Ибораҳои сифати

ИБОРАҲОИ СИФАТӢ

Ибораҳои сифатӣ пас аз ибораҳои исми гурӯҳи калони ибораҳои синтаксисиро ташкил мекунанд. Дар ибораҳои сифатй калимаи асосӣ сифат буда, калимаи тобеъ ба ҳиссаҳои гуногуни нутқ тааллуқ дорад.

Ибораҳои сифатй вобаста ба хусусияти луғавию грамматикии ҷузъҳо муносибатҳои объектӣ, замон, масоҳа, макон, хилоф, маҳдудият, маҳрумият, муайянкунандагӣ, дараҷа, мутобиқат ва ё номутобиқат, қиёс ва ғайраро ифода мекунанд.

Ибораҳои сифатӣ хусусиятҳои хос доранд. Сифат табиатан хусу­сияти тобеъшавӣ дошта, ҳамеша ба исме ва ё феъле тобеъ шуда ме­ояд. Аз ин нуқтаи назар ибораҳои сифатй ё дар дохили ибораи исми ё дар дохили ибораи феълӣ сурат мегирад: Ватани барои ятим азиз, барои тамошобин фаҳмо гуфтан. Дар ташкили ибораҳои сифатй чунин хелҳои алоқаи синтаксисй истифода мешаванд: алоқаи пешояндӣ, алоқаи пасояндӣ, алоқаи пешояндию пасояндй, алоқаи ҳамроҳй, алоқаи изофӣ, алоқаи изофию пешояндӣ, алоқаи изофию пасоянди.

Дар сурат гирифтани ибораҳои сифатӣ ба вазифаи ҷузъи тобеъ ҳиссаҳои  гуногуни  нутқ  ва  таркибҳои  ҳархела истеъмол    мешаванд.

Тартиби ҷойгирии ҷузъҳои ибораҳои сифатӣ чуиин аст: чузъи то­беъ + ҷузъи асосӣ: ҷузъи асосӣ + ҷузъи тобеъ.

Дараҷаи истеъмоли хелҳои алоқаи синтаксисии ибораҳои сифатӣ якхела нест.

Дар забони имрӯзаи тоҷик сифатҳое ҳастанд, ки аз сифати феълии забони арабӣ ба вуҷуд омадаанд. Азбаски ин сифатҳо дорои маънои амалу ҳаракатанд, бо роҳи алоқаи пешояндӣ, пасоянди, ҳамроҳӣ ва изофӣ ба осонӣ эзоҳдиҳанда гирифта, ибораҳои сифатиро ташкил мекунанд. Ба ин гурӯҳ калимаҳои амсоли маъруф, машҳур, маъмул, масъул ва ғайра мансубанд: (олими) дар республика маъруф, (шахси) ба некномй машхур. Ин ибораҳои сифатии пешоянди қолаби изофӣ низ доранд: (олими) маъруфи республика, (шахси) машҳури некномй.

Ибораҳои сифатии бо пешояндҳои аслӣ сохташаванда гуруҳи калонтарин ва серистъмолтарини ибораҳои сифатиро ташкил менамоянд.

ИБОРАҲОИ СИФАТИИ ПЕШОЯНДЙ

  • Ибораҳои сифатии бо пешоянди аз таркибан дукалимагй ва секалимагй буда, муносибатҳои  қиёсӣ,  масоҳавӣ, замонӣ,  объектӣ, сабабию  натиҷагӣ,  маҳрумият  ва  амсоли инҳоро  ифода  мекунанд. а) Ифодаи муносибати қиёсӣ: аз қанд ҳам гуворотари,  калонтар аз ҳокимии Бойсун,  аз шумо беҳтар,  (кори) аз шунидани ҳикоя заруртар, (кори) аз навиштани мақола душвортар ва м. ин.

б) Ифодаи муносибати объекти. Дар ифодаи муносибати объекти ба вазифаи ҷузъи асосӣ сифатҳои аслии навъи пур, лабрез ва муродифҳои онҳо саршор, лаболаб, моломол, пуропур истеъмол мешаванд: пур аз ашк, лаббалаб аз обро

Ин ибораҳо аз ҷиҳати маъно бо ибораҳои алоқаи изофӣ муроднф мебошанд. Чунончи, муқоиса намоед: (дили) аз шодӣ саршор (дили) саршори шодӣ,  (пиёлаи)  лабрез аз май— (пиёлаи) лабрези май ва м. ин.

в)   Ифодаи муносибати сабабу натиҷа. Дар сурат гирифтанй ибораҳои ифодакунандаи муносибати сабабу натиҷа ба сифати ҷузъи асосй сифатҳои аслй ва ҳамчун ҷузъи тобеъ исму масдар истеъмол мешаванд: девори аз тасфи офтоби рӯзона ҳанӯз гарм, хонаи аз майда будани даричааш торик

г)   Ифодаи муносибати масоҳа. Барои ташкили ибораҳое, ки ин маъноро ифода мекунанд ба вазифаи ҷузъи асосй сифатҳои дорои маҳфуми масоҳа ва ҳамчун ҷузъи тобеъ исмҳои маънои макон, ҷонишинҳои шахсй, нафсӣ, ишоратӣ истифода мешаванд: аз масҷид дур, аз миён поёни бадани худ, аз коркунони дуртар аз худаш

д)Ифодаи муносибати замон. аз қадим беунвон, аз имрӯз хубтар, аз ҳозира пештар

  • Ибораҳои бо пешоянди дар вобаста ба маънои луғавии ҷузъҳо муносибати маконӣ, замонӣ, пуркунандагӣ, маҳдудият ва ғайраро нишон дода метавонанд.

Ибораҳои ифодакунандаи муносибати маконй бнсьёр серистеъмоланд: дар дуньё аз ман хушбахттар,  дар ин қишлоқ.

Ибораҳои мазкур аз ҷиҳати маъно бо ибораҳои сифатии изофӣ муродиф шуда метавонанд. Муқоиса намоед: (одами) дар шаҳр машҳур—(одами) машҳури шаҳр, (маҳалли) дар дуньё зеботарин — ](маҳалли) зеботарини дуньё ва ғ. Шакли якум махсусан дар забоин матбуот серистеъмол аст.

Дар ибораҳои сифатии муносибати замонӣ: кӯчаи дар зимистон пурлой, ҷои дар тобистон пурхоку чанг, (бародари) дар ҳар дам мӯнис, одами дар ин вақт дилсӯз, вазъияти дар он вақтҳо ғайри-табиӣ ва м. ин.

  • Ибораҳои бо пешоянди ба аз ҷиҳати сохт гуногун буда, аз рӯи маъно муносибати маҳдудй, масоҳавӣ, замонӣ, монандӣ, дараҷагӣ ва таъинотро ифода менамоянд: ба саломатии зани ӯ, ба шавҳар бовафою меҳрубон, (ду дарбони) ба мо шинос.

Ифодаи муносибати мутобиқат. (ҷавони) ба домод  лоиқ,   (пешонии) ба ҳамин муносиб,   ба сармо тобовар.

Ифодаи муносибати таъинот. Дар ибораҳои ифодакунандаи муно­сибати таъинот ба сифати ҷузъи тобеъ бештар исмҳои амалу процесс ва ё исмҳои бо ин мафҳум алоқаманд, исми конкрет ва ҷонишинҳои шахсиву нафсӣ истифода мешаванд: (кори) ба мардум фоиданок,  (маблағи) ба май даркорӣ

Ифодаи муносибати масоҳавӣ. Дар ибораҳои ифодакунандаи му­носибати масоҳавӣ ба сифати ҷузъи тобеъ аксаран исм ва ҷонишинҳои предметй иштирок мекунанд. Ин ибораҳо серистифодаанд: ба дарьё наздик,  (деҳоти) ба он наздик.

Ифодаи муносибати замонӣ. Дар ифодаи муносибати замонии ин ибораҳо ҳамчун ҷузъи асосӣ сифатҳои навъи наздик, қариб ва ҷузъи тобеъ ному лақаби шахсҳои таърихӣ, инчунин ҷонишинҳои шахсӣ ис­тифода мешаванд, чунончи: (замонҳои) ба Рӯдакӣ наздик, (давраҳои) ба Темурмалик қариб ва ғ.

Ифодаи муносибати дараҷа. Дар ин гуруҳи ибораҳо муносибати дараҷавӣ бо тобиши объектй омехта ифода ёфтааст, масалан: (дӯстони) ба ман наздик, (одамони) ба худамон наздик, (муждаи) ба ҷон фишондан арзанда ва м. ин.

Ифодаи муносибати монандй. ( тухмҳои) ба кафлесак монанд, (духтари) ба ӯ хеле монанд,  (суханони) ба тоҷикӣ монанд,

  • Ибораҳои бо пешоянди бар. Пешоянди бар низ дар ташкили ибораҳои сифатӣ истеъмол мешавад. Ташкили ибораҳои сифатӣ бо ин пешоянд бештар хоси асарҳои манзума буда, онҳо дар бисьёр мавридҳо мазмунан ба ибораҳое, ки ба воситаи пешояндҳои ба ва дар сохта мешаванд, муродиф мебошад.

Дар онҳо ба вазифаи ҷузъи асосй сифатҳои аслй ва ба вазифаи ҷузъи тобеи исмҳои конкрет, абстракт ва ҷо0нишини нафсй истифода мегарданд. Чунончи: (ваъдаи) бар халқ маълум,  (одамони)  бар эътимоди халқ сазовор ва м. ин:

Ибораҳои бо пешоянди бо. Ибораҳои сифатии бо ин пешо­янд муносибатҳои объектиро бо тобиши муқоиса, масоҳа ва мутобиқат ифода менамоянд: (духтари) бо қадди худ баробар, (садои) бо ҳам мухолиф, (шахси) бо Далер баробар, бо мазмун мувофиқ. Ин ибораҳо дар колаби ибораҳои изофи низ ифода ме­шаванд (духтари) баробари кадди худ, (шахси) баробари Далер.

  • Ибораҳои бо пешоянди то. Ибораҳои бо пешоянди аслии то муносибатҳои замонй, маконй ва миқдорро бо тобишҳои гуногун ифода мекунанд: то охир вафодор, (муносибати) то ҳанӯз (ба ман) номаълум, то миён бараҳна, (бачагони) то ин андоза иштиёқманд, (номгӯи) то як андоза пурра, (боғи) то як дараҷа калон, (ҳодисаи) то да-раҷае маълум ва м. ин.:

Ибораҳои бо пешоянди барои. Ибораҳои бо пешоянди ба­рои бисьёр серистеъмол буда, аз ҷиҳати ифодаи муносибати синтаксисӣ гуногунанд. Ба сифати ҷузъи тобеи ин ибораҳо исмҳои шахе, исмҳои вобастаи мафҳуми амалу процесс, ҷонишинҳои шахсӣ, таъинӣ, нафсӣ, номуайянӣ ва инчунин масдар истеъмол мешаванд. Ибораҳои мазкур муносибатҳои объектро бо тобиши таъинот, мутобиқат ва маҳдудият ифода намуда, аз ҷиҳати сохт дукалимагӣ ва аз ду калима зиёд мсшаванд: барои истеҳсолоти колхоз зару-рӣ, барои худам хеле муҳим, барои зиндагии оилаи онҳо мувофиқ  

 

 

Ибораҳои сифатии бо пешояндҳои номй

 

  • Ибораҳое, ки бо пешояндҳои номӣ сурат мегиранд, гурӯҳи алоҳидаро ташкил медиҳанд. Пешояндҳои номӣ муносибати синтаксисиро равшантар ифода мекунанд.

Дар ташкили ин навъи ибораҳои сифатӣ пешояндҳои номии назди, ҳангоми, вақти, мисли, монанди ва ғ. иштирок мекунанд. Ибораҳои бо пешояндҳои вақти, ҳангоми, гоҳи, лаҳзаи бо исмҳои амалу процесс ва масдар муносибати замонро ифода мекунанд. Аз ҷиҳати тобиши маъно ибораҳои бо ин пешояндҳо суратьёфта ба ҳамдигар муродиф буда, аз рӯи сохташон дукалимагй мебошанд. Аммо доираи истифодаи ин ибораҳо бисьёр маҳдуд аст, чунончи: (дастони) вақти сила нозук, (шахси) лаҳзаи сухан ҳалим, (пешонаи) ҳангоми хондани шеър арақшор ва м. ин.

  • Ибораҳои бо пешояндҳои монанди ва мисли, ки аз ҷиҳати маъно муродифанд, муносибати монандиро ифода мекунанд. Дар онҳо ба сифати ҷузъи тобеъ исм, ҷонишинҳои шахсӣ, нафсӣ ва ҳамчун ҷузъи асосӣ сифатҳои аслӣ ба кор бурда мешаванд: монанди сарв рост, монанди худам нобино, мисли шир сафеду мисли санги суфта зебо. 
  • бораҳои бо пешоянди миёни камистифодаанд. Ҷузъи асосии ин гуруҳи ибораҳоро сифатҳои аслӣ ва ҷузъи тобеашонро исмҳои шахс ташкил медиҳанд. Ин ибораҳо асосан муносибати маҳдудиро ифода мекунанд: (одатҳои) миёни мардуми Шарқ машҳур.
  • Ибораҳои бо пешоянди баҳри, ки аз ҷиҳати вазифа ба пешоянди аслии барои муродиф аст, бо исмҳои конкретмаъно ва сифатҳои аслй муносибати объекти таъинотро ташкил медиҳанд. Ибораҳои бо пешоянди баҳри бештар хоси асарҳои манзум мебошанд: баҳри мардум.

 

ТО ИН ЧО ДУ

  • 676. Ибораҳои бо пешоянди ҳамчун ва вариантҳои он ҳамчу, чун, чу муносибати монандиро ифода карда, аз бобати сохт ду ва се-калимагй мебошанд. Ин ибораҳо бо ибораҳой пешояндҳои монанди ва мисли муродифанд: (дастони) ҳам, чун барф сафед. (дастони) мисли ва ё монанди) барф сафед.
  • 677. Ибораҳои сифатие, ки бо пешояндҳои номии таркибии изофи сохта шудаанд, дар забони адабии тоҷик кам нестанд. Дар сохтани ин навъи ибораҳои сифатӣ пешояндҳои номии таркибии ба сабаби, ба мисли, ба сони, ба андозаи, ба ҳангоми, ба сохти, ба сифати, ба таври, дар баробари, дар айни, дар зери, миёни, дар ҳаққи, аз ҷи-ҳати, аз пушти, аз айёми аз байни, то сари, то пеши, бо вуҷуди ва ғ. иштирок мекунанд.
  • 678. Ибораҳои бо пешоянди ба сабаби серистеъмол нестанд. Му­носибати синтаксисй дар ин гуна ибораҳо вобаста ба маънои луғавии ҷузъи номии пешоянд зоҳир мегардад. Ибораҳо бо ин пешоянд маъ­нои сабабро бо тобиши натиҷа ифода мекунанд. Ба вазифаи ҷузъи тобеъ аксар исми маънй, масдар ва ҳамчун ҷузъи асосй сифатҳои аслӣ истифода мешаванд. Ин ибораҳо аз рӯи сохт ду ва секалимагиандз (дарьёи) ба сабаби боришҳои имсола пуроб, (баргҳои) ба сабаби ни-шастани чанг бенур ва ғ.

Дарьёи ба сабаби боришҳои знёди имсола пуроби Душанберо та-мошо карда, завқ мебурдам («1Маориф ва маданият»). Борон баргҳои ба сабаби нишастани чанг мисли рӯи пирон бенурро тару тоза кард (Шолохов). Ранги рӯи ба сабаби камхунй сап-сафеди ӯро дида, май аввал гумон кардам, ки у аз чизе тарсида бошад («Комсомоли Тоҷикистон»).

Ибораҳои бо ин пешоянд аз ҷиҳати маъно бо ибораҳои пешоян­ди номии аз сабаби муродифанд:

  • 679. Ибораҳои бо пешоянди ба таври муносибати муайянкунан-дагиро бо тобиши маънои дараҷа ифода мекунанд. Ба сифати ҷузъи тобеи ин ибораҳо калимаҳои кофӣ, кифоякунанда, лозим ва амсоли инҳо, ба вазифаи ҷузъи асосиашон сифатҳои аслй истеъмол мешаванд! (мураббияҳои) ба таври кофй маълумотнок, (материали) ба таври ко-фй лозим, (нависандаи) ба таври кифоякунанда таҷрибадор ва м. ин.

Дар ин яслиҳо мураббияҳои таҷрибадор ва ба таври кофй маълу­мотнок кор мекунанд («Занони Тоҷикистон»). Ман Шарифҷонро нави­сандаи ба таври кифоякунанда таҷрибадор гумон карда будам («Ком­сомоли Тоҷикистон»)… ғун кардани материалҳои ба таври кофй лозим-ро бори дигар таъкид намуд («Маориф ва маданият»).

  • 680. Ибораҳои бо пешояндҳои ба дараҷаи ва ба қадри муноси­бати дараҷавию муқоисавиро ифода мекунанд ва дар онҳо ба сифати ҷузъи асосй сифатҳои аслй ва ба вазифаи ҷузъи тобеъ нем истифода мешавад: (одамони) ба дараҷаи ҳайратовар содда, (ҷавоби) ба қадри имкон муфассал ва м. ин.;

Мутаассуф, одамони ба Дараҷаи ҳайратовар содда ҳам ҳастанд, ба доми онхо меафтанд (Деҳотй). Аҳмадбек ба қадри имкон муфассал ҷавоб дод (Муҳаммадиев).

  • 681. Ибораҳои бо пешоянди ба андозаи вобаста ба маънои луғавии ҷузъи асосй аксар муносибати масофавиро ифода менамоянд. Дар ин ибораҳо ҳамчун ҷузъи асосй сифатҳои ба маънои масофа ва чун ҷузъи тобеъ бештар исмҳои ифодакунандаи мафҳумд ченаку андоза истифода мешаванд: (риши) ба андозаи чорьяки қадаш дароз, (либоси) ба андозаи қомати шумо мувофиқ ва ғ.:

Вай марди кадпасти ниҳоят фарбеҳу ғафс буду як қабза риши ба андозаи чорьяки қадаш дарози хурморанг, чашмони мешй, рӯи са-феди аз фарбеҳӣ монанди ду кулчаи серхамиртурш варамнда… дошт (Рахим Ҷалил) Либоси ба андозаи қомататон мувофиқро ҳар вақт аз магазинхои шаҳри Душанбе ёфта метавонсд  («Хорпуштак»).

  • 682. Ибораҳои бо пешоянди ба тарафи муносибати суйро ифода мекунанд. Дар ин ибораҳо ҷузъи асосӣ сифатҳои аслии аломати зоҳи-рӣ ва ҷузъи тобеъ калимаҳои навъи чап, рост, пеш, қафо, боло мебр-шанд. Ин ибораҳо аз ҷиҳати сохт дукалимагй мешаванд: (бинии) ба тарафи чап каҷ, (сари) ба тарафи рост хам ва м. ин.:

Мураббия… абрувони борик, чашмони осмониранги хандон, бинии андаке ба тарафи чап каҷ ва лабони тунук дошт (Раҳим Ҷалил). Ко­мати андаке ба тарафи рост хами ӯро ҳамроҳаш ҳис мекарду бас («Хорпуштак»).

  • 683. Ибораҳои бо пешояндҳои ба мисли (ба мисоли), ба монан­ди, ба сони, ки аз ҷиҳати маъно муродифанд, муносибати монандиро ифода мекуианд ва аз рӯи сохт ду ва секалимагй мешаванд. Ин ибо* раҳо аз бобати хосияти услубй ва аз бобати доираи истеъмол фарқ мекунанд. Пешоянди ба сони хосняти китоби дорад ва бештар дар назм ба кор бурда мешавад: (рӯи) ба мисли (ба мисоли) гул тару то-за, (либоси) ба монанди шир сафед, (куртаи) ба сони барги гул нафис ва м. ин.

Суханони «насиҳатомези» ба мисли тарошаи аз бом афтода сахти Муҳиддин қаҳри Ғаниро овард (Наҷмиддинов). Ман Ҳалимаро дар долон дидам. Дар дасташ як варақ коғази ба монанди шир сафед ме-истод (Наҷмиддинов).

  • 684. Ибораҳои бо пешояндҳои ба замони.ба давраи муносиба­ти замониро ифода менамоянд. Муносибати маъноии ин ибораҳо бо тавассути тобиши луғавии ҷузъи номии пешоянд (калимаҳои замон ва давра) зоҳир мешавад. Ба вазифаи ҷузъи асосй сифатҳои аслй ва чузъи тобеъ исмҳои номи даврахои синну сол, ҷонишинҳои шахсй ва нафсй истифода мешаванд. Ин ибораҳо аз ҷиҳати сохт дукалима-гианд: (ҳодисаҳои) ба давраи кӯдакй алоқаманд, (ҳодисаҳои) ба за­мени бачагӣ тааллукдор ва м. ин.

Ҳодисаҳои ба давраи кӯдакй алоқаманд фаромӯш намешаванд («Тоҷикистони советй»). Ҳозир ман ба Шумо яке аз воқеаҳои ба за­мени бачагиаш тааллуқдорро нақл мекунам («Маориф ва маданият»)”.

  • 685. Ибораҳои бо пешояидҳои бар хилофи ва бар акси доираи истеъмоли васеъ дошта, муносибати хилофиро ифода мекунанд ва аз ҷихати сохт дукалимагй ва аз он зиёд мешаванд. Дар ин ибораҳо ба сифати ҷузъи тобеъ бештар исмҳои шахе ва ба вазифаи ҷузъи асосй сифатҳои аслй истеъмол мешаванд: (пирамарди) бар акси Қодир пастак, (заии) бар хилофи шавҳараш пурра, (духтари) бар акси мода-раш хурдҷусса ва м. ин.

…мирзои маҳкама пирамарди тамоман бар акси Петухов пастаке буд… (Раҳим Ҷалил). Дари хонаро духтари тақрибан понздаҳсолаи бар хилофи тамоми хонавода борикрӯй кушод  (Раҳим Ҷалил).

Ибораҳои бо пешоянди бо вуҷуди муродифи ибораҳои бо пешоян­ди «бар хилофи» буда, низ муносибати хилофиро ифода мекунанд. Ба вазифаи ҷузъи асосй сифатҳои аслие, ки чигунагиро ифода мекунанд ва ҳамчун ҷузъи тобеъ исмҳои навъи калонсолй, солхӯрдагӣ, ҷавонӣ ва ғайра истифода мешаванд: (ришу бурути) бо вучуди пиронсолй ғул, (генерали) бо вучуди солхӯрдагиаш хушқаду қомат, (зани) бо вуҷуди калонсолй хушрӯ ва м. ин.

Пирамард пешонаи фарох, рухсори кушод, ришу бурути на он қадар дароз, вале бо вуҷуди пиронсолй гули дошт  (Раҳим Ҷалил). Ба истиқболи ҷавон зани бо вуҷуди калонсолӣ ҷавонона хушрӯю нозукан-доме… равона шуд («Садои Шарқ»).

  • 686. Ибораҳои бо пешоянди то сари камистеъмол буда, муноси­бати масофавиро бо тобиши ченаку андоза мефаҳмонанд. Ҷузъи асо-сии ин ибораҳо сифатҳои аслӣ ва ҷузъи тобеашон исмҳои конкрети ко­ми узви бадан мебошад: (гиребони) то сари сина чок, (пои то сари зо­ну луч ва м. ин.:

Он зани миёнсоле бо мӯи парешон, чашмони аз гирья варамида, чехраи заъфарон ва гиребони то сари сина чок хокистару хиштҳои ши-кастаро бо дасташ тит карда, чӯбҳои нимсӯхтаро ба ҳар тараф тела медод (Бобо Насриддинов).

  • 687. РТбораҳои бо пешоянди дар вақти, дар замени, дар шарои-ти муносибати замонро ифода мекунанд. Дар ин ибораҳо ба вазифаи ҷузъи асосй сифатҳои аслй ва ҷузъи тобеъ исмҳои амал, замон, ҷони-шини предмети истифода мешаванд. Ибораҳои бо пешоянди «дар ша-роити» дар баробари муносибати замони тобиши ҳолату вазъиятро низ ифода менамояд. Ин ибораҳо аз ҷиҳати сохт ду ва секалимаги мебо-шанд: (лаҳзаҳои) дар шароити ҷанг душвор, (натиҷаи) дар шароити ху-даш хуб, (рӯи ҷаҳони) дар замони худаш маълум, (оби дидаи) дар вақти зарурат равон ва ғ,:

Дар ин гуна лаҳзаҳои дар шароити ҷанг душвор, ки ба сари ҷан-говарони советй кам рӯй намедоданд, тараннуми сурудҳои форами халқӣ ба ӯ руҳ мебахшиданд (Раҳим Ҷалил). Саъдӣ бештарини рӯи ҷаҳони дар замони худаш маълумро дидааст (Айнӣ).

Ибораҳои бо пешоянди дар айни низ муносибати замонро ифода мекунанд: (зани) дар айни замон бебок, (шахси) дар айни ҳол хоксор (хобхои) дар айни вақт ҳаловатбахш ва ғ…

Фотимаро хоб бурд. Ин яке аз ҳавлангезтарин, дар айни вақт ҳа-ловатбахшу гуворотарин хобҳое буд, ки ӯ дар умри худ дидааст (Муҳаммадиев). Иштирокчиёни шӯриш… он зани қадбаланд, модари меҳ-рубон, раҳмдил, дар айни замон бебоки диловарро дар пеши назар доранд (Раҳим Ҷалил).

  • 688. Ибораҳои бо пешояндҳои дар назди, дар пеши вобаста ба маънои луғавии ҷузъҳо муносибати макониро бо тобиши маънои ма-соҳа ва объект ифода мекунанд, аз ҷиҳати сохт дукалимагианд: (ама-ки) дар назди сардор обруманд, (ходими илмии) дар назди ҳамкорон эътиборнок ва м. ин.:

Айби май хамин, ки Шодимуҳаммад барин амаки дар назди сар­дор обруманд надорам (Ҳаким Карим). Хизматҳои дар назди мардум равшани ӯро хеҷ кас фаромӯш намекунад (Рахим Ҷалил).

  • 689. Ибораҳои бо пешояндҳои дар байни, дар мобайни, дар миё-ни вобаста ба маънои луғавии пешоянд ва қисман ҷузъҳо муносибати объектиро бо тобиши маънои масоха ифода мекунанд. Ба сифати ҷузъи тобеъ исмҳои номи шахе ва ҷонишинҳои шахси ва ба вазифаи ҷузъи асосй сифатхои аслй истеъмол мешаванд. Ибораҳои мазкур аз ҷиҳати сохт дукалимагй мешаванд: (таронаи) дар мобайни дугонаҳо машҳур, (шоирони) дар байни халқ маъруф, (ишорати) дар миёни мо маълум ва ѓ.:

Таърихи латифахо нишои медиҳад, ки аксари’онхо дар хаққн ода-мони донишманд ва ё шоирони дар байни халқ машҳур гуфта шуда-анд. (Аъзам Сидқй). Ин ишорати дар миёни мо маълум буд, ки ман дар он вақт бо ин ишорат, гӯё кори мо бо роҳи худ рост рафта истода-аст, гуфтам (Айнй).

  • 690. Иборахои бо пешоянди дар рӯи муносибати масоҳавиро ифода мекунанд. Ба вазифаи ҷузъи асосии ин ибораҳо сифатх,ои аслй ва ба вазифаи чузъи тобеашон исмхои номи ҷою макон истифода меша­ванд. Аз ҷиҳати сохт ин ибораҳо дукалимагй мешаванд: (каси) дар рӯи замин меҳрубоптарин, (ошиқи) содиқтарин дар рӯи олам ва м. ин.:

Гумон мекард, ки дар руи олам саодатноктар з-ӯ нест одам  (Турсунзода). Каси меҳрубонтарин Дар рӯи замин модар аст  (Маориф ва маданият»).

  • 691. Ибораҳои бо пешояндҳои дар ҳаққи, дар хусуси ва дар бо-раи муносибати объектиро ифода мекунанд. Ҷузъҳои ин_ибораҳо аз бобати луғавй маҳдуданд, онҳо аз ҷиҳати сохт дукалимагӣ мебошанд: (одамони) дар ҳаққи мардум золим, (шахси) дар хусуси одамон бепар­во;

Ман аз муллоён нафрат кардам ва бештарини онҳоро одамони разил, худписанд, мунофиқ, дар ҳаққи мардум золим ва бераҳм ме-донам (Айни). Одамони дар хусуси ҷамъият бепарво ҷазо мегиранд («Тоҷикистони советӣ»).

  • 692. Ибораҳои бо пешоянди дар зери муносибати макон ва са-бабу натиҷаро ифода менамоянд. Аммо доираи истифодаи ин ибораҳо маҳдуд мебошад. Ба вазифаи чузъи асоси сифатҳои аслие, ки аз сифа-ти феълй баромадаанд ва ҷузъи тобеъ исмҳои амалу процесси навъи меҳнат, хизмат, кор ва исмҳои бо мафҳуми амалу процесс алоқаманд истифода мешаванд. Ин ибораҳо аз рӯи сохт ду ва ё секалимагианд: (либоси) дар зери хизмат дарида, (шабнами) дар зери партави офтоб дурахшон, (дастони) дар зери остин ниҳон, (рангуборҳои) дар зери по паҳну napemoH ва ғ.

Рассом ба сӯи эҷодиёти писар ва рангуборҳои дар зери по паҳну парешон нигоҳе кард (Раҳим Ҷалил). Ӯраз-ота дастони дар зери остинҳои дарози чакман ниҳони худро ба китфонам гузошт  (Ниёзи)”.

  • 693. Ибораҳои бо пешоянди аз даври, аз овони, аз замони му­носибати замониро мефаҳмонанд. Дар ин гуна ибораҳо ҳамчун ҷузъи асо­си сифатҳои аслӣ ва ҷузъи тобеъ исмҳои ба маънои давраи синну сол ва ба мафҳуми замон алоқаманд истифода мешаванд. Ин ибора-ҳо аз ҷиҳати сохт дукалимагианд: (замини) аз даври қадим обшор, (пайраҳаи) аз овони кӯдакӣ шинос, (деҳаи) аз айёми бачагӣ ошно, (манзараи) аз айёми кӯдакӣ шинос ва м. ин.

Ин пайраҳа-пайраҳаи аз овони кӯдакӣ бароям азизу шинос аст («Қомсомоли Тоҷикистон»). Дидам аз даври қадими обшор — Дар бағалу домани кӯҳи Ҳисор… (Турсунзода).

  • 694. Ибораҳои бо пешоянди аз рӯи, аз даруни, аз байни, аз па­си, аз пушти муносибати макониро мефаҳмонанд. Дар ин ибораҳо ба сифати ҷузъи асосӣ сифатҳои аслӣ ва ба сифати ҷузъи тобеъ исмҳои макон истифода мешаванд: (девори) аз рӯи замин баланд, (ҷои) аз Даруни хона беҳтар, (роҳи) аз байни хорзор намоён, (деҳаи) аз пушти теппа нонамоён, (канори) аз паси кӯҳ намоён ва ғ.:

…дар ин ҳолат машрут аз рӯи замин якуним ваҷаб баланд .дар байни ҳавою. замин муаллак меистад (Ирфон) Ҳоло барои онҳо аз даруни хона беҳтар ҷое набуд (Икромӣ). Як канори аз пушти қирраи кӯҳ намоёни моҳ оҳиста-оҳиста пасттар мефаромад   («Садои Шарқ»).

  • 695. Ибораҳои бо пешоянди аз дараҷаи муносибати андозаю да-раҷаро мефахмонанд. Дар ин ибораҳо сифатҳои аслӣ ба вазифаи ҷузъи асосӣ ва исмҳои маънӣ ҳамчун ҷузъи тобеъ истеъмол мешаванд. Ин ибораҳо аз ҷиҳати сохт дукалпмагӣ мебошанд: (дониши) аз дараҷаи даркорӣ васеъ ва ғ.:

…об дар рафти худ онро аз дараҷаи даркориаш чуқуртар кофта, ба зер меафтод (АЛня). Бисьёр ҷавонони ҳозира дониши аз дараҷаи лозимӣ фарох доранд («Комсомоли Тоҷикистон»).

  • 696. Ибораҳои бо пешоянди аз ҷиҳати ва аз ваҷҳи вобаста ба маънои луғавии ҷузъҳо муносибати объектвро бо тобиши маҳдудият ва масоҳа ифода менамоянд: (музофоти) аз ҷиҳати территория ба Самарканд наздиқ, (гӯшаи) аз ҷиҳати ободонӣ дур, (духтари) аз ваҷ-ҳи ҳусн беҳамто, (шахси) аз ваҷҳи дониш якто ва ғ.:

Бисьёр вилоят ва музофоти аз ҷиҳати ҷуғрофия ба Самарканд наздик дар таҳти таъсири ҳаёти мадании ин шаҳр буданд («Садои Шарқ»). Дар назди партияи мо аз ин пеш дар соҳаи идеология ҳеҷ гоҳ ин тавр вазифаҳои аз ҷиҳати анДозаашон калон ва аз ҷиҳати маз-мунашон чуқур наистода буд… («Тоҷикистони советӣ»)…. Тиллохон-ойим зӯр мезад, ки духтарашро аз ваҷҳи ҳусну ҷамол ва ҳусни ахлоқ дурдонаи якто ва арӯси беҳамто карда нишон диҳад (Улуғзода).

  • 697. Ибораҳои бо пешояндҳои нисбат ба, назар ба аз ҷиҳати маъно муродиф буда, муносибати объектиро ифода карда, аз рӯи сохт дукалимагӣ ва секалимагй мешаванд: (шахси) нисбат ба рафикон гам-хор, (одами) назар ба сардор пуртакигуй ва м. ин.:

Абдувоҳид… худро ҳамчун одами .мехнатдуст, нисбат ба дигарон ғамхор нишон дод (Воситзода). У бо дпли назар ба душмани ғаддор бераҳм ҳамла мекард (Толис).

  • 698. Ибораҳои бо пешояндҳои баъд аз, пас аз сернстеъмол нес-танд; муносибати замониро бо тобиши муқоиса ифода мекунанд. Дар ин ибораҳо ба вазифаи ҷузъи асосй сифатҳои аслии аломату хусусият ва ҳамчун чузъи тобеъ баъзе исмҳои номи ҳодиса, амалу процесс, шахе, замон, истифода мешаванд. Ин ибораҳо аз ҷиҳати сохт ду ва секали-магианд; (деҳаи) баъд аз ҷанг хароб, (шаҳри) баъд аз Тошкент ка­лон, (днёри) пас аз инқилоб обод ва ғ.

Хилофати араб дар замони худ баъд аз Хитой бузургтарин дав-лати ҷаҳон ҳисоб мешуд (Абдулғанй Мирзоев). Кировободи имрӯза пас аз Боку аз ободтарин шаҳрҳои Озарбойҷон мсбошад (Раҳим Ҳо-шим).

  • 699. Ибораҳои бо пешояндҳои пеш аз ва қабл аз муносибати 8амониро нишон медиҳанд. Дар онҳо доираи истифодаи ҷузъи асосй нисбатан васеъ аст, аммо чузъи тобеъ гурӯҳи муайяни семантикии калимаҳоро дар бар мегирад (бештар исмҳои амалу процесс/). Ин ибо-раҳо замони аломат ва ё чигунагиеро мефаҳмонанд, ки пеш аз амали дигар зоҳир шудааст, чунончи: (бачаи) пеш аз ҷанг назарногир, (чои)’ Кабл аз революция нообод ва м. ин. Ибораи сифатии бо пешояпди қабл аз хоси забони китобй буда, доираи танги истеъмол дорад:

Шумо бояд ӯро шиносед; як бачаи пеш аз ҷаиг назарногир буд (Ниёзй). Дар сарзамии деҳоти қабл аз революция нообод зиёд буд (Раҳим Ҷалил).

  • 700. Ибораҳои бо пасоянди барин муносибати монандиро ифода мекунанд. Дар онҳо ба вазифаи чузъи асосй бештар сифатҳои аслй ва ба сифати чузъи тобеъ исм, чонишин ва масдар истифода мешавад. Нем нисбат ба чонишин ва масдар серистеъмол мебошад: (оби) шиша барин каб-кабуд, (шахси) худаш барин ӯҳдабаро, (машғулияти) раем кашидан барин мушкил ва м. ин:

Нисфи рӯз офтоб ниҳоят дар тафс, чӯйборхо шилдир-шилдир ши­ша барин кабкабуд оби соф равон буд (Ниёзй). Шодй панчаи шох-чаи марҷон барин сурх ва нозуки худро пеш бурда, мӯйҳои бузичаро мекашид (Айнй).

ИБОРАҲОИ СИФАТИИ ПЕШОЯНДИВУ ПАСОЯНДИ

  • 701 _Дар забони адабии ҳозираи тоҷик барои сурат гирифтани ибо­раи сифати дар як вакт ду воситаи грамматики (пешоянд ва пасоянд) иш-тирок карда метавонад. Аммо доираи истифодаи пешоянду пасоянд дар сурат гирифтани ибораҳои сифати маҳдуд аст. Аз онҳо танҳо пе­шояпди аслии аз бо пасоянди дида ба сифати воситаи синтаксисй мав-қеи муайян доранд. Дараҷаи зичии алоқаи пешоянду пасоянд дар ко-лаби ибораҳои сифатии хели аз… дида якранг зоҳир намешаванд. Па­соянди дида алоқаи чандон устувор надораД. Аз ин сабаб алоқаи син-таксисии байни ҷузъҳои ибора асосан ба зиммаи пешоянди аз меафтад, муқоиса намоед; аз ман дида калонтар аз ман калонтар. Ибораҳои си-фатие, ки ба воситаи колаби аз… дида сурат гирифтаанд, аз рӯи сохт ва маъно чандон гуногун нестанд. Онҳо асосан муносибати муқоисаро ифода карда, аз рӯи сохт ду калимаги ва секалимагй мешаванд;

Ба гӯши вай овози думбра ва суруди Нозир аз ҳарвақта дида фо­рам мерасид… (Ниёзй). Вай мегуфт, кп дар ин гирду пеш аз ман дида хушруй касе нест (Алихуш).

ИБОРАҲОИ СИФАТИИ ИЗОФИЮ ПЕШОЯНДЙ

  • 702. Ин навъи ибораҳои сифатй он қадар серистеъмол нест. Дар он-Ҳ0 ҳамчун ҷузъи асосй сифатй аслй ва ба вазифаи ҷузъи тобеъ исм исти­фода мешавад. Ибораҳои мазкур муносибати монандиро ифода меку-нанд ва аз бобати сохт дукалимагианд: оби (хунуки мисли яхоб), хирм’ани (бузурги чун кӯҳ, дарахти беҳтарини рӯи дуньё)  ва м. ин:

Дар ин Ҷ0 дар оби хунуки мисли яхоб ду харбуза… гузошта ту­да буд (Деҳотй). Обҳои зулоли чун симоб аз фароз омада ба печутоб (Боқӣ Раҳимзода).

ИБОРАҲОИ СИФАТИИ ИЗОФИЮ ПАСОЯНДЙ

  • 703 Ин хели ибораҳо муносибати қиёсиро ифода мекунанд. Онҳо аз ҷиҳати cqxx дукалимагй ва секалимагианд: мӯҳри калони пиёла ба­рин, баргҳой (забони гунҷишк барин майда) ва м. ин. Яке аз хусусият-ҲОИ ин ибораҳои сифатй дар он аст, ки дар онҳо ҷои ҷузъҳо устувор бу-да, чузъи асосй ҳамеша пеш аз ҷузъи тобеъ меистад:

Дар поёни он коғаз як мӯҳри калони Даҳони пиёла барин пахш карда шуда буд (Айнй). Аз поёни суфаи баланди меҳмонхоиаи Тош-танабой оби сафеди шир барин шарросзанон мерафт  (Алихуш).

ИБОРАҲОИ СИФАТИИ АЛОҚАИ ҲАМРОҲЙ

  • 704 Дар сурат гирифтани ибораҳои сифатии алоқаи ҳамроҳй асо­сан исм ва зарф ҳамчун ҷузъи тобеъ истифода мешаванд. Ибораҳои бо зарф муносибатҳои зерини синтаксисиро ифода мекунанд:
  1. Муносибати замон. Ибораҳои сифатие, ки муносибати замени доранд, нисбатан серистеъмоланд ва аз ҷиҳати сохт дукалимагй ва се­ калимагй мешаванд: (дарахтони) ҳанӯз сабз, (ҳавзи) доимо аз об пур ва ѓ.:

Шоимов нигоҳашро ба мавҷҳои шӯхи наҳр, дарахтони ҳанӯз сабзи он сӯи дара равона мекунад (Муҳаммаднев). Чашмони ҳоло ҳам пур-нури пирамард аз таҳти абрувони сап-сафеди гафсаш медиданд… (Толис).

  1. Муносибати миқдорй. Дар ибораҳои ифодакунандаи муносиба­ ти миқдорй роли «тйшкил»-и маъно асосан ба зиммаи чузъи асосй меафтад, ки ба ин вазифа гурӯҳи алоҳидаи сифатҳои аслй ва нисбй иштирок мекунанд. Аз сифатҳо бештар сифатҳои ифодакунандаи маънои масоҳат ва замон ба кор бурда мешаванд: (сангчаи) бисьёр хурд, (ка­
    ди) андаке баланд, (масофаи) хеле дур, (кусай) тамом бемӯй ва м. ин.:

Дар ин ясно сангчаи бисьёр хурде аз ҳаво омада, ба сари си­наи Едгор расид (Айнй). Аз беруни қалъа, аз масофаи хеле дур як «уллосн» шағолворе ба гӯш расида, шунавандаро ба шубҳа меандохт (Айнй).

  1. Муносибати дараҷа. Муносибати дараҷавй одатан аз тобиши маънои луғавии ҷузъи асосй зоҳир мешавад. Ба вазифаи ҷузъи асосии ибораҳои мазкур танҳо сифатҳои аслй истифода мешаванд: (шахси) бисьёр озода, (образи) беҳад азиз, (зани) бениҳоят раҳмдил ва м. ин.:

Ӯ либосҲои на қиматбаҳо, валекин бисьёр озода мепӯшид (Айнӣ)’. Дар пеши назари мо образи беҳад азизи Ленини ҷавон таҷассум ме-ёфт (Улуғзода). Директори универмаг… марди хеле сулҳҷӯй буд (Ба-ҳорӣ).

  1. Муносибати маконй. Доираи истифодаи ин ибораҳо маҳдуд аст. Ба вазифаи ҷузъи асосӣ сифатҳои ҳам аслӣ ва ҳам нисбӣ ба кор бур­да мешавад: (мӯйҳои) ҷо-ҷо сафед, (доғҳои) хол-хол сиёҳ, (дандонҳои) ҷо-ҷо тиллогин ва ғ.:

Ин қаландар дар тан жандаи нав дошта, қариб панҷоҳсола ме-намуд ва дар ришаш торҳои ҷо-ҷо сафед пайдо шуда буд (Айнӣ). Аз дур киштзорҳои ҷо-ҷо сабз ба назар менамуд (Баҳорӣ).

  1. Муносибати монандӣ. Ин хели ибораҳои сифатӣ серистеъмоланд.
    Ҳамчун ҷузъи асосй сифатҳои аслӣ ва ҳамчун ҷузъи тобеъ зарфҳои
    соддаи бо суффиксҳои -вор, -сон, -осо, -она сохташуда истифода мешаванд. Дар ин ибораҳо чигунагй ва аломати ҷузъи асосӣ бо ҷузъи тобеъ ба тариқи қиёс шарҳу эзоҳ меёбад: (иродаи) оҳанвор сахт, (дасти) садафосо сафед, (рӯи) лоласон сурх ва м. ин.:

«Ана Хорӯғ!» гуфт яке аз ҳамроҳои нуқтаи арзанвор хурдакакеро нишон дода (Деҳотӣ). Дар сатҳ асбоби худгарди пармакунй санги фӯ-лодосо сахтро сӯрох менамояд (Баҳорӣ).

  1. Ибораҳои сифатии алоқаи ҳамроҳие, ки ҷузъи тобеашон исм
    аст, аз рӯи истеъмол ва аз бобати ифодаи тобиши муносибати синтак-
    сисӣ нисбат ба ибораҳои ҳамноме, ки ҷузъи тобеашон зарф аст, кам-
    тар истеъмол мешаванд. Онҳо муносибати замониро бо тобиши ному-
    айянй ифода мекунанд: Ба ибора тобиши номуайяниро суффикси
    ҷамъбандии-«ҳо» ва калид1аи «як», ки бо ҷузъи тобеъ омадаанд, илова
    мекунанд: (замини)  асрҳо лабташна, (ҷои) як вақт хароба ва ғайра:

Ман ба кори рӯзе яксоатӣ даромадам (Afrnfi). …дарьёи Сир ба за-минҳои асрҳо лабташна ҷорӣ шуд (Раҳим Ҷалил). …меҳнати онҳо қишлоқи як вақтҳо хароб ва ноободро гул кунонидааст (Икромӣ).

add

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.