Гурӯҳҳои асосии хазандаҳои муосир

Аҳамияти хазандаҳо дар табиат ва ҳаёти инсон

Хазандагони муосир яке аз шохаҳои сернамуд ва инкишофёфтаи ҳайвонҳои сутунмуҳрадор ба шумор мераванд ва дар тамоми муҳити зисти рӯйи Замин васеъ паҳн шудаанд. Дар замони ҳозира зиёда аз 7000 намуди онҳо ба қайд гирифта шудаанд. Онҳо ба 4 қатор – сангпуштон, нулсарон, пулакчадорон ватимсоҳҳо мансубанд.

Қатори сангпуштон. Сангпуштон дорои зиреҳи устухони пуштӣ ва шикам, ки болои онро паҳнакҳои шохин пӯшидааст, мебошанд. Зиреҳаз устухони паҳни скелет ҳосил шудааст. Бо зиреҳи пуштӣ скелети асосии тана ба ғайр аз сар, гардан, пойҳо ва дум якҷоя шуда часпидааст. Бинобар ин, барои муҳофизати худаш сангпушт қисмҳои сар, пойҳо ва думи худро ба дохили зиреҳаш гирифта метавонад. Пӯсти сар, гардан, пойҳо ва дум бо пулакчаҳои шохин пушида шудааст. Дандон надоранд. Пойҳои намояндаҳои обӣ паҳну белшакл буда, зиреҳи баданашон нарм аст.

Сангпуштон дар дашту биёбонҳо ва ҷангалзорҳои тропикӣ, доманакӯҳҳо ва обанборҳо паҳн шудаанд. Сангпуштон ба гурӯҳҳои дарёӣ (оби ширин), баҳрӣ ва хушкӣ тақсим карда мешаванд.

Ба сангпуштони баҳрӣ сангпушти шӯрбоӣ ё сабз дохил мешавад, ки дар баҳрҳои тропикӣ зиндагӣ мекунанд (расми 52).

C:\Users\888\AppData\Local\Temp\FineReader12.00\media\image60.jpeg

Андозаи танааш 1,5 м вазнаш то ба 450кг мерасад. Дар соҳил то 200 дона тухми андозааш то 5 см мегузорад. Инкишофи тухмаш то 1,5 – 2 моҳ давом мекунад. Дар Аврупо ва Амрико гӯшташро мехӯранд.

Сангпушти филӣ ё ки галапагосӣ яке аз калонтарин сангпушти хушкӣ ба шумор меравад, ки дар ҷазираи галапагос дучор мешавад. Андозаи зиреҳи пушташ ба 110 см, қадаш бОсм ва вазнаш то ба 400кг мерасад (расми 53). То 150 сол умр мебинад. Ба сангпуштони оби ширин сангпушти ботлоқӣ ва каспийгӣ мансубанд. Дар резишгоҳҳои дарёҳо, ҳавзҳо, обанбору ботлоқҳои обашон сустҷоришаванда зиндагӣ мекунанд. Андозаи танаашон то 25 см мешавад, дар 6 – 9 – солагӣ ба балоғат мерасанд, то 10 дона тухм мегузоранд. Инкишофи тухмаш то 3 моҳ давом мекунад. Буғумпойҳои обӣ, нармбаданҳо, кирмҳо ва обхокиҳоро мехӯрад. Дар ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ сангпуштони ботлоқӣ, каспийгӣ ва осиёимиёнагй васеъ паҳн шудаанд (расми 52, 53). Дар Тоҷикистон сангпушти осиёимиёнагӣ зиндагӣ мекунад, ки вай хушкигард ва растанихӯр мебошад.

Дар фасли тобистон аз сабаби гармии зиёд ба хоби тобистона ва дар фасли тирамоҳҳангоми сардшавии ҳаво ба хоби зимистона меравад. Ҳоло дар дунё қариб 250 намуди сангпушт зиндагӣ мекунад.

Қатори хартумсарон ё нӯлсарон. Дар ҷазираҳои Зеландияи Нав то замони мо баъзе намудҳои хазандаҳои қадим зиндагӣ мекунанд. Ҳол он ки авлодҳои қадимаи онҳо 200 млн сол пеш аз ин мурда рафтаанд. Ин ҳайвонҳо гаттерияҳо ё ки туатарҳо ном доранд ва онҳо ба синфи хазандаҳо мансубанд (расми 54). Танаи онҳо бо пулакчаҳои сабзи якхелаи хокистарранг пӯшида шудааст, пойҳои кӯтоҳи чанголдор доранд

C:\Users\888\AppData\Local\Temp\FineReader12.00\media\image61.jpeg ва дар тахтапушташон як қатор баромадаҳои паҳни секунҷаи шонамонанд мавҷуд аст. Ба ин ҳайвон дар болои сар мавҷуд будани баромади нӯл- монанд, ки аз ҳисоби сабзидани устухони пеш- азҷоғӣ ба вуҷуд омадааст, хос мебошад. Аломатҳои қадимии гаттерияҳо ба осонй ба чашм намоён намешаванд. Яке аз онҳо мавҷуд будани чашми пешонагӣ ё ки чашми сеюмӣ ба шумор меравад. Тавассути ин чашм гарчи онҳо дида наметавонанд, вале равшаниро фарқ мекунанд. Сохти муҳра ба моҳиҳо монанд аст ва дар байни муҳраҳо хорда боқӣ мондааст, пардаи нақорагии гӯш надоранд. Дар қисми шикамашон қабурғаҳои зерипӯстӣ доранд, ки ин ба зиреҳи стегосефалаҳо шабоҳат дорад.

Бори аввал дар Зеландияи Нав мавҷуд будани ин калтакалоси азимҷуссаро сайёҳи англис Джемс Кук муайян карда буд. Дар солҳои охир бисёр тадқиқотчиёни немис ва англис ба омӯзиши гаттерия машғул шудаанд, лекин аз таъсири фаъолияти ғайриоқилонаи инсон, сӯхторҳо, таъқиботи хукҳои ёбоӣ ва сагҳо шумораи ин калтакалосҳои қадим хеле кам шудаанд. Онҳо ҳозир фақат дар ҷазирачаҳои дастнорас боқӣ мондаанду халос. Дарозии танаи гаттерия ба 76см мерасад, 0,5 – 1 кг вазн дорад. Вай фақат шабона фаъол мебошад, заифона роҳ мегардад. Кирмҳо, ҳашарот ва нармбаданҳоро мехӯрад.

Гаттерия дар 20 – солагӣ ба балоғат мерасад ва то 100 сол умр мебинад. Аз 8 то 15 дона тухм мегузорад. Инкишофи тухмаш то 14 моҳ давом мекунад. Дар ҷазираҳои Зеландияи Нав давоми 100 соли о.хир шикори гаттерия манъ карда шуда, ҷиддан муҳофизат карда мешавад. Шахсони масъул фақат бо иҷозати махсус ба ҷойи зисти ин ҳайвон роҳ дода мешаванд. Аз ин ҷазира ҳамаи душманони ин калтакалос – сагҳо, хукҳо ва гурбаҳои ёбоӣ ба ҷойҳои аз ҷазира хеле дур бурда шудаанд.

Қатори пулакчадорон. Ба ин қатор зиёда аз 4300 намуди калтакалосҳо ва 3000 намуди морҳо дохил мешаванд. Аломати асо- сии ин қатор бо пулакчаҳои шохин пӯшида шудани бадани онҳо ба шумор меравад ва ба ду зерқатор – калтакалосҳо ва морҳо ҷудо мешаванд.

Зерқатори калтакалосҳо. Намояндаҳои асосии ин қатор калтакалоси чобук, офтобгардакҳо, лӯндасаракҳо, луччашмакҳо, гекконҳо, сусморҳо, калтакалоси бепой (баҳтур) ва ғайраҳо мебошанд. Гекконҳо дар биёбонҳои гарми тропикӣ ва субтропикӣ паҳн шудаанд. Бисёр намуди онҳо дар Қрим, Қафқоз ва Осиёи Марказӣ вомехӯранд. Дар Тоҷикистон аз 33 намуди калтакалосҳо 7 намуди онҳо ба оилаи гекконҳо мансубанд.

Дар зери ангушти ин ҳайвонот паҳнакҳое мавҷуданд, ки болои онҳо бо мӯякчаҳои хеле хурд пӯшида шудаанд. Ин ба онҳо имконият медиҳад, ки дар болои сангҳо, дарахтҳо, деворҳои биноҳо озодона ҳаракат кунанд.

C:\Users\888\AppData\Local\Temp\FineReader12.00\media\image62.jpeg Дар дашту доманакӯҳҳои Осиёи Марказӣ, аз он ҷумла Тоҷикистон, офтобгардакҳои (агамаҳои) даштӣ, кӯҳӣ ва сусмор ё ки ошкемар зиндагӣ мекунанд. Офтобгардакҳо дар байни буттазорҳои дашту кӯҳҳо ҳаёт ба сар мебаранд. Дарозии танаи онҳо аз 5 – 8 то ба ЗОсм мерасад. Дар қаламрави Тоҷикистон аз оилаи бештар паҳншудаи офтобгардакҳо – лӯндасаракҳо; лӯндасараки тақирӣ, тӯрнақш, регӣ, гушкалон ва ғайра зиндагӣ мекунанд. Сусмор яке аз намояндаҳои калонтарини калтакалосҳо ба шумор меравад. Дарозии танааш бо думаш то 1,5 м ва вазнаш то 3- 3,5кг мерасад. Ҳоло шуморааш кам мондааст ва ба «Китоби сурхи Тоҷикистон» дохил карда шудааст (расми 55).

C:\Users\888\AppData\Local\Temp\FineReader12.00\media\image63.jpeg C:\Users\888\AppData\Local\Temp\FineReader12.00\media\image64.jpeg Зерқатори морҳо. Морҳо аз калтакалосҳо аз рӯйи сохти берунӣ ба таври куллӣ фарқ мекунанд. Морҳо пойҳо ва пилки ҳаракаткунандаи чашм надоранд. Чашми онҳо бо пардаи шаффофи шохин пӯшида шудааст (расми 56). Устухонҳои чапу рости ҷоғи боло ва поён ба косахонаи сар бо устухончаҳои пайвасткунанда ба таври ҳаракаткунанда пайваст шудаанд (расми 57).

Ин сохти ҷоғ ба морҳо имконият медиҳад, ки тӯъмаи худро якбора фурӯ баранд. Бинобар ин, онҳо тӯъмаи хеле калонро фурӯ бурда, муддати дароз хӯрок намехӯранд. Дар Тоҷикистон 15 намуди морҳо зиндагӣ мекунанд, ки аз онҳо кубро, гурза, афъии регӣ, тирмор, сипарсар, мори печон, чипор, обӣ васеъ паҳн шудаанд.

Морҳои обӣ, чипор ва печон тӯъмаи худро якбора фурӯ мебаранд. Морҳои заҳрдор бошанд, тӯъмаи худро аввал заҳр зада мекушанд ва баъдан фурӯ мебаранд. Дар устухони ҷоғи болои мори заҳрдор як ҷуфт дандони заҳрноки чангакмонанд ва дар қафои он ғадуди заҳр ҷойгир шудааст.

Ғадуди заҳр ғадуди тағйирёфтаи луоби даҳон ба шумор меравад, ки аз худаш заҳри қотил ҷудо мекунад. Дандонҳои заҳрноки морҳои заҳрдор ҷӯяк ё ки маҷро доранд ваҳангоми газидани тӯъма халтаи заҳр фишурда шуда, заҳр ба воситаи ҷӯяки дандон зуд ба танаи тӯъма мегузарад.

Дар Тоҷикистон 5 намуди морҳои заҳрдор (гурза ва куброи осиёимиёнагӣ, афъии регӣ, сипарсар ва тирмор) зиндагӣ мекунанд (расми 58). Морҳои заҳрдорро аз рӯйи сохти берунӣ ба осонӣ фарқкардан мумкин аст. Морҳои заҳрдор одатан бо сари секунҷашакл ва думи кӯтоҳашон аз морҳои безаҳр фарқ мекунанд. Морҳои заҳрдор ва умуман ҳамаи морҳо забони нӯгчоки дароз доранд, ки доиман дар вақги дучор шудан ба берун мебароранд. Забон ба дандони заҳр алоқа надорад ва узви ломиса мебошад. Ҳангоми газидани морҳои заҳрдор ба худмуолиҷакунӣ роҳ надода, фавран ба духтур муроҷиат кардан зарур аст. Морҳои заҳрдор ва умуман ҳамаи морҳо ҳайвонҳои фоидарасон ба шумор мераванд, лекин дар солҳои охир дар Тоҷикистон ҳамаи морҳоро, хусусан морҳои заҳрдорро одамон бо ҳар восита дошта нобуд карда истодаанд. Мори афъии регӣ дар қаламрави Тоҷикистон тамоман нест шудааст. Бинобар ин, морҳои кубро, гурза ва афъии регӣ ба «Китоби сурхи Тоҷикистон» дохил карда шудаанд. Морҳо хояндагон ва ҳашароти зараррасонро нобуд карда, фоидаи калон меоранд. Аз заҳри онҳо доруҳои пурқимат мегиранд.

C:\Users\888\AppData\Local\Temp\FineReader12.00\media\image65.jpeg

Ин аст, ки мо бояд морҳоро ҳаматарафа муҳофизат кунем, то ки онҳо аз табиати мо тамоман нест нашаванд.

Қатори тимсоҳҳо. Т имсоҳҳо гурӯҳи олиташкили хазандаҳо буда, дили чорхонагӣ ва сохтори мураккаб доранд. Аз рӯйи намуди берунаашон ба калтакалосҳо монандӣ доранд. Дарозии танаашон аз 1 то 8 м аст. Танаи тимсоҳҳо бо зиреҳчаҳои устухонӣ, ки аз болояшон пулакчаҳои шохин мустаҳкам часпидаанд, пӯшида шудааст. Тимсоҳҳо дар об зиндагӣ ва хуб шино мекунанд. Бинобар ин, байни ангуштони пойи ақиби онҳо парда дорад ва думашон аз паҳлу каме паҳн мебошад (расми 59). Чашм ва сӯрохии бинии тимсоҳ дар сатҳи барҷаста ҷойгир шудааст. Дар вақги шино кардан фақат бинӣ ва чашми вай аз сатҳи об боло меистад. Ин барои ба оҳистагӣ

C:\Users\888\AppData\Local\Temp\FineReader12.00\media\image66.jpeg

шикор кардан имконият медиҳад. Тимсоҳҳо ҳайвонҳои даранда мебошанд, баъзан ба одам ҳуҷум мекунанд. Онҳо ҳайвоноти гуногуни обӣ, моҳиҳо, парандаҳо ва ширхӯрони майдаро мехӯранд. Инкишофи тухми тимсоҳдар соҳил мегузарад. Тимсоҳи модина ба соҳил баромада, дар рег чукурча кофта, аз 20 то 100 дона тухми худро мегузорад. Баъди 1-2 моҳ аз тухм тимсоҳчаҳо мебароянд ва онҳо аз рӯйи ғариза боз ба об бармегарданд. Дар давраҳои аввал тимсоҳчаҳо бо модари худ, одатан, дар даҳони модар, зиндагӣ мекунанд ва дар вақти дамгирӣ ба тахтапушти модари худ мебароянд. Афзойиши тимсоҳҳо дар хушкӣ ва аз оксигени ҳаво нафасгирии онҳо аз он шаҳодат медиҳад, ки авлоди аввалини онҳо дар хушкӣ зиндагӣ кардаанд. Тимсоҳҳо ва сангпуштон намояндаҳои қадимтарини хазандаҳо ба шумор мераванд. Дар замони ҳозира 28 намуди тимсоҳҳо ба мо маълум мебошанд. Онҳо ба 3 оила – аллигаторҳо, тимсоҳҳои ҳақиқӣ ва гавиалҳо ҷудо карда мешаванд. Аз ҳама бештар тимсоҳи нилӣ, аллигатори хитойӣ ё гавиал дучор мешаванд.

Аҳамият ва ҳифзи хазандаҳо. Намудҳои гуногуни хазандаҳо дар дашту биёбон, доманакӯҳҳо ва водиҳо зиста, ҳашароти гуногун, кирмҳо, нармбаданҳо, хояндагон ва дигар ҳайвоноти зараррасони кишоварзиро хӯрда, фоидаи калон мерасонанд. Бисёр намудҳои хазандаҳо хӯроки ҳайвоноти аҳамияти саноатидошта ва парандаҳои даранда мебошанд. Тимсоҳҳоро барои пӯсти қиматбаҳояшон шикор мекунанд. Аз сабаби дар баъзе мамлакатҳо кам шудани микдори тимсоҳҳо, шикори онҳо манъ карда шудааст.

Аз замонҳои қадим то ҳоло зиреҳи сангпуштҳоро барои сохтани тугмачаҳо ва дигар ашёи рӯзгор истифода мебаранд. Заҳри морҳо дар тиб васеъ истифода мешавад.

Баъзе намудҳои хазандагон ба фаъолияти хоҷагидории инсон зарар мерасонанд. Масалан, сангпушти осиёимиёнагӣ заминҳо, соҳилҳои ҷӯйҳо ва ғайраҳоро вайрон мекунад. Мори обӣ ба моҳидорй зарар мерасонад. Аз заҳри мор дар вақги ногаҳон газидан баъзе одамон ба марг дучор мешаванд.

Солҳои охир ба сабаби кишткунии заминҳои боир (бекорхобида) ва инчунин шикор кардани намудҳои аҳамияти саноатидошта ва морҳои заҳрдор микдори ин намудҳои хазандаҳо кам шуда истодааст. Баъзе намудҳои онҳо ба ҳолати нестӣ расидаанд. Бинобар ин, намудҳои нодир ва нестшудаистодаи хазандагон ба ҳифз намудан эҳтиёҷ доранд. Дар Тоҷикистон 21 намуди хазандаҳо ҳамчун намудҳои нодир ва нестшудаистода ба «Китоби сурхи Тоҷикистон» дохил шудаанд. Аз сабаби дар солҳои охир танг шудани муҳити зист ва кам шудани микдори фардҳои хазандагон аз ҷониби олимон боз 11 намуди хазандаҳои Тоҷикистон барои ворид намудан ба «Китоби сурхи Тоҷикистон» пешниҳод карда шуданд. Шикори ин гуна намудҳо қатъиян манъ карда шудааст. Онҳо дар мамнӯъгоҳҳо ҳифз карда мешаванд.

test

Добавить комментарий