Аҳамияти ширхӯрони даранда дар табиат ва хоҷагии инсон

Муҳофизати ҳайвоноти нодир

Аҳамияти ширхӯрон дар табиат. Ширхӯрон ба таркиби биосенозҳои гуногун дохил мешаванд ва ба олами растаниҳову ҳайвонот таъсир мерасонанд. Онҳо тухм ва спораҳои растаниҳои гуногунро паҳн мекунанд. Бисёр намудҳои мушҳои саҳроӣ намудҳои гуногуни алафҳои хӯроки чорворо дар марғзорҳо ва чарогоҳҳо хӯрда нобуд мекунанд ва ба ҷойи онҳо алафҳои бегона месабзанд. Ширхӯрони заминков аз зери замин хоки зиёдро канда ба берун мепартоянд, ки аввал дар рӯйи он алафҳои бегона месабзанд. Баъзе намудҳои ширхӯрон, ба монанди кӯршабпаракҳо, заминковакҳо, кӯрмуш, хорпуштакҳо ва ғайра ба шумораи фардҳои ҳашарот таъсир мерасонанд. Ширхӯрон ҷиҳати бо моддаҳои органикӣ бой гардонидани хок аҳамияти калон доранд.

Аҳамияти ширхӯрон дар табиат гуногун мешавад, яъне як намуд дар як ҳолат фоидаовар ва дар ҳолати дигар зараррасон мебошад. Масалан, кӯрмуш кирминаҳо ва қундуз моҳи май дигар ҳашароти зараррасони марғзорро хӯрда нобуд мекунад. Аз ин сабаб барои инсон аҳамияти калон дорад. Ба ғайр аз ин, аз кӯрмушҳо мӯйинаи пурқимат гирифта мешавад. Лекин аз тарафи дигар микдори зиёди кирми лойхӯракро мехӯранд ва хоки зиёдро ба берун партофта зарари калон мерасонанд.

Аҳамияти ширхӯрони ёбоӣ дар ҳаёти инсон. Баъзе намудҳои ширхӯрон, ба монанди мушмонандҳо, калламушҳо ғалладонаро дар саҳро ва анборҳо нобуд мекунанд, хӯрокро аз фермаҳо ва чӯҷаҳоро аз мурғхонаҳо дуздида мебаранд, қисмҳои чӯбии биноҳо ва киштиҳоро аз кор мебароранд. Калламушҳо ва мушҳо касалиҳои сирояткунандаро паҳн мекунанд. Мӯйинаи баъзе намуди ширхӯрон маҳсулоти пурқимати саноатӣ мебошад. Дар истеҳсоли маҳсулоти мӯйинагӣ санҷоб ҷойи аввалро ишғол мекунад.

Ҷойи дуюмро дар истеҳсоли мӯйина самур ва ҷойи сеюмро муши обӣ мегирад. Ин ҳайвон солҳои 1920 аз Амрико оварда шуда, дар ҳамаи обанборҳои мамлакатҳои Русия ва Осиёи Марказӣ васеъ паҳн гардид. Дар истеҳсоли маҳсулоти мӯйинагӣ рӯбоҳ, савсор, заргӯш ва юрмон низ нақши калонро мебозанд.

Гурбаи баҳрӣ ва бачаҳои онро барои мӯйинаи пурқиматашон шикор мекунанд. Бисёр намудҳои ширхӯрон, ба монанди гавазн, оҳуи бухороӣ, хуки ёбоӣ ва ғайра ҳамчун манбаи гӯшт ва пӯст мавриди истифода қарор доранд.

Ҳайвонотпарвари. Барои пурра қонеъ гардонидани талаботи инсон аз мӯйина ва гӯшти ҳайвоноти ёбоӣ соҳаи ҳайвонотпарварӣ васеъ тараққӣ кардааст. Дар фермаҳои ҳайвонотпарварӣ намудҳои гуногуни рӯбоҳ, сагҳои ёбоӣ, вашақва ғайра парвариш карда мешаванд. Дар мамлакатҳои Осиёи Марказӣ, аз он ҷумла Т оҷикистон хояндаи Амрикои Шимолӣ қундузи обӣ (нутрия) ба иқлим мувофиқ карда шудааст. Дар бисёр фермаҳои ҳайвонотпарварӣ оҳуи холдор ва дигар намудҳои оҳуҳо парвариш карда мешаванд.

Аз шохи оҳуи ҷавон пантокрин ном доруи пурқимат гирифта мешавад.

§43. Намудҳои ҳайвоноти хонаги.

ЧОРВОИ КАПОНИ ШОХДОР ^

Намудҳои ҳайвоноти хонагӣ. Қисми зиёди ҳайвоноти хонагӣ кардашудаи ширхӯрон ба қатори ҷуфтсумон мансуб мебошанд. Гов, говмеш, гӯсфанд, буз, хук ҳайвоноти ҷуфтсум ба шумор мераванд. Аз дигар қаторҳо асп, хар (тоқсумон), харгӯш (заргӯшмонандҳо), уштур (қубла, обилапойҳо), саг ва гурба (дарандагон) хонагӣ карда шудаанд. Ҳамаи ҳайвоноти хонагӣ ба ғайр аз гурба ва саг растанихӯр мебошанд. Аксарияти онҳоро барои гирифтани маҳсулоти хӯрокӣ – гӯшту шир ва барои ашёи хоми саноатӣ – мӯйина, пӯст ва пашм парвариш мекунанд.

Дар ҳаёти инсон аз ҳама зиёдтар чорвои калони шохдор (гов, говмеш) ва чорвои майда (бузу гӯсфанд) аҳамияти калон доранд.

Говҳои хонагӣ. Аз авлоди турҳои аврупоӣ ва осиёӣ, ки барзаговҳои ёбоии маҳвшуда ба вуҷуд оварданд, пайдо шудаанд.

Маълум шудааст, ки тур дар Юнони қадим 8000 сол пеш аз милод хонагӣ шуда буд. Аз ҳамон замон инҷониб зотҳои саршумор парвариш карда шудаанд, ки онҳо аз якдигар бо андоза, ранг, мутобиқаташон ба шароити маҳал ва маҳсулнокӣ фарқмекунанд. Чорвои калони шохдор ба 3 гурӯҳ: ширӣ-гӯштӣ, гӯштӣ ва ширӣ тақсим карда мешавад. Зоти говҳои ширӣ калонҷусса нестанд, лекин шири бисёр медиҳанд. Аз зотҳои беҳтарини говҳои ширдеҳдарҳудуди мамлакатҳои собиқИттиҳоди Шӯравӣ ва инчунин Тоҷикистон бештар зотҳои холмогорӣ, ярославӣ ва сурхи даштӣ парвариш карда мешаванд. Зоти гови холмогорӣ дар асри XVII дар деҳаи Холмогори вилояти Архангелск ба вуҷуд оварда шудааст. Ин гов дар муддати як сол дар шароити муътадил то 5000кг шири серравған дода метавонад. Вазни он зиёда аз 550кг буда, вёзни буқааш то 10ООкг мерасад. Зоти холмогорӣ, одатан, ранги сиёҳу сафед ва алои сиёҳтоб дорад. Зоти гови ярославӣ нисбат ба холмогорӣ хурдтар мешавад. Ширдиҳиаш низ камтар аст, лекин шири серравған ва серғизо дорад. Рангаш асосан сиёҳ, лекин қисми сар, пойҳо ва поёни шикамаш сафедранг аст. Зоти ярославӣ дар асри гузашта дар вилояти Ярослав ба вуҷуд оварда шуда буд.

Гови сурхи даштӣ низ баробари гови ярославӣ шир медиҳад. Ин зот дар даштҳои Украина парвариш карда шуда буд. Говҳои зоти гӯштӣ нисбатан калон мешаванд ва камтар шир медиҳанд. Ба зоти беҳтарини гӯштӣ гови зоти қалмиқӣ ва сарсафеди қазоқӣ мансубанд. Ин говҳо зимистони хунук ва тобистони гармро хеле хуб мегузаронанд. Гӯсолаи зоти қалмиқӣ зуд ба воя расида, дар 2,5 – солагӣ вазни он ба 500кг мерасад.

Зоти сафедсари қазоқӣ ба гови зоти ярославӣ хеле монанд мебошад. Говҳои зоти ширӣ-гӯштӣ хеле калонҷусса буда, шири фаровон медиҳанд.

Зоти аз ҳама беҳтарин-зоти симменталӣ ба шумор меравад. Вай 200 сол муқаддам дар соҳили дарёи Симиёи Швейдсария ба вуҷуд оварда шуда буд. Буққаи ин зот то 1500кг, модаговаш то 880кг вазн дорад. Дар як сол то 4,5 ҳазор литр шир медиҳад. Аз зоти ширӣ – гӯштӣ дар ҳудуди Русия ва Осиёи Марказӣ зоти костромӣ ва лебеинӣ парвариш карда мешаванд.

Парвариши говҳо. Говҳоро дар фермаҳо нигоҳ медоранд, ки аксарашон бо охур ва ҷойи обнӯшӣ таъмин мебошанд. Байни қатори говҳо барои хӯрокдиҳӣ ва тозакунии пору гузаргоҳ мавҷуд аст. Дар болои гузаргоҳ роҳи ҳавоии ноқилӣ бо аробаи махсус барои кашонидани пору ва овардани хӯрок ҷойгир шудааст. Барои тоза кардани фарши ҷойи зисти гов коҳ, аррамайда истифода бурда мешавад.

Ба говҳо ҳамчун хӯрок алафҳои тару хушк, коҳ, лаблабӯи хӯроки чорво, силоси ҷуворимаккагӣ ва офтобпарастӣ ва ғайра медиҳанд. Агар говҳо аз говхона берун набароянд, ба ҳар як гов дар як шабонарӯз 50 – бОкг хӯрок медиҳанд. Ҳар гов дар як шабонарӯз 50 – 80 литр об менӯшад.

Дар баъзе хоҷагиҳои чорвопарварӣ дар говхона ба ҳар гов ҷойи махсус ҷудо карда шудаааст, говҳо дар говхона озодона ҳаракат мекунанд ва ба чарогоҳи муваққатӣ, ки дар берун ҷойгир аст, мебароянд. Онҳо аз охур ва обхӯраки умумӣ истифода мебаранд. Дар чунин говхонаҳо фарши ҷойи зисти говро дар як сол 1 – 2 маротиба тоза мекунанд. Сиҳатмандӣ ва тозагии говҳо ба озодаву тоза нигоҳ доштани ҷойи зисти онҳо вобастагии калон дорад.

Говҳоро дар хонаҳои махсус тавассути дастгоҳҳои ширдӯшӣ медӯшанд.

Дар говхонаҳо ба парвариши гӯсолаҳо диққати ҷиддӣ дода мешавад. Онҳо дар хонаҳои алоҳида ё ба таври гурӯҳӣ нигоҳ дошта мешаванд. Одатан гӯсолаҳоро дар гӯсолахонаҳои хунук нигоҳ медоранд. Дар давраи сармои сахт гӯсолахонаро бо хас ё коҳ гарм мекунанд. Ҳавои тоза организми гӯсоларо обутоб медиҳад. Дар давоми 10 -15 рӯз ба гӯсолаҳо фақат шир, баъдтар алафи тар ва хушк, силос ва ҷав медиҳанд.

§44. Чорвои хурди шохдор ва дигар

ШИРХӮРОНИ ХОҶАГИИ қишлоқ

Чорвои майда. Ба чорвои майда гӯсфандҳо ва бузҳо мансубанд.

Гӯсфандҳо ҳайвони беозори растанихӯр мебошанд. Онҳо алафҳои кӯтоҳпоя, талх ва шӯрро мехӯранд. Гӯсфандҳоро барои гирифтани гӯшт, пӯст, пашм ва шир парвариш мекунанд. Онҳоро ба 3 навъ – зоти гӯштӣ, пӯстӣ ва пашмӣ ҷудо мекунанд. Дар замони ҳозира гӯсфандҳои зоташон маҳинпашм, ниммаҳинпашм ва дуруштпашм ба вуҷуд оварда шудаанд.

Гӯсфандони зоти маҳинпашм пашмҳои борику дароз доранд, ки аз ҳама беҳтаринашон зоти асканийчӣ ба шумор меравад. Ин зот аз тарафи академики рус М.Ф. Иванов ба вуҷуд оварда шудааст. Аз ҳар сар гӯсфанд дар як сол то ЗОкг пашм гирифтан мумкин аст. Ба зоти ниммаҳинпашм гӯсфандҳои сигатӣ мансубанд, ки пӯсташон нисбатан камсифат мебошад. Барои гиребонҳои сару либоси зимистона истифода бурда мешавад.

Ба зоти пашмашон дурушт гӯсфандҳои зоти романовӣ ва қароқулӣ мансубанд. Пӯст ва пашми хушсифат доранд. Аз пӯсти гӯсфандҳои навзод пӯсти қароқӯлӣ, ки баландсифат мебошад, гирифта мешавад.

Дар Тоҷикистон бештар зоти гӯсфандҳои ҳисорӣ ва қароқӯлӣ парвариш карда мешаванд, ки аз онҳо гӯшт, равған, пашм ва пӯст гирифта мешавад. Сарнасли тамоми зотҳои гӯсфанди хонагӣ муфлон (як намуди гӯсфанди ёбоӣ) ба шумор меравад.

Хукҳои хонагӣ. Сарнасли хуки хонагӣ хуки ёбоӣ мебошад, ки 6 – 7 ҳазор сол қабл хонагӣ карда шудааст. Хук ҳайвони беозор, сернасл ва тезфарбеҳшаванда мебошад. Хуки модина дар як сол то 10 -12 хукбача мезояд. Беҳтарин зоти хукҳо хуки сафеди украинӣ ба шумор меравад, ки онро академик М.Ф. Иванов ба вуҷуд овардааст. Вазни ин хукто ба 200 – ЗООкг мерасад. Хукпарварӣ дар ҳаёти инсон аҳамияти калон дорад. Аз хук гӯшт, равған, ва пӯст мегиранд. Бинобар ин, як шохаи асосии чорводорӣ хукпарварӣ мебошад.

Аспҳои хонагй. Сарнасли аспҳои хонагӣ аспи ёбоии Пржевалский ва тарпанҳо ба шумор мераванд, ки дар давраҳои қадим дар даштҳои Аврупо ва Қазоқистон паҳн шуда буданд. Тарпан 5-6 ҳазор сол муқаддам хонагӣ карда шудааст. Ҳоло зиёда аз 200 зоти аспи хонагӣ ба мо маълум мебошад.

Асп баъд аз хонагӣ шудан дар иҷрои корҳои хоҷагии қишлоқ ва нақпиёт ёвари доимии инсон гардид. Инсон аз замонҳои қадим сифати аспҳоро такмил медод ва се гурӯҳи асосии зотҳои аспро ба вуҷуд овард: саворӣ, аспи ароба, калони боркаш. Махсусан дар гузаштаи наздик зотҳои бисёр ба вуҷуд оварда шуданд. Аспҳоро барои кашондани одамон ва бор, дар корҳои гуногуни хоҷагии қишлоқ, дар артиш истифода мебурданд. Аскарони савораи С.М. Будённий дар ҷанги шаҳрвандӣ (гражданӣ) қувваи дахшатнок буданд. Дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ аспҳоро ҳамчун қувваи нақлиёт истифода мебурданд, партизанҳо аспсавор ба ақибгоҳи душман ҳуҷум мекарданд.

Аспҳо то ҳанӯз дар шароити бероҳа ва баландкӯҳ ивазнопазиранд. Онҳоро дар корҳои гуногуни ёрирасон, ки истифодаи нақпиёт дар онҳо душвор аст ва аз ҷиҳати иҳгисодӣ фоидаовар нест, истифода мебаранд. Мусобиқоти аспдавонӣ дар тамоми ҷаҳон шуҳрати калон дорад, туризми оммавӣ бо истифодаи асп ривоҷ меёбад. Аспҳоро барои гирифтани гӯшт ва шир, ки аз он нӯшокии шифобахш-қимиз тайёр мекунанд, инчунин барои истеҳсоли доруҳо ва хуноба (масалан, хунобаи зидди грипп) низ парвариш мекунанд.

\

Аз аспҳои хонагй резачорпойи орёлӣ, аспҳои Дон, зоти будённийӣ шуҳрати ҷаҳонй доранд. Онҳоро ҳамчун саворӣ ва ҳам барои аробакашӣ истифода мебаранд. Барои кашондани борҳои вазнин дар мамлакати мо зотҳои аспҳои калони боркаш-владимирӣ, русӣ, советӣ ба вуҷуд оварда шудаанд. Дар санҷиш аспҳои чемпион дар байни аспҳои калони боркаш 22,5! борро кашид, ки ба қобилияти борбардории нақпиёти ҳозира баробар аст.

Оҳупарварӣ. Сокинони минтақаҳои шимолӣ ба оҳупарварӣ машғул мебошанд. Аз ҳама бештар оҳуҳои шимолӣ барои гирифтани гӯшт, пӯст ва шир парвариш карда мешаванд. Онҳоро дар чарогоҳҳои табиӣ парвариш ва ҳифз мекунанд.

Харгӯшпарварӣ. Харгӯшҳои хонагӣ аз ҳама ҳайвони сернасл ва тез бавоярасандаи хоҷагии қишлоқба шумор мераванд.

Дар шароиги мусоид аз якхаргӯши модина то 30 харгӯшча гирифтан мумкин аст. Харгӯшҳо гӯшти нозук, серғизо ва пӯсту мӯйинаи хуб доранд. Онҳоро бо хӯрок таъмин кардан хеле осон аст. Дар фасли тобистон алаф мехӯранд. Дар зимистон коҳ, алафи хушк, меваҳо, партовҳои ғалладонаро истеъмол мекунанд. Дар хоҷагиҳои харгӯшпарварӣ бештар зотҳои азимҷуссаи сафед ва хокистарранг, сиёҳ, нуқрагун, шиншилла ва ғайра парвариш карда мешаванд.

add

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.