Исм. Маълумоти умуми дар бораи исм

 

1  Исм ҳиссаи нутқест, ки предмет ва мафҳумҳои предметонидашударо ифода менамояд. Маънои предметии исм ба воситаи категорияҳои муайяниву номуайянӣ ва шумора ифода мешавад. Исм ҳамчун ҳиссаи нутқ номи чизҳои конкрет (санг, об, замин, дарахт, девор), шахс (одам, падар, духтар, мард), ҷонварон (гӯсфанд, моҳӣ, каждум, гург, паланг), ҳодисаву воқеа (борон, шӯриш, инқилоб, бомбаборон), инчунин номҳои амалу аломат ва мафҳумҳои абстракт (хониш, пағзӣ, дониш, заковат)-ро мефаҳмоиад.

  1. Исм ба вазифаи ҳамаи аъзоҳои чумла меояд. Вай дар ҷумла пеш аз ҳама мубтадо ва пуркунанда мешавад ва бо ин вазифаи худ аз дигар ҳиссаҳои нутқ фарк мекунад. Исм ба вазифаи пуркунан­да асосан бо пешоянду пасоянд меояд. Исм ба вазифаи хабар фаро­вон истифода мешавад. Вай ҳангоми хабар шуда омадан аксар бо бандакҳои хабарӣ ва феълҳои ёридиханда сурат мегирад.

Муайянкунандаи соҳибӣ ва баёния асосан бо исм ифода меша­вад. Исм ба вазифаи ҳол ба таври фаровон меояд, баъзе ҳолҳо танҳо бо исм ифода мешаванд, чунки дар забони тоҷикӣ зарф ин қадар инкишоф наёфтааст. Исмро сифат, шумора, ҷонишин ва сифати феълй муайяи мекунанд.

ГУРӮҲҲОИ ЛЕКСИКӢ-ГРАММАТИКИИ  ИСМ

 

  1. Исм дар забони точикӣ ба гурӯҳҳои лексикӣ-грамматикии зерин чудо мешавад: 1) исмњои шахс ва ғайришахс, 2) исмҳои ҷинс ва хос, 3) исмҳои ҷомеъ, 4) исмҳои конкрет ва абстракт. Ҳамаи ин гурӯҳҳо бо ҳам алокаманд буда, хусусиятҳои умумӣ ҳам доранд ва ба яке аз гурӯҳњо дохил шудани гурӯҳи дигар мумкин аст. Масалан, исмњои конкрет исмњои шахсу ѓайришахс, исмњои хосу љинс ва исмњои ҷомеъро дарбар мегиранд, исмҳои шахсу ғайришахс бошанд, исмњои конкрету абстракт, хосу ҷинс ва ҷомеъро фаро мегиранд. Дар баробари ин гурӯҳҳои лексикӣ-грамматикии мазкур бо хусусиятҳои хос аз якдигар фарк мекунанд.
  2. Исмҳои шахс ва ғайришахс аз ҷиҳати маъно, ќабули шаклҳои грамматикӣ, калимасозӣ ва мувофиқати хабар бо онҳо аз ҳам фарқ мекунанд. Дар забони тоҷикӣ танҳо исмҳои шахс ба саволӣ кӣ, дигар ҳамаи исмҳо ба саволи чӣ ҷавоб мешаванд. Суффикси ҷамъбандии -он (-ён, -вон, -гон) асосан бо исмҳои шахс, суффикси ҷамъбандии -ино танњо   бо   исмҳои   шахс   меояд.

Хабар бо исмҳои шахс, ки мубтадо шуда омадааст, одатан мувофиқат мекунад. Агар исм дар шакли танҳо ояд хабар хам дар шакли тано меояд, агар исм дар шакли ҷамъ бошад. хабар низ дар шакли ҷамъ воқеъ мешавад. Вале ин қоида њангоми мубтадо шуда омадани исмҳои ғайришахс пурра риоя намешавад, зеро бо исмхои ҷамъи ғайришахс дар шакли танҳо омадапи хабар низ дида мешавад:   Шохҳои дарахтон меҷунбид (Айнӣ).

Эзоҳ: Дар шароити алоҳидаи нутқ — ҳангоми бо эҳтиром ном бурдани шахс исм шаклан танҳо бошад ҳам, хабар дар шакли ҷамъ меояд: Устод шахси бузург буданд. Он кас ҳеҷ гоҳ бедалелу бурҳон гап намезаданд (Икромӣ).

Тафовути исмњои шахс ва ғайришахс дар мувофиқати хабар бо исмҳои ҷомеъ равшантар зоҳир мешавад: агар мубтадо бо исмҳои ҷомеи шахс ифода шуда бошад, хабар дар ду шакл: танҳо ва ҷамъ омада метавонад (мардум омад, мардум омаданд), вале агар мубтадо исми ҷомеи ғайришахс бошад, хабар ҳатман дар шакли танњо исти-фода мешавад.

Исмҳо бо шумора ва нумератив оянд, аломати ҷамъбандӣ кабул намекунанд. Вале дар ҷамъбандии исмҳои шахс истисное дида меша­вад: дар ибораи исму шумора исм бо нумеративи нафар гохо дар шакли ҷамъ меояд: ду нафар колхозчиён. Албатта, дар шакли танҳо овардани ин кабил исмҳо беҳтар аст.

Тафовути исмҳои шахс ва  ғайришахс дар воситаҳои гуногуни калимасоз   равшантар   зохир   мешавад.   Масалан,   суффиксҳои -чӣ,  -гар, -ор танњо исми шахс месозанд, мисли -ак (ба маънии калимасозиаш), -гоҳ, -зор, -истон, -дон суффиксҳои зиёдеро ном бурдан мумкин аст, ки танҳо исми ғайришахс месозанд.

Исмњо ба ду гурӯњ: исмҳои ҷинс ва исмқои хос ҷудо мешаванд. Исмҳои ҷинс номи умумии предметҳои ҳамҷинс буда, ба кадом гурӯҳ мансуб будани онҳоро далолат мекунад: одам, дарахт, кӯл, дарьё, шаҳр, сурат ва гайра.

Исмҳои хос ба шахс, предметҳо ва ҳодисаю воќеаҳои алоҳида мансубанд, онҳо барои аз предметҳои ҳамҷинсашон фарќкунондани одамон, предметҳои ҷудогона ва ҳодисаю вокеаҳои гуногун истифода мешаванд. Масалан, номи умумии исмҳои хоси Амӯ, Сир, 3арафшон, Вахш ва ғайра дарьё мебошад, вале дар асоси хусусиятҳои фарккунандаашон ба онҳо номҳои алоҳида гузоштаанд, ки онро исми хос меноманд. Ба ҳамин тарик, шаҳр исми ҷинс, вале

Москва., Душанбе  Панљакент, Кӯлоб, Xуҷанд, исм­њои хос, одам, инсон исмҳои ҷинс, аммо Зафар, Ғолиб, Ширин исмҳои хос мебошанд. Ҳамин тавр, номњои мах­суси одамон, фамилия, номҳои географӣ, вокеаҳои таърихӣ, дарьёҳо, қӯлҳо, баҳрњо, укьёнусҳо, номҳои асарҳо, рӯзномаҳо, журналҳо, номҳои астрономӣ ва ғайра, инчунин лаќабњо ва тахаллусҳо ба гурӯҳи исмҳои хос дохил мешаванд.

Дар забони адабии тоҷик барои сохтани фамилия, номи падар ва тахаллус воситаҳои махсуси грамматикӣ хастанд. Чунончи, суффиксии ҳам тахаллус, њам фамилия ва њам номи падар месозад: Рӯдакӣ, Номи (тахаллус), Зарифӣ, Раҳимӣ, Ансорӣ, Асрорӣ (фамилия ва но­ми падар)- Фамилия ва номи падар инчунин ба воситаи калимаҳои -зода ва -зод сохта мешавад: Мирзозода, Р ањимзод а,    Афсаҳзод,    Шарафзод    ва ғ.

Дар забоин  адабии ҳозираи тоҷик фамилия  ва  номи  падар  бештар ба воситаи суффиксҳои аз забони русӣ гирифташуда сохта меша­ванд:   -ов,  -ев,  -ова,  -ева,  -ович,  -евич,  -овна,  -евна:  Одил  Зокирович Собиров,   Зафар   Шукурович   Шодиев,   Дилбар   Латифовна   Бозорова, Зебо Кабировна Абдуллсева.

Исмҳои ҷинсу хос на танҳо аз ҷиҳати маъно, балки бо хусусиятҳои хоси грамматикиашон низ аз хам фарќ мекунанд. Чунончи, категорияи ҷамъ ба исмњои ҷинс мансуб аст, на ба исмҳои хос. Исмҳои хос ҳамон ваќт дар шакли љамъ меоянд, ки чун образи бадеӣ, намо-яндаи ягон синфу гурӯҳ, сулола, хонавода, ҳамному ҳамфамилияҳо истифода шаванд:    Чкаловҳо,Романовҳо,Гулбибиҳо, Шарифҳо, Одинаҳо, Камолҳо, Сомониён, бародарон Сафаровҳо, оилаиУльяновҳо Исми хос аломати номуайянӣ қабул намекунад, ба вазифаи пуркунандаи бевосита бо пасоянди -ро намеояд.

Исмҳое низ ҳастанд, ки на номи предметҳои алоҳида, балки аз предметҳои ҳамҷинс гурӯҳи предметҳоеро ҷудо мекунанд, ки онҳо аломати аз ҳамҷинсҳояшон фарқкунанда доранд. Ба ин гурӯҳ тамғаи автомобильҳо («Волга», «Чайка»), телевизорҳо («Рекорд», «Темп», «Радий»), радио, навъҳои конфетҳо ва амсоли инҳо дохил мешаванд.

Аз исмҳои ҷинс ба исми хос гузаштани калимаҳо дар забони то­љикӣ ҳодисаи маъмул аст. Ин ҳолат вақте ба амал моояд, ки вай номи предмет ва ё ҳодисаҳои алоҳидаро ифода намояд- Дар чунин њолатњо аз ҳамҷинсаш људо кардани он ногузир шуда мемонад. Чу-нончи, калимаи гул аст он, ки исми ҷинс ва ифодакунандаи макон аст, дар бисьёр ҷойҳо номи деҳа, район ва шаҳр интихоб шудааст. Дар чунин мавридҳо ин гуна номҳо исми хос хисоб мешаванд. Исмҳои хоси Шањристон, Регистон, Марғзор, Ҳисор) Варзоб, Кӯлоб, Шер, Санг ва амсоли инҳо бо ҳамин роҳ ба ву-ҷуд омадаапд- Баъзан исмҳои ҷинсе, ки шахсро далолат мекунанд, ҳамчун номи ин ё он мањал ва ё район ба исми хос мегузаранд ва маконро ифода менамоянд: Колхозчиён (номи район ва посёл­ка),    Оҳангарон,   Мисгарон    (номи деҳа, гузар).

Ба исми хос гузаштани исмҳои маънӣ низ мушоҳида мешавад. Номҳои одамон: Шараф, Муҳаббат, инчунин номҳои колхозу совхозҳои «Дӯстӣ», «Ҳосилот», «Меҳнат», «Зафар», ба ҳамин гурӯњ, медароянд. Сифатҳо низ ҳамчун номи одамон, лақаби ҳайвоноти хонагӣ, но­ми муассисаву ташкилот ба категорияи исмҳои хос мегузаранд: Раъно, 3ебо, Ширин, Сафедак, Б арф ак, Xолдор, Сиёҳало,    Қашқа,    фабрикаи «Ширин».

Исмҳои чипе, абстракт ва сифатҳо вақте ки ба гурӯњи исмҳои хос мегузаранд, маънои лексикии худро гум намекунанд, танҳо вазифаи худро таѓьир медиҳанд

Аломати имлоии исмҳои хос ин аст, ки ҳамаи онҳо бо ҳарфи калон навишта мешаванд. Агар исми хос аз якчанд калима иборат бошад, танҳо калимаи якум бо ҳарфи калон навишта мешавад: «Калтакдорони сурх», «Одамони ҷовид», «Духтари оташ», «Рӯди ман», «Мушу гурба», «Бой ва хизматгор».

  1. Исмхои ҷомеъ дар байни исмҳои ҷинс гурӯҳи махсусро ташкил медиҳад. Исми ҷомеъ дар шакли танҳо маънои бисёрии предметҳои ҳамҷинсро ифода мекунад. Аз ҳамин нуқтаи назар, исми ҷомеъ бо исми ҷамъ, ки шаклҳои махсуси ифода дорад, мутаносиб ба шумор меравад. Аммо исми ҷомеъ аз исми ҷамъ на танҳо аз ҷињати шакли грамматикӣ, балки аз ҷиҳати маъно ва муносибати грам­матикӣ низ фарқ мекунад. Исмҳои ҷомеъ аз исмҳои танхое, ки гоҳо маънии бисьёриро мефаҳмонад, низ тафовут дорад. Исмҳои танҳо дар мавридҳои муайяни синтаксисӣ, алалхусус дар ибораҳо, маънои худ­ро равшан зоҳир мекунанд, вале исми ҷомеъ дар ҳама гуна ҳолат маънои ҷомеияти худро нигоҳ медорад. Дар исми ҷомеъ мафҳуми бисьёрӣ чунон равшан аст, ки ҳангоми мубтадо шудани исмҳои ҷомеи шахс хабар дар шакли ҷамъ низ меояд- Исмҳои ҷомеъ одатан дар шакли танҳо меоянд. Дар шакли ҷамъ (мардумон, халқҳо, рамаҳо) омадани исми ҷомеъ низ мумкин аст ва он ҳамчун ҳодисаи истисноӣ ба ҳисоб гирифта мешавад ва дар ҳамин маврид ҳам асоси ин калимаҳо маънии бисьёриро ифода мекунад.
  2. Исмҳои конкрет ва маънӣ гурӯҳи махсусро ташкил меку­нанд. Исмҳое, ки инсон ва предметҳои олами ҳастиро ифода менамоянд, конкрет ном доранд: модар, б ародар, дарё, кӯњ, дашт, хона, даст ва ғайра. Исмҳои конкрет шумурдашаванда буда, миқдори онҳо бо адад низ таъин карда мешавад: я к писар,ду хона, се шаҳр,    панҷ    дафтар.    Исмҳои конкрет ҳам шакли танҳо доранд, ҳам шакли ҷамъ: п и с а р – п исарон, шаҳр -ш аҳ р ҳ о,    з а м и н -з а м и н ҳ о.

Исмҳои маънӣ мафҳумҳои амал, аломат ва ҳолатро номбар мекунанд: шӯҳрат, шавкат, х оњиш, н е кӣ, тайёрӣ    ва ғ.

Исмҳои маънӣ бештар аз сифат, феъл, исм ва сифати феълӣ ба воситаи суффиксҳо -ӣ (-гӣ); сурхӣ, сафедӣ, ташнагӣ, деҳқонӣ, м а р д ӣ, бародарӣ, ҳ астӣ, нестӣ, нависандагон, ронандагӣ; -гари (одам гарӣ, м а р д и г а р ӣ, х о м и г а р ӣ, к а л о н г а р ӣ); суффиккси иш (сабзиш, хониш); -ор (с ӯ хтор, куштор); -гор (ёдгор); -ос (-ас) акак к о с, фишшос ва ѓ. сохта мешавад.

Дар забони адабии тоҷик микдори исмҳои маънии содда кам нест. Баъзеи онҳо аслан исм бошанд, як ќисмашон бо усули субстан­тивация ба ин категория гузаштаанд: / ақл, и л м, ҳавас, таре, њ а р о с, б и м, рафт (р а ф т и об), гашт (гашти асп), дид (диди    эстетикӣ)    ва ѓ.

Исмҳои маънй дар шакли танҳо истифода мешаванд. Баъзан дар шакли ҷамъ воқеъ гардидани баъзе исмҳои маънй шумурдашавандагии онҳоро не, балки чанд бор воқеъ шудани амалу ҳолат ва аломатро мефаҳмонад, ё худ тарзҳои ҷудогонаи ба амал омадани онҳоро далолат мекунад:   ѓ а м ҳ о,    н е к и ҳ о,   д и л д о р и ҳ о.

  • 178. Ҳамаи исмҳо ба ду гурӯҳи калоп: ҷондор ва беҷон тақсим мешаванд. Ба гурӯҳи исмҳои ҷондор номҳои ифодакунандаи номи одамон, ҳайвонот ва ҷонварон дохил мешавад; одам, к о р г а р, с ту д е н т, деҳқон, к о л х о з ч й, г ӯ с ф а н д, оҳу, х и р с, харгӯш, моњй, мурча ва ѓ. Номи ҳамаи предметҳои дигар ва ҳодисаву во-қеаҳо ба исмҳои беҷоп дохил мешавад: с а и г, чӯб, з а м и н, об, оташ, шодӣ,   њарос,   ханд а ғ.

Исмҳои ҷондор аз исмҳои беҷон бо он фарқ мекунанд, ки тарзҳои лексикӣ-грамматикии ифодаи ҷинсияти табий доранд. Дар баъзе китобњо, ки дар пайравии грамматикаи забонҳои арабй ва русй навишта шудаанд, борҳо дар хусуси мавҷудияти категорияи ҷинсият дар за­бони тоҷикӣ сухан рафтааст. Ин ҳолат сабабҳои муайяне дорад. Ба ин, пеш аз ҳама, калимаҳои иқтибосие сабаб шудаанд, ки дар шакли ҷинси занонаашон ба забони тоҷикӣ дохил шудаанд, ки нишондиҳандаи шаклии он суффикси -а мебошад. Маънои ҷинсият дар ин кабил исмҳо барои он хубтар ифода мешавад, ки ба муқобили худ шакли ифодакунандаи ҷинси мардона ҳам доранд. Чунончи: котиб-котиба, муаллим — муаллима, шоир – шоира, олим-олима, мураббй-мураббия ва г. Ин гурӯҳи калимаҳои иқтибосии забони арабй ба забо­ни тоҷикӣ низ таъсир карда, боиси ба амал омадани номҳои занона гардидааст. Масалан, нигора, ба воситаи суффикси -а, аз калима и ас-лап тоҷикии Нигор, Хуршеда аз Хуршед, Парвина аз Парвин ва г. сохта шудааст. Баъзе калимахои забони руей бо маънии категория-вии худ низ иқтибос шудаанд: пионерка, машинистка, комсомолка, санитарка, акушерка ва ғ. Тадқиқи ин гурӯҳи калимаҳои иқтибосӣ нишон медиҳад, ки онҳо ба сохти забони тоҷикй таъсире накардаанд ва ҳамчуп ҳодисаи лексики ба ҳисоб гирифта мешаванд. Ҳамин тавр, забони тоҷикӣ категорияи грамматикии ҷинсият надорад ва дар он танҳо дар хусуси роҳҳои ифодаи ҷинсияти табий сухан рондан мумкин аст, ки дар исмҳои ҷондор ба тарзи зерин ба амал меояд: а) бо роҳи калимасозй, ба воситаи калимаҳои зан, духтар, мард, писар исмҳои ифодакунандаи касб, мавқеи иҷтимоӣ, ё ки мансубияти этникӣ сохта мешавад: коргарзан, хизматгорзан, ӯзбекписар, армандухтар; б) калимахои иқтибосии арабӣ бо суффикси -а, ки номи занонаро мувофиќи касбаш ифода мекунад; в) исмҳои иқтибосии русй бо суффик­си -ка; лексикаи аслӣ, ки номи предметҳои љондорро мефаҳмонад: зан, мард, мода, нар, мокиён, меш ва ѓ.

КАТЕГОРИЯҲОИ   ИСМ
  1. Исм категорияҳои махсуси морфологӣ дорад. Тарзҳои ифодаи маъно ва тағиру тобиши он дар доираи калима ба категорияи морфологӣ дохил мешавад. Аммо категорияҳои морфологии исм бо категорияҳои синтаксисӣ, ки дар он тарзҳои ифодаи маъно ва тобишҳои маънои аз муносибати грамматикии калимаҳо, ибораҳо ва ҷумлаҳо ба миён меоянд, ба ҳам алоқаманд буда, баъзан яке ба дпгаре вобаста шуда мемонад.

Маънои грамматикӣ ҳамчун маънои иловагии калима воқеъ мегардад. Масалан, дар калимаи хонаҳо ғайр аз маънои номинативии калима маънои иловагӣ низ мушоҳида мешавад, ки миқдори хонаро нишон медиҳад ва аломати он морфемаи  -њо  мебошад. Ҳамин тавр, ка­тегорияи грамматики мафхумест, ки маънои грамматики ва тарзи ифо­даи онро дар бар мегирад.

Маънои иловагии калимаро бо сермаъноии калима ё васеъшавии маънои асосии он омехта кардан лозим нест, инҳо масъалаҳои гуногун буда, яке дар морфология ва дигаре дар лексикология омӯхта мешавад. Маънои грамматикӣ, ки бо маънии луғавии калима ҳамроҳ меояд, маҳз ба воситяи аломатҳои шаклӣ ифода мешавад ва он аломатҳо ҳеҷ гуна маънои луғавӣ надоранд, балки муносибатро ифода мскунанд ва танҳо маънои грамматикӣ доранд. Масалан, дар ҷумлаи «ӯ шабе мењмони мо буд» калимаи шаб ба замми маънои луғавиаш маънии номуайянӣ ҳам дорад, ки он ба туфайлн артикли -е имконпазир гардидааст.

Дар байни шаклҳои хона ва хонахо, шаб ва шабе муносибате ҳаст, ки онҳоро ба ҳам муттаҳид мекунад ва дар айни замон ба якдигар муќобил мегузорад. Ин тафовут ва муқобилгузорӣ низ ду тараф дошта, њам ба маънӣ ва њам ба шакли онҳо дахл дорад. Ин му-қобилгузорӣ боиси ба амал омадани категорияҳои грамматикӣ меша­вад, вагарна ҳодисаи алоҳидаи забои, ки дар муқобили худ ҳодисаи дигари умумӣ ва фарќкунандае надошта бошанд, категория шуда наметавонад. Ягонагӣ ва тафовути грамматикие, ки дар калимаҳои хона, шаҳр, мурғ, одам, аз як тараф ва хонањо, шаҳрњо, мурғон, одамон, аз тарафи дигар, мушоҳида мешавад, шумора мебошад. Ин меъёр тақозо мекунад, ки категорияҳои грамматикӣ ва тарзи ифодаи онҳо аз категорияҳои ѓайриграмматикӣ, масалан, аз категорияхои функсионаливу   маънои   фарќ   карда   шаванд.

КАТЕГОРИЯИ   МУАЙЯНИВУ   НОМУАЙЯНЙ
  1. Муайянӣ ва номуайянӣ маънои басо васеъ дошта, бо усул ва роҳҳои гуногун ифода мешавад. Предмете, ки ба ҳамсӯҳбатон маълум аст, муайян ва предмете, ки танҳо ба ноқил маълум буда, ба шунаванда маълум нест, номуайяӣ мебошад. Муайянӣ ва номуайянии исм дар забони тоҷикӣ бо роҳҳои гуногун ифода мешавад, ки маъмултарини онҳо роҳҳои морфологӣ, синтаксисӣ ва лексикӣ-грамматикӣ ҳисоб месбад.
  2. 2. Исм дорои категорияи морфологии муайяниву номуайянӣ мебошад, ки воситаи асосии ифодаи он артикли -е ба шумор меравад.

Артикли -е-ро аз ҳиссаҳои нутқ танҳо исм қабул менамояд. Бинобар ин, артикли -е аломати грамматикии ном ба шумор меравад.

Артикли -е хусусияти зиёди грамматикӣ дорад, ки онҳо дар матн барҷаста зоҳир мегарданд.

Хусусияти умумии артикли -е ин аст, ки калимаеро аз байни анбӯҳи калимаҳои ҳамҷинс ҷудо намуда, ҷиҳати предметиашро равшан   мснамояд ва ба ин восита онро аз таносуби мантиқиаш истисно мегардонад. Чунончи, дар ҷумлаи «Аз ин кӯча одам гузаштааст» калимаи одам ба тамоми исмҳои ҳамҷинсаш тааллуқ дошта, муносибати он ҳамчун категорияи луғавию грамматикӣ зоҳир мегардад, яъне аз ин кӯча одам гузаштааст, на чизи дигар. Ин аст, ки калимаи одам дар ин мисол маънои басо васеъ дорад, вай одами алоҳида ва ё гурӯҳи одамонро не, балки мафњуми тамоми одамонро дар худ таҷассум намуда,   ба   предметҳои   ғайришахс   муқобил   гузошта   шудааст.

Дар ҷумлаи «Аз ин кӯча одаме гузаштааст» калимаи одам мафҳуми умумӣ надорад ва ҳамаи ҳамҷинсони гурӯҳи лексикӣ-грамматикиашро фаро намегирад. Дар ин мисол исми одам бар хилофи мисоли аввал нисбати мантиқӣ надорад, балки мафњуми махсус гирифтааст. Дар ин маврид маҳз гузаштани одам дар назар дошта нашудааст, балки аз тамоми одамон гузаштани касеро далолат мекунад. Вазифаи умумии ҷудокунии артикли -е дар мавридҳои алоҳида ба таври гуногун воқеъ мешавад.

  1. Таҳлили мавқеи артикли -е ва дигар морфемаҳое, ки бо исм меоянд, хусусияти грамматикии артикли -е-ро барҷастатар ни-шон медиҳад. Ба гурӯҳи морфемаҳое, ки дар охири исм васл меша-ванд, суффиксҳои ҷамъбандӣ, бандаки изофӣ, бандакҷонишинҳо, ар­тикли -е ва пасоянди -ро дохил мешаванд. Барои ошкор намудани хосияти артикли -е чунин ду навъи ибораи изофиро аз њам људо кар­да, таҳлил намудан аҳамияти калон дорад: 1) иборае, ки дар он ба псми муайяншаванда сифат тобеъ шуда меояд (китоби хуб),

2) ибо­рае, ки исми асосии опро исми дигар муайян мекунад (китоби муал­лим).

Ибораи навъи якум метавонад тафсил ёбад ва калимаи тафсилдиҳанда (аъзои сеюм ва минбаъда) бо калимаи муайяншаванда ҳамеша робита ва муносибати муайяне дорад (китоби хуби муаллим). Дигар ҷиҳати муҳимми ибораҳои мазкур он аст, ки бо онҳо артикли -е ва ё бандакҷонишинҳо омада метавонанд (китоби хубе, китоби хубаш). Ибораи хели дуюм низ тафсил ёфта метавонад, вале дар ин қолиб калимаи сеюм на ба аъзои якум, балки ба аъзои дуюм тобеъ шуда, онро муайян мекунад (китоби муаллими хуб, китоби муаллими бародари ман). Дар ин ќабил ибораҳо артикли -е ва бандакҷонишинҳо ба аъзои якум мутааллик, шуда наметавонанд (китоби муаллиме). Ин аст, ки дар онҳо номуайянӣ ё ки ягонагии аъзои якум ба воситаи як (як китоби муаллим) метавонад ифода шавад. Аз ин рӯ, артикли -е танҳо барои қолиби якум, вале як ба ҳар ду қолиб мансубият дорад. Бо морфемаҳои гуногун якҷоя омадани артикли -е ва дар ибораи навъи якум дар ҷои охирин ё ки пеш аз охирин (ҳангоми омадани пасоянди -ро) вокеъ шудани он ба муайяниву номуайянии исм таъсир намерасонад- Чунончи, муқоиса кунед: Мардуми бисьёреро ба сари саройҷое ғун дидам (Айнӣ). Ҳавлии вайронаеро, ки аз падараш мерос монда буд, дирӯз фурӯхтааст (Айнӣ). Аз ин таҳлил ин маънӣ низ равшан мегардад, ки артикли -е бо ибораҳои ќолиби якум, ва бандакҷонишинҳо дар муносибати иловагии дистрибутивӣ мебошад.

Маъно ва мавќеи истифодаи артикли -е нишон медиҳад, ки дар забони тоҷикӣ ду артикл 1 ва е2) истифода мешаванд, ки дар ифодаи маънои грамматикӣ аз якдигар фарқ мекунанд.

  1. Маънои умумии воҳиди муайянкунанда ишора ба предмети ба шунаванда маълум мебошад, вале воҳиди номуайян предмети ба шунаванда номаълумро ифода мекунад. Аз ҳамин ҷиҳат вазифаи асо­сии артикли -е ифодаи номуайянӣ мебошад: ӯ ҳам дар шабҳое, ки ба ҷое ба меҳмонӣ наравад, ин љо омада, хотири дӯстонро бо ғазале ва суруде шод мекард (Айнӣ). Дар ҳамин дам аз рӯи ҳавлӣ овози занаке баланд шуд (Икромӣ)

Дар ифодаи номуайянӣ категорияи морфологии шумора низ таъ­сир  мерасонад. Артикли  -е1   одатан  бо исми танҳо  меояд,  ин  аломат бо исмҳои ҷомеъ, ки хусусияти ягонагӣ ва ҷудошавӣ доранд, низ воқеъ   мешавад:

Гурӯҳе мерафтанд, гурӯҳе меомаданд (Икромӣ). Дастае аз мотамдорон куртаҳои кабуди дароз пӯшида буданд  (Икромӣ).

Артикли -е1 дар баробари номуайянӣ ягонагии предметро низ ифода мекунад. Агар исмҳо шумурдашаванда бошанд, маънои ягонагӣ боз ҳам равшантар зоҳир мегардад:

Ҳайрат қаламе ва қоғазе аз кисаи бағалии худ бароварда, ҳарфњои суханони Рустамчаро бо ҳисоби абҷад шумурда дид (Айнй). Баъд аз соате Ашрафҷон Ҳоҷӣ Абдулазизро бо духтараш гирифта овард (Айнӣ).

Дар ин вазифа калимаи як ҳамчун муродифи артикли -е1 истифода мешавад, яъне исмҳое, ки бо як меоянд, на танҳо ягонагии предмет, балки номуайянии онро ҳам ифода мекунанд:  Як шаб Абдусаттор аз ҳавлиаш барои гӯштхарӣ баромад… (Айнй).

Баъзан бо як исм њам артикли -е, ва њам калимаи як истифода мешавад. Дар ин њолат омезиш ёфтапп унсури услуби китобӣ (артик­ли -е) ва гуфтугӯ (бо калимаи як) ҳамчун таъкиди номуайянй ба назар   мерасад:

Мадрасаи  Бадалбек дар  як баландие  вокеъ  шуда  буд…   (Айнй). Ман як рӯзе бо як ҳамроҳи худ аз   Когон ба шаҳр омадан мехостам (Айнй).

Эзоҳ. Агар калимаи як ба маънои шуморагиаш омада бошад, исм ҳеҷ гоҳ артикль кабул намекунад:

Дар ариза вай як ҳаллоҷӣ, як чарху дук, як тахтасабад, як офтобаи чуян, як чумча, як табақи сафед ва як дона ҳам деги чӯяни гӯшакшикаста навишта буд (Айнӣ).

Дар ифодаи номуайянии исм ҷонишини ягон низ истифода меша­вад:

Ин тавр бошад, ягон рўзи таътил ўро ба ҳуҷраи ман гирифта биёр! (Айнй).

Агар дар ҳавлиаш ягон кори зӯртар барояд, ӯ ҳам маро бурда, кардани ин корро мефармуд (Айнй). Шабхушии талабаҳо дар шабҳои таътил дар ягон ҳуҷра ҷамъ шуда савтхонӣ (сурудхонй) кар­дан, гаҷабозӣ намудан ва подшоҳбозй кардан буд (Айнй). Ягон гуноњ надошта бошад… (Икромӣ).

Дар ин мисолњо калимаи ягонро бо артикли е1  озодона иваз кар­дан мумкин аст: рӯзе…, кори зӯртаре, ҳуҷрае, гуноҳе. Бо як исм исти­фода шудани њам калимаи ягон ва њам артикли е1 низ мушоҳида ме­шавад: Коргар бузнакро бо ягон муносибате… аз устокор мегирад (Ирфон). Агар корро бо ягон бақонае лат диҳад, ба муддати бекориатон баробари коркарди ҳамешагиатон њақ диҳад (Ирфон). Ягон нақше дида намешавад    («Садои Шарк,»).

Э з о ҳ. Баъзан бо исм дар як маврид ба замми артикли -е1 ва ё як ҷонишинњои алоҳидаи номуайянй (кадом, ким-чӣ хел, ким-кадом) омада, номуайянии онро равшантар  зоҳир мекунанд.  Ин тарзи ифода  бештар ба услуби гуфтугӯ хос аст:

Ба оромии фавкулодда фақат каровул ба кадом касе сухан карда, халал нарасонад (Рахим Чалил) …ӯро бароварда ба ким-чй хел одам ба шавҳар медихапд («Садои Шарк»). Кадом як кас аз тирезаи духтурхоча ин чормаѓзро њаво дода худаш ғайб задааст («Садои Шарқ»). Бӯи хлороформ ва боз ким-кадом як бўи тези нофорам ба димоғ мерасид («Садои Шарк»). Кадом як китоберо ба зери сараш монда хоб кардааст («Садои Шарќ»).

Барон ифодаи номуайянии исм ҷонишини манфии ҳеҷ низ исти­фода мешавад:

Аз рўзи омадагиаш ҳ еҷ кор накардааст (Икромӣ). Аз омадани ӯ ҳељ кас хабар надорад    (Ниёзй).

Баъзан бо як исм истифода шудани ҳам артикли -е1 ва ҳам ҷонишини манфии ҳеҷ дида мешавад:

Ҳеҷ коре нест бе зан, хуб шуд,

Ифтихоре нест бе зан, хуб шуд. (Ту р с у и з ода)

Ҳамин тавр, ба артикли -е1 дар ин мавқеъ ҳамвазифа будани калимаҳои як, ягон, ҳеҷ, кадом ва ба ҷои ҳамдигар истифода шудани онҳо далели он аст, ки вазифаи асосии артикли -е1 ифодаи номуайянӣ ва ягонагй мебошад.

  1. Артикли -е2 хусусияти муайянкунй (ишоратӣ) дорад ва муродифи он ҷонишинҳои ишоратӣ ба шумор мераванд. Артикли -е2 бо исмҳое меояд, ки онҳоро ҷумлаҳои пайрави муайянкунанда эзоҳ медиҳанд:

Саг аз гуфтугузоре, ки дар байни чупон ва оянда рафт ва ҳам аз фармоне, ки чӯпон ба худаш «ҷим!… дам бихоб!» гӯён дод, пай бурд, ки оянда як шахси безарар будааст ва ором гирифт («Садои Шарқ»). Хонаҳое, ки ба наздикй онҳо кӯчида омадапд, дар пеши назараш   гӯё   баръало   намоён   гардиданд    («Садои   Шарқ»).

Дар чунин исмҳо артикли -е2 хусусияти ишоратӣ дорад, вале ба кадом аломати исм, ба аломати аз ин пеш маълум ва ё номаълум ишо-ра намудани он аз чумлаи пайрав маълум мешавад. Азбаски дар ис-ми муайяншаванда пшоратҷонишинҳо бо артикли -е2 муродиф ба шу­мор мераванд, бо он дар як вақт омаданашон мумкин аст. Масалан, дар ҷумлаи «-Он овозе, ки аз Ҷангали Ғарибмазор шунидӣ, нолаи шағолон аст» (Айнй) маънои ишоратии артикли -е2 ва бо чонишини он хамвазифа будани вай хеле равшан зоҳир шудааст. Агар аз ин љумлаи мураккаби тобеъ чумлаи пайравро истисно кунем, ба артикли -е2 зарурате намемонад. Дар забони адабии тоҷик ҳодисаи бо як исм омадани   артикли   ева   ҷонишинҳои   ишоратӣ   маъмул   аст:

Фардои он рӯзе, ки ман бо Парвардигорхӯҷа мулоқот доштам, хизматгори домулло Хоҷа -Икром… омада, маро ба ҳузури домулло даъват кард (Айни). Ин одаме, ки қади дароз, риши мошу биринҷи паҳн, рӯи сафед, бинии баланди нӯгхам ва саллаи калони сафеди муллоёна дошт, бобо, афзолдузони Бухоро буд (Айнй). Дар пеши назараш чашмони Рухшона мисли ҳамин машъале, ки аз пеши корвон нурпошӣ мекард, падид омад (Ҳодизода). Ман қабул кардам, ҳамон сартарошеро, ки марҳам дода буд, оварданд (Айнй). Ҳамон соле, ки май бо онҳо дар деҳаи Регзор вохӯрдам, ба соли вабо рост меомад (Айнй).

Ҷонишинхои ишоратӣ басо абстракт буда, маҳз дар матн хосият ва вазифаҳои онҳо муайян мешавад. Дар чумлаи содда онҳо бо исмҳо омада, онро муайян карда метавонанд. Чунончи, дар мисолҳои зерин исмҳо аввал дар шакли номуайянй ва баъд ба туфайли љонишини ишоратии он ҳамчун исми муайян истифода шудаанд:

Мо дар охирҳои гузари Ҷаъфархоҷа аз кӯчаи калон ба тарафи рост — ба тарафи ҷануб ба як пасткӯчаи пешбаста баромадем ва дар ҷои басташудаи он пасткӯча дарвозачаи зебое кушода мешуд (Айнй). Агар дар рафтуомади аждаҳо касе ба вай вохӯрад, он касро зинда ба зинда фурӯ мебарад (Айнй).

Дар ҷумлаҳои мураккаби тобеъ ҷонишпнҳои ишоратӣ ба тарзи махсус намудор мешаванд. Дар ин ҷо онҳо па ба калима ва умуман чизи зикршуда ишора карда, онро муайян мекунанд, балки ба чизе ишора мекунанд, ки ҳанӯз маълум нест. Дар чунин мавридҳо вазифаи ишоратии онҳо шакли конкрет ва луѓавии људокуниро мегирад. Бинобар ин, дар љумлаҳои мураккаби тобеъ чонишинҳои ишоратӣ ва артикли -е2 танҳо ба чизе ишора мекунанду бас. Мазмуни ишоратии онҳо ба воситаи љумлаи пайрав равшан ва конкрет мешавад. Дар ин ҷо ар­тикли -е2 ва ҷонишинҳои ишоратӣ ба якдигар ҳамвазифа мешаванд. Чи  тарзе  ки  ҷонишинҳои    ишоратӣ  ба  чумлаи    пайрави зикрнашуда ишора карда, омадани онро ногузир мегардонанд, ҳамин тавр баъд аз артикли -е2 омадани ҷумлаи пайрави муайянкунанда ҳатмист ва бе он ҷумлаи пайрав артикл маъное надорад. Дар ин гуна чумлањо узван ба ҳам алоқаманд будани артиклу ҷумлаи пайрав равшан намудор мешавад.

Артикли -е2 инчунин дар таркиби калимаҳои ҳамнисбати исм ва ҳиссаи номии пайвандакҳои таркиби мушоҳида мешавад. Чунончи, исмҳои тарз, тавр, замон, вақт, дам, ҳангом, андоза, дараҷа, қадр, қадар, мақсад, шарт, сурат, навъ, тартиб ва амсоли инҳо артикли -е2 кабул карда, дар шакли тарзе, тавре, замоне, вақте, даме, ҳангоме, андозае, дараҷае, қадре, қадаре, мақсаде, шарте, сурате, навъе, тартибе гоҳо бевосита ва гоҳо ба воситаи пешояндҳои гуногун ба вазифаи калимаҳои ҳамнисбат меояд. Артикли-е2 бо исми пайвандакҳои таркибӣ низ мемояд ва агар аз онҳо артикли -е2 истисно шавад, ба ҷои он ҷонишинҳои ишоратӣ меоянд. Чунончи, вақте ки, даме ки, дар ҳолате ки, ба тарзе ки, тавре ки, ба тартибе ки, ба шарте ки ва ғайра. Дар пайвандакҳои таркибие, ки ҳиссаи номиашон бо артикли -е2 намеояд, одатан муродифи он -ҷонишини ишоратӣ истифода мешавад: монанди он//ин ки, мисли он//ин ки, баъд аз он//ин ки, баъди он//ин ки, пас аз он//ин ки, ба сабаби он//ин ки, ба шарти он//ин ки, бар хилофи он//ин ки ва ғайра.

Агар исм бо артикли -е2 омада бошад, сифатҳои дараҷаи олӣ ва ҷонишини таъинии ҳар аксар пеш аз он меоянд:

Беҳтарин дарахте, ки дар он боғи истироҳат дидам, нахл буд («Садои Шарқ»). …ҳар коргаре, ки ба коркуни устохонаи худ музди пешакии корро гузаронда тавонад, дар амал кори он пешаварро ба манфиати худ то мурдани ӯ таъин кардагӣ мешуд («Садои Шарқ»). Аммо шеърҳои Шоҳин ҳамеша дар он маҷлисҳо хонда мешуданд ва ҳар шеъре, ки ӯ гӯяд, дар рӯзи дуюми гуфта шуданаш ба он ҷо меомад (Айнӣ). Ҳар ҳарферо, ки ӯ ҷавоб дода наметавонист, падарам аз ман мепурсид ва ман ҷавоб медодам  (Айнй).

Бо ҷонишиыҳои шахсӣ ва ишоратӣ танҳо артикли -е2 истифода мешавад (онҳое, ки…). Артикли -е2 бар хилофи -е1  дар ибораҳои шумора + исм истифода мешавад:

…се тахта коғази ғафси дурахшонеро, ки дар болои ҳар яке аз онҳо тамғаи давлати Руссия уқоби дигар будааст, аз байни ҷузгири чармин мегирад  (Ирфон).

Дар ифодаи номуайянй пас аз исми муайяншаванда омадани ар­тикли -е1   (ё ки муродифи он)  ҳатмист, вале дар ифодаи муайянй наомадани артикли -е2 мумкин аст:

Мӯйсафед, ки ба чашмонаш ашки хурсандй намудор шуда буд, бо дастони ларзон дастаи телефонро ба Шодӣ дароз карду ба ҷояш нишаст (Икромӣ). Шамоли шӯх, ки аз тарафи кӯҳ мевазид, нафаси сарди барфро ба рўи кас оварда мезад (Икромй).

Ду паровози калон, ки аз Ҷиззах баста шуда буданд, нафаскашон ба ҳамдигар фарёд карда, бо забони паровозии худ гапзанон пеш мерафтанд  (Икромй).

Ин ҳолат ҳангоми бо исмҳои хос омадани артикли -е2 равшантар зоҳир мешавад. Маълум аст, ки артикли -е1 номуайяниро ифода мекунад ва бо исмҳои хос намеояд, бинобар ин бо исмҳои хос омадани муродифи он (як, ягон) њам дар забони тоҷикӣ дида намешавад, ва­ле дар ин маврид артикли -е2 ва муродифҳои он (ҷонишинҳои ишоратӣ)  истифода мешаванд:

Ин ҳамон Салимамаки фалғарие буд, ки додархонди падарам буда, солҳои бисьёр дар диёри ғурбат бо ҳам кор карда омада буданд (Ирфои). Ҳайрон шудаму ба дилам воҳима ҷой шуд ва зуд ба чорбоғ гузашта бинам, Мақдихоне, ки шаб то нимишаб маю араќ хӯрда менишаст, дар ҷои хобаш мурда мондааст (Икромй). Дар берун Асо-ҳамон Асое, ки ҳозир номаш бурда    шуд, ба рӯи машкоб    табассум карда мепстод  (Икромӣ).

Дар ин гуна ҷумлаҳои мураккаби тобеъ исми хос бс артикли -е2 низ омада метавонад:

Шариф, ки бо ҳамрохии Шодӣ омада буд, аз паҳлуи Махмуд нишаст (Икромй). Мансурбой, ки аз поёнтар менишаст, дар охир риштаи суханро боз карда ба гап сар кард (Икромӣ).

Капитани корҳои тиббӣ доктор Лопухов, ки дар кати дигар, дар поён хоб мекард, низ бедор ва нимхез шуда нишаста тез-тез ба рўи тахтақоғази ба зераш китоб гузошташуда чизе менавишт (Икромй). Кӯчаи дубаҳраи Ленин, ки ба миёнаш хиёбони сердарахт дорад, ба назараш аз ҳамаи кӯчаҳои дигар шаҳрҳо зеботар менамуд  (Икромй).

Ҳамин тавр, артикли -е2 ҳам бо исмҳои ҷинс ва ҳам бо исмҳои хос омада метавонад ва дар ҳар ду ҳолат ҳам хусусияти факултативии он зоҳир мешавад, ногузирии он, албатта, ба ҷумла ва шароити нутқ вобаста мебошад.

Чи хеле ки мебинем, умумияти артикли -е1 ва -е2 дар он зоҳир мешавад, ки онҳо ҳар ду хусусияти ҷудокунӣ доранд, вале ин ду ар­тикл аз ҷиҳати грамматика аз ҳам фарк мекунанд, чунки мукобилгузории предмети номуайян ба предмети муайян ё ки предмети номуайяни ягона ба предмет умуман дар оппозицияи -е1– ро ифода мешавад, ҳол он ки мавқеи артикли -е2 дар исми муайяншавандаи ҷумлаи пайрави муайянкунанда озод аст, илова ба ин дар ин ҷо исми артиклдор ба исми беартикл муқобил намеистад.

Дар адабиёти забоншиносӣ қайд шуда  аст, ки дар ибораи изофии қолиби исму сифат артикли -е1 аз ҷиҳати маънй ҳамеша ба исм мансуб аст. Дар забони тоҷикӣ мисолҳое дучор мешаванд, ки ин ақидаро инкор мекунанд. Чунончи, дар мисоли «Садриддин Айнй нависандаи бузурге мебошад» -е  номуайянии исмро нншон намедиҳад, балки на­висандаи бузург будани Садриддин Айниро таъкид менамояд. Дар ибораҳои «ҳарифи муносибе», «бинии калоне», «чашмони нармнигоње»-и љумлаи зайл низ айни њамин вазифаро адо кардааст:

Падарам, ки дар гапу баҳс ҳарифи муносибе буд, зуд суханро аз даҳони Қоридомулло рабуда, ба болои масъалаҳои касбу косибӣ овард (Ирфон). Мирсолеҳ як одами баландқомату борикбадани сафедрӯю малламӯй, камриш буда, бинии калоне дошт (Айнй). Полков­ник марди миёнаҳоли лоғарандом ва солхӯрда буда, чеҳраи базеб ва чашмони нармнигоње дошт (Айнй).

Артикли -е дар ифодаи маънои номуайянй чунон ки гуфтем, ба исм мансубият дорад ва аз ин гуна ибораҳо сифат истисно шавад, ар­тикл бо исм меояд. Таваҷҷўҳ намоед: одами қоматбаланде — одаме, хонаи калоне — хонае, дарахти бемевае — дарахте ва монанди инҳо. Аммо дар ҷумлаҳои зикршуда ин усулро ба кор бурдан номумкин аст, яъне падарам ҳарифе буд, Мирсолеҳ биние дошт, полковник чашмоне дошт гуфтан ҷоиз нест, чунки дар ин тарзи ифода, ки исмҳо муайянанд, истифодаи артикли номуайянӣ мантику мазмуни љумла ва таносуби калимаҳоро халалдор мекунад. Дар мисолҳои зикршуда аломати -е ҳамчунин ба ҷонишини ягон иваз памешавад. Вай бо артикл ваќте ҳамчун муродиф воқеъ мешавад, ки исм дар ҳолати номуайянй бошад. Маънои таъкиди дараљ.а, ки аломати -е дар иборањои амсоли «ҳарифи муносибе»-и ҷумлаҳои мазкур ифода карда аст, бо калимаҳои хеле, басо, нињоят ва амсоли онҳо низ имконпазир аст. Чунончи: ҳарифи муносиб— ҳарифи басо муносиб, бинии калоне—бинии ниҳоят калон, чашмони нармнигоҳе — чашмони хеле нармнигоҳ. Агар –е номуайяниро ифода накунад, мумкин аст, истисно шавад. Дар чунин маврид исм нисбати предметии худро ба нисбати мантиқиаш иваз намекунад. Ба ин хусусият ба туфайли калимаи тобеъшаваида (сифат) молик меша­вад. Чунончи, ҳарифи муносиб буд, бинии калон дошт ва ѓ. Ба таъкиди сифати ибораҳои изофӣ ҷои онҳо низ таъсир мерасонад. Аксарияти ин гуна ибораҳо бо морфемаи -е дар паҳлуи хабар меоянд ва ё ҳамчун ҳиссаи номии он вокеъ мешаванд: Одами донишманде буд (Рахим Ҷалил). Чӣ шеъри хубе (Ҳодизода).

Дар мисоли зерин пеш аз сифати хуб, ки артикли -е мансуби он мебошад, калимаи нињоят истифода шудааст, ки дар ин маврид бо –е ҳаммаънист. Ин њолат кам вокеъ шавад ҳам, ҳамчун ҳодисаи забон барои баёни тобиши дараҷа дар ибораҳои мазкур ҳамвазифа будани -е ва зарфҳои дараҷаи мазкурро нишон медиҳад: Каси нихоят хубест (Ҳодизода).

КАТЕГОРИЯИ   ШУМОРА
  • 1. Категорияи шумора аломати барҷастаи грамматикиест, ки исм бо он аз дигар ҳиссаҳои нутқ фарқ мекунад. Шаклҳои танҳову ҷамъи исм ифодаи грамматикии ин категория мебошанд. Шакли танҳои исм на фақат предмета ягона, як предмет, балки предметҳои зиёди номуайянро ҳам ифода мекунад. Шакли танҳои исм мафҳуми ҷинсӣ дорад, вай ҳамчун намояндаи гурӯҳи ҳамҷинсон во­кеъ мегардад. Ин маънӣ тақозо мекунад, ки бисьёрӣ ва ҷудошавандагии исм бо роҳҳои гуногун ќайд карда шавад. Аз ин рӯ, манзараи умумии маъноҳои шаклҳои грамматикии шумора ба тарзи зерин намудор мешавад: предмети ягона, предмети зиёди ҷудошаванда, пред­мета зиёди номуайян, предмети зиёди муайян. Бо шумора омадани исми шаклан танҳо барои ифодаи мафҳуми ҷамъи ҷудошаванда ва муайян зиддияте ба амал намеорад. Дар ин маврид шакли шумораи танҳои исмро ҳамчун мафҳуми ҷинсӣ шарҳ додан мумкин аст (дањ китоб).

Барои муайян намудани он, ки шакли танҳои шумора ба кадоме аз он маъниҳояш (ба маъпии танҳо, ё ки ҷамъ) омадааст, матн ёрй мерасонад. Мисол: Дар аҳолии кӯҳистон маҷоли ҳаракат намонда буд: мол, ашё, зан, фарзанд, ирсу номусашон ҳамагӣ поймоли амир, ва гумоштагони ӯ гардид (Айнй). Душмани ману ту зиёд шудааст (Икромӣ). Нашри китоб вазифаи муҳимми давлатист. Нашриёти давлатии Тоҷикистон, ки дар республикаамон нашри китобхо асосан ба зимаи ӯ гузошта шудааст… (Ирфон). Таркибу ибораҳои синтаксисӣ ва муносибати калимаҳои таркиби онҳо барои муайян намудани маънои ҷамъи номуайян ва ҷудопашавандаи шакли танҳои шумора низ ёрӣ мерасонанд (ҳукумати коргару деҳқон; ман китобу дафтар харидам). Таҳлили шаклхои шумораи исм, ки ҳамчун ҳиссаи номии хабар истифода шудаанд, барои аз таркибҳои озодӣ синтаксисӣ чудо кардани воҳидҳои фразеологӣ ва феълҳои таркибии номӣ, ки дар онҳо ҷузъҳои номию феълӣ ҳамчун феъли мураккаб воқеъ мешаванд, ёрӣ мерасо­над.

Бо шакли танҳои шумора инчунин маънии ҷамъи ҷудошаванда ва муайян ифода шуда метавонад, ки дар ин гуна мавридҳо муқобилгузории маънии ҷамъи номуайяну ҷудонашавандаи шакли танҳои шу­мора ба маънии шакли ҷамъи шумора барҳам мехӯрад ва онҳо ҳамчун синоними грамматики воқеъ мешаванд. Масалан, дар ҷумлаҳои Ман бисьёр китоб хондам ва Ман бисьёр китобњоро хондам шаклҳои танҳову ҷамъи шумораро ҳамчун синоним ба ҳисоб гирифтан мумкин аст, дар ин гуна мавридҳо дар шакли танњо омадани исм маъмултар мебошад, вале ҳаминро ҳам бояд қайд кард, ки дар шакли танњо му­носибати исм бо хабар наздиктар аст, чунки дар ин вазъият ҳамчун ҳол воқеъ шудани калимаи «бисьёр» (бисьёр китоб хондам) низ мум­кин аст. Маънии предмети ягонаи муайян вақте равшан зоҳир мешавад, ки а) исм муайянкунанда дошта бошад: ин китоб, китоби Ах­мад, б) артикли -е1 кабул кунад; ба воситаи артикли -е1 ва синони­ми грамматикии он — як маънои ягонаи номуайян ифода мешавад, ин маънӣ бо ёрии ин ҳар ду восита: як- исм + -е1 низ ифода мешавад (як марде). Агар артикли -е1 бо исмҳои шумурданашаванда ояд, шакли танҳои шумора бо ин артикл маънои аз кулл ҷудо кардани ҷузъро дорад (обе нӯшидем). Тобишҳои маъноие, ки дар ин љо зикр ёфт, ҳамчун маънои иловагии оппозитсияҳои «ягонагӣ – ҷамъи чудошаванда» ва «ҷамьи номуайян — ҷамъи муайян» намудор мешавад.

  • 2. Аломати грамматикии шумораи ҷамъи исм суффиксҳои ҷамъбандии тоҷикӣ ба шумор мераванд, аммо тарзҳои љамъбаидии арабиро, ки ба воситаи калимаҳои арабӣ ба забони тоҷикӣ дохил ту­да, моҳияти грамматикии худро нигоњ доштаанд, аз эътибор соќит кардан мумкин нест, шаклҳо ва маънои онҳо тақозо мекунад, ки мавќеи онҳо дар забони тоҷикӣ муайян карда шавад. Шакли солими ҷамъи арабӣ, ки ба забони тоҷикӣ дохил шудааст, ба воситаи суффиксҳои -от, -ин ва шакли ҷамъи шикаста бо ёрии флексияи дохилӣ ба амал меояд. Шаклҳои ҷамъи арабӣ дар бисьёр мавридҳо лексико­нида шудаанд ва аз парадигмаи худ ҷудо гардидаанд, вале дараҷаи лексиконидани онҳо гуногун буда, ин ҷараён пурра анҷом наёфтааст ва шаклҳои ҷамъи арабӣ барои ифодаи маънои грамматикии ҷамъ дар услубҳои гуногун ҳоло ҳам нстифода мешаванд. Мисол: асрор (сирҳо), ашхос (шахсҳо), атроф (тарафҳо), афкор (фикрҳо), ашъор (шеърҳо), афлок (фалакҳо) ва ғайра:

…ман нисбат ба шогирдони дигар хеле зудтар аз асрори ин санъати серзаҳмат огоҳ гардидам (Ирфон). Вобаста ба ин аз тарафи муаллиф номбар шудани мањфилу маҷлисҳои шоирон, ки берун аз дарбор дар хонаи ашхоси алоҳида барпо мешуд, ҷолиби диккат аст («Садои Шарќ»). Дар кишлокҳои атроф отрядчиёни пештараи ман бисьёранд (Улуғзода). Султон Муҳаммад афкори оммаро ба пазар намегирифт (Айнӣ). Ӯ аз осори Абӯалӣ Сино, Форобӣ, Арасту дар таърифи шеър бисьёр саҳифаҳои файласуфонаро хондааст… (Ҳодизода). Низом аҳволи аёлу атфол ва кору бори онҳоро пурсида ба хонаи дигар рафт (Наљмиддинов).

Дар услуби бадеӣ, алалхусус дар назм, шаклҳои арабии шумо­раи ҷамъ маънии грамматикии худро равшантар зоҳир мекунанд, ва­ле дар услуби дигар, алалхусус дар гуфтугӯ, лексиконида шудани ин гуна шаклҳо босуръат давом дорад. Натиҷаи ҳамин аст, ки баъзе шаклҳои шикастаи ҷамъи арабӣ ҳамчун шакли танҳо ба ҳисоб гирифта шуда, аз нав бо суффикси арабии -от ё ки бо суффикси тољикии –ҳо ҷамъ баста мешаванд (ахборот, аҷоибот, ҳаводисот, асрорњо, аҷдодњо ва г.: Полковник бошад, дар ин вакт ахбороти худро давом ме-дод («Садом Шарк»). Дар овони гуфтугӯ ба бемор хабарҳои нохуш ва баъзе ҳаводисоти ногувори дар зиндагии ёрон ва касони дигар рӯйдодаро гуфтан ва баён намудан хуб нест («Комсомоли Тоҷикис-тон»). Рӯзибой ҳам ба Истад аз дилу ҷон кор омӯхта асрорҳои ҳуна-ри боғдориро кушода медод (Икромӣ).

Чу фарзанди азизу арчмандӣ.

Ту чун аҷдодҳоят сарбаландӣ.

(Турсунзода).

Усули ҷамъбандии арабӣ дар калимаҳои тоҷикӣ хеле кам дида мешавад. Чунончи, фақат чанд калимаро номбар кардан мумкин аст, ки бо -от омадааст: деқот, сабзавот, боғот, навиштаҷот. Ин калимаҳо низ ба тағьироти маънои дучор шуданд. Чунончи, калимаи дењот на танҳо ба маънои қишлоққо, деҳаҳо, балки ба маънои исми ҷомеъ низ истифода мешавад. Маънии ҷомеъ (на ҷамъ) инчунин дар сабзавот ва навиштаҷот мушоҳида мешавад, ки ба ин сабаб онҳо аз шаклҳои ҷамъи сабзаҳо ва навиштаҳо фарқ мекунанд: агар сабзаҳо танҳо навъи алафро фаҳмонад, сабзавот маънии васеътар дошта, на танҳо кабу­ди, балки дигар навъи обчакориро ҳам  мефаҳмонад. Монанди ҳамин шакли «боғот» на фақат маънии мансуб ба боғ, балки маконро ҳам фаро гирифта, мисли боғистон намудор мешавад. Суффикси арабии -ин танҳо дар як-ду калима (мусофирин, хозирин) вомехӯрад, ки хоси услуби поэтики ва архаистист.

Шакли дугонаи исмҳои арабӣ, ки бо -айн ифода мешавад, исти-фода намешавад, шакли зулфхо, зулфон, қавсҳо, нахрхо, тарафхо маъ­нии шаклхои ҷуфти арабии зулфайн, қавсайн, наҳрайн, тарафайнро низ ифода мекунад.

Исмњои бо шакли ҷамъбандии арабӣ дар забони тоҷикӣ ҳамчун воҳидҳои луғавӣ ба ҳисоб гирифта мешаванд ва ба воситаи суффиксњои ҷамъбандии арабӣ шакли ҷамъ сохта намешавад.

  • 3. Вазифаи шаклсозиро дар забони тоҷикӣ суффиксҳои ҷамъбандии тољикӣ -ҳо ва -он иҷро менамоянд. Дар интихоби ин ду суф­фикс таъсири анъана, инчунин услуб, таркиби овозњо, ҳиҷо ва овози охирини калима, инчунин услуби фардии нависанда таъсир мерасонад.

Суффикси -њо хусусияти универсалӣ дошта, барои ҷамъбандии ҳама гуна исмҳо истифода мешавад, суффикси -он бо тақозои колибњои анъанавӣ бештар бо исмҳои ҷондор, алалхусус, бо исми шахс меояд.

Васеъ шудани доираи истифода и суффикси -њо ҳангоми бо исмњои гуногунмаъно ва неологизмҳо омадани он равшантар зоҳир ме­шавад.

  1. И с м ҳ о и чо н д о р:

аминњо, оқсақолҳо, бойњо, муллоњо, элнавкарњо ва амалдорхои ин туманҳо шабу рӯз аз бозор ба бозор, аз деҳа ба деҳа асп медавониданд (Айнӣ). Дар мадрасаи Бадалбек дар байни талабао ва муллохо аз адабиёт хсч гап памешуд (Айнй). Машкобњо, бофандањо, нонвойњо, қассобқо, мардикорњо, аллофњо, наддофњо ба куљо рафтаанд… (Икромӣ). Ҳар рӯз ба хонаи мо хостгорњо меомаданд (Ортиков). Чарогоњ-њояшон њам бо рамањо ва галањо пур буда, беҳтарин аспҳо, хачирњо, гӯсфандњо ва дигар ҳайвоноти хонагӣ дар ин ҷоҳо мерасиданд (Айнй). Бачањо ба ваҷд меоянд («Садои Шарқ»). Дар берун шаббодаи фораме мевазид, хурӯсњо ба чеѓ задан сар карда будаид (Икромй).

Исмњои мазкур бо суффикси чамъбандии -он низ омада метаво-нанд, вале як гурӯҳ исмхои ҷондор мавчудапд, ки асосаи бо суффик­си -њо воќеъ мешаванд. Ба ин гурӯҳ исмњои зерин дохил мешаванд:

а) исмњои ифодакунандаи хешутабор, ки бо садоноки -а тамом мешаванд: акањо, укањо, ҷӯрањо, аммањо, холањо ва ѓ.;

б) баъзе исмњои ҷондор, ки бо садоноки -а тамом шудаанд: аккањо, таккахо ва ѓ.;

в) калимаҳои русиву интернасионалӣ: солдатњо, депутатњо, лауреатњо, сержантњо, курсантњо, геологњо,  археологњо, биологњо ва ғ.;

г) сифатњои феълии исмшуда, ки бо суффикси -гӣ сохта шуда­анд: омадагињо, дидагињо, рафтагињо, хӯрдагињо,  шунидагињо;

д) номи халқу миллат: грузинњо, арманињо, финњо, украинњо, французњо, англисњо ва ғайра;

е) исмхои хос: одинањо, шарифњо, чкаловњо.

  1. И с мҳо и конкрети б е ҷон:

Дар моњи рамазон шабона њамаи дӯконњо, саронњо-тиҷоратхонањо ва инчунин самоворхонањо, ошхонањо ва сартарошхонањо то ними шаб кушодагӣ будаид (Айнӣ). Хизматчињо ва хизматгорњо дар даст сатилҳо, лӯнгињо, тосњо, чойникњои чой ва қуттињои дорувор даромада омаданд (Икромӣ). Чунончи, тоза кардани рӯд, ҷӯйњо, ҳавзҳо ва обрезу обгурезњо, хушконидани кӯлњо, кофтани захкашњо, аз шаҳр баровардани кўшишхонањои њайвонот, тоза кардани ошхонањо, манъ кардани таомхӯрињои сарироҳӣ ва дигарҳоро ба пеши хукумати амир вазифаи аввалин ва ногузир карда монд (Айнӣ). …катњо месохт, тор-чўб — либосовезакњои хонагӣ    метарошид, барои дари хонањо, лӯкидон – қуфлҳои  чўбин,  сандуқҳо,    сарпўши  дег,    сандалиҳо    месохт (Улуғзода).

  1. И с м ҳ о и а м а л у м а ъ н ӣ:

Ҳанӯз ин гуна гуфтугузорҳо ба поён нарасида буд, ки Аҳмад аз дар даромад (Айнӣ). Шабҳои дарози зимистон дар ин тавр меҳмонхонаҳо аҳбоб ҷамъ мсомаданд: сӯњбатҳо, базмњо ва гаштакҳо мешуд (Икромӣ). Маҳмуди Муҳаммадӣ дар вақтҳои охир ба ин гуна сайру гаштњо, шабнишинињо ва базмҳо иштирок намекард (Айнӣ). Чапакзанињо, қуштаккашиҳо, чиртакхаводихиҳо сар шуд… (Айнӣ). Ман дар базмгардиҳоям бо оммаи мардуми шахри Бухоро ва атрофи он ҳолдон шудам (Айнӣ). Чун ба роҳи байни Ҷӯгихона ва Файзобод расида, ба тарафи шимол-—ба сӯи Файзобод баргаштаанд, аз пешашон иштибозиҳо, чормағзбозиҳо, қандақбозиҳо (бо донаки зардолу) ва тухмбозиҳо баромаданд, ки инҳо қиморбозињои рӯйрост ба щумор мераф-танд (Айнӣ). Аммо дили умедворам бо ҳамаи навмедиҳо умедњо сохта бароварда худро тасаллӣ медод (Айнӣ). Барои вай дар ин роҳ низ чӣ қадар душвориҳо: монеаҳо дар пеш аст (Наҷмиддинов).

Суффикси -ҳо дар исмҳои ченаки вақт ҳам мисли исмҳои амал мафҳуми   такрорро   ифода   мекунад!

Шабонаҳо чароғи ҳуҷра кушта намешуд, рӯзонаҳо дари ҳучра кам кушода буд (Ҳодизода). Ӯ зимистонҳо як ҷомаи гуппии замоне аз сандуќи сиёҳ дӯхташуда, тобистонҳо яктаҳи алочаи чиғии аз гиребон то ба домон пур аз дарбеҳ, ҳам дар сармову ҳам дар гармо тӯпии   чусти   кӯҳна   мепӯшид    (Раҳим   Ҷалил).

Суффикси -ҳо на танҳо адади зиёд, балки бар хилофи шумораҳои микдорӣ номуайянии он микдорро низ далолат мекунад. Аз ин рӯ, дар баъзе ҳолатњо хосияти дуюми он барҷастатар зоҳир мешавад:

Бинобар ин дар тарафҳои Ҳирот мавсими олучинӣ, олуғундорӣ, мавсими ҷӯшу хурӯши кор буд (Айнӣ). Дар аввалҳои тобистон (дар моњњои июни соли 1889) дар шаҳри Бухоро бемории вабо ва муромурӣ пайдо шуд (Айнӣ). …дар ҳамон наздикиҳо тӯи фотиҳа медодаанд (Айнӣ). Ман мувофиқи ваъдаи худаш соатњои даҳ ба ҳуҷраи Махдуми Гав даромадам (Айнӣ). Умраш дар миёнаҳои 30—40 менамуд (Айнӣ). Ман дар вакти таҳрири ин «Таассурот» таърих нагузошта будам, аммо охирњои рамазон будани ин вохӯрӣ ва таассурот сареҳан дар хотирам ҳаст (Айнй).

  • 4. Суффикси -он се вариант дорад: -гон, -ён, -вон. Мавкеи васлшавии онҳо низ ба таркиби овозии калимаҳо вобаста аст. Агар исм бо ҳамсадо тамом шавад, бештар суффикси -он истифода меша­вад: …қиморбозон, вартишбозон, мурғбозон ва харкорон ҳам дар олами худ дар ҷустуҷӯи шӯҳрат мебошанд (Айнӣ). Агар бо садоноки -а тамом шавад, бештар суффикси ҷамъбандии -гон кабул мекунад: наберагон, аберагон, бофандагон, ҳамсоягон, пиёдагон, саворагон, бар-рагон, ситорагон, дидагон; агар исм бо садоноки -и ва -о тамом шавад, аксар бо суффикси -ён ҷамъ баста мешавад: мусиқачиён, колхозчиён, моҳиён, муллоён; агар бо -у тамом шавад, аксар суффикси -вон (го-ҳо-ён) меояд:   абрӯвон,   ҳиндувон    (ҳиндуён).

Бо суффикси -он (-гон, -ён, -вон) на танҳо исмҳои ҷондор, балки чанде аз исмҳои беҷон низ ҷамъ баста мешаванд ва шаклҳои анъанавӣ ба шумор мераванд:

1)  узвҳои бадани инсон; дастон, лабон, чашмон, гӯшон, бозувон, ангуштон:

Вай даромада нишасту дастони худро ба рӯи зону монда, дар ҳамин ҳолат хеле муддат шах шуда монд («Садои Шарќ»). Ранги рӯи сиёҳчатоби пурриш, абрӯвони борики пурчин ва чашмони барќнигоҳи хашмолуди ӯ бо вазъияти девонагиаш ба дили бинанда як навъ даҳшат ва бим меандохт (Айнӣ);

2) исмҳое, ки бо суффиксҳои -зор, -сор, -бор сохта шудаанд, яъне бо ҳамсадои -р тамом шудаанд: дарахтзорон, сабзазорон, кӯҳсорон, чашмасорон, ҷӯйборон ва ғайра;

3) исми растаниву наботот ва ҷузъи онҳо: дарахтон, баргон, мурчагон,   ниқолон,   шохон:

Ин ҷавон маро таклиф кард, ки ба работ даромада, дар сарҳавз, дар сояи дарахтон бихобам (Айнӣ). Онҳо аз сарчашмаи дил об хурда, чун нињолон дар боки адабиёт реша давондаанд ва меваҳои лазиз овардаанд  (Турсунзода);

  • номи ҷирмҳои осмонӣ- ситорагон, ахтарон, сайёрагон: Рӯи олам тамоман торик шуд, ғайр аз равшании ситорагони осмон… (Айнӣ);
  • номи воҳидҳои замонӣ: шабон, рӯзон, солон, баҳорон ва ѓ.;
  • исмҳои гуногунмаъно: чароғон, соғарон, рӯзгорон, бистарон ва ғ.
  • 5. Ба забони адабӣ аз гуфтугӯ суффикси ҷамъбандии -ино дохил шудааст, ки аз ҷиҳати доираи истифода ва ифодаи маънои грамматикӣ мавқеи махсус дорад. Ин суффикс бо исмҳои хос ва исмҳои ҷинси ифодакунандаи хешутабор (Қобилино, Зафарино, холамино, тағомино, падарамино ва ғайра) омада, вобаста ба хусусият исми дорои суффикси -ино тобишҳои гуногунро ифода мекунад:

1) бо исми хос омада, а) он шахсро якҷоя бо аҳли оилааш ифода мекунад:

Дар хонаи Сафарино ҳамин рӯзҳо рафтуои њамсояю ҳамдеҳањо, ёру дустон аз одат берун бисьёр шуд (Ниёзӣ). Фақат пас аз он ки чароғи хонаи Зебиино аз роғҳои дари яктабакаи ҳавлӣ ба рӯи онҳо шӯъла афканд, Сафар аз роҳ истода гуфт (Ниёзӣ);

б)  ҳамон шахс ва коллективеро ифода мекунад, ки ӯ аъзои он аст: Ниҳоят навбат ба полки  Сафарино хам  омад   (Ниёзӣ).  Боѓбони кӯҳансол ва ҳамроҳони ӯ то хонаи тахтагин, штаби Погодинино бо як азоб, ба зӯр расида гирифтаанд («Садои Шарќ»).

2) Суффикси -ино бо исми хоси охирин омада, ҳамчун усули гуфтугӯ зоҳир мешавад ва њамаи исмњои чидаро як навъ ифода меку­над, дар ин ќабил калимаҳо ҳамаи аъзоҳои гурӯҳ номбар мешаванд, -ино ҳамчун аломати услубӣ намудор мешавад:

Рӯзе Султонов, Алиқул ва Назокатхонино меҳмон шуда омаданд («Садои Шарк,»). Ба заминҳои нав худи Ойқиз, Олимҷон, Каримино ва  хешу табори ҳамонҳо кӯчидан  гирифтанд   («Садои Шарқ»).

Суффиксҳои -њо ва -ино ҳангоми бо исмҳои хос омадан ба ҳам аз чиҳати ифодаи маъно мувофиқат мекунанд, вале суффикси -њо одатап бо фамилияњо ва суффикси -ино бештар бо номҳо воќеъ мешавад.

  • 5. Дар як вақт бо як исм истифода шудани тарзҳои гуиогуни ифодаи мафҳуми ҷамъ мумкин аст. Масалан, исм ба ин маънӣ на танњо бо суффикси ҷамъбандӣ, балки бо шумора низ омада метавонад. Ҳангоми бо исмҳо омадани шумора ҳолатҳои гуногун мушоҳида меша­вад. Исм бо шумораҳои микдорӣ одатан суффикси ҷамъбандӣ ќабул намекунад, чунки шумора нишондиҳандаи микдорӣ муайяни предмет мебошад.

Э з о ҳ: Баъзан дар ибораҳои исмӣ бо шумора исм суффикси ҷамъбандӣ ќабул мекунад, онро ҳамчун истисно бонд бо ҳисоб гирифт. Дар ин гуна ибораҳо роли асосиро шумораи микдорӣ мебозад, на суффикси чамъбандӣ, чунки аз истиснои суф­фикс исм ҳеҷ тағьир намеёбад (се бародарон, се бародар), вале бо иваз намудани шумораи микдорӣ исм аз ҳолати муайянии микдорӣ ба номуайяни мегузарад (се бародар — бародарон). Ҳам бо шумораи микдорй ва ҳам бо суффикси ҷамъбандӣ исмҳои шахс ва ё узвҳои ипсон мушоҳида шуд.

Се бародарон аз бойҳои Бухоро ҳамон сол ҳавлиҳояшонро таъмири хеле аъло карданд  (Айнӣ).

Агар микдорӣ исм муайян набошад, шумораҳои микдорӣ дар шакли ҷамъ меоянд, ки бо ин роҳ бисьёрии предмет таъкид меёбад. Дар ин гуна мавридҳо исм дар шакли танҳо истифода мешавад. Чунки вазифаи номуайянии онро шумора иҷро мекунад:

 

Суруди ин дили шодӣ маро ҳеҷ интиҳое нест,

Ба васфи кишвари озод садҳо достон дорам.

(Т у р с у н з о д а) .

Дар ин гуна ибораҳои исмӣ шумораҳои микдорӣ дар шакли такрор   меоянд, дар  чунин  ҳолат исм дар  шакли танҳо воќеъ мегардад:

Масаидхӯҷа ҳазор-қазор пул сарф карда ҷиҳоз харид (Улуғзода). Њазор-њазор   тухм,   ҳазорон-хазорон   ғӯза    (Улуѓзода).

Исм  бо шумораҳои тахминӣ  низ дар  шакли танҳо меояд:

Он гоҳ дар дасти Сенин понздаҳ-бист мактуби тайёр ҷамъ мешуд («Садои Шарқ»).

Исмҳои ғайришахс ҳапгоми бо шумораи мпкдори омаданашон шакли ҷамъ намегиранд:

Чӯпони кӯҳансол бояд панҷ шабонарӯз хоб накарда, гўсфандони худро дусад километр поён… биронад (Наҷмиддипов). Меҳнаткашон дар ихтиёри худ бештар аз 2600 китобхона, 760 клуб, 32 боғи мада-нияту истироҳат, 5 музей, 215 университети халқӣ, њазорњо коллективу кружокҳои санъат доранд («Комсомоли Тоҷикистон»),

Исмҳои шахс низ ҳангоми бо шумора омаданашон дар шакли танҳо воқеъ мегарданд. Дар ип гуна ибораҳо бо иумеративи нафар баъзан дар шакли ҷамъ омадани исм дучор мегардад, ки бояд ҳамчун истисно ба ҳисоб гирифта шавад.

Дар ҷамъбандии исмҳои чида ду ҳолат мушоҳида мешавад:

1) суффикси ҷамъбандиро исми чидаи охирин мегирад. Суффикси ҷамъбандӣ бо исм и охирин омада бошад ҳам, ба ҳамаи исмҳои чи­да мансубият дорад. Ин тавр воқеъ шудани исмҳо бештар дар исмҳои чидае дучор мешавад, ки ба якдигар бо пайвандаки -у алоќаманд шудаанд. Маълум аст, ки исмҳои чидаи бо суффикси ҷамъбандӣ аз ҳам бо интонацияи махсусе ҷудо мешаванд (шаҳрҳою посёлкаҳо ва қишлоқҳои мо рӯз аз рӯз обод мешаванд), пайвандаки -у низ пас аз худ паузаи махсус талаб мекунад. Ин аст, ки -ҳо ва -у дар исмҳои чида ниҳоят кам дучор мешаванд.

…ӯ бо пароканда шудани мардум ба Намозгоҳ парафта бо танг-кӯчаву паскӯчаҳо ба љое рафта, дар хонаи яке аз дӯстони худ рӯй пинњон кард (Айнӣ). Аз қафо як гурӯҳ ҷавонзану духтарон расида омаданд (Ортиков). Дар панҷсолаи нав дар сарзамини қадими тољикон мактабу қироатхонаҳо, қасрњои маданият, шифохонањо, каналу ин-шоот, фабрику заводҳо, комбинатхо, роњњои оҳан ва мошинагард, боғу бӯстонхо, шањру посёлкањои нав пайдо шуда, чеҳраи республикаи моро зеботар, онро тавонотар, комьёбиҳояшро дучанд бештар хоњанд намуд    («Тољикистони   советӣ»);

2) бо ҳар як исми чида суффикси ҷамъбандӣ низ омада метавонад, ки ин ҳодисаи услубӣ буда, дар ин маврид исмҳои чида таъкид меёбанд:

Машраб-Девона аз он ҷо гузашта, ба Самарќанд расидааст: дар атрофи шаҳр боғњо, бӯстонҳо, осиёњо, обҷувозҳоро ва дар даруни шаҳр раста-раста дӯконқо ва қатор-катор корвонсарэйњоро дидааст… (Айнӣ). Рӯи чорпоя бо нонњо, кулчаҳо, санбӯсаҳо, курсҳо, конфетҳо, бодом, писта ва мавизњои гуногун пур буда, дар канори поёни он як самовори панҷоҳстаканӣ дар чӯшидан буд (Айнӣ). Шоирон, базла-гӯён, қиссахонон, сохибзавқон ба ин ҷо омада, дар атрофи лаълӣ нишаста, бо ҳам мусобиқа мекарданд («Садои Шарқ»).

Агар исмҳои чида муайянкунанда дошта бошанд, ҳар кадом суф­фикси ҷамъбандӣ қабул менамояд:

Амлокдор бо дастаи худ аз болои заминњои юнучқаи ба даравомада, ғӯзаҳои каланд кардашуда, харбуза ва тарбузҳои варқонӣ кардашуда, мош, зағир, кунҷид ва кӯноқ барин киштҳои нав кишташуда асп ронда, онҳоро поймол карда, ба роши як замини гандум омада истод  (Айнӣ).

Дар ибораҳои исмии изофӣ суффикси чамъбандӣ ба тарзи гуногун воқеъ мешавад: 1) сифат бо исм аз ҷиҳати шумора мувофиқат намекунад, исм дар шакли хоҳ танҳо ояд ва хоҳ ҷамъ, сифат ҳамеша дар шакли танҳо меояд; боми баланд — бомҳои баланд, гули сурх, духтарони хушрӯй ва ғайра; 2) агар ибора аз исму исм иборат бошад, калимаи асосӣ — муайяншаванда дар ду шакл (танҳо ва ҷамъ) ома­да метавонад: бинои мактаб ва биноҳои мактаб, ки аз ҳам аз ҷиҳати шумора фарқ мекунанд:

Биноҳои мактаб, МТС, чойхонахои сурх, идораҳои совхоз ва кол­хоз, хонаҳои нави колхозчиёни стахановчӣ, дӯконхои кооператив ва ди-гарҳо ҳақиқатан ҳам ин роҳи биёбонии дирӯзаро ба тарзи шаҳр гардонда буданд (Айнӣ);

3) дар шакли ҷамъ омадани хам исми муайяншаванда ва ҳам исми муайянкунанда характернок нест, вале ин тарзи истифода баъзан ногузир мешавад, чунки дар ҳолати наомадани суффикси ҷамъбандӣ чун исми танҳо тасаввур шудани калимаи муайянкунанда мумкин аст:

Бинобар ин баъд аз ришу мӯйлаб бароварда калонсолтар шуданаш тобистон ба деҳаҳои туманҳо рафта, имоматӣ мекард… (Айнӣ). Дар тӯйҳои бойҳо базмро ҳамеша дарбаста мекарданд… (Айнӣ). Ҳаво дар ѓояти хубӣ буд, насими фораме аз киштзорҳо ва чорбоғҳо вазида, буи хуши майсаҳои гандум ва ҷав, накҳати сабзаҳои худрӯи лаби ҷӯй ва роиҳаи шукуфтаҳои дарахтони зардолуро ба димоғи кас монанди як ҷони тоза мерасонид (Айнӣ);

4) вобаста ба маънии ҷамъи исмҳои танҳо исмҳои муайяншаванда дар шакли танҳову исми муайянкунанда дар шакли ҷамъ ояд ҳам, бисьёрии муайяншавандаҳо низ тасаввур мешавад: дари хонаҳо, чашми нишастагон   ва   ғ.

Баробари эълони радио издиҳоми мусофирон буғчаву ҷомадонҳояшонро ба даст бардошта, худро ба дари вагонњо андохтанд («Садои Шарќ

О L-BRO Admin

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.