Ширхурони баҳрӣ

Қатори белпойҳо ва китшаклон

Инҳо ҳайвонҳое мебошанд, ки ба ду қатор – белпойҳо ва китшаклон ҷудо мешаванд. Дар баҳрҳо зиндагӣ мекунанд, бинобар ин, онҳоро ҳайвоноти баҳрӣ меноманд, лекин аҷцоди аввалини онҳо дар муҳити хушкӣ зиндагӣ мекарданд ва ба дарандагони қадимӣ монанд буданд. Хусусан, монандии дарандагон ба белпойҳо аз ин шаҳодат медиҳад. Зиндагии дуру дарози ҳайвоноти баҳрӣ дар муҳити обӣ ба тағйирёбии бадани онҳо оварда расонд. Яъне, пойҳои пеши онҳо ба узви ҳаракат дар муҳити обӣ белшакл табдил ёфтаанд ва шакли баданашон ба моҳиҳо монанд шудааст. Ба ҷойи пашми бадан бошад, дар зери пӯст барои нигоҳ доштани ҳарорати доимӣ қабати равған ба вуҷуд омадааст.

C:\Users\888\AppData\Local\Temp\FineReader12.00\media\image114.jpeg Қатори белпойҳо. Ин қатор ҳайвоноти калонҷусса буда, баданашон дукшакл, гарданашон кӯтоҳ ва пойҳояшон белшакл аст. Ба онҳо тюленҳо, моржҳо, ва гурбаҳои баҳрӣ мансубанд (расми115). Танаашон қисман бо мӯйҳои дурушт пӯшида шудааст. Дар зери пӯсташон қабати ғафсе мавҷуд аст, ки онҳоро аз хунукӣ муҳофизат мекунад ва инчунин вазни хоси онҳоро кам карда, ба онҳо барои дуру дароз бе хӯрок зиндагӣ кардан имконият медиҳад. Сӯрохии гӯшашон дар вақти ғутазанӣ маҳкам мешавад.

Ба рӯйи ях ё ки ба хушкӣ дар вақти дамгирӣ ва ё афзойиш мебароянд. Дар ин вақт онҳо гурӯҳ-гурӯҳ шуда зиндагӣ мекунанд. Бачаҳои бо пашми зич пӯшида мезоянд. Дар тамоми дунё 30 намуди ин қатор зиндагӣ мекунанд. Аз ҳама намояндаи калонтарини қатор морж ба шумор меравад, ки дарозии он ба 4 м ва вазнаш то ба 2000кг мерасад (расми 115). Аз дигар белпойҳо бо дароз будани дандони ашк фарқ мекунад.

Яъне дандони ашки ин намуд ба берун баромада (60 – 70см) ба чашм намудор аст. Тавассути ин дандонҳо онҳо қаъри обро кофта, тӯъмаи худро пайдо мекунанд.

Гурбаҳои баҳрӣ дар баҳрҳои Шарқи Дур зиндагӣ мекунанд. Аввали тобистон селаи калони гурбаҳои баҳрӣ барои афзойиш ба соҳили ҷазираҳо мераванд. Гурбаи баҳрии модина як бача мезояд, ки танаи онро пашми зич ва сиёҳ пӯшондааст. Т ирамоҳ баъди калон шудани бачаҳояшон онҳо ба ҷойҳои кушоди баҳр мераванд. Онҳоро барои мӯйинаи гаронбаҳояшон шикор мекунанд. Белпойҳо ҳайвонҳои дуюминобӣ ба шумор мераванд. Авлоди аввалини онҳо дар хушкӣ зиндагӣ мекарданд. Ба ин нафасгирӣ аз оксигени атмосфера, сохти умумии скелет ва афзойиш дар хушкӣ шаҳодат медиҳанд.

C:\Users\888\AppData\Local\Temp\FineReader12.00\media\image115.jpeg Қатори китшаклон. Онҳо аз белпойҳо аз рӯйи қатъиян аз об ба берун набаромаданашон фарқ мекунанд. Ба ин қатор китҳо ва делфинҳои гуногун мансубанд (расми 116). Танаи дарозрӯя доранд, мӯйҳо аксаран дар назди даҳон боқӣ мондаанд. Пойҳои пешашон белшакл шудааст. Онҳо бо ёрии як ҷуфт белпойҳои пеш ва боли шиноварии дум шино мекунанд. Китшаклон пойи ақиб надоранд. Аҷдоди пешинаи китшаклон дар хушкӣ зиндагӣ кардаанд. Инро боқимондаи устухони кос, монандии скелети белпой ва пойҳои муҳрадорони хушкигард, аз ҳавои атмосфера нафасгирӣ ва боқимондаи пойҳои ақиб ва таваллудкунии китҳо исбот мекунанд.

Китшаклон ба китҳои мӯйлабдор ва дандондор ҷудо мешаванд. Китҳои мӯйлабдор дандон надоранд. Аз устухони коми кит лавҳачаҳои шохини шилшиладор то ҷоғи поёнӣ овезон ҳастанд, ки онҳоро мӯйлабҳои кит меноманд. Ин кит ба даҳони ниҳоят калони худ обро гирифта, даҳонашро мепӯшад ва бо лавҳачаҳои даҳонаш, ки ба тӯр ё панҷачаҳо монанд аст, меполояд. Дар натиҷаи ин дар даҳонаш харчангшаклони зиёд боқӣ мемонанд ва онҳоро кит фурӯ мебарад. Ба китҳои бедандон ё мӯйлабдор 11 намуд дохил мешаванд.

Ба китҳои бедандон китҳои кабуд ва хокистарранг мансубанд, ки яке аз калонтарин ширхӯрони замони ҳозира ба шумор мераванд. Дарозии кити кабуд 30 – ЗЗм ва вазнаш то 150т мешавад. Вай дар як шабонарӯз то 2 – 4т хӯрок мехӯрад. Дар обҳои назди Камчатка, ҷазираҳои Курил ва Чукотка зиндагӣ мекунанд. Гурӯҳи дигар-китҳои дандондор мебошанд. Дар даҳони ин китҳо дандонҳои якхелаи сершумор (одатан то 240-то) мавҷуданд, ки онҳо барои доштани тӯъма хизмат мекунанд. Ба китҳои дандондор делфинҳои (ромузҳои) гуногун ва кашалотҳо мансубанд. Китҳои дандондори аз ҳам калон кашалотҳо ба шумор мераванд. Дарозии онҳо 21 м ва вазнашон то 80т мебошад. Қисми сари онҳо бениҳоят калон аст. Хӯроки асосиашон нармбаданҳои калони сарпой мебошанд. Дар обҳои Шарқи Дур зиндагӣ мекунанд. Делфинҳо ба китшакпони нисбатан хурдҷусса тааллуқдоранд (расми 116). Дарозии онҳо 1,5 – Зм буда, фуки онҳо ба монанди минқор дароз шудааст. Аксарияташон боли шиноварии пуштӣ доранд. Ҳамагӣ 50 намуди делфинҳо маълуманд. Дар обҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ 15 намудашон зиндагӣ мекунанд. Мавҷуд будани хӯрок ва бонги хатарро ба ҳамдигар бо баровардани садоҳои махсус хабар медиҳанд. Сохти мағзи сари делфинҳо мураккаб аст, яъне дар нимкураҳои калони мағзи сар ҷӯякҳо ва чинҳои бисёр доранд. Бинобар ин, онҳоро дар муҳити ғайритабиӣ ба осонӣ ром кардан мумкин аст. Делфинҳо аз қадим бо одам муносибатҳои наздикдоштаанд. Онҳо рафтори бисёр мураккаб доранд. Хӯроки асосии онҳо моҳиҳо мебошанд. Шикори делфинҳо манъ аст. Белпойҳо ва китшаклонро барои гӯшт, пӯст ва равғанашон шикор мекунанд.

§37. Ширхурони сумдор

Қатори ҷуфтсумон ва тоқсумон. Инҳо гурӯҳи калони ширхӯроне мебошанд, ки ба ҷойи чангол суми шохин доранд. Суми ин ҳайвонот дар нӯги ангуштҳои 3-юм ва 4-ум ҷойгир шудаанд. Пайдо шудани сумҳо ба макони зисти сахт доштани онҳо вобаста аст. Аксарияти сумдорон ҳайвоноги алафхур мебошанд. Насли ширхӯрон бино ва бо пашм тавлид мешаванд ва баъди якчанд соат аз қафои модар роҳ гашта метавонанд.

Қатори ҷуфтсумон. Ба ин қатор шоҳгавазн, оҳуи шимолӣ, бузҳо, гӯсфандҳо, хукҳои ёбоӣ, баҳмут, заррофа, барзагов ва дигар ҳайвонҳои калонҷусса ва миёна мансубанд. Пойҳои онҳо ду ё ин ки як ҷуфт ангушт

C:\Users\888\AppData\Local\Temp\FineReader12.00\media\image116.jpeg

доранд, ки ҳар кадоми онҳо чун ғилоф бо суми ғафсу мустаҳкам пӯшида шудааст. Дар ҷуфтсумон ду ангушт, яъне ангушти 3-юм ва 4-ум нағз инкишофёфта буда, суми калону мустаҳкам доранд. Бинобар ин, онҳоро ҳайвонҳои ҷуфтсум меноманд (расми 117).

Ҷуфтсумоне, ки дар замини нарм зиндагӣ мекунанд, масалан, гавазни шимолӣ суми сербар ва паҳн доранд. Баръакс буз, гӯсфанд ва оҳувоне, ки дар кӯҳсор зиндагӣ мекунанд, сумҳои нисбатан камбар ва канорашон сахт доранд, ки ин хусусият барои дар болои санг, теппаю дунгиҳо ва шахҳо ба осонӣ ҳаракат карданашон имконият медиҳад. Аксарияти ҷуфтсумон шох доранд. Баъзе намудҳои онҳо, масалан, гавазн ва лосҳои нарина шохи сершоха доранд. Шох ҳар сол афтида, боз аз нав месабзад. Шохи аксарияти сумдорони хонагӣ – гов, гӯсфанд ва буз тамоми умр бомаром месабзад ва намеафтад. Ҷуфтсумон асосан ҳайвонҳои растанихӯр мебошанд, бинобар ин, онҳо меъдаи мураккаб ва серхона доранд.

Оҳу, буз, гов ва гӯсфандҳо вақти чаро хӯрокро нахойида фурӯ мебаранд ва сипас хӯрокро қисм ба қисм аз меъда ба даҳон оварда, бо дандонҳои курсӣ мехоянд ва боз фурӯ мебаранд, яъне кавша мекунанд. Ҳайвонҳои ҷуфтсумеро, ки хӯрокро бори дуюм хойида майда мекунанд, кавшакунандагон меноманд. Луқмаи ғизоии онҳо ба меъдаи бисёрхонагӣ дохил мешавад, ки он мураккаб буда, аз чор қисм иборат аст: шикамба, қисми тӯрдор, ҳазорхона ва ширдон. Дар чарогоҳ ишкамба аз хӯрок пур мешавад. Дар ин ҷо хӯрок аз таъсири луоб ва микроорганизмҳо қисман ҳазм мешавад. Аз шикамба хӯрок ба қисми тӯрдор мегузарад ва баъд тавассути оруғ додан ба даҳон меояд ва бо луоби даҳон тар шуда, бо дандонҳои курсӣ хойида шуда, боз фурӯ бурда мешавад. Дар қисми ҳазорхона, ки аз қабатҳои зиёд иборат аст, бофгаҳои селлюлозии хӯроки растанигӣ, ки душворҳазмшавандаанд, ҳазм мешаванд (расми 118). Дар ширдон ё ки меъдаи ҳақиқӣ сафедаҳо ҳазм мешаванд. Ҳамин тариқ, хӯрок аз даҳон то меъда ва ширдон як даври муайян ва тағйиротро аз сар мегузаронад.

Хуки ёбоӣ, баҳмут ва баъзе ҷуфтсумон хӯроки фурӯбурдашударо бори дуюм намехоянд. Меъдаи инҳо якхонагӣ аст. Ин ҳайвонҳоро кавшанакунанда ё ки хукшаклон меноманд. Ҳайвонҳои кавшанакунанда одатан калонҷусса мешаванд, пойҳои кӯтоҳ ва пӯсти ғафс доранд. Дандонҳои онҳо ба дандонҳои пеш, ашк ва курсӣ тақсим мешаванд. Дар замони ҳозира 200 намуди ҷуфтсумон маълум мебошанд, ки 12 намудашон ҳайвонҳои кавшанакунандаро ташкил медиҳэнд. Дар Тоҷикистон 7 намуди ҷуфтсумони ёбоӣ зиндагӣ мекунанд, ки ба онҳо хуки ёбоӣ, бузи кӯҳӣ, морхӯр ё ки бузи пармашох, оҳуи бухороӣ, гӯсфанди кӯҳӣ ё ки мешак, архар, ҷейран ё ки киик мансубанд.

Хуки ваҳшӣ дар тамоми сарзамини ҷумҳурии мо васеъ паҳн шудааст,

вазнаш то 200 – 220кг мерасад. Баҳорон хукҳои модина 4-6 хукбача мезоянд. Онҳо тез калон мешаванд ва дар 3 – 3,5 – моҳагӣ 9 – Юкг вазн доранд. Дар 2 – солагӣ ҷинсҳои модина ва дар 5 – солагӣ хукҳои нарина ба балоғат мерасанд.

Хуки ваҳшӣ ҳайвони ҳамахӯр мебошад. Реша, поя, пиёзакҳо, меваҳоро мехӯрад. Хӯроки гӯштиро, аз қабили ҳашарот ва ҳайвонҳои хурди муҳрадор, ки ҳангоми кофтани замин меёбад, мехӯрад. Дар бисёр ҷойҳо хукҳои ваҳширо барои пӯст, гӯшт ва мӯйина шикор мекунанд. Дар дашту биёбонҳои тӯғайзорҳо ва ҷангалзорҳои қисми ҷанубӣ ва ғарбии Тоҷикистон, хусусан дар соҳили дарёҳои Кофарниҳон ва Вахш ҷейран ё киик ва холгул ё холгавазн зиндагӣ мекунанд. Онҳо миқцоран хеле кам боқӣ мондаанд.

Дар минтақаҳои кӯҳсори қисми ҷанубу ғарбӣ ва шарқии Тоҷикистон бузи кӯҳӣ, морхӯр, гӯсфанди кӯҳӣ ва архар зиндагӣ мекунанд, ки онҳо аҳамияти шикорӣ доранд. Аксарияти намудҳои ҷуфтсумони Тоҷикистон микдоран хеле кам мондаанд ва онҳо ба «Китоби сурхи Тоҷикистон» дохил карда шудаанд.

Қатори тоқсумон. Ба ин қатор асп, хар, гӯрхар, гӯрхари кӯҳӣ, каркадан ва ғайра мансубанд (расми 119). Дар пойи онҳо фақат ангушти 3-юм нағз инкишоф ёфтааст ва бо суми сахту мустаҳкам пӯшида шудааст. Дигар ангуштон нест шудаанд, ё ки ниҳоят суст инкишоф ёфтаанд.

C:\Users\888\AppData\Local\Temp\FineReader12.00\media\image117.jpeg Тоқсумон ҳайвонҳои калонҷусса мебошанд. Дар ҳудуди ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ фақат як намуди ин қатор-гӯрхар ё хари ёбоӣ (кулан) дар қисми ҷанубии Ҷумҳурии Туркманистон зиндагӣ мекунад. Гӯрхар ҳайвони калони растанихӯр буда, ба хари хонагӣ монанд аст. Онҳо рама шуда зиндагӣ мекунанд, чолок ва пуртоқат мебошанд. Микдоран хеле камшуморанд, бинобар ин, онҳо қонунан муҳофизат карда мешаванд.

Дар мамнӯъгоҳи Аскания – Нова аспи ёбоӣ ё аспи Пржевалский зиндагӣ мекунад, ки онро дар асри XIX дар биёбони Осиёи Марказӣ олими машҳури рус Н.М. Пржевалский ёфта буд. Ҳоло ин асп дар табиат боқӣ намондааст. Бори охирин онро дар биёбонҳои Хитой ва Муғулистон дучор шуда буданд.

C:\Users\888\AppData\Local\Temp\FineReader12.00\media\image118.jpeg

Тоқсумон ҳайвонҳои растанихӯр мебошанд. Дар даҳони онҳо дандонҳои пеш ва ба онҳо монанд дандони ашк ва курсӣ мавҷуданд. Меъдаашон якхонагӣ аст. Хӯроки хӯрдаашонро боригдуюм намехоянд.

test

Добавить комментарий