Хучатнигори дар забони тоҷикӣ

Ҳуҷҷатнигорӣ. Таърихи ҳуҷҷатнигорӣ дар забони тоҷикӣ. Меъёрҳои ҳуҷҷат. Вижагиҳои асосӣ дар нигоштани ҳуҷчат. Номгӯйи ҳуҷҷатҳо. Навъҳои ҳуҷҷат. Намуна аз ҳуҷҷатҳо

  Ҳуҷҷат калимаи арабӣ буда, дар луғатномаҳо ба чанд маънӣ омада, яке аз маъниҳояш далел, бурҳон ва асос мебошад. Дар ҳуҷҷатнигорӣ ҳамин маънияш дар назар дошта мешавад, ки бо санад муродиф аст. Санад ҳам вожаи арабӣ аст ва он ҳам дар чанд маънӣ истифода мешавад, ки яке аз маъниҳояш далелу барҳон аст.

  Ҳуҷҷат ва ҳуҷҷатнигорӣ дар таърихи забони тоҷикӣ собиқаи куҳан дорад. Таърихи он бастагӣ ба давлатдориҳои қадими тоҷикон ва, умуман, эрониён дорад. Қадимтарин давлатдориҳои мардуми эронинажод аз қабили Ҳахоманишиён, Пешдодиён, Сосониён ва монанди онҳо, бе ҳеч шак, тавассути ҳуҷҷатҳо сиёсати худро пеш мебурданд. Ин давлатдориҳо, бешубҳа, дорои вазоратҳову девонҳои махсус, ки шояд он замон бо номҳои қадимтари худ номгир мешуданд, будаанд. Охирин давлатдории муқтадири миллии тоҷикон, ки бо номи Сомониён дар таърих маъруф аст, дорои 9- 10 девон, яъне вазорат буд. Ҳар яке аз ин девонҳо ба кори махсуси худ маъмур шуда буданд ва аз рӯйи сиёсату тарҳрезиҳои сиёсии амирони сомонӣ амал мекарданд ва ҳар он чиро, ки амал мекарданд, барои дар пеши амирону ҳокимони тобеи аморат баррасӣ кардан ва ҳисобот додан дар авроқу китобҳо сабт мекарданд. Ҳамин сабтшудаҳо, албатта, ҳуҷҷат ва санад буданд, зеро ҳеч мумкин нест, ки бе ҳуҷҷату санад сиёсати Сомониён 100 соли пурра тӯл кашад. Даврони Сомониёнро, махсусан, метавон даврони тилоии ҳуҷатнигорӣ бо забони форсӣ- тоҷикӣ эътироф намуд. Зеро, дар ин даврон забони тоҷикӣ, ки яке аз бузургтарин шеваҳои забони форсӣ (шеваи мовароуннаҳрии забони форсӣ ) буд, мақоми волои давлатиро соҳиб шуд ва ба исми ифтихории дарӣ мушарраф гардид. Маънои дарӣ дарборӣ, яъне давлатӣ аст. Бо давлатӣ ва дарборӣ шудан забони тоҷикӣ мақоми расмӣ гирифт. То он замон ки забони тоҷикӣ мақоми дариро касб кард, дар ҳукумати Сомониён забони арабӣ ҳамчун забони девондорӣ ва ҳуҷҷатнигорӣ амал мекард. Пас аз мушарраф шудан ба мақоми волои давлатӣ, забони тоҷикӣ, аввалан, дар баробари забони арабӣ ҳамчун забони расмӣ ва ҳуҷҷату санадҳо корбурд мешуд ва, баъдан, забони дараҷаи аввали ҳуҷҷату санад дар девонҳои далати Сомониён маҳсуб шуд. Пас аз аз байн рафтани давлатдории миллии тоҷикон- Сомониён, дар муддати зиёда аз ҳазор сол дар ҳама давлатдориҳову ҳукуматҳои ғайриэронӣ ва ғайритоҷикӣ, аз ҷумла давлатдориҳои бузурги Ғазнавиён, Салҷуқиён…, Темуриён, Шайбониён, Манғитиён мақоми расмӣ ва дарбории забони тоҷикӣ ҳамчунон боқӣ монд. Ҳатто, вақте Бобуриён (дар таърих бо номи Муғулҳои Бузург маъруф буданд) дар Ҳинд чаҳорсад сол ҳукумат ронданд, забони расмии давлатӣ, яъне забони ҳуҷҷату санад дар доираи дарборҳои Ҳинди Бобурӣ забони форсии дарӣ, яъне забони тоҷикӣ буд. 

  Сиёсати ягон давлату ҳукумат бе ҳуҷчату санад пеш намеравад ва поянда намемонад. Ҳуҷҷат асоситарин ва шояд ягона воситаи танзими сиёсати давлатдорӣ ва ҷомеаи ҳар давлат ба ҳисоб равад. Ҳуҷҷат, ба як навъе, сутуни давлат ва давлатдорист. Дар ҷомеае, ки низоми ҳуҷҷат вуҷуд надошта бошад ё ҷомеае, ки сутунаш аз ҳуҷҷат барпо нашуда ва қувват нагирифта бошад, он ҷомеа нестпазиру бедавом аст, зеро низому тартиб дар он ҷомеа ба вуҷуд намеояд. Ҳуҷҷату санад василаи асосии танзими ҷомеа ва сутуни асосии побпрҷойии давлат аст.

  Асоситарин ва бузургтарин ҳуҷҷат барои ҳар давлат ва ҳар ҷомеаи он давлат ин Конститутсия (Сарқонун)- и он мебошад ва, аз ин ҷиҳат, бузургтарин ҳуҷҷати давлати азизи мо, Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол ва ҷомеаи мо- тоҷикон ин Конститутсия (Сақонуни)- и ҶТ хоҳад буд, ки онро бояд чун гавҳараки чашм азиз дорем, балки аз он ҳам азизтар донем.

  Дар даврони ИҶШС, аз сабаби он ки забони асосии давлатдорӣ забони русӣ буд ва коргузорӣ дар муассисаҳову корхонаҳо (ки ҳамаашон давлатӣ буданд) бо забони русӣ ба роҳ монда шуда буд ва аксарияти асноди давлатӣ бо забони русӣ корбурд мешуданд ва танҳо ҳангоми зарурат баъзе ҳуҷҷатҳо аз русӣ ба тоҷикӣ тарҷима мешуданд, собиқаи ҳуҷҷатнигорӣ ва санаднависӣ бо забони тоҷикӣ аз байн рафт ва қариб ки фаромӯш шуд. Ва сабаби он ки то ба имрӯз аксарияти мардум дар навишти ҳуҷҷату санадҳо ба мушкилот бархӯрд мекунанд, дар ҳамин маҳрумият ва беҳуқуқии зиёда аз 70- солаи забони тоҷикӣ дар тарҳрезиии ҳуҷҷату аснод хоҳад буд.

  Бо мустақил гаштани Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дуввумбора соҳиб шудан бар мақоми волои давлатӣ ва расмӣ ҳуҷҷатнигорӣ ва санаднависӣ бо забони тоҷикӣ ба роҳ монда шуд ва, ҳатто, дар Конститутсия (Сарқонун)- и ҶТ тағйироти ҷиддӣ дар боби, умуман, забони тоҷикӣ ва, хусусан, забони давлатдорӣ бо номи “Қонуни забон” ворид карда шуд. То кунун олимони риштаҳои гуногуни илмӣ, ба вижа, забоншиносону адабиётшиносон ҳуҷҷатҳои гуногунро аз забони русӣ ба забони тоҷикӣ баргардону тарҷима карда истодаанд. Ҳатто, дар мавзӯи мазкур онҳо баъзе дастурҳо ва китобҳои махсус низ навиштаанд. Аз ҷумлаи инҳо, “Дастури санаднигорӣ”- и Ҳасани Ёрзод (2000), “Корҳои мустақилонаи донишҷӯён”- и Хокироев Ризо  (2003) ва “Ҳуҷҷатнигорӣ”- и Диловаров Муаззам ва Қурбонов Содиқ  (2010)- ро метавон беҳтарин ва шоистатарин китобҳо дар мавзӯи ҳуҷҷату санадҳо, қоидаву қонунияти навишти ҳуҷатҳову аснод ном гирифт.

  Ҳуҷҷат ё санад меъёрҳо ва қоидаҳои махсуси навишт дорад. Дар навишти он бадеият ба кор бурда намешавад. Агарчи дар ҳуҷчатҳои даврони қадим суханпардозӣ ва зиёдатгуфторӣ роҳ дода мешуданд, имрӯз дар навишти ҳуҷҷат, ба ҳукми як санади муҳим, пардоз ва орову зинати сухан роҳандозӣ намешаванд. Вижагиҳои асосие, ки дар навишти як ҳуҷҷат ё як санад бояд дар назар гирифта шаванд, умуман, аз инҳо иборатанд:

1) сухан бояд дақиқ ва мушаххас бошад ва калимаҳои мушаххасмаъно ва якмаъно истифода шаванд;

2) аз зиёдатгуфторӣ ва суханпардозӣ бояд парҳез карда шавад ва мухтасаргӯйиву кӯтаҳбаёнӣ бештар истифода шавад;

3) воситаҳои бадеияти сухан, яъне санъатҳои бадеӣ, хусусан муболиға ва иғроқ, ки мӯҷиб бар зиёдатгуфторӣ ва дур рафтан аз асли мақсад мешаванд, бояд дар навишти ҳуҷҷат корбурд нашаванд.     

  Дар навишти ҳуҷҷатҳо ва санадҳо вижагиҳои мазкур, ба вижа дурӣ ҷустан аз муболиғаву иғроқ, ки нишондиҳандаи тамаллуқот ва хушомадгӯйиҳоянд, бояд ҷиддан ба эътибор гирифта шаванд ва ҳатман дар нигоштани ҳуҷҷат мавриди эътино қарор гиранд.

Ногуфта намонад, ки ҳуҷҷатҳои шахсӣ-фардӣ дар тамоми ашхос вуҷуд дорад. Пеш аз ҳама барои ҳар як кишвари дуру наздик шаҳрвандони ҳамон кишвар, аз ҷумла ҶТ шаҳрвандон ҳуҷҷатҳои шахсии худро доранд, ки аз қолаб, андоза, ранг, гузоштани нишон, парчами миллӣ аз  ҳуҷҷатҳои шаҳрвандони кишварҳои хориҷӣ фарқ мекунанд, ва барои ҳамаи шаҳрвандон, новобаста аз соҳаҳои худ, мансаб, вазифа дар қолаби махсус, ки аз тарафи Ҳукумати ҶТ тасдиқ гардидааст, дода мешавад. Ин ҳуҷҷатҳои фардӣ инҳоянд:

1. Шаҳодатномаи таваллуд

2. Аттестат барои маълумоти миёна ва пурра

3. Шиноснома

4. Дипломи хатми омӯзишгоҳҳо ва  макотиби олӣ

5. Шаҳодатномаи ақди никоҳ

6. Шаҳодатномаи ҳарбӣ

7. Шаҳодатномаи ронандагӣ

8. Шаҳодатномаи нафақа ва ғайра

  Номгӯйи асоситарин ҳуҷчатҳое, ки имрӯз дар корхонаҳову муассисаҳо мавриди истифода қарор доранд ва аз тариқи забони русӣ ба тоҷикӣ тарҷима шудаанд, инҳоянд:

ариза (заявление), тасдиқнома/ маълумотнома (справка), кафолатнома (гарантийное письмо), ваколатнома (доверенность), таъйиднома (акт), дархост (заявка), дархостнома (запрос), даъватнома (пригласительный билет), тавзеҳнома/ баёнот (объяснение), эълон (объявление), забонхат (расписка), барқия (телеграмма), телефоннигошт (телефоннограмма), тавсифнома (характеристика), дархости тавсифнома (запрос на характеристике), шарҳи ҳол (автобиография), гузориш (доклад), гузоришнома (докладная записка), қарордод (договор), фармон (приказ), амр (распоряжение), дастур (указ), беруннависи фармон (выписка из приказа), суратмаҷлис/ қарор (протокол), номаи расмӣ (официальное письмо), номаи ҷавобӣ (ответное письмо), сафария (командировочное удостоверение), дафтарчаи кор (трудовая книжка), роҳхат/ муаррифнома (направление), гувоҳинома (аттестат), гувоҳинома/ шаҳодатномаи таҳсил (аттестат об образование), пайвастнома (сопроводительное письмо), ташаббуснома (инициативное письмо), шиноснома (паспорт), варақаи шахсӣ (личный листок), низомнома (положение), огоҳинома (извещение), васиятнома/ мероснома (завещание) …

  Ҳуҷҷатҳо дорои ду навъ: давлатӣ ва ғайридавлатӣ, яъне фардӣ мешаванд. Ҳуҷҷатҳои давлатӣ, аксаран, дорои қолабҳои муайянанд ва, аз ин ҷиҳат, онҳоро ҳуҷҷатҳои қолабӣ- намунавӣ низ мегӯянд. Дар онҳо намунаҳои пешакӣ қолабшуда матраҳ шудаанд, ки ҳуҷҷатнавис ё шахси салоҳиятдор аз рӯйи нишондоди он қолабҳо ҳуҷчати худро пур мекунад. Азҷумлаи ин навъи ҳуҷҷатҳо шиноснома, шаҳодатномаи таваллуд, гувоҳинома/ шаҳодатномаи таҳсил, варақаи шахсӣ ва монанди инҳо мебошанд. Ҳуҷчатҳои фардӣ, аксаран, бе қолаби марсуманд. Онҳоро афроди гуногуни ҷамъият метавонанд нависанд. Ба ин навъи ҳуҷчатҳо ариза, шарҳи ҳол, тавсифнома, баёнот, забонхат ва монанди инҳо дохил мешаванд.

О L-BRO Administrator

Администратори сомона.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.