Қатори дарандаҳо

Аломатҳои умумии қатор. Ба ширхӯрони даранда ҳайвонҳои ҳар хел андозадошта ва намуди беруниашон хеле гуногун дохил мешаванд. Масалан, гург, савсор ва хирсро ба ҳамдигар муҳоиса кунед. Ҳамаи онҳоро асосан истеъмоли тӯъмаи зинда ва баъзан мурда ба як қатор муттаҳид мекунад (расмҳои 111,112,113,115). Дандонҳои дарандагон ба дандонҳои пеш, ашк ва курсӣ тақсим мешаванд. Дандонҳои пеш нисбатан майда буда, дандони ашки онҳо хеле калон аст. Дар байни дандонҳои курсӣ 4-тояшон калонтар ва тез мебошанд, ки онҳо дандонҳои дарандагӣ ном доранд. Бо дандонҳои пеш онҳо тӯъмаро медоранд, бо ашк мекушанд ва бо курсӣ мебуранд ва хойида майда мекунанд. Дар онҳо устухони калидак нест. Мағзи сари ин ҳайвонҳо нағз инкишоф ёфта, чинҳо ва ҷӯякчаҳои зиёде дорад. Бачаи дарандагон нобино ва нотавон тавлид мешавад. Ба қатори дарандагон қариб 235 намуд тааллуқ доранд, ки аз онҳо дар Тоҷикистон 20 намуд зиндагӣ мекунанд. Онҳо ба якчанд оилаҳои гуногун, ба монанди гургшаклҳо, гурбашаклон, хирсмонандҳо, савсоршаклҳо ва ғайраҳо ҷудо мешаванд.

Оилаи гургшаклон. Онҳо ҳайвонҳои андозаашон миёнаи пойдароз ва фукдароз мебошанд. Одатан, нӯги суфраи гӯшашон борик буда, думашон серпашм ва дароз мешавад. Чанголҳои пояшон тез ва қатшаванда нестанд. Узви шоммаи гургҳо хеле хуб инкишоф ёфтааст. Онҳо тӯъмаи худро аз рӯйи пайи (изи) лой ва бӯйи он дуру дароз таъқиб карда метавонанд. Хеле зирак ва чолок мебошанд, аз тағйирёбии вазъияти гирду атроф ба зудӣ бохабар мешаванд. Ба ин оила гург, рӯбоҳ, саг, шағол, саги енотмонанд ва ғайраҳо мансубанд (расми 111).

C:\Users\888\AppData\Local\Temp\FineReader12.00\media\image110.jpeg

Дар собиқ мамлакатҳои Иттиҳоди Шӯравӣ 8 намуд ва дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 4 намуди гургшаклон – гург, рӯбоҳ, шағол ва гурги дулта ё ки кафтор зиндагӣ мекунанд.

Гург. Дарандаи калон буда, вазни он аз 50 то ба 80кг мерасад. Дар саросари ҷумҳуриамон паҳн шудааст. Вай ҳайвони чолок ва

боқувват аст, бинобар ин, метавонад ҳайвони аз худаш калонро низ шикор кунад. Гургҳо тирамоҳ тӯдаро (гала) ташкил медиҳанд, ки аз 5 – 6 ва ҳатто 12 гург иборат аст. Онҳо асосан сумдоронро шикор мекунанд. Одатан, ба ҳайвони касал ва беҳол ҳуҷум карда, онро нобуд месозанд ва солимии ҳайвонҳоро дар табиат нигоҳ медоранд. Гургҳо баъзе мавридҳо ба чорвои хонагӣ низ ҳуҷум карда, зарари калон мерасонанд.

Рӯбоҳ. Дар саросари ҷумҳуриамон васеъ паҳн шудааст. Рӯбоҳ аз 4 то 6 рӯбоҳбача таваллуд мекунад. Бачаҳои худро волидайн ҳамроҳ парвариш мекунанд. Дар фасли тирамоҳ рӯбоҳбачаҳо калон ва оилаи онҳо ба ҳар сӯ пароканда мешаванд. Зимистон танҳо-танҳо зиндагӣ мекунанд. Хӯроки асосии онҳо хояндаҳоянд ва меваҳоро низ истеъмол мекунанд. Мӯйинаи рӯбоҳ зебо ва пурқимат мебошад.

Шағол. Яке аз ширхӯрҳои дарандаи Тоҷикистон буда, одатан, дар тӯғайзорҳо ва соҳилҳои дарёҳо зиндагӣ мекунанд. Андозаи танааш баробари саги миёнаҷусса аст. Шағол шабшикор аст. Хояндаҳо ва парандаҳоро дошта мехӯрад. Баъзан ба фермаҳои мурғпарварӣ хуҷум мекунад.

Гурги дулта ё ки кафтор. Ҳайвони калони дарандаи гургшакл мебошад. Аз рӯйи намуди зоҳираш андаке ба саг ё гург шабоҳат дорад, лекин бо сари нисбатан калон, танаи кӯтоҳ, дароз будани пойҳои пеш ва кӯтоҳ будани пойи ақиб фарқ мекунад. Яъне вай саги нишастаро ба хотир меорад. Дар тахтапушташ то гардан мӯйҳои дарози ёлмонанд дида мешавад.

Ҷоғ ва мушакҳои боқувват ба вай имконият медиҳанд, ки устухонҳоро хойида майда кунад. Гурги дулта дар Арабистон, Ироқ, Эрон, Афғонистон, Ҳиндустон ва Африқои Шимолӣ паҳн шудааст. Дар Тоҷикистон дар водиҳо ва доманакӯҳҳо дучор мешавад. Баробари аз худ намудани водиҳо ва доманакӯҳҳо ин ҳайвон нест карда шуд. Як қисми ками онҳо дар мамнӯъгоҳи “Бешаи палангон”, доманакӯҳҳои Аруктоғ, Оқтоғ ва Рангонтоғ боқӣ мондааст. Гурги дулта, асосан ҷасади ҳайвонҳои мурда, инчунин, хояндагон, малахҳо, появу барг ва меваву решаи растаниҳои буттагиро мехӯрад.

Дар фасли тирамоҳ ҷуфт шуда, баъди 3 моҳ аз 1 то 3 бача мезояд. Вай санитари табиӣ буда, табиатро аз лошаҳо тоза мекунад. Дар солҳои охир хеле кам боқӣ мондааст, бинобар ин ҳамчун намуди нодиру камёфт ба «Китоби сурхи Тоҷикистон» дохил карда шудааст.

Оилаи гурбашаклон. Гурбашаклон ҳайвонҳои андозаашон майда, миёна ва калон буда, чолоканд ва сари нисбатан гирд доранд (расми 112). Чанголи қатнашавандаи онҳо ҳангоми роҳгардӣ ба дохили халтаи махсус кашида мешавад, бинобар ин, доимо тезанд ва дар вақти роҳгардӣ овоз намебароранд. Дар ангуштони онҳо болиштакҳо низ

ҷойгир шудаанд, ки онҳо садои пойро кам мекунанд. Дар замони ҳозира 36 намуди ин оила ба мо маълум мебошад. Дар ҷумҳурии мо 6 намуди оилаи гурбашаклон, ба монанди паланг, гурбаи қамишзор, гурбаи даштӣ, паланг, силовсин ва манул зиндагӣ мекунанд.

C:\Users\888\AppData\Local\Temp\FineReader12.00\media\image111.jpeg C:\Users\888\AppData\Local\Temp\FineReader12.00\media\image112.jpeg Яке аз калонтарин намояндаи ин оила дар Тоҷикистон паланг ба шумор меравад. Вазни вай аз 20 то 40кг мешавад. Дар тамоми танааш доғҳои сиёҳи ҳалқамонанд ҷойгир шудаанд. Мӯйинаи бисёр зебо ва пурқимат дорад. Дар ҳамаи баландкӯҳҳои Тоҷикистони марказӣ ва Помир паҳн шудааст.

Оилаи хирсҳо. Хирсҳо калонҷуссаанд: сари калон, фуки дароз, панҷаи қавӣ доранд ва бо кафи пой роҳ мегарданд. Дар ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ 3 намуди ин оила – хирси сафед, малла ва хирси сиёҳ ё ки ҳимолойӣ зиндагӣ мекунанд (расми 113).

Яке аз намуди калон- тарини дарандагон хирси

сафед мебошад, ки дар қисми шимолии Арктика зиндаги мекунад. Вазнаш ба 800кг мерасад. Дар ҷангалзорҳои кӯҳии Тоҷикистон хирси малла зиндагӣ мекунад, ки вазни вай ба 120 – 150кг мерасад, рангаш маллаи равшан ва сиёҳтоб мешавад. Хирсҳо барои зимистонгузаронӣ дар ғорҳо, зери сангҳо, арчаҳои шохҳояшон ба замин овезон, зери шохтӯдаҳои дарахтони хушк хона месозад. Хирс дар 3 – солагӣ ба балоғат мерасад ва 30 – 40 сол умр мебинад. Одатан, хирсҳо зимистон ба хоби зимистона мераванд. Модахирс моҳи декабр ё январ аз 1 то 3 бачаи нобино мезояд, ки баъди 30 рӯз бино ва серҳаракат мешаванд.

Хирс растаниҳо, меваҳо, мӯрча ва тухми онҳо, асали занбӯри ваҳшӣ, гамбускҳо, нармбаданҳо, паранда ва хояндаҳои хурдро мехӯрад. Аввали баҳор хирсҳо аз хоби зимистона хеста, ба ҷустуҷӯйи хӯрок мебароянд. Дар солҳои охир хирси малла дар табиати мо микдоран хеле кам шудааст, бинобар ин, вай ба «Китоби сурхи Тоҷикистон» дохил гардидааст. Шикори вай дар тамоми ҳудуди ҷумҳурӣ манъ карда шудааст.

Оилаи савсоршаклон. Дарандагони резапайкар ва миёнаанд, баданашон дарозу борик ва пойҳояшон кӯтоҳ аст. Ин аломатҳо ба онҳо барои ба ғору тарқишҳои тангдаромадан мусоидат мекунад.

C:\Users\888\AppData\Local\Temp\FineReader12.00\media\image113.jpeg

Хӯроки асосии онҳоро хояндаҳо ва парандаҳо ташкил медиҳанд. Аксарияти онҳо мӯйинаи бисёр зебо, мустаҳкам ва пурқимат доранд.

Дар Тоҷикистон зиёда аз 7 намуди савсоршаклон зиндагӣ мекунанд, ки ба онҳо хази даштӣ, самури пешонабаста, самури обӣ, мири мушон савсори санглох, қоқум ва ғайра мансубанд (расми 114).

Савсору самур ҳайвони дарахтгард мебошанд. Дар ҷангалзорҳои доманакӯҳҳо ва кӯҳҳо зиндагӣ мекунанд. Хояндаҳои мушмонандро мехӯранд.

Хази даштӣ ва самури обӣ дар байни буттаҳо, канори беша ва соҳили дарёҳо зиндагӣ мекунанд.

• Хӯроки аслии онҳо парандаҳо, мурғи даштӣ ва муши хонагӣ мебошанд. Самури обӣ дар назди обанборҳо бештар вомехӯрад, хуб шино мекунад. Муҳрадорони назди соҳил ва обиро мехӯрад.

Қоқум ва мири мушон ширхӯрони дарандаи хурдтарини Тоҷикистон ба шумор мераванд. Андозаи қоқум ба калламуш баробар буда, ғафсии бадани мири-мушон баробари ангушт аст, бинобар он бе душворӣ ба мушхона даромада метавонад. Онҳо зимистон ранги сафедро мегиранд. Хӯроки асосии онҳо мушмонандҳо мебошанд.

test

Добавить комментарий