Зарф. Категорияи морфологии зарф

 

Зарф ҳиссаи мустақилмаънои нутқ буда, ҳолат, тарз, вақту ҳангом, маҳаллу макон, сабабу мақсади кору ҳаракатро шарҳу эзоҳ медиҳад.

КАТЕГОРИЯИ МОРФОЛОГИИ ЗАРФ

Аломатҳои морфологии зарф аз инҳо иборатанд:

  1. Зарф ҳиссаи мустақилмаънои нутқ буда, таѓир намеёбад, яъне категорияи љамъ надорад.
  2. Гурўҳи калони зарфҳо дараљаи қиёсӣ доранд: Вай зудтар харакат кард, ки ба лаби љўй расад (П. Толис, Тобистон). Савор наздиктар рафта қарор гирифт (С. Улуѓзода, Қисмати шоир).

Мисол: камтар, дертар, поёнтар, беҳтарин, қалонтар духтараш, зани зеботарин.

  1. Зарф пасвандҳои махсуси калимасоз дорад.

Пасвандҳои –нокӣ, -акӣ, -она, -вор, -бар, -ӣ ва ѓайра пасвандҳои зарфсоз ба шумор мераванд: Набӣ-Полвон Неқадамро пуштнокӣ ба замин хобонид (С. Айнӣ, Куллиёт). Банда кўдаквор шодӣ мекардам (Ф. Муҳаммадиев, Дар он дунё).

Мисол: вазнинона, пешакӣ, пагоҳӣ, барвақт, бисёр паст, хеле васеъ.

ГУРЎҲИ ЗАРФ

Зарфҳо мувофиқи маъно ва вазифаи грамматикии худ ба ду гурўҳи калон људо мешаванд: зарфҳои ҳолат ва зарфҳои ифодакунандаи муҳиту шароити амал.

Зарфҳоие, ки хосса, миқдор ва ҳолату вазъияти амалро ифода мекунанд, дар навбати худ ба хелҳои зерин људо мешаванд:

  1. Зарфҳое, ки ҳолати амалро ифода мекунанд: хушҳолонана, маѓрурона, дилпурона, озодона, оромона, бепарвоёна, бошуурона, бесаброна, шўхона, эҳтиёткорона, далерона, фақирона, љиддиёна, чолокона, танбалона, бодиққатона, бетоқатона, бераҳмона, беҳавсона ва ѓ.
  2. Зарфҳое, ки чӣ тарз ва чӣ тариқ иҷро шудани амалро ифода мекунанд: Қорӣ-Усмон ба Мулло Амон зуд як пиёла чойи гарм кашида дод (С.Айнӣ, Ёддоштҳо).

 

ЗАРФҲ[ОИ ТАРЗИ АМАЛ

Мисол: зуд, зуд-зуд, якзайл, оҳиста, оҳистекак, оҳиста-оҳиста, диккак, савора, пиёда, аспакӣ, пуштокӣ, пуштонокӣ сахт, паснокӣ, даруннокӣ, даҳонакӣ, ёдакӣ, дузону, љо ба љо, рўякӣ, дартоз, даррав, беист, ноист, пинҳонӣ, беихтиёр, тирвор, мичуринвор, халтавор, барқвор, тасодуфан, нохост, фавран, ногаҳон, якбора, якборагӣ, бечуну чаро.

Зарфҳои миқдору дараља низ ба ҳамин гурўҳи зарфҳо дохил мешаванд. Ин зарфҳо ба хелҳои зерин људо мешаванд.

  1. Зарфҳои тарзе амале, ки аз такрор омадани шумораҳо ташкил меёбанд.

Сарбозони дигар ҳам як-як, ду-ду омадан гирифтанд (С. Айнӣ, Куллиёт).

Баъзан зарфҳои як-як дар шакли ягон-ягон низ истифода карда мешаванд:

Ёдгор шунидаҳояшро ягон-ягон ба Гулнор нақл кард (С. Айнӣ, Куллиёт). Деҳқонон љуволҳои пурборро ягон-ягон ба анбор дароварданд     (С. Айни, Куллиёт).

Мисол: ду-ду, чор-чор, панљ-панљ, даҳ-даҳ, дукаса, секаса, чоркаса, дукасаю секаса, кам, кам-кам, ин қадар, он қадар, чӣ қадар, як қадар, қариб, андак.

СОХТИ  ЗАРФҲОИ  ҲОЛАТ

Зарфҳои ҳолат аз љиҳати сохт ба хелҳои зерин људо мешаванд.

Зарфҳои содда

Зарфҳои содда фақат аз як реша иборат буда, як мафҳумро ифода мекунанд: зуд, пиёда, даррав, диккак, оҳиста.

Зарфҳои сохта

Зарфҳои сохта аз ҳиссаҳои нутқ ба воситаи пасвандҳо сохта мешаванд.

Аз исм ва сифат ба воситаи пасванди –вор зарфҳои монандӣ сохта мешаванд.

Мисол: бародарвор, пўлодвор, девонавор.

Зарфҳои сохта инчунин бо тарзи зерин сохта мешаванл: ба исм бо илова гаштани пешванди бе: беихтиёр ин калимаҳо аз даҳонам мебароянд (Ф.Муҳаммадиев, Дар он дунё). Маро беихтиёр ханда омад (С.Айнӣ, Куллиёт).

Ба сифатҳо бо илова гаштани пешванди ба-:

– Кӣ вай? – овози ларзонаки Гулрў базўр баромад (Р. Љалил, Одамони љовид).

Ба сифатҳо бо илова гаштани пасванди –она:

Ҳамон рўз Қорӣ аз дарс омада хашмгинона аз Махмуд пурсид (С.Айнӣ, Ёддоштҳо). Дар осмони бепоёни нилгун порча-порча абрҳои сафед, ки ба хирмани пахта монандӣ доштанд, киштиҳои бодбонӣ барин оромона шино мекарданд.

Зарфи тарзи амали кўр-кўрона аз сифати такрор ва пасванди –она сохта шудааст.

Вақте ки мову шумо ҳам љавон будем, ба куљо рафтанамро надониста кўр-кўрона, палмосида қадам мемондем ([. Карим, Оқшуда).

Ба исм ва зарфҳо бо илова гаштани пасвандҳои –нокӣ ва –акӣ зарфҳо ташкил мегарданд.

Мисол: пуштнокӣ, руйнокӣ, паснокӣ, оқибнокӣ, дарунакӣ, оҳиста,            -акак, оҳистекак, дартоз, беист, ист, бе-.

СОХТИ ЗАРФҲОИ МУРАККАБ

а) Зарфҳои мураккабе, ки аз шумораву исм ташкил ёфтаанд. Мисол: дузону, чорзону, якзайл.

б) Зарфи паёпай аз такрор омадани исми пай ва инфикси о сохта шудааст.

Хулоса, мардумони љабрдида,

Паёпай заҳри нодонӣ чашида.

в) Зарфҳои мураккабе, ки аз сифатҳои мураккаб ва пасванди –она ташкил гардидаанд.

Бо ҳамон дасте, ки кардӣ интихоб,

Дилпурона давлати олиљаноб.

 

ЗАРФҲОИ ТАРКИБӢ

а) Ин зарфҳо аз такрори исм ва пешоянд ташкил меёбанд:

Падари худи ў бисёр вақтҳо аз рўи ноилољӣ дар ба дар гашта, гадоӣ карда, рўзгоргузаронӣ мекард ([.Карим, Оқшуда). Ман худамро мешиносам, ки дар ба дар, ба дасти одамҳо мебошам (П.Толис, Повест ва ҳикояҳо).

[амин тавр, даст ба даст гузашта, вай се авлодро дидааст ([.Карим, Оқшуда).

б) Зарфи таркибии худ ба худ  аз такрори омадани љонишини нафсии худ ва пешоянди ба сохта шудааст:

Вай худ ба худ сурх мешуд, таб мебаровард ([.Карим, Оқшуда).

в) Зарфҳое, ки аз такрор омадани шумораҳо ва пешоянди ба сохта шудаанд:

 

                                                         Сохти зарфҳои миқдору дараља      

 

Зарфҳои миқдору дараља ҳам аз љиҳати сохт ба хелҳои зерин људо мешаванд:

Зарфҳои миқдору дараљаи содда: кам, бисёр, чанд, андак.

      Зарфҳои миқдору дараљаи сохта

1.Ба исм бо иловаи гаштани пешванди –бе зарфҳои миқдорӣ сохта

мешаванд:

Ман беҳад шод будам (С.Улуѓзода, Субҳи љафонии мо).

  1. Зарфи миқдории барзиёд аз зарфи миқдории зиёд бо илова шудани пешванди бар- сохта шудааст:

Вафо бар аҳд кардан –хислати хос аст бар мо,

Супоришро ту бешак менамоӣ барзиёд иљро.

(Р.Љалил, Баҳор).

 

Зарфҳои миқдору дараљаи таркибӣ

  1. Зарфи таркибии кам андар кам аз такрор шуда омадани зарфи миқдории кам ва оварда шудани пешоянди андар сохта мешавад:… дар матонат ва суботкорӣ ба худ кам андар кам ҳамто доштанд (Ф. Муҳаммадиев, Дар он дунё).
  2. Зарфи таркибии миқдору дараљаи як дараља аз шумора ва исм сохта шудааст:

То расидан ба миёнаљои дарё гупсарҳо як дараља ба осудагӣ меравтанд (С.Айнӣ, Куллиёт).

Зарфҳои ифодакунандаи муҳиту шароити амал

Ба ин гурўҳ зарфҳои макон, замон, сабаб ва мақсад дохил мешавад.

 

Зарфи макон

Зарфи макон макону маҳалли амалро шарҳу эзоҳ медиҳад:

дар ин љо, дар он љо, поён, аз ақиб, ҳамон љо, берун, ақиб, қафо, дарун, аз поён, ҳамин љо, пеш, дур, аммо, наздик, он љо, намнок, ин сў ва он сў, ин сў он сў,ба ин сўву он сў, он тараф ва он тараф, он тараф, ин тараф-он тараф, гоҳ ин тараф, гоҳ он тараф, ҳама љо, ҳар љо, љо-љо, ба куљо, аз куљо.

Сохти зарфҳои макон

Зарфҳои макон низ аз љиҳати сохт гуногун мешаванд:

Зарфҳои макони содда

Зарфҳои маконе, ки аз як калима иборатанд, зарфҳои макони содда ном доранд: берун, поён, пеш.

Зарфҳои мураккаби макон.

Зарфҳои  мураккаби макон аз исм ва миёнванди  о  сохта мегаванд: саросар, саропой.

Зарфҳои таркибии макон

Зарфҳои таркибии макон аз исм, шумора, љонишин ва пешояндҳо сохта мешаванд:

сар ба сар, сар то по, љо-љо, ин сў-он сў, ин љо, он љо, дар ҳар љо, ҳар љо-ҳар љо, ин тараф-он тараф

Зарфи замон

Зарфи замон вақту ҳангоми воқеъ шудани амалро шарҳ медиҳад:

а) Зарфҳои замоне, ки амали замони гузаштаи нисбатан наздик, ҳозира ва ояндаро эзоҳ медиҳанд:

фардо, имшаб, дирўз, дирўзакак, динакак, бегоҳӣ, бегоҳонӣ, пешинӣ, шабона, рўзона, шабона, пагоҳонӣ, пагоҳӣ, бегоҳирўзӣ, нисфишабӣ, шабонгоҳ, нисфирўзӣ, нимрўзӣ, пагоҳирўз, чоштгоҳӣ, чоштгоҳонӣ, рўздармиён, саҳарӣ, саҳаргоҳ,саҳаргоҳон, имсол, порсол, парерсол, пешакӣ, аввал, сонӣ, пас, сипас, баъд, кай, ҳоло, ҳанўз, ҳозир, тавба, навакак, акнун, дарҳол, ҳамоно.

б) Зарфҳои замоне, ки давомнокии вақти воқеъ шудани кору ҳаракат-феълҳоро ифода менамоянд:

доимо, доим, мудом, ҳамеша, кай, имрўз, кайҳо, имрўзҳо, ҳамеша, доимо, кайҳо, дербоз.

Сохти зарфҳои замон

Зарфҳои замон ҳам мувофиқи сохташон ба хелҳои зерин људо мешаванд:

фардо, дина, ҳанўз.

  Зарфҳои замони сохта

Зарфҳои замони ба ду роҳ сохта мешаванд:

  • зарфҳое, ки аз ҳиссаҳои гуногуни нутқ ба воситаи пасвандҳо сохта мешаванд:

пагоҳӣ, бегоҳӣ, саҳарӣ, саҳаргоҳон, кайҳо, рўзона, шабона, пешакии, пешакӣ,  ногоҳ, баногоҳ, дарҳол.

 Зарфҳои замони мураккаб

а) Зарфҳои мураккабе, ки аз зарф ва исм сохта шудаанд:  пагоҳирўз

б) Зарфҳоимураккабе, ки бевосита аз ду зарф сохташудаанд:  дергоҳ, пасфардо.

в) Аз исмҳои замон ва баъзан аз исму зарф ва пасванди-ӣ  зарфҳои мураккаби замон сохта мешаванд: бегоҳирўзӣ, имрўзӣ, нисфишабӣ, имрўзӣ.

Зарфҳои замони таркибӣ: соат ба соат, дам ба дам, рўз ба рўз, ба, рўз аз рўз, рўз то рўз, аз, то, ҳар гоҳ агар, ҳар гоҳ, он гоҳ.

 Зарфи сабаб

Зарфи сабаб асосан ба калимаҳои ночор ва ноилољ ифода мешавад:

  Зарфи мақсад

      Зарфи мақсад ба воситаи калимаи  қасдан  ифода меёбанд:

Медонӣ, лекин  қасдан худро ба нодонӣ мезанӣ! (С.Айнӣ,Куллиёт). Ў қасдан ё ин ки саҳван он корро вайрон карда мефиристонад (С.Айнӣ, Куллиёт).

О L-BRO Admin

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.