Синфи моҳиҳои тағоякдор

Ба ин синф намудҳои гуногуни қатори наҳангҳо ва суфрамоҳиҳо мансубанд (расми 20, 21). Скелети онҳо тамоман тағоякӣ аст. Пӯсти танаашон аз пулакчаҳое иборат аст, ки сатҳашон барҷастагиҳои дандонадор дорад ва бо моддаи сахт пӯшида шудааст. Дар ду тарафи қисми сар то 5 – 7 сӯрохии мустақили ғалсамаҳо кушода мешаванд.

Онҳо пуфаки шиноварӣ надоранд. Чунин хусусиятҳои сохти тана аз ҳайвоноти хеле қадим будани онҳо шаҳодат медиҳанд. Ба аксарияти моҳиҳои тағоякдор мавҷуд будани фуки дароз ва дар зери он ҷойгиршавии даҳон хос аст. Бордоршавии тухмҳуҷайра дарунӣ аст. Тухмаш калон буда, бо шохпарда пӯшида шудааст. Якчанд тухми инкишофёфта мегузорад ва аз он моҳича мебарояд. Зиндазой аст. Дар замони ҳозира тақрибан 630 намуди моҳиҳои тағоякдор маълум мебошанд, ки 4 фоизи моҳиҳои муосирро дар бар мегиранд.

Қатори наҳангҳо. Онҳо дар баҳр ва уқёнус зиндагӣ мекунанд. Бисёр намуди наҳангҳо даранда мебошанд. Узви ҳиссиёташон нағз тараққӣ кардааст. Сохти танаи торпедашакл (дарозрӯяи найзашакл), мушакҳои боқуввати тана ба чобукона ва бо суръати баланд ҳаракат кардани онҳо имконият медиҳанд. Андозаи танаи онҳо гуногун мешавад. Намуди калонтарини наҳангҳо – наҳанги китшакл ба шумор меравад, ки дарозиаш то 20м, вазнаш 14т мебошад. Наҳангҳо зиндазой мебошанд.

Онҳо ҳайвоноти муҳрадори баҳриро шикор мекунанд. Тақрибан 20 оила ва 50 намуди наҳангҳо маълум мебошанд (расми 20). Аҳамияти саноатӣ доранд. Гӯшти онҳо чун хӯрок истифода бурда мешавад.

C:\Users\888\AppData\Local\Temp\FineReader12.00\media\image24.jpeg

Қатори суфрамоҳиҳо. Аксарияти суфрамоҳиҳо дар қаъри об зиндагӣ мекунанд ва ба зиндагии қаъриобӣ мутобиқшудаанд. Танаи онҳо аз тарафи тахтапушт ва шикам паҳн буда, болҳои шиноварӣ ба ҳам пайваста сатҳи васеъро гирифтаанд. Сӯрохиҳои ғалсама дар қисми поёни тана ҷойгир шудаанд. Боли думии хеле борик доранд. Баъзесуфрамоҳиҳо, ба монанди суфрамоҳии хордум дар болои думашон хори заҳрнок доранд. Танаи суфрамоҳии зиреҳцор бо зиреҳчаҳои хордор пӯшида шудааст (расми 19). Дар баҳрҳои тропикӣ суфрамоҳии барқӣ зиндагӣ мекунад. Онҳо аз худ ҷараёни барқро бо шиддати то 70 Вт ҷудо мекунанд, ки онро барои мудофиа ва доштани тӯъмаи худ истифода мебаранд. Намояндаи калонтаринашон манта мебошад, ки 6 – 7м дарозӣ ва 2,5т вазн дорад.

C:\Users\888\AppData\Local\Temp\FineReader12.00\media\image25.jpeg Суфрамоҳиҳо низ ба монанди наҳангҳо зиндазой буда, аз 3 то 20 – 30 бача мезоянд. Онҳо нармбаданҳо, моҳичаҳо ва харчангчаҳоро мехӯранд. Қариб 17 оила ва 350 намуди суфрамоҳиҳо маълум мебошанд (расми 21).

C:\Users\888\AppData\Local\Temp\FineReader12.00\media\image26.jpeg Қатори химерашаклон. Ба ин қатор моҳиҳои тағоякии камшумор, махсусгаштаи обҳои чуқур дохил мешаванд (расми 22). Қисми пеши танаашон ғафс буда, ба тарафи дум борику дароз шудааст. Дарозии танааш аз бОсм то ба 2 метр мерасад. Пӯсташон луч аст. Қариб 30 намуди химераҳо дар уқёнусҳои Ҳинд,

Атлантика ва Ором зиндагӣ мекунанд.

Намояндаи бештар паҳншудаи . химерашаклон химераи аврупоӣ ё ки гурбаи баҳрӣ ба шумор меравад, ки дар чуқурии то ЮООм дар баҳри Баренс зиндагӣ мекунад. Аҳамияти саноатӣ надоранд. Гӯшти химераҳо истеъмол карда намешавад. Равғане, ки аз ҷигари химераҳо гирифта мешавад, дар тиб истифода бурда мешаванд.

test

Добавить комментарий