Саръазоҳо ва аъзохои пайрави ҷумла

Саръазоҳои ҷумла

Мубтадо аъзои мустақилест, ки дар ҷумла сухан дар бораи  он меравад. Мубтадо одатан бо исм, ҷонишин ва масдар ифода ёфта, ба саволҳои кӣ? ё чӣ? ҷавоб мешавад. Агар калимаҳои ифодакунандаи шахс ба вазифаи мубтадо омада бошанд, мубтадо ба саволи кӣ? (киҳо?), дар дигар ҳолатҳо ба саволи чӣ? (чиҳо?) ҷавоб мешавад.  М и с о л: Мурод ба ҷустуҷўи гўсфандон даромад (С. Айнӣ). Ман ҳамин гуна китобҳои аҷибро бисёр дўст медорам (С. Айнӣ). Шаббодаи сарде мевазад. Он ба бадан форам мерасид (Р. Ҷалил). Шунидан кай бувад монанди дидан (Зарб.).

Ҷои мубтадо дар ҷумла
  1. Мубтадо асосан дар аввали ҷумла меояд: Дигарон ҳам ба ин рафтори вай бо завқ нигоҳ мекарданд (Ф. Нӣёзӣ).
  2. Мубтадо дар мобайни ҷумла низ омада метавонад: Дар як ҷои ин саҳро як работи васеъ ба назар менамуд (С. Айнӣ). Дар чуқурӣ як командири ярадор ва боз якчанд ҷанговари дигар буданд (Ф. Ниёзӣ).
  3. Мубтадо дар назм ва дар гуфтугўй баъзан баъд аз хабар меояд:

Кўфт ногоҳ кассе дари Моро.

Аз паси он майор шуд пайдо. (М. Турсунзода)

Хабар

            Хабар сараъзои ҷумла буда, амал, ҳолат ва ё аломати мубтадоро мефаҳмонад. Хабар ба саволҳои чӣ кор мекунад?, чӣ шуд? чӣ хел аст?, кист?, чист? ва uайра ҷавоб мешавад.

            Хабар бо феъл ва дигар ҳиссаҳои нутқ ифода меёбад. Агар хабар бо феълҳо ифода шуда бошад, онро хабари феълӣ меноманд.

            Хабарҳои феълӣ амалу ҳолатро нишон медиҳанд.

Хабар бо ҳиссаҳои дигари нутқ ифода шуда бошад, хабари номӣ меноманд. Ман-талаба. Шаҳри Душанбе зебост. Вазифаи мо хондан аст. Fанӣ агроном мебошад.

Мувофиқати хабар бо мубтадо

Дар ҷумла хабар аз рўи шахс ваш умора бо мубтадо мувофиқат мекунад.  Мисолҳо:

Ман ба шаҳр меравам. Ту аз модарат хабар гир. Ў имрўз 200 килограмм чинд.

Мо ба экскурсия меравем. Шумо имрўз пахта мечинед. Колхозчиён аз шумо хурсанд мешаванд.

Вале баъзан чунин ҳам мешавад, ки мубтадо бо исми ҷамъи беҷон ифода ёфта, хабар дар шакли танҳо меояд. Ин мувофиқати нопурра ном дорад. Мисол: Нурҳои офтоб ба ҳамаи водӣ паҳн шуд.

Ҷои хабар дар ҷумла
  1. Хабар асосан дар охири ҷумла меояд:

Ҳама аз ақиби Пўлод рафтанд (Р. Ҷалил). Мардум ба пахтакорӣ одат карда, роҳҳои ҳосилёбиро наuз омўхта буд (Ҷ. Икромӣ).

  1. Дар назм хабар дар аввал ва мобайни ҷумла низ меояд.

Омад аз тангкўчаи қишлоқ,

Тақ-тақи пову шеҳаи аспон.

(М. Турсунзода)

Муайянкунанда

Аъзои пайр ави ҷумла буда хосият ва аломати предметро мефа{монад ва ба саволҳои чӣ хел?, чӣ гуна?, кадом?, аз они кӣ?, чанд? ҷавоб мешавад, муайянкунанда номида мешвад. Ч у н о н ч и: Колхози мо ду китобхонаи калон дорад (кадом колхоз?)-колхози мо, (чӣ хел китобхона?)-китобхонаи калон, (чанд китобхона?)-ду китобхона.

Азбаси  ифодаи аломат ва хосият махсуси сифат аст, муайянкунанда бештар бо {амин {иссаи нутr ифода меёбад: оби соф, иморати баланд, марди фозил ва u. Дар баробари ин исм, xонишин, шумора ва сифати феъли низ ба тарзи фаровон ба вазифаи муайянкунанда истифода мешаванд: китоби муаллим, дарси якум, ду китоб, мамлакати мо, ин rишлоr, аспи даванда, одами омадагb,чашми гирён ва м. ин{о. ба вазифаи муайянкунанда масдар низ меояд: орзуи дидан, майли хондан ва u.

Алоrаи грамматики муайянкунанда бо муайяншаванда бо ёри чунин восита{ои синтаксиси сурат мегирад: 1.Бандаки изофb, ки асоситарин воситаи алоrаи синтаксисb ба шумор меравад: гули сурх, абри ба{ор, бего{ии дер, дафтари Саид, ашки резон. 2. пешоянд{о, ки назар ба изофат камистеъмолтар мебошанд ва дар забони адабии тоxик беш аз пеш мавrеи устувор гирифта, дараxаи истифодаашон пай дар пай зиёд шуда истодааст: миз бо давот, набард барои озодb, маrола дар бораи адабиёт. 3.Пасоянд: Марзия барин зан, Саидбекро дил. 4. Ду воситаи грамматикb – бо изофат ва пешоянд: рeи чун анор, шикори бо шо{ин, сабзаи лаби xeй. 5. Алоrаи {амро{b: он гап, да{ дарахт, ду-се бача.

Муайянкунанда ҳам саръазо ва ҳам  аъзои пайрави ҷумларо, ки бо исм ифода шудааст, муайян мекунад.

Дар кучаи мо бинои калон сохта шуд. Вай одами боақл буд. Ҷўра китоби завқовар харид. Қосим одами телба барин ҳаракат мекард. Достони  нави шоир ба ҳама маъқул шуд.

Ин мард аз колхози «Комсомол» аст.

Мо 60-солагии шоири маъруф Мирзо Турсунзодаро ҷашн гирифтем.

Муайянкунандаҳо аз ҷиҳати сохт ва тарзи алоқа дух ел мешаванд:

  1. Муайянкунандаи изофӣ. 2. Муайянкунандаи беизофа.

Муайянкунанда ба муайяншаванда ба воситаи бандаки изофӣ (и) васл шуда бошад, муайянкунандаи изофӣ номида мешавад. Дар мисоли кўчаи васеъ бандаки изофии и муайяншавандаро ба майянкунанда алоқаманд кардааст.

Баъзан муайянкунанда бе бандаки изофӣ ҳам ба исм тобеъ шуда меояд, ки онро муайянкунандаи беизофа меноманд.

М и с о л: хонаи калонтарин, калонтарин хона.

Ҷои муайянкунанда дар ҷумла
  1. Муайянкунандаи изофӣ баъд аз муайянкунанда меояд: Оби сои чуқури камбар дар беруни қишлоқ ба сои калоне мебаромад (Р.Ҷалил).
  2. Муайчнкунандаи беизофӣ пеш аз муайяншаванда меояд: Ин гапҳои писараш Аҳмадҷонро гўё каме хотирҷамъ карданд. (Ҳ. Карим). Ду нафар моҳигир ба об тўр андохта истодаанд.
Пуркунанда

Предмете, ки таъсиру ҳаракати амал ба он гузаштааст, пуркунанда номида мешавад. Пуркунанда ба саволҳои кӣ?, чӣ?, киро?, чиро?, ба ки?, ба чӣ?, аз ки?, аз чӣ?, дар ки?, дар чӣ?, ва uайра ҷавоб мешавад.

Мисол: Падарам ба хона як меҳмон (кӣ) овард. Меҳмонро (киро?) мо шинохтем. Ў бо бародарам (бо ки?) дар армия хизмат мекардааст.

Ҷои пуркунанда дар ҷумла

Пуркунандаҳо дар мобайн ва аввали ҷумла меоянд. Дар назм пуркунанда дар охири ҷумла низ меояд.

Мисол:

Ман медонам, ки шумо ҳамаашро наuз мефаҳмед, таги дилатон ба ин корҳо розӣ. Аммо қасдан гапро ба дигар тараф мекашед. Шуморо ба суди виҷдонатон ҳавола мекунам (А.Шукўҳӣ).

Ҳол

Аъзои пайрави ҷумла, ки тарз, замон, макон, сабаб, мақсад ва ҳолати дигари воқеъ шудани амалро мефаҳмонад, ҳол номида мешавад. Дар ҷумла ҳол ба хабар нигаронида шуда ба саволҳои чӣ тавр?, кай?, дар куҷо?, аз куҷо?, то куҷо?, чаро?, аз чӣ сабаб?, бо чӣ мақсад?, барои чӣ? ва uайра ҷавоб мешавад.

Ҳол мувофиқи маъно ва муносибаташ бо калимаи тобеъкунанда ба гурўҳҳо ҷудо мешавад: ҳоли тарзи амал, монандӣ, миқдору дараҷа, замон, макон, сабаб, мақсад, шарт ва хилоф.

 

Ҷои ҳол дар ҷумла

Ҳол дар мобайн ва дар аввали ҷумла меояд. Дар охири ҷумла омадани ҳол ба назм хос аст.

Мисол: Ҳафтнафарон акнун торафт равшантар медиданд. Пагоҳӣ душман ҷангалро ба зери тирборони тўп гирифт (Р.Ҷалил).

add

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.