Сигаи шарти-хохишманди
Сиғаи шартӣ-хоҳишмандӣ
Феълҳои сиғаи шартӣ-хоҳишмандӣ амалеро ифода мекунанд, ки гeянда воқеъ гардидани онро раво, имконпазир ва ё вобаста ба шарте медонад. Яке аз шаклҳои асосӣ ва аломати сиғавии феълҳои шартӣ-хоҳишмандӣ аорист буда, вобаста ба он ва сохти xузъи асосии феълҳои таркибӣ тобишҳои замонӣ ва маъноӣ ифода меёбанд. Дар феълҳои таркибӣ тобишҳои замонӣ ва маъноӣ ифода меёбанд. Дар феълҳои таркибии сиғаи шартӣ-хоҳишмандӣ феъли ёридиҳандаи будан ҳамеша ба шакли аорист меояд.
Сиғаи шартӣ-хоҳишмандӣ бо шакли аористи феъл (равам, кор кунам), шакли замони гузашта бо аористи будан (хонда бошам, маслиҳат карда бошам), шакли гузаштаи ҳикоягӣ (мешунидам ва бо аористи будан – мерафта бошам), шакли замони ҳозираи давомдор (хонда истода бошам, зиндагӣ карда истода бошам) ва шаклу таркибҳои дигари феълӣ ифода мешавад.
Замон ва тобишҳои маъноии феълҳои сиғаи шартӣ-хоҳишмандӣ вобаста ба сохту робитаҳои синтаксисӣ ва оҳанги гуфтор низ равшан мегардад. ҳамаи тобишҳои маъноии ин сиға, ки бештаринашон аҳамияти услубӣ доранд, ба ду маънии умумӣ ва асосӣ, яъне шарт ва майлу хоҳиш марбутанд. Дар забони ҳозираи тоxик ду тарзи баёни маъниҳои сиғаи шартӣ-хоҳишмандӣ маълум аст:
- Тобишҳои маъноии сиға бо худи шаклҳои феълӣ алоқамандона бо сохти xумла, робитаҳои синтаксисӣ ва оҳанг ифода меёбанд. Калимаҳои махсуси ёридиҳанда кор фармуда намешаванд. Масалан:
Тeйро ба чор кас маъқул карда гузаронем (Р.Xалил, Шeроб). Акнун роҳи шумо ҳам он қадар танг ва бадвоҳима нест акнун ба боло нигоҳ кунед, осмони паҳновари кушодаро мебинед (С.Айнӣ, Дохунда).
Дар нутқ фаҳмидан мехостам, xeр кардан мехостам, пeшидан мехоҳад барин таркибҳо худ маънои майлу хоҳишро ифода мекунанд.
- Тобишҳои маъноии шаклҳои сиғаи шартӣ-хоҳишмандӣ, ғайр аз сохти xумла ва оҳанг, бо калимаҳои ёридиҳанда, пайвандак ва ҳиссачаҳо равшантар таъкид мешавад. ҳар як унсури гарамматикӣ ва ё калимаи ёридиҳанда бо тобиши махсуси маъноӣ омада, маънои сиғавӣ ва xилои услубии феълҳоро, хусусан шаклҳои аористро, ошкор месозад ва қувват медиҳад. Масалан, дар сурате ки маънои шарт дар нутқ (xумла) ба воситаи оҳанг низ ифода мегардад, пайвандаки агар (дар назм-гар, ар) ин маъниро равшантар ва оҳанги суханро равонтар мекунад. Монанди ҳамин, бо пайвандаки то (ба шакли инкории феъл) маънои замонӣ ва бо ҳам маънои хилоф возеҳтар таъкид мешавад:
Фотима имсол институти тиббиро тамом мекард ва e, бешубҳа,хуб медонист, ки агар одам ба автомобил монанд шавад, агар аз ваxоҳаташ ҳамаи афкору эҳсосоти eро донистан мумкин гардад, ҳуснва латофати ҳаёт хело мехоҳад (Ф. Муҳаммадиев, Сози Мунаввар).
Калимаҳои модалӣ ва ҳиссачаҳои мон // монед, биё // биёед, бигзор// бигузор, бояд // бояд ки, мебоист, ақаллан, майлаш, кошки // кош, наход // наход ки, канӣ, даркор (фақат дар нутқи гуфтугeӣ),-чӣ ва монанди инҳо барои ифодаи xилоҳои маъноии хоҳишу орзу, таъкиду супориш, зарурат ва лозимот, қатъият ва розигӣ, xиддият ва мулоиматӣ хизмат мекунанд.