Синфи моҳиҳои устухондор

Моҳиҳои устухондор зиёда аз 96 фоизи моҳиҳои замони ҳозираро дар бар мегиранд. Беш аз 24 370 намуди онҳо маълум мебошанд. Моҳиҳои устухондор ба 2 гурӯҳ (зерсинф)-нурболон ё ки моҳиҳои серустухон ва парраболон, ки моҳиҳои дубаҳра ва панҷаболонро дар бар мегиранд, тақсим мешавад.

  1. Зерсинфи нурболон ё ки моҳиҳои серустухон. Ба ин гурӯҳи моҳиҳо зиёда аз 96% моҳиҳои замони ҳозира мансубанд, ки зиёда аз 40 қаторро дар бар мегиранд (расми 23). Дар ин моҳиҳо тамоми скелет устухонӣ аст. Хорда фақат дар давраи ҷанинӣ инкишоф меёбад. Дар моҳиҳои болиғдар байни муҳраҳо боқимондаи хорда дида мешавад.

C:\Users\888\AppData\Local\Temp\FineReader12.00\media\image27.jpeg

Қатори тосмоҳиҳо. Ба ин гурӯҳи моҳиҳо белуга, стреляд, тосмоҳии русӣ, белбинии амударёӣ, сирдарёӣ ва ғайра мансубанд. Скелети онҳо аз устухон – тағояк ва хорда иборат аст. Ғалсама бо сарпӯши ғалсама пӯшида шудааст. Пуфаки шиноварӣ дида мешавад. Танаашон бо панҷ қатор (дуқаторӣ дар паҳлу ва як қатор дар тахтапушт) пулакчаҳои ромбшакли нӯгтез пӯшида шудааст (расми 24). Қисми пеши сар барҷастагии каму беш дарозфуқро ҳосил намудааст. Вазни ин моҳиҳо аз 3 – бкг (озодмоҳӣ) то 10ООкг (белуга) мешавад. Т осмоҳиҳо асосан дар

Аврупо, Осиё, (Амударё ва Сирдарё ду намуди ин моҳӣ – белбинии амударёӣ ва сирдарёӣ) зиндагӣ мекунанд. Зиёда аз 20 қатор ва 420 оила доранд.

C:\Users\888\AppData\Local\Temp\FineReader12.00\media\image28.jpeg

Қаторҳои бештар паҳншудаи ин моҳиҳо инҳо мебошанд: шӯрмоҳимонандҳо (шӯрмоҳии атлантикӣ, сардина, шпрот); озодмоҳиҳо, (кета, озодмоҳии муқаррарӣ, озодмоҳӣ, сёмга); капурмонандҳо (плотва- ҷумҷумакмоҳӣ, симмоҳӣ, зағорамоҳӣ, карас); равғанмоҳиҳо (равғанмоҳӣ, невага, пикша); камбаламонандҳо (камбала, палтус); мормоҳимонандҳо (мормоҳии аврупоӣ, барқӣ, муренҳо ва ғайра). Ҳамаи намудҳои моҳиҳои серустухон аҳамияти калони шикорӣ ва саноатӣ доранд. Тухми моҳиҳоро ҳамчун маводи хӯрокии серғизо истифода мебаранд. Аз равғанмоҳиҳо равғани табобатӣ мегиранд, ки ба микдори зиёд витамин дорад.

  1. Зерсинфи парраболон.

Қатори моҳиҳои дубаҳра. Ин моҳиҳо қобилияти аз оксигени дар об ҳалшуда ва ҳавои атмосфера нафас гирифтанро доранд (расми 25). Дар ин моҳиҳо аз ҳисоби пуфаки шиноварӣ шуш пайдо шудааст. То охири ҳаёташон дар онҳо хорда боқӣ мемонад.

Дубаҳраҳо моҳиҳои қадимӣ ба шумор мераванд. Дар замони ҳозира ду оила, як авлод ва се намуди онҳо боқӣ мондаанд. Яке аз онҳо шохдандони австралиягӣ мебошад. Дарозии вай то 1 м мешавад ва дар кӯлу дарёҳои хурд, ки растаниҳои бисёр месабзанд, зиндагӣ мекунад.

C:\Users\888\AppData\Local\Temp\FineReader12.00\media\image29.jpeg

Дар фаслҳои хушксол, дар ҳолати хушк шудани оби обанбору ҳавзҳо тавассути шуш аз ҳаво нафас мегирад.

Намояндаи асосии ин моҳиҳо пулакчадори лепидосирени амрикоӣ ва африқоӣ мебошад. Онҳо 125 то 140 см дарозӣ доранд. Баробари хушк шудани оби обанборҳо ба зери лой даромада хоб мекунанд.

Қатори моҳиҳои панҷабол. Ҳоло фақат як намуди ин моҳиҳо – латимерия маълум аст (расми 26). Аввалин маротиба ин моҳиро соли 1938 дар соҳили Африқои Ҷанубӣ дошта буданд. Олимон фикр мекарданд, ки ин намуди моҳиҳо тамоман мурда рафтаанд. Латимерия моҳии калон буда, дарозиаш то 1,5м, вазнаш то 80кг мерасад. Болҳои латимерия (хусусан болҳои ҷуфт) ба парраҳо ё ки кафҳои гӯштдори бо пулакчаҳо пӯшидашуда монанд мебошанд. Скелеташон асосан аз тағояк иборат аст. Ба монанди дигар моҳиҳои қадимӣ дар онҳо хорда боқӣ мондааст. Пуфаки шиноварӣ вазифаи шушро иҷро мекунад. Сохти скелет ва болҳои шиноварии ҷуфти панҷаболон ба дасту пойи ҳайвонҳои сутунмуҳрадори хушкӣ хеле монанд аст.

C:\Users\888\AppData\Local\Temp\FineReader12.00\media\image30.jpeg

§8. Моҳидори. Муҳофизат ва зиёдкунии захираи моҳиҳо

Аҳамияти моҳиҳо дар ҳаёти инсон. Намудҳои гуногуни моҳиҳо сарчашмаи асосии ғизои инсон ба шумор мераванд. Дар ҷаҳон тақрибан дар 1 сол то 50 млн т. моҳӣ сайд карда мешавад, ки он аз рӯйи вазн ба 650 млн сар гов баробар мебошад. Мушакҳои моҳиҳо аз моддаҳои органикӣ ва маъданӣ, ки барои организми инсон заруранд, хеле ғанӣ мебошанд. Аз ҷигари равғанмоҳӣ равғани табобатӣ гирифта мешавад. Қисми зиёди моҳиҳои сайдшуда истеъмол карда мешаванд. Қисми дигарашон барои истеҳсоли орди серғизо барои фарбеҳ кардани чорво истифода бурда мешаванд. Аз партовҳои саноати моҳӣ нурӣ истеҳсол мекунанд.

Моҳиҳои шикоршаванда. Дар обҳои собиқ мамлакатҳои Шӯравӣ зиёда аз 1000 намуди гуногуни моҳиҳо зиндагӣ мекунанд, ки аз онҳо 250 намудашон аҳамияти саноатӣ доранд. Аз ҳамаи моҳиҳо тосмоҳиҳо, белугаҳо, севрюгаҳо (тосмоҳиҳо), кета ва озодмоҳӣ (озодмоҳиҳо) бештар арзиши саноатӣ доранд. Дар байни моҳиҳои шикоршаванда равғанмоҳӣ, камбала, палтус, окуни дарёӣ аҳамияти калони саноатӣ доранд. Аз ҳама бештар шӯрмоҳии уқёнусӣ, ки қариб дар ҳамаи баҳрҳои шимолу ғарби

Аврупо, баҳри Баренс ва уқёнуси Атлантик васеъ паҳн шудааст, шикор карда мешавад.

Шикори моҳиҳо. Моҳиҳои шикоршаванда тавассути киштиҳои махсуси моҳигирӣ сайд мешаванд.

Барои мушоҳидаи селаи моҳиҳо асбобҳои гидроакустикӣ – эхолотҳо истифода бурда мешаванд. Садоҳои бонги изтироби азтарафи моҳиҳо баровардашуда бо ин асбоб сабт карда мешаванд ва тавассути баландгӯякҳо аз нав хонда мешаванд. Ҳамаи ин барои ҳаросидани моҳиҳо ва ба сӯйи тӯри моҳигирӣ равон кардани селаи онҳо истифода бурда мешавад. Баъзе намуди моҳиҳо ба равшании чароғҳои нурашон баланд дар зери об ҷамъ мешаванд. Равшании баланд аз ҳама бештар ҳангоми шикори килкиҳо ва сайраҳо истифода мешавад.

Муҳофизати захираҳои моҳиҳо. Захираҳои моҳиҳо – бойигариҳои доимии табиӣ нестанд. Барқароршавии муътадили ҳарсолаи шумораи моҳиҳоро ба назар нагирифта, микдори зиёди моҳиҳоро шикор кардан мумкин нест. Ба ин қоида риоя накардан боиси минбаъд қатъ гардидани моҳидорӣ мешавад. Ба камшавии саршумори моҳиҳо аз ҳама бисёртар ифлосшавии дарёҳо, обанборҳо, сохтани нерӯгоҳҳои барқӣ, ки пеши роҳи моҳиҳоро дар давраи афзойиш мегиранд ва бетартиб сайд кардани онҳо таъсири калон мерасонад.

Барои он ки ин ҳодиса рӯй надиҳад, кайҳост, ки барои муҳофизат ва зиёд кардани моҳиён чораҳои гуногун меандешанд.

«Қонун оид ба муҳофизат ва истифодаи оқилонаи олами ҳайвонот» ба ҳамаи ташкилотҳои моҳигирӣ, инчунин моҳигирони ҳаваскор пешниҳод шудааст, ки тибқи он бояд қоидаҳои муқарраршудаи моҳигириро ҷиддан риоя кунанд. Қонун усул ва мавсими моҳигириро муайян кардааст. Чашмакҳои тӯри моҳигирӣ бояд аз андозаи муайян хурд набошанд, то ки ба онҳо фақат моҳиҳои болиғ афтанд. Бо моддаҳои тарканда беҳуш кардани моҳиён қатъиян манъ аст, зеро дар ин ҳол миқцори бағоят зиёди моҳиёни тамоми синну солу зот беҳуда нобуд мешаванд. Ба сохтмони иншоотҳои софкорие, ки бинобар рехтани оби ифлоси партовҳои фабрикаву заводҳо ба дарё, кӯлҳо ва баҳрҳо манъ мешаванд, диққати бештардода мешавад.

Дар ҷойҳое, ки дарёҳо дарғоти нерӯгоҳҳои обии барқӣ доранд, барои моҳиҳои думакона роҳҳои дарёии махсуси давродаврии серзина месозанд. Масалан, озодмоҳӣ дар шароити табиӣ низ аз остонаҳои сангин мегузарад, бинобар ин, вай ба осонӣ аз каналҳои сементӣ, ки об зина ба зина ҷорӣ мешавад, боло меравад. Барои тосмоҳиён асбобҳои махсуси механикии лифтмонанд – моҳибардорак месозанд.

Парвариши сунъй ва муътодшавии (аккпиматизатсия) моҳиҳо. Дар шароити табиӣ тухм, кирмина ва моҳичаҳо аз таъсири омилҳои гуногун хеле бисёр нобуд мешаванд. Бинобар ин, барои зиёд кардани шумораи фардҳои моҳиҳои нодири сайдшаванда онҳоро дар заводҳои махсуси моҳипарварӣ парвариш мекунанд. Дар чунин заводҳо бордоркунии сунъии тухмҳо ва парвариши кирминаҳо то ба ҳолати моҳичаҳо гузаштани онҳо ташкил карда мешавад.

C:\Users\888\AppData\Local\Temp\FineReader12.00\media\image31.jpeg

Бо мақсади бордоркунии сунъӣ аз моҳиҳои модина бо роҳи оҳиста фишурдан тухмашро ба зарфи махсус холӣ мекунанд. Ба болои он моеи махсусро, ки аз ҷинси нарина гирифта шуда буд, андохта ба микдори муайяни об омехта мекунанд. Ин усули бордоркунии сунъӣ – бордоркунии хушк ном гирифтааст, ки бори аввал дар соли 1857 аз тарафи моҳипарвари рус В.П. Врасский пешниҳод шудааст. Тухмҳои ба таври сунъӣ бордор кардашударо ба ҳавзҳои махсус, ки барои инкишофи тухм шароити мусоид доранд, ҷойгир мекунанд (расми 27а). Кирминаҳое, ки аз тухм баромадаанд, ба ҳавзҳои дигари махсус гузаронида мешаванд.

Бо мақсади мутобиқат пайдо кардани моҳиҳо дар солҳои охир бисёр корҳо ба сомон расонида шудаанд. Яъне моҳиҳо ба обанборҳое гузаронида шудаанд, ки то ҳозир онҳо дар он ҷо зиндагӣ намекарданд. Ба Тоҷикистон низ солҳои охир намудҳои гуногуни моҳиҳо оварда шуда буданд. Дар соли 1930 бо мақсади мубориза бо кирминаҳои хомӯшаки табларза (малярия) ба дарёҳои водиҳои Вахш ва Кофарниҳон моҳии зиндазойи гамбузия оварда шуда буд, ки ҳоло яке аз моҳии сершумор мебошад. Дар дарёҳои Сир ва Аму дар ҳудуди ҷумҳурии мо моҳии дарандаи морсар пайдо шуд.

Онҳоро ҳамроҳи моҳиҳои шикорӣ (белбинии муқаррарӣ ва ало, инчунин, амури сафед) тасодуфан аз Шарқи Дур оварда буданд. Ҳоло морсар яке аз моҳиҳои сершумори дарандаи Осиёи Марказӣ ба ҳисоб меравад. Бо мақсади баланд бардоштани маҳсулоти моҳигӣ ба обанборҳои Фарҳод ва Қайроқум зағорамоҳиҳо оварда шуда буданд. Ҳоло онҳо ба шароити нав нағз мутобиқ шудаанд ва сайд карда мешаванд.

Муътодшавии моҳиҳо бо иҷозати идораҳои махсус дар амал ҷорй карда мешавад, зеро ҳамроҳи моҳиҳо кирмҳои муфтхӯр ва дигар касалиҳои зараррасон сироят пайдо карда метавонанд. Ба ғайр аз ин, моҳиҳои ба шароити нав гузаронидашуда мумкин аст бо суръати баланд афзойиш карда, ба намудҳои дигари моҳиҳои муқимии обанбор зарар расонанд. Аз ин рӯ, дар ин кор ҷиддӣ муносибат бояд кард.

§9. Парвариши моҳиҳо дар кул ва ҳавзҳо

Намудҳои моҳиҳое, ки дар кӯл ва ҳавзҳо зиёд карда мешаванд.

Дар Тоҷикистон обанборҳои сунъӣ ва табиӣ хеле бисёранд. Дар ин кӯлу обанборҳо хоҷагиҳои моҳипарварӣ ташкил карда шудаанд, ки онҳо ба парвариши моҳиҳои навъҳои капур, паҳнпешонӣ, амури сафед, гулмоҳӣ ва ға.йра машғуланд.

Аз ҳама бештар дар ҳавзҳои сунъӣ моҳии капур парвариш карда мешавад. Капур аз зағорамоҳии ёбоӣ ба вуҷуд оварда шудааст. Ин моҳӣ нисбат ба авлоди ёбоиаш хуштамъ ва серравған мебошад. Вай сернасл аст. Дар давраи афзойиш як моҳии модина то 500 ҳазор тухм мегузорад. Тез калон шуда, дар соли 3-юми ҳаёташ вазни он ба 1,5кг мерасад. Растаниҳо ва бесутунмуҳраҳои обиро мехӯрад.

Якчанд зоти нави капур маълум мебошад. Дар хоҷагиҳои моҳипарварӣ аз ҳама бештар капур, ялаққосӣ, пулакчадор ва луч парвариш карда мешаванд.

Капур моҳии гармидӯст мебошад, бинобар ин, дар хоҷагиҳои моҳипарварии қисми ҷануби ҷумҳуриамон парвариш карда мешавад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба парвариши моҳиҳо диққати махсус дода мешавад. Дар водиҳои дарёҳои калон (Панҷ, Вахш, Кофарниҳон, Зарафшон ва Сир) хоҷагиҳои моҳидории Чубек, Ҷиликӯл, Панҷакент ва Қайроққум ташкил карда шудаанд. Ба ғайр аз ин дар соҳили дарёи Кофарниҳон дар Тоҷикистон заводи моҳипарварӣ сохта шудааст, ки ба парвариши сунъии зоти гулмоҳии пурқимати шикорӣ машғул аст.

test

Добавить комментарий