Манбаъ ва роххои инкишофи забон

  Забони тоҷикӣ яке аз қадимтарин забонҳои на танҳо оилаи ҳиндуаврупоӣ, кулли забонҳои дунё ба шумор меравад. Таърихи он ба “Авасто” ва, ҳатто, бештару пештар аз замони ин бостонитарин сарчашмаи хаттии эрониён мекашад. Дар дарозои сарнавишти худ забони тоҷикӣ ба оҳистагӣ марҳилаҳои рушду инкишоф ва таҳаввулоту пешрафтҳои хешро сипарӣ намуда, ба ин ҳолате, ки имрӯз дорад, расидааст. Дар тай намудани ин марҳилаҳои рушду инкишоф манбаъҳо ва роҳҳои гуногун сабабу иллат гаштаанд, ки маҷмӯан аз инҳо иборатанд:

1) иштироки вожаҳои бунӣ ё аслӣ дар эҳё ва шаклгирии вожаҳои нав;

2) дохил шудани вожаҳои вомгирифта (иқтибосӣ) дар захираи луғавии забони тоҷикӣ;

3) инкишоф ва таҳаввулоти маъноии вожаҳо, яъне ғанигардии қисмати маонии вожаҳо ва ба таъсири он пайдоиши муродифот, ҳамгунҳо ва зидмаъноҳо ва монанди инҳо;

4) пайдоиши бадеият, яъне суханпардозӣ дар забон ва ба таъсири он ба вуҷуд омадани маҷоз дар забон;

5) вобаста ба дигаргуниҳои сиёсиву иҷтимоӣ аз байн рафтани баъзе вожаҳо ё маҳдуд гаштани доираи истифодаи онҳо ва ба истифода даромадани вожаҳои дигар дар ҷойи онҳо;

6) рушди ногузир ва босуръати илму техника ва фановарӣ ва ба таъсири он ворид шудани вожаҳову истилоҳоти гуногуни илмиву соҳавӣ ба захираи луғавии забони тоҷикӣ; 

7) таъсири дутарафа (мутақобила) миёни забони адабӣ ва гӯйишҳои мардумӣ, яъне лаҳҷаҳо …

  Ҷуз аз ин манбаъҳову роҳҳо мумкин аст боз манбаъ ва роҳҳои дигар дар инкишофу тараққиёти забони адабии тоҷик саҳм дошта бошанд. Вале, он чи дар боло нишондод шудаанд, аз асоситарин ба ҳисоб мераванд.

  Вожаҳои бунӣ ё аслӣ. Вожаҳое, ки ҳанӯз дар оғози пайдоиши забон пайдо шудаанд, балки сабабгори пайдоиши забон шудаанд, вожаҳои бунӣ хоҳанд буд. Ин вожаҳо моли асосии забонанд ва асоситарин сарчашма ва пойдевори ҳастии забон ба шумор меоянд. Дар ҳар забоне вожаҳои бунӣ вуҷуд доранд. Ва забони тоҷикӣ, ки аз қадимтарин забонҳои дунёст, албатта, дорои шумори ниҳоят зиёди вожаҳои бунӣ мебошад. Номгӯ ва шумори вожаҳои буниро дар осори классикон метавон бештар пайдо намуд, ба вижа, дар осори назмӣ ва насрии асрҳои 1Х- Х- Х1, яъне дар адабиёти машҳур ба сабки хуросонӣ. Беҳтарин сарчашма дар ин мавзӯъ “Шоҳнома”- и Абулқосим Фирдавсӣ мебошад, ки дар ин асари ҷовидонӣ чи қадар хоҳем, метавонем вожаҳои қадим ва бунии тоҷикиро пайдо намоем. Зеро, Фирдавсӣ дар эҷоди “Шоҳнома”, ки аз 60 000 байт иборат аст, хостааст ҳар чи бештар вожаҳои аслии тоҷикиро ба кор барад ва аз истифодаи вожаҳои бегона (масалан: арабӣ) парҳез кунад ва дар ин кори худ бисёр муваффақ ҳам шудааст.

  Новобаста ба ин ки аз асрҳои VII-VIII сар карда то ба имрӯз вожаҳои бегона, яъне вомгирифта, ба вижа вожаҳои арабӣ, дар қисмати луғавии забони тоҷикӣ ба оҳистагӣ, вале ниҳоят зиёд ворид шудан гирифтанд, имрӯз ҳам вожаҳои бунӣ дар забони тоҷикӣ хеле бисёранд. Бояд гуфт, ки вожаҳои бунӣ ё аслӣ дар ҳама навъҳои ҳиссаҳои нутқ, ба вижа ҳиссаҳои мустақилмаъно, вуҷуд доранд. Чунончи ин вожаҳо, ки моли аслии забони тоҷикиянд, ба ҳиссаҳои гуногуни нутқ тааллуқ доранд, ки тавассути бисёре аз инҳо вожаҳои дигар сохта шудаанд: чашм, забон, гул, дил, даст, пой, гардан, пушт,  осмон, замин, абр, санг, гулӯ, хок, меҳр, бум, марз … (исм), сапед, сиёҳ, сурх, зард, гарм, сард … (сифат), як, ду, се, чаҳор, панҷ … (шумора), ман, ту, вай, шумо, кас, кӣ, ку, худ, хеш, ҳеч … (ҷонишин), рафт, гуфт, шуст, руфт … (феъл), оҳиста, кам, бас, бисёр … (зарф), дар, андар (ун), ба, бо, бе, то, аз … (пешоянд), – ро, бор, боз … (пасоянд), ки, ё, гар, агар, чун … (пайвандак), оё, оре, инак, не, на … (ҳиссача), оҳ, эй, аё, во, вой, офарин, дареғ, афсӯс, офарин, кош (ки) … (нидо). Бояд гуфт, ки қисмати феъли забони тоҷикӣ қариб аксарият иборат аз вожаҳои асили тоҷикиянд ва имрӯз на танҳо дар забони адабӣ, дар лаҳҷаҳои мардум низ феълҳое, ки истифода мешаванд, анқариб тамоми онҳо моли забони тоҷикиянд. Ин назар дар мавриди дигар ҳиссаҳои нутқ низ  асос дорад, масалан: сифат, шумора ва хусусан дуввумӣ.

  Ба воситаи вожаҳои бунии дар боло зикршуда вожаҳои дигар дар маъноҳои гуногун сохта шудаанд. Масалан, дар нақшаи пойин ба воситаи чанде аз ин бунвожаҳо пайдо шудани дигар вожаҳо далел шуда метавонанд:

чашм гул дил хок санг панҷ
чашма чашмак чашмакӣ чашмон чашмандоз чашмандозӣ чашмакзанӣ чашмон чашмбӯс чашмбӯсӣ чашмзанӣ чашмдӯзӣ чашмпӯш чашмпӯшӣ гулак гулӣ гулрез гулбӯс гулбӯсӣ гулбӯй гулбӯйӣ гулфом гуландом гулбез гулрафтор гулдаста гулчанбар гуловез дилбар дилноз дилогоҳ огоҳдил дилнавоз дилфарор дилангез дилдор бедил диловез дилбанд дилошӯб дилором дилрабо   хока хокӣ хокбум хокбез хокистон хокзамин хокроҳ (а) хокрӯб (а) хокниҳод хокбарсар       сангин сангон сангфарш сангдил сангзамин сангботин сангоб сангроҳ (а) сангистон сангкӯҳ сангдара сангрез сангрезак сангрезӣ сангтӯда   панҷа панҷак панҷӣ Панҷоб панҷара Панҷшер    

Матни 16

Дар бораи иду ҷашнҳое, ки дар моҳҳои

порсиён аст.     “Наврӯз

  Чанде аз мунаҷҷимон мегӯянд, ки чун Сулаймон бинни Довуд ангуштарии хешро гум кард, салтанат аз дасти ӯ берун рафт. Вале, пас аз чил рӯз бори дигар ангуштарии худро биёфт ва подшоҳиву фармондеҳӣ бар ӯ баргашт ва мурғон бар даври ӯ гирд омаданд. Эрониён гуфтанд: “Наврӯз омад!” Яъне, рӯзе тоза биёмад. Ва Сулаймон бодро амр кард, ки ӯро бардорад. Ва парастуе дар пеши рӯйи ӯ пайдо шуд, ки мегуфт: “Эй подшоҳ, маро ошёнаест, ки чанд тухм дар он аст, аз онсӯтар рав, ки ошёни маро дарҳам нашканӣ.” Пас, Сулаймон роҳи худро каҷ кард. Ва чун аз тахти худ, ки бар бод ҳаракат мекард, фуруд омад, парасту бо минқори хеш қадре об оварду ба рӯйи Сулаймон пошид ва як рони малахро низ ҳадя овард. Ва аз ин ҷост, ки мардум дар Наврӯз ба якдигар об мепошанд ва пешкашиҳо ба назди ҳам мефиристанд …

  Баъзе аз уламои Эрон мегӯянд: “Сабаби ин ки ин рӯзро Наврӯз меноманд, ин аст, ки дар айёми Таҳмурас собиа ошкор шуданд. Ва чун Ҷамшед ба подшоҳӣ расид, динро аз нав кард. Ва ин кори хеле бузург ба назар омад ва он рӯзро, ки рӯзи тозае буд, Ҷамшед ид гирифт, агарчи пеш аз ин ҳам Наврӯз бузургу муаззам буд.”

  Ва боз ид будани Наврӯзро чунин гуфтанд, ки чун Ҷамшед барои худ тахт бисохт, дар ин рӯз бар он савор шуд

  Ва дар рӯзи шашуми ин моҳ Наврӯзи бузург аст, ки назди эрониён иди бузургест. Ва гӯянд, ки Худованд дар ин рӯз аз офариниши ҷаҳон осуда шуд, зеро ин рӯз охири рӯзҳои шашгона аст. Ва дар ин рӯз Худованд Муштариро биёфарид ва фархундатарин соатҳои он рӯз соатҳои Муштарӣ аст. Зардуштиён мегӯянд, ки дар ин рӯз Зардушт тавфиқ ёфт, ки бо Худованд муноҷот кунад. Ва Кайхусрав бар ҳаво дар ин рӯз уруҷ кард. Ва дар ин рӯз барои сокинони кураи Замин саодатро қисмат мекунанд. Ва аз ин ҷост, ки эрониён ин рӯзро “рӯзи умед” ном ниҳоданд. Ва асҳоби найрангҳо гуфтаанд: “Ҳар кас дар бомдоди ин рӯз пеш аз он ки сухан гӯяд, шакар бичашад ва бо равғани зайтун тани худро чарб кунад, дар ҳама сол аз анвои балоҳо солим хоҳад монд.” Ва эрониён мегӯянд, ки дар бомдоди ин рӯз бар кӯҳи Пушанг шахсе сокиту хомӯш дида мешавад, ки як даста гиёҳе (марв) дар даст дорад ва бо андозаи як соат пайдост, сипас аз чашм пинҳон мешавад ва то соли дигари ин вақт ошкор намегардад.

  Зодуя дар китоби худ гуфтааст, ки сабаб ин аст, ки Офтоб аз ноҳияи ҷанубӣ- шимолӣ тулӯъ мекунад. Ва баёни матлаб он аст, ки Иблиси лаин баракатро аз мардум зоил карда буд, ба қисме ки ҳар андоза хӯрданию ошомиданӣ тановул мекарданд, аз таому шароб сер намешуданд. Ва низ бодро намегузошт бивазад, ки то сабаби рӯйидани дарахтон шавад. Ва наздик шуд, ки дунё нобуд гардад. Пас, Ҷам бо амри Худованд ва раҳнамоии Ӯ ба сӯйи ҷануб шуд ва дергоҳе дар он ҷо бимонд, то ин ки ин расвоиро бартараф намуд. Онгоҳ мардум аз нав ба ҳолати эътидол ва баракату фаровонӣ расиданд ва аз бало раҳоӣ ёфтанд. Ва Ҷам дар ин ҳангом ба дунё бозгашт ва дар чунин рӯзе монанди Офтоб толеъ шуд ва нур аз ӯ метофт. Ва мардум аз тулӯи ду Офтоб дар як рӯз шигифт намуданд. Ва дар ин рӯз ҳар чӯбе, ки хушк шуда буд, сабз шуд. Ва мардум мегуфтанд: “Рӯзи нав!” Яъне, рӯзе навин. Ва ҳар шахсе аз роҳи табаррук ба ин рӯз дар таште ҷав кошт. Сипас, ин расм дар эрониён пойдор монд, ки рӯзи Наврӯз дар канори хона ҳафт хел аз ғалла бар ҳафт табақ бикоранд. Ва аз рӯйидани ин ғалла ба хубию бадии зироат ва ҳосили солиёна пешгӯйӣ кунанд …

                                                           Абӯрайҳон Берунӣ, “Осорулбоқия”

Супориши 1. Луғатҳои душворфаҳми матнро бинависед ва онҳоро ҳифз намоед:

собиа- ҳафтгона, ишора ба ҳафт ганҷи Наврӯз

муаззам- азимтарин, бузургтарин

фархунда- нек, фаррух

тавфиқ ёфтан- муваффақ шудан, комёб шудан

муноҷот- розу ниёз ва зориву тавалло ба Худо

уруҷ кардан- боло рафтан

асҳоби найрангҳо- киноя аз соҳирон, яъне сеҳргарон

эътидол- баробарӣ, тавозун, мутаносибӣ

сокит- хомӯш

толеъ- тулӯъдиҳанда, нурдиҳанда

табаррук- баракат доштан, муборак донистан

 Супориши 2. Оё дар байни ин вожаҳои матн вожаҳои бунии тоҷикӣ дида мешаванд:

ангуштарӣ, фармон, парасту, ошёна, фаришта, ошкор, бузург, офариниш, шигифт, солиёна, навин

Супориши 3. Дар байни ин вожаҳои матн чаҳор вожаи ғайрибунӣ, яъне арабӣ вуҷуд доранд. Онҳоро ёфта, маънидод намоед:

мурғон, тоза, бардоштан, каҷ, амр, тухм, онсӯтар, тахт, ҳаракат, хеш, қадар, ҷо, якдигар, ҳам, дар, баъзе, айём, агарчи, нав, хеле, бузург, пеш, рӯз, аз, бузург, осуда, зеро, офаридан, умед, гиёҳ, даст, пинҳон

Супориши 4. Кадоме аз ин вожаҳо тоҷикии асил, яъне бунӣ ва кадоме ғайриаслӣ, яъне арабиянд? Онҳоро дар ду сутунчаи алоҳида ҷобаҷо кунед:

чанд, салтанат, ёфтан, соат, бод, минқор, Эрон, муаззам, бузург, Наврӯз, сабаб, ки, расидан, будан, ид, гуфтан, тавфиқ, кардан, найранг, бомдод, шакар, чашидан, зайтун, анво, сокит, уруҷ

Супориши 5. Кадоме аз ин вожаҳои матн ғайрибунӣ, яъне арабиянд:

ҳосил, зироат, табақ, расм, табаррук, шахс, тулӯъ, толеъ, баракат, эътидол, қасд, амр, сабаб, таом, тановул, қисм, зоил, лаин, матлаб, баён, ноҳия, китобвақт, солим, анво, асҳоб, саодат, уруҷ

Супориши 6. Дар байни ин вожаҳои матн як вожа бунӣ- аслӣ аст. Онро муайян кунед ва шарҳ диҳед:

бин, Сулаймон, давр, яъне, ҳаракат, минқор, малах, соат, вақт, айём, уруҷ, тавфиқ, қасд, баъзе, собиа, ҳадя

Супориши 7. Ашъори пойини Низомии Ганҷавиро бинависед ва азёд намоед ва вожаҳои аслии тоҷикиро дар онҳо муайян намоед:

Гар нафасе нафс ба фармони туст,                

 Кафш биёвар, ки биҳишт они туст.

                       *  *  *

Хок хӯру нони бахилон махӯр,

Хок наӣ, захми залилон махӯр.

                       *  *  *

Бар дилу дастат ҳама хоре бизан,

Тан мазану даст ба коре бизан.

add

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.