Калимаву иборахои мачози ва мавкеи онхо дар забони точики

  Забони тоҷикӣ аз ҳайси ғанои маъно, яъне бисёрмаъноии вожаҳо яке аз бузургтарин ва нирӯмандтарин  забонҳои дунё маҳсуб мешавад. Бисёрмаъноӣ дар забон бештар тавассути маҷоз, ки буруновари маъноҳои ғайриаслӣ мебошад, роҳандозӣ мешавад. Маҷоз дар луғат ба маънои ғайриаслӣ ва ғайриҳақиқӣ аст. Аз ин ҷиҳат, маънои маҷозии калима маънои ғайриаслӣ ё ғайриҳақиқии он аст, яъне на он маъное, ки калима ба хотири он офарида ё сохта шудааст. Маънои маҷозии калимаро метавон маънои пардагӣ ё пардадор ном гирифт. Дар забони тоҷикӣ калимаҳои зиёде вуҷуд доранд, ки ғайр аз маънои асливу асосӣ боз маъноҳои ғайриасливу ғайриасосӣ доранд. Ин маъниҳои пардагӣ ё пардадор бо роҳҳои гуногун ба вуҷуд меоянд ва як роҳи бавуҷудойии он монанд кардани як чиз ба чизи дигар бо ягон сабаб мебошад. Масалан, дар адабиёт вожаи чашм– ро ба вожаҳои наргис ва шаҳло монанд мекунанд ва ҳардуро дар маънои чашм (- и маъшуқ)- и зебо ба кор мегиранд. Сабаби монандкунии чашм ба наргис нозукӣ ва хурдии он бувад ва сабаби монандкунии чашм ба шаҳло дар байн сиёҳӣ доштани он (ки сабаби зебоияш мешавад) мебошад. Ё худ дар шеър қадди маъшуқ бо сабаби ростиву мавзунияш ба сарв, рӯйи ӯ бо сабаби сурхияш ба гул,  лаби маъшуқ бо сабаби хурдиву сурхияш ба ғунча ва ғабғаби вай бо сабаби жарфнои миёни худ ба себ ташбеҳ мешавад, ки ин ҳама маъниҳо маҷозиянд.

  Ҳам дар адабиёт ва ҳам дар байни мардум инсонҳоро вобаста ба феълу хислаташон ба ҳайвоноти гуногун сифат мекунанд, ки ин сифаткуниҳо низ ҳама аз роҳи маҷоз ба вуҷуд меоянд. Масалан, инсони фиребгар ва маккору найрангбозро рӯбоҳ, инсони ҷоҳилу беандешаро гов, инсони бузургҷуссаро фил ё хирс, инсони нотарсу далер ва боқувватро шер ва монанди инҳо сифат ва васф мекунанд. Ин тавсифот дар адабиёт ҳам аз қадим роиҷ буд. Масалан, дар “Шоҳнома”- и Фирдавсӣ Геви қаҳрамон бо вожаи гав (гунаи қадими гов) тасвиф шудааст, яъне Геви Гав. Баъзеи ин сифатҳои ҳайвонӣ, чуноне ки дида мешаванд, мусбатанд ва баъзеи дигар- манфӣ. Гав-и “Шоҳнома” сифати мусбат- и Гев аст, бо сабаби бузургҷуссавию нотарсияш.

Бо ҳамин тариқ, тавассути калимаҳои маҷозӣ ибораҳои маҷозӣ ҳам дар забони мардум, адабиёти шифоҳӣ ва адабиёт пайдо шудан гирифтанд. Яке аз аввалин ибораҳои маҷозӣ дар забони тоҷикӣ метавон ибораи исмии Баҳроми Гӯр- ро эътироф намуд. Шаҳаншоҳи  машҳури таърихии Эрони Бостон- Баҳром бо сабаби дӯст доштани шикори гӯр (сайд, навъе аз ҳайвони шикорӣ) бо лақаби Баҳроми Гӯр дар таърих маъруф аст. Ин лақаби Баҳром ҳам аз роҳи маҷоз ба вуҷуд омадааст ва сабаби ин номгузорӣ шикори гӯрро дӯст доштани ӯст. Яке аз қадимтарин шеърҳои тоҷикӣ ҳам, ки муҳаққиқони адабиёт онро аввалин шеъри форсӣ- тоҷикӣ эътироф намудаанд, бо номи ҳамин шаҳаншоҳи Эрони Бостон- Баҳроми Гӯр алоқамандӣ дорад,   ки дорои вожаҳо ва ибораҳои маҷозӣ мебошад. Ин шеър чунин аст:

               Манам он шери жиёну манам он пили гала,

               Номи ман Баҳроми Гӯр, кунятам- Бӯҷабала.

Ибораҳои исмии шери жиён, пили гала, Баҳроми Гӯр ва калимаи Бӯҷабала, ки форсишудаи исми хосси Абӯҷаҳли арабӣ (шахсияти маъруфи таърихии қавмияти араб) аст, ҳама маҷозиянд. Яъне, Баҳром худро шери жиён– шери нотарс, пили гала– роҳбари мардуми Эрон (гала= Эрон) ва Абӯҷаҳли Эрон хондааст. Гӯё, Баҳром ин байтро ба канизи худ, ки дӯсташ медоштаст, бахшида будааст.

  Бо ҳамин роҳ, оҳиста- оҳиста калимаҳои маҷозӣ ва тавассути онҳо ибораҳои маҷозӣ дар забон  (ва адабиёт)- и тоҷикӣ пайдо шудан гирифтанд. Имрӯз дар забони тоҷикӣ калимаву ибораҳои маҷозӣ ниҳоят зиёд истифода мешаванд ва нақши онҳо дар офариниши маъниҳо бисёр бузург аст ва ҳар яки онҳо захираи луғавии забони адабии тоҷикро бас ғанӣ гардондаанд ва ганҷинаи бебаҳои забон маҳсуб мешаванд. Ин калимаву ибораҳо аз тариқи ҳиссаҳои гуногуни нутқ ба вуҷуд омадаанд, ки ҳар кадом дар таъсирнокии маъниҳо саҳм ва нақши махсус доранд. Намунаҳо аз калимаҳову ибораҳои маҷозӣ: Наргисчашм/ наргиси шаҳло (чашми зебо), сарвқад/ қадди сарв (қадди росту мавзун), равонсарв/ сарви равон (қомати ёр), алифқад/ алифи қад (қадди рост), дароздаст, дастдароз/ дасти дароз (тавоно), кӯтоҳдаст/ дасти кӯтоҳ (нотавон, заиф), ғунчалаб/ лаби ғунча (лаби ғунчамонанд ва зебо), дарёдил/ дили дарё (дилсоф, бекина), талхдаҳон/ даҳони талх (бадгӯ, сахтгӯ), шириндаҳон/ даҳони ширин (хушгӯ, хушсухан), дасткушод/ дасти кушод (ҳимматбаланд), тангдил/ дили танг (бахил, ҳасуд), рӯбоҳ/ рӯбоҳи маккор (ҳиллагар, фиребгар), гург/ гурги борондида (корозмуда, таҷрибадор), чашмпаронӣ/ чашм паррондан (ишора кардан), мижазанӣ/ мижа задан (тез ва босуръат амал кардан), пӯстпартойӣ/ пӯст партофтан (дар коре ниҳоят хаставу бемадор шудан), тезчашм/ чашми тез (чашми тезбину дурбин), кундфаҳм/ фаҳми кун (камфаҳм), шӯрбахт/ бахти шӯр (бахти бад), абрӯпаронӣ/ абрӯ паррондан (нозу карашма кардан), сархорӣ/ сар хоридан (дар фикр шудан), подарозкунӣ/ пой дароз кардан (беҳурматӣ ба касе) …

  Баъзе аз суханҳои маҷозӣ ё фразеологизмҳо дар забони тоҷикӣ бештар дар гунаи ибораҳо корбурд мешаванд. Масалан: коҳи кӯҳнаро бод додан (воқеаи пешинаро ба ёд овардан), дил сӯхтан (дар ғам шудан), гули бахт (хушбахтӣ), оташ (- и ҷанг) тез кардан (дар ҷанг шудан), ҷигар кабоб шудан (сахт андӯҳгин шудан),  оташи ғам (ғами зиёд), дар оташ ғам сӯхтан (ниҳоят ғамгин шудан), кӯйи ғам (макони ғам), биёбони ғам (макони ғам), рӯ ба биёбони ғам кардан (ғамгин шудан), дар ғам ғӯтавар шудан (ғамгин шудан), кулбаи эҳзон (макони ғаму андӯҳ; дунё), арӯси ҳазордомод (дунё), танӯри дил (сӯзиши дил, пурғамии дил), дарёи ғам (макони пур аз ғам), косаи умр шикастан (ба охир расидани умр), косаи сабр лабрез шудан (ниҳоят бетоқат шудан), шаҳди зиндагӣ (зиндагии хуш) …

  Калимаҳову ибораҳои маҷозӣ дар осори бадеӣ ба кор бурда мешаванд. Вазифаи онҳо иборат аст аз тасирбахштару зеботар, яъне бадеъ кардани кардани сухан. Дар осори илмӣ ин гуна воҳидҳо истифода намешаванд, зеро дар илм сухани дақиқ ва мушаххас зарур аст, на сухани бадеъ.

Супориши 1. Кадоме аз ин ибораҳо маҷозиянд:

ақолими сабъа, зикри шаҷара, тахтгоҳи падар, ақтори замин, муаккади ҳикоят, қалами ибдоъ, лавҳи эҷод, наққоши қудрат, қиём намудан, дебочаи фитрат, мафтуни ҳусн, маҷнуни карашма, духтари шоҳ, вузарои мамлакат, писари маҳманзар, мавлуди муштарипайкар

                                                                                           Матни 23

Моддаҳои ғайриорганикии таркиби ҳуҷайра

    Об. Об пайвастагии ғайриорганиикии паҳншуда мебошад. Он қариб тамоми организмро фаро гирифтааст: дар ҳуҷайраҳои сири дандон тақрибан 10 %, дар ҳуҷайраҳои ташаккулёбандаи ҷанин  бештар аз 90 %  аст. Ба ҳисоби  миёна дар организми серҳуҷайра об тақрибан 80 % -и  массаи баданро ташкил медиҳад.  

    Аҳамияти об  дар ҳуҷайра ниҳоят бузург аст. Вазифаи он бештар бо табиати кимиёвӣ  муайян мегардад. Хусусияти диполии сохти молекула ба қобилияти фаъолона бо моддаҳои гуногун ба реаксия дохил шудани об сабаб гардидааст. Молекулаи он ба катионҳо ва анионҳо таҷзия шудани як қатор моддаҳои дар об ҳалшавандаро ба вуҷуд меорад. Дар натиҷа ионҳо фавран ба реаксияҳои кимиёвӣ дохил мешаванд. Аксари реаксияҳои кимиёвӣ таъсири мутақобилаи байни моддаҳои дар об ҳалшаванда мебошанд. Ҳамин тавр, қутбнокии молекула ва қобилияти ҳосил кардани бандҳои гидрогенӣ имкон додаанд, ки об барои миқдори зиёди моддаҳои ғайриорганикӣ  ва органикӣ ҳамчун ҳалкунандаи хуб хизмат намояд. Ғайр аз ин ба сифати ҳалкунанда об ҷараёни моддаҳоро ба ҳуҷайра, инчунин аз он ҷудо намудани маҳсули фаъолияти ҳаётиро таъмин менамояд. Зери таъсири баъзе катализаторҳо – ферментҳо об ба реаксияи гидролиз дохил мешавад, ки дар натиҷа моддаҳои нави дорои хосиятҳои нав ҳосил мегарданд.

    Намакҳои минералӣ. Rисми зиёди моддаҳои ғайриорганикӣ дар ҳуҷайра дар намуди намакҳо (дар ҳолати сахтӣ ва ё ба ионҳо диссотсиатсияшуда) мавҷуданд. Дар байни онҳо аҳамияти калонро катионҳои калий K+, натрий Na+  ва калсий Ca2+ соҳибанд, ки яке аз хосиятҳои муҳими организми зинда – барангезишро таъмин менамоянд. Ҳолати буферии ҳуҷайра аз ҷамъшавии намакҳо дар дохили ҳуҷайра вобаста аст.

    Буфер ё худ ҳолати буферӣ қобилияти ҳуҷайраҳоест, ки реаксияи  сусти ишқориро дар ҳолати доимӣ нигоҳ медорад. Маҳлули буферӣ ҳангоми ба он дохил кардан  ё дар ҷараёни мубодилаи моддаҳо ҳосил шудани миқдори ками кислота ё ишқор  ба сабаби ҳосил кардани пайвастагӣ бо карбонҳо, фосфатҳо ё молекулаҳои органикӣ ба қимати pH таъсир намекунад. Дар дохили ҳуҷайра ҳолати буфериро асосан анионҳои кислотаи фосфат таъмин менамояд. Дар моеи берун аз ҳуҷайра ва хун вазифаи ҳолати буфериро H2 CO3 ва HCO3 иҷро мекунанд. Дар натиҷаи ионҳои гидроген (H+) ва гидрооксид-ионҳо(OH)-ро пайваст кардани аниони кислота ва ишқорҳои суст дар дохили ҳуҷайра реаксия тағйир намеёбад.

    Намакҳои минералии ҳалнашаванда, масалан, фосфати калсий ба таркиби моддаҳои байниҳуҷайравии бофтаҳои устухон, гӯшмоҳии нармбаданҳо дохил шуда, устувориро таъмин менамояд. (Аз таълифи А.С. Тошев)            

Супориши 1. Ба саволҳо ҷавоб диҳед.

  1. Дар таркиби ҳуҷайра кадом моддаҳои ғайриорганикӣ мавҷуданд?
  2. Вазифа ва аҳамияти об дар организм аз чӣ иборат аст?
  3. Аҳамияти биологии намакҳои минералӣ дар чист?
  4. Кадом моддаҳо сабабгори хусусияти буферии ҳуҷайраҳо мебошанд? 

Супориши 2. Истилоҳотро аз худ намоед.

    – диссотсиатсия (таҷзияшавии молекулаҳо) – диссоциация   

    – реаксия (лот. re зид,  муқобил + aktio амал – аксуламал; таассур; амали ҷавобӣ; ҷараёни дигаргун шудани моддаҳо дар натиҷаи ба ҳамдигар таъсиркунии онҳо) –  реакция

    – хусусияти диполӣ (юн. dipolos < di  ду + polos қутб – маҷмӯи ду заряди электрикии қимати бузургиашон баробари гуногунзаряди дар масофаи начандон дур аз ҳамдигар ҷойгиршуда) – диполная  особенность

    – анион (юн. an не, бе + ion раванда – иони зарядаш манфӣ) – анион

    – катион (юн. kata- (пешванди ифодакунандаи қувва) + ion раванда – иони зарядаш мусбат) – катион

    – ҳолати буферӣ (қобилияти реаксияи  сусти ишқориро дар ҳолати доимӣ нигоҳдорандаи ҳуҷайраҳо) – буферное состояние

    – маҳлули буферӣ (маҳлули кислотадор  ё ишқордори моддаҳои органикӣ ё ғайриорганикӣ, ки ба сабаби ҳосил кардани пайвастагӣ бо карбонатҳо, фосфатҳо ё молекулаҳои органикӣ ба қимати pH таъсир намерасонад) – буферный раствор

   Супориши 3. Муродифу мутазодҳоро аз худ намоед.

    Муродифот:

    реаксия –аксуламал; таассур;  амали ҷавобӣ

    хусусияти диполӣ – хусусияти дуқутбӣ

    буфер – сабуккунанда (сусткунанда) -и зарба

    анион – иони зарядаш манфӣ

    катион – ионии зарядаш мусбат

    Мутазод:

    анион – катион

Супориши 4. Ибораҳои асосии матнро аз худ намоед.

 Моддаҳои ғайриорганикии таркиби ҳуҷайра, ҳуҷайраҳои инкишофёбандаи ҷанин, хусусияти диполии сохти молекула, қутбнокии молекула, қобилияти ҳосил кардани бандҳои гидрогенӣ, реаксияи гидролиз, хосияти буферии ҳуҷайраҳо, аниони кислота ва ишқорҳои суст, намакҳои минералӣ, намакҳои минералии ҳалнашаванда, таркиби моддаҳои байниҳуҷайравии бофтаҳои устухон  

 Супориши 5. Ин абёти Фирдавсиро бинависед ва азёд намоед:

                           Тавоно бувад ҳар кӣ доно бувад,

                           Зи дониш дили пир барно бувад.

                                                  *  *  *

                            Хирад беҳтар аз ҳар чи   Эзид-т дод,

                            Ситоиш хирадро беҳ аз роҳи дод.

                                                   *  *  *

                            Хирад раҳнамою хирад дилкушой,

                            Хирад даст гирад ба ҳарду сарой.

add

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.