Ҷумлаи пайрави мубтадо

Ҷумлаи пайрави мубтадо

Ҷумлаи пайраве, ки ҷонишини ба вазифаи мубтадои сарҷумла омадаро шарҳу эзоҳ медиҳад, ҷумлаи пайрави мубтадо номида мешвад.

Ҷумлаи пайрави мубтадо ба саволҳои кӣ?, киҳо?, чӣ?, чиҳо?, ҷавоб мешавад. Ҳар кӣ аз дида дур бошад, аз дил дур аст (Фолклор). Ҳеҷ мумкин нест, ки Фирӯза ягон ҳунар надошта бошад (Ҷ. Икромӣ, Духтари оташ).

ҶУМЛАИ ПАЙРАВИ ХАБАР

Ҷумлаи пайраве, ки ҷонишинҳои ишоратӣ ва таркибҳои ҷонишинии ба вазифаи хабари сарҷумла омадаро шарҳу эзоҳ медиҳад, ҷумлаи пайрави хабар номида мешавад. Ҷумлаи пайрави хабар ба саволҳои чист?, кист?, чӣ аст?, чӣ шуд?, чӣ ва uайра ҷавоб шуда ба сарҷумла бо пайвандаки ки тобеъ мегардад ва баъди он меояд: Як норасони публисистикаи ҳаҷвӣ, хусусан, фалетон ҳамин аст, ки вай аз паси органҳои тафтишотии давлат кашола мешавад (Ф. Муҳаммадиев, Дӯстон тоҷи сар).

ҶУМЛАИ ПАЙРАВИ МУАЙЯНКУНАНДА

Ҷумлаи пайраве, ки исми ба вазифаи аъзоҳои гуногуни сарҷумла омадаро шарҳ медиҳад, ҷумлаи пайрави муайянкунанда номида мешавад: Ҳама ба тарафе, ки вай ишора карда буд, чашм дӯхтанд (С. Айни, Дохунда).

Дар ин мисол ҷумлаи пайрави муайянкунанда вай ишорат карда буд бар эзоҳи исим тарафе, ки дар таркиби сарҷумла ба вазифаи ҳоли макон омадааст, истеъмол гаштааст.

Ҷумлаи пайрави муайянкунанда ба саволҳои кадом?, чӣ хел?, ҷавоб шуда, ба сарҷумла асосан бо пайвандаки ки тобеъ мегардад ва ҳамеша баъд аз аъзои эзоҳшаванда меояд. Аъзои эзоҳшаванда бошад, бештар вақт артикли номуайянии е қабул мекунад. 

ҶУМЛАИ ПАЙРАВИ ПУРКУНАНДА

Ҷумлаи пайрави, ки хабари сарҷумларо пурра карда онҳоро эзоҳ медиҳад, ҷумлаи пайрави пуркунанда номида мешавад. Халқ мегӯяд, ки ноумед шайтон аст (А. Шукуҳӣ, Ҳ Аскар, Печутоби роҳҳо). Яке аз донишмандони гузашта гуфтааст, ки дараҷаи маданияткории ҷамъиятро аз вазъияти замон дар он муайян метавонад кард. (Ф. Муҳаммадие, Дӯстон тоҷи сар).

Ҷумлаи пайрави пуркунанда ба сарҷумла бо пайвандаки ки тобеъ гашта ба саволҳои чӣ?, чиро?, киро?, ба кӣ?, ба чӣ? ва uайра ҷавоб мешавад.

test

Добавить комментарий