Ибораҳои Шумораги

ИБОРАҲОИ ШУМОРАГӢ

  • 706. Ҷузъҳои ибораҳои шуморагй байни ҳамдигар бо изофат, алоқаи ҳамроҳи ва ба воситаи пешоянд пайваст мешаванд. Аз байни ин қолиб қолиби ибораҳои шуморагии изофӣ серистеъмол аст. Дар ин қабил ибораҳо шумораҳои аслй, тахминй, касрӣ ва тартибй ба вазифаи чузъи асосйи ибора меоянд, аммо дарачаи истифодаи онҳо як хел нест. Масалан, доираи алоқаи ҳамроҳӣ нисбат ба алоқаи изофӣ ва пешояпдӣ маҳдуд аст, чунки дар нбораҳои шуморагии пешояндӣ аксар пешоян-ди аз, дар ва бар истифода мешавад. Ба вазифаи ҷузъи асосии ин гурӯҳи ибораҳо шумораҳои аслӣ, тахминй ва тартибӣ меоянд. Чузъи то-беи ИИ ибораҳо аз шумораҳои аслӣ, исм ва ҷонишин ифода меёбад.

Шумора дар мавриди истнфода шудан ба вазифаи ҷузъи асосӣ баъзан хусусняти предметӣ пайдо мекунад. Дидам, кн дуи дигар ҳам тир хӯрданд (Раҳим Ҷалил). Агар даҳьяки ҳамин гапҳоро ман мегуф-там, намедонам ин мардак бо ман чиҳо мекард (Ниёзй). Яке аз ду «қории» пир, ба гумони ин ки Ҳасан масту ба гӯши ӯ сухане намеда-рояд, мегӯяд (Раҳим Ҷалил).

ИБОРАҲОИ ШУМОРАГИИ ИЗОФИ

  • 707. Ибораҳои шуморагии изофи вобаста ба мансубияти морфо­логии ҷузъи тобеъ ба чунин хелҳо тақсим мешаванд.

Шумораи аслию исм. Ба вазифаи ҷузъи тобеи ин ибораҳо исмҳои ҷондор оянд, ибора муносибати ҷудоиро фаҳмонида, аз гурӯҳи пред-метҳо миқдори муайянеро ҷудо карда нишон медиҳад. Ҷузъи асосӣ— шумораи аслй бештар нумеративи-то (-та) мегирад. Агар ҷузъи тобеъ исми шахе бошад (ба ғайр аз исми ҷомеъ), дар ду шакл: ҳам танҳо ва ҳам ҷамъ меояд. Дар сурати исми ғайришахс будани он суффикси ҷамъбандӣ намегирад. Муносибати ҷудоӣ бо нумератив равшантар ифо­да меёбад:

Бинобари ин чор нафари дастаро, ки ҳамагӣ ҳафт.нафар буд, ба­рси дидбони фиристода, се нафари боқимонда ба кор даромада тах-минан 20 нафар одамро ба даст дароварда буданд (Айнй). Дутой бо-қимондааш эҳтимол кӯҳна бошад, ки дар рӯяш занг барин як чизи ти­ра ҳаст (Раҳим Ҷалил}.

Агар чузъи тобеъ исми замой бошад, ибора тобиши замонй пай­до мекунад: Вақт аз дуи шаб гузашта буд (Ниёзй). Соат такрибан дуи шаб  (Амонов). Вақт аз шаши бегоҳӣ гузашта буд (Ниёзй).

Шумора бо ҷонишини ҳар таркибро ташкил намуда ба вазифаи чузъи асосии ибора ояд, ибора микдори кулли предметро мефаҳмонад:

Қорӣ-ишкамба аз дидани ин ҳол хурсанд шуда ва дар дили худ орзу кард: Худо мекард, ки ҳар сей ин тобутҳоро ба як гуристон ме-бурданд, якбора ба се ертиш соҳиб мешудам (Айнй). Аҳмади Дониш ҳар сей ин аркони давлатро хуб медонист…  (Ҳодизода).

Ибораҳои шумораи аслй бо сифат

  • 708. Дар ин ибораҳо асосан сифатҳои нишондиҳандаи ҳаҷм ва замон истифода шуда, муносибати муайянкунандагиро, ки дорой тоби­ши муқоисавист, мефаҳмонанд:

…аз даруни он боз се-чор «ҷоду» баромад, ки айнй мисли дутаи аввалааш латтапечу риштапеч буд (Деҳотӣ).

Дар чанд ҳазорсолаҳо ин

Панҷоҳи бузурги мо нагунҷад

Панҷоҳи навини октябри

Айёми чаҳон гирифтанаш…

Ҷонам, Ватанам, муборакат бод

Ин машъали човидонии ту —

Панҷоҳи бузурги баркамоли,

Ин тантанаи ҷавонии ту («С адои Шарқ»).

 

Ибораҳои шумораи аслӣ бо ҷонишин

  • 709. Ибораи шумораи аслӣ бо ҷонишин. Дар ин қолиб бо шумо-раҳои аслй (ҳамчум ҷузъи асосии ибора) ҷузъи тобеъ ҷонишинҳои шах-сӣ, ишорати ва таъинӣ ;истеъмол меёбанд. Дар ибораҳое, ки ҷузъи асо-сиашон миқдори шахсро нишон диҳад, ҷузъи тобеъ бо ҷонишинҳои шах-си якум, дуюм ва сеюми ҷамъ ифода мегардад. Иы ибораҳо муносиба-ти ҷудоӣ, соҳибӣ ва таъиниро мефаҳмонанд:

Дар дасти ман ду дона тир мондааст, ки барои дуи шумо басанда аст (АйнЁ). Маълум шуд, ки янгаам дуи моро ба тақдир ҳавола кар­да, худаш бо бачагонаш ба хонаи дигар кӯчпда рафтааст (Улуғзода). Яки онҳо дасти дигареро дошта, ба милтиқи худ такья мекард (Ниё-зӣ). Як худи ман ба сеи вайҳо чн гуна баробар омада метавопам (Ази-зӣ).

Агар ҷузъи асосй нумератпв гирад, маънои ҷудони ибора барҷас-татар зоҳир мешавад:

Бо як қошуқ садтои мо муросо карда хурок мехурем («Мужда»). Дар ин вақт се кас аз даруни ҳавлӣ дартоз баромад, аммо ду нафари онҳо бо се тире, ки аз пеши дарвоза ба якборагй андохта шуданд, ғал-тиданд (Айнӣ|.

Ба вазифаи ҷузъи тобеъ ҷоиишинҳои шахси якум ва дуюми танҳо оянд, ибора муносибати соҳибиятро мефаҳмонад:

Онҳо ҳам ҳар кас мувофиқи ҳоли худ бо «даҳи ману даҳи ту» ё «панҷоҳи ману панҷоҳи ту» ё ин ки» «сади ману сади ту» бологарав гузоштанд (Айнй). Халифа ба он бача гуфт;—Чандн ману чанди ту?— Бисти ману бисти ту—гуфт ӯ (Айнй).

Ибораҳое, ки аз шумораю ҷонишинҳои шахсй ташкил ёфтаанд, ка­риб тафсил намеёбанд. Ҷузъи асосй бо ҷонишинп ҳар якҷоя ояд (ҳар сеи шумо), ибора миқдори кулли предметро нншоп медиҳанд. Ибораи аз шумораи аслн ва ҷонишинҳои ишорати ташкильёфта муносибати маҳдудиро .мефаҳмонадз

Ҳабиба бо духтари хатиб, ки Қутбия ном дошт, ҳамқад буда ҳар дун ОНҲО калонсолтарини духтарони он мактаб буданд (Айнй). Аммо ин 40 ҳазорон тоннаи он ҷамъ шудааст (Муҳаммадпев). …ҳар Дуи ни ҳам ба миқдори ҳосил, ҳам ба сифати он зарар мерасонад (Айнй). Ба дорулмуалллмин чаҳор духтар, аввалин духтарон—толибагони тоҷик. яке аз Луч;анд, сеи дигар аз Туе барои хондан омаданд (Улуғзода). Ба ҳисоби миёна агар занам сй-чил бӯса карда бошад, бӯсап модарам ги-рифтаро натарсида бо сии дигар зарб задан гир   (Раҳим Ҷалнл).

  • 710. Ибораҳои шумораи тахминӣ. Шумораҳои тахминӣ бо ало-қаи изофӣ исм ва ҷонишинро тобеъ менамояд. Дар ибораҳои шумораи тахминй доираи истеъмоли калимаи асосӣ ва тобеъ аз ҷиҳати луғавӣ маҳдуд аст. Ҷузъи тобеъ ба тақозои маънои калимаи асосӣ ҳамеша дар шакли ҷамъ меояд. Аз гурӯҳи ҷонишинҳо ҷонишини шахсии онҳо ба вазифаи калимаи тобеъ бештар меояд. Ин ибораҳо муносибати ҷу-доиро мефаҳмонанд:

Қисми калони ҷадидҳо гурехта ба Самарканд ва Тошканд рафтанд: якта-дутаи дар Бухоро мондагонашон ҳам руст шуда, аз чашми мардум пинҳон гашта буданд (Икромӣ). Фардои он рӯз як-ду нафари онҳо ба Сангин ҳамроҳ шуда Одинаро ба вокзали роҳи оҳан баровар-данд (Айнӣ). Ду-сетои онҳоро ба Шумо навишта ба маслиҳататон чашмдор мешавам (Деҳотӣ). Меҳмони азизро дар хонаи Умарҷон дӯс-тонам Смирнов, Акамахсум, Умарҷон, Амон ва боз Ду-се нафари дигар аз коргарони депо печонида гирифта  менишастанд  (Икромй).

  • 711. Ибораҳои шумораи касрй. Шумораҳои касрй ба вазифаи ҷузъи асосии ибора хеле кам воқеъ мешаванд. Исмҳои гуногунмаъно ва ҷонишин ба вазифаи ҷузъи тобеъ меоянд. Исми шахе, ки дар ин ва-зифа хеле серистифода аст, х.амеша дар шакли ҷамъ меояд. Ин ибо-раҳо муносибати ҷудоиро-мефаҳмонанд.

Дар пеши баъзе масҷидҳо мактабҳои динй бошанд ҳам, садъяки хонандагони онҳо кӯрсавод шуда мебаромаданд (Айнй). Худатон ди-да истодаед, ки дар мо шаш мактаб мавҷуд аст ва дар онҳо қариб панҷьяки одамони қишлоқ хонда истодаанд (Раҳим Ҷалил).

Ба вазифаи ҷузъи тобеи ин ибора исмҳои абстрактмаъно низ ома-да метавонанд. Садьяки гуноҳ, даҳьяки иллатҳо, даҳьяки нуфузи эъти-бор, даҳьяки имкониятҳо, даҳьяки ran. Як хусусияти фарқкунандаи ин гурӯҳн ибораҳо дар он аст, ки онҳо маънои маҳдудиро бо тобиши да-раҷагӣ ифода мекунанд.

Агар гуноҳ карда бошад, гуноҳаш садьяки гуноҳи сипаҳсолор намешаванд. (Улуғзода). Даҳьяки иллатҳо рафт, нӯҳьяки иллатҳо рафт, ҳаштъяки иллатҳо рафт… гӯён хурсаидӣ мекард (Айнӣ). Агар фалоин, фаразан, ба даҳьяки нуфузи эътибори Мирзо соҳиб шавад, чӣ андоза аз худ мерафта бошад? (Деҳотӣ). Колхоз гарчанде ки хурд аст, лекин ҲОЛО аз даҳьяки имкониятҳои мавҷуда ҳам истифода набурдааст (Улуғ-зода).

Исмҳои макон ҳам бо алоқаи изофӣ ба шумораҳои касрӣ тобеъ шуда ибораҳоеро ташкил мекунанд, ки он ибораҳо маънои маҳдудиро медиҳанд. Як хусусияти фарқкунандаи ин ибора нисбат ба дигар ибораҳо дар он зоҳир мешавад, ки дар байни ҷузъҳои ибора калима-ҲОН ёридиҳанда-аниқкунанда аз қабили «рӯй», «миёнаҷой» меоянд.

Як шӯъла барафрӯхта дар шашьяки дуньё,

Қасри ситаму тахтн ҷафо сӯхт саропо

(Д е ҳ о т ӣ).

Сиву дуюм сол андар шашьяки рӯи ҷаҳон,

Байрақи пурфатҳу шони мо бувад партавфишон

{Воситзода).

Исмҳои аз қабили мол, маблағ, пул, музд, моҳона ва ғайра ба вазифаи ҷузъи тобеи ибора низ васеъ истеъмол мешаванд, аммо суф-фикси .ҷамъбандӣ намегиранд:

Зӯрии кор акнун cap мешуд, оби ҷӯй танг шуда омада аз сеяки миёначои ҷӯй бошиддат мегузашт (Айнӣ). Фақат чил сол пеш бо дек-рети имзокардаи Ленини муаззам дар шашьяки рӯи замин Ватани сулҳ ва бахту саодати одамӣ ба вуҷуд омад (Шукӯҳй).

Шумораҳои касрӣ бо алоқаи изофӣ ҷонишинҳои шахсй, ишоратӣ (бештар) ва ҷонишинҳои миқдориро (хеле кам) тобеъ мекунанд. Ин ибораҳо муносибати ҷудоиро бо тобиши маҳдудй мефаҳмонанд:

Бо вуҷуди ин Лутфулло гӯппон аз он кор натарсид ва ба об да-ромада хоки дар як тараф туда кардаашро ба даруни ҷӯй кашида сеяки вайро бает (Айнй). Лекин дар Ғарм як рӯзи бозор мардум ами-ни бозорро шапидаанд, сабабаш аминонаро ӯ ду баробар-се баробар мечидаасту сеяки дигар ба хазина («Садои Шарқ»). Ҳар рӯз чй қаг дар ангишт меканй?—Чорьяки ҳамон қадаре, ки Холамак мекананд (Раҳим Ҷалил). Оби баҳри Норак ба водии хушку холии тафсон ҷорй гардида, тақрибан 80 ҳазор гектар заминро ба киштзорҳои сабзу хур-рам табдил медиҳад, ки чорьяки сиро навъҳои маҳиннахи пахта ишғол мекунад («Тоҷикистони советӣ»).

  • 712. Ибораи шумораи тартибй. Шумораи тартибй дар вазифаи калимаи асосии ибора фақат исмро тобеъ мекунад. Ин ибораҳо муноси­бати ҷудоиро мефаҳмонанд. Ба сифати ҷузъи тобеи ибораҳои мазкур асосан исми шахе ва замов (бештар йомй моҳ)”меояд. Дар ибораҳое, ки чузъи тобеашон исми шахе аст, муносибати ҷудоӣ равшантар зоҳир мегардад.

Дуюми ин хизматгорон Мирзо-Абдулвоҳид ном дошта, як чавони гандумгуни хушкбадан буд, ки аз мая як сол калон буд (Айни). Се-юми он одамҳо Муроди пахтакаш ном як одами 70-солаи қоматхами-даи сафедчеҳраи доғикунҷитакдор буда, чинҳои рӯяш пусти себи хом-хушкро ба назар намоён мекард (Айни). … то ҳафтуми ноябрь, яъне то иди шонздаҳсолагии Октябрь планамонро сад фоиз пур карда, дар иштирок кардан ба слети колхозчиёни зарбдор ҳақ пайдо карданамон лозим аст (Айни). Дуюми сентябрь Бухоро аз вуҷуди наҳси амир ва дарбориёни Ӯ халос шуд (Айни).

Агар ҷузъи асосӣ (исми ғайришахс) суффикси ҷамъбандии «-ҳо» гирад, ибора тобиши тахмин пайдо мекунад:

Ҳақиқатан аз бистумҳои апрель боронгари cap мешудааст (Икро-МӢ). Мегуфтанд, ки бистумҳои октябрь аз он ҷо меояд ва элчиро қабул мекунад (Ҳодизода).

Ибораҳои ҷузъи тобеашон исми замон буда, бештар тафсил меё-банд. Ҷузъи тафсилдиҳанда ҳам бештар исми замон ва ҷонишини ишо-рати буда, маънои ибораро пурра менамояд:

Ҳафтуми марти соли 1931 пас аз бисту ҳашт рӯзи қаҳр карда раф-тани Парри пагоҳӣ цехи абрешимтобии комбинат ба кор даромад (Ра-ҲИМ Ҷалил). …дар рӯзи дафни у, дар ёздаҳуми январи соли 1936 бо айни ҳамон оҳанг ва дар зери ҳамон ҳасрат ва андӯҳ аз забони шо-гирди Ӯ бо нағмаи дутор ва танбӯри онҳо шунидам (Айнй). Аъзоёни колхози «Правда» ҳаргиз чоруми июни ҳамон солро аз хотир намеба-роранд(«Тоҷикистони советй»). Дар бистуҳафтуми декабри соли гу-зашта ариза дода будам, дар моҳи март маро ба се моҳа кандидатй ба партия қабул карданд (Икроми).

ИБОРАҲОИ ШУМОРАГИИ АЛОҚАИ ҲАМРОҲЙ

  • 713. Дар ин ибораҳо ҷузъи асосӣ бештар бо шумораи аслй, инчу-нин бо шумораи тахминй ва қисман бо шумораи касрй ва тартиби. ҷузъи тобеъ асосан бо зарфҳои, як кам, чорьяк кам, саҳл кам ва калимаҳои як, яг*н ҳамчун ҷузъи тобеи ибора истифода мешаванд. Ин ибораҳо муноси­бати миқдориро бо тобиши тахмин ифода менамоянд:

Дар болои саратон тақрибан даҳ метр болотар ба рӯи рельсҳои пӯлодине, ки дар cap то сари бино кашида шудаанд, кранҳои борбар-дор ҳаракат карда мегарданд (Икроми). Барои мукофоти кӯпкории имрӯза ғайр аз буз ва гӯсолаҳо тахминан сад ҷома ва ҳазор танга пул ҳам   рафт    (Айнй).

Зарфҳои қариб ва базӯр низ ба сифати ҷузъи тобеъ омада мета-вонанд:

Боре амир Музаффар ба нияти сафари Қаршӣ аз шаҳри Бухоро баромада, дар Четариқ ном мавзее, ки дар домани чӯли Қаршӣ аст, қариб ҳафтод рӯз монд (Айнй). Чй хел кабул кунам?—шикоят кард Нуралй.Плуг базӯр бист сантиметр ғӯтидааст (Улуғзода)

Таркиби «саҳл кам» низ ба ибора тобиши тахминиро медиҳад:

Ба Шокирҷон ҳам саҳл кам даҳ ҳазор сӯм пули нақд расид (Ҳа-ким Карим).

Калимаи камаш ба шумора тобеъ шавад, он шумора ҳадди охирин-ро, ки аз он кам шуданаш мумкин нест, нишон медиҳад.

Замину боғ ҳар сол камаш даҳ ҳазор танга даромад дорад (Ай­нй). Куллаи кӯҳпораи қалъамонанд, ки аз поён онро ҷои на он қа-дар .васеъ мепиндоштанд, хеле калони нисбатан говдумболе буд, ки аз руи тахмини геологи ҷавон камаш бист гектар меомад (Раҳим Ча­лил).

Шумораҳои тахминӣ ҳам бо алоқаи ҳамроҳӣ зарфн тақрибан ва калимаи ягонро тобеъ менамояд, ки дар ин маврид маънои тахмини ибора таькид меёбад:

Тақрибан панҷ-шаш моҳ пештар аз рӯзқоп революция «чи чин за­да» чунон шикает, ки ба қадоқ ҳам наистоду векселдоронро чапакза-нон моноида дар як шаб ғоиб шуд (Раҳим Ҷалил). Ягон бист-бисту панҷ қадам дуртар аз онҳо боз як харсанг, ки болои он ба тахтапушти шутури азиме монандӣ дошт, меистод (Раҳим Ҷалил).

Ба гурӯҳи ибораҳои мазкур ибораҳое низ медароянд, ки сохти мураккаб доранд (ду кам бист сол). Ҷои ҷузъҳои ин ибораҳо устувор буда, қисми тобеи онҳо як кам, чорьяк кам доимо дар  аввал меояд.

Маро каш-кашон ба таҳи дарвозаи қӯрғон бароварданд ва дар он ҷо пуштамро бараҳна карда, як кам чил чӯб заданд (Айнӣ). Ҳамроҳи Сангини сатанг Хушомадхӯҷа ҳамааш шуда чорьяк кам ду моҳ кор кард (Раҳим Ҷалил).

ИБОРАҲОИ ШУМОРАГИИ ПЕШОЯНДЙ

  • 714. Ба сифати ҷузъи асосии ин ибораҳо шумораҳои аслӣ, тах-минй, тартибӣ ва касрӣ (хеле кам) истифода мешавад. Ба вазифаи ҷузъи тобеи онҳо исм, ҷонишин ва шумораи аслӣ меоянд, ки ба ҷузъи асосӣ бештар ба воситаи пешояндн аз ва қисман бо пешояндҳои ба (бар), дар тобеъ мегардад:

Мезананд аз даҳ нӯҳро вақти савдо бемалол—Алҳазар гӯй аз чу-нин савдогарон, эй лабкашол! (-Деҳотӣ). Дар байнамон чаҳор нафар аз коргарони рвҳи оҳан ва чопхонаи шаҳр дида мешуд (Ирфон). Гул-ҳои рангорангеро, ки тухми баъзеи онро Дониш чанд солҳо пеш аз Россия оварда буд, бо як лаззати том бӯй мекард, гоҳо якто-Дуто аз онҳо канда бо худ мебурд (Ҳодизода). Сардори гурӯҳи аъзоёни ҷамъ-иятн «Дониш» (аз чап сеюм) барои беҳтар кардани корҳои агитационӣ бо лекторон сӯҳбат мегузаронад  («Комсомоли Тоҷикистон»).

Агар ба вазифаи ҷузъи асосин ибора калимаи як ояд, ҷузъи то­беъ (исм) бештар эзоҳдиҳанда мегирад. Ба сифати эзоҳдиҳандаи ин ибораҳо шумора ва ҷонишин меояд:

Домулло Икромча он вақтҳо яке аз 40 нафар мударрисони мадра-саи Ҷаъфархоҷа буд, ки он Мадраса бо вуҷуди бисьёрии мударрисонаш дарсхона надошт (Айнй). Акнун яқин буд, ки яке аз Ду оқибат маро ногузир дар пеш аст (Муҳаммадиев). Аҳмадҷонро ба яке аз ду бри-гадае, ки бояд баъди кушода шудани канал дар замини нави он тара-фи ҷӯйбор ташкил меёфт, сардор таъин карданд (Улуғзода). Дар бай-ыи ин гуна махдумони калои донишмандон кам ёфт мешуданд, ки яке аз ҳамон камьёбҳо Латифҷон-махдум буд (Айнй).

Ибораҳое, ки бо пешояндҳои ба (бар), дар ташкил ёфтаанд, миқ-доран хеле каманд. Онҳо (як бар ду, ба як даҳ, се дар сад, чор дар сад) аз ҷиҳати сохт як андоза хусусияти устувор пайдо кардаанд:

…молҳое, ки аз онҳо мо пештар ба як даҳ фонда мекардем, ҳоло ба як ним ҳам фонда карда наметавонем (Айнй). …коре мекунем, ки таърифи директоршаи мо як бар ду зиёд шавад (Ниёзй). Пулҳои қарз-додааш ба вай се дар сад то чор дар сад фонда меоварданд («Садои Шарқ»).

Ибораҳое, ки аз шумораи тартибй (ҷузъи асосӣ), пешоянди аз ва исм ташкил ёфтаанд, мавқеи ишғолкардаи предметро нишон медиҳанд. Ба вазифаи ҷузъи тобеи ин ибораҳо исмҳон макони ақиб, қафо, рост, чап меоянд.

Ёрдамчиаш Сазанов дар ҳамин ҷо. Хонаи дуюм аз тарафи чап («Садои Шарқ). Султонов (аз чап чаҳорумин) («Комсомоли Тоҷикис-тон»).

Ҷузъи асосии ин ибораҳо бештар  ба исмҳои макон тобеъ гашта,

ибораи мураккаби исмиро ташкил мекунад: аз ақиб ҷои якум, ҷои якум дар мамлакат. Ин ибораҳо шаклан пурраанд. Таркиби пешоянду нем Х0Ҳ дар аввал омада бошад, хоҳ дар охир, ба шумораи тартибй тобеъ аст.

Дар маълумвти пахтасупории районҳои республика Орҷоникидзе-обод Ҳ0Л0 аз охир ҷои дуюмро ишғол кардааст («Комсомоли Тоҷикис-тон»). Мусобиқаи устодони класси «Б» барои гирифтаии ҷои якум дар мамлакат cap шуд («Точикистони совети»).

Ибораҳое, ки ҳар ду ҷузъашон шумораанд, серистеъмоланд. Дар ОНҲО калимаи асосй нисбат ба калимаи тобеъ миқдори камро нишон дода, пас аз ҷузъи тобеъ меояд. Аз ин ру, ин ибораҳо муносибати ҷузъиро мефаҳмонанд:

Дар натиҷаи вайронкориҳои босмачиёни тороҷгар киштукори мам-лакатамон аз_сад шаст монда буд, чорводорй бошад, ним кам туда буд (Айни). Ӯ ҲОЛО аз он илму ҳунаре, ки дорад, аз сад якеро пеши ИНҲО изҳор накардааст (Ҳодизода). Аз чор нафар се нафари мо Амуро дафъаи якум медидем (Деҳотй). Ту, чароғам,—ба Давлат ру овард у,— аз гапҳои ман ҳеҷ набошад, аз даҳ яктаашро мефаҳмӣ, ба вай, гӯй, ки хавотир нашавад (Раҳим Ҷалил).

Ибораҳои ҷузъи тобеаш ҷонишин низ серистифода мебошанд. Дар ин ибораҳо ҷонишин ҳамеша дар шакли ҷамъ меояд ва бо ҷузъи асо­сй ба воситаи иешоянди аз алоқаи синтаксисй мебандад. Ҷузъи асо­сй  (шумора)  ҳамеша нумеративи нафар ё артикли-е мегирад:

Вақте ки ду нафар аз инҳо ба болои тездав будани хари худ as даҳ танга ё ин ки аз 20 танга гарав мебастанд, «бологаравй» cap ме-шуд (Айнӣ). …ин ҷо духтурони донишманд бисьёранд, ба яке аз онҳо, ки бо ман шиносой дорад, имрӯз туро бурда нишон хоҳам дод (Айнй). …як нафар аз онҳо—марди қаддароз, дар миёнаи дуй дигар, даетҳои дарозашро ба китфҳои онҳо партофта ду каси қадҳояшон нисбат ба худаш хеле пастро монанди бағаласо гирифта мебурд (Раҳим Ҷалил).

Шумораи як бо ҶОНИШИНИ ҳар ва ҳеҷ дар шакли таркиб ба вази-фаи ҷузъи асосии ибора меояд:

Ҳар яке аз онҳо дар кунҷи фаромӯшӣ умр ба cap мебарад, касе аз ҲОЛИ ОНҲО памепурсад (Расул Ҳодизода). Ҳеҷ яке аз моём шубҳае надоштем, ки ин ғоратгарони ҳавой ба Вьетнами Шимолй, ба Туркия… ва боз ба мамлакатҳои зиёди дигар, ба қитъаҳои гуногуни олам бо чи мақсаде омада бошанд (Қаҳҳоров).

add

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.