Замонҳои  феъл

Замонҳои  феъл

Чунон ки дида шуд, феъл ҳамчун мураккабтарин ҳиссаи нутқ дорои доираи васеи маъноӣ ва муносибати грамматики мебо-шад, ки он дар шаклҳои феълӣ, тарзҳо, намудҳо, сиғаҳо ва замонҳои феъл ифода меёбад.

Замони феъл муносибати амалро ба ҳапгоми нутқ ва ё ба лаҳзаи дигари дар нутқ зоҳиршуда нишоп медиҳад. Феъл се замон дорад ва бо шаклҳои гуногуни замонӣ тасриф меёбад: замони гузашта, замо­ни   ҳозира,   замоии   оянда.

Замони гузаштаи феъл сарфи пазар аз ҳамаи шаклу тобишхои грамматикиаш амали иеш аз лаҳзаи нутқ воқеъшударо мефаҳмонад, яъне гӯянда дар бораи замопи катъшудаи амал ва процессҳои дигар сухан меронад: навиштам, навиштаам, менавиштам, навишта будам, навишта истода будам ва ғ. Ҳамаи феълҳои замони гузашта шакли нақлй   доранд.

Замони ҳозираи феъл амали ҳангоми нутқ давом доштаро ифода мекунад, масалан: Додари ман дар мактаби тиббй мехоыад. Вай ба­рон бо муваффакият тамом кардани мактаб кӯшиш карда  истодааст.

Замони ояндаи феъл амалеро мефаҳмонад, ки он баъд аз лаҳзаи сухани гӯянда содир мешавад: чунончи: Аз гунҷишк тарсй — арзан накор  (Зарб.). Расул ба Норак меравад, ман низ хоҳам рафт.

Замонҳои феъл дорои лаҳзаҳо ва тобишҳои зиёди грамматикие мебошанд, ки ба воситаи шаклҳо ва таркибҳои муайяни феьли дар нутқ (матн) ифода меёбанд. Аз ин ру аксарияти шаклҳои замони феълҳо сермаъно ва сервазифа буда, ғайр аз вазифаи асосии худ маъ-ною вазифаҳои иловагиро низ дар бар мегиранд. Шаклҳои асосии за-монҳои   феълро   аз   назар   мегузаронем.

 

ЗАМОНИ  ГУЗАШТАИ   ФЕЪЛ

Замони гузаштаи наздик   (гузаштаи одди)

  •  Феъли замони гузаштаи наздик (гузаштаи оддӣ) аз асоси замони гузашта ва бандакҳои феълӣ сохта мешавад. Шахси сеюми танҳои ин феъл   бо   асоси   замони   гузашта   баробар   аст.

Ҳамаи  феълҳои  гузаштаи наздик  ба  тарзи зер  тасриф  меёбанд:

Танҳо                                                    Ҷамъ

  1. ман хондам                                      мо хондем
  2. ту хондй                                       шумо   хондед
  3. вай (у)   хонд                                онҳо   хонданд
  4. Шакли гузаштаи наздик (одди)  маъниҳои зиёдро мсфаҳмонад.
    Амали яккаратаи  анҷомьёфтаро  мефаҳмонад,  ки  қатъи  пазар   аз

фосилаи   замони   амал   натиҷаи   он   маълум   аст:

Пиракй ба ман аз оби ширчой як пиёла нӯшонд. Хоб пахш кард, хобидам. — Хуб кардетон, ки ин бачаро ба хондан овардетон — гуфг (Айнй). Маро ҳайрон кардед, дӯстам (Раҳим Ҷалил). Фаҳмидам!–гуфт Найми Талх ва хомӯш монд (Икромй). Соҳибаи хона косаи пур дар даст ба назди айвон пайдо шуд ва меҳмонро бо имою ишора ба поёп   даъват   намуд   (Муҳаммадиев).

Баъзан дар нутқ барои таъкиди лаҳзаи замоии амал калимаю ибораҳои замонй кор фармуда шаванд ҳам, фосилаи замони феълро комилан   не,   балки   нисбатан   муайян   мекунанд:

Баъд аз чанд дақиқа Махдуми ҳазорагй маро аз пеши мардико-рон имо карда хезонд ва ба роҳрави ҳавлӣ бурда, ба болохонае ба-ровард (Айнӣ). Ман ҳозир аз банд гурехта омадам (Раҳим Ҷалил). Аммо дар болои кори ҷуворӣ меистам, ки ҳосили вай он сол маро аз ҳалокат   раҳонид    (Айнй).

Пасу пеш воқеъ шудани амал моҳияти нисбии фосилаи амал ва категорияи   феълро   тағьир   намедиҳад,   чунончи:

Роқиа рӯяшро пӯшиду ба хона даромада рафт (Раҳим Ҷалил). Хушбахтона, он сол ҳаво ҳам ба Бозор ёрй дод, дар вақтҳои муносиб боришҳои хуб шуд, дар вакташ офтоб заминро тафсонд: дар натиҷа ҳосил   аз   чашмдошти   Бозор   ва   бой   барзиёд  омад   (Айнӣ).

  1. Феъли гузаштаи наздик ҳам вобаста ба маъпии луғавии худ,
    ҳам алоқамандона бо матн амали бардавоми анҷомьёфтаро мефаҳмо-
    над:

Назарҷон моро ба ин ҷо кӯчонида овард. Мария Григорьевна бо ҳаяҷони пуррае мазмуни онро ба Шарофат ҳикоя карда дод (Ҳаким Карим). Вай дар пеши чашми онҳо калон шуд, хонд, кор кард ва то ба дарачаи раиси чамоа боло бардошта шуд (Икромй). Пас аз ин мас-лиҳати табиби оқил ва роздон Карим хеле фикр кард, дуру дароз андешид ва қарори қатъй дод, ки дар ҳакикат пеш аз ҳама сиҳат шудан   лозим    (Икромй).

  1. Шакли замони гузаштаи наздик дар нутқи гуфтугӯӣ ва дар
    адабиёти бадей бо тобиши маъноии майлу хоҳиш, таъкиду қатъият ва
    шарту зарур   омада,   амали   ояндаро   низ   ифода   мекунад:

Хуб! Ман рафтам (меравад). Канй рафтем (Ҳаким Карим). Ка-ни, ба кор сар кардем. Ҳама ба гуфти сардор итоат карда аз дунболи вай рафтанд (Раҳим Ҷалил). Акнун ман рафтам, шаб хам бевакт шуд (Ф. Ниёзй). Маҳмудҷон парешонхотирона чавоб дод. Колхозамои бад не, албатта рафтед, боз худатон мебинед. Пагоҳ ба маҷлис ҳамин масъаларо ҳам мемонем. Чӣ гуфтед? Вақте ки комиссия омад, ана баъд   ба   кори   амалй   сар   мекунем   (Икромй).

Замони гузаштаи нақлӣ

  • 389. Замони гузаштаи накли аз шакли феъли ҳоли (сифати феъ-лии) феъли асосй бо иловаи бандакҳои хабарй сохта шуда, ба таври зер тасриф меёбад:

Танҳо                                                    Ҷамъ

  1. ман навиштаам мо навиштаем
  2. ту навиштай шумо  навиштаед
  3. вай (ӯ)  навиштааст                      онҳо  навиштааыд.

 

Феъли гузаштаи нақлӣ мефаҳмонад, ки гӯянда вок.еъ шу-дани амалро аз рӯи шунид ва баёни сарчашмаҳои дигар нақл меку-над. Ғайр аз ин, гузаштаи нақлй натиҷаи амал ва бо хулосабарории мантиқӣ огоҳ шудан   аз   амалро   мефаҳмонад:

  1. Феъли наклй аз рӯи шунид ва баёноти шахеи дигар маълум
    шудани воқеаро   ифода   мекунад:

Ассалом, духтараки нагз, — гуфтаанд ва хам шуда аз пешонаи духтар бӯсиданӣ шудаанд. — Инак дар вакти вафоти падарам ман ба дасти модарам ёздаҳмоҳа мондаам (Ҳаким Карим). Аҳмадбек чавоб додааст, ки рафта наметавонад, чунки ба сардорон то пагох тамом кардани шудгори он заминро ваъда кардааст (Муҳаммадиев). Баъд чи навиштааст, гӯед, хӯш, хӯш? — Гуфтааст, ки ба вай ҷавоб додаан-ду   худаш   дар   тараддуди   роҳ   будааст    (Толис).

Э з о ҳ: Феъли ёридиҳандаи будан ва феълҳои дигар дар афсонахо ва ривоятхои халкй акезр ба шакли нақлӣ истеъмол мешаванд. Чунончи: Будаст, набудаст, як кам-пир будаст. Вай як писар доштааст. Як рӯз писараш ба сахро баромадаст…

Дар ҳамин гуна мавридҳо кор фармуда шудани таъбири феълии буд-набуд низ   маънои   наклй   дорад.    масалан:

Буд-набуд,  будгор буд, Замин набуд, шудгор буд…

(Фольклор).

  1. Феъли замони гузаштаи наклй амали вокеъшудаеро мефаҳ-
    монад, ки патиҷааш маълум аст. Истеъмоли ин шакли феълй ба ин
    маъно аксар бо шаклҳои феълй, баъзан бо ёрии ибораҳои тавзеҳй
    вокеъ мешавад. Ин гуна ибораҳо аз «маълум аст», «маълум шуд»,
    «маълум мешавад» иборатанд. Феълҳои наклие, ки бидуни ин гуна
    тавзеҳот ифода меёбанд, мантиқан натиҷаи чунин тавзеҳот мебошанд.
    Чунончи, мисолҳои   зеринро   мукоиса   кунед:

Маълум шуд, ки роҳи оханро одамони амир вайрон кардаанд, (Икромй). Пас маълум мешавад, ки аз ақибамон афтодаанд (Ҳаким Карим). Аз даҳ дақиқа гузаштааст, — чавоб дод Ҷамила ба соати тиллоии худ нигоҳ карда (Раҳим Ҷалил). Ана, фаҳмидед, амир гу-рехтааст, аскарбачаҳо зӯр буромадаанд (Икромй). Чизе ки доштам, тала кардаанд, ба хонаам алав сар додаанд, — гуфт Давлат (Ҳаким Карим).

  1. Феъли замони гузштаи наклй натиҷаи амалеро мефаҳмонад, ки
    он пеш аз ин ба гӯянда номаълум буда, бо хулосабарории мантикй
    ва ё пас аз воқеаи дигаре маълум мешавад. Аксаран тарзи ифодаи
    натиҷа ва хулосаи мантиқй ба хам монанд аст ва ин ду маъно ба осо-
    нӣ аз ҳам фарк намекунад. Бо вучуди он, дар ин миён фарки нозуке
    ҳис карда   мешавад:

Ба шумо фақат ҳаминашро мегӯям, ки он чиз ба модарам аз мо-даркалонам мерос мондааст. Ҳамип тавр, даст ба даст гузашта, вай се авлодро дидааст (Ҳаким Карим). Агар наояд, маълум мешавад, ки риштаи ошноиро баркандааст. Вай ба назараш аз хама бачаҳо хуш-рӯйтар   намудаасту   нонро  ба   вай  дода   омадан     гирифтааст   (Раҳим

Чалил). Ту ҳоло бо собуни ман ҷомашӯй накардаӣ. Баҳор шуда мон-дааст,   ман   бехабар!    (Икроми).

Агар феъли пақлӣ ҳамчуи натиҷаи муҳокима вокеъ шуда бошад, маънои хулосаи мантикиро дорад. Ғайр аз ин, дар ҷумла ба шакли нақлӣ   омадапи   феъли   будаи   низ   далели   хулосаи   мантикист:

Наим фаҳмид, ки суханаш ду маъно дода, талх шуда рафтааст, бинобар он узр хоста, дарҳол ба пиёлахо май рехт (Икромӣ). Ягон паҳлавони асил аз пушти муғамбирӣ обрӯй наёфтааст. Ана, он миш-мишу пичир-пичирҳои Муҳаммадмурод чӣ маъное доштаанд (Муҳам-мадиев). … лекин сонитар фаҳмидам, ки тӯтӣ як мурғи бисьёр зебои зирак будааст (Айпй). Ман иадонистам, ки ту дил надоштӣ ва агар бошад   ҳам,   дар   дасти   худат   набудааст    (Икромӣ).

Э з о х: Дар забони гуфтугӯ ва дар лаҳҷаҳои шимоли ғарбки забони тоник:! тарзи махсуси сухани мазмунан нақлшудае ҳаст, ки ба шакли наклии феъли бу-дан сурат меёбад. Ин тарзи ифода дар  адабиёти  бадей ҳам кор  фармуда мешавад:

Рафик, Николай, маовини раис телефон карданд, гуфтапд, ки то омадапи ом кас   дар   ҳамин   ҷо   сабр   карда   шинето”   будааст   (Икроми).

Дар чумлаҳои саволй ба шакли пақлй омадани феълҳо бештар барои ифодаи натиҷа ва хулосаи мантикй вокеъ мешавад. Чунончи: Кй дидаасту кй шунидааст, ки дар ягон ҷой касе ҳушу ёди аҳли як деҳаро, бигузор он деҳаи бузург набошад, бо таронаҳои сози худ тае-хир   карда   бошад    (Муҳаммадиев).

Шаклҳои ифодаи феъли нақли

  • 391. Маъниҳои наклии замони гузашта бо чор шакли феъл ифода меёбанд.
  1. Чунон ки аз мисолхои боло дида мешавад, шакли тасрифии феъли наклй шакли пурра ва асосй мебошад, ки дар забони гуфту-гӯй, забони адабй (назму наср) серистеъмол аст. Тасрифаш: ома-даам, омадай,   омадааст   (-ем,   -ед,   -анд).
  2. Аз гузаштаи наклии шахси сеюми танқо бо иловаи бандакҳои хабарй тарзи дуюми феъли наклй ҳосил мешавад, ки тасрифаш чунин аст:

Танҳо                                                    Ҷамъ

  1. шунидастам шунидастем
  2. шунидастй   шунидастед
  3. шупидаст   шунидастанд

Чунин шакли наклии феъл асосан дар назм (бештар дар назми классики,   гоҳо   дар   назми   хозира)    кор   фармуда   мешавад:

Нигорино,    ба   нақди    чон-т   надхам,

Гаронӣ   дар    баҳо,    арзон-т   надхам.

Гирифтастам    ба    чон    домоки    васлат,

Диҳам    чон    аз    кафу   домон-т   надхам.

(М а ҳ м у д и   В а р р о к).

Кунун    разми    Сӯҳробу    Рустам    шунав,

Дигархо шунидастй, ин хам шунав.

(Ф и р д а в с й).

Ҳар    чиро    дидаю    шунидастй.

Нақл  кун,  эй  писар,   барои   мо.

(М и р ш а х а р).

Симҳоро    аз    канори    он    танидастем    мо,

Нурбахшанда    чароғонро    кашидастем    мо.

(Т у р с у н з о д а).

  1. Феъли наклй ба шакли феъли ҳол (сифати феълии замопи гу­зашта бо суффикси -а) омада, маъпои замони гузаштаи наклиро ифо-

да мекунад. Ин шакли ифодаи фсъли наклй дар назму насри классики коидаи маъмулй буд, аммо дар забони ҳозира танҳо дар назм ба кор бурда мешавад. Ин шакл ғайритасрифист ва аз рӯи мазмуни матн ода-тан   шахси   сеюми   танҳоро   мефаҳмонад:

~ Ин мавқеъ, ки имрӯз Бухорост, обгир будаст ва баъзе аз вай наистон буда, дарахтзор ва марғзор буда ва баъзе ҷой чунон буда, ки ҳеҷ ҳайвони ноёб наёфтӣ {«Таърихи Наршахй»). Писар мутааммил шуд, ки оё чй ҳодиса шуда, ки об бад-ин чоҳ намеояд («Анвори Су-ҳайлӣ»). Шаҳре дидаем, ки подшоҳе дар вай чоҳе канда ва умки он-ро ба сатри муҳит расонида ва аз он обе мӯнфаҷир гашта, ки як ма-норавор   баланд   мерезад   (Восифй).

Дар ин нақли хурд мазмуни калон

— Офтобест   дар    катра    ҷуста    макон.

(Л о х, у т ӣ).

Ба   як   сӯй    барфу   як   сӯ   пухта   гелос,

Аҷаб   фаслест   тобистони   Дарвоз.

(Д е х о т и).

  1. Сифати феълии замони гузашта бо суффикси -гй маънои замо-ни гузаштаи наклиро ифода карда метавонад. Ин шакл ба ҳамин маъ-нй дар нутқи гуфтугӯӣ ва насри бадей серистеъмол буда, ҳамчун шакли ғайритасрифӣ дар ҳамаи шумораҳо ба як шакл истеъмол ме­шавад: ман, ту, вай; мо, шумо, онҳо — хондагй, дидагй…:

Имрӯз 20 кубометр бароварданамон аниқ!. гуфт Ҳодибой. — Ша-рикҳо акнун рафти корро гирифта мондагй. — …акнун ман ҳам чала-чулпа саводнок шудагй, ман ҳам камтар доно шудагй, — гуфт боз бо кибру дабдаба хола (Ҳаким Карим). Чунки шахтёрҳо ба то-рикй одат кардагӣ (Раҳим Ҷалил). Ҳоло бисьёрии меваҳо пухтаги, айни фасли боғ аст (Икромй). Ана дар шаҳрҳо катор-қатор мактаб-ҳои   ҳунармандй   кушода   мондагй    (Муҳаммадиев).

Замони гузаштаи ҳикоягӣ

  • 392. Феъли замони гузаштаи ҳикоягй аз асоси замони гузашта бо иловаи префикси ме- ва бандакҳои феълй сохта мешавад. Тасрифи ин шакли феъл   ба   тарзи   зерин   аст:

Танҳо                                                    Ҷамъ

  1. ман механдидам мо механдидем
  2. ту механдидй шумо   механдидед
  3. вай механдид онҳо механдиданд
  • 393. Феъли гузаштаи ҳикоягй ҳам дорой тобиши зиёди маъной ва грамматики мебошад, ки ҳар яке аз опҳо дар матн вобаста ба ра-виши сухан равшантар зоҳир мешавад. Гузаштаи ҳикоягй ҳаминро мефаҳмонад, ки амал дар замони гузашта бардавом вокеъ шудааст, вале натиҷаи он. яъне  апчом ёфтан  ё  наёфтанаш  маълум  нест.
  1. Феъли гузаштаи ҳикоягй амал ё ҳолату вазъияти давомноки муттасил воқеъшударо мефаҳмонад:

Дар он зиёфат ошро ман мепухтам ва дигар хизматҳоро ҳам ман мекардам (Айнй). Дар ҳамип асно чанд нафар ҷанговарон бо сар-дории фармондеҳе бо ду пулемёт ва чанд дона милтиқ душманро да-равида, майдонро тоза намуда, пеш меомаданд (Ҳаким Карим). Соа-ти деворӣ тик-тик мезад, ду нафар одамони ҳарбй таппончаҳояшонро равған мекарданд, комендант… ба дафтари калон чизе менавишт (Икромй). Давлатшоҳи меҳнатдӯст то метавонист, мекӯшид, ки ба пирамард ва зани ӯ зиёдтар мадад расонад. Давлат дасти Пётрро ҳар-гиз сар намедод (Раҳим Ҷалил). Одамони мо ба меҳмопи асабонй бо мулоимат гап  мезаданд,  аммо ӯ торафт баландтар аланга  мегирифт ва тозиёпаи худро гоҳ ба камарбанди паҳнаш мехалонду гоҳ дар бо-лои сараш таҳдидкорона афшонида, фарьёд мекашид  (Муҳаммадисв).

Дар забони тоҷикй феълҳои содда ва таркибие ҳастанд, ки маъ-нои луғавиашоп тобиши давомиокӣ дорад. Онҳо ба шакли гузаштаи ҳикоягй омада, маънои давомнокии грамматики пайдо мскунанд. Ма-салан: боридан — меборид, навохтан — менавохт, рақсидан — мерақ-сид, тарошидан — метарошид, хизмат кардан — хизмат мекард, нақл кардан — нақл мекард, тамошо кардан — тамошо мекард, бозй карда гаштан — бозй   карда   мегашт   ва   м.   ин:

Он рӯз ҳаво абрнок буда, аз осмон чакг меборид (Икромӣ). Ро-нандааш дар саҳни кема, ба рӯи хараке нишаста бо сари хам аз чӯб чизе метарошид. — Мили вай девонавор мерақсид (Муҳаммадиев). Акнун сухапҳои расмию дароз гуфта пашуданд ва аксари мс.-ҳмонон ду-дую се-се нишаста гирифта, аз ҳар хусус гапзанон мекарданд (Ра­хим Ҷалил). Мутриб сози худро ҳанӯз ҷӯр мекард. Мазмуни ин савт чй бошад? — фикр мекард ӯ (Муҳаммадиев). Ду бачаи калонаш дар рӯи   ҳавлӣ   бозй   карда   мегаштанд   (Ҳаким   Карим).

  1. Феъли гузаштаи ҳикоягӣ давоми мӯлкаратии амали гузаштаро
    мефаҳмонад, ки чунин тобиши маънои гоҳо аз мазмуни умумии нутк
    (матн) маълум мешавад, баъзан бо ёрии калимаву ибораҳои алоҳида
    таъкид меёбад:

Ман шеърҳои дӯстдоштаамро дар когазпораҳо навишта мегириф-там (Айнӣ). Ҳар чй хоҳад, пайдо мекардаму ҳар чй гӯяд, бо чону дил мешунидам (Раҳим Ҷалил). Дар дами дарвозаи шаҳр посбонҳо исто­да буданд, оянда, равандагопро тафтиш карда медиданд (Икромӣ). Ҳар шеъри навиштаамро борҳо хонда медидам (Айпй). Дам ба дам аз ҷояш хеста, аз хопа зада баромаданй мешуд (Ҳаким Карим). Ҳар ду гаштаю баргашта механдиданду завқ мекарданд. (Рахим Ҷалил). Гоҳо дугонаҳоятон аз кор фориғ шуда, доираро тасфонда меоварданд (Муҳаммадиев).

  1. Шакли гузаштаи ҳикоягӣ бо чунин маънои давомнокй истеъ-
    мол мешавад, ки ин маънй дар мавридаш бо шакли замони гузаштаи
    дур ва гузаштаи дури давомдор низ ифода меёбад. Ин ҳолат бештар
    бо феъли нишастан, истодан ва баъзан бо феълҳои дигар рӯй медихад:

Командир дар шипанге, ки дар канори ҳавз воқеъ буд, чой нӯ-шида менишаст (Ҳаким Карим). Бегоҳи ҳамон рӯз ману Ҳайдарҷон аз кор омада, дар лаби ҳавзчаи ҳавлиамон менишастем. — Мошин дар канори рох, байни ду теппаи пасте меистод (Муҳаммадиев). Ру-зи серкор ва пур аз ташвиш ба охир мерасид (Икроми).

  1. Шакли гузаштаи ҳикоягӣ барои ифодаи тобишҳои маъноии амали воқеъшуда (шарт. хоҳиш, умеду орзу, имконпазирй, нобоварй) кор фармуда мешавад .Им гуна тобишҳои маънои вобаста ба мазму­ ни сухан, оҳаиги гуфтор аз хамдигар фарк, мекунанд. Баъзан дар шакли гузаштаи ҳикоягй тобиши маъноии замони ҳозира-оянда ё оян­да ҳис карда мешавад ва маълум аст, ки барои ифодаи чунин маънихо шаклҳои   дигари   феъл   низ   хизмат   карда   метавонанд:

Агар рафиқони мо ҳама аз як гиребои сар мебароварданд, ҳалли ин муаммо осон мешуд (Икромӣ). Агар дар ин кӯчаи беодам ҳоло касс пайдо мешуду ин пурсу посу дастфишориро медид, гумоп ме­кард, ки иаҳлавони ҷавон ба паҳлавони машҳур арзи эҳтироми шо-гирдона мекунад (Муҳаммадиев). Дер монанд, майлаш-куя, лекин говро барвақттар меоварданд, ки дар вақташ дӯшида мешуд гуфта боз ҳасрат кард (Айни). Кам монда буд, ки аскарҳои амир моро зер мекарданд, ҳамаи моро иобуд мекарданд, лекин хайрият, ки аз тара-фи Тошканд ба мо ери расиду мо халос шудем (Икромй). Як дари даромад дошт, ки дар айни замон рӯшноӣ ҳам бояд аз ҳамон дар ме-даромад    (Айни).   Қош   моҳ   мебаромад    (Муҳаммадиев).

Э з о ҳ: Феъли доштан ба маънии шартй ва ё барои ифодаи хохишу орзу ба шакли гузаштаи ҳикоягӣ ома да метавонад: дар мавридҳои дигар вай одатаи ба шакли замони гузаштаи наздик (оддй) омада, давомнокии амалро ифода мекунад. Чунончи, мукоиса кунсд:

Ҳуқуқи  намояндагй  медоштам,  таклифхои   амалӣ    пешниҳод   мекардам.   Кошки хозир    пулемёт    панҷсад    дона    тир    медошт, — гуфт    ҷавон.

Чакидан дошт чак-чак шираи ток,

Тапидан дошт аз гармй дили хок.

(Т у р с у и з о д а).

  1. Шакли гузаштаи ҳикоягӣ дар нутқи гуфтугӯ ва адабиёти ба­дей замони ояндаро низ ифода мекунад, ки он бо оҳанги нутқ ва бо ёрии калимаҳои ҷудогона ифода меёбад. Им гуна тобишҳои маъноӣ дар мавриди худ бо шаклҳои замони ҳозира-ояпда ва ояндаи феъл ифода шуда метавонад:

Аз шумо мепурсидем, ки соати панҷи пагоҳй ба клуби қишлоҷ ҳозир мешудед (Айнӣ). Чй гап буду аз кӣ шунидед, фаҳмидал мехос-там (Раҳим Ҷалил). Шумоён ба кучо? — пурсид марди рус. — Ба Сталинобод. — Бисьёр  нағз, ҳамроҳ  мерафтем-дия   (Икромӣ).

Гузаштаи ҳикоягии нақлӣ

Шакли замони гузаштаи ҳикоягии наклӣ аз гузаштаи нақлӣ бо иловаи   префикси   ме-   сохта   мешавад.   Тасрифаш   чунин   аст:

Танҳо                                                    Ҷамъ

  1. ман мехондаам мо   мехондаем
  2. ту мехондай                                    шумо   мехондаед
  3. вай мехондааст                            онҳо   мехондаанд

Гузаштаи ҳикоягии нақлӣ низ тобишҳои гупогуни маъной ва за­мони дорад. ки онҳо аз омезиши тобишҳои маъиоии нақли ва ҳикоя-гӣ иборатанд. Ин шакл давомнокй ва такрори мӯлкаратии амал, на-тиҷа ва хулосабарории мантикиро бо тобиши давомнокй ва шоҳиди воқеа набудани гӯяндаро ифода мекунад. Ғайр аз ин, шакли гузаш­таи ҳикоягии нақлӣ вобаста ба матн замони гузашта, ҳозира ва оян­даро   ифода   карда   метавонад.

  • 394. Тобишҳои асосии маъной ва замонии ин шакли феъл дар матн равшан мушоҳида   мешавад.
  1. Шакли ҳикоягии нақлӣ замони гузаштаи давомнок ва мӯлкаратиро мефаҳмопад:

Сопитар фаҳмидам, ки тӯтӣ як мурғи бисьёр зсбои зирак буда-аст. Ҳар чизро ба вай талкин кунанд, ёд мегирифтааст ва такрор кар­да мегуфтааст. Аммо, азбаски вай одам нест, маъпиашро намедонис-тааст. Бинобар ин касонеро, ки маънии чизеро надониста онро ёд кардаанд, ба тӯтй монанд мекардаанд (Айнй). Дар он чо дар завод-ҳои пахта ё ки дар ҷойҳои дигар кор мекардааст ва ҳар сол тобистон ба қишлоқамон бармегаштааст. Пас аз ин падараш ба ҳар куҷое ки мерафтааст, аввал ҳасрати мӯзаи писарашро баён мекардааст (Ҳаким Карим). Нақл мекунанд, ки боре Аҳмадбек дар як пуштам нишеби мисли ёнаҳои Сафедкӯҳ душворгарде ч>фт меропдааст (Му­ха мм ад иев).

  1. Гузаштаи ҳикоягии нақлӣ замони ҳозираи умумиро ифода ме­
    кунад, ки он одатан, натиҷа ва хулосаи мантикиро мефаҳмонад:

Хуллас, ки хислати одам ба дилаш мувофиқ мешудааст (Муҳам-мадиев). Шавҳарашро аз дилу ҷон дӯст медоштааст (Икромй). Маъ-лум мешавад, ки маро намешинохтаед. Ин корхоро коммунистом ва комсомолон нагз медонистаанд. Худатон фикр кунед, умри одамизод мисли оби ҷӯй гузашта рафтан мегирифтаасту аммо худи одам беха-бар   мемондааст   (Ҳаким   Карим).

  1. Шакли хикоягии накли замони ояндаро бо мазмуни накли ифо-

да   мекунад:

Одамон мегӯянд, ки оқподшоҳ бачаҳои моро ба ҷанг мефиристо-дааст! (Ҳаким Карим). Аҷоиботаш боз дар ин> ки байракро сардори бригадаи бойдода бо фаъолонаш якҷоя дар ҳузури яке аз роҳбарони колхоз ба бригадаи голиб шахсап бурда месупурдааст (Муҳаммади-ев).

  1. Гузаштаи ҳикоягии нақлӣ маънии замони гузашта ва ояндаи шартиро бо тобиши маъноии натиҷа ва хулосабарории мантиқй ифода мекунад.

Замони гузаштаи дур

  • 395. Феъли замони гузаштаи дур аз шакли феъли ҳоли (сифа-ти феълии) феъли асосй бо иловаи шакли замони гузаштаи феъли ёридиҳандаи будан сохта шуда, ба таври зер тасриф меёбад:

Танҳо                                                    Ҷамъ

  1. ман дида будам мо дида   будем
  2. ту дида   буди                               шумо   дида   будед
  3. вай дида   буд                               онҳо  дида   буданд
  • 396. Шакли гузаштаи дур низ дар мавридҳои гуногун бо тобиш-хои гуногуни замонию маъной истеъмол мешавад, ки онҳоро вобаста ба мазмуни матн   муайян   кардан   мумкин   аст:
  1. Феъли гузаштаи дур амали гузаштаееро ифода мекунад, ки фосилаи замониаш мутлако ё нисбатан дур аст. Ин маънй гоҳо аз маз­муни умумии сухан (матн), баъзан аз калимаю ибораҳои алоҳида фаҳмида мешавад:

а)   Модарам як ҷуволча тутмавиз хушконда монда буд (Айни).
Он вақт муборизаи синфии зидди кулакҳо дар қишлок ба авҷаш ра-
сида буд (Раҳим Ҷалил). Мирак дар умраш аз касе шатта нахӯрда
буд   (Икромй).

б)   Дар ин хопа меҳмонҳо ҳастанд, кайҳо омада буданд. — Перор-
сол аз ҳар гектар 35-центнерй пахтай мисрй дода будам (Ҳаким Ка­
рим). Қариб се мох аз рӯи тахта ҳарфхонй карда будам, лекин баъд
ба мактаб нарафта будам (Раҳим Ҷалил). Сайд Амон хунарнамоии
мутрибони мумтозро борҳо дида ва шунида буд (Муҳаммадиев).

  1. Шакли гузаштаи дур амалеро мефаҳмонад, ки пеш аз амали
    дигар вокеъ шуда анҷом ёфтааст. Амали дуюм дар ҷумлаҳои мурак-
    каби пайваст ва тобеъ бештар ба шаклҳои замони гузашта (гузаш­
    таи наздик, гузаштаи дур, гузаштаи ҳикоягй) ва гоҳо ба шаклхои за­
    мони ҳозираю ояпда оварда мешавад. Феъли гузаштаи дур ҳам пеш
    аз амали дуюм ва ҳам пас аз он омада метавонад. Мавқеи он вобаста
    ба сохти ҷумла мебошад. Дар баъзе мавридҳо гӯё амали якум ва ду­
    юм ҳамчун   феъли   гуногуншакли   ҳамзамон   содир   мешавад:

а) Гулнор, ки аз нармгуфториқои аввалии ясавул ба халосии маҳбубаш умедвор шуда буд, бо суханҳои охиринаш якбора ба нав-медй афтод (Айни). Тугмачагуле, ки хола бо дастони ларзонаш лаби ҷӯи ҳавлиашро канда корида буд, аз гармии ҳаво пажмурда шуда буд (Ҳаким Карим). Поезд ба Каттақӯрғон расида буд, ки фурома-дам (Икромй). Кабинет ба андозае дим шуда буд, ки нафасгириро душвор мекард. — Ба бозор рафта буданд, ҳозир меоянд, амак, ба хона   дароед   (Раҳим   Ҷалил).

б) Фирӯза баргашта ба рӯи Карим нигоҳ кард, аммо Карим ма-лӯлона сарашро хам карда буд.— Дар ин ҷо сӯҳбати опҳо ба охир расид, зеро ки ба дами дарвозаи ҳавлиашон расида буданд (Икромй).

Биё,  меҳмон, — гуфт  соҳибаи хона…,  ки  тӯппии    мудаввари  зардӯзи-ашро то ба сари абрувонаш фароварда пӯшида буд  (Муҳаммядиев).

в) Вақте ки маҷлис сар шуд, офтоб рост ба болои сар омада буд (Ҳаким Карим). Дар берун рӯз ба охир мерасид, якто-дуто дӯконҳои кушода ҳам баста шуда буданд ва дар кӯчаҳо равандагон кам монда буданд    (Икромӣ).

  1. Шакли гузаштаи дур дар мавридҳое кор фармуда мешавад.
    ки амали дигаре пас аз он зикр намеёбад, вале ба ягон шаклу маънӣ
    воқеъ шуданаш тасаввур карда мешавад. Ин мавриди истеъмол асо-
    сан ба   ҷумлаҳои   содда   дахл   дорад:

Аммо набудани хӯрок барои йигитҳо, ему хошок барои аспҳо вай-ро аз ҳар чӣ ҳам зиёдтар ба танг оварда буд. Сардори гарнизон ҳам-роҳи аксарияти аскарон ба операция рафта буд (Хаким Карим). Дар роҳ равандаҳои дигар низ пайдо шуда буданд. — Магар Насим-ҷон барин мардҳоро пеш аз ин вай надида буд? (Икромй). Ронанда сару рӯяшро шуста буд. Чанги роҳ пароканда шуда буд (Муҳамма-диев).

  1. Шакли гузаштаи дури феълҳои истодан, нишастан (шиштап),
    хобидан (хоб кардан) ва баъзе феълҳои дигар, ки одатан ё дар мав-
    ридаш, ҳолату вазъиятро мефаҳмопад, маънии давомнокиро ифода
    мекунад. Дар шакли гузаштаи дури ин гуна феълҳо маънии амали
    гузаштаи дур ва ё пеш аз амале содиршуда қариб ҳис карда памеша-
    вад. Аз ин рӯ шаклҳои гузаштаи дури ин гуна феълҳо моҳиятан муро-
    дифи шаклҳои гузаштаи ҳикоягии онҳо мебошапд. Масалан. мукоиса
    кунем: нишаста буд—менишаст, хобида буд — мехобид, истода буд —
    меистод, гӯш дода  буд — гӯш  медод ва  м.  ин:

а)   Яроқҳо дар ҷояшон, дар гӯшаи хона истода буданд. Колашни-
ков дар миёнҷои қалъа танҳо, чун ҳайкали пуршукӯҳ росг истода
буд (Ҳаким Карим). Дар паси руль Қаҳҳор нишаста буду дар пахлӯ-
яш Ҳасан (Раҳим Ҷалил). Дар қабулгохи сафир Куйбышев, Фирӯза
(бефаранҷӣ) ва Карим ба руи курсиҳо нишаста буданд (Икромй).
Коваленко дар пишебии баланде рӯ ба замин истода хобида буд. Ман
дар хона хоб карда будам (Ҳаким Карим). Дар берун дар болохона
ҳама   ба   сӯҳбати   Карим   гӯш   дода   буданд   (Икромй).

б)   Анбархола, ки то ин дам хомӯш, гӯш карда меистод, токат
карда натавонисту сухани уро аз миён бурид (Икромй). Дар кабинаи
автомобили   боркаш   ду   кас   менишаст    (Муҳаммадиев).

  1. Таркибҳои хабарӣ, ки аз сифати феълй (бо суффикси -гй) ва
    феъли будан ташкил ёфтаанд, маъиои гузаштаи дурро бо тобиши ус-
    луби гуфтугӯӣ ифода мскунанд. Муродифи адабии онҳо одатан ба
    шакли гузаштаи дур воксъ мешавад, чунончи: пухтагй буд—пухта
    буд, даридагй буд—дарида буд, баста шудагй буд — баста шуда буд
    ва ғайра:

Ман, ки ҳисоби абҷадро ёд гирифтагй будам, ин гапҳои падарам-ро ба зуди ва осонй фаҳмидам. Ҳоло ҳам бемасҳӣ будам, кафши бул-горам тамоман даридагй буд ва бо ин кафш дар даруни лою барфн ҳавлӣ ва куча мегаштам (Айпй). Одилов аз дастаи чанговаронаш чу­до, гирду атрофашро даҳ-понздаҳ нафар аз йигитҳои қӯрбошӣ печони-да гирифтагй буданд. Зап бисьёр монда шудагй буд  (Ҳаким Карим).

Э з о ҳ: Таркиби хабарии сифати феълии замони гузашта бо суффикси -гГ» ва шак­ли хикоягии феъли ёридичандаи будан сиғаи шар гиро ифодч мекунад. Чунончи: Бо шунидани ни сухан рангу руи Г}’лнор аз ҳичолат суп-сурх шуд, агар чашми Едгорро акдешаи ояндаи сисҳ торик накардаги мебуд, ин хслати Гулнорро дида, аз аввал ҳам зиёдтар волану шайдои вай мегардид  (Айнй).

  1. Таркибҳои хабарии аз сифати феълии замони оянда ва феъли
    будан сохташуда гузаштаи дурро бо тобиши сигай хоҳишмандӣ ифо­
    да мекунанд. Дар ин гуна таркибҳои феълй апҷоми замой маълум бо-
    шад ҳам, анҷоми амал ва натиҷаи он номаълум аст   (гуфтанй будам-

гуфтани   буди,   гуфтани   буд…).  Муродифи онхо бо таркибхои гуногуни

феълӣ омада метавонад. Агар чунин таркиби феълӣ ба таври чида омада бошад, феъли будаи одатан бо таркиби охирин оварда меша-вад:

Дар умри худ аввалин маротиба саргузашти худро ба рафико-нащ нақл кардани буд, ки чй тавр баъд аз революция ба гвардиям сурх даромадааст (Ҳаким Карим). Ҳа, қиссаи рӯзи истироҳагро гуф­тани будам (Раҳим Ҷалил). Олим дудила шуда, кариб таклифи сар-корро қабул карданӣ буд, ки аз дур аспе шеҳа кашид (Ниёзи). Он шаб бо чура ва дугонаҳояшон аз раксхои тоҷикй сар карда, то ҳар гуна раксҳои европагиро адо карданӣ, аз музыкаи классики ва хал-қии тоҷикӣ то ария ва симфонияҳои бастакорони номдори рус ва Ев-, ропаро шуниданй, ниҳоят, шабро бо сӯҳбатҳои самимона ва ҳар гу­на бозиҳои дилкушои замонашон гузарониданй буданд (Ҳаким Ка­рим).

Гузаштаи дури нақлӣ

  • 397. Замони гузаштаи дури нақлӣ аз феъли ҳол (сифати феъ-лии замони гузашта бо суффикси (-а) ва шакли феъли будан сохта мешавад. Тасрифаш:

Танҳо                                                    Ҷамъ

  1. ман рафта   будаам                      1. мо   рафта   будаем
  2. ту рафта    будаӣ                            2. шумо   рафта   будаед
  3. вай рафта   будааст                      3. онҳо   рафта    будаанд

Шакли гузаштаи дури нақлӣ ҳам монанди гузаштаи дур амале-ро мефаҳмонад, ки пеш аз рӯй додани амали дигар воқеъ шуда ан-ҷом ёфтааст ва натиҷааш низ аён аст. Ин шакл ҳам дар нақли маз-муни сухани дигарон ва ҳам дар хулосабарории мантиқӣ кор фарму-да мешавад. Ба кадом маънӣ омадани он дар матн муайян мегардад:

Падарам хату савод дошта, дар вактҳои ҷавоииаш чанд сол дар мадрасаҳои Бухоро истиқомат карда будааст. Мадрасаи Олимҷон дар аввал барои Мадраса бино карда нашуда будааст (Айни). Ҳамон шаб бо мақсади гарнизонро пахш кардан чандсадто босмачиён омада буданд (Ҳаким Карим). Хайрият, ки дадем хобида будаанд (Икро-мй). Раиси физкультурачиҳо марди деҳқонро аз калонҳои колхозаш махсусан талабида оварда будааст, ки кори Аҳмадбекро имруз то бегоҳ   давом   диҳад    (Муҳаммадиев).

Замони гузаштаи дури давомдор (муайян)

  • 398. Замони гузаштаи дури давомдор (муайян) аз шакли феъ­ли ҳоли (сифати феълии) асосй ва шакли гузаштаи дури феъли ёри-диҳандаи истодан таркиб меёбад. Дар ин гуна таркиб феъли ёриди-ҳандаи истодан маънии давомнокии амал, ёридиҳандаи будан гузаш­таи дурро мефахмонад.   Тасрифаш   чунин   аст:

Танхо                                                     Ҷамъ

  1. ман дида истода будам мо дида    истода    будем,
  2. ту дида   истода   буди                 шумо   дида   истода   будед
  3. ӯ дида   истода   буд                    онҳо   дида   истода   буданд

Шакли гузаштаи дури давомдор (муайян) одатан амали гузаш-таеро мефаҳмонад, ки то вуқӯи амали дигари замони гузашта ҷараён дошта- дар айни давоми он амали дигар содир мешавад. Ба  ин маъни ду амали замоли гузашта дар як вақт воқеъ мегардад. Баъзан ча-раёни амали давомдор бо содир шудани амали дигар қатъ мешавад. Ин маъниҳо вобаста бо сохту мазмуии сухан, бо тобишҳои ҷудогона ифода   меёбанд.

  1. Дар ҷумлаҳои мураккаб, махсусан мураккаби тобеъ, ду
    амали дар як вакт вокеъшудае мушоҳида мешавад, ки гоҳо вуқӯи яке
    боиси қатъи дигаре шудааст. Дар ин маврид якбора бурида шудани
    ҷараёни амали   аввала   бевосита   маълум   аст:

Бесабрй карда аз хонаи мо рафтй, ман барон ту либос тайёр ку-нонда истода будам (Айнй). Командир ҳайрон шуда истода буд, ки аз паси одамон Заҳро баромад (Ҳаким Карим). Хола Анбар худ ба худ хандида истода буд, ки аз берун Ойими Шоҳ омада даромад (Ик-ромӣ).

  1. Барои ифодаи катъи амали дури давомнок амали дигари замо-
    ни гузашта зикр наёфта бошад ҳам, ин маънӣ умуман тасаввур кар­
    да мешавад:

Дуруст аст, ки ман ин ҷо бисьёр чиз ёд гирифта истода будам (Айнй). Коваленко бо як пояш лангида, ба ақибаш, сӯи босмачиён тирхоликунон ба тарафи баландй баромада истода буд (Ҳаким Ка­рим). Омадани шуморо маътал шуда истода будам   (Икромй).

  1. Ин шакли феъл дар ҳолати муайяне давом доштани амалро
    мефаҳмонад, ки дар ин ҳолат зикр ё тасаввур кардани амали дигари
    замони гузашта   шарт   нест:

Ман аввалин бор буд, ки дар Бухоро ин гуна одамони зиндадил ва адабиётчиро дида истода будам (Айнй). Як қабза мӯйҳои сафедаш аз таги рӯймолчаи сурх, ки ба сараш баста буд ва оиро ба муносиба-ти кадом иде дастаи пионерони қишлок ба вай тӯҳфа карда буданд, баромада истода буд. Маълум шуд, ки «КИМ»-чиён дар зарфи 52 рӯз плани худро аз 100 фоиз зиёда иҷро намуда, …каналро тайёр карда дирӯз инҷониб ба колхозҳои ҳамсояашон ёрӣ дода истода буданд (Ҳаким   Карим).

  1. Баъзан дар ифодаи маънии грамматики шакли гузаштаи дури
    давомдор (муайян) ва гузаштаи ҳикоягӣ муродифи ҳамдигар шу­
    да метавонанд.   Чунончи,    муқоиса   шавад:

Ошпаз палавро дам карда истода буд. Котиби ячейка бо ду на-фар колхозчиён гап зада истода буд (Ҳаким Карим). Рӯзи серкор ва пур аз ташвиш ба охир мерасид (Икромй).— Рӯзи серкор ва пур аз   ташвиш   ба   охир   расида   истода   буд.

Гузаштаи дури давомдори  (муайяни)  накали

  • 399. Замони гузаштаи дури давомдори (муайяни) пакли аз шакли феъли ҳоли (сифати феълии) феъли асосй ва феъли ёриди-ҳандаи истодан дар шакли гузаштаи дури наклй ташкил меёбад. Тас-рифаш чунин аст:

Танҳо                                                    Ҷамъ

  1. рафта истода будаам                       Рафта истода будаем
  2. рафта истода   будаӣ                   рафта   истода   будаед
  3. рафта истода   будааст                рафта    истода    будаанд

Ин шакли феъл тобишҳои маъноии гузаштаи дури давомдор (му­айян)-ро ба маънои нақлӣ ифода мекунад ва аз ин рӯ дорой тобиш-ҳои   маъноии   шакли   наклии   феъл   мебошад:

Шокул як гургро дидааст, ки як гӯсфандро кафонида хӯрда ис­тода будааст (Айнй). Шумо як асари нав навишта истода будаед. Коргарон   ба   намоиш   тайёрй   дида   истода   будаанд.

Замони гузаштаи эҳтимоли

  • 400. Феълн гузаштаи эҳтимоли амали поқеъшудаеро мсфахмо-над, ки гӯянда дар бораи он бо шубҳаю тахмин, гумопу эҳтимол су-хан меропад (ииг.   сиғаи   эхтимолӣ).

Гузаштаи эҳтимолӣ аз сифати феълии замони гузашта бо суффик-си -гй ва иловаи бандакҳо сохта мешавад. Вай ду тарзи ифода дорад: тарзи якум: ман хондагиям, ту хондагий, вай хондагист; мо хондаги-ем, шумо хондагиед, опҳо хондагиянд; тарзи дуюм (аз шахси сеюми танҳо бо иловаи бандакҳо): ман хондагистам, ту хондагистй, вай хондагист    (-ем,   -ед,   -анд).

Замони гузаштаи шартӣ-хоҳишм.андӣ

Ин шакл аз сифати феълии замони гузашта бо шакли аористи феъли будан сохта мешавад ва амали воқеъшудаеро мефаҳмонад, ки ба шарте вобаста мебошад: рафта бошам, рафта бошн, рафта бо-шад;   рафта   бошем,   рафта   бошед,   рафта   бошанд.

  1. II. ЗАМОНИ ҲОЗИРЛИ   ФЕЪЛ
  • . Феъли замони ҳозира амалеро мефаҳмонад, ки ҳангоми сухан кардан дар бораи он давом дорад. Масалан: Ман баъдтар шарҳ хоҳам дод, ки чаро махз 18 сентябрь гуфта истодаам, чаро таърихи вокеаҳои ҳаёти шуморо ин кадар боэътимод таъкид мекунам (Муҳам-мадиев).

Дар ин чумла феьли шарҳ хоҳам дод замоли ояидаро мефаҳмо-над. Аммо феълхои гуфта истодаам ва таъкид мекунам замони ҳози-ра буда, амали дар вақти сухапи фоил (субъект) содиршуда ва да-вомдоштаро ифода мекунанд. Дар забони ҳозираи тоҷик маънии грамматикии замони ҳозира асосап бо ду шакли маъмулу серистеъ-моли феъл ифода меёбад, ки яке хозираи давомдор (ҳозираи муайян), дигаре хозира-оянда мебошад. Маънии замонӣ дар шакли ҳозираи давомдор муайяну возех, аммо дар шакли хозира-ояпда сертобиш асг ва тобишҳои маъпоии он танҳо вобаста ба мазмуни матн муайян ме-гардад. Баъзап ба кадом маънии замонӣ омадани феъли хозира-оянда аз худи чумла не, балки алоқамандона бо ҷумлаҳои дигар равшал мешавад:

Онхо ба давлатп иав, ба Ҳукумати инқилобии нави худ хизмаг мекунанд (Икромй). Гапро дигар мекунанд, аз пичир-пичир ба пикир-пикир   мегузаранд   (Раҳим   Чалил).

Замони ҳозираи давомдор  (муайян)

  •  Феъли хозираи давомдор (муайян) аз шакли феъли ҳоли (сифати феълии) феъли асоей ва шакли гузаштаи нақлии феъли ёри-дихандаи истодан таркиб   меёбад.   Тасрифаш   чунин   аст:

 

Танхо

  1. ман шунида истодаам
  2. ту шуиида истодай
  3. вай шунида истодааст

Ҷамъ

  1. мо шунида истодаем
  2. шумо шунида   истода ед
  3. онҳо шунида   истодаанд

 

  •  Шакли хозираи давомдори феъл барои ифодаи маъниҳои зерип истеъмол мешавад:
  1. Ҳозираи давомдор (муайян), ки амали дар айни ҳол ҷараён-доштаро мефаҳмонад:

Мо коми Партиям Коммунистиро вирди забои намуда, дар тамо-ми соҳаҳо ғалаба кардем ва бо номи Партия дар ин фронт ҳам ға-лаба карда истодаем ва ғолиб хоҳем шуд! — Вахш рафта истодай? — Ситораҳо дар осмони баланд ҷимҷимак зада истодаанд (Ҳаким Ка­рим). Писараш подаро ба чарогоҳ ронда истодааст (Раҳим Ҷалил). Вақти ту акнун гул карда истодааст, аз хазок ёд макун!   (Икромй).

  1. Ҳозираи давомдор, ки ҷараёни доимии амалро ифода мекунад:
    Аз рӯи  хабарҳои  пухтае,   ки ҳаррӯза     ба  ман  расида   истодааст,

кори мо он кадар хуб нест (Айнй). IIIаш моҳ боз вай дар хамон мак-табе, ки номашро ҳозир ҳам памедонам, хонда истодааст. Ин марду-мони софдил, пурзӯр ва боғайрати кӯхӣ дар хар қадам намунаҳои қаҳрамонӣ   нишон   дода   истодаанд    (Ҳаким   Карим).

  1. Қозираи давомдор, ки маънии замони гузаштаро низ ифода
    карда метавонад. Ин маънй дар ҷумлаҳои мураккаби тобеъ, ки бо
    пайрави муайянкунанда ва пуркунанда омадаанд, мушоҳида меша-
    вад. Феъли ҷумлаи пайрав пас аз феълҳои ба шакли замони гузашта
    омадаи сарҷумла (дидан, шунидан, донистан, пиндоштан, нигох дош­
    тан, нигоҳ кардан, пай бурдан, ҳис кардан ва м. инҳо) амали барда воми гузаштаеро мефаҳмонад, ки ба шакли замони ҳозира воқсъ шудааст:

Ӯ ин гуна ҳикояҳоро бо камоли ҷиддият ва бо боварии тамом нақл мекард ва мепиндошт, ки ман ҳам тамоман бовар карда исто-даам (Айнй). Ҳамин ки сарашро бардошт, дид, ки ҳамшира дар паҳ-лӯяш хандида истодааст (Ҳаким Карим). Дар он гӯрхона ман на ин ки аз дуньё хабар надоштам ва памедонистам, ки инқилоб шуда истодааст, балки аз худам бехабар будам. — Саидпаҳлавон ҳис ме­кард, ки вай оҳиста-оҳиста чӣ будани инқилобро фаҳмида, худаш ҳам аз ҳавои инқилоб нафас кашида истодааст (Икромй). Дзр кӯча касеро диданд, ки як бузро ба тарафс кашолакунон бурда истодааст.

Замони ҳозира-оянда

  •  Феъли замопи ҳозира-оянда аз асоси замони ҳозира бо иловаи префикси ме- сохта шуда, бо бандакҳои феълӣ тасркф меё-бад.                                                                                                Ҷамъ
  1. мо меравем
  2. шумо меравед онҳо  мераванд

Э з о х: 1. Феъли доштан (ба маънои доро будап, соҳиб будап) аз ҷихати сохт ғайри қоидаи умумии шакли ҳозира-оянда, вале айнап ба ҳамон маъно, ба шакли аорист (бе префикси ме-) тасриф мешавад: дорам, дори, дорад (дорем, доред, до-ранд) :

Дигар   намедонам,  дар  гирду  атроф  боз   киҳо  аз   ии  дораид.     (Рахим   Ҷалил). Паҳлавоноп    зотан    пайкари    салобатнок   доранд    (Муҳаммадиев).

. Феъли доштан ба маънихои дигар, дар феълхои таркибии номй (дуст дош­тан, нигоҳ доштан, пинхон доштан) ва феъли боздоштан дар шакли ҳозира-ояндл префикси   ме-   кабул   мекунад:

Аз одамоне, ки чашм аз хамсӯҳбат пинҳон медоранд, эхтиёт шудан даркор, мегӯянд    (Муҳаммадиев).

  1. Феъли дӯст доштан ба ду шакли баробармаъно — хам ба шакли ҳозира-сянда ва хам ба шакли аорист (бештар дар назм) омада метавонад: Ба назарам, пиразан ҳам туро дӯст медорад (Раҳим Ҷалил). Дӯст дорам рӯи некуи туро.
  • 405. Феъли замони ҳозира-оянда шакли муштаракест, ки бо моҳияти грамматикии худ тобиши маъноии ҳар се замонро ифода карда метавонад. Чунин тобишҳои маъной дар матп муайян меша-ванд.
  1. Шакли ҳозира-оянда амали  доимии   бо  замони  ҳозира   алокамандро мефаҳмонад, ки он ба таври умумй, анъаыавй, аз руи одат воқеъ мсшавад, яънс маънои замонии амал ҳозир ва умумап мебо-шад:

Духтарҳои мо забони туркиро памедонанд, аммо ӯзбекиро ме-фаҳманд (Икромй). Аз кади хӯроку аз бари пӯшок мезанаду пул ме-ғундорад. Боз ин тавр ҳам мегуянд, ки роҳбарон дер намемонанд, балки банд шуда мемонанд. Кемаи Мунавваршоҳ одаму мошинҳоро аз ҳамон наҳр мегузаронад. Сал мероиад… Ниҳол мешинонад… Тан­бур менавозад, — ҳамаи ҳунарҳои навозандан ношиносро якбора ка-тор кард соҳибаи хопа   (Муҳаммадиев).

  1. Шакли ҳозира-оянда амали доимии хоси Н1ахсу предметро
    ифода мекунад:

Ман ба мобайни одамон даромада, ба ҳар ош катик шуданро бад мебинам. Мегӯянд, ки ситораҳо низ заминро ба апдозае равшан мекунанд (Муҳаммадиев). Бобй-мй?— гуфт ва ҳамчун паррандаи гуруснае, ки ба сайди худ ҳамла мекунад. рост аз ҷояш хест (Ҳахим Карим). Пахта дар чойҳои гарму сероб мерӯяд. Амударьё ба баҳри Арал   мерезад.   Боги   бахил   сабз   иамешавад.

  1. Шакли ҳозира-оянда амали замони ҳозираро мефаҳмонад, ки
    он ё дар айни ҳол давом дорад ва ё бо лаҳзаи муайян маҳдуд ас г.
    Давомнокии амал бо маънии фсъли ҳозираи давомд-,р (муайян) муво-
    фикат дорад:

Мебинам, ки шумо аз гуфтахои ман ҳайрон мешавед. Ҳоло пушай-мон мешаваму суд намекунад (Раҳим Ҷалил). Ман, Фирӯза, аз клу­би занҳо гаи мезанам (Икромй). Дада, биёед, шуморо фарьёд меку­нанд. Мо боз ҳар ду дар як хона, дар маҳаллаи МТС истиқомат ме-кунем. — Ин   кист?   К.й   менавозад?    (Муҳаммадиев).

  1. Шакли ҳозира-оянда амали замони хозираеро мефаҳмонад, ки
    дар он   тобиши   ҳозира   мест:

Он шаб к.арор доданд, ки пас аз як ҳафтаи дигар падару писар ба Бухоро мераванд ва аз аҳволи наздикояашон хабар гирифта бар-мегардакд (Икромй). Ман ба ҳамроҳонам даромада мегӯям, ки ба Конибодом рафта, дар ҳавлии ошноям мехобаму пагоҳӣ баргашта меравам. Рӯзҳои сахт гузашта мераванд, калон мешавй, фаромӯш ме-кунй    (Раҳим   Ҷалил).

Шакли ҳозира-ояпда амали замони ояндаро бо тобиши маъноип шарт, хоҳишу амр ифода карда метавонад, ки чунин тобишҳои маъ­нои одатаи бо шакли аорист ё фармоиш ифода меёбанд. Дар ин мав-рид   префикси   ме-   тобиши   префикси   би-   ро   дорад:

Ошьён гар мегузорй, дар дили иксоп гузор (Турсунзода). Шумо. ҷаноб, маро мебахшед, манфиати давлат, ватан инро талаб менамояд (Раҳим Ҷалил).’Илочи ту хамип, ки с аз ҷон мегузарӣ, ё ба дилдораг мерасӣ! Агар ба ман аз Москва ва с Тошкент телефон шавад, ҷеғ мезанед    (Икромй).

  1. Шакли замони ҳозира-оянда барои чоннок кардани тасвир
    дар нақли вокеаи гузашта кор фармуда мешавад, ки маънои замони
    гузаштаро дорад:

Чун агент мебинад, ки чан г мешавад, маҷбур мешавад, ки озод кардани маҳбусонро аз амир талаб кунад. Амир ваъда медиҳад. Аммо аскарон ин ваъдаро бовар памекунанд ва мегӯянд, ки «мо рафта ба дасти худ маҳбусопро халос мекунем» (Айни). Николай Тихонов ҳикоя мекунад, ки боре бо сардории ӯ чанд нафар нависапда-гони советй… ба Қарочӣ мераванд. В акте ки ба сарҳад наздик меояд, сардори посбонон… ба назди онҳо меояд ва бо тамоми дастуру қоида-ҳои ҳарбӣ ҳуҷҷатҳои онҳоро талаб мекунад. Онҳо ҳуҷҷатҳоро ба дасти ӯ медиҳанд. Сардор тасодуфан аввал ҳуҷҷати Мирзо Турсунзо-даро мекушояд, якбора бар рухи чиддии ӯ табассум гул мекунад (Миршакар).

 

ЗАМОНИ   ОЯНДАИ   ФЕЪЛ
  •  Феъли замони ояида амалеро мефаҳмонад, ки он пас аз лаҳзаи нутк, яъне баъд аз сухан рондан дар бораи вай воқеъ меша-вад. Ба эътибори чунин маънии грамматики чанд шакли феъли мав-ҷуд аст, ки бевосита ё вобаста ба матн замони ояндаро ифода меку-над. Шаклҳои зерини феъл ба ҳамин гурӯҳ дохил мешаванд.

test

Добавить комментарий