Мафҳуми омонимҳо ва нақши он дар дарки маънои воҳидҳои забон

Дар забони тоҷикӣ мувофиқи талаботҳои замони ҳозира ва талаботҳои роҳбарияти Ҷумҳури Тоҷикистон дар солҳои охир, бе омӯзиши забони миллӣ ва дигар забонҳо (алоқаи донистани ду забони хориҷи) диққати махсус дода мешавад. Мавзӯи фанни лексикология яке аз он масъалаҳо мебошад. Маълум аст,ки ҳангоми омӯзиши ҳисаҳои нутқ махсусан, исм  вобаста ба имконият  ва зарурияти лмӯзиши имкониятҳои навро дарёфта ҳар як мавзӯи таълимиро ҳаматарафа бо татбиқи оамали он дарк  кардан зарур  аст.  Таҷриба нишон медиҳад,ки теъдоди адрсазхудкуни  донишҷуён, мутахасисиони ҷавон ( қисмати )   ба он талаботҳое,ки роҳбарияти Ҷумҳури  пеш гузоштааст, ҷавобу нест. Масалан  дар азхудкуни  мавзӯи « Омонимҳо ва хелҳои он»ба масъалаҳои зер тиқати махсус диҳанд! а)  Мафҳуми омонимҳо  маънои луғави  омонимҳо ва этимологияи он ; дар забон;

в) фарқи омонимҳо аз калимаи сермаъно;

г) аҳамият ва мавқеи дар адабиёти бадеӣ доштаи калимаҳои омоаними; ғ) дарзи дар «Фарҳанги забони тоҷикӣ» ва луғатҳои гуногун ишора шудани  омонимҳо ; д) Истифодаи бе ғалати омонимҳо дар нутқи шифоӣ ва хаттӣ

Чуноне,ки мушоҳидаҳо нишон медиҳанд донишомӯзии шогирдон пеш аз ҳама ба маҳорати касб омӯзигорон ва маърифтнокии устод вобастагӣ дорад. Барои он ким о мафҳуми омонимҳоро хуб дарк кунем  , лозим меояд,ки мисолу далелҳои интихобкардаи устод вобаста аст.  Масалан,агар калимаи «гул »-ро навишта аз шогирдон пурсида шавад,ки маънои луғави ин калима чист? Алабатта, омӯзгор чунин ҷавобро  шунида метавонад: гул гиёҳ (растанӣ) ҳаст: гули садбарг, лола, наргис сиёгули ва ғ. Агар устод дар ҳамин лаҳза пурсад боз кадом маъноро ифода карад метавонад? Агар хонанда, шогирдон  ба ин савол ҷавоб гардонида натавонад, омӯзгор ба воситаи саволҳои рамзӣ ғайри аз маънои гиёҳ (растани ) буданаш, боз маънои насимӣ, як намуди касалиро ифода мекунад. 

 Он касалир «хоси чашм» ё  «гули чашм» меноманд. Маънои доначаҳои болои гулт ( гул задани нон) низ мебошад.Пас маълум мешавад,ки калимаи гул ба ғайр аз маънои растнӣ маънои номи касалӣ « хоси чашм» доначаҳои сурхи болои «нон»-ро дорад. Баъди чунин шарҳу эзоҳ таъкид кардан зарур аст,ки байни ин чор маъно ягон умумият мушоҳида мешавад. Ва ҳамаи онро маъно аслӣ мебошад ва аломати предметҳои гуногунро ифода кардан истодааст. Ба ин тариқ илмомӯз маъмуроти аввалинро доир ба маф хуми омоним ҳосил мекунад Ҳамин тариқ   дигар калмаҳои  омонимиро ба мисли «давот»  «чанг» ва ғ офарида таҳлил кардан мункин аст.

Омоним  асосан калимаи юнонӣ буда, дорои маънои луғавии «ҳамшакл»-ро дорост. Мансубияти калимаҳои омонимӣ бо маъноҳои гуногуншакл ба як ҳисси нутқ мансуб мебошад. « Исм чун категорияи муҳими лӯғавӣ грамматӣ  бо хусусиятҳои гуногуни омонимшакл аз дигар ҳиссаҳои нутқ фарқ мекунанд.

Ба ин мисол гуфтанием , ки ақидаи забоншинон нисбат ба омонимҳо ҳархела аст.

Баъзеҳо мавҷудияти омонимҳоро дар забон ҳодисаи манфи шуморида, чунин меҳисобанд, ки гуё омонимҳо барои зуд ва дуруст фаҳмидани дигар халал мерасонад. Ба сабаби шаклҳои як хел будани омонимҳо онҳо то андозае барои аниқ фаҳмидани фикри изҳор шуда « ҳалол мерасонад »

Бояд қайд кард,ки бисёр шахсони бамаърифат омонимҳоро аз калмиаҳои сермаъно  фарқ намекунанд, онро ба ҳам омехат мекунанд.

Бояд гуфт,ки фарқи  омомниҳо аз калимаҳои сермаъно дар он аст, ки фарқи сермаъноӣ аз омонимҳо яке аз проблемаҳои мураккаб ва баҳснопазир тоҷикӣ борҳо таъкид карданд. Фарқи омонимҳоро аз калмаи сермъно ба омонимҳо калмиаи сермаъно бав таври муқоиса дарк кардан осонтар аст. Омонимҳо калмиаи сермаъно нестанд. Омонимҳо  ба калимаҳои сермаъно танҳо шакли монанд буда, аз ҷиҳати маъно тамоман фарқ карда, калмиаҳои гуногун мебошанд.

Ба воситаи маънидод  карадани калмаҳои омоними  «пул» (сум), пул( купрук) майн (мағзи сар) ва майна (паранда)  маънои омонимҳоро аз дигар калмиаҳо ба осони  дарк кардан мункин аст.

Калимаҳои сермаъно калимаҳое мебошанд,ки ба маънои аслӣ кор фармуда намешаванд., онҳо ба маънои маҷозӣ (ғайри аслӣ) кор фармуда бошанд: Масалан, порча, доира ва ё калимаи «сар» гирифта муқоиса карда аз онҳо маънои асосӣ ва маҷозиро муайян кардан асоси мешавад: сари олам (аслӣ) , сари роҳ (маҷозӣ аст, зеро роҳ сар надоад  порчаи , порчаи замин, порчаи шеър; ҳамаи металлӣ, ҳалқаи дӯстон;

Барои он ки  маъно ва тарзи истифодабарии калимаҳои омонимро муайян кунем,  ба мо лозим меояд,ки ба маҷозҳо –луғатҳои русию тоҷикӣ , «Фарҳанги забони тоҷикӣ » муроҷиат карда,маънои калимаҳои омонимиро дарёбем.

Маънои 1-ум калмиаи карам «ҳиммат» ( ҳиммат кардан), ҷавонмардӣ кардан мебошад.

Маънои 2-юм ин  калмима сабзавот (карам-капуст) мебошад, яъне сабзавоти хӯрокӣ, лундашакли аз баргҳои зиёди сафеди сабзчатоби бо ҳам печида.

Калимаи «хам» бошад , сахфи болои даҳонро мегӯянд,ки инҳоро ҳам сахт ва номи мулоим мегуянд.

Маънои 2-юм ҳамеша «масад» «мурод», «орзу» «мисл»мебошад. Номи дил,муроди дил .

              Кунад ҳамҷинс бо ҳамҷинс парвоз,

                                   Кабӯтар бо кабутар, боз бо боз

(аз эҷодиёти мардум)

Омонимҳо миқдоран дар забон хеле бисёранд ва ба хонанда ё шакли гӯянада лозим меояд,ки онҳоро дар матн ва гуфтор беғалат истифода барад.

add

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.