Аломатхои китобат ва ахаммияти онхо дар навиштан

  Аломатҳои китобат дар навиштор аҳаммияти бас бузург доранд. Бе риояти аломатҳои китобат дар хатти кириллиасоси тоҷикии мо, аввалан, тартибу низоми ҷумлаҳо хуб ба роҳ монда намешаванд, сониян, фикрҳо дар хат пароканда сабт мегарданд. Аз ин ҷиҳат, дақиқӣ ва мушаххасии фикр ва мавзӯи мавриди навиштор қароргирифта аз байн меравад. Аломатҳои китобат, умуман, ба ду гурӯҳ тақсим мешаванд: аломатҳои китобате, ки дар таркиб ё дохили ҷумлаҳо маҳалли корбурд қарор мегиранд ва аломатҳое, ки дар анҷоми ҷумлаҳо истифода мешаванд.

Аломатҳои таркиби ҷумла. Ба ломатҳои таркиби ҷумла вергул (,), баён (:), нохунак (“”), нимтире (-) тааллуқ доранд.

Аломати вергул. Аломати вергул дар чунин мавридҳо истифода мешавад:

1. Дар ҷойи пайвандакҳои пайвасткунандаи ва, – у, – ю омада, чида шудани вожаҳо, ибораҳо ва ҷумлаҳоро фароҳам меоварад:

а) вожаҳоро чида менамояд. Намуна: Ман, Нилуфар, Бежан ва Сӯҳроб дирӯз ба китобхонаи “Фирдавсӣ” рафта будем;

б) ибораҳоро чида менамояд. Мисол: Нурҳои тези офтоб, борони резаву гарм, нармбодаи омехта бо ҳарорати офтобу рутубати борон, чаҳчаҳи паррандагони нав аз сӯйи хунукӣ кӯчбаста, мӯғчаҳои нав дар ҳоли шукуфоӣ қарордошта, ҳамаи инҳо далолат бар зебоии арӯси сол мекарданд;

в) ҷумлаҳоро чида менамояд. Намуна: Мӯйсафед дигар намехандид, бисёр ҷиддӣ шуд, лабонаш ба ҳам часпиданд, гӯё ки лабони ӯ боре ҳам табассумро надида буданд.

2. Барои алоқаманд кардани ду ҷумлаи сода бо ҳам ва дигар воҳидҳо бо ҷумла дар ҷумлаҳои навъи пайваст:

а) дар ҷойи пайвандакҳои ва, – у, – ю. Мисол: Ӯ сӯйи мо менигарист, мо ҳам сӯйи ӯ чашм медӯхтем ;

б) пеш аз пайвандакҳои пайвасткунандаи аммо, вале, лекин омада, ҷумлаҳои содаро бо ҳам алоқаманд мегардонад. Мисолҳо: Дирӯз ман ҳам омада будам, аммо онҳоро надидам. Ин писар зеҳни қавӣ дорад, вале волидайн ба ӯ кам аҳаммият медиҳанд. Илми фалсафа басо ҷолиб аст, лекин бисёр мураккабу мушкил ҳам ҳаст;

в) баъди пайвандакҳои пайвасткунандаи аммо, вале, лекин омада, самти маъноии ҷумларо тағйир медиҳад, яъне бар ҷумла тобиши хилоф ва инкор мебахшад. Мисоҳо: Аммо, ӯ дурӯғ гуфта буд ва дигарон низ сохта будани суханонашро дарк карданд. Вале, модар боз ҳам ду дидаи пурнамаш ба сӯйи раҳгузари ягона писараш чор буд. Лекин, Фараҳноз бехабарии худро ифшо накард ва монанди онҳо худро хурсанд вонамуд кард;

г) пас аз ҷузъи дуввуми силсилапайвандакҳои пайвасткунандаи гоҳ … гоҳ, хоҳ … хоҳ, ё … ё омада, пайдарҳамии фикрро фароҳам меоварад. Мисолҳо: Кӯдак гоҳ сахт гиря мекард, гоҳ овозаш тамоман паст мешуд. Хоҳ доимо берун аз ватану зодгоҳ бошӣ, хоҳ боре ҳам аз ватан набаромада бошӣ, бояд ҳамеша фикри хидмати ватан дар мадди аввал бошад. Ё аз он макон тезтар берун рав, ё худро бисёр вонамуд макун.

3. Дар ҷумлаҳои мураккаби тобеъ. Аломати вергул пеш ё пас аз пайвандакҳои тобеъкунанда гузошта мешавад. Агар пайвандакҳои мазкур дар аввали ҷумлаи дуввум ё саввуми ҷумлаи мураккаб биёянд, вергул ҳам пеш аз худи ин пайвандакҳо меояд. Аммо, агар вергул пас аз пайвандакҳои мазкур биёяд, дар охири ҷумлае, ки ин пайвандакҳо дар он истифода шудаанд, гузошта мешавад, на дар охири худи пайвандак. Ин қоида барои ҳама навъҳои пайвандаки тобекунанда як аст ва барои низому мантиқи ҷумлаҳои содаи дохили ҷумлаи мураккаб бояд риоя шавад. Дар ҷумлаҳои мураккаби тобеъ вергул барои ҷумлаи пайравро ба сарҷумла аз ягон ҷиҳат ва бо ягон тобиши маъноӣ тобеъ намудан гузошта мешавад:

а) дар ҷумлаҳои пайрави сабаб. Ин навъи ҷумлаҳо ба воситаи пайвандакҳои ки, зеро, зеро ки, чун, чунки, азбас, азбаски, модом ки, чаро ки, бо (ба, аз) сабаби он ки … сабабу иллати иҷроиши амалро муайян мекунанд,  сохта мешаванд. Мисолҳо: Рустам дигар намехост он ҷойро бубинад, зеро пояш намекашид ва дилаш аз чизе гувоҳӣ медод. Чун пояш намекашид ва дилаш аз чизе гувоҳӣ медод, Рустам дигар намехост он ҷойро бубинад;

б) дар ҷумлаҳои пайрави мақсад. Ин навъи ҷумлаҳо ба воситаи пайвандакҳои ки, то, то ки, то ин ки, барои он ки …, ки мақсади иҷроиши амалро муайян мекунанд, сохта мешаванд. Мисолҳо: Ҳама хомӯш шуданд, то ин ки овози пасти дохили хонаро бишнаванд. Барои он ки овози пасти дохили хонаро бишнаванд, ҳама хомӯш шуданд;

в) дар ҷумлаҳои пайрави замон. Ин навъи ҷумлаҳо ба воситаи пайвандакҳои вақте ки, ҳангоме ки, замоне ки, овоне ки, давроне ки, айёме ки, пеш (пас) аз он ки, қабл (баъд) аз он ки …, ки замони иҷроиши амалро муайян мекунанд, созмон меёбанд. Намунаҳо: Замоне ки дар ҳама ҷо қаҳтсол ҳукмфармо буд, ӯ аз чизе камбуд надошт. Ӯ аз чизе камбуд надошт, замоне ки дар ҳама ҷо қаҳтсол ҳукмфармо буд;

г) дар ҷумлаҳои пайрави тарзи амал. Ин навъи ҷумлаҳо ба воситаи пайвандакҳои дар ҳолате ки, дар вазъе ки, бе он ки …, ки ҳолату вазъи иҷроиши амалро муайян мекунанд, созмон меёбанд. Мисолҳо: Бе он ки модар кӯзаи обро дар замин гузорад, кӯдакашро дар дасти дигараш мегирифт. Модар кӯдакашро дар дасти дигараш мегирифт, бе он ки  кӯзаи обро дар замин гузорад;

ғ) дар ҷумлаҳои пайрави монандкунӣ. Ин навъи ҷумлаҳо ба воситаи пайвандакҳои чунонки, ҳамчунонки, монанди он ки, мисли он ки, гӯё ки …, ки монандии иҷроиши як амалро бар дигар амал мефаҳмонанд, сохта мешаванд. Мисолҳо: Ҳамчунонки Нозофарин як ҳафта пеш дар дарси сиёсатшиносӣ иштирок накарда буд, ин ҳафта низ дар ин дарс иштирок нанамуд. Ин ҳафта низ Нозофарин дар дарси сиёсатшиносӣ иштирок накард, ҳамчунонки як ҳафта пеш иштирок нанамуда буд;

д) дар ҷумлаҳои пайрави шарт. Ин навъи ҷумлаҳо ба воситаи пайвандакҳои агар (гар, ар), ба шарте ки …, ки шарти иҷроиши амалро ифода мекунанд, созмон мепазиранд. Намунаҳо: Агар китобҳои “Тоҷикон” ва “Таърихи табартақсим”- ро  бо худ бибарӣ, ман ҳам бо ту хоҳам рафт. Ман ҳам бо ту хоҳам рафт, ба шарте ки китобҳои  “Тоҷикон” ва “Таърихи табартақсим”- ро  бо худ бибарӣ;

е) дар ҷумлаҳои пайрави хилофӣ.  Ин навъи ҷумлаҳо ба воситаи пайвандакҳои агарчи, агарчанде ки, ҳарчанд (е) ки, бо он ки, бо ин ки, бо вуҷуди он (ин) ки …, ки хилофи иҷроиши амалро ифода мекунанд, сохта мешаванд. Мисолҳо: Бо ин ки дишаб қариб то субҳ китоби “Равоншиносии умумӣ”- ро хонда будам, имрӯз аз ин фан баҳои дилхоҳамро нагирифтам.   Имрӯз аз ин фан баҳои дилхоҳамро нагирифтам, бо ин ки дишаб қариб то субҳ китоби “Равоншиносии умумӣ”- ро хонда будам;

ё) дар ҷумлаҳои пайрави миқдору дараҷав.  Ин навъи ҷумлаҳо ба воситаи пайвандакҳои ба миқдоре ки, ба дараҷае ки, ба андозае ки, ба ҳадде ки, ба қадре ки …, ки миқдору дараҷа ва ҳадду андозаи иҷроиши амалро ифода мекунанд, созмон мепазиранд. Намунаҳо: Ба андозае ки дар нимсолаи якум аз фанни фалсафа комёб мешудам, дар ин нимсола муваффақ нашуда истодаам.  Дар ин нимсола аз фанни фалсафа муваффақ нашуда истодаам, ба дараҷае ки дар нимсолаи якум комёб мешудам.

4. Пас аз ҳиссачаҳо гузошта мешавад. Аломати вергул дар ҷумла ҳиссачаро аз воҳидҳои баъдии худ ҷудо мекунад. Намунаҳо: Оре, ин писар дар ҷинояти мазкур даст дорад. Не, ман ӯро бори аввал дидаам.

5. Ҳангоми истифодаи мухотаб, нидо ва ягон воҳиди туфайлӣ. Дар ин маврид, агар мухотаб ё нидо ва ё воҳиди туфайлӣ дар оғози ҷумла биёяд, аломати вергул баъди онҳо гузошта мешавад. Агар онҳо дар миёни ҷумла коргир шаванд, аломати вергул аз ду ҷониби онҳо гузошта хоҳад шуд. Вале, агар дар анҷоми ҷумла ба кор гирифта шаванд, вергул пеш аз онҳо хоҳад омад:

а) ҳангоми истифодаи мухотаб. Мисолҳо: Писарам, чун як пиронсол  бадар омад, ба ҳурмати асои дасташ аз ҷойи худ бархез. Аз ҷойи худ бархез, писарам, чун як пиронсол бадар омад. Чун як пиронсол  бадар омад, ба ҳурмати асои дасташ аз ҷойи худ бархез, писарам;

б) ҳангоми корбурди нидоҳо. Намунаҳо: Дареғо, он рӯзи дидор охирин дидори ман бо ӯ буд. Он рӯзи дидор, дареғо, охирин дидори ман бо ӯ буд. Он рӯзи дидор охирин дидори ман бо ӯ буд, дареғо;

в) ҳангоми истифодаи воҳидҳои туфайлӣ. Мисолҳо: Ба андешаи ман, илми ҷолибтару шавқовартаре аз таърих вуҷуд надорад. Илми ҷолибтару шавқовартаре аз таърих,  ба андешаи ман, вуҷуд надорад. Илми ҷолибтару шавқовартаре аз таърих вуҷуд надорад, ба андешаи ман.

6. Ҳангоми коргирии аъзои истисноии ҷумла. Дар ин маврид аъзои истисноӣ дар миёни ҷумла ҷой дода мешавад ва аз ду ҷониби он ё вергул, ё қавсайн (ки баъдан дар мавзӯи худхоҳад омад) гузошта мешавад. Намунаҳо: Достонҳои Ҳаким Фирдавсӣ, “Рустам ва Сӯҳроб”, “Сиёвуш”, дар тарбияти меҳанпарастии ҷавонон нақши бас муҳим доранд. Шоирони сабки ироқӣ, Саъдӣ, Амир Хусрав, Ҷалолиддини Балхӣ, дар инкишофи минбаъдаи ғазали форсӣ хидмати бузург кардаанд.

Аломати баён. Ин аломат, чунонки аз номаш пайдост, барои шарҳу тавзеҳ, яъне баён кардани фикр дар ҷумла корбурд мешавад. Баён дар чунин мавридҳо ба кор гирифта мешавад:

а) Барои шарҳу баёни фикр ва муфассал кардани он. Бояд гуфт, ки дар ин маврид метавон ин аломатро пеш аз аъзои истисноӣ ҳам гузошт, яъне дар ҷойи ду вергул ё қавсайн. Мисолҳо: Донишҷӯёни соли якуми факултаи мо: Анӯшервони Одил, Кайхусрави Бузургмеҳр, Дорои Баҳром ва Фарангиси Афросиёб дирӯз дар шанбегии донишгоҳ иштироки фаъолона доштанд. Се шоири бузурги се навъи асосии шеъри классикӣ: Абулқосими Фирдавсӣ, Анварии Абевардӣ ва Саъдии Шерозӣ ҳамчун паямбарони шеъри форсӣ эътироф шудаанд;

б) дар зершуморҳо (пунктҳо). Дар ин маврид барои муфассалтар баён кардани мавзӯот истифода мешавад. Намунаҳо: Адабиёти классикии форсу тоҷик, ба вижа назми он, аз нигоҳи услуб ва тарзи баён ба се сабки алоҳида гурӯҳбандӣ шудааст:

1) сабки хуросонӣ ё мовароуннаҳрӣ;

2) сабки ироқӣ;

3) сабки ҳиндӣ

в) Дар муколамаҳо ва гуфтугӯйи миёни чандин кас. Намуна:

                    Нахустин бор гуфташ, к- аз куҷойӣ,

                    Бигуфт: “Аз дори мулки ошнойӣ.”

                    Бигуфт: “Он ҷо ба санъат дар чӣ кӯшанд?”

                    Бигуфт: “Андӯҳ х (в)аранду ҷон фурӯшанд.”

                                                                                     Матни 13

НОМГӮЙИ  ПАЙВАСТҲОИ  FАЙРИУЗВӢ

Қоидаҳои умумии номгӯйи байналхалқии пайвастҳои ғайриузвӣ дар ин ҷо ба таври мухтасар нишон дода шудааст                                                                                                                                                                                   

Ҳангоми тартиб додани формула ва номгӯйи пайвастҳои ғайриузвӣ чунин ҳисобида мешавад, ки ҳамаи моддаҳо аз зарраҳои электромусбат ва электроманфӣ иборат мебошанд.

Номгӯйи систематикии пайвастҳои ғайриузвӣ, ҳамчун қоида аз ду калима иборат буда, калимаи аввал ифодаи заррачаи электроманфӣ аст, сипас заррачаи электромусбат талаффуз карда мешавад . Мисол, КСl-хлориди калий, MgSO4-сульфати магний

Истифода бурдани формулаҳои кимиёӣ дар нутқи даҳонӣ ё матнӣ тавсия карда намешавад

Дар формулаи кимиёи аввал заррачаи электромусбат навишта мешавад.

Агар қисми электроманфии пайваст танҳо аз як элементи кимиёӣ иборат бошад, пас номгӯи он аз номи лотинии элементи кимиёӣ гирифта шуда, суффикси «ид» илова карда мешавад

Дар номгӯйи систематикӣ фарқияти байни пайвастҳои ионӣ ва ковалентӣ мушоҳида карда намешаванд вале агар хоҳанд ки фарқияти байни ин пайвастҳоро нишон диҳанд пас номи пайвастҳоро якҷоя бо як калима талаффуз мекунанд ки элементи электроманфӣ ва электромусбат бо илова намудани садоноки «о» якҷоя хонда мешаванд мисол F2O – фторооксиген, HCl ё дурусташ фториди  оксиген хлориди гидроген

Пайвастҳои ғайриузвӣ ба синфҳои асосии зерин ҷудо мешаванд: оксидҳо, гидрооксидҳо, кислотаҳо, намакҳо.

Супориши 1. Матнро бодиққат хонед. ҷумлаҳои зерро пурра намоед:

1. Номгӯйи пайвастҳои ғайриузвӣ ба элементҳои кимиёие, ки…

2. Ҳангоми тартиб додани формула ва номгӯйи пайвастҳои ғайриузвӣ…

3. Номгӯйи систематикии пайвастҳои ғайриузвӣ ҳамчун қоида, аз ду калима…

4. Вале агар хоҳанд, ки фарқияти байни ин пайвастҳоро нишон диҳанд…

     5. Пайвастҳои ғайриузвӣ ба синфҳои асосии зерин…

О L-BRO Administrator

Администратори сомона.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.