Типи хордадорон

Ба хордадорон моҳиҳо, обхокиҳо (қурбоққа, ғук, тритонҳо), хазандаҳо (калтакалосҳо, морҳо, тимсоҳҳо ва сангпуштҳо), парандаҳо, ширхӯрон ва дигар ҳайвонот – ҳамагӣ зиёда аз 46 ҳазор намуд мансубанд. Хордадорон дар муҳитҳои гуногуни зист – об, рӯйи замин, ҳаво ва қабатҳои хок васеъ паҳн шудаанд. Онҳо ҳайвоноти олиташкили таносуби баданашон дутарафадоштаи сеқабата буда, ковокии дарунии тана доранд. Барои ҳамаи хордадорон ба дарозии баданашон мавҷуд будани меҳвари такя ё ки хорда (дар ҳайвоноти дараҷаи паст), ё сутунмуҳра (дар ҳайвоноти дараҷаи олӣ) хос мебошад. Хорда аз бофтаи пайвандкунандаи чандир иборат буда, дар хордадорони сода то охири ҳаёташон боқӣ мемонад, лекин дар ҳайвоноти мураккаб ё ки олиташкил фақат дар давраи ҷанинӣ вуҷуд дорад ва дар давраи баъди ҷанинӣ ба сутунмуҳра табдил меёбад. Хордадорон дар ҳаёти инсон аҳамияти бағоят калон доранд.

Қариб ҳамаи намудҳои ҳайвоноти хонагӣ ва аҳамияти шикоридошта намояндаҳои типи хордадорон мебошанд (расми 1).

C:\Users\888\AppData\Local\Temp\FineReader12.00\media\image1.jpeg

§2. Тавсифи мухтасари типи хордадорон

Хусусиятҳои хордадорон. Хордадорон аз дигар ҳайвонҳои пешгузашта, яъне бесутунмуҳраҳо аз рӯйи доштани скелети дохилӣ фарқ мекунанд. Дар тарафи тахтапушти онҳо, аз қисми сар то дум меҳвари сахти чандир (хорда), ки аз ҳуҷайраҳои зиччаспида иборат аст, тӯл кашидааст. Вай мавқеи скелети даруниро дорад ва вазифаи узви такягоҳро иҷро мекунад. Номи тип низ аз ҳамин гирифта шудааст. Хорда дар хордадорони дараҷаи паст, масалан, дар нештаршакл то охири ҳаёти он боқӣ мемонад. Дар хордадорони дараҷаи олӣ хорда дар давраи инкишофи ҷанин дида мешавад, дар ҳайвоноти болиг дар байни буғумҳои сутунмуҳра боқӣ мондааст. Бадани онҳо аз берун ба қисмҳо тақсим нашудааст.

Системаи маркази асаби хордадорон дар шакли найчаи тоқи асаб аст, лекин он на дар тарафи шикам ба монанди бандпойҳо (буғумпойҳо) ва кирмҳои ҳалқагӣ, балки дар қисми тахтапушт дар болои хорда ҷойгир шудааст. Узви ҳозима аз найчаи рост ё каҷшуда сохта шудааст. Дар ду тарафи гулӯ якчанд ҷуфт сурохии ғалсамаҳо ҷойгир шудаанд.

Сӯрохии мақьад на дар охири дум, балки дар сарҳади дум кушода мешавад. Дум дар намояндаҳои обӣ узви асосии ҳаракат ба шумор

меравад. Дар зертипи ҷанинхордадорон, ки зиндагии нишастагиро аз сар мегузаронанд, одатан дар давраи болиғӣ дум, найчаи асаб ва хордаи худро гум мекунанд. Дар хордадорон системаи гардиши хун низ ба вуҷуд омадааст. Аъзои асосии он – дил дар қисми шикам – дар зери узви ҳозима ҷойгир шудааст. Дар ҳайвонҳои пешгузашта – бандпойҳо (буғумпойҳо) ва нармбаданҳо дил дар тахтапушт ҷойгир аст. Системаи гардиши хуни хордадорон сарбаста мебошад (расми 2).

C:\Users\888\AppData\Local\Temp\FineReader12.00\media\image2.jpeg

Типи хордадорон ба 3 зертип: (бекосаисарон, ҷанинхордадорон ё пардадорон ва косаисардорон ё ки сутунмуҳрадорон) тақсим мешаванд. Мо бо ҳар яки онҳо ба таври мушаххас шинос мешавем.

Зертипи бекосаисарон . Ба ин зертип фақат як синф, яъне синфи сархордадорон ё ки нештаршаклон мансуб аст. Онҳо дар баҳрҳои муътадил ва гармоб зиндагӣ мекунанд. Намояндаи асосии ин зертип нештаршакл ба шумор меравад, ки вай дар баҳри Сиёҳ зиндагӣ мекунад. Аз рӯйи намуди берунӣ нештаршакл ба моҳичаи хурд монанд аст (дарозиаш то 6 – 8 см). Дар тахтапушти вай барқад боли пуштӣ ҷойгир шудааст, ки ба қисми дум гузашта шакли нештар (лансета) – кордчаи ҷарроҳиро мегирад. Аз ин сабаб чунин ном гирифтааст (расми За).

C:\Users\888\AppData\Local\Temp\FineReader12.00\media\image3.jpeg

Дар нештаршакп мағзи сар нест, аз ҳамин сабаб скелети косахонаи сар ба вуҷуд наомадааст. Бинобар ин онҳоро ба бекосаисарон мансуб медонанд. Скелети дарунӣ аз хорда иборат буда, дар болои он найчаи асаб ҷойгир шудааст. Системаи узвҳои ҳозима дар зери хорда ҷойгир аст. Қисми пеши рӯда (гулӯ) сӯрохиҳои бисёри ғалсама дорад. Гардиши хуни нештаршакл сарбаста аст ва аз ду раги хунгард – тахтапушту шикам

C:\Users\888\AppData\Local\Temp\FineReader12.00\media\image4.jpeg

ва рагҳои аз онҳо бароянда иборат аст. Нештаршаклон дил надоранд (расми 36). Хун тавассути кашишхӯрии рагҳои хунгузарони тахтапушт ва шикам ҳаракат мекунад. Вазифаи узви нафасгириро ғалсамаҳо иҷро мекунанд, ба воситаи онҳо оксигени дар об ҳалшударо нафас мекашад.

Нештаршакпон дар қаъри баҳр дар ҷойҳои на он қадар чуқури реги тоза дошта, қисми асосии танаи худро ба рег ғӯтонида ва қисми пеши танаро, ки дар он даҳон ҷойгир шудааст, берун нигоҳ дошта зиндагӣ мекунанд. Ҳайвонҳои якҳуҷайрагӣ ва обсабзҳоро мехӯранд.

Системаи узвҳои. ихроҷ ба ҳалқакирмҳо монанд аст. Мушакҳояш сода буда, ба шакли ду тасма дар атрофи хорда ҷойгир шудаанд.

Нештаршаклон ба равшании зиёд тоқат надоранд, аз ҳамин сабаб шабона фаъол мебошанд. Дар фасли баҳор, тобистон ва аввали тирамоҳ фардҳои болиғ баъди нишасти Офтоб ба об тухмҳуҷайра ва нутфаро мепартоянд. Аз тухмҳуҷайраи бордоршуда кирмина мебарояд ва баъди 3 моҳ ба ҳайвони болиғ табдил меёбад.

Микдори фардҳои онҳо дар баъзе ҷойҳо хеле зиёд буда, то ба 300 фард дар 1 м2 баробар мешавад. Дар баъзе мамлакатҳои назди баҳр ин ҳайвонҳоро шикор мекунанд. Онҳоро ҳамчун хӯрок истифода мебаранд. Нештаршакп дар илм ҳамчун намуди мустақил дар охири асри XVIII маълум карда шуд. Онро дар баҳри Сиёҳ аввалин бор олим, зоолог Петр Симон Паллас ёфта, чун намуди нави нармбаданҳо қабул карда буд. Дар замони ҳозира 30 намуди нештаршаклон ба мо маълум аст. Ҳамаи онҳо ба зертипи бекосаисарон мансубанд. Омӯзиши ин ҳайвонҳо барои таҳқиқи пайдоиши тамоми хордадорон имконият пайдо мекунад.

Зертипи ҷанинхордадорон ё ки пардадорон.

Дар қаъри баҳру уқёнусҳо ҳайвонҳое вомехӯранд, ки ба халта ё кӯзаи дудаҳона шабоҳат доранд. Онҳо ба болои ҷисмҳои зериобӣ нишаста, тӯда шуда зиндагӣ мекунанд. Ин ҳайвонҳо намояндаҳои ҷанинхордадорон мебошанд, ки танаи онҳо аз 2 – 3 мм то 40 – 50 см мерасад. Намояндаи асосии ин зертип ассидия аст (расми 4).

Танаи ассидия аз берун бо пардаи махсус бо номи туника, ки вазифаи муҳофизатӣ дорад, пӯшида шудааст. Номи дуюми зертип аз

*

ҳамин гирифта шудааст. Дар ассидия ва дигар ҷанинхордадорон хорда фақат дар давраи ҷанинӣ ба вуҷуд омадааст.

C:\Users\888\AppData\Local\Temp\FineReader12.00\media\image5.jpeg Бинобар ин ҷанинхордадорон номида мешаванд. Аз рӯйи сохти дохилӣ ассидия ба нештаршакл шабоҳат дорад.

Дар қисми болоии тана сифони даҳонӣ ва дар поён сифони мақъадӣ ҷойгир шудааст. Сифони даҳонӣ ба ковокии гулӯ кушода мешавад. Фаъолияти ҳаётии ассидия чун’ нештаршакл ба гардиши об, ки аз сифони даҳонӣ дохил шуда, аз сифони мақъадй мебарояд, вобаста мебошад. Ковокии гулӯ вазифаи ҷамъ намудани хӯрок ва нафаскаширо иҷро мекунад. Дар девори ковокии гулӯ сӯрохиҳои ғалсама ҷойгир шудаанд, ки дар баробари бо об шуста шудани онҳо мубодилаи газҳо ба вуҷуд меояд. Гардиши хуни ассидия чун ҳайвонҳои бесутунмуҳра сарбаста нест. Дили найчашакли кӯтоҳ дорад, ки аз он ба сӯйи гулӯ ва ковокии тана рагҳои хунгузар равон мешаванд. Узви махсуси ихроҷ дида намешавад. Системаи асаб аз гиреҳҳо ва торҳои асаб иборат аст. Аксарияти ҷанинхордадорон хунсо (гермафродит) мебошанд. Яъне ҳар як фард ҳам наслдон ва ҳам тухмдон дорад, лекин маҳсули ҷанин дар як вақт пухта намерасад. Бинобар ин худбордоршавӣ ба вуҷуд намеояд. Роҳи ғадудҳои ҷинсӣ ба ковокии атриалӣ ва мақъад кушода мешавад. Аз тухми бордоршудаи ассидия кирминаи думдор мебарояд, ки аз ассидияи болиғ фарқ мекунад, яъне дар кирмина аломатҳои асосии хордадорон, хорда, найчаи асаб ва гулӯ дида мешавад. Кирмина тавассути дум якчанд вақт дар об шино карда, дум, хорда ва найчаи асабро гум мекунад ва ба зиндагии нишастагй мегузарад. Бисёр намудҳои пардадорон бо роҳи ғайриҷинсӣ тавассути муғҷабандӣ афзоиш мекунанд. Ҷанинхордадорон дар омӯзиши муносибатҳои авлодии хордадорон аҳамияти калони илмӣ доранд.

Зертипи косаисардорон ё ки муҳрадорон. Ин зертип ҳамаи ҳайвонҳоеро, ки сутунмуҳра ва скелети косахонаи сар доранд, дар бар мегирад. Дар онҳо найчаи асаб ба мағзи сар ва ҳароммағз табдил меёбад. Дар косаисардорон аъзои ҳиссиёт сохти мураккабтар дорад. Бар хилофи бекосаисарон дар ин ҳайвонот дил ба вуҷуд меояд, ки хунро дар зарфҳои хунгузари сарбаста ба ҳаракат медарорад. Аксарияти сутунмуҳрадорон болҳо ва пойҳои ҷуфт доранд. Ба ин ҳайвонҳо серҳаракатӣ ва тарзи зиндагии фаъол хос мебошад. Тавассути ғалсама ва шуш нафас мегиранд. Дар замони ҳозира зиёда аз 45 ҳазор намуди косаисардорон ба қайд гирифта шудаанд. Зертипи косаисардорон ба дугуруҳтақсим мешаванд: беҷоғон (даҳонгирдон) ва ҷоғдорон, ки моҳиҳо, обхокиҳо, хазандаҳо, парандаҳо ва ширхӯронро дар бар мегира

test

Добавить комментарий