Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ

Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ

Президиуми Совети Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1989 комиссияи забон таъсис дода буд. Комиссия дар хусуси мақоми давлатӣ гирифтани забони тоҷикӣ дархосту пешниҳод кард.

Он замон ҳатто масъалаҳое пеш оварда шуданд, ки баъзеҳо ҷонибдори се забони давлатӣ: тоҷикӣ, русӣ ва ӯзбекӣ буданд. Албатта, ӯзбекҳо низ ҳуқуқи забонро доранд, чуноне ки ҳуқуқ ба таълим, интихоботу радио, меҳнату маишат, телевизиону матбуот, кор дар мақомоти давлативу соҳибкорӣ, ширкат дар варзишу дигар чорабиниҳои давлативу байналмилалӣ ва ғайраву ҳоказо доранд. Дар асл ҳам чунин аст. Бояд гуфт, ки давлат бар зарари ягон забон нест ва онҳоро ҳамеша ҳифз менамояд. Дар сурати дастгирӣ наёфтани ин ва ё он забон норозигиҳо пайдо хоҳанд гашт. Аммо агар ин се забони ишораи боло мақоми давлатӣ мегирифтанд, ҳоли забони тоҷикӣ хароб мегашт, зеро кашмакашиҳо дар ин ҷода зиёд гашта, табоҳӣ меоварданд.

Баъд аз таъсис ёфтани комиссияи забон коркарди имлои нав ба миён омад ва имлое, ки солиёни зиёд хизмат карда омада буд (аз соли 1972) ба он тағйирот ворид карда шуд.

Соли 1998 (сентябр) «Имлои забони тоҷикӣ» ба миён омад.

Ин имло беш аз 10 сол (1998-2011) арзи вуҷуд дошт. Дар ин давра дигаргуниҳо ба миён омаданд ва зарурати ба майдон омадани имлои нав пайдо гашт.

Имлои қабулшудаи соли 2011 аз имлоҳои пешин ба куллӣ фарқ мекунад. Пеш аз ҳама, фарқ дар он аст, ки шумораи ҳарфҳо, ки 39 адад буданд, ба 35 поён фуромаданд. Ҳарфҳои хоси забони русӣ аз қабили ц,щ,ы,ь-ро аз алифбои забони тоҷикӣ бардоштанд. Ҳарфҳое, ки аз ҳамгуни худ дур афтода буданд, ба тартиб дароварда шуданд.

Имло калимаи арабист ва маънои «пур кардан», « навишта пур кардан», «ба касе гуфта нависондан»-ро дорад. Дар забоншиносии имрӯзаи тоҷикӣ мафҳуми имло маҷмӯи қоидаҳое дар бораи навишти дурусти калимаҳо ва қисми маънодори онҳо: дар бораи якҷоя навиштан, ҷудо ва ё бо нимтире (дефис) навиштани калимаҳо; истифода аз ҳарфҳои хурд ва калон дар навишти калимаҳо; дар бораи аз сатр ба сатри дигар кӯчондани қисми (ҳиҷоҳои) калимаҳо, ки дар алифбои кириллӣ муҳим аст, маълумот медиҳад.

Алифбо аз ҳарфҳои аввали алифбои арабӣ алиф ва бо гирифта шудааст.

Маҷмӯи аломатҳои графикии (ҳарфҳои) забон, ки бо тартиби муайян ва номҳояшон пайи ҳам омадаанд, алифбо номида мешавад.

Дар истилоҳи байналмилалӣ имлоро «орфография» мегӯянд, ки он аз калимаи юнонӣ буда, маънояш «дуруст менависам» мебошад.

Аз замонҳои қадим то имрӯз фазилату маданият ва бофарҳангии одамон то ба кадом андоза ҷилабгирӣ карда мешавад, донистани имло ба кадом сурат асту беғалатнависӣ дар кадом поя мебошад, андозагирӣ гаштааст.

ТАЪРИХИ АЛИФБО

Дар таърихи забони тоҷикӣ номи чанд хат зикр ёфтааст, ки қадимтарин ва машҳуртарини онҳо: хатти мехӣ, авестоӣ, паҳлавӣ, монавӣ, суғдӣ, арабӣ, лотинӣ ва кириллӣ мебошанд.

ХАТТИ МЕХӢ

Хатти мехӣ хатти расмии сулолаи Ҳахоманишиён (асри VII пеш аз мелод то замони истилои Искандари Мақдумӣ (соли 330-и пеш аз мелод) буд.

Хатти мехӣ 36 аломат дошт ва аз чап ба рост навишта мешуд. Қадимтарин ёдгории хатти мехӣ ба давраи ҳукмронии шоҳони Ҳахоманишиён Аршам ва Ари-ярамма тааллуқ дорад ва аввалин навиш- таҷоти он ба номи Дорои I вобаста буда, бо номи «Катибаи Бесутун» ёд мешавад.

ХАТТИ АВАСТОӢ

Хатти авастоӣ дар асоси хатти паҳлавӣ барои сабти «Авесто» – китоби динии зардуштиён – ихтироъ гардидааст.

ХАТТИ ПАҲЛАВӢ

Хатти паҳлавӣ дар асоси яке аз шохаҳои хатти оромӣ, тақрибан дар асри III мелодӣ ба вуҷуд омадааст.

Хатти паҳлавӣ дар аввал дорои 22 аломат буд, баъдтар (барои зуднависӣ) шакли ҳарфҳо ба якдигар монанд шуд ва шумораи онҳо ба 14-15 расид. Самти ин хат аз рост ба чап буд. Осори забони форсии миёна, яъне осори давраи Сосониён бо ин хат китобат шудаанд.

ХАТТИ МОНАВӢ

Хатти монавӣ дар заминаи

як шохаи хатти оромӣ ба вуҷуд омада, 22 ҳарфи асосӣ ва 7-то иловагиро дар бар мегирифт.

Осори хатти монавӣ

«Шопургон» мебошад, ки пор- чаҳои парокандаи он то замони мо омода расида, ба забони портӣ ва суғдӣ иншо гаштаанд.

ХАТТИ СУҒДӢ

Хатти суғдӣ низ дар заминаи хатти оромӣ дар Суғди қадим ихти-роъ гашта, дорои 23 аломат будааст.

Дар аввали асри VI хатти шикас- таи номукаммали суғдӣ ташаккул ёфт, ки то асри Х маъмул буд. Ба ин хат ҳуҷ- ҷатҳои кӯҳи Муғ, катибаҳо аз Афроси- ёб, Панҷакент, осори динҳои будоӣ ва насронӣ навишта шудаанд.

ХАТТИ АРАБИАСОСИ ФОРСӢ

Хатти арабӣ дар асоси хатти оромӣ мустақиман ба вуҷуд наомадааст, балки аз рӯйи қабилаи набатиҳо (набатиҳо мисли арабҳо мардуми сомӣ буда, дар асри V -и пеш аз мелод аз Арабистон кӯчида ба Фаластин рафта, дар асри II -и пеш аз мелод давлати калоне ташкил додаанд) , ки аз оромӣ ба вуҷуд омадааст.

Аз асри IV -и мелодӣ сар карда, бо ин хат матнҳои арабӣ низ таълиф ёфтаанд.

Ҳамин тариқ, ислом ё худ дини ислом ягона ва хатту забони арабӣ забони расмии қаламрави хилофати араб қарор гирифт.

Алифбои арабӣ аз 28 ҳарф иборат аст ва бо илова гардидани 4 ҳарфи забони форсӣ ( г, п, ч, ж ) алифбои он ба 32 адад расид ва бо номи алифбои арабиасоси форсӣ ёд шуда, то соли 1929 дар истифода қарор дошт.

ХАТТИ ЛОТИНӢ

Ин хат аз 26 аломат иборат буд ва 4 ҳарфи дигар (ж, ӣ, й, ҷ) илова гашту миқдори онҳо ба 30 адад расид. Ин хат то соли 1940 хизмат карда, ҷойи худро ба алифбои кириллӣ дод.

Aa Cc Çç Dd Ee Ff G g Ƣ ƣ Hh Ii
İi Jj Kk Ll Mm Nn Oo Pp Qq Rr Ss
Şş Tt Uu Üü Vv Xx Z z Ƶ ƶ

ХАТТИ КИРИЛЛИАСОСИ ТОҶИКӢ

Ин хат аз тарафи бародарон Кирилл (826-869) ва Медофий (820- 885) ихтироъ шудааст.2 Хат дорои 33 аломат буда, бо иловаи шаш ҳарфи дигари тоҷикӣ (ӣ, ғ, қ, ӯ, ҳ, ҷ) шумораи онҳо ба 39 адад расид.

Имлои забони тоҷикӣ соли 1998 таҳрир шуд. Ҳарфҳое, ки барои забони мо бегона буданд (ц, щ, ы, ь), аз алифбои забони тоҷикӣ хориҷ гаштанд ва шумораи ҳарфҳо ба 35 адад фуромад. Ин алифбо то имрӯз дар истифода аст ва мо аз рӯйи он кор бурда истодаем.

Аа Бб Вв Гг Ғғ Дд Ее Ёё
[a]? [b]? [v]? [ɡ]? [ʁ]? [d]? [e]? []?
Жж Зз Ии Ӣӣ Йй Кк Ққ Лл
[ʒ]? [z]? [i]? [/ˈi/]? [j]? [k]? [q]? [l]?
Мм Нн Оо Пп Рр Сс Тт Уу
[m]? [n]? [o]? [p]? [ɾ]? [s]? [t]? [u]?
Ӯӯ Фф Хх Ҳҳ Чч Ҷҷ Шш Ъъ
[ɵ]? [f]? [χ]? [h]? []? []? [ʃ]? [ʔ]?
Ээ Юю Яя
[e]? [ju]? [ja]?

ИМЛОИ БАЪЗЕ САДОНОКҲО

Пеш аз ҳама, қайд кардан зарур аст, ки мо дар забони тоҷикӣ ду адад ҳарфи «и» дорем, яъне «и» ва «ӣ» ва ҳар кадоми онҳо вазифаи худро доранд.

Овози «и» дорои чунин вазифаҳост:

калимаҳоро ба ҳамдигар алоқаманд менамояд: Рахши Рустам, амири Бухоро, вазири маориф, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ятими кулл, захми забон, тухми анқо, себи ширин;

дар охири калимаҳо омада зада қабул карда кашида талаффуз мегардад ва «ӣ» навишта мешавад: садафӣ, омӯзгорӣ, муаррифӣ, саводнокӣ, ғуломӣ, бараҳнагӣ, кӯдакӣ, қишлоқӣ, субҳхезӣ, кашмакашӣ, саҳнаороӣ, ҷамъиятӣ, қонунӣ, аксбардарӣ, шеърхонӣ, хушгуфторӣ, Саъдӣ, Муҳаммадӣ, Биноӣ, Ҳилолӣ, Фирдавсӣ, Хоқонӣ, Ҷувайнӣ, Саноӣ, Ҷомӣ, Сомонӣ, Раббонӣ, Сипеҳрӣ ва ғ.

агар чун бандаки феълӣ ва хабарӣ кор фармуда шавад, он гоҳ «ӣ» истифода мегардад: ту шунидӣ, ту озмудӣ; ту тақозо доштӣ; ту гуфтӣ, ту озмудӣ, ту рафтӣ, ту нишастӣ ва ғ.

дар назму насри классикӣ чун пешванди ме- истифода гаштааст: рафтамӣ, гуфтамӣ, дидамӣ, шунидамӣ, омадамӣ ва ҳоказо:

Рафтамӣ гаҳ-гаҳе ба дарёбор, Судҳо дидамӣ дар он бисёр.

Гар бар сари нафси худ амирӣ, мардӣ, Бар кӯру кар ар нукта нагирӣ, мардӣ. Мардӣ набувад фитодаро пой задан, Гар дасти фитодае бигирӣ, мардӣ.

Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ

Аммо бояд дар хотир дошта бошем, ки дар баъзе мавридҳо дар охири калимаҳо зада намегирад, вале ӣ навишта мешавад:

Гар бар сари нафси худ амирӣ, мАрдӣ, Бар кӯру кар ар нукта нагирӣ, мАрдӣ. Мардӣ набувад фитодаро пой задан, Гар дасти фитодае бигирӣ, мАрдӣ.

Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ

Ту аз рӯйи кирдорат хеле тавонОӣ. Ту нотавОнӣ. Ту зӯровАрӣ ва ғ.

test

Добавить комментарий