Қатори хояндагон ва заргушшаклон

Қатори хояндагон. Хояндаҳо яке аз қаторҳои калонтарини ширхӯрон ба шумор мераванд. Онҳо аз се як ҳиссаи ширхӯрони муосирро дар бар мегиранд. Дар замони ҳозира қариб 2000 намуди онҳо ба мо маълум аст. Ба ширхӯрони хоянда намудҳои гуногуни мушҳо, калламушҳо, юрмонҳо, санҷобҳо, қундузҳо, савсор, қоқум ва амсоли инҳо мансубанд (расми 109).

Хояндагон асосан хӯроки дурушт, яъне хӯроки растанигиро мехӯранд. Онҳо як ҷуфт дандонҳои пеш (аз боло ва поён), инчунин дандонҳои куреӣ доранд. Дандонҳои ашк надоранд. Дандонҳои пеш калон ва тезанд. ДандоНҳои пеш фақат аз қисми пеш бо сир (эмал) пӯшида шудаанд, бинобар иҷ, дандони пеш, ки қисмати ақибаш қабати сир надорад, дар вақти хойидан суда мешавад ва доимо тез аст. Дандонҳои пеш дар давоми умри ҳайвон месабзанд, бинобар ин, ҳар қадар ки суда мешаванд, андозаашон доиман якхел мемонад (расми 109). Хӯроки растанигӣ, ки ҳазмшавиаш душвор мебошад, боиси дароз гардидани рӯдаҳо ва инкишофи кӯррӯда шудааст. Хояндагон дартамоми муҳитҳои зисти рӯйи Замин васеъ паҳн шудаанд. Ин қатор 30 оиларо дар бар мегирад, ки паҳншудатарини онҳо мушмонандҳо, санҷобҳо, юрмонҳо, мири мушон, муши обӣ, ҷайра ва ғайраҳо мебошанд.

C:\Users\888\AppData\Local\Temp\FineReader12.00\media\image108.jpeg

Дар Тоҷикистон 30 намуди хояндагон паҳн шудаанд. Намояндаҳои онҳоро дар ҷойҳои аҳолинишин, саҳроҳо, гирду атрофи полизу боғҳо, заминҳои ғаллакорӣ ва ғайра вохӯрдан мумкин аст. Як қисми намудҳои хояндагон ба зироатҳои ғалладона зарар мерасонанд, маҳсулоти кишоварзиро дар манзилу анборҳо несту нобуд мекунанд. Баъзе намудҳои онҳо паҳнкунандагони бисёр касалиҳои инсон ва ҳайвонот ба шумор мераванд.

Дар Тоҷикистон солҳои охир бисёр намудҳои хояндагон, ба монанди юрмон, суғур, ҷайра микдоран кам шуда истодаанд. Бинобар ин, шикори онҳо манъ ва ба «Китоби сурхи Тоҷикистон» дохил карда шудаанд.

Қатори заргӯшшаклон. Онҳо аз рӯйи бисёр хусусиятҳояшон ба хояндагон хеле наздик мебошанд. Яъне дар онҳо низ рӯдаҳои дароз ва кӯррӯдаи инкишофёфта мавҷуд аст. Дандонҳояшон ба дандонҳои пеш (як ҷуфт) ва курсӣ тақсим мешаванд. Онҳо аз хояндагон бо он ки дар қафои дандонҳои пеши болоӣ боз як ҷуфти хурди дандони пеш доранд, фарқмекунанд (расми 110).

Дар замони ҳозира 65 намуди заргӯшшаклон маълум мебошанд. Ин қатор 2 оиларо дар бар мегирад. Ба оилаи якум заргӯшҳо ва оилаи дуюм ғулмушҳо дохил мешаванд. Дар Тоҷикистон 3 намуди ин қатор

C:\Users\888\AppData\Local\Temp\FineReader12.00\media\image109.jpeg

– заргӯши регзор, ғулмуш ва толай зиндагӣ мекунанд. Заргӯши регзор ва ғулмуш дар дашту биёбон дар байни буттазор, тӯғайзорҳо зиндагӣ мекунанд. Заргӯши модина дар 1 сол ду-се маротиба то б-то бача мезояд.

Харгӯшҳо низ дар шароити табиӣ зиндагӣ мекунанд. Заргӯшҳои ёбой дар ғорҳои кандаи худ зиндагӣ мекунанд. Онҳо дар 1 сол 3-4 маротиба аз 4 то 12-тоӣ бача мезоянд. Заргӯшҳои ёбоӣ аз тарафи инсон хонагӣ карда шудаанд ва зотҳои бисёр доранд.

add

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.