Ибораҳои ҷонишини

ИБОРАҲОИ ЧОНИШИНЙ

  • 715. Ибораҳои ҷонишинӣ камистеъмоланд. Муносибати ибораҳои синтаксисии ҷонишинй асосан дар матн зоҳир мегардад. Ҷузъҳои ибо-раҳои Ҷ0НИШИНӢ бо алоқаи изофи, пешояндй ва ҳамроҳй пайваст ме-гарданд. Алоқаи изофи дар ин ибораҳа нисбат ба алоқаи пешояндй ва ҳамроҳӣ серистеъмол аст.

Дар ибораҳои чонишинй ба сифати ҷузъи тобеъ нем, сифат ва ҷо-нишин (бо воситаи пешоянд), чонишин ва зарф (бо алоқаи ҳамроҳӣ) истеъмол мешаванд.

Ҳамаи хелҳои чонишин чун калимаи тобеъкунанда як хел исти-фода намешаванд. Масалан, ҷонишинҳои иомуайянӣ нисбат ба ҷони-шинҳои шахсй дар ташкили ибора хеле фаъоланд. Дар навбати худ ҳамаи ҷонишинҳои номуайянй ба вазифаи чузъи асосй баробар истеъ­мол намеёбанд.

Ҷонишинҳои шахсии ман, ту фақат бо изофат исм, сифат ва си­фати феълиро тобеъ менамоянд. Аз ҷонишинҳои таъипй чонишинй ха­ма, ҳар куҷо бо бандаки изофи, ҳар кадом, ҳар як ҳам бо бандаки изофи, ҳам бо пешоянд ва чонишинй ҳар гуна фақат бо пешоянд исм ва ҷонишинҳоро тобеъ мегардонанд. Аз гурӯҳи ҷонишинҳои ишоратӣ танҳо ҷонишини он ба воситаи изофат исм, чонишинҳои шахсй, нафсй ва инчунин муштараки дигарро тобеъ мекунад.

Ҷонишинҳои номуайянӣ дар ташкили ибораҳо нисбат ба дигар хелҳои ҶОНИШИН хеле фаъоланд. Онҳо ҳам бо бандаки изофи, ҳам бо пешоянд, ҳам бо алоқаи ҳамроҳӣ калимаҳоро ба худ тобеъ менамоянд.

Ҷонишинҳои саволии чй, кадом, куҷо ва чанд фақат бо бандаки изофи исм ва ҷонишинҳоро тобеъ карда, ибора ташкил мекунанд.

Ҷонишинҳои манфии таркибии ҳеҷ кадом, ҳеҷ куҷо, ҳеҷ як исм ва ҷонишинҳоро бо бандаки изофи ва пешоянд тобеъ менамоянд. Ҷо-нишини манфии ҳеҷ баъзе калимаҳоро дар ниҳояти камй ба худ пай-васт карда метавонад.

Ҳеҷи дирӯза бубин — Ҳар чизи имрӯза бубин  (Лоҳутй).

ИБОРАҲОИ   ҶОНИШИНИИ    ИЗОФӢ

  • 716. Ҷонишин ба воситаи бандаки изофи (-и) исм, сифат, шумо-ра ва ҷонишииро ба худ тобеъ менамояд.

ИБОРАҲОИ Ҷ0НИШИНИ БО ИСМ

  • 717. Ҷонишин ба воситаи бандаки изофи ба вазифаи чузъи асо-сии ибора исмҳоеро тобеъ мекунад, ки онҳо бо чонишин муносибати маъной ва мантиқӣ доранд. Ибораҳое, ки аз чонишин (калимаи асо-сй) ва исм (калимаи тобеъ) ташкил ёфтаанд, муносибатҳои гуногунро мефаҳмонанд.

Ҷонишинҳои шахсй, таъинй, номуайянй, ишоратй, саволй ва ман-фн ба вазифаи чузъи асосй меояид.

  • 718. Ибораҳои ҷонишини шахсй бо исм. Ҷузъи асосии ин ибора-Ҳ0 бештар аз ҷонишини шахсй якуми танҳо (ман) тап1кил меёбад. Дар ин вазифа чонишини шахсй дуюми танҳо (ту) хеле камнстеъмол аст. Ба сифати чузъи тобеи ин ибораҳо исмҳои ифодакунандаи касбу ҳу-нар ва исми шахе меоянд. Ин гуна ибораҳо муносибати муайянкунан-дагиро ифода мекунанд:

Мани журналист он рӯз бо супориш ба саҳро баромада будам (Нач-миддинов)… ин пирамард ғам хӯрад ва тапшиш кашаду мани муаллим, одами аз ӯ ҷавонтар, саводноктар ғам нахӯрам, пас дар сиришти ман нуқсоне ҳаст (Муҳаммадиев). Ин қудрату ғамхории Партиян Комму-нистй ва Ҳукумати Советй буд, ки аз туи деҳқоии бесавод роҳбари колхози азаматро тарбия карда расонд (Сидқй). Дуюм ҳамин, ки дар як вақте ки ҳаёти ду писари шер баринам дар дами оташи чанг дар хатар бошаду мани падар ба ивази тарки виҷдон, чони шуморо гарав гирам? (Ниёзй). Мани модар ба умре кадхудо будам, -Равонбахши ҳазорон наслҳо будам (Қаноат).

  • 719. Ибораҳои чонишини таъинй бо исм. Ҷонишинҳои таъинии ҳама ва ҳар бо изофат исмҳои шахе, макон ва маъниро тобеъ менамо­янд. Аз рӯи тарзи истеъмол ин ду чонишин аз ҳамдигар фарқ мекунад. Агар чонишини ҳама дар вазифаи чузъи асосй танҳо ояд, чонишини ҳар баръакс ҳамеша дар шакли таркиб истифода мешавад. Маъной чонишини ҳама нисбат ба чонишини ҳар конкреттар аст. Ҳамаи тар-кибҳои бо чонишини ҳар вазифаи калимаи асосии ибораро ичро карда наметавонанд. Танҳо таркибҳои ҳар кадом, ҳар як ва ҳар куҷо ба воси­таи изофат исмҳоро тобеъ мегардонанд. Ибораҳое, ки чузъи асосиа-шон аз чонишини таркибии ҳар кадом, ҳар як сохта шудаанд, аз ибо-раҳое, ки чонишини ҳама чузъи асосии ибора аст, аз чиҳати сохт фарқ мекунанд. Ибораҳои гурӯҳи «ҳар кадоми одамон», «ҳар яки бозингарон» бештар сохти мураккаб доранд. Дар таркиби ин ибораҳо ба вазифаи эзоҳдиҳанда ҷонишинҳои ишоратии ин ва он бештар меоянд, ки ба ибора тобиши таъкидӣ мебахшанд.

Ба вазифаи ҷузъи тобеи ин ибораҳо исм, ҷонишин ва шумора ис-тифода мешаванд.

Ҳар кадоми ин андешаҳо аз ҳар тараф ба торҳои тарангшудаи асабаш панҷа мезаданду майнааш ғуввасзанон садо мебаровард (Бобо Насриддин). Бедил аз ҳар кадоми он маҷзубон дар соҳаи тахассуси худашон фоида бурдааст… (Айнӣ). Ҳамаи бачагон ҳам сару либосҳои гарму тоза доштанд ва саломат буданд (Раҳим Ҷалил). …ҳар муоми-лае, ки аз ҳар кадоми ғайридин ва ғайримиллати худ медиданд, ба як нияти бад ҳамл менамуданд (Айнй).

Ибораҳои ҳар кадоми ғайриДин, ҳар кадоми ғайримиллат шаклан нопурра буда, шакли пурраи онҳо ҳар кадоми одамони ғайридин, ҳар кадоми одамони ғайримиллат мебошад.

Ҷонишини таъинии ҳар куҷо исмҳои макон ва предметро тобеъ на-муда, ибораҳоеро ташкил мекунад, ки муносибати ҷузъу кулро мефаҳ-монанд:

Сӯҳбатҳои гарм вайрон шуд, ҳамагӣ якбора дар атрофи рӯзнома ҷамъ шуданд, ҳама бесаришта шуда аз ҳар куҷои газета мехонданд (Деҳотӣ).

  • 720. Ибораҳои ҷонишини номуайянӣ бо исм. Ҷонишинҳои но-муайянии баъзе, якчанд, ким-куҷо ба вазифаи ҷузъи асосии ибора ома-да, исмҳои гуногунмаъноро тобеъ менамоянд. Дар ин ибораҳо ҷузъи тобеъ номи маҳал, макон ва шахсу предметро фаҳмонад, ҷузъи асосӣ (ҷонишин) қисме аз он предметеро, ки ҷузъи тобеъ дар шакли яклухт ном мебарад, нишон медиҳад. Ин ибораҳо муносибати муайянкунан-дагиро мефаҳмонанд. Ҷузъи тобеи ибораи ҷонишинй баъзан дар шак­ли ҷамъ меояд.

Банохост аз ким-куҷои канори шаҳр ғулғулаи фавқулодда балан­де cap шуд, ки ҳаво, дару тирезаҳоро ба ларза овард (Деҳотӣ). Баъзеи ҳамқишлоқиҳои ҳангоматалаб кору бори худро партофта, бо баҳо-наи ҳолпурсй ба пеши ӯ омада, ба кораш зеҳн мемонанд (Наҷмидди-нов). Баъди чандин дақиқа дар сари роҳ—Ким-куҷои машина вайрон шуд (Турсунзода).

Агар ҷонишини номуайянии ким-куҷо суффиксиҳо гирад, ифодан муносибати номуайянй дар ибора пуркувват мегардад: Дар хусуси қи-мативу қаҳатӣ ва муромуриҳо, аз ким-куҷоҳои Россия эшелон-эшелон омада истодани гуруснагон аробакашоне, ки ба станцияи Конибодом ангишт мебурданд, хабарҳо меоварданд  (Раҳим Ҷалил).

  • 721. Йбораҳои чонишинии саволӣ бо исм. Ба вазифаи чузъи асо­сии ин ибораҳо фақат се ҷонишин: кадом, куҷо ва чй омада метавонад. Ҷонишини кадом дар шакли таркиб (кадом як) меояд. Дараҷаи истифодаи ҷонишинҳои кадом, куҷо, чй як хел иест. Агар ҷонишинҳои ка­дом ва куҷо серистифода бошанд, ҷонишини саволии чй камистифода-аст.

Ҷузъи тобеи ин ибораҳо бо исмҳои макон, конкрет, шахе ва маъ-нй ифода меёбад. Бо чонишини чй танҳо исми шахе (хос) алоқа баста метавонад. Ин ибораҳо муносибати муайянкунандагиро бо тобиши чу-доиву ҷузъй ифода менамоянд.

Сафаррулом намедонист, ки ба кадоми ин саволҳои пай дар пай аз ҳар тараф оянда ҷавоб диҳад (Айнӣ). Ҳоло дигар кор аз кор гузаш-тааст: май кадоми бачаҳоро ёфта ran занам? (Ирфон). Ҳаминро гуф-тан кифоя аст, ки Ҷӯра-саркор аз сари замин истода гуфта метавонад, ки куҷои пахтазор чй навъ об хӯрдааст (Сидқй). Илми табиатшиносӣ бо вуҷуди қудрати беамсолаш моҳияти аслии заминҷунбиро намедо-над: намедонад, ки маркази ин офат фардо дар куҷои замин пайдо мешавад («Садои Шарқ»). Аз падару модарони ин шаҳидон касе на­медонад ва надидааст, ки турбати фарзандони онҳо дар куҷои хоки Ватанамон ё берун аз он аст («Тоҷикистони советӣ»).

Агар дар ибора таркиби кадом як ояд, тобиши маънои ҷудоӣ ва чузъй таъкид меёбад: Кадом яки ин ғаму ғуссаҳоро мепурсед, Даша-хола? (Ниёзй). Дар якчанд хонаи дар миёнаи чул сохтаи ҳукумахй кадом яки ин муҳоҷирҳои мастчоҳй ҷой-мегирад?  (Бобо Насриддинов).

Ибораҳое, ки бо ҷонишини саволии чи ташкил щудаанд, аз ҷиҳати тобиши маъно ба ибораҳои гурӯҳи «куҷои пахтазор» монанд мебошанд, вале камистифодаанд:

Ба чии Ғаниҷои мафтун шуда бошад, ки худаш хостааст? (Икромй). Роста гапро пурси, ман ба худи Малоҳат ҳайрон. Ба чии вай қа-30Қ мепарад (Раҳим Ҷалил).

  • 722. Ибораҳои ҷонишини манфӣ бо исм. Аз ҷонишинҳои манфӣ фақат ҳеҷ кадом ва ҳеҷ куҷо исмро тобеъ намуда, ибораро ташкнл ме-кунанд. Ин ибораҳо муносабти муайянкунандагиро бо тобиши ҷудои-ву номуайянӣ ифода мекунанд. Ҷузъи тобеъ бо ҷонишини ҳеҷ кадом дар шакли ҷамъ, аммо бо ҷонишини ҳеҷ куҷо дар шакли танҳо меояд.

Бо ҷузъи тобеи ин иборахо ҷонишинҳои ишоратни ин, он низ исти-фода мешаванд, ки ба ибора тобиши таъкидӣ медиҳанд:

Ин гумонҳоро аз дилатон бароварда партоед, ҳамсоя, ҳеҷ кадоми он дӯзандазанон ҳам якбора аз шиками модарашон чевар зоида на-шудааид (Ниёзӣ). Аммо ҳеҷ кадоми ин бозиҳо дили маро хуш наме-кард (Улуғзода). Аммо дар ҳеҷ кадоми он биёбонҳо гӯшаеро пайдо кардан мумкин нест, ки монанди ин гӯшан биёбон диққати ҷаҳониёнро ба худ кашида бошад (Деҳотй). Ин чунин як лавҳаи раҳнамоӣ мебо-шад, ки мислаш, эҳтимол дар ҳеҷ кучои дуньё пабошад (Қаҳҳоров).

Ибораҳои ҷонишинй бо сифат

  • 723. Ибораҳои ҷонншиние, ки ҷузъи тобеашон сифат аст, серис-теъмол нестанд. Вобаста ба хелҳои ҷонишии ин ибораҳо ба ду гурӯҳ чудо мешаванд.

Ибораҳои ҷонишини шахсӣ бо сифат. Аз ҷонип!инҳои шахсй аксар ҷонишини шахси якуми танҳои ман бо изофат снфатро тобеъ менамо-яд. Ба вазифаи ҷузъи тобеи пн ибораҳо сифатҳои нишондиҳандаи ало-мати ҶИСМ0НӢ, характер, хислатхои маънавй ва ҳолат омада метаво-нанд. Ин ибора.ҳо аз ҷнҳатисохт асосан дукалимагианд.

Ба ва5ифаи чузъи асосй гоҳо ҷонишини шахсии шумо ба маънои танҳо меояд, Ин ибораҳо муносибати муайянкунандагиро бо тобиши аломату хусусияти гуногун нишоц медиҳанд:

Мани содда, ки ғайри асптозй ва чаронидани галаи хӯҷаин дигар гапу корре намедонистам, ба босмачиҳо ҳамроҳ шуда рафтам (Наҷ-миддинов). Мани нодон қариб буд, ки ба иғво бовар кунам (Улуғзода). Мани гул аз сафедор мева умед карда будаам (Амонов).

Ии ибораҳо бо дигар калимаҳо тафсил меёбанд. Ҷузъи тафсилди-ҳанда бо изофат баъди ҷузън тобеи ибора омада, онро аз ягон чиҳат Э30Ҳ медиҳад:  мани ҳафтафаҳми корнодида, мани    бечораи    мадҳуш:

Боз мани нодон, мани ҳафтафаҳми корнодида ба осонй фирефта шуда, ӯро дӯсти худ пиндоштам (Раҷаб Амонов). …ин чониб моён си-ҳат ва саломат буда, саломатй ва ҷондарозии шумои азиз ва мӯҳта-рамро аз даргоҳи илоҳй хоҳон ва чӯёнем (Икромй). Мани кампирро барои хондан ба мактаби роҳбарони кирмакдории район фиристод (Ҳаким Карим). …дар вақтҳое, ки ман пахта мекоридам, очаи ин ҳоло духтар буд, акнун бачааш ба мани мӯйсафед таълим медиҳад (Улуғ-зода). Охир мани бандй аз ҳамаи ин лаззаҳои дуньёи равшан маҳрум (Раҳим Ҷалил). Мани бекас, мани муштипарро дузд доштанд, бадном карданд! (Улуғзода).

Ҷенишини номуайянни ким-куҷо ва ким-чй ҳам ба воситаи банда-ки изофи сифатҳоро тобеъ карда, ибораро ташкил менамояд. Бо ҷонишини ким-куҷо ба вазифаи ҷузъи тобеъ сифатҳое, ки танҳо аломати масоҳаро нишон медиҳанд, истифода мешаванд:

Худатон медонед, ки барги тутро аз ким-куҷоҳои дур, аз колхозҳои ҳамсоя талабидаю харида мебиёрем… (Деҳоти). Аз ки-м-куҷои наздик ҒИЖ-ҒИЖИ нофораме ба гӯш мерасад (Улуғзода). А?1даке дуртар ким-чии вазнин ба об меафтад («Маориф ва маданият»).

ИБОРАҲОИ   ҶОНИШИНӢ   БО   ҶОНИШИН

  • 724. Ибораҳои ҷонишини таъинӣ бо ҷонишин. Аз ҷонишинҳои таъинй ҳама, ҳар кадом, ҳар як ба сифати ҷузъи асосй меоянд.

Бо бандаки изофӣ ба ҷонишини ҳама ҷонншинҳои шахсии мо, шу­ме, инчунин ҷонишинҳои ишоратии ин, он алоқаманд мегарданд. Ҷузъи тобеъ бо ин ҷонишин аксар дар шакли ҷамъ меояд. Ҷузъи асосии ин ибораҳо шахс ё предметҳоро ба таври ғун, аммо ҷузъи тобеъ шахс ё предметро боз ҳам аниқтар ва маҳдудтар карда нишон медиҳад. Ода-тан ин ибораҳо муносибати маҳдудиро ифода намуда, аз рӯи сохт ак­сар дукалимагӣ мешаванд.

Дар ҳар ҳол ҳамаи мо аз ҳад зиёд хурсанд шудем ва аз ҳамаи шумоён мпннатдор мебошем {Ашш}. Ҳамаи инҳо аз аҷоиботи дуньёи кӯҳнаю гузашта буданд (Деҳотӣ). Акнун марҳамат намуда, \амаи ин-ро бо тӯҳматҳои беҳаёёнаи кадом як воизи зархариди буржуазӣ, ҳомии кирояи вай дар ҳаққи дӯстии ленинии халқҳои мо муқоиса кунед (Ра-ҳим Ҷалил).

Бо ҷонишинҳои ҳар кадом, ҳар як ҳамчун пузъи тобеъ таиҳо ҷони-шинҳои МО, шумо, инҳо, онҳо омада метавонаид:

Ҳар кадоми мо дар ақибгоҳ инро аз хабарҳои матбуот ва радио медонистем (Деҳотӣ). Аз ин баъд ҳар яки шумо корашро дониста ку-над, қадамашро дониста монад («Садои Шарқ»). Вохӯрдии гарму ҷӯ-шон бо ҳар яки онон-ин лаҳзаи аввалини ба худам бозгаштани ирода-ам” буд (Ҳаким Карим). Ҳар кадоми онҳо аспҳоя1пон, саисҳояшон, чо-пандозҳошонро дар бошишгоҳҳои барои худашон муайян кардашуда гузошта, худашон ба ҳавлии Абдураҳимбой ғун шуданд  (Айнӣ).

  • 725. Ибораҳои ҷонишини номуайянӣ бо ҷонишин. Дар ин ибора-ҳо аз ҷонишинҳои номуайянӣ баъзе, ким-чиҳо, ягон ва дигар ба вази-фаи ҷузъи асосии ибора меоянд. Ҷузъи тобеи онҳо аз ҷоиишинҳои он (оиҳо, инҳо), мо, шумо иборат мешавад, ҳамчун баъзеи онҳо, баъзеи МО (шумо), ягонтаи шумо ва ғайра. Ҷузъи тобеи ибораҳои мазкур ак­сар дар шакли ҷамъ омада, шахс ё предметро дар шакли ғун нишон медиҳад, калимаи асоси қисм& аз онҳоро номбар менамояд. Ин ибораҳо муносибати маҳдудиро ифода мекунанд, онҳо аз ҷиҳати сохт ҳаме-ша дукалимагй мешаванд.

Оре, ба баъзеи инҳо доруи духтур нафъ намебахшад (Айнй). Га-пи май он вақт ба гӯши ягонтаи шумо намедаромаду ба инобат ҳам намегирифтед (Сидкй). …гулҳои рангорангеро, ки тухми баъзеи опро Дониш чанд С0ЛҲ0 нет аз Россия оварда буд, бо як лаззати том буй мекард (Расул Ҳодизода). Баъзе равандагон бо трамвой, баъзеашон бо фойтун ва баъзеи дигарашон пиёда ба як су-ба сӯи шаҳр нигоҳ карда рафтан гирифтанд (Айнй).

Ибораҳои ким-чиҳои Дигар муносибат,и маҳдудиро бо тобиши но-муайянй мефаҳмонанд:

Ҳамин тавр падарам боз ким-чиҳои дигарро фаҳмониданӣ мешуд (Ортиков). Вай боз ким-чиҳои дигар ҳам гуфт (Амонов).

  • 726. Ибораҳои ҷонишиии саволӣ бо ҷонишин. Дар ин ибораҳо ба сифати ҷузъи асосй ҷонишинҳои саволии кадом, куҷо, чй, чанд (чандта), ба вазифаи ҷузъи тобеъ ҷонишинҳои шахсии ман, ту, у, вай, онҳ ҷонишинҳои ишоратии он, ин ҷонишинн нафсии худ ва ҷонишини номуайянии дигар  истифода   мешаванд.  Ин   ибораҳо  аз  ҷиҳати  сохт

дукалимагӣ буда, муносибати объектиро бо тобиши маҳдудӣ ва ё ҷу-доӣ мефаҳмонанд.

Маънои маҳдуднят дар ибораҳое, ки ҷузъи тобеаш ҷонишини шах-сист, равшантар мушоҳида мегардад;

Аз чии ман метарсад (Икромй). Агар аспҳоро кушад, аз куҷои ӯ рӯёнда мегирад (Сидкӣ). Аз чии вай рашк мекунед (Икромӣ). Ман чии туро дуздидам… (Сорбон). Агар паҳлавон бошед, бо он ҷа-воне, ки ҳамсол ва ҳамҷасади шумост, гӯштӣ гиред, то мардум бинанд, ки кадоми шумо зӯр ҳастед (Айнӣ). Хайр, биё, рафтем,—гапро кӯтоҳ карданй шуд Саркор,—ба кадоми мо чӣ ran шудагӣ, худо медонад (Ниёзӣ). Агар дар як ҷамоа чанд нафар муллозода бошанд, кадоми онҳо, ки падараш номдортар ва мансабкалонтар бошад, ӯ қории ҷамоа мешуд (Айнӣ).

Э 3 о ҳ. Ҷонишини саволии кадом дар шакли таркиб (кадом як) пиз омада ме-тавонад, вале ин ҳолат хеле кам мушоҳида мешавад: Ҳақиқатан ҳам надоиистсм, кн кадом яки онҳоро кайд кунем (Ҳ а к и м   Карим).

Тобиши микдорию номуайянии ибора бо ҷонишини чанд барҷаста зоҳир мегардад. Ҷонишинҳои дигар, он, ин нисбат ба ҷонишинҳои шах­ски ман, ту, шумо ба вазифаи ҷузъи тобеъ бештар меоянд:

Чанди дигар бо чеҳраҳои табассумомез муомила мекарданд (Му-ҳаммадиев). … ба чанди онҳо номи фахрии ходими хизматнишондодаи санъати республика дода шуд (Сидқи). Эй қаду рухсору зулфу чашму абрӯ, раҳмате! Як дили мискин чи хоҳад кард бо чанди Шумо (Айни). Чанди он сарф шуд ба нафъи халқ, Чанди он ҳайф шуд ба булҳавасй («Садои Шарқ»). Чанд нафари дигар дар дами дарвағна меистоданд (Сорбон). Аз ҷомадони дигар пачкаҳои сигаретаро гирифта, чандтои онро тахминан ҷудо карда, вазнашонро бо дасташ санҷид (Муҳаммадиев). Тахминан барои мустаҳкам кардани даъвояш боз як ё чандтои дигар ҲИКОЯ ва саргузашт гуфтанй буд (Деҳотй).

Аз гурӯҳи ҷонишинҳои саволй ҷонишини куҷо ба вазифаи ҷузъи асосии ибора камистифода мебошад. Ҷузъи тобеъ, ки бештар бо ҷони-шинхои он, ин, худ, ман ва г. ифода меёбад, муносибати объектиро мефаҳмонад:

Пероҳани ӯ лахтаву нора буду намедонист куҷои худро аз чашми ҷавоне, ки ӯро аз таҷовузу марг наҷот дод, чи сон пинҳон кунад (Ра­хим Ҷалил). Росташро гӯям дар ин чӯлу биёбон гургро баста мони ҳам намеистад, намедонам ба ту куҷои он хуш омадааст (Мусофир Набиев).

  • 727. Ибораҳои ҷонишини манфӣ бо ҷонишини шахсӣ. Ҷонишин-ҳои манфии таркибии ҳеҷ кадом, ҳеҷ як ҷонишинҳои мо, шумо, онҳо ва инҳоро тобеъ намуда, ибора ташкил менамоянд. Ин ибораҳо муно­сибати ҷудоиро бо тобиши инкорӣ мефаҳмонанд ва бештар дар шакли содда дучор мешаванд. Ҷузъи тобеи онҳо одатан дар шакли ҷамъ ме-ояд:

Дар ҳақиқат ҳоло ҳеҷ кадоми мо ба дараҷае, ки фирқаамон мехо-ҳад, ҳушьёрии синфй пайдо накардаем (Айнй). Охир ба ҳеҷ кадоми онон ҷавоб нашуд (Деҳотӣ). Ман гумон мекунам, ки ҳеҷ кадоми инҳо туро аз ҷониби худҳошон вакил накардаанд (Айнӣ).

  • 728. Иборах,ои ҷонишини ишоратй бо ҷонишин. Аз ҷонишинҳои ишоратӣ фақат он ба вазифаи калимаи асосии ибора омада, чонишин-ҲОИ шахси, нафсй ва номуайнии дигарро тобеъ менамояд: они ман, они ту, они дигар. Дар ин гурӯҳи ибораҳо ҷонишини ишоратии он фақат шахсро мефаҳмонад. Ин ибораҳо муносибати соҳибиро ифода меку-нанд:

Бинобар ин’ МО аз ҷиҳати замон муайян карда наметавонем, ки кадомашон они дигарро тақлид кардаанд (Айни|. Ҷонони ман сафар кард, бо Ӯ бирафт ҷонам-Боз омадан аз эшон, пайдост они май ку? («Садои Шарк»).

  • 729. Ибораҳои ҷонишини шахсӣ бо сифати феълӣ. Ба сифати ҷузъи асосии ин ибораҳо асосан ҷонишини шахсии ман ва ба вазифаи ҷузъи тобеъ аксар сифати феълии замони гузашта меояд. Ин ибораҳо муносибати муайянкунандаги доранд ва аз ҷиҳати сохт асосан дука-лимагианд:

Ба мани кулфатзада тӯйро кй мондааст (Улуғзода). Дареғо. бача-гй ҳамчун гули каҳ бод шуд, тай шуд—Аз он хирман мани дуньё нади-да мисли дон мондам (Лоиқ). Инсоф бидеҳ, ки бар мани дилдода— Ин шухиго ин бозиро то чанд кунй («Садои Шарқ).

ИБОРАҲОИ ҶОНИШИНИИ ПЕШОЯНДЙ

  • 730. Ибораҳои ч:онишинии пешояндй аз ҷиҳати шакл ва маъно хеле маҳдуданд. Дар сохтани ин ибораҳо асосан пешояндй аслии аз иштирок менамояд. Ин ибораҳо серистеъмоланд.
  • 731. Ибораҳои ҷонишинй бо исм. Ҷонишинҳои баъзе, чанд (чан­де), якчанд, дигар (дигаре), кадом (кадоме), ҳар кадом ва ким-кадом ҷузъи асосии ибораро ташкил мекунанд. Нем ҳамчун ҷузъи тобеи ин ибораҳо ҳамеша дар шакли ҷамъ меояд. Ин гурӯҳи ибораҳо дукалима-гй буда, муносибати объектиро бо тобиши ҷудоиву маҳдудӣ ифода ме­кунанд. Ҷузъи асосии аксари ин ибораҳо бо артикли-е меояд, ки дар натиҷа тобиши ҷудоӣ равшантар зохир мегардад:

Баъзе аз ашъорам, ки дар соли 1909 навиштаам, ба ман таъси-ри бузург мебахшанд (Деҳотӣ). Дар аввалҳои хонадориаш чанде ai деҳқонбачагонро ба сурати ихтиёрй хату саводнок карда ба Бухоро бур­да дар Мадраса мондааст (Айнй). Шабхо дар ҳучраи кадом аз шарикдарс-ҲОЯМ, ки рост ояд, мехобидам (Айнй-). Оянда нишон хоҳад дод, ки кадом аз ин ду шакл устувортар мебошад («Маориф ва маданият»). Наме-донам, кадоме аз шоирони гузашта хӯшаҳои ангури пухтарасидаро ба кӯзаҳои пурасал ташбеҳ карда буд (Деҳотй). Дигар аз одамҳо ба дар-воза наздик шуда даст расонда дида… (Айнй). Суратро ким-кадом аз тамошобинон тӯҳфа кардааст («Тоҷикистони советй»).

Ҷонишини таъинии ҳар кадом, ҳар як низ ба вазифаи ҷузъи асо­сии ибора меояд ва ин ибораҳо муносибати ҷудоиро мефаҳмонад. …ҳар кадом аз дӯстонам, ки ягон асарашро талаб кунанд, заҳмати нусхабардориро ба гардани худ мегирифт (Айнй). Ба ҳар яке аз заной ва духтарон лақаби ҷудогона монда буд (Азизй).

Ҷонишини таъинии ҳар гуна ба вазифаи чузъи асосии ибора ома-да метавонад: Акнун доираи дарстайёркунии ман аз доираи қориҳои ҷамоа ва шиносҳои худам баромада, ҳар гуна аз шариконам ва мулло-бачагон ба ман муроҷиат мекарданд (Айнй).

  • 732. Ибораҳои ҷонишини манфй бо нем. Ҷонишини манфии тар-кибии ҳеҷ кадом ба вазифаи калимаи асосии ибора серистеъмол аст. Бо он ИСМҲОИ гуногунмаъно ҳамчун ҷузъи тобеъ меоянд. Ин ибораҳо муносибати объектиро бо тобиши ҷудоӣ ифода мекунанд:

Одамони ба илму адабиёт дахлдор медонистанд, ки Аҳмад-махдум «Наводир”ул-вакоеъ» ном асари калоне дорад, аммо нусхаи ӯ дар дас-ти ҳеҷ қадом аз одамони маълум набуд (Айнй). Инак, ҳоло дафъаи чаҳорум буд, ки ба Когон мер афт ва ин дафъа ният дошт, ки дар ҳеҷ кадоме аз қишлоқҳо наистода, рост ба Когон равад (Икромй). …дар охири ҳамон моҳ боз рафта, фармудаашро тафтиш карда баромад, ки ҳеҷ кадоме аз гуфтаҳояш иҷро нашудаанд  (Наҷмиддинов).

  • 733. Ибораҳои ҷонишини номуайянӣ бо ҷонишинҳои шахсӣ. Чу-нин қолиби ибораҳои номӣ танҳо бо пешояндй аз сурат мегирад. Ба вазифаи ҷузъи асосии онҳо ҷонишинҳои номуайянии баъзе, чанде, ди­гаре, кадоме, инчунин ҷонишинҳои таъинии ҳар кадом, ҳар як омада метавонанд. Ҷузъи тобеъ бо ҷонишинҳои шахсй ифода меёбад. Ин ибо-раҳо асосан муносибати  объектиро  бо  тобиши  ҷудоӣ  мефаҳмонанд.

Дар байни онҳо ибораҳое, ки ҳиссаи асосиашон аз чомишини баъзе ва чанде иборат аст, хеле серистеъмоланд:

Баъзе аз моён ба биёбон баромада, ба пушти худ бардошта ҳезум-кашй мекунад ва бо ҳзхмин кути лоямута меёбад (Айнй). …баъзе аз шумо ҳатто ба назди мунаҷҷимон рафта тавалло мекунад, ки пешо-мади маро муайян кун (Улуғзода). Чанде аз мо-нависандагон ҳар ка-дом алоҳида-алоҳида асари ӯро хонда баромада будем (Раҳим Ча­лил). …чанде аз онҳо дар турник муаллақ мезаданд (Улуғзода). …ка-доме аз онқоро интихоб намояд (Ҳодизода). …дигаре аз онҳо як нав-ҷавони 16—^17-сола буд… (Айнй).

  • 734. Ибораҳои ҷонишини таъинй бо ҷонишинҳои шахси. Ҷонишини таъинии ҳар кадом ҷонишинҳои шахсии мо, онҳо ва инҳоро то-беъ намуда, ибора месозад. Ин ибораҳо муносибати объектиро бо то-биши ҷудой ифода мекунанд:

Ҳар қадом аз мо ба забони худ озод ва ошкоро дар бораи эҷодиёти халқи худаш ва эҷодиёти халқҳо бародарона ran мезанад (Деҳоти). Дар рафти семинар фикру ақидаҳои аҷоиб, бозьёфтҳои эҷодӣ, идеяю таҷрибаи эҷодии ҳар кадоме аз моён дастраси умум мегардид («Мао-риф ва маданият»).

Дар баъзе ибораҳои ҷонишинӣ алоқаи байни ҷузъҳо бо ду воси-таи синтаксисӣ: бо бандаки изофи ва пешоянд омада метавоиад. Ин ибораҳо низ муносибати объектиро бо тобиши ҷудоӣ мефаҳмонанд:

…ӯ ба максади ин ки сараскарон ба муқобили ӯ иттифоқ накунанд, ҳар вақт баъзеи аз онҳоро ба баъзеи дигарашон душман месохт (Ай­нй). Баъзеи аз саркарДагон ба пеши аспашон, кп дар берупи дарвоза аз тарафи хизматкоронашон нигоҳ дошта мешуд, омада, онро аз на-зар мегузарониданд (Қодирӣ).

Ба вазифаи ҷузъи асосии ибораҳои бо ду воситаи грамматики ташкил шуда ҷонишини номуайянии кадом, дигар ва ҷонишини таъи­нии ҳар кадом ва ҷонишини манфии таркибии ҳеҷ кадом омада мета-вонанд;

Нигоҳ кунед, дар миёни гуфтугӯи мо ва кӯҳистониёп чӣ қадар фарқ ҳаст ва кадоми аз инҳо зеботар аст (Деҳотӣ). Дигари аз инҳо писари Муллорӯзии араб буд (Айнй). Май кадом яки аз стахановчи-ҳояшонро мегӯям, ана хз^датон бииед,—гуфт (Ҳаким Карим). Бой ӯро ба ҳеҷ кадоми аз занҳои худ надод (Икромй).

Ибораҳои ҷонишиние, ки бо ду воситаи алоқа ташкил ёфтаанд, се-ристеъмол нестанд.

ИБОРАҲОИ   ҶОНИШИНИИ   АЛОҚАИ    ҲАМРОҲЙ

  • 735. Дар ибораҳои ҷонишиние, ки бо алоқаи ҳамроҳй сурат гирифтаанд, муайян кардани ҷузъи асосй ва тобеъ то андозае душвор аст. Лекин табдили онҳо ба қолиби изофӣ барои пудо ва фарк кардани чузъи асосй ёрй мерасонад, масалан; инҳо хама—ҳамаи инхо, он ха­ма — ҳамаи ОНҲО.

Ибораҳои чонишинии алоқаи ҳамроҳй бештар дар дохили ибора-ҲОИ исми ташкил меёбанд, масалан, дар чумлаи «Он ҳама муомилае, ки имрӯз аз Мансуров, Одил Саркор ва акои Олим дид…, якҷоя ба фикри Зебй намеғунҷиданд (Ниёзй). Ибораи исмии «он ҳама муоми-ла» мавҷуд аст, ки чузъи тобеи он дар шакли ибораи чонишинии он ҳама ифода ёфтааст.

Ибораҳои чонишинии алоқаи ҳамроҳй дар забони адабй хеле кам мушоҳида мешавад. Ба вазифаи чузъи асосй фақат ҷонишинҳои ҳама, дигар, баъзе ва ба вазифаи чузъи тобеъ факат чонишинхои он (омҳо), ин  (инҳо), дигар ва зарфҳои бисьёр, тамоман ва қариб меоянду бас.

Ҷонишини ишоратии ҳама ҳамчун чузъи асосии ибора чонишинҳои

ин, он, дигаррв тобеъ мекунад. Ин ибораҳо муносибати ҷудоию маҳ-дудиро мефаҳмонанд.

Ба ивази он ҳама азобу машаққат ба номаш калимаи «ҳоҷй» ҳамроҳ мешуд (Раҳим Ҷалил). Ту ба шумии у, ба қилиқҳои бемазааш НИГОҲ накун^ ҷони ширин, инҳо ҳама аз бесариву бекасй аст ‘(Улурзо-да). …ғайр аз ягон даҳ нафар, дигар ҳама ба дари заминкан ҷамъ шу-данд (Раҳим Ҷалил).

Дар ибораҳои баъзе дигар, чанде дигар ҷонишини дигар калимаи асоси, ҶОНИШИНҲОИ баъзе ва чанде калимаи тобеъ мебошад:

…баъзеро бо усули юнонй ва баъзе дигарро бо усули фарангй та-
бобат мекард (Айнй). Раҳматхоҷаи ғиждувонӣ, Қории Каромати дил-
каши бухорой (вафоташ 1902) ва чанде дигар дар мусиқа аз шогир-
дони ба камолрасида ва шӯҳратёфтаи Аҳмади Дониш буданд (Айнй).
Ин равия, ки Турсунзода ва баъзе дигар шоирони тоҷик пеш гирифта
буданд, баъдҳо дар эҷодиёти аксар шоирон иикишоф меёбад (Хаба­
ров)).

add

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.