Калимахои малеҳ ва қабеҳ

Калимаҳои малеҳ ва қабеҳ

  Вобаста ба арзишгузошти ахлоқӣ ва маънавӣ калимаҳоро дар забони тоҷикӣ ба ду гурӯҳи бузург: малеҳ ва қабеҳ ҷудо мекунанд. Калимаҳои малеҳ дорои бори мусбатанд, яъне арзиши мусбат доранд. Калимаҳои қабеҳ бошанд, дорои бори манфиянд, яъне арзиши манфӣ доранд. Бо истилоҳоти байналмилалӣ калимаҳои малеҳро эвфемизмҳо ва калимаҳои қабеҳро вулгаризмҳо ном мегиранд.

  Эвфемизмҳо ва вулгаризмҳо аз нигоҳи арзиши ахлоқӣ ва маънавӣ бо ҳам мутазоду мухолифанд, чун эвфемизмҳо: калимаҳои малеҳ дар тарбияи ахлоқиву маънавии ҷомеа нақши мусбату шоиста ва вулгаризмҳо: калимаҳои қабеҳ дар тарбияи ахлоқиву маънавии ҷомеа нақши манфиву беарзиш доранд.

  Бо шунидани калимаҳои малеҳ дар ботини инсон эҳсосоти мусбат монанди: меҳру муҳаббат, иззату эҳтиром, дилсӯзиву ғамхорӣ ва хушиву хурсандӣ тавлид меёбанд.

  Бо шунидани калимаҳои қабеҳ дар ботини инсон, баръакс, эҳсосоти манфӣ монанди: бадбиниву нафрат, кинаву адоват, беэҳтиромиву беиззатӣ ва нохушиву андӯҳ тавлид меёбанд.

  Калимаҳои малеҳро метавон хушвожаҳо ном гирифт, чун онҳо гуворову хушоянд ва рӯҳпарваранд. Оддитарин вожаеро, ки бо шунидану хондани он дар ботини ҳар инсон эҳсосоти хушу форам ба вуҷуд меоянд, метавон хушвож, малеҳу ё эвфемизм ном гирифт. Масалан, дар байни мардуми мо расму анъана шудааст, ки аз худ бузургсолтарро бо вожаҳое эҳтиромӣ ном гирем. Ин аст, ки мардонро бо вожаҳое ҳамчун бародар, тағо, амак, бобо … ва занонро бо вожаҳое ҳамчун  апа, хола, амма, оча, мома … хитоб мекунем. Ва, ҳатман, дар сӯҳбат бо калонсолон ононро шумо мегӯем, ки ин ҳам як ҷиҳати эҳтиром ва муносибати мӯҳтарамона бо калонсолон аст ва нишондиҳандаи тарбияи шоиста ва хуб ҳам ҳаст. Дар муносибат бо занон ба хитобаҳои зикршуда, аксаран, вожаи ҷон– ро низ илова мекунем. Ҳатто, дар муносибат бо хурдсолон низ, хоҳ писар, хоҳ духтар, бо хитобаҳои додар, додарҷон, хоҳар, хоҳарҷон муроҷиат мекунем ва гоҳо ононро низ шумо мегӯем. Дар ин таври муносибат шиносу ношинос будани инсонҳо муҳим нест, мо хоҳ инсонҳоро шиносем, хоҳ на, бо онҳо бояд бо эҳтиром муносибат намоем.

  Чанд мисоле, ки дар боло овардем, оддитарин намунаҳо аз хушвожаҳо буданд, ки дар зиндагии рӯзмарра ҳамвора ва зуд- зуд мавриди истифодаи мо- инсонҳо қарор мегиранд, вагарна вожаҳои малеҳ ниҳоят бисёранд.

  Намунаи хушвожаҳо ё вожаҳои малеҳ дар адабиёти классикӣ ниҳоят зиёд корбурд шудаанд, ки агар онҳоро дар шакли китоб ҷамъоварӣ намоем, чандин китоб хоҳанд шуд.

  Дар хулосаи вожаҳои малеҳ метавон гуфт, ки бо иззату эҳтиром муносибат кардани инсонҳо бо якдигар одоби муоширатро доимо маҳфуз медорад ва миёни онҳо дӯстиву шафқатро ба вуҷуд меоварад ва дар қалби инсонҳо тухми  меҳру муҳаббатро мекорад. Оқибат ва фарҷоми эҳтиром иттиҳод ва сулҳ аст, ки қиматтарин ҷавҳар ва мояи саодат барои ҳар инсон аст.

  Калимаҳои қабеҳро бошад, метавон дуруштвожаҳо ном гузошт, чун онҳо ногувору нохушоянд ва ғамоваранд. Ҳар вожаи дур аз эҳтиромро, ки бо шунидани он дар ботини инсон эҳсосоти ногувору нохушоянд ба вуҷуд меояд, метавон дуруштвожа, қабеҳ ва вулгаризм ном гирифт. Оддитарин мисолҳо дар ин мавзӯъ хитобаи ту ба инсонҳост, хоссатан, ба инсонҳои калонсол. Албатта, дар хитоб ба ҳамсолон ва хурдсолон истифодаи ту нишони беэҳтиромӣ нест, вале дар муроҷиат ба калонсолон набояд аз ин вожа кор гирифт, чун дар ин сурат он нишони беэҳтиромӣ ва берун аз одоби муошират хоҳад буд. Вожаҳое монанди: беақл, бехирад, бемағз, бетамиз, беандеша, тиҳимағз, бефаросат, нодон, ҷоҳил, девона, аҳмақ, аблаҳ … намунаҳои дигаре аз дуруштвожаҳо ё вожаҳои қабеҳ хоҳанд буд, ки бе шубҳа ҳама маънии манфӣ ва дағал доранд. Инҳо- ҳама намунаҳои оддии дуруштвожаҳо мебошанд ва намунаҳои аз инҳо ҳам қабеҳтар дашномҳову ҳақоратҳо мебошанд, ки аз доираи ахлоқу маънавиёт тамоман дуранд.

  Калимаҳои қабеҳ дар адабиёт, дар осори шоирону нависандагон гоҳ- гоҳ истифода шудаанд. Масалан, дар дар асарҳои Убайди Зоконӣ, Носири Хусрав, Фахриддини Ироқӣ, Ҷалолиддини Румӣ, Умари Хайём, Аҳмади Дониш метавон ҷо- ҷо аз ин қабил калимаҳоро пайдо кард, ки онҳо барои фош намудани ҳаёти иҷтимоии даврони худ аз ин дуруштвожаҳо истифода намудаанд.

  Дуруштвожаҳо дар тарбияи ахлоқиву маънавии ҷомеа ҳеч гоҳ нақши мусбат натавонанд гузошт. Бакоргирии онҳо дӯстиву рафоқат ва иззату икромро аз инсонҳо дур мекунад ва тухми меҳру муҳаббатро дар қалбу ботини инсонҳо хушк мегардонад. Дар натиҷаи истифодаи онҳо миёни инсонҳо доимо беэҳтиромиву бадбинӣ боқӣ мемонанд, ки натиҷаи он кандани риштаи дӯстиву муҳаббат хоҳад буд.

  Аз ин ҷиҳат, барои пойдор мондани дӯстиву рафоқат ва меҳру муҳаббат инсон бояд доимо одоби муошират ва маданияти гуфторро ҳифз ва риоят намояд ва дар куҷову кадом мавзӯъе, ки сухан гӯяд, он мавзӯъро бояд дар чаҳорчӯби одоби гуфтор қарор диҳад. Зеро, танҳо бо риояти одоб ва маданияти гуфтор инсон мавриди эҳтиром ва муҳаббати ҷомеа қарор мегирад.

Матни 22

                           Дар одоби сухан гуфтан

  Бидон, ки шарафи одамӣ ба нутқ аст ва ҳар ки дар нутқ адаб риоят накунад, аз ин шараф бебаҳра бошад. Барои он ки нутқ ба савоб бояд ва илло хомӯшӣ беҳ аз он бувад. Чунонки шайх фармуда:

                        Баҳоим хомӯшанду гӯё башар,

                        Забон баста беҳтар, ки гӯё ба шар.

  Ва дар сухан гуфтан чандон адаб аст, ки шайх ва ғолибро риоят бояд кард ва чандин адаби дигар аст, ки нозилонро нигоҳ бояд дошт. Агар пурсанд, ки адаби нозилон дар сухан гуфтан чанд аст, бигӯй: шаш. Аввал он ки сухан фарохӯри ҳоли ҳар кас гӯяд.

                     Бо ёри нав аз ғами куҳан бояд гуфт,

                     Бо ӯ ба забони ӯ сухан бояд гуфт.

  Дуюм он ки ба лутф сухан гӯяд, на ба унф. Сеюм он ки дар вақти сухан гуфтан хандон ва шукуфта бошад, на туршрӯй ва гирифта. Чаҳорум, чанд сухан гӯяд ба мустамеъ он ки ба малоли хотири эшон наанҷомад. Панҷум, сухан гӯяд, ки манфиати дунё … дар он бошад. Шашум, то сухане тамом ба иёр набошад, бар забон наронад, ки сухани бузургон ба масобаи тухм аст ва агар тухм фосид ва бемағз бошад, дар ҳар замин, ки афтад, нарӯяд ва аз ӯ манфиате ба ҳосил нарасад.

  Агар пурсанд, ки адаби нозилон дар адаб чанд аст, бигӯй ҳашт. Аввал он ки то аз вай сухан напурсанд, нагӯяд. Дуюм, дар вақти сухан гуфтан овоз баланд накунад. Сеюм, ба чапу рост нангарад. Чаҳорум, сухани ғаразомез ва киноят нагӯяд. Панҷум, дар рӯйи шунаванда наҷаҳад ва сухани сахт нагӯяд. Шашум, то фикр накунад, сухан нагӯяд, то пушаймон нашавад. Ҳафтум, дар миёни сухани мардум дарнаёрад ва сухани гӯяндаро мунқатеъ нагардонад. Ҳаштум, бисёр нагӯяд, ки бисёр гуфтан нишонаи андакақлӣ аст, чунонки Шайх Ганҷанишин (Низомии Ганҷавӣ) фармояд:

                    Кам гӯю гузида гӯй чун дур,

                    То з- андаки ту ҷаҳон шавад пур.

                    Лоф аз сухан чу дур тавон зад,

                    Он хишт бувад, ки пур тавон зад.

                    Об, арчи басе зулол хезад,

                    Аз хӯрдани пур малол хезад.

  Агар пурсанд, ки сухан аз ту аст ё ту аз сухан, бигӯй: сухан аз ман аст, ки меваи дарахти инсонӣ сухан аст. Агар пурсанд, ки сухани нек кадом аст, бигӯй, ки аз он нафъе ба касе расад. Агар пурсанд, ки сухани бад кадом аст, бигӯй: он ки аз он зараре ба касе оид шавад.

                         Ҳусайн Воизи Кошифӣ, «Футувватнома»

Луғатҳои душворфаҳми матн:

илло- ғайр аз, ба ғайр

баҳоим- ҳайвонот, чорпоён

унф- дуруштӣ, дағалӣ

ғолиб- аксар

нозилон- фурӯмоягон, пастон, хурдон

мустамеъ- шунаванда

иёр- санҷидан, соф кардан

ба иёр- санҷидашуда, соф

масоба- дараҷа, андоза

фосид- вайронкунанда

мунқатеъ- қатъ кардан, тамом кардан

андакақлӣ- камақлӣ

Супориши 1. Матни «Дар одоби сухан гуфтан»- ро пурра ва ботафсил хонед ва дар ҳикматҳои матн тааммули жарф кунед, то онҳоро даҳонӣ бозгӯйӣ карда тавонед.

Супориши 2. Ҳашт адаби сухангӯйӣ аз матни  «Дар одоби сухан гуфтан»- ро як- як ба таври кӯтоҳ ва мӯъҷаз дар дафтаратон нависед ва онҳоро ҳифз кунед.

Супориши 3. Ду пандро, ки дар ду ҷумлаи охири матн дарҷ ёфтаанд, такроран хонед ва онҳоро шарҳ диҳед.

Супориши 4. Ин даҳ панди навишташударо маънидод намоед:

1. Теғи забон- шамшери обдор.

2. Чун суханро бо дуруштиву дағалӣ оғоз намудӣ, бо нармиву мулоимӣ анҷомаш бидеҳ.

3. Хотимаи сухан бояд меҳрангезу диловез бошад

4. Мулозимати аҳли хирад чун атрдони атторон аст, ки доимо бӯйи хуш дорад.

5. Бо мулоимату нармӣ метавон душманро аз пой андохт ва мағлуб намуд.

6. Бо нармиву мулоимӣ мағлуб намудани душман осонтар аст, ки бо сахтиву тундӣ.

7. Доимо нармиву меҳрубонӣ кун, ки бо нармӣ кори сахтро осон метавон кард.

8. Сухани андешанокарда чун зари носанҷида аст.

9. Аввал андеша бояд ва он гаҳ гуфтор.

10. Забони сулҳомез сад гиреҳро мекушояд.

Супориши 5. Ин ҳикматҳои Унсурулмаолӣ Кайковусро дар боби сухан ва одоби гуфтор бинависед ва ҳифз намоед:

1. Аз ҳама ҳунарҳо беҳтарин ҳунаре сухан гуфтан аст.

2. Забонро ба хубӣ ва ҳунар омӯхта кун.

3. Ҷуз ба чарбзабонӣ одат макун.

4. Забони ту доим ҳама он гӯяд, ки ту онро бар он дошта бошӣ.

5. Ҳар киро забон хуштар, ҳавохоҳони ӯ бештар.

6. Бо ҳама ҳунар ҷаҳд кун, то сухан барҷой гӯйӣ.

7. Сухани на барҷой, агарчи хуб гӯйӣ, зишт намояд.

8. Аз сухани корфизой хомӯшӣ гузин, ки сухани бесуд ҳама зиён бувад.

9. Сухан, ки аз ӯ бӯйи ҳунар наёяд, ногуфта беҳтар.

10. Сухан нопурсида магӯй ва то нахоҳанд, касро насиҳат макун ва панд мадеҳ, хосса, он касро, ки панд нашнавад.

add

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.