Чумлахои мураккаб ва намудхои он

Ҷумлаҳои мураккаб

Ҷумлае, ки аз ду ва зиёда ҷумлаҳои содда ташкил меёбад, ҷумлаи мураккаб мешавад. Ин таъриф чунин маъно дорад, ки таркиби ҷумлаи мураккаб аз ду ҷумлаи содда кам намешвад, вале зиёд шуданашон мумкин аст. Дар ҷумлаи мураккаб амалу ҳодиса ва фикри шахси гӯяндаю нависанда батафсил ва барҷастатар зикр мегардад: Рӯз сафед шуд, босмачиён гирди қалъа ҳам шитобкорона ба тарафи пушти қароргоҳи худ медавиданд (С. Айнӣ, Дохунда).

Ҷумлаи мураккаб аз ҷумлаи содда ба куллӣ фарқ мекунад. Ҷумлаи содда аз як калима ва гурӯҳи калимаҳои бо ҳам алоқаманд, ки дорои як мубтадою як ё якчанд хабар мебошад, ташкил меёбад.

Ҷумлаҳои содда дар таркиби ҷумлаҳои мураккаб бо ду роҳ алоқаманд: пайваст ва тобеъ.

Дар ҷумлаҳои мураккаби пайваст, ҷумлаҳои содда нисбатан озод ва мустақил мебошанд: Армияи советӣ чун офтоб аз Шарқ ба Fарб мерафту душман монанди соя аз он мегурехт (Р. Ҷалил, Бозгашт аз биҳишт).

Дар ҷумлаҳои мураккаби тобеъ як ҷумлаи содда ба зарурати пуррашавии маъно аз мазмуни ҷумлаи соддаи дигар зикр мегардад: Пётр, пеш аз он ки равад, хотири ҳанӯз осуда нагаштаи ятими бекасу кӯйро ҷамъ карданӣ шуд (Р. Ҷалил, Одамони ҷовид).

Аз ин мисол ҷумлаҳои соддара аз ҳам ҷудо хонем, ё нависем ҳам, аз ҷиҳати мазмун ва ҳам аз ҷиҳати гуфтору оҳанг онҳо ноқису норавшан меноманд.

Дар забоншиносии тоҷик ҷумлаҳои мураккабро аз ҷиҳати сохту таркиб ва ифодаи маънову мазмун ва воситаҳои алоқа ба се гурӯҳ ҷудо мекунанд: ҷумлаҳои мураккаби пайваст, ҷумлаҳои мураккаби тобеъ ва ҷумлаҳои мураккаби омехта.

ҶУМЛАҲОИ МУРАККАБИ ПАЙВАСТ

Ҷумлаҳои мураккаби пайваст аз ду ва зиёда ҷумлаҳои соддаи мустақил тартиб меёбанд.

Мустақилиятии ҷумлаҳои содда агар аз як тараф, ба худи маъно ва мазмуни онҳо вобаста бошад, аз тарафи дигар, ба воситаҳои  алоқаи грамматикӣ вобастаанд: Боз хомӯшӣ сар шуд, пас аз чанд дақиқа ба манзил наздик расиданд (С. Айнӣ, Дохунда). Суруд ба охир расид ва мардум як-як аз паи корҳояшон рафтанд (М. Муҳаммадиев, Дӯстон тоҷи сар).

Ҷумлаҳои содда дар таркиби ҷумлаҳои мураккаб тавассути се хели воситаи алоқа васл мегарданд: пайвандакҳои пайвасткунанда, интонасия ва мутобиқати шаклҳои феълӣ (хабари ҷумларо).

Ҷумлаҳои мураккаби пайвастро аз ҷиҳати муносибати маъноии байни ҷумлаҳои содда ба ду гурӯҳ ҷудо кардан мумкин аст.

1. Ҷумлаҳои мураккаби пайвасте, ки ҷумлаҳои соддаи онҳо воқеа ва ҳодисаҳои бо ҳам алоқамандро инъикос кунанд ҳам, новобаста ба тақозои мазмуни аъзоҳои якдигар васл мешаванд ва агар яке истисно шавад, дигаре мазмунан зиёне намебинад: Мурод бо шунидани ин воқеа дар хаёл фурӯ рафт ва бой барои баровардани Мурод бо ҳар гуна хаёлот боз давом намуд (С. Айнӣ, Ятим).

2. Ҷумлаҳои мураккаби пайвасте, ки дар онҳо як ҷумлаи содда бо тақозои маъно ва мазмуни ягон аъзои ҷумлаи соддаи дигаре васл мегардад: Ас пас мошини дигаре меомад, ба он низ ҳамсафарони мо савор буданд (Ф. Муҳаммадиев, Дӯстон тоҷи сар).

Ҷумлаҳои мураккаби пайвастро аз ҷиҳати дарбаргирии миқдори ҷумлаҳои содда низ ба ду гурӯҳ ҷудо кардан мумкин аст.

1. Ҷумлаҳои мураккаби пайвасте, ки фақат аз ду ҷумлаи содда таркиб меёбанд: Маҷлис тамом шуд, ҳама таҳоратҳоро тоза карда барои адои намози худ тайёр шуданд (С. Айнӣ, Дохунда).

2. Ҷумлаҳои мураккаби пайвасте, ки таркибан аз якчанд ҷумлаи содда иборатанд: Шаб торик, барф меборад, лою барфи яхкардаи кӯчаҳои Душанбе то миёни аспу одам мебаромад (С. Айнӣ, Дохунда).

Хусусияти дигари ҷумлаҳои мураккаби пайваст ин аст, ки дар баъзеи онҳо як ҷумлаи содда нопурра буда, дар ҷумлаи соддаи минбаъда таркибан пурра тасаввур карда мешавад ё баръакс. Ӯ аз ман як шеър талаб кард ва ман аз ӯ (С. Айнӣ, Ёддоштҳо). Мӯйҳои ҳама як тараф буданду мӯйҳои Солеҳа гуфтагӣ як дугонаи ҷамолакием як тараф            (Р. Ҷалил, Бозгашт аз биҳишт).

Ҷумлахои мураккаби пайвастро мувофиқи дараҷаи истифодашавии воситаҳои алоқа, банду баст ва тарзи ташаккулёбиашон ба хелҳои зерин ҷудо кардан мумкин аст: ҷумлаҳои мураккаби пайвасти пайвандакдор, ҷумлаҳои мураккаби пайвасти бепайвандак, ҷумлаҳои мураккаби пайвасти феъли ҳолӣ ва ҷумлаҳои эзоҳӣ.

ҶУМЛАҲОИ МУРАККАБИ ТОБЕЪ

Ҷумлаҳои мураккаби тобеъ аз ҷумлаҳои мураккаби пайваст ба куллӣ фарқ мекунанд. Дар ҷумлаҳои мураккаби пайваст ҷумлаҳои содда нисбатан баробарҳуқуқунд. Аммо дар ҷумлаҳои мураккаби тобеъ як ҷумлаи содда ба ҷумлаи соддаи дигар тобеъ аст. Ҷумлаи тобеъкунанда сарҷумла буда, ҷумлаи тобеъшаванда, ҷумлаи пайрав мебошад, ки сарҷумларо аз ягон ҷиҳат: тарзи иҷрои амал, замону макон, сабабу мақсад ва uайра шарҳу эзоҳ медиҳад. Дар наҳви ҷумлаҳои содда, чунон ки аз назар гузаронидем, сараъзоҳо ва аъзоҳои пайрав мавҷуданд. Дар наҳви ҷумлаҳои мураккаб вобаста ба он сараъзоҳо ва аъзоҳои пайрав ҷумлаҳои пайрав мушоҳида мегарданд. Агар аъзоҳои пайрав ба воситаи калима, таркиб ё ибораҳои гуногун ифода ёбанд, ҷумлаҳои пайрав бо ҷумлаҳои содда ифода ёфта, ба сарҷумлаҳои худ тобеъ мегарданд. Ин ду ҳиссаи наҳвӣ ҳамфарқ доранду ҳам умумият. Умумияташон ин аст, ки ба як хел савол ҷавоб мешаванд, фарқашон ин аст, ки яке дар таркиби ҷумлаҳои содда меояд, дигаре дар таркиби ҷумлаи мураккаб.

Дар ҷумлаҳои мураккаби тобеъ панҷ хели воситаи алоқа мушоҳида мегардад, ки ҷумлаҳои пайрав тавассути онҳо ба сарҷумлаҳо тобеъ мегарданд: Пайвандакҳо, мутобиқати шаклҳои феълӣ (хабари сарҷумлаҳо ва ҷумлаи пайрав), калима ва таркибҳои ҳамнисбат, оҳанг ва ҷои сарҷумлаҳою ҷумлаҳои пайрав.

test

Добавить комментарий