Имлои исм

Имлои исм

1.Баъзе исмхо ду тарзи навишт доранд:

1) исмхое, ки бо хамсадои х ва й анчом меёбанд:

Гоҳ-гаҳ                                     куй-ку

Гуноҳ-гунаҳ                             муй-му

Коҳ-каҳ                                     пой-по

Моҳ-маҳ                                   руй-ру

Шоҳ-шаҳ                                  шуй-шу

Рох-рах                                     хуй-ху

Сиёҳ-сияҳ                                 сарой-саро

Рубоҳ-рубаҳ                             ой-о

2) ба далели бархурди харфхои ч-х, г-ч, п-ф, д-з ба мурур ё бо такозои вазну оханги сухан ва ба таъсири забони араби бархе аз калимахо тагйири шакл кардаанд, монанди:

Хеч (хич)-хеч, Бузургмехр-Бузурчмехр (Бузарчмехр), сапед-сафед, гуспанд-гусфанд, пил-фил, пируз-фируз, хидмат-хизмат, устод-устоз, чахор-чор, аргувон-аргавон, армугон-аргамон ва гайра.

  1. Якчоя навишта мешаванд:

1) артикли арабии ал бо исм: алкисса, алвидоъ, алхавар, алхак ва гайра:

2) исмхое, ки аз чанд решав а асос таркиб ёфтаанд: падарарус, гарданкаш, навшукуфта, корфармо, мушкилосонкункасон ва гайра.

3) Исмхое, ки таввасути пасванди –и (-ги), -ак таркиб ёфтаанд пешазинтихоботи, хештаншиноси, пунбаобдихи, садсолаги, пешвозгири, навовари, корсози, рубинак ва гайра.

4) исмхое, ки аз шумораву исм бо пасванди –а таркиб ёфтаанд: себарга, чоркунча, дуоба, душоха.

5) исмхое, ки аз феъл тавассути миёнвандхои у ва о таркиб ёфтаанд: гуфтушунид (гуфтушунуд), гуфтугу, чустучу, шустушу, райтуомад, даводав, хезохез ва гайра.

6) исмхое, ки аз иборахои иктибосии араби тавассути артикли ал таркиб ёфтаанд: маликушшуаро, дорулфунун, Мовароуннахр, «Равзатуссафо», «Дуррулмачолис» ва гайра.

  1. Бо дефис навишта мешаванд:

1) шумора бо ракам ифодаёфта ва калимаи сол: 1000-солагии зодрузи Абуали ибни Сино, 13-солагии Истиклолияти Чумхурии Точикистон, 70-солагии таъсисёбии донишгох ва гайра.

2) исмхое, ки аз калимахои такрор таркиб ёфтаанд: гулдур-гулдур, гум-гум, чир-чир, кар-кар, милт-милт ва гайра.

  1. Чудо навишта мешаванд:

1) чуфтхои муродифи: афту андом, гушту нохун, ишку хавас, шаъну шараф, саъю кушиш, обу хаво;

2) чузъхои исме, ки мафхуми чугрофиёи доранд ва маънои лугавию задаи худро нигох доштаанд: Сари Хосор, Варзоби Боло, Осиёи Маркази, Шарки Дур ва гайра, аммо, дар сурати суст ё гумм шудани маънии лугавии чузъи дуюми ин гуна исмхо, якчоя навишта мешаванд: Конибодом, Шахринав, Шахрисабз, Шахритус, Мавчигул, Сарвиноз ва гайра;

3) таъбирхои ангури дили кафтар, аспи гули бодом, атласи абри бахор, гули ошики печон, гули намози шом, зардолуи рухи чавон ва гайра.

  1. Имлои баёния ва исм:

1) баёнияхои беизофа ва изофие, ки мафхуми унвон, мансаб, лакаб ва нисбаро ифода мерамоянд, бо харфи хурд ва чудо навишта мешаванд:

Амир Темур, шох Аббос, Ахмади подабон, Хуршеди пахлавон, Чамолиддини муаллим, Набии мироб ва гайра. Агар баёния пас аз исми хос ва бе изофа омада бошад, бо исм якчоя навишта мешавад: Ахмадмахмуд, Хуршудпахлавон, Шарифмирохур ва гайра;

2) баёнияхои изофие, ки бо исми хос омадаву мафхуми лакабро ифода менамоянд, бо харфи калон ва чудо навишта мешаванд: Бахроми Гур, Акбари Мерган, Махдуми Гав, Мухаррами Гарч, Хаити Гург ва гайра;

  1. Имлои ному насаб:

1) бо  изофа: Хусайн Воизи Кошифи, Човиди Ораз, Маликаи Саидзод, Ахмади Чоми, Муллоёри Ванчи, Шахрияи Рахимзод ва гайра;

2) бе изофа: Бозор Собир, Абдулхамид Самад, Калом Насруллох, Рахим Шерали ва гайра;

3) бо пасвандхои –и, -зода (-зод, -зиён, -пур, -духт): Ансори, Мирзода, Афсахзод, Нодириён, Салимпур, Зафардухт ва гайра. Пасванди и тахаллус низ месозад: Рудаки, Навои, Маъсуми, Шукухи ва гайра.

4) бо пасвандхои –ов(-ев), -ова(-ева), -ович(-евич), -овна(-евна): Шарифов, Ганиев, Шамсиддинова, Халифаева, Диловар Давлатович, Нозим Мирзоевич, Розия Акрамовна, Латофат Сабзаевна ва гайра.

О L-BRO Admin

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.