошанд, сохти онҳоро муайян намуда, дар дафтартон нависед.

  Оё шумо медонед?

**Мафҳуми ҳозираро дар бораи элементҳои химиявӣ дар миёнаи асри 18 Роберт Бойл ва Юстус Либих дар химия ҷорӣ намуданд.

**Реаксияҳое, ки дар натиҷаи онҳо аз як моддаи мураккаб якчанд моддаҳои дигар ҳосил мешава, реаксияи таҷзия меноманд.

Шарҳ: реаксияи таҷзия- реаксияи ҷудошавӣ

Супориши 8. Байтҳои зеринро навишта, онҳоро азхуд намоед:

                 Бетамизиҳои мардум аз сухан пайдо шавад,

                 Пистаи бемағз, ар лаб во кунад, расво шавад

                                                                                          (Сайидо)

                 Рӯзи васли ёр ҷон деҳ, варна умре баъд аз ин

                 Ҳамчу мо аз зистан ҳоҳи пушаймон зистан.

                                                                                 (Мирзо Ғолиб)

                 Кӯрро аз раҳбари бино буридан ғофилист,

                 Бесабаб аз айббини хеш ранҷидан чаро?

                                                                                             (Соиб)

test

Добавить комментарий