Гурӯҳҳои маъноӣ ва баёнии вожаҳо: ҳаммаъноҳо, ҳамгунҳо, сермаъноҳо, зидмаъноҳо

  Дар ҳар забон яке аз воситаҳои асосии камолоту инкишоф ин ҷиҳати маъниофариниву маънигузинӣ ва гунаофариниву гунагузинии вожаҳои он мебошад. Дар касби ин ҷодаи маъно ва гуна// шакл вожаҳо бо равишҳои мухталиф ва гунаҳои вижаи худ роҳ мепаймоянд. Ҷое як вожа аз ҷиҳати маъно як ё наздик бо вожаи дигар мегардад. Ҷое ин якгунагӣ ё наздикӣ дар шакли вожа ба назар мерасад. Ҷое як вожа аз ҷиҳати маъно зид бо дигар вожа мегардад ва ҷое дигар, баръакси ин, дар ду вожа як маъно дида мешавад. Ҷое аз як вожа чандин маъно мебарояд ва ҷое аз як маънои силсилагуна чандин маънои дигар пайдо мегардад ва монанди инҳо.

  Яке аз ин гурӯҳҳо ҳаммаъноҳо ё муродифот (синонимҳо) ном доранд. Ҳаммаъноҳо гурӯҳи вожаҳое мебошанд, ки новобаста ба гуногунии шакл аз ҷиҳати маъно як ё бо ҳам наздиканд. Намунаҳои маъруфи онҳо вожаҳои зерин мебошан: ватан- кишвар- меҳан- зодбум- зодгоҳ; чарх- фалак- осмон- гардун; олам- дунё- даҳр- гетӣ … Ҳаммаъноҳо бо роҳхои гуногун ба вуҷуд меоянд, ки асоситарин онҳо аз инҳо иборатанд:

1) ба воситаи калимасозӣ: муаллим- таълимдиҳанда, илмдиҳанда, донишдиҳанда, омӯзгор; қавӣ- қувватманд, боқувват, зӯрманд, пурзӯр;

2) ба воситаи вожаҳои иқтибосӣ: омӯзгор (тоҷикӣ)- муаллим, мударрис (арабӣ); дониш (тоҷ.)- илм (ар.), хирад (тоҷ.)- ақл (ар.), нома (тоҷ.)- китоб (ар.);

3) ба воситаи маҷоз ва тобишҳои гуногуни маъноӣ: чашм- наргис, шаҳло (маҷозӣ), ҳунарманд- бодасту панҷа (маҷозӣ);

  Намунаҳо барои ҳаммаъноҳо: одам (ӣ)- инсон, хирадманд- бохирад, оқил; илм- фарҳанг- дониш; нодон- ҷоҳил- бесавод- бедониш; беша- ҷангал- дарахтзор; гул- вард- шақоиқ; килк- қалам; наҳорӣ- субҳона- ношто; дарранда- дад- дада; хеш- табор- ақрабо …

  Дар байтҳои мазкур вожаҳои ишоратшуда муродиф, яъне ҳаммаъноянд:

                           Зи баҳри бару буму пайванди хеш,

                           Зану кӯдаки хурду фарзанди хеш.

                           Ҳама сар ба сар тан куштан диҳем,

                           Аз он беҳ, ки кишвар ба душман диҳем.

                                                                                 (Фирдавсӣ)

                           Агар дашном фармоӣ ва гар нафрин, дуо гӯям,

                           Ҷавоби талх мезебад лаби лаъли шакархоро.

                                                                                    (Хоҷа Ҳофиз)

                          Хуштар зи китоб дар ҷаҳон ёре нест,

                          Дар ғамкадаи замона ғамхоре нест.

                                                                                    (Ҷомӣ)

  Вожаҳои ҳаммаъно дар ҳама маврид яке дар ҷойи дигаре истифода намешаванд, вобаста ба услуби нутқ ва сабки гуфтор ҳар кадом дар ҷойҳои ба худ хос ва мувофиқ ба кор гирифта мешаванд. Миёни силсиламуродифот як ё ду бештар мақоми паҳнотар ва асосиро доро мебошанд, ки мардум бештар аз онҳо истифода мекунанд. Масалан, дар силсиламуродифоти офтоб- хуршед- шамс- хур … вожаи офтоб дар забони имрӯз бештар забонзади мардум аст, аммо дар силсиламуродифоти дунё- ҷаҳон- даҳр- гетӣ … вожагони дунё ва гетӣ– ҳарду дар забони мардум нисбатан бештар мавриди корбурд қарор доранд. Гурӯҳи дигар ҳамгунҳо ё ҳамҷинсҳо (омонимҳо) мебошанд. Дар адабиётшиносӣ онро таҷнис ном мегиранд. Ҳамгунҳо вожаҳое мебошанд, ки аз ҷиҳати шакл бо ҳам як, аммо аз нигоҳи маъно гуногунанд ва аз ҳам фарқ мекунанд. Намунаҳо дар ин маврид: чанг: 1) асбоби мусиқӣ; 2) гарду ғубор; 3) чанг задан, яъне бо шаст чизеро зада гирифтан; 4) чангол; шаст: 1) шумора; 2) суръати тез; 3) шасти моҳигирӣ; 4) маъние монанд ба хоҳишу майл;

  Бояд гуфт, ки ҳамгунҳоро ба воситаи матн метавон пайдо намуд, чунки танҳо тавассути матн, хоҳ насрӣ бошад, хоҳ назмӣ, маъниро дар вожа ва чигунагии маъниро дар як шакл метавон муайян кард. Масалан, дар байтҳои мазкур вожаи чун дар маъноҳои гуногун корбурд шудааст, яъне аз матни мисраъҳо метавон муайян намуд, ки чун– и ҳама байтҳо бо якдигар ҳамгун, аммо дорои маъниҳои гуногунанд:

1)дар маънои вақте ки, ҳангоме ки (пайвандаки тобеъкунандаи замон):

                      Чун теғ ба даст орӣ, мардум натавон кушт,

                      Наздики Худованд бадӣ нест фаромушт.

                                                                                       (Рӯдакӣ)

2) дар маънои монанди, мисли (пешоянди монандкунӣ):

                      Бигзарад ин рӯзгори талхтар аз заҳр.

                      Бори дигар рӯзгори чун шакар ояд.

                                                                                   (Ҳофиз)

3- 4) дар маъноҳои чӣ хел (ҷонишини саволӣ) ва дар ҳоле ки (пайвандаки тобеъкунандаи тарзи амал):

                        Мо муридон рӯ ба сқибла чун орем, чун

                        Рӯ ба сӯйи хонаи хаммор дорад пири мо.

                                                                                         (Ҳофиз)

                                                                                     Матни 18

Кураҳои берунаи Замин

         Қабатҳои берунаи Замин инҳоянд: атмосфера, гидросфера, биосфера.

         Атмосфера – кураи газмонанди замин мебошад. Сарҳади поёни он бо сатҳи Замин  ҳамшафат буда, дар баландӣ оҳиста-оҳиста ба фазои коинот табдил меёбад.

         Гарчанде ионҳои  ҳаво дар баландии 2000 м  вохӯранд ҷам, 90% анбӯҳи (массаи) атмосфера то баландии 8,0-15 км ҷойгир асту халос.

         Атмосфера  аз омехтаи газҳои  нитроген (78,09%) оксиген (20,95%), аргон, ксеон, криптон, гидроген, гази ангишт, азон, метан ва гели то 1% ташаккул ёфтааст. қабатҳои поёниаш аз буғи об, зарраҳои эоловӣ (ҳаво) ва чангу ғубор холӣ нест. Онҳо манбаи гуногуни боришон мебошанд.

         Гидросфера  қабати (пардаи) обии Замин  мебошад. Ба гидросфера обҳои уқёнусҳо, баҳрҳо, кӯлҳо, рӯдҳо ва пиряхҳову обҳои зеризаминӣ дохил мешаванд.

         Аз рӯйи маълумоти  олими рус В.И. Вернадский ҳаҷми обҳои уқёнусҳо ба 1.370 млн км. кубӣ, обҳои хушкӣ 4 млн. кубӣ, пиряхҳо 16-20 млн. км кубӣ, обҳои зерзаминӣ 400 млн км рост меояд. ҳаҷми умумии обҳои табиӣ ба 1,8 млрд км куб баробар аст, ки 70,8 % сатҳи Заминро дар бар мегирад. Об ҳамчун моддаи фаъоли ҳалкунанда ҷинсҳои кӯҳиро шуста, релефро тағйир медиҳад. Об манбаи ғизои бебаҳои инсон аст.

         Биосфера фазои паҳншудаи ҳаёт мебошад. ҳаёт дар атмосфера, гидросфера ва қишри  замин мавҷуд аст. Вай бо пардаи яклухт қишри заминро то умқи 3-4 км, гидросфераро то 11 км ва атмосфераро то баландии 8-10 км иҳота намудааст. Биосфера  дар таҳаввули Замин аҳамияти калон дорад. Дар пайдоиш, мукаммалшавии қабатҳои ҷинсҳои кӯҳӣ ва маъданҳо, инчунин дар таҷзия ва туршшавии онҳо ҳиссаи калон мебозад.

         Геологи австриягӣ Э.Зюсс (с.1875) аввалин бор истилоҳи биосфераро барои пардаи ҳаётии Замин истифода бурда буд, вале моҳияти онро дар ҷараёнҳои  геологӣ ва геокимиёвӣ олими рус Вернадский В.И. исбот намуд.

                                    Вазиров К. Муҳаббатов М. Геология ва асосҳои палеонтология ва геологияи таърихӣ. Душанбе, 2003, с. 22–24.

Супориши 1.Истилоҳоти тахассусӣ ва калимаҳои душворфаҳмро рӯнавис    карда, аз бар намоед.

атмосфера- қабати газии Замин

гидросфера- қабати обии Замин

биосфера – қабати  берунии Замин , ки ҳаёт дорад.                                                      

ион – ион- атом (ё гурӯҳи  атомҳои комплексӣ,

ки дорои заряди мусбат (катион) ё манфӣ( аннон)  мебошад).

анбӯҳ (масса) – бисёр, беандоза, бешумор, пур

таҳаввул – тағийрот, дигаргунӣ.

макаммалшавӣ – комилшавӣ, пуррашавӣ.

таҷзия –  таҳлил, ҷудошавӣ.

ҷараёнҳои геологӣ – ҷараёнҳое, ки дар  қишрҳои

                                                      гуногун     мегузаранд.

Супориши 2.Истилоҳоти матн ба кадом тахассусҳо мансубанд?  Онҳоро гурӯҳбандӣ кунед.

Гурӯҳи дигарро сермаъноҳо меноманд. Сермаъноҳо ба ҳамгунҳо наздиканд. Агар ҳамгунҳо дар як шакл чандин маъно дошта бошанд ва дар матн онҳо дар маъниҳои гуногун истифода шаванд, сермаъноҳо бо як вожа ибораҳову таркибҳои гуногун месозанд, ки дар сарсилсилаи он ибораҳову таркибҳо ҳамон як вожа қарор мегирад. Масалан, аз вожаи сар чандин ибораҳоро метавон сохт ва дар матн истифода бурд:  сари роҳ, сари мавзӯъ, сари кӯҳ, сари сухан; сари бемағз, сари пурмағз, сари ришта, сари дор, сари чашма, сари дарахт …

  Гурӯҳи дигар зидмаъноҳо ё мутазодҳо (антонимҳо) мебошанд. Зидмаъноҳо, чунонки аз худи номи онҳо маълум мешавад, вожаҳое мебошанд, ки маъниян бо ҳам зиданд. Намунаҳо: баланд- паст, сафед- сиёҳ, доно- нодон, ширин- талх, пеш- пас, боло- поён, суст- сахт, суст- тез, калон- хурд, хоб- бедор, нур- зулмат.

  Тавассути зидмаъноҳо низ вожаҳову ибораҳои маҷозӣ низ ба вуҷуд меоянд. Масалан: пасту баланди зиндагӣ, талху ширини рӯзгор, калону хурди маҷлис, хобидагиву бедории ҷомеа, нуру зулмати бахт …

       Матни 19

       ҚОНУН  ВА СИСТЕМАИ  ДАВРИИ  Д.И. МЕНДЕЛЕЕВ

Соли 1869 олими шаҳири рус Д.И.Менделеев қонуни давриро кашф карда, дар асоси он системаи даврии элементҳоро бунёд намуд. Қонуни даврӣ ва системаи даврӣ бузургтарин дастоварди илми кимиё маҳсуб гардида, асоси кимиёи муосир мебошад. Он аз ҷониби Д.И.Менделеев чунин таъриф дода шуда буд: «Хосиятҳои элементҳо, инчунин хосиятҳои моддаҳои соддаю мураккабе, ки онҳо ҳосил мекунанд, аз вазни атомиашон дар вобастагии даврӣ қарор доранд».

Дар замони муосир қонуни даврӣ чунин таъриф дода мешавад: «Хосиятҳои элементҳо ва моддаҳои содаю мураккаби аз онҳо ҳосилшаванда аз заряди ядрои атомҳояшон дар вобастагии даврӣ қарор доранд».

Ифодаи графикии қонуни даврӣ системаи даврии элементҳо мебошад, ки дар он элементҳо бо тартиби зиёдшавии заряди ядрои атомҳои онҳо ҷойгир карда шудаанд.

Тасвири графикии системаи даврии элементхо ин ҷадвалест, ки дар асоси сохти атомҳо элементҳои кимиёӣ бо тартиб ҷойгир карда шудаанд ва барои ҳар як элемент тавсифномаи муайян дода шудааст.

Супориши 1. Матнро бодиққат хонед. ҷумлаҳои зерро пурра намоед:

  1. Қонуни даврӣ ва системаи даврӣ бузургтарин…
  2. Д.И.Менделеев Қонуни давриро кашф карда…
  3. Ифодаи графикии Қонуни даврӣ системаи даврии элементҳо…
  4. Хосиятҳои элементҳо, инчунин хосиятҳои моддаҳои…
  5. Дар асоси сохти атомҳо элементҳои кимиёӣ…

Супориши 2. Аз матни зерин 5 калимаро бо сетои синонимашон нависед.

Намуна:

Олим – донишманд, одил, хирадманд.

Кашф-ихтироъ, навоварӣ, дастовард.

 Супориши 3. Муайян намоед, ки дар матн кадом вожаҳо бо ҳам муродифанд.

 Супориши 4. Ин силсилавожаҳо чӣ ном доранд? Онҳоро навишта, азхуд бинамоед:

дониш- маҳорат- малака; шахсият- фардият; возеҳ- равшан; пурра- комил; рафтор- кирдор; мақсад- маром; алоқаманд- вобаста

Супориши 5. Ашъори пандуахлоқии  зерро нависед ва азёд намоед:

                Ҳар киро дил ба адл шуд моил,

               Тамаъ аз моли халқ гӯ бигсил.

                                    *  *  *                                          

              Тамау адл оташу обанд,

               Ҳар ду якҷо қарор кай ёбанд.                                                                                                                              *  *  *

               Чун бикӯбад тамаъ дари маскан,

               Адл берун гурезад аз равзан.

                                                                         (Ҷомӣ)

                 Нохонда  марав бар дари кас, то зи гаронӣ

Бори дили як шаҳр чу селоб набошӣ.

                                                                 (Калим)

add

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.