Сеҳри забони тоҷикӣ

Сеҳри забони тоҷикӣ

Забон василаест, ки инсоният тавассути он мубодилаи афкор намуда, аз мақсаду маром, ҳоли якдигар, пешрафти ҷомеа, расму оин, тӯю сур, сӯгвориву мотам, таъриху фарҳанг ва, умуман, аз тамоми ҳолатҳои тақозодоштаи ҳаёти якдигар огоҳ мегарданд.

Забону тафаккур ба якдигар алоқаи зичу ногусастанӣ доранд.

Забоншиноси англис Макс Мюллер ин афкорро «ду ном барои ифодаи як чиз» номидааст.

Бо пайдоиши ҷомеаи инсонӣ забон ҳам ба вуҷуд омадааст ва барои робитаи байни одамон амал карда, бо мурури замон рушд ёфтааст.

Забон рукни ҳастии ҳар як миллат аст. Забони мо (тоҷикӣ) забони миллии мост.

Забон омили муттаҳидгари миллат мебошад. Забони тоҷикӣ дар аҳди Сомониён як фарҳанги ҷаҳонгире офарида, садҳо шоир, олим, санъаткор ва арбоби давлатиро ба арсаи олам баровардааст. Ин забон, ки таърихи беш аз сеҳазорсола дорад, забардастонеро аз қабили Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Ҳаким Фирдавсӣ, Форобиву Абӯалӣ ибни Сино, Беруниву Носири Хисрав, Ҷалолиддини Румиву Шайхи Аттор, Хайёму Саъдии Шерозӣ, Абдулқодири Бедилу Абдураҳмони Ҷомӣ, Камоли Хуҷандиву Исмоили Сомонӣ, Муқаннаъ ва дигар бузургонеро ба майдон овардааст, ки ҷаҳониён онҳоро эътироф кардаанд.

Сулолаи Ғазнавиён, Қарахониён, Салчуқиён, Темуриён, Шайбониён, Аштархониёну Манғитиён, ки қариб ҳазор сол болои сари мардуми тоҷик салтанатдорӣ доштанд, коргузории расмии давлатдории худро бо ин забон ба роҳ монда, корҳои давлату давлатдорӣ, вазорату дигар корхонаҳои дарборашон ба дасти олимон, адибон ва арбоби давлатии соҳибзабонон сурат мегирифт.

Аз рӯйи чунин дидгоҳ, пай бурдан душвор нест, ки забони модарии мо ташаккулу таҳаввули пурфоҷиаеро паси сар намуда, аз замони устод Рӯдакӣ то ба замони Садриддин Айнӣ омада расида, бо шакли нобу зебо луғоту таъбироти рангину дилкаш ба ёдгор мондааст, ки мо аз ин ифтихор менамоем. Мегӯянд, ки забон калиди дари дониш ва маърифат аст. Ин гуфтаҳо бе асос нестанд, зеро забон метавонад дар ҳама гуна зинаҳои инкишофи таърих ба нафъи инсоният хизмат расонад.

Дар айёми Инқилоби Октябр ҳам забони тоҷикӣ мақому манзалати худро нигоҳ дошт. Гарчанде забони моро тариқи сунъӣ ба харитаи сиёсии тақдирнамо гузошта буданд, зиёиёни шарафманди мо парчами муборизаро барои ҳастии забон, миллат, адабиёт ва фарҳанги худ ба даст гирифта, дар набарди зидди душманон пирӯз шуданд.

«Марши ҳуррият»-и устод Айнӣ табаддулоти зеҳние буд, ки ба ташаккули худшиносии миллии халқи тоҷик асос гузошт.

Мақолаҳои публитсистии солҳои 1919 – 1921 чопшудаи маҷаллаи

«Шуълаи инқилоб» ҳуқуқи халқи тоҷикро ба забон, мероси фарҳангӣ, мактабу маориф, мотбуоти тоҷикӣ ва давлату давлатдориро ҳимоя карда, мардумро ба омӯзиш ва маърифати сиёсӣ ва фарҳангӣ ташвиқ менамуданд.

Дар ҳамин маврид, корномаи таърихии устод Айнӣ, «Намунаи адабиёти тоҷик», ба тамоми душманони миллати тоҷик зарбаи сахте зада, нақши арзишманди шиносномаи ҳақиқии халқи тоҷикро бозид.

Дар баробари асарҳои арзишманди С. Айнӣ асарҳои баландғояи Лоҳутӣ, Пайрав Сулаймонӣ, Мирзо Турсунзода, Ҳабиб Юсуфӣ, Мирсаид Миршакар, Боқӣ Раҳимзода, Сотим Улуғзода, Ҷалол Икромӣ, Раҳим Ҷалил, Абдусалом Деҳотӣ ва ғ. оид ба сохтмони ҳаёти нав ба ҷаҳониён мужда расонданд, ки ин маҳз инкишофи воқеии забони тоҷикӣ буд.

Андаке дертар адибони насли нав аз қабили Фотеҳ Ниёзӣ, Пӯлод Толис, Муъмин Қаноат; баъдан Аминҷон Шукӯҳӣ, Ғаффор Мирзо, Фазлиддин Муҳаммадиев, Лоиқ Шералӣ, Гулрухсор, Гулназар, Абдулҳамид Самадов, Назри Яздон, Аскар Хаким, Камол Насрулло, Раҳмат Назрӣ, Низом Қосим, Мирзо Файзалӣ ва ғ. давомдиҳандагони забони ширини гузаштагони адабиётамон мебошанд.

Бахусус, Шоири халқии Тоҷикистон Лоиқ Шералӣ дар бораи манзалату нафосати забони тоҷикӣ дар шеъри «Забонгумкарда»-аш хеле ҷолибу гуворо гуфтааст, ки хонандаро тасхири хеш месозад.

Ҳар кӣ дорад дар ҷаҳон гумкардае, Дар замину дар замон гумкардае.

Ин нишон гумкардаеву дигаре Хештанро бенишон гумкардае.

Ин яке бахти ҷавон гум кардааст, Дигаре ганҷи равон гум кардааст. Ин яке гар ними нон гум кардааст, Дигаре ними ҷаҳон гум кардааст.

Ин яке ҷону ҷигар гум кардааст, Он яке шӯру шарар гум кардааст. Ин яке гум карда гар моли падар, Дигаре панди падар гум кардааст.

Гар яке бому даре гум кардааст, Дигаре ному фаре гум кардааст. Он забони ҳамдилӣ гум кардааст, Ин забони модарӣ гум кардааст.

Аз тамоми ину он гумкардагон Зиштрӯтар нест дар рӯи ҷаҳон.

З-он ки гум карда забони модарӣ, Ҳарф гӯяд бо ту бо чандин забон.

Бок не, гар доварӣ гум кардааст, Ё умеди сарварӣ гум кардааст.

Заҳр бодо шири модар бар касе, К-ӯ забони модарӣ гум кардааст.

Он яке қадри сухангумкардае, Дигаре боғу чамангумкардае, Аз забони модарӣ гумкарда, лек Мерасад рӯзе ватангумкардае.

Ҳамчунин, устод Бозор Собир накҳати забони тоҷикиро дар шеъри

«Забони Ватан» бо як маҳорати хеле баланди шоирона лутфу эҳсон карда, пешниҳоди фарзандони миллат кардааст, ки саросар дорои панду ҳикматанд. Устод чунин ишора месозад:

Ҳар чӣ ӯ аз моли дунё дошт, дод, Хиттаи Балху Бухоро дошт, дод. Суннати волою девон дошт, дод, Тахти Сомон дошт, дод.

Душмани донишгадояш «Дониш»-и Сино гирифт, Душмани бесуннаташ «Девон»-и Мавлоно гирифт. Душмани санъатфурӯшаш санъати Беҳзод бурд, Душмани бехонааш дар хонаи ӯ ҷо гирифт.

Дод ӯ аз даст гурзи Рустаму Сӯҳробро. Барбарони нотавонеро тавоно кард ӯ,

Номи худро ҳамчу гӯри Рӯдакӣ аз ёд бурд, Қотилони хешро машҳури дунё кард ӯ.

Қомати кӯтоҳи манғит,

Аз манори каллаи аҳли Хуросон шуд баланд. Пастии саҳрои Қипчоқ

Аз баландии Бадахшон шуд баланд.

Халқи тоҷик, Халқи арман, Об дар чашм,

Чун ятимон,

Дар лабаш хашм, Чун асирон,

Аз Ватан то бар кафан ҳар буду нобуде, ки буд, Бар кафанталбу ватанталбандаҳо бахшиду дод.

Душмани дарвеши худро,

Шоҳу доро карду худ дарвеш шуд.

Дар миёни тангчашмоне, ки дар чашмонашон Солҳои тангро медид ӯ.

Гаҳ дар оташ, Гаҳ дар об.

Таҳ ба таҳ бо сӯхтанҳои манори суғдиёнаш сӯхт-сӯхт, Бо харобободи девору дари Афросиёбаш шуд хароб. Лек лафзи модарияш,

Ҳамчу номи модараш.

Дар забону дар даҳонаш монд-монд.

Ҳар сухан бо шири модар,

Сахт шуд дар устухонаш монд-монд.

Худ ба худ дар гӯшаи хоки диёр, Аз ҷудоӣ, аз ғарибӣ,

Ӯ гиристу гиряҳо бар обшорон ёд дод, Лафзи кӯҳистоние бар боду борон ёд дод.

Рӯдҳоро Рӯдакидон кард ӯ, Бодҳоро Анварихон кард ӯ.

Рӯзи ноободиаш тоҷик забон обод кард,

Дар забонаш давлати бедавлатӣ бунёд кард.

Давлате аз ҳарфи вазнин, Давлате аз шеъри рангин.

Аз чунин шеъре, ки ҳар як мисрааш, Ҷӯяе аз хуни сарбозони ӯст,

Равзани нуре аз оташҳои зардуштони ӯст.

Гӯиё чун сайди маҷрӯҳ Ӯ ҷароҳатҳои худро Гаштаю баргашта лесид,

Бо забони худ даво кард.

Дар сарояш тоҷик аз бахти нагун Гарчи бо габру мусулмон Ҳамсаро буд,

Ҳамрасулу ҳамхудо буд, Дар забон, аммо ҷудо буд.

Аз сари сад минбар афтоданд нозирҳои ӯ, То наафтанд аз забони хештан.

Дар сари сад дор ҷон доданд шоирҳои ӯ, То наафтад бар замин қадри сухан…

Дар ҳадду сарҳадшиносии ҷаҳон, Сарҳади тоҷик забони тоҷик аст. То забон дорад, ватандор аст ӯ,

То забондор аст, бисёр аст ӯ.

Устод Муъмин Қаноат низ дар васфи забони шевою лазизи тоҷикӣ суханони ҳикматноке гуфтааст, ки онҳо чунинанд:

Қанд ҷӯйӣ, панд ҷӯйӣ, эй ҷаноб,

Ҳар чӣ меҷӯйӣ, биҷӯ. Бекарон баҳрест, гавҳар беҳисоб,

Ҳар чӣ меҷӯйӣ, биҷӯ.

Форсӣ гӯйӣ, дарӣ гӯйӣ варо,

Ҳар чӣ мегӯйӣ, бигӯ. Лафзи шеъру дилбарӣ гӯйӣ варо,

Ҳар чӣ мегӯйӣ, бигӯ.

Баҳри ман танҳо забони модарист,

Ҳамчу шири модар аст. Баҳри ӯ ташбеҳи дигар нест, нест,

Чунки шири модар аст. З-ин сабаб чун шӯхиҳои дилбарам

Дӯст медорам варо, Чун навозишҳои гарми модарам,

Дӯст медорам варо.

Баъди ба даст омадани Истиқлолияти миллӣ низ ба ҳифзу рушд ва такомули забони тоҷикӣ диққати ҷиддӣ дода мешавад. Хусусан, Президенти мамлакат дар баромадҳояш таъкид менамояд, ки забон пок ва беолоиш нигоҳ дошта шавад. Ба он муваффақ гаштан лозим аст, ки ба ҳама гуна ғалатгӯйиву ғалатнависӣ хотима бахшем. Дар ин ҷода Президенти кишвар чунин таъкид месозад:

«Акнун замоне фаро мерасад, ки мо низ бояд мисли дигар кишварҳои пешрафтаву мутамаддину иқтисоди такмилёфта пайваста дар андешаи пок ва солим нигоҳ доштани забони давлатии худ бошем, вуруди ҳар як унсури навро ба забон дар асоси меъёрҳои адабӣ танзим намоем ва дар навбати аввал ба ҳама гуна ғалатгӯиву ғалатнависӣ хотима бахшем».

Аз рӯйи чунин назари орифона гуфтан барҷост, ки забон имрӯз соҳиб дорад!

Сарвари давлат ёдовар мешавад, ки забон чароғи раҳнамои худшиносиву худафрӯзист ва онро ҳамчун волотарин арзиши миллӣ поку беолоиш ҳифз кардан зарур аст:

«Барои он ки номи миллат дар саҳифаҳои таърихи башарӣ ҷовидон бошад, миллат бояд чароғи раҳнамои худшиносиву худафрӯзии худ, яъне забонро ҳифз кунад ва онро ҳамчун волотарин арзиши миллӣ ба наслҳои оянда поку беолоиш ва равону ширин ба мерос гузорад».

«Умри миллат ба умри забон вобаста аст, яъне бақои забон бақои миллат аст. Забон нишонаи муҳимтарини миллат ва пайвандгари наслҳост», таъкид менамояд Президенти мамлакат!

test

Добавить комментарий